«Светотона мекушам,Рустама миёрам,…чи кор када метонен?»

Ислоҳ нет

Аз 24 соати шабонарӯз 17 соат барқ нест. Ҳамагӣ 7соат;-аз 5-и субҳ то 8, яъне 3 соат дар саҳар ва аз 6-и бегаҳ то 10-и шаб. Тамом. Тоҷикистон ин тирамоҳу ин зимистон ҳам дар коми торикӣ ва сардӣ фуру рафт. Порсол ҳам аҳвол ҳамин буд. Дар авоили май, яъне ду моҳи баҳорро ҳам гузаронида баъд лимитро бекор кард. Вале мисли муши мурда сокит буд ва дамбадарун мегашт. Чизе намегуфт, чун ба ҳангоми корандозии чархаи аввали Роғун дар соли 2018 воҳима карда буд, ки дигар «светмурӣ афсона» шуд. 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022, инак баъди ин суҳбатҳояш панҷ сол сипарӣ мешавад, ҳамоно маҳдудияти интиқоли барқ, лимит шадидтар мешавад. Имсол,чуноне гуфтем дар шабонаруз ҳамагӣ 7 соат медиҳаду халос. Аммо имсол иқрор ва эътироф кард, ки лимити барқ ҷорӣ карда шудааст. Зимни суханрониаш дар шаҳри Норак дар рӯзи 24 октябр гуфт:

    «Чунонки ҳамватанони мо огоҳанд, имрӯзҳо бо сабабҳои маълум бисёр кишварҳои оламро буҳрони энергетикӣ фаро гирифтааст ва ҳатто баъзе давлатҳои хеле пешрафта низоми маҳдуди интиқоли барқ, гармӣ ва сӯзишвориро барои мардуми худ ҷорӣ карда истодаанд.

  Бинобар ин, ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст.

Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст.»

Мутаваҷҷеҳ бишавед: «Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст.»

Аҷаб!! Эмомалӣ Раҳмонов, дар воқеъ, мисле, ки дигар аз ақл бохта аст, девонаву васвос шудааст. Мегӯяд, ки «бо истифода аз рӯзҳои мусоид…маҳдудияти барқ амал мекунад ва ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст.»

“Ҳоло аз кадом рӯзҳои мусоид мегуфта бошад? Чи рӯзҳои мусоиде? Вай гармиву равшании хонаи худу бачаҳову домодҳои бешуморашро бо хонаву манзили мардум иштибоҳ гирифта истодааст. Кадом рӯзҳои мусоид? Ин сардии ҳавову ин боришот магар рӯзи мусоид аст?  Ин барои ту аст ки рӯзҳои тамоми сол мусоид аст, чаҳор фасли сол! Аммо мардум, аҳолии кишвар чи?  “

Раҳмонов гуфт барои он аз сентябр лимит ҷорӣ кард, ки зимистон аҳолиро пурра бо барқ таъмин кунад. Ман 100% кафолат медиҳам, ки ин бор низ дуруғ мегуяд, дурӯғи навбатиаш аст. Ҳангоми ифтитоҳи чархаи аввали Роғун дар соли 2018 низ гуфта буд, ки тамом- «светмурӣ афсона шуд.» Аммо дидем, ки нашуд, воқеият аст ки бо гузашти ҳудуди чаҳоряк асри садаи 21 ва бо гузашти 30 соли дар сари қудрат будани Раҳмонов ҳамоно мо наметавонем, ки мушкили бебарқиамонро бартараф намоем.Чаро?

Дуто Сангтӯда 1 ва 2, дуто ТЕС—маркази барқу гармидеҳӣ, дуто агрегати Роғун сохта шуд. Бале, ин ҳама бо пули қарзи хориҷӣ. Яъне дар ҳаҷми тавлидоти неруи барқи кишвар афзуда шуд ва табиист, ки мушкили норасоӣ бояд рафъ мешуд. Беш аз ин, солҳост, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ин ҳисоб ҷудову ба сари худаш аст. Яъне ҳиссаи масрафмекардаи ин вилоят ҳам сарфа шуд. Ва, муҳимтарин мадракТалко-бузургтарин корхонаи саноатии кишвар, ки солона барои тавлиди 450.000 тонна алюминиюм 7 агрегати Норакро мехӯрд, ҳоло солона ҳамагӣ 60.000 тонна тавлидот дорад, яъне ба эҳтимоли қавӣ як агрегати Норакро ҳам масраф намекунад, пас ин қадар неруи барқи истеҳсолмешуда дар Тоҷикистон куҷо меравад, ки аҳолии худашро таъмин карда наметавонад?

    “Даҳҳо заводҳои калони давраи шӯравӣ, масалан заводи кимиёвии Ёвон, нуриҳои азотии Вахш, Тоҷиктекстилмаш, заводи яхдонбарорӣ ва даҳҳои дигар, ки неруи барқ истеъмол мекарданд, дигар вуҷуд надорад. Пас, барқи истеҳсолмешуда дар Тоҷикистон куҷо меравад?   Чаро сар аз моҳи сентябр мо дучори лимит мешавем?”

