Муовини«Ориёнбонк»-ро кӣ дуздиду«бе зарар» гардонид?

Ислоҳ нет

  Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода дар «Ориёнбонк» ба эҳтимоли зиёд зинда нест ва дар гумон аст ки ҷасади ӯро битавонанд пайдо кунанд. Тамомии ин ҳама моҷарои дуздӣ, нопадидшавӣ ва амалиёти ҷустуҷуи вай далолат бар он мекунад, ки шахси сардори калонӣ ва нафари дуввуми Оила дастури иҷро содир кардаанд ва он чаҳор нафаре, ки ба унвони гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аз онҳо ном бурда мешавад, аз Хадамоти амнияти ҳамин ду нафар ҳастанд ва дастгир ва ошкор нахоҳанд шуд. Барои ҳамин Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов чизе аз дасташон барнамеояд ва ҳар он коре, ки ҳоло гуиё барои ҷустуҷӯи одамрабоҳо ва пайдо кардани муовини аввали Ҳасан Асадуллозода иҷро шуда истодааст, ба ҷуз аз спектакл, саҳнасозӣ ва кашол додани вақт, чизе беш нест. Дар ғайри сурат, бо ин ҳама шавоҳиду мадорик ин ҳодиса хеле зуд кашф ва ошкор карда мешуд. Ба назар мерасад эра ва эпохаи Ҳасан Асадуллозодаи як замоне бонуфузтарин аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонов ба поёни худ расидааст ва аз тарафи дигар вуқӯъи ин ҳодиса нишон медиҳад, ки рақобат дар даруни Оила ба марҳалаи бисёр ҳам хатарнок ва ниҳояти худ мерасад ва ҳалқаи он ҳарчи бештару тундтар тангтар шуда истодааст.

    Шӯҳрат Исматуллоев кӣ буд ва чаро кушта шуд?

     Шӯҳрат Исматуллоев аз Кулоб аст. Аз падари кулобӣ ва модари ғармӣ ба дунё омадааст. Мактаби рақами 1-и Кулобро хондааст. Падари ӯ Исматуллоев Абдуғаффор, олими фанни математика, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, ки аз қазо дар рӯзи арӯсии Шӯҳрат (зангирӣ) дар як автоавария ба ҳалокат мерасад. Шӯҳрат соҳиби панҷ фарзанд: -ду писар ва се духтар аст. Вай дар ҳамин соли ҷорӣ ба чандин бор ба Англия, Амрико, Олмон, Туркия, Русия ва Эрон сафарҳои корӣ анҷом додааст. Бисёр ҳам босавод аст. Кадом қасру кушку мошинҳои гаронарзиш надоштааст. Ҳамчунин як зан доштаву бевабоз ҳам набудааст. Аммо, тӯли ин ҳама муддате, ки кор кардааст, яке аз афроди сарватманди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтааст.

 Дар ҳақиқат аз наздиктарин ва бовариноктарин афроди Ҳасан Асадуллозода мебошад.

Метавон гуфт, ки вай ғуломи 100% -аи Ҳасан буд, бо тамоми маъно. То ба ҳадде, ки ҷуробҳои Ҳасанро мекашид, пояшро мешуст, мехушконду мепушонд, банди туфлиҳояшро мебаст. Вале аз тарафи дигар тамоми сиру асрори Ҳасанро хуб медонист ва Ҳасан ба ӯ сахт эътимод дошт, то ба ҳадде, ки ҳатто масъулияти нигоҳубини ҳафтоду чанд кудаки худ аз чандин занашро ба ӯ супорида буд. «Хонаи бачагон»-и Ҳасан-детсади хусусии ӯро назорат мекард. (Ин як мавзуъи дигар аст,ки дар оянда ба он хоҳем пардохт).

