Пешгирии КДАМ аз тазоҳуроти 80 зани исфарагӣ назди дастгоҳи президент

Ислоҳ нет

Рӯзи 27-уми март зиёда аз ҳаштод нафар занону модарон аз шаҳри Исфара бо ҳам омаданд, то ба Душанбе сафар карда,  назди Дастгоҳи иҷроияи президент тазоҳурот барпо кунанд.

 

Чун ҳамагон  модарони ҷабрдида аз фитнаву бӯҳтонҳои мақомот нисбати фарзандонашон, додару бародару шавҳарашон  ҳастанд, хостанд, ки ҳамчун зан, модар ва дарккунандаи дурусти ҳолашон ба раиси дастгоҳ, Озода Раҳмон муроҷиат кунанд. Арзи дилҳои маҷрӯҳи модарон ин буд, ки пайвандонашон бе ягон далели  аниқ террористу экстремисту дигару дигар гуноҳҳоро таҳти шиканҷаи шадид бар дӯш гирифта дар зиндонҳо маҳбусанд. Ва он ҷо ҳам то ҳанӯз ин ҳолат, яъне шиканҷаву зулм нисбаташон раво дида мешавад.

 

Нимпӯшу нимсеру лоғару беҳолии маҳбусон, ки аз ҳар дидор бараъло пай бурдан мумкин аст, дили ин заъифаҳои мазлумаро ба шӯр овардааст. Ин гурӯҳи зиёда аз ҳаштоднафараи занон ба он ният бархостанд, ки  ин ҳама ноадолатиро мақомот ва зиндонбонҳои муассисаҳои ислоҳотӣ хотима бахшанд.

Бояд зикр намоем, ки аз вилояти Суғд бештарин адади зиндониёни бегуноҳ аз ноҳияи Исфара мебошанд.

 

Тазоҳурот барпо шуд?

Дар ин бора манбае бо хоҳиши амонат нигаҳ доштани номаш идомаи ҳодисаро чунин шарҳ дод:

 

Зиёда аз ҳаштод нафар занону модарон аз шаҳри Исфара, ки раҳсипор ба Душанбе будаанд, Кормандони КДАМ дар  шаҳри Хуҷанд пеши роҳашонро гирифта, ба идораи Раёсати вилоятии КДАМ дар вилояти Суғд меоранд.

 

Масъулини вилоятии КДАМ ба бонувон муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки зарурате надорад, то онҳо роҳи зиёд тай намуда,  ташвиш кашида, то худи пойтахт раванд.

 

Масъулин  “Дилсӯзӣ” зоҳир карда вазифаи расонидани арзи дили ин бонувонро ба дӯши худ гирифтаанд. Хуллас, модарони содабеғубори исфарагӣ бо он бовар, ки КДАМ вилояти Суғд  корашонро осонтар кардааст, ба хонаҳояшон баргаштанд.

 

Шоҳ Искандаров танбеҳ гирифт

 Рӯзи ҷумъа, санаи бисту нӯҳуми март ба маркази вилояти Суғд раёсати кормандони амнияти шаҳри Исфараро даъват намуда, доир ба  масъалаи мазкур маҷлис гузарониданд.

 

Дар ин маҷлис Шоҳ Искандаров раиси ШКД Исфара ва раиси шуъбаи КДАМ ноҳияи Исфара иштирок намуда сахт танбеҳ ҳам гирифтанд. Аз онҳо пурсида шуд, ки куҷоро нигоҳ мекунед, ки ин адади зиёди занон то ба маркази вилоят расиданд. Хулосаи маҷлис чунин шуд, ки боз ҳам пайвандони бо ҷурми экстремизму терроризм ҳабсшудаи бонувони исфарагӣ, дар ҳақиқат гунаҳкоранд. Агар аз маҳбас озод карда шаванд, аз пайи қасос хоҳанд шуд ва оромии ҷомеаро халалдор мекунанд. Яъне, дигар ҳам мақомот  ва ҳам кормандони кумитаи амнияти миллӣ аз қасоси террористони сохтаи худ меҳаросанд.

 

Суоле ба миён меояд, ки дар зиндон бо маҳбусон чи муносибате доштаанд, ки  дигар аз қасосгириашон сахт ҳарос доранд?!

