Порагириҳо, шантажи мақомот дар назди “пешво”и раиси порлумонро медонистед?

Ислоҳ нет

(бахши панҷум)

Нома аз шаҳраки Навободи н. Рашт ба Ислоҳ…

Салому дурудҳо ба «Ислоҳ»!

Банда ба шумо миннатдории худро баён менамоям, ки нисбати қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои мансабдорони давлатӣ чун Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон менависеду чеҳраи ҳақиқии ингуна касифонро ба мардум ошкор менамоед.

Ман худ зода ва истиқоматкунандаи  шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ҳастам. Ҳамаи мақолаҳои шуморо, ки нисбати ҷиноятҳои Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ва пайвандони ӯ ба нашр расонидед, мутолиа кардам. Чанд матлабу барномаҳое тақдим намудед ҳамаашон дақиқ ва дуруст буданд. Аҳсан ба он сокинони Рашт,ки ин ҳама маълумотҳои дақиқро ба шумо ирсол намудаанд. Гуфтам дар иртибот ба ин шахс ва пайвандони вай ҳарчире, ки медонам бароятон ман ҳам навишта кунаму бифиристам. То бо ин васила ҳам коре барои ин миллат ва мардумам карда бошам.

 “Маҳмадтоир Зокирзода ва бародарзодааш Зоиров Маҳмадулло Абдухолиқович дар шаҳраки Навобод наздики 6-гектар замини хоҷагии ҷангали ноҳияи Раштро,  ки дар паҳлӯи манзили истиқоматии Алимаҳмад Солеҳов мавҷуд буд, ғайриқонунӣ ба сокинони шаҳраки мазкур ҳар 10-сотихашро бо маблағи аз 12 то 14 ҳазор доллари ИМА фурӯхта маблағи ба даст овардаашонро ба нафъи хеш истифода намуданд.”

Зоиров Маҳмадулло ҳамон муовини раиси Бонки миллӣ дар минтақа ва н.Рашт соли гузашта дар  маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе  дар қабати 8-уми доми нави рӯбарӯ пойгоҳи низомии 201-ум дар “подъезд” –даромадгоҳи аввали он сето квартираи як, ду, ва сеҳуҷрагӣ харидорӣ намуда аст. Маълум аст,ки ин ҳама маблағ аз ғоратгариҳояш дар Рашт аст.

“Инҷо суол ба миён меояд Маҳмадулло Зоиров , ки муовини раиси Бонки миллӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт мебошад ва бигзор, ки музди моҳонаи меҳнаташ 5000 сомонӣ бошад, аз ин маблағ се ҳазор сомониашро пасандоз намояд, даҳ сол лозим, ки баъд якто квартираи якҳуҷраӣ харидорӣ намояд! “

Ин маблағҳое, ки Маҳмадулло Зоиров  хона харидорӣ намуда аст ҳамааш аз ҳисоби заминфурушӣ ва ғорати маблағҳои Бонки  миллӣ ва сокинони ноҳияи Рашт мебошанд.

Маҳмадулло Зоиров  квартираҳои харидорӣ намудаашро дутоашро иҷора супорида ва якеашро махсусан барои зинокорӣ ва маишати худ бо ҳамаи таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз намуда аст. Номбурда дар як моҳ дастикам ду се маротиба барои истироҳат ба Душанбе меравад ва бо худ аз Ғарм духтарҳои дилхоҳашро бурда зино карда меояд. Шояд нафаре пурсад, ки чигуна духтарҳоро мебарад ё мебурдааст?

Ҷавоб: Дар Ғарм ду зани аз чаҳорчӯби инсоният баромада ҳастанд бо номҳои Зумрат Лоиқова ва Қурбонгул Халилова. Ҳардуи ин зан вазифаҳои давлатӣ дошта бузҳои Маҳмадулло Зоиров мебошанд.

“Маҳмадулло Зоиров рӯз то бегоҳ дар  назди филиали Бонки миллӣ дар Ғарм  бекор чухт аст. Яке ягон духтари соз гузарад, маъқулаш шавад фавран бо он ду зани номҳояшон дар боло зикргардида муроҷиат мекунад. Он занҳо духтарро пайдо намуда дар гушҳояш угро овезон намуда барои Маҳмадулло Зоиров туғрӣи мекунанд ва ин фосиқи қалоби худобехабар бар ивази чизе ё чанд сомонӣ  бурда бо онҳо зино мекунад.” 

Лоиқова Зумрат қаблан бо Лоиқзода Қаноатшо, собиқ раиси ноҳияи Рашт муносибатҳои маҳрамона дошт. Вақте ки Қаноатшоро аз вазифаи раиси ноҳия сабукдӯш намуданд Зумрат Лоиқоваро, ки муовини сеюми Лоиқзода Қаноатшо буд  бо “статья” аз вазифа барканораш намуда буданд.

