Ин даъвову иттиҳом, ки тамоми вазифаҳо дар ҳукумати Тоҷикистон фурӯхта мешаванд ва дар ин вазифафурӯшӣ аз худи Раҳмонов сар карда то Озодаву Рустам ва ин тараф Сумбулоғо (Асадулло Раҳмон, ёрдамчӣ оид ба кадр)-у Зоири мундуқ, Тахмина ва Азизмо (началник отдел кадр)-и газетхонак шариканду даст доранд, барои ҳамагон маълум аст, пӯшида нест. Раҳмонов тавре вонамуд мекунад, ки гӯё надидаву нафаҳмидааст, аммо ин пулҳо ба киссаи вай ҳам мераванд.
Дар мақомоти марказӣ тамоми вазифаҳо «ставка»-нархи муайян доранд. Масалан вазифи Прокурор ё Раиси суд ва МВД пули калон-ставкаи бузург доранд аммо боз вазифаҳоеву вазоратҳое ҳам ҳастанд, ки хеле калонтаранд. Яке аз онҳо минфин-вазорати молия ё дороии Тоҷикистон аст. Номаи аввали ин барнома аз он ҳикоят мекунад, ки як нафар муддаии курсии вазорати молия аст ва ваъдаро аз касе не, аз Озода, роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президент гирифтааст, ки бар ивази чанд миллион доллар метавонад вазир бишавад:
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Як бародар аз Кулоб занг зад ва гап зад, ки ин кали Бахтиёр раиси шаҳр як рӯз дар якҷо бо як соҳибкори маъруфи Кулоб Маҳмадсидиқ Одинаев, ки аз мафияи Шурободиҳоянд якҷо бо Бахтиёр Назарзода нишаста гуфтааст: «ҳозир ҳамаи ричагора ҷиқидагиюм барои пула ҷамъ кардан. Ҳозирашда ай ҳамада нағз Кулобда линияи аскарҷамъкунияй, тандурустиям, масҷидорам, ҳамаша ҷиқидагиюм пули нағз оварда додестанум, камтари дига мондай. Хай агар мегум нашавад, баъд гапут мезанум. Ин Озода худша мефурӯшад, ҳоле вазифа онсу биистад».
Бахтиёр Назарзода, раиси Кулоб қасд дорад вазири молия шавад.
Гуфтааст ба Маҳмадсиддиқ Рдинаев,ки «як маслиҳат мекунам, одамҳоямро мепартоям, агар пул даркор шуд, пулам нарасид, ту ёрдам медиҳӣ. Гуфтааст, ки «ягон ним миллион доллар даркор аст. Қарз медиҳӣ, Минфина бояд бигирум, баъд у тарафаш мехурем мегардем».
Бинобар гуфтаи Назарзода вай бо Озода маслиҳат карда истодааст. Гуфтааст: «и Озода худша мефурӯшад, ҳоло вазифа усу беста».
Дар ҳақиқат ин авлоди гушна барои пул шуда любой чиза медиҳанд, любой корро мекунанд.
Баъд ин кали Бахтиёр Назарзода гуфтааст: «Ин шо Аллоҳ ма вазифара гирифтам Кулоб ду се тиҷорат дорӣ Маҳмадсидиқҷон и камай, и чияй, ташкилуш мекунум и ҳамун тарафои Душанбедаву тарафои Ленинобода ҳам точкаҳо мегирӣ, ҳуй мекунӣ, бизнеси туям калон шудан мегирад.
Ин Маҳмадсиддиқ Одинаев тиҷораташ дар Кулоб гуногун аст, фермаи мурғ, фермаи гов магазин, нуқтаҳои калони фурӯши бензин дар чанд ҷойи даруну беруни Кулоб. Ба кали Бахтиёр, порахури калон доим пора ҳам медиҳад, аммо ҳоло барои пули калон гирифтан аз Маҳмадсиддиқ ход кофта ва омодааш дорад.
