Аз чаҳор милисае, ки дар қатли Абдуқаҳҳори Розиқ, сокини 37-солаи Кулоб даст доштанд, танҳо алайҳи як нафари онҳо айб эълон шудааст. Прокуратураи минтақаи Кулоб Шамшод Шарифов, ходими умури дохилии минтақаи Кӯлобро бо иттиҳоми «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» дар доираи қисми сеюми моддаи 316-и Кодекси ҷиноятӣ дастгир вале ду милисаи дигари Кулоб Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро ба шарти тарк накардан аз маҳалли иқомат озод намудааст. Аммо ҳамоно капитан Комил Назарзода, милисаи чаҳорум, ки ҳам дар ҷараёни дастгир кардани Абдуқаҳҳори ҷавонмарг ва ҳам дар шиканҷа додану ба қувваи барқ мондани вай нақши асосӣ бозидааст, дар озодӣ аст ва ҳеҷ иттиҳоме ҳам муқобили вай эълон нашудааст. Мо, дар навиштаи қаблӣ як каме дар бораи онки чаро мақомот талош дорад болои ин ҳодиса сарпуш бигзорад ва чаро мехоҳанд Комил Назарзодаро аз ин қазия берун кунанд, гуфта будем.
Бинобар маълумоти ахире, ки ба дасти мо расид дар пушти капитан Комил Назарзода на танҳо бародараш Ҷумъа Назарзода, муовини УУР-(Раёсати кофтукоби ҷиноӣ)-и вазорати дохила-ҷонишини Шоҳрух Саидов, рафиқ ва ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ меистад, дар пушти онҳо дар асл Абдураҳмон Аламшозода меистодааст. Чунки Комил ва Ҷумъаи бародараш аз афроди наздики генерал Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков), муовини аввали вазири дохилӣ будаанд. Манобеъи мо аз Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки баъди куштори фоҷиавии Абдуқаҳҳор Розиқов Абдураҳмон Аламшозода,(Бузмаков), муовини аввали вазири дохилӣ ва дар гузашта сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон барои «разбор»– ин ҳодиса чанд рӯз аст ки дар Кулоб қарор дорад. Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков), ки баъди қатли омми помириҳо дар ВМКБ роҳ барои курсии вазириро паҳну ҳамвор кардаву шабурӯз лаҳзашуморӣ мекунад, ки фармони таъйиноташ кай имзо мешавад, барои фурукаш кардан ва сокиту ором намудани кулобиҳои бахашму ғазаб омада фиристода шудааст.
“Гуфта мешавад аз вуқуъи ин ҳодиса Аламшозода сахт нороҳат ва дар ташвиш афтодааст. Чунки ин ҳодиса дуруст дар рӯзҳое ба вуқуъ мепайвандад, ки Раҳмонов дар садади тағйироти кадрӣ дар вазорати дохилӣ будааст. Қарор бар ин буда, ки Аламшозода дар курсии Раҳимзода бишинад. Аммо Рамазон Раҳимзода, барои онки ин кор сурат нагирад, яъне ҷойи худро аз даст надиҳад, ё шахси мавриди таъйиди худро алал ақал биншонад, тавтиаи куштори Абдуқаҳҳорро ташкил кардааст. Тавре ташкил кардааст, ки омилини асосии ин ҳодиса нафарони наздик ва ё ба истилоҳи имрузӣ «одамон»-и Абдураҳмон Аламшозода бошанд.”
Комил Назарзода, бародари Ҷумъа Назарзода аст. Ҷумъа Назарзода, чуноне ҳам гуфтем, муовини Раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати дохилӣ-УУР, яъне муовини Шоҳрух Саидов аст, аммо дар даврае, ки Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро дар дӯш дошт, Ҷумъа Назарзода сардори УУР-и вилоят, яъне дасти рости Бузмаков буд. Ва, то ҳамин имрӯз ҳам Комил ва бародараш Ҷумъа барои Аламшозода «хидмат» мекардаанд.
Ин дигар яқин аст ки Абдуқаҳҳор кушта шуд. Одам кушта гардид. Нафар барои он кушта гардид, ки Рамазон Раҳимзода дар вазорат биистад. Беш аз ин, ҳодиса бояд тавре воҳима касб кунад, ки дар Кулоб ҷавонҳои саркаш ва мухолифи Раҳмонов пайдо ва ташаккул ёфтаанд ва ҳадаф ва шарт ин аст ки онҳоро саркуб ва титу пош намуд. Ҳоло, ҳатто агар барои як сол ё ду соли дигар бошад ҳам Рамазон Раҳимзода ҳузури худро дар назди Раҳмонов мустаҳкам кардан мехоҳад. Гуё Раҳмонов, ки ният дорад то соли 2024 дар қудрат бимонад ба Рамазон Раҳимзода ваъда додааст, ки «баробар меравем» ва вақти рафтани худро дар як ҷаласае моҳи ноябри соли 2023 пас аз 31 солагии 16 умин иҷлосия ва ё давру барҳои 71 солагии худ эълом дошта будааст. Аммо «одамҳо»-и Абдураҳмон Аламшозода барқасд «подставит» мекунанд.