Зумрат Лоиқова як муддат дар ташкилоти Ҳилоли Аҳмар дар Рашт фаъолият намуда баъдан тавассути Маҳмадулло Зоиров бо амаки ӯ Зокирзода Маҳмадтоир раиси  Маҷлиси Намояндагон шинос мешавад. Зокирзода амр мекунад Зумратро директори бахши фарҳанги ноҳияи Рашт таъин менамоянд. Баъди ин таъинот Зокирзода бо Зумрат муносибати маҳрамона барқарор менамояд ва ҳар боре, ки Ғарм меояд, дар меҳмонхонаи ҳукумат ва дигар ҷойҳо бо ин зан будааст.

“Зокиров Абдухолиқ Зоирович бародари калонии Маҳмадтоир Зокирзода бо истифода аз мансаби худ ва бародараш заминҳои деҳаи Шашкапаи ҷамоати деҳоти Тагобаро бидуни ризоияти мардуми маҳалӣ  ҳуҷҷатгузорӣ намуда ғасб кард, ки ин кор худ хилофи меъёрҳои қонун мебошад. “

Бародарзодаи дигари Маҳмадтоир Зокирзода бо номи Зоиров Раҳматулло Абдухолиқович ва бародари Зоиров Маҳмадулло – корманди соҳаи тиб яъне духтур мебошад. Вай дар бемористони Қаряи боло кор мекунад ва хато накунам ҷарроҳ (хирург) аст. Тахминан дар солҳои 2013 то 2014  як пиразани руси бесарпараст  дар  беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ мегардад ва онҷо  ба дасти қассоб Раҳматулло меафтад. Зани рус аз вазъияти хеш дар назди номбурда таъриф мекунад:  “зани танҳо асту дар ҳаёт ҳеҷ кас надорад. Хонаи заминӣ дар шаҳри Душанбе дар маҳалли 8- март, дар наздики маҳаллаи зисти Озода Раҳмон дорад ва инак пир шудааст, чикор карданашро намедонад”. Раҳматулло Зоиров  хона ва ҳавлӣ доштани занро шунида дар ҳол ба он пиразан  мегӯяд, ки “биё, ман туро табобату нигоҳубин мекунам, то вақте ҳастӣ ва ту хонаҳоятро ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ намо”. Хулоса он зан бо амри Худованд  шифо меёбад ва аз беморхона ҷавоб мешавад. Раҳматуллои бародарзодаи Маҳмадтоир Зокирзода ба боварии он пиразан даромада хонаҳояшро ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ- “переоформит” мекунад. Баъди ҳуҷҷатгузорӣ дере нагузашта кампирро бо додани заҳр ё чи кори дигаре аз байн мебараду хонаҳоро соҳибӣ мекунад. Баъди аз байн бурдани он кампири рус Раҳматулло хонаҳоро канда дар ҷойи он ҳавлӣ- коттедж-и иборат аз ду ошёна месозад,ки айни замон бародараш Зокиров Фаридун Абдухолиқович, корманди ширкати «Барқи Тоҷик»  дар он ҳавлӣ  зиндагӣ дорад.

Зокиров Фаридун хатмкардаи донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ   мебошад. Ӯ низ аз ҳисоби дуздии маблағҳои Барқи тоҷик дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе квартира харидорааст. Ӯ дар назди бачаҳо таъриф кардааст, ки “акаам Маҳмадтоир Зокирзода ваъда кардагӣ аст, манро раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар минтақа ва ноҳияи Рашт таъин менамоянд. Ана баъд мебинен чихели мешем мо ҳам”. Хуб бояд ҳар хонанда эҳсос карда бошад,ки чаро “Барқи Тоҷик” ҳамеша милиард сомонӣ қарздор ва дар чи ҳолате қарор дорад?

Бародарзодаи дигари Маҳмадтоир Зокирзода бо номи Оятулло дар назди бачаҳои шаҳрак таъриф кардааст, ки “аккаам Маҳмадтоир Лоиқзода Қаноатшоро аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт дафъ намуд, дигар президенти кишвар  дар минтақаи Рашт ҳама кору бора аз амаки ман мепурсанд”..

 Ман инҷо як суол ба Оятулло мегузорам: Оё Президент онқадар бефарҳанг ва нодон аст,ки аз як хоин,қотил, заминфуруш, ғосиб  ва аҳмақ машварат мепурсад?