 

Ҳамсӯҳбати мо, ки аз долони КДАМ буд, рақами телефони ду нафар модаронро ба мо дода гуфт, ки метавонем шарҳи бештарро аз худи онҳо пурсем.

 

Нақли ду шоҳиди ҳодиса

Шоҳиди ҳодиса, яке аз ҳамон заноне, ки мехост ба Душанбе барои тазоҳурот сафар кунад,  дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт: “Шавҳари ман ягон хел гуноҳ надошт. Ҳамин қадар, ки шефтаи динаш буду намозгузору худотарс. Ӯро як моҳ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта, он қадар шиканҷа доданд, бо дубинка лату-кӯб карданд, бо қувваи барқ низ озор доданд ва маҷбур карданд, ки ҷурми экстремистиву террористиро бар дӯш гирад”

 

Ин хоҳар дар идома афзӯд: “Пас аз нашри мақолаи “Шикояти зиндониён аз шиканҷаи зиндонбонон”, ки дар Ислоҳ нашр шуд, мо онро мутолеа карда, дудамон ба фалак баромад. Шавҳарам бисёр гапҳоро ба мо намегуфт, дар вохуриҳо тамоман намехост дар бораи шароити зиндон гап занад. Ба ду се нафар пайвандони зиндониён тамос гирифта, пурсидам, ки ягон хабаре дар бораи шароити дохили зигдон доранд ё не. Дар натиҷа тасдиқ шуд, ки дар воқеъ зиндониён ба таври берҳамона шиканҷа ва лату куб мешудаанд. Баъди ин дигар хобҳои шабамон гум шуд. Хостем, ки ба Душанбе рафта, арзу доди худамонро ба Озода Раҳмон расонем. То ки ӯ ҳамчун зан ба доди мо модарон расидагӣ кунад”.

 

Нафари дувум ҳарчанд аз сӯҳбат бо мо худдорӣ кард, танҳо гуфт, ки ҳамсари ӯро бидуни исботи ҳеҷ ҷурме бисту ҳашт сол зиндон кардаанд:

“Дар зиндон гирифтори бемории сил шудааст, ҳама дорӯяшро худамон таъмин мекунем. Баъзе ҳатто дорӯяшро намедодаанд. Замин сахт, осмон баланд, шури пешониамон, чикор кунем” – Бо алам мегӯяд ин хоҳар.

 

Бубинед, ин модарон дар кадом ҳолати равонӣ ҳастанд, чигуна ранҷ мекашанд. Мақомот бо ин зулмаш болои зиндониён, пайвандони онҳоро низ руҳан шиканҷа мекунад.

 

Аммо боз ҳам пеши роҳи ин занону модарони мазлуму бегуноҳи зиндониён аз тарафи мақомоти амниятии вилояти Суғд гирифта шуд. Тасаввур кунед, зиёда аз ҳаштод нафар занону модарони ба сутӯҳ омадаи Исфарагиро зулму шиканҷа ва ҳолати бади наздиконашон водор ба тазоҳурот кард ва хостанд то ба пойтахт бираванд.  

 

Дуруд бар шарафи шумо модарони Исфарагӣ, бо ин шуҷоату матонататон, ки мардони миллат ба ин амали шумо қодир нестанд. Аз талаби ҳаққи ҳалол ва шаҳрвандии худ ҳаргиз набояд тарсид ва онро пайваста бояд талаб намуд.

Пойдорӣ ба адлу дод бувад,

Зулму шоҳӣ чароғу бод бувад. (Авҳадӣ)

 

Ногуфта намонад, ки тули ин чанд рӯзи охир ба нишонии пойгоҳи Ислоҳ чанд нома ва шикоятҳои садоӣ расидаанд, ки баъзеашонро ҳатто тавони то охир мутолеъа кардан нест. Муйҳои бадани инсон мехезад. Баробари бохабар шудан аз аҳволи воқеии зиндониён, ҳуш аз сар мепарад. Хусусан аҳволи ду нафар толибилми бонуфузе, ки дар берун ҳазорҳо мухлису пайрав дорад, диламро реш – реш кард. Саргузашти талхи онҳо дар дохили зиндон як мавзӯъи дигар аст, ки ҳатман дар оянда хоҳем гуфт.

Ҳар куҷо зулм рахт афкандааст,

Мамлакатро зи бех баркандааст. (Саноӣ)

 

Share This Article