Психологияи ҳаромкории 800 соларо чи гӯна  решакан намоем?

Ислоҳ нет

Ё

Психологияи ҳаромкорӣ ба  фаҳмиши «тоҷикиш»

Ростӣ, то дербоз ба ин назар будам, ки бо фурӯпошии Шӯравиии оҳанинпанҷа ва қонунмеҳвару ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани тоҷикистониён дар мо, гӯё, ахлоқу рафтору кирдору амалкарду ҳаромкорию дуздию тағабозию ҷурму ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар «психологияи ҳаромкорӣ» (тоҷикиш кн) падид омада бошад, вале пас аз таҳлилҳои амиқу тулонӣ ва баррасию пажӯшиши осори аҳди Шӯравии тоҷикизабон ба ин хулоасаи ниҳонӣ расидам, ки ин миллат, ин менталитет, ин психологияи ҳаромкорӣ, ин тағабозӣ, ин тортуқгарӣ, ин хиштакҳаромӣ, ин дӯздии давлатӣ, ин изофанависӣ, ин ҳама бадбахтию беэмонию бадкирдорӣ, натанҳо сарчашмааш дар «фасоди идории Шӯроҳо», балки, ба ақабтар, ба аҳди давлатдории беқонунию сарҳӯйии манғитиён рафта мерасида аст. Ақаби ақаб равем, ин ҳама касофатҳову касофаткориҳо дар лашкари чингизиён ба соли 1220 вориди ҷаҳони поки тоҷикон шуд, ки имрӯз, пас аз гузашти 800 сол, дигар аз он покии тоҷикӣ чизе намонда, балки «тоҷикӣ кардан», эквиваленти «ҳаромкорӣ» карданро мефаҳмонад!

Ва имрӯз, ки як мушт зуррияи наҳси чингизтабор худро «тоҷик» номидаву бо амалкардии пасту палиди муғулонаи худ чеҳраи тоҷикро дар оинаи торихи навин нангину хадшадор кардаанд, чӣ бад кардаанд?!

Вале, аминам, ки ин ҳама рӯсияҳсозии мо – тоҷиконро ин нотоҷикони «тоҷикшумурдагон» қасдан доранд анҷом медиҳанд, то тоҷик баробари  «дузд», «қотил», «чумо», «тарсӯ», «камақл», «нотавон», «нотавон дар кишвардорӣ», «нотавон дар ҳизбу ҳарактдорӣ» «ақабмонда», «ҳероинфурӯш», «беимон», «танфурӯш» ва «террорист» бошанд.

Ин корро солҳост, ки русҳову узбекҳои Узбекистон амалан доранд анҷом медиҳанд: русҳо бо филми «Бригада», ки аксаран ин филмро дидаед намоиш медоданд, ки тоҷик як шеърро аз тоҷикӣ ба русӣ баргардонда наметавонад!

Ҳероинфурӯш аст!

Мафиоз аст!

Дузд аст!

Бадкора аст!

Вале дар фарҷом ҳамагияшон сагмур кунонида мешаванд!

Ва миллати ҳувиятбохти тоҷик то ҳол мелофад, ки урусҳо дар филмашон мо – тоҷиконро «таъриф» кардаву шеъри Тӯрсунзодаамонро бозхонӣ кардаанд.

На, ҷанобон! Шуморо русҳо бо ин филм таҳқир кардаанд!!! Худ хабар надоред!

Аммо ҳеҷ зиёии ин миллат эътирозе накарданду онро пазирӯфтанд,ки чунонем.

