Эмомалӣ Абдураҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз 26 декабр дар “Кохи Сомон”-и шаҳри Душанбе, паёми солонаашро ба Парлумони кишвар ироа намуд.
Зимни ироаи паёми хуб ба парлумони Тоҷикистон президент даъво кард, ки ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намудааст.
Ӯ гуфт: “Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт – соат нерӯи барқ содирот кардем.
Ин даъвои президенти Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо вуҷуди ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО “Роғун” худи ҳамин сол шикояти садҳо сокинони кишвар аз норасоии барқ расонаӣ шуд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар то ба ҳол мардум ранҷи бебарқӣ мекашанд.
Президент Эмомалӣ дар идомаи ироаи паёмаш маълумот дод, ки дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат аз 15,2 то 17, 3 фоиз афзоиш ёфтааст.
“Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.
Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”. – гуфт Эмомалӣ Абдураҳмон.
Зикри афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, ки дар муддати се сол ҳамагӣ ду фоиз афзоиш ёфтаасту ақалан ба ҳар сол як фоизӣ рост намеояд, чигуна ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат мекунад? Ин ҳам саволест, ки дар замири Паём шарҳаш вуҷуд надорад. Шояд баъд аз Паём вакилон дар ба дари мардум даромада, шарҳ диҳанд?
Баъд аз он, ки дониста шуд дар муддати се сол афзоиши маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар се сол ҳамагӣ ду фоиз афзоиш ёфтааст, ба афсонаи навбатӣ аҳамият диҳед:
“Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад”.
Чигуна дар се сол ду фоиз ба зур афзоиш ёфтаасту акнун дар як ҳолати танги иқтисодии кишвар суръати рушди маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ 7 фоиз афзоиш меёфтааст. Магар ин ба гӯши мардум угро овезон кардан нест? Ё ман хато фаҳмидам?
Аз баъзе нуқтаҳои зикршуда дар паёми имсолаи президент мешавад пешгӯӣ кард, ки минбаъд воридоти ашёи хом ба кишвар аз ҷониби наздикони президент инҳисор мешавад. Чун ҳар замоне дар қонун ва ё фармону паёмҳои президент ягон тахфифе ва ё имтиёзе эълон шуд, ба ҳамагон маълум мешавад, ки ин имтиёз ба мардум ҳеҷ рабте надорад. Ҳатман имтиёз дуртар аз оилаи пешво пиёда намешавад.
Таваҷҷӯҳ кунед президент чӣ гуфт:
“Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва сохторҳои марбута дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд”.
Бояд гуфт, ки албатта ин иқдом хеле ғамхорона аст. Агар дар сатҳи баробарҳуқуқӣ ин имтиёз ба тамоми корхонаҳои саноативу истеҳсолии кишвар дода шавад, нархи молу колои ватанӣ метавонад то андозае паст шаваду дар баробари ин сифати мол боло равад. Ин ба он сабаб мешавад, ки моли ватанӣ дар дохил ва хориҷ бо нархи дастрас ва сифати хуб мизоҷони худро пайдо намояд.
Вале, ҳайҳот, ки тибқи таҷрибаҳои рӯзмарраи мардуми тоҷик дида омада истода, ин имтиёз хеле роҳи борику тангро тай мекунад ва то ба дасти “асилзодагон” мерасаду халос.
Як мисоли дигари ин имтиёзи махсуси оила буданаш инаст, ки дар кишвар айни ҳол хеле ба теъдоди кам корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд, ки ба “асилзодагону аёну ашроф” таъаллуқ надошта бошанд. Чизи дигар то ба ҳол, ки ин “ашрофзодагон” ақалан андоз месупориданд, минбаъд аз андозсупорӣ ҳам барои вориди ашёи хом озод шуданд. Ашё пухта шавад, худашон ҳоким табъашон вазир-ку. Давлат ини худашон, ҳукумат ҳам, ашёи пухтаву хом ҳам, андоз чаро месупоранд охир? Магар барои хуроке, ки дар деги хонаатон мепазед, пул дода баъд тановул мекунед? Не-да!
Хулоса, паёми имсола ҳам такрори матнҳои солҳои қаблӣ бо ҳамроҳ кардани баъзе аз рақамҳост. Ба ҷуз ончиз, ки инҷо гуфтем, агар паёми соли гузаштаи президентро хонда бошед, беҳуда худатонро ранҷ надиҳед. Агар шуморо барои тамошои дастаҷамъии Паём иҷборан набурда бошанд, чашмро пӯшида паёми имсоларо хондам гуфтам гиред. Хар ҳамону туқумаш дигар.