   Ҳасан, корҳоеро, ки қаблан барояш Шералӣ Кабир анҷом медод, низ дар дасти вай гузошта аст. Нафаре, ки мо бо аз доираи хеле боло сӯҳбат кард, мегуяд, ки ончики дар бораи Шуҳрат гуфта шуд, ки вай хазинадори Ҳасан аст, тамоми афёра ва махинатсияҳои Ҳасанро медонад, балки худи ӯ иҷрокунанда аст, дуруст аст. Беш аз ин маҳз ҳамин Шӯҳрат барои Ҳасан хеле аз усулҳои дуздиро омӯхтааст ва худ шарики дуздиҳои Ҳасан мебошад.  Шӯҳрат тамоми даромадҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, яъне ба истилоҳ тиҷоратҳои Ҳасанро контрол мекард. Агар ба забони фаҳмотар бигӯем Шӯҳрат ҳама дуздиҳои Ҳасанро ба амал меовард. Инро ҳам бояд таъкид бикунам ва шумо ҳам заррае шубҳа надошта бошед, ки тамоми ин ҳама дуздиҳои чандин миллиардии Ҳасан бо иҷозат ва мусоидати худи Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифтааст ва Эмомалӣ Раҳмонов дар ин ҳама дуздиҳо шарики асосӣ ва шарик бо «доля»-и бештар аст. Аз ин ҷиҳат Шуҳрат на фақат дуздии Ҳасан, ҳамчунин дуздиҳои Эмомалӣ Раҳмоновро ҳам медонист ва ҳаракату интиқоли ин дуздиҳоро, ҷосозии онҳо дар суратҳисобҳоро ӯ анҷом медод. Барои онки сухани мо бедалел набошад аз ин тиҷоратҳо чандеашро, ки асосӣ ва миллиардӣ (бо доллар) мебошанд намуна меоварем. Ин тиҷоратҳои бузург чаҳортоанд:

      «Ориёнбонк»,

      «Сомонайр»,

      «Барқи тоҷик»

      «Роғун»

Ин корхонаҳои зоҳиран давлатӣ, вале амалан дар ихтиёри Оила «бизнесҳо»-еанд, ки ҳамеша даромад меоваранд, даромадҳои ҳангуфт. Шуҳрат кор дар ин ду муассисаҳоро пеш мебарад. Тамоми даромаду баромади маблағ дар ин муассисаҳо тавассути «Ориёнбонк» анҷом дода мешавад, ки муҷрӣ ва ба амалбароварандаи онҳо ҳамин Шӯҳрат Исматуллоев аст. Масалан қаблан тамоми амалиётҳои бонкиву пулӣ дар «Сомонайр»-ро Шералӣ Кабир барои Ҳасан анҷом медод. Аммо ҳоло инро ҳам ба ихтиёри Шуҳрат супориданд. Шуҳрат ба ҳадде мавриди эътимод қарор гирифта буд, ки ҳамасола дар аудити Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз ҳамчун аудити вижаи худи Эмомалӣ Раҳмонов ширкат мекард ва воқеияти ин ду ниҳоди муҳимми давлатӣ, чи мегузарад, даромаду дуздиҳои раисони онҳоро ба Раҳмонов гузориш медод. Аз ин ҷиҳат низ ӯ аз ҷойгоҳ ва мақоми вижае бархурдор буд.

Гуфтушуниду музокирот барои хариди ҳавопаймо, чархбол ва умуман тамоми дахлу харҷи «Сомонайр» таҳти контроли Шӯрат Исматуллоев қарор дошт. 

Роғун, ки ҳамаи мову шумо медонем солона танҳо аз буҷҷаи кишвр аз ду, дуввуним миллиард сомонӣ бештар пул мехурад,низ таҳти идораи Шуҳрат мебошад.Ҳоло ин рақам ҷудо аз сармоя ва маблағҳои хориҷӣ аст. Арзиши иҷрои ин сохтмони бузург чизе бештар аз 4 миллиард доллар муҳосиба шуда буд. Аммо ҳоло, ки аз 6 чарха, ҳамагӣ ду чархааш насб шудааст, бигӯем, ки 30%-и корҳо иҷро шудааст, ин рақам ду баробар афзуда ба 8 миллиард расид ва коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки то ба охир ин 8 ҳам як маротибаи дигар боло меравад. Хуб, ҳоло фикр мекунед, ки чаро чунин мешавад? Маҳсулоту мавод гарон мешаванд, бале, дар ин шаке нест. Аммо инҷо фасоду пораву изофанависӣ аст, ки ҳаҷми пул ба ин андоза иваз мешавад. Тамоми амалиётҳои пулии Роғун тавассути «Ориёнбонк» анҷом дода мешавад ва ҳамаи ин миллионҳову миллиардҳо аз зери дасти Шуҳрат Исматуллоев мегузарад.

Ҳама платёжкаҳо дар ин сохтмонро Шуҳрат омодаву таҳия мекард. Инҷо бояд ба шумо як сирро бикушоям. Ҳозир дар Роғун ҳисоббаробаркунӣ 30% бар 70 аст. Ҳар ширкат ва фирмае, ки бо Роғун кор мекунад 70% маблағро бармегардонад ба кордиҳанда. Кордиҳанда дар Роғун Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳатто аксарияти фирмаҳое, ки бо Роғун кор мекунанд, суратҳисобҳои худро дар «Ориёнбонк» боз кардаанд.