Баргашт ба мавзӯъ…

Барои идомаи ин муъзали ахлоқӣ ва мушкилоти равонию психологияи ҳаромкории ин миллат-ҳо (ӯзбеку тоҷик дар нигар аст, чун ба аҳди манғитиён сар занем) -ро решаёбӣ кардан, боз ҳам ба осори парокандаи мунавварфикрони охиири асри 19-у аввали асри 20, ки саромадашон Аҳмад Маҳдуми Дониш аст, руҷуъ кардааму боз ҳам аз аъмоқи ин осор нидои ҷонгудози мунавварфикрони ислоҳотхоҳи тоҷикро шунидаам, ки ба як садо нидо медиҳанд: ин Аморати Бухоро, ки «шариф»-аш мехонанд, «Шаҳристони Лут» асту ин миллат, ки «миллати баргузида»-аш мехонанд, миллати «ҳаромкор» гашта аст. Аз амиру вазир то тоҷиру ҳокиму беку понсадбошию амлокдору миршабу ҷаллоду харбонаш, ҳамагӣ расми «корчалонӣ»-ю» «даллолӣ»-ю «миёнҷигарӣ»-ро рушд додаанд, ки вабои ин кишвардорист.

Оне кораш хоҳад саришта ёбад, ба «восита», «миёнрав», «корчалон», «ҷаллобу даллол» бояд ришват диҳаду он бадбахт, ки худро чун  «воситаи байни Амиру кабиру вазиру надим»«коруфтодагону арзудодхоҳону ҳақиқатталабон» – бо мардумон, фуқароёни амир, карда аст, кори ӯро сомон диҳаду мушкили ӯро, агарчи ҷиноят ҳам карда бошад, осон созад. Барои ин ҳама «миёнаравӣ» албатта ришва, пул, маблағ, тангаву тилло додан зарурат буд.

Ба гуфти Садриддин Айнӣ ин шахсияти шумрӯро тоҷикон, дар он замон, «Ҷабраили дурӯғин» меномиданд. Дар ҳоле Ҷаброили амин асту Аллоҳ ӯро амин гуфтааст. Ин туда яъне гӯё расонандагон ё воситаҳои дурӯғин будаанд.

 Гову бузу гуспанди гирддунба «ширинкорона» тақдим кардан зарурат буд, агар толиби вазифаву ҷоҳу ҷалолу зиндагии мураффаҳу обруву ҷойгоҳу маконату зиндагии волотаре мебудаанд, бар замми тангаву тиллову гову аспу хару гуспандон, мебоист як-ду гулдухтари дӯшизаи худ, ё дигаронро ба расми «тортуқ» бо «туқуз-туқуз» (туқуз ё тоқуз,ки мегуянд ин рақами 9 аст, ки назди ҳокимони муғултабор хосияти асроромезе дошт, ки ҳар ҳадияи олиеро бояд 9-то, 9-тоӣ мепазируфтанд. Масалан, амири девонаавзоъи Бухоро, Музаффархон аз таззори рус талаб карда буд, ки барош аз духтарони «ғаниматгирифтаи словянӣ» 9-то фиристаду ин талаби аҳмақонааш радд гашта буд), амволу матоъу ҷомаву «сару тан» фиристанд, онгоҳ кордашон рӯи равғани миллати фақир мечархид; як додаашонро аз фарқи сари ин миллати ҷафокашидаи торих, ҳазор карда мегирифтанд!

Аз ҳамин рӯ буда, ки миллати тоҷик аз нониқоқхӯрӣ қоқу як идда тайлоқи духтарфурӯши бешараф  шуда буданд – чоқ !

Ин бадбахтӣ, мутаассифона, бо барҳам хӯрдани Аморати Бухоро барҳам нахӯрду чун дигар «психологияи ҳаромкорӣ» аз Аморат ба Шӯравӣ, ки ядрои асосии ғуломонашон ҳамоно Осиёи Марказӣ буду аз ин кишварҳои 5-гонаи мусулмонкеш тамоми ашёи хом, сарватҳои нодири табии, пахтаву гандуму боигариҳои табиии лозимаро  – аз сурма то урану алюмин мекашиданду мебурданд, сироят кард.

