Тавре расонаҳо хабар доданд, дар натиҷаи ошӯби маҳбӯсони зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд, 27 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 100 нафар захмӣ шудаанд.
Аксари расонаи хабарӣ бар инанд, ки зиндониҳо силоҳи нозирони маҳбасро гирифта, ба онҳо ҳуҷум кардаанд. Аммо ин то ба ҳол як фарзия аст ва дурустии ин ки зиндониён чигуна силоҳи нозирони маҳбасро аз худ кардаанд ва адади силоҳи ба дасти зиндониён афтода то ба ҳол таъйид нашудааст.
Тибқи маълумотҳои то ба ҳол расонаишуда, айни ҳол шаш нафар нозирони маҳбас, ки дар шӯриш захм бардоштаанд, ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Маълумоти дигари лозимиро дар ин бора метавон аз сомонаҳои хабарӣ дарёфт кард. Аммо инҷо мо ба чанд нуқтае ишора хоҳем кард, ки баҳсталаб мебошанд.
Пеш аз ҳама саволе ба миён меояд, ки чаро зуд-зуд дар зиндонҳои Тоҷикистон, хусусан дар шимоли кишвар ошӯбҳои хунин ба миён меоянд. Ҳатто чанд маротиба ба маҳбӯсон муяссар шудааст, ки фирор кунанд.
Як нафари огоҳ аз ин қазия, ки бародараш дар зиндони рақами 3/3 шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунаду дар ин ошӯб захмӣ шудааст, мегӯяд, муносибати нозирон бо маҳбӯсон дар ин зиндон, берун аз қолаби инсоният аст.
“Додарам доим аз муносибати даҳшатноки нозирон шикоят мекард. Бар замми ин ҳар моҳ барои ҳар як зиндонӣ пайвандонаш наздик ба 500 доллар пул масраф мекунанд. Пул, ки нарафт, аҳволи маҳбус бад мешавад. Касе, ки маблағи талабкардаашонро дода натавонист, ӯро сагворӣ азоб медиҳанд. Барои ҳамин кӯшиш мекунем, чӣ хеле, ки набошад, маблағро ёфта бурда диҳем. Аммо пулёбӣ кори осон не, баъзе вақт мӯҳлат мегузарад, чанд рӯз пул мекобем. Дар ин муддат онҳо то пулро ёфта бурдан, шиканҷа кардан мегиранд. Бечора зиндонӣ то кай ба ин аҳвол сабр мекунад. Ба ҷонаш сер мешавад, охир”. – мегӯяд ин ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, ки дар натиҷаи чандин зангҳои телефонӣ ва даву тозҳо маълумот пайдо кардаанд, ки додараш дар ошуб нафавтидаасту танҳо захми сабук бардоштааст, аммо то ба ҳол барои дидораш иҷоза гирифта натавонистаанд.
Як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки як сол пеш аз зиндони Хуҷанд озод шудааст ва ҳоло дар Қазоқистон муҳоҷир аст, мегӯяд, зиндоне, ки дар он маҳбӯсон ошӯб бардоштаанд, ӯ адои ҷазо карда буд:
“Унҷа кошмар ака, вообше берунангиҳо ина тасаввур карда наметавонанд. Ҳамеша мо хешу таборҳоя илтимос мекардем, ки чӣ қадар пора лозим бошад дода, калонҳоя розӣ кунанд, то мора ба маҳбаси дигар фиристанд. Азобҳои унҷаба тоқат кардан кори осон не. Ҳар рӯз ба мурдан розӣ мешавӣ. Шахсан худам ҳам чанд бор аз алам нақша кашидам, ки қасдамро гираму кушанд куштан гиранд. Вале ба хотири кудаконам сабр кардам”.
Зиндон ба ҳар ҳол зиндон асту ҷои истироҳат нест. Ин ба ҳама маълум аст, ки зиндон мушкилиҳои худро дорад. Аммо тавре, ки ин ду ҳамсӯҳбати мо нақл мекунанд, бармеояд, ки муносибати зиндонбонони Хуҷанд ҳамагуна сарҳади инсониятро убур кардааст. Ин муносибат то ҷое расида, ки маҳбус ба марги худ ҳамеша омода аст. Барояш интихоби дигаре ба ҷуз, ё фирор ё қасосу марг дигар чизе боқӣ намондааст.
Чизи дигаре, ки бояд равшан шавад инаст, ки чаро ҳамеша гурӯҳи зудамале, ки алайҳи ошӯбгарон ва ҷинояткорон дар Тоҷикистон амалиёт мегузаронанд, танҳо чораро дар қатлу куштори беамон мебинанд?
Агар шароити маҳбасро ба назар гирем, ба ҷуз нозирон касе силоҳ надорад ва дарёфту дастрасии силоҳ низ дар дохили маҳбас барои зиндониён кори сода нест. Фарз кардем, зиндониён аз куҷое корду табар ёфтанду алайҳи нозирон шӯриданд. Аммо гурӯҳи зудамали “Алфа” ва ОМОН, ки мебояд шахсони варзида ва ҷисман боқувват бошанд, чигуна наметавонистаанд аз дасти зиндониён чанд корду табарро кашида гиранд ва бо зӯри қувваи ҷисмонӣ, ошӯбро пахш кунанд?
Бар зидди маҳбуси бесилоҳ ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ заъифе, ки хурокаш перловкаву макароншӯрбо аст, магар бо силоҳ ҳуҷум кардани ду гурӯҳи сутуни қалби ҳукумат, гурӯҳи зудамали “Алфа” ва ОМОН нишони заъф ва тарсӯӣ нест?