 «Ориёнбонк» маблағи барои Роғунро таъмин мекунад. Шахсони алоҳида, фирмаҳо барои онки пули худро бигиранд ҳатман «Ориёнбонк» меоянд. Шарти Шӯҳрат ин аст ки аз ҳаҷми умумии маблағи пешбинӣ ва ҷудошуда ин фирма ва ё ин нафари тоҷир 30% ашро мегирад ва 70% баргардонда ба Шуҳрат-яъне «Ориёнбонк» медиҳад. Вагарна пул гирифта наметавонад. Ин фирма ва ин нафари ҳамкор ё шарики тиҷорати неругоҳи Роғун ҳам аз ин «муомила» фоида мебинад, чунки нархро се баробар боло нишон медиҳад. Масалан, чиз ва ё кори 100 сомониро 300 сомонӣ нишон медиҳад ва ӯ ҳам 200то аз масрафи кардааш бештар мегирад.

   Айни ҳамин бизнес, дақиқан айни ҳамин бизнес, копӣ ва нусхаи тамоми он дар ширкати «Барқи тоҷик» аст. Суратҳисоби ин ширкат низ дар «Ориёнбонк» аст. Ва инҷо ҳам ҳисоббаробаркунӣ 30 бар 70% аст. Барои мисол баҳои ҳатто бозории як трансформатор 100.000 доллар аст. Аммо дар саанд онро 1.000.000 доллар менависанд. Нафаре, ки ба 100.000 доллар оварда буд 300.000 мегирад ва Шуҳрат, яъне Ҳасан ва Эмомалӣ Раҳмонов 700.000!!!

Ин чаҳор «бизнес»-и асосӣ ва миллиардии Тоҷикистонро, ки дар итоати Ҳасан Асадуллозода мебошад, Шӯҳрат «курироват» ва контрол мекунад. Тасаввур кунед, ки Шуҳрат чи қадар миллиард-миллиардҳоро дар ихтиёр дошт. Барои ҳамин Шӯҳрат як шахси бисёр ҳам муҳим на фақат барои Ҳасан Асадуллозоад, барои давлат ва Раҳмонов ҳам буд.

 Барои онки нафари трансформаторро оварда пулашро бигирад меравад пеши Шуҳрат. Шуҳратро илтимос мекунад. Шуҳрат мегуяд, ки ман пулатро мегузаронам аммо 30 бар 70. Масалан агар 100.000 бошад, 70аш аз они ман мешавад. Бармегардониву медиҳӣ ва 30%-аш аз худат.

  Дар Роғун тарҳҳое-проектҳое ҳаст ,ки 10 миллион доллар ва зиёдтар аз он арзиш дорад. Шояд, 20 миллион ва аз он ҳам зиёдтар. Ҳоло инро ҳам 30 бар 70 занеду бинед, ки чи сифрҳое пеши назаратон ба бозӣ медароянд? Шуҳрат ин пулҳоро мегирифт ва бо Ҳасан ва Раҳмонов қисмат мекард.

   Ва боз як бизнеси дигари даруни ин бизнес. Масалан барои Роғун ё Барқи тоҷик аз хориҷа таҷҳизот бояд овард. Фирма барои ин бояд пулашро конвертатсия кунад. Доллар, евро, рубл, юан. Ҳатман аз ду то панҷ фоизи ҳаҷми он пулро барои конвертатсия кардан Шуҳрат мегирад. Вагарна он фирма ва ё нафари бизнесмен пул перевод карда наметавонад.

  Дигар тиҷорати калону пурдаромади Шуҳрат ин буд, ки долларҳое, ки Ориёнбонк аз Бонки миллӣ мегирад онро бо одамҳояш ба дасти «валютчик»-ҳо мерасонд ва амалан бозори пулфурӯширо ҳам дар ихтиёр дошт. Инҷо ҳам миллионҳо-миллионҳо доллар аст, ки давр мезанаду фоида меоварад. Албатта, ин ҳама бо мусоидат ва иҷозати Ҳасан ва табъан, ки худи Раҳмонов сурат мегирад. Ин тавр нест, ки Шуҳрат тоқа бихурад.

Чаро Шуҳратро “бе зарар “ гардониданд?

Акнун чи зарурат пеш омадааст, ки як чунин нафари бисёр ҳам зарурӣ аз байн бурда бишавад? Яъне иллати нобуд кардани Шӯҳрат Исматуллоев чи буда метавонад?

