Имрӯз 1-апрел Эмомалӣ Раҳмонов, ин пирамарди майхораи бенамозу бетаҳорат бо сару каллаи ғафс, гардани балонигазӣ, руву рухсори дунбаи гуспандӣ, чашмони мижаҳову абрувони ғарқида дар равған дар пардаи шабакаҳои телевизионӣ пайдо мешавад ва бо ҳамон лаҳну луғати ба ҷони ҳама зада мардумро бо оғози моҳи шарифи Рамазон табрик мекунад.
“Аммо имсол баромади пеш аз рамазонии Раҳмонов ба 1 уми апрел рост меояд. 1уми апрел рӯзи дурӯғгӯйҳост ва метавонед онро дар ҳақиқат дурӯғ қабул кунед. Агарчи дар сӣ сари сол як сухани рост нагуфта буд, имсол паёми рамазонияш ба ин рӯз мусодиф омадааст ва ӯро воқеан дурӯғ пазиред. Ин воқеъияти ҳол аст ва ҳама аҳли кишвар аз паёмҳои дурӯғи “пешво” огоҳанд.”
Соли гузаштаву солҳои қабл ҳам ин корро мекард. Аз моҳи шариф ва фазоилу хусусиёти он мегуфту мегӯяд. Ту гӯӣ, ки як домулло ва як фақеҳи ботақво ва роҳбари давлате аст,ки дар он мусалмонон бо иҷрои аркону фароизи динии худ ҳеҷ мушкил надоранд: “масоҷид бозу бандаҳои Аллоҳ бидуни кадом мамониате намозу тооти худро адо мекунанд.”
Аз боби аҳамияти ин моҳ мегӯяд. Ва,ташвиқ мекунад, ки дар ин моҳ ба ятиму беваву бечора ва фақир фуқаро бояд дасти кумак дароз карда шавад. Аз саховату ҷуду карам мегӯяд. Тоҷирон маводди худро ба мардум арзонтар дастрас ва судҷӯи накунанд. Инсофу инсондӯстӣ ба харҷ диҳанд, мегуяд. Аз Қуръони карим оят иқтибос мекунаду аз расули Худо ҳадис мехонад ва аз фуқаҳо намунаҳо меоварад.Аз номи пири мазҳаб чанд сухане аз пеши худаш ҳам мегӯяду боз обсофкунакҳояшро фармон медиҳад ҳамин дурӯғи гуфтаи манро ба мардум рост карда фаҳмонед.Бечора муллоҳои дарборӣ дастҳо пеши бар тули як моҳ суханҳои ӯро ба мардуми рӯзадор,ки аз нодорӣ ва бекорӣ ба дод омадаанд бо зурӣ илқо мекунанд.Ҳатто мардум дар шунидани ин хутбаҳо ба масҷид дохил намешаванд,танҳо вақти иқомаи намоз ба намоз мерасонанд худро. Дар ҳоле шунидани хутбаи ҷумъа яке аз хусусиёти намози ҷумъа аст ва бояд намозгузор хутбаро шунавад. Аммо мардум хаста шудаанд аз шунидани номи ту ва таърифу тавсифи ту дар минбарҳои масоҷид.
Аммо, ҳамаи мову шумо медонем, ки асли ҳадафи ин ҳама паёмҳояш, ки дар чанд соли ахир якрангу якнавохт садо медод: «Рӯза надоред, ҳосилро ҷамъоварӣ кунед, кишту корро раҳо накунед, рӯзҳои офтобиро аз даст надиҳед». Ташвиқу таблиғе, ки хилофи усул ва бинои мусалмонист ва ҳеҷ мусалмоне дар кураи арз ин гуна аланӣ ба ислом тохту тозе наёвардааст ва он ҳам дар мақоми раҳбари як давлат.Ва, он ҳам як давлати мусалмоннишин ва он ҳам як давлате, ки раҳбараш на як бор зиёрати хонаи Худо кардаасту эҳром ба бар намудаасту худро мусалмон мегӯяд.Аммо ягон мусалмони бохабар ва фаҳмида, бигзор, ки нахонда, чунин ҳарфи зиддиқуръониро: -руза нагиреду кор кунед, нагуфтаасту нахоҳад гуфт.Умеди онро дорем дар ин паёмат ин гапро намегӯед.