Инҷо ба саволи шумо ман чунин посух мегӯям: Бале дақиқан президенти ғайри мунтахаби Тоҷикистон худаш қотил, золим ва хоин аст ва дақиқан аз чунин афроди мисли худаш машваратҳо мепурсад ва амал мекунад. То имрӯз дар ҳама мантиқи кишвар маҳз ана ҳамин гӯна мушовирони мисли худаш доштааст,ки вазъиятро ба чунин ҳолати вахим оварда расонида аст. Ҳатто мушовиронаш аз ҳама манотиқи кишварро метавонем ном ба ном зикр намоем,ки онҳо мисли Раҳмонов золим ва қотилу дузду роҳзананд.

Масалан дар Кулоб Зардиев Абдуҷаббор аст мушовираш ва ҳамеша ҳама корро аз ӯ машварат мепурсад ва амал мекунад. Чанд барнома тақдим кардем аз ҷиноятҳои ошкор ва зулми мардуми Кулоб вале боз бар зами ин ҳама ба ӯ медал ва ё нишони сари синагӣ дод,то мардуми Кулобро шиканад ва мутеъи оилаи худ ва сиёсатҳои ғалати хонаводагии худаш қарор диҳад.

Дар Вилояти собиқи Қурғонтеппа бошад хусурбачаҳояш ва домодҳояш ҳар машварате ба ӯ диҳанд ончунон мекунад. Масалан Ҳасан Асадуллозода, Зоир Соҳибов, Маҳмадулло ва дигар наздикони Азизмо мушовиронаш ҳастанд.

Дар Суғд бошад ин мушовирон ҳатто ба ноҳияҳо тақсиманд ва дар ҳар ноҳияи ин вилоят афроди махсуси худро дорад,ки тавассути онҳо бар мардум зулм ва фишор меоварад ва мардумро дар ваҳшат қарор додааст.

Дар Бадахшон ахиран султаашро мустаҳкам кард бо куштани афроди бонуфӯзи ин минтақа ва акнун комилан зери саитари худаш ва оилааш қарораш дод. Ин табиати ҳукуматронии Раҳмонов аст ва дар ин шакку шубҳае надошта бошед!

Инчунин Зокирзода Маҳмадтоири Зокир  ва хешовандонаш бо суистифода аз мансабаш заминҳои алафдаравӣ ва чарогоҳҳои мардуми шаҳраки Навободро дар мавзеи Гарданга бидуни ризоияти халқ ҳуҷҷатгузорӣ намуда аз они худ намудаанд.

Зокирзода Маҳмадтоири Зоир пеш бо харидуфурӯши маводи мухаддир сарукор дошт. Вай борро, яъне маводи мухаддирро фармоиш медод аз Тоҷикистон то Москва мебурданд, онҷо ҷиянҳояш гирифта обу лой мекарданд.

Тахминан дар солҳои дуҳазорум бародарзодааш Зокиров Ҳалим Роибовичро дар Русия бо маводи мухаддири Зокирзода Маҳмадтоир дастгир намуда зиндониаш мекунанд. Бечора Ҳалим чандин соли ҳаёти хешро паси милаҳои зиндон сипарӣ карда баъдан озод гардид. Вале то ҳол занҳову духтарҳои  амакаш Маҳмадтоир Зокирзодаро дашном карда гашта истодааст. Ҳалим Зокиров  гуфтааст:  “ман аз пушти бизнеси Маҳмадтоир зиндонӣ шудам ақалан як маротиба хабаргирӣ он тараф истад, «передачка»-ам накард ва баъди озод шуданам одамам монд, ки Ҳалимро гуед ба ман наздик нашавад, ки боз гапу хабари зиёдатӣ нашавад”. Ин аст чеҳраи аслии Зокирзода! Марҳамат мақомоти марбута ин нафарро санҷед ва агар дурӯғ бошад ман дар назди виҷдонам ва мардум ҷавоб мегӯям…

“Маҳмадтоир Зокирзода писари дигари бародараш бо номи Зокиров  Мардонро дар ҳама корҳои ғайриқонунии хеш истифода бурд, аз қабили заминфурушӣ, порагирӣ аз шаҳрвандон ва ғайра. Аммо охирон коре кард, ки вай ночор аз ватан гурехта ба Москва рафт. Бачаҳои маҳалла Зокиров Мардонро пурсидаанд, ки чаро наистодӣ бо амакат корро идома диҳӣ? Мардон гуфтааст: “Биёед монед, дигар номи вайро дар назди ман нагиред, ва умуман напурседам дар ин бора, он амаки мо як номарди ноодам аст. Одамора мисли рифола (презерватив) истифода мебараду охирон кидат мекунад”.