  Ҳамчуноне бохабар шудед, Шӯҳрат фақат халтаи пул не, сандуқи сирру асрор ва шоҳиди дуздиҳои миллиардии Ҳасан ва Раҳмонов низ мебошад. Бадтар ва бештар аз ин, ин ҳама дуздиҳо, ки Раҳмонов ва Ҳасан дар неругоҳи Роғун, ширкати «Барқи тоҷик», «Сомонайр» ва ниҳоятан дар худи «Ориёнбонк» кардаанд, бо дастони Шуҳрат ба иҷро расидааст. Шӯҳрат ба як манбаъ ва маъхаз ё «база данних»-и санадҳои дуздии Ҳасан ва Раҳмонов бадал шуда буд. Вай бояд «убрат» карда мешуд. Махсусан фасоду дуздиву изофанависӣ, махинатсия ва афёраҳои моливу маблағие, ки дар Роғун рафта истодааст, ҳамаашро Шуҳрат на танҳо медонад, санад ва мадрак дорад. Аз рӯи баъзе аз хабарҳои расида, бархе аз муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, шарт гузоштаанд, ки неругоҳ бояд аудити байналмилалӣ бишавад ва сипас онҳо масъалаи сармоягузорӣ ба ин «иншооти аср»-ро хоҳанд дид. Як чунин нафаре бо ин ҳама санаду мадорик, ки узви оила нест, бегона аст, наметавонад то ба охир мавриди эътимод қарор бигирад.

Афзун бар ин Шӯҳрат, соҳиби маблағи бисёр ҳам бузург шуда буд, ки ҳузури як чунин шахс, ки берун аз оила бошад, ҳамчуноне мову шумо шоҳид ҳастем, ҳеҷ гоҳ барои Раҳмонов қобили қабул нест, терпет намекунад, вайро барои худ, таҳдид ва хатар мебинад. Ҳоло, мо наметавонем бигӯем дар ин чанд рӯзи нопадидшавӣ, гаравгонгирӣ «счетҳо»-и ӯро «обчистит»«обнулит» карда бошанд ё хайр?

  Вале, ба эҳтимоли зиёд Шӯҳрат Исматуллоев ё дар садади «безарар» гардонист ва ё аллакай нобуд карда шудааст.

   Афроде, ки аз ин ҳама ҳолату ҳаводис, аз корҳои пушти пардаи Шуҳрат огоҳ ҳастанд, омаданду ҳамаро якбаяк ба Раҳмонов «доложит» карданд. Гуфтанд вай сахт дузд аст. Ҳасан бозичаи дасти вай шудааст. Ҳамаи пулҳоро бо дастони ҳамин медуздад ва амбор мекунад. Фаҳмониданд, ки ин «кулобӣ» ҳиччи надошта бошад аз 200 миллион доллар зиёдтар дорад. Худи Ҳасан бошад ҳатто дар тафтиши суратҳисобаш ақлаш намерасад.

Ва, Раҳмонов ҳам дастури «безарар» гардонидани ӯро содир кард. Чунки роҳи дигареро Раҳмонов балад нест. Вай ҳам ҳукм дорад ва ҳам ҷаллод аст. Вай бар ин назар аст ки агар Шуҳрат бимонад ҳатман як рӯзе не як рӯз дар ягон ҷо гап мезанад. Чанд бор намекат карда ба Ҳасан, ки ҳисобашро ёбад. Аммо Ҳасан ба Шӯҳрат ниёз дошт. Ин тавр одам надошт. Пайдо намекард. Барои Раҳмонов гуфт гиреду дафъаш кунед.

Шуҳрат Исматуллоев ҳамаи маълумоту информатсия дар мавриди пулҳо, суратҳисобҳо ва чи тавр ҷамъ овардан, яъне дуздида шудани онҳоро медонад. Медонад, ки ин пулҳои калон чи гуна ба даст оварда шудаанд ва дар куҷо баҷо ва ҷобаҷо шудаанд. Дар асл Шуҳрат якеи аз худи ҳамин дуздҳову ғоратгарҳост, балки муаллим ва мушовири асосии онҳост. Ҳамин Шуҳрат ва шуҳратҳо ҳамин Шералӣ ва шералиҳоянд, ки дуздиву ғоратро ба онҳо ёд додаву пулдору суратҳисобдор кардаанд. Аммо Раҳмонов ба ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки ҳамчунин «бегонаҳо» зиёд биистанд ва неру бигиранд ва мустақил бишаванд. «Бегона»-и пулдор, кулобӣ ё ғармии пулдор барои Раҳмонов тоқатшикан ва таҳаммулнопазир аст.   Дар ҳоле, ки як чунин нафари ғайр ин ҳама маълумот ва ҷиноятҳоро медонад, зинда будани ӯ барои Раҳмонов хатар ва таҳдид ба ҳисоб намеравад?