Русҳои болшевик ҳам, ба ҷои ин «миллатҳои ваҳшисифат»-ро чун худ «бомаданият»-у аврупоӣ кунанд, омаданду дар «чайхана»- чай заданду дар «ашхана»- аш.

Пасон, диданд, ки бо он ҳама принсипҳои сахтгиронаи Марксию Энгелсӣ рӯзашон хуб намегузарад, аз осиёиҳо, ки мо ҳастем, дасти пир гирифта, «психологияи ҳаромкорӣ»-ро кам-кам, тадриҷан аз худ карданд – аз ғуломонашон омӯхтанд! Чун ин ғуломон 700 сол қабл аз хоҷагони чингизияшон ин ҳама ҳаромкорию ҳашарро омӯхта буданду ин русҳо, боз, ба ғуломонашон «колхозникӣ»-ро омӯзониданд!

Русҳо омада буданд, ки ин «ваҳшиҳо»-ро «одам» кунанд, вале ба нигар омад, ки ин «ваҳшиҳо» он қадар ҳам ваҳшиҳои тупой нестанду шиорҳои пухтаи торихие чун: «Пора санги хораро об мекунад»-ро хуб дарк мекунанд.

Ва ин ҳама «тортуқбозӣ» дар аҳди Шӯравии «адолатпарвар» чун заҳри мори манғитӣ дар баданаи ин давлатдории «русӣ» низ сироят карду ин кишвари «принсипнок»-и душмани «ҳаромдастӣ»-ро дар муддати кӯтаҳи торих, ба як кишвари саросар «ҳаромкор», ришвахор, тағабоз, ҷӯраву ҷаҳмандбоз, миёнаравбоз ва гуспандҳадягиру асптӯҳфагиру вазифафурӯшу рӯйхотирбину изофанавису дурӯғгӯву миллатфиребгар;  дар фарҷом ба як катаклизмаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молӣ, эътиборӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, принсипнокии фурӯҳишта, обрӯрехта, нотавон, худбохта, ношоиста, ноӯҳдабаро, ноқодир, ва варшикаставу муфлис оварда расонид!

Оре, ман имрӯз бо он ҳама далоиле, ки аз аҳди Аморат, Империяи Таззорӣ, аҳди Шӯроӣ ва пасошӯравӣ дар даст дорам, иддао мекунам, ки ҳам Таззорҳоро, ҳам амирони Манғитро, ҳам Болшевикону Шӯроҳоро ва ҳам рӯзе ҳокимони кунунии Осиёвиро ҳамон вабои торихие сарашонро хӯрду мехӯрад, ки номаш гузоштаем: «Психологияи ҳаромкорӣ», «рӯҳияи ҳаромхӯрӣ», «ришва», «пора», «миёнарвӣ», «корчалонию даллолию ҷаллобӣ»-и дар ҳама сатҳҳои кишвардорӣ!

Ҳамин гумонро Таззорону Амирони тортуқгир доштанд, ки гирифтани тӯҳфаву ҳадяву «тоқуз-туқӯзҳо» чӣ таъсир ҳам дар раванди кишвардорияшон, ки сахт «мустаҳкам»-у «мардумию» пойбарҷосту бар рӯи найзаву шамшеру пулемётҳои Максимаву карабинҳову қарамилтиқҳо сари ҷост,  доштан метавонад? – ҳеч!

Вале, ҳамин «ҳеч» ин ду кишвару ҳазорон «ходимони баруманди давлатӣ»-яшонро шармандаву рӯсиёҳи торих карду ҳамин «ҳаромкории иқтисодии ҳечу пӯч» хунашонро барҳадар дод!

Ҳамагӣ маҳву нобуду қир шуданд. Инҳоро штикножҳои калтакдорони сурх на, балки ҳамин «психологияи ҳаромкорӣ»-яшон дар фарҷом ба хоки зиллат кашонид.