“Дар барноми ахири «Минбари муҳоҷир» ба масъала ва мавзӯи моҳи шарифи Рамазон беҳуда рӯ наовардам. Дар инҷо дар бораи аҳамият ва муҳиммияти ин рукне аз панҷ рукни мусалмонӣ нахоҳам гуфт. Вале чанд пешниҳоду тавсияеро, ки дар он барнома ироа доштам ин бор ба таври алоҳида ҳам ба таври катбӣ ва ҳам шифоҳӣ ба Эмомалӣ Раҳмонов такроран пешкаш менамоям.”
Ба унвони раҳбари давлати як кишвари мусалмонӣ, аввалин коре, ки бояд дар ин моҳи раҳмату мағфират анҷом бидиҳӣ, ин аст ки шуморе аз бандиҳо-зиндониҳоро ба маҳзи омадани он озод созӣ. Иқдоми воқеан ҳам башардӯстона. Бахшида ба моҳи муборак озод кардани маҳбусон ва бахусус маҳбусони ақидаву эътиқод, ки зиндониҳои сиёсианд, бароят ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё аҷру савоб дорад. То имрӯз на тавсияи СММ ро пазирӯфти ва на аз дидабони ҳуқуқи башарро ва на интиқодҳои шадиди конгресу ҳеҷ муассисаи ҳуқуқи башариро. Ақалан тавсияи Паёмбари ислом Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ро як бор дар умрат пазир ва раҳо кун. Худро демократу соҳиби давлати “дунявӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона” мегуед вале ба ягонтои ин номҳо ҳеҷ кору амалатон мутобиқат намекунад ва бар акс дар тазод аст. Дар баромадатон гуфтед: “ма ҳам бачаи мусулмонам, хонаи Худора зиёрат кардам…” боз панҷсадумин “мусалмон”и бонуфӯзи ҷаҳон ҳам ҳастед. Як бор дар ин моҳи муборак нишон диҳед, ки воқеан мусалмон ва мусалмонзодаед. Агар хело нафрат ҳам дошта бошед ҳамон муйсафедонашонро раҳо кунед, то мо донем камтарак хуни “бачаи мусалмон” дар шумо вуҷуд дорад. Руҳи момаи Майрама шод кунед.
Охир ин як урф ва оини мулкдорӣ аст ки дар тамоми кишварҳои мусалмоннишин роҳбарони он ин шеворо риоят мекунанд.Чун ин бахшидану афв кардан аз номи давлат аст. Ба хотири касби ризои Худо ва қурбат ва дилҷӯӣ бо мардум. Масалан ҳамин Шавкат Мирзиёев ҳар сол ба муносибати моҳи Рамазон чунин афву бахшишҳо мекунад. Бахшиш ва афве, бидуни кадом таваққуъ ва кадом шарту шурут. Дар охирин хабарҳо омада, ки вазорати ҳифзи сиҳати оммаи Узбакистон қарори манъи пушидани ҳиҷоб барои хадамаи ин вазоратро дар омада-омади ин моҳи муборак бекор кард ва ҳамакнун ҳар пизишку ҳамшираи шафқат метавонад боҳиҷоб ба кор ояд.
Кори дигаре, ки ба унвони роҳбари давлат бояд дар ин моҳ анҷом бидиҳӣ тамоми дуконҳову мағозаҳоро аз пардохти молиёт, пули барқ озод намо! Чанд милиардро Ҳоҷӣ Амон аз “Барқӣ тоҷик” дуздид, то имрӯз он қарз ба гардани аҳолӣ боқист. Инаш ҳам паси ҳамонҳояш якбор ҷавонмарди кунед дар ин моҳ. Танҳо ба хотири ҳамин моҳ, то онҳо ҳам битавонанд моли худро ба мардум арзонтар дастрас намоянд. Набояд мунтазир бошӣ, ки як балое, ба мисли короно ояду баъд дар фикр биуфтӣ. Агар воқеан ҳам мусалмонӣ, бояд ин корро анҷом бидиҳӣ!