   Аз ин ҷост, ки ҳоло афроде аз элитаи нав, масалан ҳамин Шералӣ Кабир ва монанд ба ӯ, баъди вуқуи ин ҳолат ба сари Шуҳрат Исматуллоев дар тарсу ваҳшат уфтода ва ояндаи худро торику норушан вале ҳамеша дар маърази хатар мебинанд. Чунки сарнавишти Шуҳрат Исматуллоев, бори дигар нишон дод, ки ба ҷуз аз оила, ки ҳалқаи он дорад тангтару худитар мешавад, касе дигар дар амният нест ва бахусус онҳое, кулобӣ ё ғармианд, ки Шуҳрат ҳам аз Кулоб буд.

   Ва, инҷо бояд ба ду нуктаи дигар ишора бишавад. Яке ин ки ҳоло миёни Рустами Эмомалӣ ва Ҳасан Асадуллозода барои аз ихтиёри «Ориёнбонк» ба Душанбе сити гузаронидани суратҳисобҳо Барқи тоҷик ва Роғун баҳсҳо пуршиддат идома дорад. Яқин аст ки баъди ин моҷаро Ҳасан дигар ҳеҷ мухолфат карда наметавонад. Нуктаи дигар ин аст ки дар худи оила нафароне, ки битавонанд кори Шуҳратро пеш баранд, омода ва короӣ шудаанд ва дигар шарт нест, ки мисли Шуҳрат бегонаҳо дар чунин масъулиятҳо ҷой дошта бошанд.

 Агарчи ҳоло ҳам набошад, вале фурсати зиёде намегузарад, ки Зарина Раҳмон-духтари Эмомалӣ Раҳмон ва келини Бег Сабур, ки ҳоло муовини дигарии Ҳасан Асадуллозода дар «Ориёнбонк» аст дар курсии худи Ҳасан Асадуллозода бишинад ва бо ҳамин эра ва эпохаи Ҳасан Асадуллозодаи як замон «гигант» ҳам бо поёни худ бирасад.

Ҷустуҷуи Шуҳрат ва омилини дуздии ӯ спектакл ва саҳнасозӣ аст.

   Бори дигар мегӯем, ки  Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси «Ориёнбонк» тибқи нақша, бо омодагии ҳарчи тамом ва муҳимтар аз ҳама бо дастур дуздида шудааст. Дуздони вай дуздони одӣ нестанд. Хеле ҳам зарангу забардастанд. Ниҳоят ҳирфаиву моҳиранд, ки тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро «нол» карданд.

   Прокуратураи генералӣ, КДАМ, Вазорати дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба таҳқиқу пайгирии ин қазия неруҳои обутобёфта, ботаҷриба, ҳирфаӣ ва махсуси худро   сафарбар кардаанд, аммо, чуноне мебинем, инак ҳудуди 10 рӯз мешавад, ки муовини Ҳасан Асадуллозода, бародарзани худи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Сарфармондеҳи кули Қуво, дуздида шудааст, вале то кунун ҳеҷ натиҷа ба даст намеояд. Охирин хабар ин аст ки мошини дуздони ӯро дар як тангнои дарёи Зарафшон, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дуруст дар ҳамон ҷое, ки ҳамин чанд рӯзи пеш муовини сардори УБОП-сарҳанги вазорати дохилӣ хушдори занашро кушту афканд, ҷустуҷӯ мекунанд.

  Худи ин хабар, ҳақиқат ва дурустии дуздии Шӯҳрати Исматуллоев аз тарафи кадом як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро таҳти шубҳа қарор медиҳад. Мақомот бар чи асосе мошини ӯро дар дарё меҷуяд? Мақомот ягон гапро медонад? Мақомот ягон бӯ бурдааст?

 Бовар кунед, ҳар нафаре, ки як каме аз фаъолияти мақомоти интизомӣ ва бахусус аз амалиёти баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ огаҳӣ дорад, фаҳмид, ки бо ин ҳама «улик»-ҳо, ки дар ихтиёри УУР-Раёсати кофтукоби ҷиноӣ ва УБОП-Раёсати мубориза бо гурӯҳи муташаккилӣ ҷиноӣ мавҷуд аст, мебоист ин нафарон (мақомот 4 кас мегуяд) аллакай дастгир ва иллати қазия ошкор карда мешуд. Аммо, азбаски «заказчик» нафаре нест, ки исму насабаш ошкор бишавад, чуноне мегуянд фақат «шафшаф» карда истодаанд, «шафтолу» гуфта наметавонанд, «вокруг до около» гашта истодаанд.