Капитан Комил Назарзода чаро дастгир карда намешавад?
Дар ҳоле, ки маҳз ҳамин Назарзода бо шиканҷаву азоб ин ҷавонмарди кулобиро куштааст. Дар ҳақиқат, дар асл ин ҳодисаи куштор амдӣ ва тибқи нақша ва паёмади мансабталошии вазири дохилӣ ва муовини аввали он аст ва ё инки тасодуфӣ сурат гирифт ва инҷо ин чаҳор милисаи ба манзили Абдуқаҳҳор зада даромада фақат ҳадафи пулканӣ доштанд?
Хабари марги Абдуқаҳҳор ба наздиконаш аз милисахона мерасад. Ва, оне ҳам, ки ин хабарро ба амаки Абдуқаҳҳор-Ромиш Розиқов мерасонад, аз одамони наздики Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) будааст. Абдуқаҳҳор ҳудудан даҳ соли пеш бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дастгир ва барои 18 сол равонаи зиндон мешавад. Даҳ сол мешинад ва шароити нигаҳдориаш дар зиндон тағйир мекунад. Ба низоми сукунатӣ мегузаронанд. Аммо, гуиё баъди чанде боз ҳам машғул ба корҳои пешинааш мешавад. Ин чаҳор милиса Абдуқаҳҳорро дар манзили зисташ дастгир карда ва ба «горотдел» меоваранд. Ин милисаҳо гуё бо мақсади «сумкоркунӣ» ӯро боздошт мекунанд. Дар «горотдел» ӯро зарбу лат мекунанд ва ба баданаш қувваи барқ –ток мемонанд. Абдуқаҳҳор барои раҳоӣ ёфтан аз шиканҷа ва аз қувваи барқ мегуяд, ки бас кунед, дар хона 70.000 сомонӣ дорам, ҳозир занг мезанам, меоваранду медиҳанд: «Дилам чи хелӣ шудестай, дигар тоқат надорам, илтимос бас кунед». Милисаҳо фикр мекунанд, ки Абдуқаҳҳор онҳоро храп зада истодааст, фиреб карда истодааст, «боз ба ток монем, зиёдтар меоварад» гуфта аз нав ба бадани вай ток пайваст мекунанд, ки дилаш мекафад ва ҷодарҷо мемурад. Ҳамон шаб мегиранду ба «морг» мебаранд. Дар даруни милисахона як нафар амаки Абдуқаҳҳорро мешиносад. Ба ӯ занг мезанаду мегуяд, ки акаи Ромиш биё, ҷиянатро милисаҳо куштанду ба морг бурданд. Онҳо бо шунидани ин хабар ҳамакаса ба морг мераванд. Бинобар маълумоти ба мо расида он шаб милисаҳо дар шуъба бисёр будаанд. Яке аз онҳо Саъдӣ Сарахонов, ҳоло дар милиса кор намекунад. Шогирди Бузмаков аст. Ин Саъдии лаънатӣ бачаҳои зиёди Кулобро «подставит» карда шинонидааст. Айни ҳол, шукри худо, ки аз мақомот пешаш карданд.
Ду милиса аз се милисае, ки ҳоло аз ин ҳодиса берун карда шудаанд, киҳоянд?
Холов Зафар:
Дар деҳаи Навободи Зиракӣ зиндагӣ мекунад. Як бародараш бо номи Холов Ҳаким, аз оптовикҳои бузурги арсаи доруфурушӣ дар Тоҷикистон аст. Сумдори хеле калон. Искандаркули Айниро ҳамин нафар аз они худ кардагӣ аст. Инҳо чанд додару бародаранд, бисёрианд, Холов Ҷамшед ва ..
Кароматов писари Саъдулло Кароматов аст. Падараш 25 сол мешавад, ки директори почта мебошад.Ҷамшед аз зани дуюми Саъдулло мебошад. Ин акаи Саъдулло чанд зан дорад. Ҷамшед аз хешовандони Ҳасан аст. Модари Ҷамшед ба Ҳасан чи хешие дорад. Як вақт дар хонаи Ҷамшед туй буд. Як овозхони машҳур туйро мегузаронд. Сардори милиса ба сари ҳамон ҳофиза рафта гуфтааст, ки ба дигар маърака мебаремат, туйро обод бояд кунӣ. Ҷамшед ва бародаронаш он сардори милисаро заданд, вай маҷбур шуд бо шогирдонаш гурезад. Милисаи сеюм Шамшод. Шамшод Шарифов, ки ҳоло дар боздошт аст. Бародари ӯ ҳам сумдор аст. Як писари амакаш дар Дастгоҳи иҷроия президент бо Озода Раҳмонова кор мекунад. Падари Ҷамшед Кароматов бо Бег Сабури қудои президент ҷураи сахт аст.