Бовар кунед, оморе, ки барои содироти барқ  ба Узбакистон ва Афғонистон эълон мешавад, воқеиятро ифода намекунад. Раҳмонов хеле зиёдтар аз ончики эълон мешавад, мефурӯшад. Маблағи он ба суратҳисобҳои оффшори худи Раҳмонов меравад, ки дар ин бора бо далелҳои мушаххас на як бору ду бор навишта будем.

Вале чаро? Чаро вақте мо худамон бараҳна ҳастем, дар поямон кафш надорам, ба дигарон медиҳем? Чаро, мардуми худамонро дар сардиву торикӣ нигоҳ бидорему ба дигарон бидиҳем? Чаро бояд мо азоб бикашем, то дар Тошканду Кобул азоб накашанд? Бубинед, ҳоло ҳам Қирғизистон ва ҳам Узбекистон эълон карданд, ки барои зимистон аз берун неруи барқ харидорӣ мекунанд, то инки мардум дар зимистон мушкил надошта бошад. Раиси ҷумҳури Укроин эълон кард, ки дигар шароити содироти неруи барқ ба Аврупоро надорад ва қатъ кард, агарчи Аврупо миллиардҳо евро кумак расонида истодааст. Гуфт ба мардуми худамон намерасад. Чун,ки аксари марокизи тавлиди барқро дар ин кишвар Русия ҳадаф қарор дода истодааст,то дар бе барқӣ монанду таслим шаванд. Аммо дар чунин ҳолати ҷангӣ ба мардумаш барқ медиҳад ва барои он,ки Русия бомбаборон карда аз кор баровардааст. Боз ҳам президенти Укроин аз мардумаш бахшиш мепурсад,ки шумо барои чанд соат бе барқ мондед. Як бор Раҳмонов барои ин ноуҳдабароияш ва бе салоҳиятияш дар қиболи мардум бахшиш пурсидааст? Шарм нокарда корҳои профилактикӣ мегӯянд масулини соҳа . Кадом корҳои профилактикӣ? Дар соати 10 шаб, то 6 саҳар масулини барқи Тоҷик магар кор мекунанд? Чаро дурӯғ мегӯед ва сурх ҳам намешавед?

Савол инҷост, ки чаро Раҳмонов ин тавр намекунад? Ақалан мисли давлати Укроини ҷангзада?  Дар фикри таъмини мардумаш, дар фикри осон кардани мушкили мардумаш нест?

Посухи ин саволро қашанг дар ихтиёратн мегузорем, аммо як каме таҳаммул дошта бошед.

Як соҳибкори кулобӣ шикоят кардааст, ки бар асари мушкили набуди неруи барқ ба як миллион сомонӣ гушти захиранамудааш барои тавлиди анвои мухталифи ҳасиб зиён дид ва ҳудуди чил коргарашро ҷавоб дод. Ҳоло чи фикр доред? Танҳо ин соҳибкори кулобӣ аст, танҳо барои мисол ин колбасабизнес аст,ки зиён дид?

Шояд ҳазорҳо кас дар ин шабу саҳар миллион-миллионашро аз даст дод: Амбори мурғу моҳии дар яхдонҳо буда, яхдони ҳамин навъи маҳсулот дар мағозаҳо, ҳамин тавр сметанаву қаймоқу ҷурғоту кефир, ҳамин тавр сехҳои қаннодӣ: кулчақанду, булочкаву дигару дигараш, сехи истеҳсоли қанд, мағозаҳо, ки ҳасибу дигар маҳсулоти шириву гуштӣ мефуршанд, инҳо ҳама ҳамарӯза зарар дида истоданд. Аммо Раҳмонов сари сузан парво надорад. Бедардона мегуяд, ки  «рӯзҳо мусоид» аст ва лимит «муваққатӣ» аст. Аммо фурӯши барқро дорад зиёдтар мекунад. Худаш ба забони худаш гуфт, ки аз 2700 меговати имконпазир дар Норак 2600 ҳар сол истеҳсол шуда истодааст. Гуфтем, ки Талко 7 агрегати Норакро мехӯрд, ҳоло ҳатто як агрегаташро ҳам истифода намекунад. Ин ҳама тавлидот куҷо меравад?

Аҷобат дар он аст ки Раҳмонов эълон мекунад, обанбори Норак пур аст. Агар пур бошад, чаро намедиҳӣ? Солҳои пеш баҳона ин буд, ки оби ҳавзи Норак пур нашуда аст, имсол, ки пур аст баҳона ин аст ки дар зимистон набояд бебарқ бошем, чун оби руд камтар ба ҳавз ҷорӣ мешавад. Вале, гуфтем, ки ин як дуруғи навбатӣ аст. Аз тарафи дигар

нархи неруи барқро аз аввали ин моҳ боз 15% боло кардӣ, боз чи мехоҳӣ?

 Ин Раҳмонов аз ҷони мардум чи мехоста бошад?

Як парадокси аҷиб. Свет соати шаши бегоҳ, вақте меояд, ки шабакаи аввал барномаи «Ахбор» медиҳад. Ва вақти давр хурдани ақрабаки соати Ахбор садои Раҳмонов баланд мешавад: шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед…..”шукронаи ана ҳамин давлат кунед….» 