Вале ин мори заҳрогини манғитӣ, ки аз Бухорои Шариф, ё ба таъбири аллома Аҳмади Дониш «Шаҳристони Лӯт» сар бароварду пас аз шикасти Аморати Бухоро дар соли 1868 ба пас, ва вассали Русияи Таззорӣ шудан, ба кохи Император, дар остину домани «ҳайати сафорати амирони Манғит» ба Петербург ворид гашту хонадони дарозумри Романовҳоро, саранҷом, заҳролуди фасоди молӣ карда, ба дасти В. И. Ленин барандохт.

Пасон худи ин «кишвари беқонунӣ» ҳам зеру забар гашта маҳву нобуд гашт.

Вале ин мори заҳрогини «ришваву порадиҳӣ», танҳо рангу пӯст иваз карда, аз зери харобаҳои Бухоро, дубора сар бардошту ин дафъа дар домани Ҷавонбухориёну Ҷадидони шӯроишуда, вориди ҳам Тошканду ҳам Душанбеву ҳам Кремлину ҳам Остонаву ҳам ҳамагӣ 15 кишвари Шӯроӣ шуд!

Дар остини Босмачиҳо бошад то ба ақсо нуқоти олам рафта сироят кард.

Амири тортуқгири  Бухоро – Олимхон бошад то дами марг бо ин муфтхӯрии одатӣ зисту мурд! Дар ғурбату дарбадарӣ ҳам ҳамин ифлоскориҳоро мекарду мекард!!

Бизнес мекарду «соҳибкори ватанӣ»-и рақами як дар Афғонистон шуда буд, дар пӯсти қарақулфурӯшӣ!

Ҳамеша босмачиҳоро фиреб медоду гӯл мезад, ки ҳаминак «кумаки фарангиҳо» мерасаду мо Московро рафта фатҳ мекунем!

Ҳамон ваъдаҳои дурӯғу шайтанатеро мекард, ки имрӯз Раҳмоналӣ-хони навманғити дашти Олимтой бо ману шумо мекунад!

Дар воқеъ бошад, на парвои миллат, давлат, ободӣ, шукуҳ, пешрафту тараққиёти Бухорои Ғарбию ҳаминак Шарқиро Олимхону Эмомалӣ-хону Рустам-хон доштанду доранд!!

33 сола аст, ки аз «фаровонию серию пурию барқи доимию ҷои кору болоравии маошу некӯаҳволию осудагию амнияту боигариҳои табиӣ»-ю ҳазору як балову батар парту палохонӣ дорад, вале ба ҷуз сирқату дуздию пулшӯию ҳаромкорию хиштакҳаромию хиёнату зулму бедоду ситаму ҳаққимардумхорию оворасозию кинхоҳию қасосгирию ҷанг бо мо, кореро аз пеш набурд!!  Ҳамаро бо шиори «ба пеш» ба гӯри падари номаълумаш, ба нокучо бурдан дорад!!

Олим-хони манғит ҳам 10 сол дар Бухоро ва  24 сол дар ҳиҷрат ё ғурбат ё фирор (ҳарчи биномедаш), миллату пайравонашро гӯл заду каллаи хар кард, ки имсол ислоҳот мекунам, соли дигар маъорифу мактабҳои замонавӣ месозам, имрӯз рӯзномаҳоро бозкушоӣ мекунаму фардо ғами миллату раъиятро мехӯрам. Вале, дар асл ҷуз ғами шаҳвати худу шиками бастагону тамаллуқкоронаш дар фикри касею чизею ватану миллате набуд! Ва ақлаш ҳам ба ин чизҳо намегирафт, ҳамон гуна ки имрӯз ақлонияти Шарипчақури говбон ба ин масоили ҳаётан муҳими давлатдорӣ намерасад. Расад ҳам ба нафъи худу хукзодаҳои гирду бараш, ки нест, аз он сарфи назар карда, бо он душманӣ ҳам дорад!