Дигар ин ки вақте суҳбат ва сухан аз дасти мадад ба айтому сағиру бечораву бенавову маълулу бева, мунтаҳо табақаи ниёзманд ва муҳтоҷ мераваду дар паёмҳоят таъкид мекунӣ, бояд дар аввали кор худат намуна бишавӣ. Тамоми сӣ рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе ифтор ташкил мешуд. Мо намегӯем, ки дар хонаат дастурхон ва ё суфраи рамазонӣ бикушоиву ба ҳақу ҳамсоя ва нафарони ҳамгузарат ифтор диҳӣ. Балки ин корро ба шаклҳои дигар анҷом бидеҳ вале дурӯғ нагӯ ва аз тоҷирон ин хоҳишро накун. Худат анҷом деҳ ва фармон надеҳ ба ҳеҷ касе ҷуз аз хонаводаи худат. Масалан ба Рустам, Озода, Таҳмина, Фирӯза, Зарина, Парвина,Рухшона. Инчунин ба ҳама домодҳои расмиат ва додарарусону қудоҳоят,то ҳатман дар ин моҳи муборак ба мардум тули як моҳ ифтор диҳанд ва ё ба шакле ба мардуми нодор,ки тақрибан беш аз 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд ин кори хайрро анҷом диҳанд.
Агар бихоҳӣ, ки саховатмандону тоҷирони дастбахайр ба мардуми худ дасти мадад ва ёрӣ дароз кунанд,бояд ба домодҳову духтарҳову ҷиянҳову бачаҳои худат бифаҳмонӣ ва ин кор аз онҳо шурӯъ шавад.
“Бори дигар такрор мекунам Зоир, Ҷамолиддин, Зарифбек, Шамсулло, Ашраф ва Рамз-домодҳои расмиат,ки бою пулдорҳои сахтанд, аммо басо ҳам чашмгушнаву ҳарисанд бояд дар ин моҳ ҷайбҳои худро боз кунанд.То ки дигар тоҷирон ҳам аз онҳо тақлид ва пайравӣ намоянд. Бовар кун, ҳар кадоме аз домодҳоят дар алоҳидагӣ метавонанд давоми сӣ рӯз тамоми мардуми Тоҷикистонро бо меҳмонҳои хориҷӣ ҳар бегоҳ ифтор диҳанд. Як майда кам намешаванд.”
Ҳамин корро Рустаму Сомону Исмоил ва тамоми ҳафт духтарат ҳам метавонанд анҷом диҳанд. Ба ҳамин баҳона ҳазорҳо нафаре, ки солиёни зиёд рӯйи гӯштро надидааст, як моҳ шикамсерӣ гӯшт мехуранд. Метавонӣ дар байни онҳо, барои дарёфти аҷру савоби ифтор мусобиқа ташкил намоӣ. Чун ҳар кадоме аз онҳо мехоҳанд зиёфати рамазониашон аз ҳама беҳтар бошад.Фақат ба ин кор бояд худат дастур диҳӣ ва ташвиқ намоӣ.
Бо ин васила ин бойҳои кулакро ба хайру садақа кардан водор менамоӣ.Ҳеҷ кас дар Тоҷикистон мисли онҳо сумдор нест.Агарчи ин сумҳои сомониву рублу доллар аз они худи ин мардум аст,аммо феълан дар дасти ҳаминҳое аст,ки номашонро зикр намудам.
Зоиру Исмоил, ҳоҷӣ Амирулло,ҳоҷӣ Муҳибулло, ҳоҷӣ Раҳматулло, ҳоҷӣ Амонулло метавонанд, ки тамоми сӣ рӯз кулли мардуми вилояти Хатлонро ҳар шом ифтор диҳанд.