Бинобар маълумоти расида милисаи чаҳорум, ки мақомот ӯро мехоҳанд аз бозӣ бароваранд Комил Назарзода аст. Ҷумъа Назарзода, бародари калонии Комил Назарзода аст. Падари онҳо Давлат ном дорад ва гуфта мешавад як бадмасти гузаро аст. Ҷумъа Назарзода шогирди Бузмаков аст. Чи тавре дар боло ҳам зикр кардем пештар Бузмаков сардори Раёсати вазорати дохилӣ дар вилояти Хатлон ва Ҷумъа Назарзода сардори УУР-и Хатлон буд. Сипас ба ҳайси сардори милисаи минтақаи ш.Кулоб 2 ё 3 сол кор кард. Баъд аз он муовини Шоҳрух Саидзода шуд. Дар кадом як ҷаласае дар вазорат ё сардори раёсат ва ё кадом муовини вазир ба милисаҳо Ҷумъаро нишон дода мегуяд, ки шинос шавед ин бесаводтарин милиса дар ВКД аст. Комили бародараш таксист буд. Милиса шуд. Бовар кунед то ҳамин ҳоло на протокол тартиб дода мтавонад ва на баёнотеро гирифтаву навишта. Вақте фурудгоҳи Кулоб кор мекард бо як ҷураи мошшеникаш бо номи Шуҳрат бояд як розискро снимат мекард. Бар ивази 20.000 доллар. Аммо ба қап мехурад, дастгир мешавад. Дар қапи кадом мақомот меафтанд намедонем аммо Комилро бо статя аз кор озод мекунанд. Вале дере нагузашта дар милисаи минтақаи шаҳри Кулоб ба кор сар мекунад. Гуфта мешавад, ки бо ёрдами Бузмаков дубора ба милиса бозгардонида шудааст. Як бародари дигари Комил Субҳон Назарзода дар молияи шаҳри Кулоб кор мекунад.
Ҳақ ба ҷониби журналисти машҳур Аҳмади Иброҳим, сардабири «Пайк» аст ки мақомотро ба адлу инсоф ва ҳали мунсифонаи ин фоҷиаи ваҳшатнок даъват мекунад. Вай дар як матлабе таҳти унвони «ҲАЁТИ ИНСОН ДАХЛНОПАЗИР АСТ» марги Абдуқаҳҳорро мармуз хонда менависад:
«Ҳар кас ҳодисаи мазкурро ба таври худ ва мувофиқи хоҳиши худ талаққӣ медиҳад. Аммо натиҷа бартар аз он нест, ки муҷримони марги ин ҷавон, 3 корманди милиса -Зафар Холов, Шамшод Шарипов ва Ҷамшед Кароматов холисона тафтиш карда шуда, дар сурати гунаҳкор буданашон ба ҷазои сахттарин маҳкум шаванд. Яъне адолат тантана кунад. Ягон зарурат надорад, ки мақомоти милисаи ҷумҳурӣ ё ҳатто Ҳукумати ҷумҳурӣ гуноҳи ин се муҷримро ба гардан гирифта, тамоми давлатро шарманда созанд. Агар муҷримони асосӣ муҷозот шаванд, ягон латма ба обирӯйи давлат зада намешавад.
Гоҳо дидаем, ки корманди милиса ё мақомоти дигари қудратӣ дидаю дониста гуноҳ содир мекунанду вазоратхонаҳо ё мақомоти дигари баландпоя ба ҳимояи ӯ бар мехезанд. Дар натиҷа ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бадном мешаванд, чӣ лозим!»