Ин кали Бахтиёр полний Кулобро фурӯхт
Панҷ
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Метавонед ин номаи маро Генералний Прокурор кришаи панҷиҳо унвон гузоред. Дар Прокуратаи генералӣ дар Душанбе генерал Хушвақт Машрабзода Имомович кор мекунад, ки худ зодаи ноҳияи Панҷ аст. Ин шахс бисёр панҷиҳоро кришагӣ мекунад.
Шоҳиён Зариф Фақерович замини масҷиди колхози Маданиятро ба зӯрӣ гирифт. Магазинҳои пластики на противи идораи райисполкомро сузонида пожар карда аз нав сохтанд. Ва як метру 50 сантиметрӣ аз ҳар як магазин кам карда барои худ 6 метр эконом кард ва дар ин ҳудуд ду магазин сохт ва ба аренда дод. Боз замини идораи колхозро гирифта барои худ хона сохт. Кришаи Шоҳиён ҳамин генерал Машрабзода мебошад.
Дуюм Кенҷаева Хайриниссо Ғуломовна ҳамаи заминҳои куҳу куҳдоманҳоро фурӯхта ба худаш рамаи гусфанд харид. Ва нисфи замини куҳро барои гусфандонаш чарогоҳ кард. Кришаи Кенҷаева Хайриниссо низ генерал Хушвақт Машрабзода мебошад.
Сеюм Саидов Балаҷон қудои генерал Машрабзода ва рафиқи наздики Шоҳиён Зариф Фақерович мебошад. Ин Балаҷон аз пушти генерал Машрабзода Хушвақт ва Шоҳиён Зариф Фақерович тамоми мақомоти ноҳияи Панҷро иди н..й мегуянд. Ин Балаҷон як магазини арақфурушӣ дар пеши светофори чорроҳа дорад. Бо ёрдами генерал Машрабов ва Шоҳиён Зариф Фақерович мақомоти Панҷро писанд намекунад.
Шоҳиён Зариф дар вилояти Хатлон одамони боқувват доштаст. Дар бисёр маъракаҳо Шоҳиён Зариф мегӯяд, ки любой раиси Тоҷикистонро фалон мекунам. Беҳад аз ҳад гузаронидагӣ. Мақомот бояд як бор ӯро тафтиш кунанд.
Арақҳои магазини Балаҷонро генерал Хушвақт аз Шаҳринав роҳӣ мекунад, бепул. Заводи арақи Шаҳринав доля медиҳад ба генерал. Хоҳари Балаҷон зани генерал буд. Аз рӯи ҳамин Балаҷон панҷ бачаи нокора дорад. Аз рӯи арақи генерал Хушбахт Машрабзода соҳиби се хона дар Душанбе, се магазин дар ноҳияи Панҷ ва як замини калон аз пеши фермаи колхози Маданият то пеши роҳи калони мошингард замини обиро бо ёрдами Шоҳиён Зарифҳангоми ҳокими Панҷ буд харид.
Генерал Хушбахт Машрабзода кришаи ноҳияи Панҷ, колхози Маданият (деҳаи Озодагон)дар наздики хонаи падараш сехи дару тиреза ва сехи печенипазӣ дорад. Номи ин сехҳо Попловок ё Шаршара мегуфтанд. Генерал ин сехҳоро як нима карду барои худаш ҷои истироҳат сохт ва бе пул ин сехҳоро ҳам генерал соҳиб шуд.
Генерал аз мақому вазифааш истифода бурда ба прокурори Панҷ фармон медиҳад, ки Балаҷони арақфурӯшро ягон кас мерасад, аз Душанбе то ба Панҷ любой касро фалон мекунам.
Генерал аз вазифааш истифода бурда замини сехи дару тирезаро бепул документ карда гирифт. Генерал як қисми калони замини гаражи колхозиро бепул гирифту ба номи додараш гузаронд. Дар ҳоли ҳозир дар ҳамин замин заправкаи соляркаву бензин сохтанд.