Бахудо бо ана ҳамин гуна ҳарфҳои дарунхолӣ ва бо каззобиву дуруғ ин мардак сӣ сол аст ки дар гуши мардум тоҷик лапша овезон кардааст, дар сарашон шира молида аст.

Як вақт гуфт, ки ба се ҳадафи стратегиаш расид: аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад, амнияти ғизоиро таъмин кард, норасоии барқро аз байн бурд. Ва, ҳоло акнун ба иҷрои ҳадафи чаҳорум, саноатикунонии мамлакат даст задааст. Бо ин вазъу ҳол, кадом саноаткунонӣ мешавад? Ҳадафи чаҳорумаш ҳам айни ҳамон се ҳадафи стратегиаш, ки гуфт иҷро кард, аммо ҳеҷ не, ки иҷро бишавад. Боз шарм нокарда вазири Саноаташ Шералӣ  Кабиров аз “ҳадафи чорум” комилан тибқи ҳидоёт ва дастуроти “пешво”и миллат бо суръат татбиқ шуда истодааст. Куҷо татбиқ шуда истодааст ? Саноатӣ кунонии кишвар бе барқ? Саноатӣ кунонии кишвар бо чароғи бобогӣ ва ё бо тапак ? Туф бар ин “саноатӣ кунонӣ” ятон ва ин дурӯғҳою шайтонгариятон. Эътироф кунед наметавонед давлатдорӣ кардан, эътироф кунед корношоям шудаеду вақти рафтанатон кайҳост расидаасту солҳо гузаштааст.

“Раҳмонов худро ғамхораки мардум ҷилва дода мегуяд, ки ҳоло кушта истодаем, аммо дар зимистон медиҳем. Ин дуруст айни ҳамон суҳбатҳои барои Путин кардааш аст ки гуё барои муҳоҷирон «виступат» карду хонаи муҳоҷири овораву бечораи тоҷикро дар Русия ҳам сухт ва ҳоло шикори муҳоҷирҳои тоҷик ва ба иҷбор ба ҷанги Укроин бурдани онҳо дигар ба амри маъмули ба ниҳодҳои қудратии Русия шудааст.”

Раҳмонов,бовар кунед, парво надорад, ки шумо свет доред ё надоред, об доред ё надоред, ангишт доред ё надоред. Фикру хиёли вай дигар аст. Шуморо ба унвони як гала, як рама, як пода ҳам ҳисоб намекунад. Вай ба ҳадде ҳоло мағруру мутакаббиру муштамзӯр аст ки свети шуморо ошкоро фурӯхта истодааст, чун аз шумо тарс надорад, одам ҳисоб намекунад.

«Кияй гавзан, ку бухеза аз ҷоюш, ма ҳамата задагиюм, бухоҳум метум света нахоҳум наметум, бо гав дорен, буброен ку, кияй ӯ ҷуръат када да ма гап мезана? Мара мефора ҳайкали модарма мемонум, дар любой ҷо, дар Хуҷанд, дар Кулоб, боз дар ҳар куҷое дигар, ки бухоҳум. Ҳамата кулобиҳо муҳоҷир мекунам бо зурима диден очаҳотона дар пешм қаторак мемонан дастошон пеши бар дар пеши худум ва ҳайкали очаи кайҳо мурдагим. Агар бхоҳм ҳайкали акаи Нуриддинмам мегум рост мекунанд ва ҳамат қаторак саф мекашен пешшда.

 Шуморо ҷойи кор намесозум, муҳоҷиртон мекунум, ба зури аскаритон мебарум, дар уҷа лозим бушава муқобили қирғизҳо да ҷангатон мебарум, мачитона мебандум, светотона мекушум, лекин Рустама бар сартона миёрум. Ягон гавзантон ҳаст?. Гав зантона ранги журналистои 10 солу 7 унимсол зиндонӣ мекунм. Медонен чида, ба сиёсати ма чақа шидан. Зурима диден, гапи ягон созмону САҲА ва СММ ва Амрикоро ҳам нагирифтам, чикорм када метонан?»

“Дар ҳақиқат рост мегуяд. Ҳамаро задагӣ аст, халқро задагӣ аст, тоҷикро, Тоҷикистонро задагӣ аст.Агар задагӣ намебуд, мегуфт, ки бо ин ҳама захираи барқ чаро мардум бебарқ аст ва дар торикиву сардӣ руз мегузаронад?”

Савганд ба Аллоҳ ,то он рӯзе Раҳмонов сари қудрат аст ин мардум рӯзи нек ва беҳбудро намебинанд. Имсол сӣ солагии ба қудратрасияш аст ва боз диққат диҳед,ки ба қудратрасияшро чихел алакай ҷашн гирифта истодаасту ҳама ВАО ро маҷбур кардаанд аз ӯ тавсифу тамҷид кунанд. Барои чӣ ? Барои онки ӯ зур аст ва бо силоҳ ба қудрат расидааст. Мардум ва миллат дар наздаш аслан ҳеҷ арзише надоранд.

Share This Article