   Бубинед, Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси «Ориёнбонк» ва дасти рости Ҳасан Асадуллозода аст. Як чунин нафарро кӣ дилу гурда мекунад, кӣ ҷуръат дорад, ки дуздад? Дуруст ва дақиқан танҳо онҳое метавонанд, бирабоянд ва ба гарав бигиранд, ки дар мақому ҷойгоҳ камтар аз Ҳасан нестанд ва аз тарфи дигар аз Ҳасан, гузашта аз ин аз язани Ҳасан, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, наметарсанд.

 Шуҳрат Исматуллоевро дар рӯзи равшан дуздиданд. Ин тарзи дуздӣ (наглим образом) таъйид мекунад, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ сахт бебоканду биме аз ҳукумат надоранд, чун агар онҳо дар ҳақиқат дузданд, бо ҷони худ бозӣ кардаанд. Фикр мекунед, ки «ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ», ки аз  ҳукумат наметарсад, кӣ буда метавонад?

Албатта, инҷо шояд ҳодисаи қатли Холмумин Сафаров, язнаи Президент дар соли 2012 пеши назар ояд, ки Ҳасан чӣ, аз худи Раҳмонов натарсиданду ӯро куштанд. Дуруст мегуед. Аммо инҷо фарқ карда истодааст. Фарқ дар он аст ки Шуҳратро накуштанд, дуздиданд, чун бо вай ҳисобу китоб дигаргуна аст. Чаро бо вай ҳисоб дигаргуна аст ва ӯро накуштанду дуздиданд? 

   Акси мошин, қаду қомат ва сару либоси яке аз муттаҳамини ин дуздӣ ва ҳатто ному насаби яке дигар аз онҳо дар дасти мақомот қарор дорад. Мошини «гурӯҳи муташаккили ҷинӣ» ҳарду плазаи толлингии дар роҳи Душанбе –Чаноқро  убур карда ва табъан, ки ҳам мошин ва ҳам ронандаи он дар наворҳои камераҳо сабт шуд, рақами мошин ҳам,ки фарқ кунанда буд пешаш КДАМу қафояш ВКД ин як маҳалли шубҳаи бузурги дигар. Регистратори техникӣ ва видеоии ин плаза онҳоро «регистратсия» кард. Масири ҳаракат, маҳаллу мавозеъи убур маълум ва эҳтимоли дар куҷоҳо баҷошавии онҳо ҳам, дар сурати вуҷуди азми қотеъ барои дастгир кардан метавонад муайян ва мушаххас бишавад.

  Дар роҳҳои дохилии худи пойтахт ҳам камераҳои «Шаҳри бехатар» яқинан мошин ва  ронандаро ба навор гирифтааст.

   Дар як чунин ҳолат, чаро мақомоти интизомиву ҳифзи ҳуқуқ дар дастгир ва ошкор кардани авомил ва ҳодиса кутаҳӣ мекунанд? Ҳама чи дар дасташон ҳаст, пас, монеа ва мушкил чӣ аст? Чаро дастгир намекунанд ва ошкор намесозанд? Чунки фармон ин нест, ки ёфта бишавад, фармон ин аст ки нобуд ва комилан нопадид гардонида шавад.

Бинобар маълумотҳои ба «Ислоҳ.нет» расида Шӯҳрат Исматуллозода бо дастури  Эмомалӣ Раҳмон «нопадид» шудааст ва ба эҳтимоли зиёд дигар зинда нест ва дар гумон аст, ки ҳатто ҷасади ӯ пайдо бишавад. Агар пайдо бишавад ҳам чизеро иваз нахоҳад карду кашфу ошкор намекунад.

 Чаро як чунин тасмими бисёр ҳам сахти нобуд ва нопадидгардонии нафаре, ки дасти рости Ҳасан Асадуллозода аст гирифта шудааст ва Шӯҳрат Исматуллозода барои Раҳмонов чи хатар дошт?

 Барои онки манзараи воқеӣ ва паҳлуҳои мухталифи ин моҷаро боз ҳам рушантар бишавад ва барои онки мутмаин бишавед, ки ҳама чиз барои мақомот маълум аст ва онҳо агар бихоҳанд кайҳо боздошт мекарданд, аз матолиби расонаҳо меоварем:

«Афроде, ки навори камераҳои назоратиро дидаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки лаҳзаи рабудан онҳо ба Шуҳрат Исматуллоев шаҳодатномаи кадом ниҳоди қудратиро нишон медиҳанд ва аз ду дасташ гирифта ба мошин савор мекунанд. Онҳо ба бонкири тоҷик чӣ ҳарфе мегӯянд, ки ӯ дигар муқовимат нишон надодааст. Манобеи Озодӣ мегӯянд, рабояндагон дар ҳамаи марҳилаҳои амалиёти худ ҳирфаӣ будаанд».