Ба наздикӣ бачаи акои генералро як мошин зад ва бачаи акааш маст буд, мурд. Дар мобайни роҳи калони мошингард буд. Генерал омад аз вазифа истифода бурда ёрдамчии суди Панҷро фарёд карда гуфт ронандаро ҷазои сахт диҳед, турма кунед. Баъд дар тюрма худам ба он ронанада расидагӣ мекунам.
Аз мақомоти болоии Тоҷикистон хоҳиш мекунам генерал Хушвақт Машрабзода, Шоҳиё Зариф, Кенҷаев Хайриниссо, раиси пештараи ҷамоати Озодагон ва Балаҷони арақфурӯши ноҳияи Панҷро тафтиш кунанд. Ин шахсони хунхури миллат аз ноҳияи Панҷ ҳастанд. Ҳамаи ин шахсон зодаи деҳаи Озодагон (колхози Маданияти пешина)-и ноҳияи Панҷ мебошанд:
Генерал Хушбахт Машрабзода Имомович,
Раиси пешиниаи Панҷ Шоҳиён Зариф Фақерович,
Раиси ҷамоат Кенҷаева Хайриниссо Ғуломовна,
арақфуруш Саидов Балаҷон.
Қабодиён
Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ман як корманди горсвети ноҳияи Қубодиён мебошад. Эмомалӣ гуё барои дуздони брақ қонунро сахт кард ва ҳоло муда шудааст, ки мегуянд ана инро дастгир кардем, ана онро дастгир кардем. Аммо ман мепурсам, ки барқдузи асосӣ ин мансабдорон ва хешу ақрабоҳи худи Раҳмонованд.
Хешу табори худаш барқро медузд аммо дастгир намекунад вале инҷо ҳам як, ду камбағалро дастгир мекунад, дигар тамом. Дар ноҳияи мо барқдузди асосӣ хусурбачааш аст. Зиёратшои хусурбачааш раиси бозори Қубодиён ду заправка дорад, ки ҳардуяш ҳам пули барқро намедиҳад. Ҳардуи ин заправка хати алоҳида барқ дорад аз красний линия гузаронидагӣ аст. Вақтҳое ҳама ҷо лимит аст ин заправкаҳо кор мекунанд. Эй, Эмомалии шайтон «чиба мардума худут фреб мекуниву боз мегуй, ки баватан содиқона хизмат кунед. Ой гури Марям ғрапғрап дар бигира, ки чиба ин Зиёратшора дастгир намекунӣ? Боз мегуӣ, ки касе пули барқа наметия ё ки барқ медузда дар назди қонун ҷавоб метиян».
Як рӯз кормандони барқ аз Қурғонтеппа омада барқдуздиашро қапиданд. Маълум шуд, ки пули светро ҳам намедодааст. Омаданд проверкааш карданд. Маълум шуд, ки чандин сол шудааст, ки пули барқро надодааст. Коргарони барқ чанд соат истоданд, аммо раис домодаш аст. Як бор пешашон наомад вале баъд омаду ба сарашон зӯрӣ кард. Ҳамроҳи онҳо як духтар буд, он духтарро ҳақорат кард ва гуфт, ки «чува нопурсида ай ман ё ки ман нестум барқи мана буридӣ? Ба тарафаш гуфт, ки барқа бра пайваст кун, пайваст накард духтар». Муддате пас ин коргарони барқ ҳам рафтан. Баъд пагоҳаш омаданду барқи буридаашонро пайваст карданду корашонро давом доданд.
Ман санҷида баромадам, ки пули барқро аз соли 2021 надодааст. Ҳоло он солҳои куҳнааш тамоман одагӣ набудааст. Бовар кунед бародар инҳо ҳам бюҷети давлатро медузданд ва ҳам пули барқро намедиҳанд. Инҳо худашон пули арқро намедиҳанд вале бори мардуми бечора ва камбағал мекунанд. Бори мардуми бечора мекунанд, ки гуё мардум пули барқро намедиҳанд ё ки мардум аз барқ қарздоранд.