Як низомии гурӯҳи зудамал агар ба ҷинояткори бесилоҳ, бидуни силоҳ ба ҳуҷум кардан, ҷасорат надошта бошад, дар гурӯҳи зудамал ӯ чӣ алаф мехурад? Билфарз се-чор нафар зиндонӣ силоҳи оташфишон доштанд, магар барои безарар гардонидани се ё чор нафар, 30 нафар кушта шаванд?
Аз ҷониби низомиён танҳо ду нафар кушта ва 6 нафар захмӣ шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳбӯсон силоҳи зиёд дар даст надоштанд. Агар дурусттар аҳамият диҳем, дарк хоҳем кард, ки аз ҷониби шӯришгарон муқобилияти сахт ҳам нишон дода нашудааст.
Аз рӯи нашри хабарҳо агар хулосагирӣ кунем, бармеояд, ки бидуни ҳеҷ мулоҳиза ва талоши мусолиҳат маҳбӯсин тирборон шудаанд.
Ба андешаи ман, ошӯби муҳбӯсон дар Хуҷанд паҳлӯи дигар доштанаш ҳам эҳтимол дорад. Дуруст аст, ки шояд дар натиҷаи зулму шиканҷа ду-се нафар садо баланд карда бошанд ва ё ба нозир дастдарозӣ кардаанд. Вале қатли аз ҳад зиёди маҳбӯсин бештар ба як тамрини ёд гирифтани одамкушӣ мемонад. Бубинед, қариб 130 нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Ҳоли маҳбӯсони захмишуда низ вахим арзёбӣ шудааст. Ин баёнгари онаст, ки қувваи низомӣ, бидуни ягон истиҳолае маҳбӯсинро тирборон кардаанд. Албатта, барои ин иҷоза ва фармон лозим аст ва аниқ аст, ки иҷозаро ҳам доштаанд. Фикр мекунам, ин гуна амалиётҳо маҳз барои ҷасорати одамкушии гурӯҳи зудамалро зиёд кардан асту халос. Ин корро бо мардуми озода карда намешавад.
Сараввал ин андеша содалавҳона метобад, вале агар ба кӯшишҳои охири ҳукумат назар кунем, дар ҳол пай хоҳем бурд, ки ҳукумат мехоҳад ба ким кадом ҷанги шадид омодагии худро бубинад ва барои ин пеш аз ҳама тарсу ваҳми афсарон зудуда шавад. Низомиён бояд барои қатли инсон ҳеҷ истиҳолае надошта бошанду таҷрибаи одамкушӣ пайдо кунанд. Бинобар, мақомот кӯшиш карданд, як амалиёти қатли ом дар Бадахшон ташкил кунанду инсонкуширо ба афсарон ёд диҳанд, ки зӯрашон нарасид. Аз ин рӯ, ин андеша ҳарчанд фарзияи заъиф ҳам бошад, метавон гуфт, ки амалиёти омӯзишии одамкушӣ дар зиндони Хуҷанд таҷриба шудааст. Чун агар ҳамин фарзия дуруст набошад, тарсӯӣ, азӯҳданобароӣ ва заъифии гурӯҳи зудамали “Алфа” ва ОМОН таҳаққуқ меёбад, ки бидуни талош ва муҳорибаи ҷисмонии беталафоти ҷонӣ маҳбӯсинро тирборон кардаанд.
Ин ҳам ногуфта намонад, ки вақте соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 25 нафар маҳбӯс фирор карданд, раиси ҳамонвақтаи КДАМ ҶТ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ аз вазифа барканор шуданд. Чаро бо пурсару садотарин қазияе, ки дар натиҷааш наздик ба 130 нафар маҳбӯс кушта ва захмӣ шуданд, Саймумин Ятимов ба истеъфо наравад?
Худи ҷинояти қатли наздик ба 30 нафар ва 100 нафар маҷрӯҳ дар тули ҳамагӣ 30 дақиқа ба ҳеҷ ақл рост намеояд. Дар аксар задухӯрдҳои мусаллаҳона, дар ин мӯҳлати кӯтоҳ ҳамин қадар одам кушта нашудааст. Ин безараргардонӣ нест, балки як ҷиноят ва террори ошкор аст. Ба ин бояд назди миллат касе ҷавоб гӯяд.
Бояд маҳбӯсин тарзе назорат шаванд, ки зиёда аз ҷазои муайяншуда, барояшон ягон ҷазое зам нашавад. Аз ҷазои қонунӣ дида бештар ба маҳбӯсин касе ҳақ надошта бошад, ки иловагӣ ба ӯ ҷазо муайян карда, ӯро азобу шиканҷа кунад. Пеш аз ҳама, кафили ҳуқуқи мардум президент Эмомалӣ ва масъули амнияти шаҳрвандон Саймумин Ятимов ба ин бояд ҷавоб гӯянд.
Як муаммои дигар аз ҷониби расонаҳои дохилӣ ба таври дилхоҳ инъикос наёфтани ин қазия аст. Ин хабарро пеш аз ҳама пойгоҳи хабарии “Ахбор” нашр кард, ки соҳиби ин расона Мирзои Салимпур дар хориҷ аз кишвар қарор дорад. Расонаи дигар РИА Новости хабарҳои худро дар ин бора нав карда истод. Аммо расонаҳои дохилӣ бошанд ба ҷуз як расми ҷанозаи нозири зиндон ягон ҳарфи наве ҳатто Радиои Озодӣ нагуфтааст. Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомот намехоҳад ҳақиқати ҳол инъикос ёбад. Ҳатман зери косае нимкосаи дигаре ҳасту инъикоси объективии ин қазия аз ҷониби расонаҳои мустақил ба фоидаи мақомот нестанд. Аллоҳ доност.
Муҳаммадиқболи Садриддин