Зарифбеку Шамсулло низ ҳамин тавр тамоми сокинони Душанберо метавонанд то охири умрашон дар моҳи Рамазон ифтор диҳанд.
Ашрафу Рамз ҳам метавонанд тамоми сокинони навоҳии тобеи марказро тамоми моҳи Рамазон ифтор бидиҳанд.
Вилояти Суғдро ба Таҳминаву Озода бояд супорид, албатта таҳти роҳнамоӣ ва контроли «апаи Азизмоҳи босаводи газетхон».
“Бори дигар мегӯям,ки ин нафрон,ки дар каноратанд, сахт бою бадавлатанд. Агар солҳои пеш танҳо Абдуллоҷонов наҳанг буд, ҳоло ҳамаи ин нафарон ба ҳадде наҳанги калону бузургу ғулпайкаранд, ки дигар Абдуллоҷонов дар пеши онҳо моҳичаи майдаҳак аст. Вале инҳо то кунун на садақа медиҳанду на хайр мекунанд. Вақте барои як мусалмон пардохти закот фарз аст ва закот яке аз панҷ рукн ва ё бинои мусалмонӣ аст, онҳо бояд закот диҳанд.”
Ҳар касе чунин имконият дорад ва молаш ба нисоби закот расидаасту намепардозад онро якбор аз ҳамон Ҳусейн Мусозода ва муфтӣ Абдуқодирзода Мукаррам пурсанд,то беҳтар фаҳманд. Онҳо бо ин баҳона бояд закоташонро ҳам бидиҳанд. Агар надоданд, онҳо ба худу бачаҳои худ ва аз ҷумла ба худат зуққум ва ҳамим дар ин дунё қабл аз охират хуронидаанд, чунки муҷозоти моли ба закотрасида ва аммо закотнадода дар шариат хело сангин аст.
“Дар ин моҳи муборак он маҳдудияти синну солӣ ба намозгузоронро аз байн бибар. Аз худо битарс. Наврасу ҷавони то 18 сола ҳам бандаи Худост, масъулияти ту ҳамчун роъӣ пеши Худо хело сангин аст. Барои ҳамаи ин аъмоли хилофи исломиат фардо ҷавоб медиҳӣ. Ҳатто дар Олмон ва Фаронсаву Бритониёи масеҳӣ дар моҳи Рамазон барои мусалмонҳо аз ҳар лиҳоз тахфифҳо ва имтиёзот дода мешавад, то онҳо рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро ба осонӣ бидоранд.”
Аммо тӯли сӣ соли роҳбариат дар моҳи шарифи Рамазон на бахшише кардиву на афве ва ҳатто на ифторе ташкил додаӣ.
Дар сафарҳоят ба навоҳӣ ба ятимони кул либос мепӯшонӣ,хатна мефармоӣ, ҷуфтҳоро туй мекунӣ.Аммо ин ҳамаро аз ҳисоби дигарҳо анҷом медиҳӣ. Вале дар Рамазон ин кор намегузарад. Як гуноҳат сад гуноҳ мешавад, агарки дар ин моҳ аз бо иҷбор ва зулм аз ҳисоби дигарҳо ифтор диҳиву ятиму сағираву беваро кумак намоӣ. Бояд аз кисаи худат харҷ кунӣ.
“Медонам аз таҷаммуъҳо сахт ҳаросонӣ,барои ҳамин ифторҳоро аъзои хонаводаат дар ресторанҳо ташкил диҳанд.Ё дар ҳамин тарабхонаҳо ғизо таҳия карда бо зарфҳои якмасрафа ба мардум тақсим кунанд. Барои оилаи ту ин хело кори осон ва идорааш ҳам мушкил пеш намеоварад. Ё инки худат ва наздиконат, ки номашонро як бори дигар нанависам,(аз ҳад бисёранд) ба оилаҳои камбизоати солҳост номнависшуда,ки то имрӯз як дираме нагирифта як линчаи орд, даҳ литр равған ва шакару макарон ва картошкаю пиёз ва ҳатмани ҳатман даҳкилоӣ гӯшт харида диҳанд.”
