Дар пайи ихроҷу рондани шуморе аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон- дуввумин кишваре, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар онҷо ризқу рузӣ касб мекунанд, ба берун рондани тоҷикҳо шуруъ кард. Мо,далели мувассақ надорем, ки дар ин кор Путин ва Тоқаев байни ҳам машварат карда бошанд, вале бидуни тардид ва бо итминони қотеъ метавонем бигуем, ки инҷо масъала ба асноду мадорики муҳоҷирони тоҷик ва ба қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ будани буду боши онҳо дар ин ду кишвар ва алалхусус дар Русия марбут нест, инҷо масъала ба истилоҳ «ангезаи сиёсӣ» аст ва бемуҳобот мустақим ба Эмомалӣ Раҳмонов рабт дорад.
Ҳодисаи «Крокус» дар Маскав ҳузур ва идомаи ҳузури неруи чандмиллионии кории тоҷикҳо дар Русияро таҳти суол қарор дод. Ин иттифоқи нангин, ки тоҷикро дар руи олам террорист шиносонд, силоҳи сангине дар дасти мақомоти Русия гардид, ки тавассути он Тоҷикистонро дорад мутазалзил мекунад. Мақомоти Русия воқеияти ин фоҷиаи ваҳшатнокро медонанд. Инро низ медонанд, ки он тоҷикҳо, ки ҳоло омилин ва муҷриёни ин акти террористӣ шинохта мешаванд, то чи ҳад муҷрим ҳастанд.
Аммо ҳамин ҳодиса боис гардид, ки Русия тоҷикҳоро чап бигирад. Аслан Русия солҳост, ки масъалаи ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламравашро ҳамчун аҳрум ва фишанги фишор болои Тоҷикистон истифода кардааст. Мавридҳои зиёдеро мо ёд дорем ва ҳатто раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар Дмитирий Медведев, бо ишораву ошкоро гушрас карда буд, ки амнияти иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон ва чархаи иқтисодии он дар дасти муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ин ба он маъно буд, ки ин Русия аст, ки ҳамин гуна шароит барои Тоҷикистонро фароҳам ва таъмин кардааст.
Аммо ончики мақомоти Русия ва феълан Путин ишораҳову кинояҳо мекунад, ки ин Русия аст ки амнияту субот дар Тоҷикистон пойдор мебошад, ҳақиқат аст. Албатта, ҳақиқати талх.
Масъала масъалаи пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия нест, агарчи ин ҳам ҳаст, масъала ҳамоно ҳамон пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик аст ки аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил мешавад. Ин рақам, ки тоҷикҳо дар Русия як миллионанд ва ё беш аз се миллиард доллар мунтақил кардаанд, сиҳат нест. Тоҷикҳо, яъне ҳамон муҳоҷирони корӣ на камтар аз 2вуним миллион, балки 3 миллион ҳам ҳастанд ва ин се миллиарди интиқолдодаи онҳоро ҳади ақал се баробар бештар бишморед.
Бубинед, тамоми қарзу гранту ёриҳои хориҷӣ,ки дар шакли пул ва ё мол вориди Тоҷикистон мешавад ва бигзор он сад миллиард доллар ҳам бошад, ба дасти мардум намерасад. Аммо ончики аз Русия мерасад ба дасти мардум мерасад. Ва ин «дасти мардум»-бозору мағозаҳоро мечархонад, налогу гумрукро мечархонад, пенсияву ойликро мечархонад, самолёту поездро мечархонад, таксиву тролейбусу автобус, облаваро, болнитсаро, аптекаҳоро, хулласи калом тамоми ҳаёти воқеъӣ, зиндагии ҳамарӯза ва рӯзмарраи мардумро мечархонад. Ин селитра, ин аммофос, ин пули насос, ин пули барқ… пули ҳамачиро ҳамин «дасти мардум»-пулҳои меомада аз Русия мечархонад. Яъне мо ҳамаи тоҷикистониён, аз ҷумла ҳамин Абдулло Раҳнамо-булбули Эмомалӣ Раҳмонов, Ато Мирхоҷа-лесаки Раҳмонов, Сайёфи Мизроб-тамаллуқкори Раҳмонов ва амсоли инҳо агар бозорашон харидор дорад, валлоҳӣ аз ҳамин пулҳои муҳоҷирони кории тоҷик аст. Вагарна онҳое, ки миллиардҳо сармоя ва кумакҳои хориҷиро бо номи Тоҷикистон ва барои Тоҷикистон дарёфт мекунанд, на дар литсеи Раҳнамо мехонанд, на газетаи Сайёфро мехаранд ва на як байти Ато Мирхоҷаро медонанд, ҳатто агар забонашро ҳафт қулоч бароварда Путину Трампу Ҷин Пинро паёмхон кунад ҳам.