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир аз раисони панҷ  ноҳияи минтақаи Рашт ҳар моҳ ҳақ мегирифтааст. Раисони ноҳияҳоро таҳдид мекардааст, ки ҳақи манро диҳед,ки дар боло сиёҳатон мекунам, аз вазифа гум мешавед. Ҳар моҳ раисони навоҳии минтақаи Рашт  ба навбат гови куштаву асалу нону меваву сабзавоту дигару дигар мебаранд. Як нафари наздик ба раиси н.Лахш Файзулло Баротзода афзуд, ки раисамон мегӯяд, “инқадар гушна будааст, ҳар моҳ  ронандааш занг зада мепурсад, ки раис, яъне Зокирзода  пурсида истодааст, ки «посилка»-атон куҷо шуд? 

 Зокирзода Маҳмадтоир раисони навоҳии минтақаи Раштро мегуфтааст, ки манро президент гуш мекунад. Хоҳед, ки дуру дароз кор кунед, ҳақи маро ҳармоҳа тайёр кунед, то дар назди Эмомалӣ Раҳмон таърифатон кунам. Хуб медонед,ки ман якхел мефаҳмонам,ки ….

Маҳмадтоир Зокирзода соли гузашта пеш аз сафари президент ба ноҳияи Лахш меравад ва шароб нушида маст мешавад. Баъдан раиси Лахш Файзулло  Баротзодаро мегӯяд: “нестай ягон чуҷаи қиргизӣ,ки меҳмондоримон кунӣ”?    Баротзода асабӣ шуда  гуфтааст, ки  “раис аҷалат наздик омадааст чӣ”?

Ин панҷ ноҳия раисонашон моҳона ба Зокирзода Маҳмадтоири Зоир доляе, ки ӯ муқаррар намудааст барояш бо ду дасти адаб мефиристанд.

Ноҳияи Рашт- Муқимӣ Раҳимҷон Набизода

Ноҳияи Нуробод-  Ҷобирзода Додарҷон Пулод 

Ноҳияи Сангвор- ДавлатзодаМаҳмадшои Ғайрат

Ноҳияи Тоҷикобод- Фақерзода Қадриддин Аббос

Ноҳияи Лахш –Баротзода Файзулло Раҷаб

Зокирзода Маҳмадтоир ҳар сол аз ҳукумати Лахш 5000 дарза алаф «доля» мегирифтааст. Илова бар ин, ҳама сол се- чаҳор гектар заминро барои Зокирзода Маҳмадтоир  картошка мекоранд. Ин маълумотҳоро як манбаъ аз бахши кишоварзии ҳукумати ноҳияи Лахш ба “Ислоҳ”  расонид. Вақте ки пурсидам Зокирзода алафро чикор мекунад? Тараф афзуд, ки фурӯхта пул мекунад. Инчунин фермаҳо ва рамаҳои худро ҳам дорад. Инҷо танҳо ноҳияи Лахш нест доля диҳандагон ва чор ноҳияи дигар ҳам тобеъи ӯянд.

Раиси порлумон заправкаҳоро ҳам кришоват мекунад

Як нафар дар Ғарм гуфт, ки ҳар чизе нисбати Зокирзода дар «Ислоҳ. нет» ва «Ислоҳ.ТВ» нашру пахш мешавад дуруст аст. Он нафар мегӯяд як шиносам соли 2019 ҳамроҳи Зоиров Маҳмадулло ба Душанбе мераванд. Расидан баробар Зокирзода занг мезанад ба Маҳмадулло Зоиров мегӯяд,ки рав аз фалон одам фалон  миқдор маблағ  гирифта биёр. Он шиносаш, ки номаш назди мо ҳаст гуфтааст,мо ҳамроҳи Маҳмадулло Зоиров  ба назди он нафари гуфтаи Зокирзода Маҳмадтоир рафтем. Маҳмадулло  Зоиров зангаш зад. Баромад як марди бисёр меҳнатӣ ва бо либосҳои кӯҳнаи пури чирк, ки инсони боинсоф вайро бинад раҳмаш меояд. Маҳмадулло аз номи Зокирзода Маҳмадтоир саломаш гуфт. Он мард нофор- нофор оварда як миқдор пул ба дасти номбурда дод. Баъд аз таърифҳои Маҳмадулло  фаҳмидам, ки он нафар соҳиби як автозаправка будаасту Зокирзода вайро «кришават» карда ҳар моҳа доля  меруёнидааст.

Поёни бахши панҷум, идома дорад ҷиноятҳои Маҳмадтоир Зокирзода Зоир раиси порлумони кишвар. Ислоҳ дар қазияи Зокирзода Маҳмадтоир  таҳқиқоти ҷиддиеро идома дода истодааст. Хело маълумоти ҷолиберо пайдо намудем ва ҳатман тақдиматон менамоем.

Share This Article