Ҳоло бубинем, ки кадоме аз ин гуфтаҳоро иҷро мекунӣ. Яқин имсол дар паёми рамазониат мардумро ба сабру таҳаммул даъват мекунӣ.Аммо яқин дон, ки рӯзҳои ахират мондааст, ҳадди ақал дар ҳамин моҳ як каме барои мардумат, ки тӯли се даҳа ғораташ кардиву дуздидӣ як кори хайре қабл аз рафтанат анҷом бидеҳ,чизеат намешавад,намемурӣ,балот намезанад.
Аз ҳамон пулҳои ҳисобҳои офшорӣ 200 миллион долларашро баргардону ин корро анҷом деҳ. Бовар кун ту хуб медони,ки агар ин миллат туро чапа ҳам накард умрат ба ҷое расидааст ва он пулҳои дуздида ва ғундоштаатро афроди бегона ба ту мехуранду кайфу сафо мекунанд. Бо дастони худат ин корро куни дар умрат магар ин сахт аст бароят ? Тавассути “фонди пешво” ин корро анҷом деҳ. Як фармон те Ҷамолиддин дар як рӯз ташкилаш мекунад ва натиҷаашро мебини чихел зур мешавад.
P.S: Дар охирин лаҳзаҳои нашри ин матлаб дар сафаҳоти иҷтимоӣ матну навори паёми имсолаи рамазонии Раҳмонов, ончунон ки интизораш мерафт,ба нашр расид.Дар ин паём ба фарқ аз паёмҳои пешинааш аз ташвиқи рӯзахӯрӣ худдорӣ кардааст.Нагуфтааст,ки рӯзаҳоятонро хуреду ба кишту кор машғул шавед.Худоро шукр таҳти интиқодоти муассири мо имсол “аз рӯзаатонро хуред гуфтан мондааст”. Аммо боқии гуфтаҳояш боз ҳам ҳамон гапҳои куҳна аст: “як бало кунеду кор кунеду ишкаматонро сер кунеду маро гаранг накунед”. Мисле, ки мардум худашон намедонанд, ки агар кор накарданд, хурда наметавонанд.Худо ҳам гуфтааст,ки аз ту ҳаракат аз ман баракат.Ва,дар урфият ҳам мегӯянд,ки аз бекор худо безор.
Тирамоҳу зимистон қиматӣ мешавад гуфтааст,ин зоғи бадмур. Бист-сӣ сол аст аст ки мисли зоғи сиёҳ ҳамин гуна қарқар мекунад.Захира кунед,ҷаҳон пешгӯинашаванда аст,ду ҳосилу се ҳосил гиред ва аз ҳамин қабил гапҳо.Ҳатто дар ҳамин паёми моҳи рамазониаш ҳам пинҳон намедорад,ки аз масҷид қади аҷал метарсад.Зуд намозҳоятонро хонеду зуд аз масҷид бароеду зуд сари саҳро рафта кор кунед:
«Масҷид ҷойи тоату ибодат ва макони тарбияи рӯҳиву маънавии мардуми мусулмон аст.
Худованд дар сураи «Ҷумъа»и Қуръони маҷид доир ба одоби масҷид чунин мефармояд: – «Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед …».
Аз ин бармеояд, ки чун намоз хонда шавад, мусулмонон бояд барои ба даст овардани ризқу рӯзии аҳли хонадони худ аз пайи заҳмат ва кор шаванд».
Дар ҳоле, ки бояд ҳадди ақал дар ҳамин паём аз ҳалолу ҳарому аз парҳезу тақво ва аз фарз бигӯяду мардумро ба худопарастиву мусалмониву тоату ибодат даъват кунад. Пояш ба лаби гӯр расиду ҳамоно намегаравад, имон намеоварад. Абуҷаҳл мусалмон шуданӣ нест….