Инҳо ба ҷомеа зарари калон мерасонанд. Боз вақте кормандони барқ ба амнияти ноҳия, милиса ва хонаҳои кормандони он мераванд мегуянд, ки «мо фалон одамем, чи мора нашнохтӣ, пули барқ нестай бра ай иҷа». Бечораи пулчинак аз тарс дигар пас мегардад. Коргарони прокуратура ва кормандони суд ҳам пули светро намедиҳанд. Началникҳо ягонтоашон пули светро намедиҳанд. Аз ҳамин мақомот ягон- ягон нафарашон медиҳанду тамом. Баъд мардуми камбағалу бечора дар бало, ки ту пули барқро намедиҳӣ. Раиси горсвет агар дар як рӯз 50 ё 70 ҳазор сомонӣ ҷамъ намоем нисфашро ба давлат месупораду, нисфи дигарашро дар кисааш мезанад. Боз як рӯз руирост гуфт, ки ман ин вазифаро харидагиам, о пули калон, ман бояд ин пулро кор кунам.
Эй, Эмомалӣ Раҳмонов ин дуздҳоро чаро дастгир намекунӣ, охир инҳо пули давлатро дуздида истодаанд ва бюҷети давлатро хароб мекунанд.
Дар ноҳияи мо қариб 20 корхона амал мекард. Ҳозир ягонтои онҳо фаъол нестанд. Чунки ҳамаи онҳо таҷҳизоташонро фурӯхтанд.
Як рӯз ба яке аз коргарони як корхона гап задам. Бечора сахт нолид. Гуфт, ки дар ду рӯз даромадаш аз 100 ҳазор сомонӣ кам нест. Вале мегуяд, ки як домод дорад бо номи Басир дар расходаш якмоҳаро менависад 15 ҳазор сомонӣ. Вале ба мо, ҳамаи коргарҳо продукта мехарад, ақалан ба се ҳазор ҳам не. На хуроки соз медиҳад ва на сарулибоси дуруст. Мо маҷбурем аз хонаҳоямон оварда инҷо бихурем. Пули барои хуроки пагоҳӣ медиҳад 30 сомонӣ барои се нафар, намерасадамон. Маҷбур мешавем, ки аз касса гирему ягон чи харем биёрем. Аммо вақти қабул кардан 100 сомонӣ агар кам барояд, тамом, дигар дар номамон сраза менависад. Мо худамон дар як моҳ 2400 сомонӣ мегирем.
Боз дар охири моҳ вақте ойлик мегирем қарздор мешавем мегуяд. Гуфтамаш бас кун ин коррову бирав ягонҷои дигар. Мегуяд, ки бародар дигар чи кор кунем, кор нест, маҷбурем. Аммо худи Басир меравад ресторанҳо гушти гуспанд ё гушти гов мехурад ҳамроҳ бо ҷураҳояш, албата аз пули хурокаи мо. Барои мо дар қисми хароҷот дар як моҳ менависад, ки 15 ҳазор сомонӣ. Аммо н пулро мегираду ё хона рост мекунад ё аспҳои гаронбаҳо мехарад меравад човандозӣ. Бовар кунед, ки ягон раҳм надорад.
Конибодом
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Конибодом менависам. Ба Оҷонси мубориза бо коррупсия як номаи маълумотдори таъсирбахши тоза дорам равон мекунам. Ягона «плошадкаи» озод ва бехатар ин пойгоҳи мардумии «Ислоҳ» мебошад. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин ёру ёвари мардуми тоҷик шудааст. Бидуни сухани зиёд мегузарем ба асли гап.