 Вақте дар навор ҳолати нишон додани шаҳодатнома (удостоверение) дида мешавад, ҳатман сару калаи соҳибони шиноснома ҳам дида мешавад. Агар чунин аст чаро ин тасвири ин аксу калаҳои бигзор зери ниқоб дар шабакаҳо ва дар кучаҳои пойтахт насб нашуданд? Ин «непрофессионализм» -и мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст ё қасдан ва тибқи нақшаи аз қабл тарҳрезишуда кашол додани «амалиёти ҷустуҷу»? Аммо, ҳамчуноне аз ишораҳои мо огоҳ шудед, дар дасти мақомот бештар аз ҳади кофӣ мадраку далел барои пайдо ва ошкор кардани дуздони Шӯҳрат Исматуллоев вуҷуд дорад ва дар ин муддат мебоист ӯро пайдо мекарданд. Вале накарданд ва манбаи маълумоти мо мегӯяд, ки Шуҳрат дигар зинда нест ва ҳатто баъид аст ки ҷасади ӯро ҳам битавонанд пайдо кунанд. Хуб, пас, саволи мантиқи пеш меояд, ки ин Шӯҳрат Исматуллоев, ки то ин ҳодиса аз ӯ номеву ҳарфе набуд, чи касе аст?

«Ин ҳама ба зоҳир корҳое, ки мақомот барои ҷустуҷуи дуздони Шӯҳрат карда истодаанд, дар асл показуха ва ба чашми мардум хокпошӣ аст. Ҳатто, агар касе ҳам ягон зарра аз ин ҳодиса ва ҷараёни он воқиф шуд, масалан дид, ба ҳеҷ ваҷҳ чизе ба мақомот намегуяд ва ин 30.000 доллар инъоми эълонкардаи ВКД ҳам як бозии дигар аст, ки то бигуянд, мо сокит наистодаем, кор карда истодаем. Бовар кунед, он нафар, ки мегуяд ҳодисаро медонам, дидам, шоҳидаш будам ва ҳикоят кунад, ӯро дар ҳамон ҷояш дастгир мекунанд ва ба зиндон меандозанд. Вале инҳо, чун хабар дигар расонаӣ шуд бояд бигӯянд, ки кофта истодаанд, ҳамин тавр нишон диҳанд, ки мекованд: «ҳама корро карда истодаем, ки  шахсони ҷинояткор, одамрубоён, гаравгонгирифтаҳоро дастгир намоем.»

Нафаре, ки вориди ин моҷаро аст ба мо гуфт, ки «Душанбе як мегаполиси чандмиллионӣ нест, ки одамҳо, махсусан одамҳои даркорӣ ҳамдигарро нашиносанд. Дар ҳама ҷо ва ҷодаҳо, камераҳо фаъол аст, мебинанд, ҳама ҳамдигарашро мешиносад. Одамҳое, ки қудрат доранду ӯро бидузданду бибаранд, ангуштшуморанд. Ин гуна ва ин сорту сатҳ ва ин намуд «одамҳо»-ро одамҳои даркорӣ медонанду мешиносанд. Ҳамаҷо камераҳо насб шудааст, видеорегистратор ҳаст, дилхоҳ мошин гузарад то одамҳои дарунашро регистратсия мекунанд. Аммо ин мошин аз маҳаллаи 8 март рафт самти Варзоб. Пости пулакӣ, терминалҳои IRS-ро гузашту рафт. Вақте онҷоро мегузарӣ ба таври автоматӣ, суратат мегирад, регистратсияат мекунад. Ронанда пул медиҳад, аксу афту башараи шофер сабт мешавад. Дар чунин ҳолат, кӣ бовар мекунад, ки Шӯҳрат ғайб задааст, нопадид шудаасту дар ин муддат дар Тоҷикистон намеёбандаш».

Хонандаи гиромӣ ин ҷузъиёти аввалияи кори мо буд,ки онро тақдиматон намудем. Ҳатман дар ин қазия ҳар маълумоти ҷолибтаре пайдо шуд онро тақдиматон менамоем. Чун имкон дорад ҳолатҳои ҷолиби дигар низ рух зананду қазияро ошкортару возеҳтар бармало намояд.

  P.S Дар лаҳзаҳое, ки матлаб барои нашр омода мегардид, Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот омили ҳодисаи тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова дар 30-июнро яке аз рабояндагони Шӯҳрат Исматуллоев муаррифӣ кард. Дар изҳороти Прокуратураи генералӣ омадааст:- «Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки яке аз аъзоёни гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Рустам Каримович, 25 марти 1980 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, баъди содир намудани ҷинояти мазкур тавассути Ҷумҳурии Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Ҷумҳурии Молдова парвоз намудааст.»