Зиндагии мардуми Тоҷикистон, оромиву суботи давлати он аз Русия ва пули муҳоҷирони кории тоҷик вобаста аст. Ба забони дигар аз Русия ба Тоҷикистон амният ва субот интиқол меёбад. Ва, инро мақомоти Русия хело ҳам хуб медонанд. Дасти кутаҳи Тоҷикистонро, маҳалли заъфу ҷойи ковоки Тоҷикистонро медонанд. Медонанд,ки ҳалқаи дори гардани Раҳмонов ҳамин қатъу радди ҳузури муҳоҷирони корӣ дар кишварашон аст.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон, яъне Эмомалӣ Раҳмонов тавассути вазорати хориҷа ва ахиран вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Агар пиндоштед, ки Раҳмонов ва ниҳодҳои вай «орияташон кард», чун тоҷикҳоро дар марзҳои Русия ва Қазоқистон намегузоранд, ки дохил шаванд, иштибоҳ кардаед.
Ҳақиқати талх ин аст ки ин ҳолат натиҷаи сиёсатҳои худи Раҳмонов аст. Раҳмонов, аз онки тоҷикҳоро террорист муаррифӣ мекунанд, розӣ ва хушҳол аст. Чун худаш ҳаминро мехоҳад ва гумонаш ҳам ин аст ки тоҷикҳо ҳарчи бештар террористи исломӣ муаррифӣ шаванд, давлатҳо аз вай ба унвони як роҳбари «светский» пуштибонӣ мекунанд ва ин вазъият ба фоидаи ҳукумати вай ва идомаи ҳузури хонаводаи вай дар ҳокимият хоҳад буд.
Даъвати Раҳмонов аз шаҳрвандони кишвар, ки Русия нараванд, дар тамоми муддати ҳузури 32 солаи вай дар ҳукумат бесобиқа аст ва мавзеъгирии комилан ғайримунтазира ва ғайривоқеӣ аст. Имкон надорад, ки Раҳмонов ҳамчунин ҷуръат ва ҷасорат дошта бошад, ки бигуяд наравед. Аммо гуфт. Пас, гузина ё алтернативаи вай чӣ аст ва чӣ буда метавонад? Муҷаддадан таъкид мекунем, ки ҳарф аз ҳазору даҳҳазору садҳазор нест. Инҷо аз миллион – ба камтарин ҳисоб вале аз се миллион бештар меравад, ки ҳам худу ҳам он ҳафт мииллиони боқимондаро мехуронаду мепушонад. Яъне амалан муҳоҷирони корӣ давлат ва мардумро мехуронанд. Агар ҳадди ақал нисф ва ё аз се як ҳиссаи ин шумора наравад ин на фақат инфиҷори иҷтимоӣ, балки инқилобу ошуби сиёсӣ мешавад. Нарав гуфтани Раҳмонов ба муҳоҷирони корӣ ба ин маъно нест, ки ман бароятон ҷойи корӣ муҳайё мекунам, чун ин имконият тамоман вуҷуд надорад ва Раҳмонов пешу пасашро тикапора кунад, ки наметавонад.