Яке аз бузургтарин коррупсионерҳои беимони сарсахт аз командаи Абдусалом Тухтасинзода-Пешвои муаззами Конибодом, собиқ Раиси шаҳри Конибодом доктор Шарипов главврач дар психболнитса мебошад.
Сари ҳар сол дар моҳҳои май аз баччаҳо барои военный билет дар вақти «ОБЛАВА» маблағ мегирад, ҳудуди 1500 — 2000 сомонӣ сари ҳар бача мегирад.
Шарипов худаш мегуяд:- «ҳамаш сад, вай ман доляша метиям бачаҳакоя»
Гарчанде миллаташ узбек аст бачаҳои узбекзабонро хеле азият мекунад. Гарчанде фарқ надорад барояш сумро аз кадом миллат гирифтан. Вале ҳақиқат ҳамин тавр аст. Аз бачаҳо мепурсад, ту аз фалон ҷоӣ, ту аз болои канал-мӣ? Ва ғайра.
Феълан доляро ба мақомоти ҳукумати Конибодому прокуратура медиҳад. Мегуфта бошӣ, ки ин шахс духтур несту аз соҳибкорони «ватандуст» буда бошад.
Хеле шахси беимон ва ранги мор «холоднокровни» мебошад.
Он пулҳои аз фарзандони мардум гирифтаашро бо военкоми ноҳия тақсим мекунад.Феълан раиси нави ноҳия аз помошникҳои раиси вилоят ҳазрати Қофлонбой мебошад.
Ба Оҷонсии зидди коррупсияи Душанбе хоҳиши мардумро расонида гуфтаниам, ки ин одамро ба пенсия ё ба Кирпичний, хуллас аз назди мардум дураш кунед. Вагарна худатон шармандатар ва расвотар мешавед. На бачаҳакои коррупсияи ноҳия на вилоятӣ ин корро намекунанд, вале шумо кунед.
Бо истифода аз фурсат мехостам яке аз чизҳои муҳимро, ки ман шахсан аҳамият додам ин аст ки дар моҳи ноябри 2024 вақте Рахмонов ба вилоят яку як бора омада бидуни рақсу ҷумбон ҷумбонхои ҳазрати Қофлонбой Раҳмонов рост ба ноҳияҳои Ғафуров, Чкаловск ва Хуҷанд рафта аз соҳибкорҳои «ватандуст» дидан кард ба ҳайси откривашка вале ба Конибодом наомад ва соҳибкорҳои Конибодом бидуни Раҳмонов объектҳоро кушоданд ва раҳмату сипосро через ҳамон телевизион ба пешвояшон расониданд.
Хеле тааҷҷубовар аст аммо…
Пас, аз ин қадар кушторҳо таҷовузҳо ва ба нисбаташ ин қадар дуоҳои бади мардум,Раҳмонов барояш хулосаашро баровардааст, ки ӯ пешвои конибодомиҳо набудааст…
Дар бораи раиси нави Конибодом бештар маълумотҳоро дар номаҳои оянда менависам то ки ин нома ба дарозо наравад бародар Муҳаммадиқбол…
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» шумо аз он гуфтед, ки Сулаймон Қаюмов, қотили шаҳид Умаралӣ Қувватовро аз Туркия ба Душанбе оварданд ва ҳоло дар СИЗО қарор дорад. Шумо хуб медонед, ки Сулаймон Қувватов дар Туркия маҳкум ба ҳукми абад шуда буд. Вай моҳи феврал барои куштори раиси Гурӯҳи 24-шаҳид Умаралӣ Қувватов сазовори ин ҳукм шуда буд ва вақте аз Додгоҳи олии Туркия хост ҳукмашро бозбинӣ кунад, додгоҳ бетағйир боқӣ монд. Сулаймон Қаюмов-зодаи ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кӯлоб аст. Ман ӯро мешинохтам
Додгоҳи Истанбул Қаюмовро гумонбари асосӣ ҳисобида гуфта буд, ки ду нафари ҳамроҳи ҷинояти вай фирор кардаанд.