 Аввалин шубҳа ва шакке, ки дурустии ин изҳороти аз ҳар лиҳоз бемаънову беаслу асосро таҳти савол қарор медиҳад ин аст ки чаро Прокурор баъди онки ин нафар дар Молдова  ба чунин амал даст зад маълум кардааст, ки яке аз одамрабоён маҳз ӯст? Магар инки ин «кор» ҳам идомаи барномаи «безарар» кардани Шӯҳрат Исматуллоев набошад. Прокуратура аз куҷо фаҳмид, кӣ гуфт, чи тавр муқаррар ва муайян кард, ки ҳамин нафар аке аз дуздони муовини раиси «Ориёнбонк» аст?

  Ҳоло агар ин нафар мисли сеи дигар дар дохили кишвар буд, тафтишот ӯро муайян ва дастгир мекард? Ва, ҳоло, ки ӯро муайян ва маълум кард, чаро сеи дигарро наметавонад пайдо кунад? Агар Ашӯров Рустам дар банди мақомоти Молдова  намеуфтод муайян мешуд? Прокуратура аз куҷо фаҳмид, ки Рустам Ашӯров Аврупо меравад? Магар бо вай мулоқот дошт? Магар ӯро бозҷуӯӣ кард? Дар ҳоле дар расонаҳо аслан барои халал ворид нашудан дар кори таҳқиқот аз Рустам Ашуров ном ёд нашуда буд. Инҷо ҳатман таги коса нимкосае ҳаст. Албатта, ёдоварӣ аз Аврупо дар остонаи сафари Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ҳадафмандона аст. Вале инҷо он қадар аблаҳу кавдан нестанд, ки ҳарчи бигӯянд, тафтишу таҳқиқ нашавад ва аз ҳамин ҳоло мегуям, ки бисёр умед набандед.

   Ростӣ, аз хеле аз манобеъ дар ҳамон рӯзи аввали ҳодисаи дуздии Шуҳрат Исматуллев ба мо дар тамос шуда гуфтанд, ки ин кор кори худи Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аст. Инро ҳам гуфтанд, ки Ҳасан розӣ нашудааст, ки хушӣ ба хушӣ истеъфо диҳад ва ҷойро барои Заринаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов холӣ кунад. Қазияи омада ба сари Шуҳрат Исматуллоев як навъ вокуниши Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҳасан мебошад

   Мегуянд, ки Ҳасан ҳоло ҷон аз қолибаш баромадаву ба як ҷисми мутаҳаррик бадал шудааст. Мо, натавонистем мушаххас кунем, аммо мегуянд, ки сафарҳои ахири Шуҳрат, махсусан ба Англия барои баҷо кардани пулҳои дуздии худаш ва Ҳасан будааст ва аз ин кор Раҳмонов хабардор шуда боз ҳам ғазабноктар шудааст.

 Шуҳрат Исматуллоев барои онки ҳаммаҳали Раҳмонов набуд, аз Кулоб аст, қурбонии разборкаи хунини Ҳасану Рустам ва Раҳмонов шудааст. Акнун талош доранд, ки Раҳмоновро бо дастони Юсуф Раҳмони қудояш табраа кунанд, вале ин дуввуми ҳолати куштори шахсиятҳои бонуфузи Кулоб аст, ки дар ин авохир рух медиҳад. Чанд моҳи пеш Абдуқаҳҳор Розиқов,як ҷавони кулобиро дар оғози соли равон милисаҳои Раҳмонов зада-зад куштанд ва кам монда буд, ки ин ҳодиса ба хезиши мардуми Кулоб ва даст ба тазоҳурот задани онҳо сабаб гардад.

Аммо, боз ҳам пурсиш ин аст ки Прокуратура чаро баъди фирор фаҳмид? Чаро то фирор муқаррар накард. Вақте ин нафар Тоҷикистон буд натавонистанд, наёфтанд, дастгир накарданд. Аммо вақте рафт Туркия ва аз Туркия Молдова ва ин ҳодиса рух дод, баъд ӯро яке аз одамрабоён ва узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ эълон мекунанд. Бовар карданӣ нест. Мақомот чизеро пинҳон карданӣ аст, мақомот гумроҳ ва ба чапғалат андохтанӣ аст. Бо ин гуна корҳои «професионалӣ»-и худ бори дигар тасдиқ мекунанд, ки Шуҳрат Исматуллоев дигар зинда нест ва омили куштори ӯ дар ҳақиқат дар болои боло ва дар даруни оила нишастааст.

Share This Article