Суҳбатҳои вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Минск ҳам ки мегуфт, шумо ончунон шиканҷа кардед, ки тоҷикҳо гуноҳи накардаро бар гардан гирифтанд, низ тамоман ногаҳонӣ аст. Яъне Тоҷикистон асли иттиҳом, яъне даст доштани тоҷикон дар ин қазияро таҳти савол қарор дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки Раҳмонов ва мақомоти вай дар аввали кор муфаттишони Русияро дохили кишвар карда буданд. Кореро,ки тибқи риволи давлатдорӣ ва русуми мулук набояд аслан иҷоза медоданд.
Аммо Раҳмонов дар аввал шодикафак шуда буд, ки тири у ба ҳадаф расид ва тоҷик террорист муаррифӣ шуд ва вай, танҳо вай аст ки зидди ин террористҳо истодагарӣ карда истодааст ва ана факту далели гуфтаҳои вай. (Чаро Раҳмонов мехоҳад тоҷикҳо террорист муаррафӣ шаванд, як масъалаи дигар ва барои матлаби дигар аст).
Аммо вақте дид, ки тоҷикҳоро роҳ надода истодаанд, ҳатто донишҷуҳои тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия иҷозаи ворид шудан надорад, он вақт фаҳмид, ки масъала масъалаи «Крокус» нест, масъала масъалаи худи ӯст.
Дар ҳақиқат робитаҳо сахт тира шудааст ва Русия аз чи кору амали Раҳмонов ранҷидааст ва ё сахт норозистро, наметавон надид.
Ин тавр нест, ки Раҳмоновро қаҳраш карда бошад, ки тоҷикҳоро дар Русия шиканҷа медиҳанду тақир мекунанд, Раҳмонов аз он бим гирифт, ки тоҷикҳоро задани Путин задани худи уст. Путин бо задани муҳоҷирҳо Раҳмоновро зада истодааст. Амо чаро Раҳмоновро зада истодааст.
Задани Раҳмонов аз тарафи Путин барои кадом масъалаи дигар аст ва инҷо муҳоҷирон танҳо силоҳи тавонои Путин аст.
Раҳмонов гуё гуфтан мехоҳад, ки бе Русия ҳам мешавад зист? Кӣ бовар мекунад?
Фишори Русия ба Раҳмонов барои пайвастани Тоҷикистон ба ЕврАзЕСбошад ё инки Раҳмонов ҳоло тарафи Аврупо тоб хурдааст ва ё чизе дигар? Раҳмонов шояд аз фурсати онки Путин слабий шудааст баъзе бозиҳо карда истода бошад. Чунки ҳаминки пойи Раҳмонов ба Рум расид марзи қазоқистонии Русия баста ва ё махсус ба руи тоҷикҳо баста шуд. Ҳайратовар ин аст ки мақомоти Италия ҳам бо як иқдоми бесобиқа ҳашт бистучаҳориро барои он гирифтанд, ки алайҳи Раҳмонов намоиши осоишта баргузор мекарданд. Шояд инҷо кадом бозиҳое ҳаст?
Раҳмонов зери таҳдидҳои аланиву пинҳонии Путин мондааст ва намедонад сарашро ба куҷо занад, курсии зери пояш мисли хори зери думи хар бандмонда на меуфтад, на ором мегузорад
Хар, ки хар аст намефаҳмад, ки бояд думашро боло гирад, то хор биуфтад ва думашро сахттар зер мекунад ва хор ҳам сахттар мехалад. Ҳоло курсии зери пойи Раҳмонов айнан ҳамин хори зери думи хар шудааст.
Аммо Раҳмонов, ки ҳоло дар Маскав қарор дорад, кадом гузинаи дигар надорад, магар инки дар назди Путин зону бизанад. Агар зону назада ҳоли халоҷои дарозгуш хоҳад шуд, ки хори зери думашро гирифта наметавонад..