Ҳамон вақтҳо овоза шуда буд, ки ҳамроҳони Сулаймон Қаюмов чанд нафар милиса буд, ки дар куштори шаҳид Умаралӣ Қувватов ширкат кардаанд ва ин милисаҳо ҳатто номашон ҳам дар матбуот аз ҷумла дар ҳамин «Ислоҳ» зикр шуда буд. Ва ман ҳоло, пеш аз онки назарамро дар ин бора гуям як қисмати навиштаи Ислоҳро дар ин бора инҷо меоварам, ки дар он номи ин нафарон зикр шудааст:
«1.) Сардори гурӯҳ собиқ сардори милисаи фурудгоҳи ш. Душанбе Исозода Набиҷони Исо фамилияи пешинааш (Грезов Набиҷон Исоевич) соли таваллудаш 07.06.1977 зодаи н.Восеъ. Айни ҳол дар ш. Душанбе истиқомат мекунад.
2.) Маҳмадализода Баҳодур фамилияи пешинааш (Абдусамадов Баҳодур) соли таваллудаш 1979 зодаи ш. Бохтар (Қӯргонтеппа) собиқ сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи ш. Душанбе
3.) Суҳроб ном дорад дар бораи ин маълумот камтар аст дар ВКД кор мекардаст. Аз гуфтаҳояшон одами Умаралиро парондагӣ (қотил)ҳамин аст.
4.) шахсе аст,ки исму насабаш маълум нест.Вале 100% корманди вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва тибқи маълумотҳои дигари Ислоҳ ӯ зан аст.
Ин 4 нафар соли 2015 4-моҳ зиёдтар дар Туркия ба сар бурдаанд. Дар он ҷо аввал ҳаракат карданд Умаралӣ Қувватовро бо аҳли оилааш заҳр дода ба қатл расонанд. Аммо заҳр қувваташ (дозаш) паст будааст ва онҳо намурданд. Баъд онҳо диданд, ки планашон иҷро нашуд худи Умаралӣ Қувватовро дар берун паронда аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Сулаймон Қаюмовро полиси Туркия дастгир мекунад, дигарҳо мегурезанд ба Тоҷикистон. Инҷо гумон меравад,ки «маслиҳат» бо бархе «мақомот»и Туркия буд ва агарна ҳамаашонро дастгир мекарданд. Баъд аз он ки аз Туркия баргаштанд ба қотилҳо вазифаҳои баланд доданд.
Исозода Набиҷон аз сардори милитсияи фурудгоҳ ба сардори Раёсати кофтукои ҷиноятии ВКД таъин шуд.Айни ҳол И.Набиҷон бо вазир соз нест барои ҳамин рутбаашро паст карданд ва ба шӯъбаи шаҳрии милитсияи Бохтар собиқ (Қӯргонтеппа) «перевод» шудааст.
Маҳмадализода Баҳодур аз сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноии фурудгоҳ ба сардори шӯъбаи Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии ВКД таъин шуд. Айни ҳол М.Баҳодур аз вазифа озод карда шудааст ва дар федерасияи Русия дар муҳоҷират аст. Дар бораи Сӯҳроб ягон маълумот нест»
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар ҳақиқат ба ин навиштаи шумо сахт бовар кардам,ки дар кори куштори Умаралӣ Қувватов кадом гуруҳи мақомоти Туркия ё шариканд ва ё мусоидат кардаанд, ки дар радаҳои болои ҳукумати Урдуғонанд. Вагарна чи тавр як нафар,ки ҳукми абад гирифтааст,баъди чанд соле раҳо ва ба ватанаш истирдод мешавад.Ман мутмаинам, ки барои пас овардани Сулаймон Қаюмов ҳатман миёни Тоҷикистон ва Туркия кадом муомилае сурат гирифтааст.