Тамоми осори муҳаққиқони ин аҳди 70-сола, хусусан аврупоиҳо ба ҳамин самт ишора мекунанд, ки Шӯравиро низоми молии фасодгаштааш дарҳам кӯбид, вагарна аз ҷиҳати низомӣ ҳамто надошт.

Вале ҳамин мори заҳрогини тоҷикӣ-ӯзбакӣ, «порадиҳӣ» ва амсолаш, дар гиребони аскарҳои шӯроӣ, рӯи БТР-у БМП-ву тонку ҳавопаймоҳошон, вориди Кобулу Қандаҳору кулли Афғонистон ҳам шуд.

Аскарҳо, «духҳо», «душманҳо»-и шӯравӣ, ки аксаран, боз ҳам аз табори ҳамон тоҷику ӯзбаку дигар «Осиёиҳо» – аз насли ҳамон амирону фуқароёни Бухорову Хеваю Хӯканд буданд, боз ҳам ба ҳамон «хуни ҷазир»-у «психологияи ҳаромкорӣ»-яшон, албатта бо ҳамдастии русҳо, тамоми заминаҳоро барои «шикасти худ дар хоки Хуросон» анҷом доданд: пора доданд, аз афғонҳо афюну бангу чарс дар ивази тиру силоҳ  гирифта, чун манғитиён – аҷдодонашон, чилим заданду зино карданду таҷовуз карданду тороҷ карданду ҳамдигарфурӯшӣ карданду миллионҳо рублро барбод доданду ҳамагӣ ба ҷои ҷанг, мағоза  ба мағоза пайи «ҷинс», «кожинка», «радиои ҷопонӣ», «матоъҳои ҳиндӣ» ва ҳарчики дар Шӯравӣ мамнуъулфурӯш буд, мегаштанду бо ҳар қиммате чун аскарҳои амирони манғит «тоҷирӣ» мекарданд. Бартер мекарданд – силоҳу тӯфангу гулӯлаву норинҷак дода, либосу хуроку ҳашиш мегирфитанд!

Кореро мекарданд, ки тӯли 33 сол аст, афсарону гейнералҳои тоҷики ҷангнадида бо хӯроку сарутани (экипировка)-и аскарҳо раво мебинанд: медузданд!

Садақаҳоро «гум-помош» номида «гум» мекунанду ҳаққи гадову камбизоатонро аз ин садақаҳои хориҷӣ чун Олимхону дигар оқипадарон медузданд. Чун «духҳо»и шӯравии вориди Афғонистоншуда обулой мекунанд!

Боз ҳам ҳамин мор дар гиребонашон, сархам аз дарёи Омӯ баргаштанд – фирор карданд!

Ин мореро, ки муғултаборон ба соли 1220 ба пас вориди ин минтақа карданд, то кунун касе ёрои саркӯб карданашро надорад. Баръакс, ҳамагӣ тӯъмаи он гаштаанд!

Ҳар ҳукқмату давлату режиме, ки дар ин 800 соли охир вориди ин марзу бум шуд, дар фарҷом аз заҳри қаттоли ин афъӣ ба фано рафт, ки рафт!

Агар ба танзи машҳӯри Майсам Мутиъӣ, ки сербинандатарини танзҳост, як каме тағйирот дароварем мешавад:

20, 30 чист? Ҳамон «мор», ки дар остини мост!

Ҳаромкор, хоктусар холӣ мебандад чапу рост!

Ин ҳама Таззорию амирию шӯравӣ ҳам, рафт, ки рааафт…

Навбати Эмомалист, ин харандом ҳам сарнагун хоҳад рафт, ки раааафт!

Ва кунун ин мор дар қасри Раҳмон Хон лона гузоштаву тухмаи наҳсаш бор оварда аст.

Режими Раҳмоновон рӯи ин се гӯшаи наҳс бино шуда:

  1. Шиносбозӣ (воситабозӣ, тағагароӣ)
  2. Сохтакорӣ (гузоришҳои бардарӯғу ҳисоботу статистикаи бардурӯғу паёмҳои дилбазани тӯлонии бемаънову пӯчу фачу мардумфиребӣ, будҷети касрӣ )
  3. Бепарвоӣ (бхр, бдзд, бчар, бпар, бгард – пока фурсатай)

(Оид ба зарару зиёну торихи пайдоишу густариши ин 3 ҳолату падидаи нангини кишвардории тоҷикон, дар гуфторҳои баъдӣ маълумоти муфассал хоҳем дод).

Кунун, ба фарҷоми таҳқиқи хеш наздиктар мешавем, вале барои шинохти ин қазияи «сархури кишварҳо»-е, ки замоне дар ин маҳдуда барпо шуда буданд, ё чун Таззорҳову Болшевикҳо вориди он шуда буданд, ё бо Афғонистон бо ин «психологияи ҳаромкорӣ» юриш бурда буданд, ҳамагӣ маҳву нобуд гаштанд, аз неши ин «ҳаюлои бадкеши қаттоли сархор», ҳаминро илова карданием, ки ин «балои сархӯр» ҳатман сари Раҳмонову дуздони гирду бар ва миллати тоҷикро хоҳад хӯрд!

Агар огоҳона саркӯб ё ислоҳ нашавад

Ин тарзи давлатдориро, ки чингиззода Эмомалӣ аз «отамиз»-аш И. Каримов, ҳангоми иштирокаш дар «дарсҳои давлатдорӣ» сабақ гирифтаву гумон карда, ки Каримов барояш роҳи дурусти «давлатдорӣ»-ро, ки нусхабардор кардани низоми фартуту фатаротрафтаву корношоями манғитиён будро нишон дода буд! Дар ҳоле ки худи И. Каримов ва инак Мирзиёев асло ба услубу тарзи кишвардории пӯсидаи манғитиёнашон барнагашта, балки ҳамеша рӯ ба сӯи беҳбуду ислоҳоти ҳамаҷонибаи кишвардорӣ майл медоштаанд.

Вале ба ин архари дастнишондааш таълим додаанд, ки ҳо, Шарипович, роҳи дурусти давлатдорӣ ҳамоно ҳамон Бухорои пӯсида аст.

Далелам ҳамон сухани Каримов ба намояндаи Амрикост, ки вақте «Ҷаноби олӣ»-яш хитоб мекунад, мегӯяд: ин унвонҳои манғитиро ба Шарипчақур гӯед, ба ман ин алқоб писанд нест. Чун Каримов ин «шогирд»-и духони харақлашро хуб медонист!

Чаро? – чунки ин оркестрони пуртаҷрибаи султахоҳ ҳеч гоҳ розӣ нестанд, ки тоҷиконон кишвари пешрафта ва воқеан озоди демократӣ ва рафоҳияту некрӯзӣ дошта бошанд, чунки орзуи дар оянда «якҷо» кардани Бухорои Ғарбӣ бо Бухорои Шарқиро дар сар доранд!

Ин олами сиёсат аст;  ҳар миллати зарангу огоҳу пухта кӯшиш мекунад, то дигар миллатҳо ва кишварҳои аз худ заифтарро тобеи иродаи сиёсию иқтисодаш қарор диҳад, вале ин ландаҳӯри говбони колхозник ин фаросатро надорад, ки ин «сабақҳои отамиз»-аш аслан бар зарари худу бастагону миллату кишвараш рӯзе анҷом меёбад!

О, ту падарсаг чун Олимхону Кӯри Шермат аз ин маҳдуда мегурезед, вале ин 10 миллион  тоҷику тоҷикистонӣ дигар ҷое барои фирор надоранд.

Эй мардум, нашавад, ки дер шаваду пасон ҳасад баред, ки чаро фурсат аз каф нарафта буд, ин хармағзи арусаку худшефтаи бемағзу дузди ватанфурӯшу беаслу таборро сарнагун накардем!?

Ин гови рӯи курсиро ба зер бояд афканд!

Ҳама мусибати мо аз дасти ҳамин хари тавқилаънатдор бар гардан асту бас!

Барои тадқиқи ин қазия, лутфан, асари таҳлилии пурбаҳои устод Урӯн Кӯҳзодро зери унвони «Ахлоқи воло, дафъи бало» бо диққат мутолиа кунед, бошад, ки ин мори даруни остинамонро, ки асрҳои мадид аст моро неш мезанад, раҳову саркӯб кунему аз ин «психологияи ҳаромкорӣ» ва «ҳаромхорӣ», зимнан, раҳо ёбему ҳампои кишварҳои аврупоию Осиёи Шимолӣ-Шарқӣ шавем.

Лаънат ба Чингизу Чағатою Угатою Ҳолекуву дигаронашон, ки ин наҳсиро вориди маҳдудаи мо кардаанд!

Вале онон –  ку мурданду рафтанд, аммо чаро мо, ҳукуматдорон, мансабдорони порахӯру ришвагир, пешвои мансабфурӯшу барқфурӯшу кунфурӯш, низомиёни муғулнажоди дорои ҳамин рӯҳияи чингизӣ, ки худро «тоҷик» меноманд, ҳоло ҳам, дар асри 21, пас аз гузашти 8 аср, 800 соли расо, аз ин «мор», аз ин «вабо», аз ин «шармандагии торихӣ» дасту дил канданӣ, чун миллатҳои шарофатманду покдилу ҳалолхор, бидуни тортуқу ришваву пораву тағобозию воситагариву руйхотирбинию авлодгароию маҳалгароӣ , давлатравоӣ кардан намехоҳанд! Ё наметавонанд?!

Омода нестанд, ки кишварро аз печиши ин мори сиёҳи пири 800 – солаи чингизӣ наҷот дода, бо принсипҳои мардумсолорӣ, инсонгароӣ, ахлоқи идорӣ, шарофати кормандӣ ва бидуни ягон намуд «тиҷорати мансаб», кори давлатро пеш баранд!

Дидем, ки ин навъ давлатдорӣ моро то ба куҷо оварда расонид, минбаъд ҳам ҳол аз ин табоҳтар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, эй мардум, бархезеду ин давлатамонро худамон соҳибӣ карда, ин мори фасодро барандохта, дар ин марзубум Демократия, Ҳуқуқбунёдӣ, Адолати Иҷтимоиро бароҳ меандозему ҳама гуна мансабфурӯшӣ, хокиватанфурушӣ, қарзгирию гадоӣ аз хориҷиёнро барҳам дода, маблағҳои дар оффшорҳо анбоштаи ин дуздони худозадаро ба кишвар баргардонида, тортуқу пешкашу тӯҳфаву ҳарромкориву коррупсияву авлодбозию авлоддавлатдориро решакан карда, зимоми давлатро ба дасти хеш гирифта, ҳама гуна табъизи нажодӣ, динӣ ва ҳама гуна ҳошияронии инсонҳои фарҳехтаву огоҳи ин миллатро ба поён расонида, зиндониҳои сиёсии бегуноҳро озод намуда, иқтисодро аз зери инҳисори авлоди гадозодаи дузд раҳо бахшида, дар тамоми идораву ниҳоду вазоратхонаву дастгоҳҳо ислоҳоти саросарии озмудашуда ба роҳ мемонем.

Ҳар киро дар ҷои худаш ҷобаҷо кунем: харбонро – харбон, сагбонро – сагбон ва дуздро – зиндон интизор аст!

Бошад, ки мо ҳам рӯзи хушу хотири ҷамъу дили беғаму сари буландро бинем!

Роҳи наҷот яктост : ҳамин роҳ аст. Дигар роҳҳо ҳама бероҳаанд!

Share This Article