Воқеият ин аст ки инҷо ҷиноят содир шудааст. Ҷинояти вазнин ва ваҳшатнок. Аммо мақомоти интизомиву тафтишотӣ саъй ва қасд дорад болои он сарпуш бигзорад, бипушонад ва тавре ба қалам диҳад, ки милисаҳои даст ба куштор зада гуноҳе надоранд ва Абдуқаҳҳор бар асари истеъмоли барзиёди маводди мухаддир ба ҳалокат расидааст. Иттиҳоме, ки ба милиса-Шамшод Шарифов зада шудааст, масхараи қонун, таҳқири инсон, беарзиш сохтани ҳокимият ва бадтар аз ҳама одам ҳисоб накардани як шаҳрванд аст. Шаҳрванде, ки бояд аз тарафи давлат ҳимоят бишавад, баракс аз тарафи маъмури давлат кушта мешавад. Вале давлат ҷойи онки масъулияти худро иҷро кунад, одамкушонро ба кайфари аъмолашон бирасонад, онҳоро табраа карданӣ аст. Абдуқаҳҳор кушта гардид. Ӯро задазада лахту пора карданд. Ба баданаш свет монданд, дилашро тарконданд. Дидаву дониста, огоҳона ва группавой зада куштанд. Барои ҳамин инҷо на бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколат, боястӣ бо иттиҳомӣ одамкушӣ, суиқасд ба ҷони одам, бо иттиҳоми шиканҷа, бо иттиҳоми анҷоми куштори гуруҳӣ ва ҳамчунин барои махфӣ кардан, барои нарасонидани маълумот ва барои гумроҳ кардан ва додани маълумоти бардуруғ ба тафтишот парванда боз карда шавад.
“Инҷо як нафарро заданду куштанд, ҷонашро, ҳаёташро гирифтанд. Ва ин ҷиноят тасодуфӣ, нохоста, масалан автоавария нест, ин ҷиноят барқасдона ва огоҳона содир шудааст ва он ҳам аз тарафи маъмури давлатӣ ва он ҳам аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!”
Ҳоло дар як тараф мардуми Кулобу ин фоҷиа ваҳшатнок ва дар як тараф Раҳмонов, Бузмаков, Давлатов, Қунғуротзода, ки ҳамагӣ аз як авлоданд, истодаанд. Бақия мардуми тоҷик, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, муттаассифона, бадбахтона, тамошобин аст. Ҳар касе «моя хата с края» гуфта худро бисёр ҳам беномусона тасалло дода истодааст. Додситонӣ, ки барои баромадан аз ҳадди ваколат «статя» задаасту Шамшод Шарифовро дастгир кардааст, каси дигаре нест ҷуз Юсуф Раҳмонов, қудои нав ва навбатии Эмомалӣ Раҳмонов ки бояд болои ҷинояти Бузмакову Давлатзодаву Қунғуротзода сарпуш бигзорад, пушонад, махфӣ кунад. Як шайка ва дастаи қотилонеанд, ки иқтидори давлатро барои сарпуш гузоштан болои ҷиноятҳояшон истифода карда истодаанд. Аслан дар гумонашон намегузарад, одам ҳам ҳисоб намекунанд, ки он касе, ки кушта шуд, вай ҳам одам аст. Як Абдуқаҳҳор, ки чӣ ҳазор Абдуқаҳҳори кулобиро фидо ва қурбонии сари худу наздиконашон мекунанд. Ёдатон бошад, ки Сангакро чи гуна ташкил карда куштанд? Хонаи бобои Салмон Лангариевву Суҳроби писарашро кафонданд, Суҳроб ҳабси абад гирифту бачаи Сангак то охири умр бояд дар зиндон бипусад. Султон Қувватовро тавре фишор оварданд, ки қалбаш дошт надод, хеле бановақт ҷон ба ҳақ таслим кард. Ҳамин тавр Ёқуб Салим, Қурбони Чол, Ғаффор Мирзо ва даҳҳову садҳо ҷавонмардони кулобиро ё зиндон карданд ё сарбанест намуданд.
Бинобар маълумоти расида ба мо тамоми чораҳоро андешида истодаанд, ки ҳамон чанд нафар асосиҳои дар рӯзи куштори Абдуқаҳҳорро, ки дар назди сардхона-морг даст ба тазоҳурот зада буданд, ба ягон бало бипечонанд ва дастгир карда, кулобиҳоро сахт наказат кунанд. Худи Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст,:
«ҳар балое мекунед бикунед, муомила мекунед, бикунед, аммо ҳеҷ хабари бад ба Душанбе нарасад. Дар сурати расидани маълумот ва хабари бад, дониста бошед, ки аввал худи шуморо турма мекунам».
Гуфта мешавад, ки Бузмаков кори ОМОН-и Кулобро тафтиш карда истодааст. Масъалаи аз мақоми сардори бахши минтақавии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар Кулоб Раҳмоналӣ Давлатзода, ҳамон амакзани Рустами Эмомалӣ ва Қунғуротзода аз мақоми сардори милисаи шаҳри Кулоб, гуиё ҳал шудааст ва рӯзҳои наздик бояд дастури озодсозии онҳо содир шавад. Ҳамчунин масъалаи барои Раҳмонов бисёр ҳам дардовар, саркашии ОМОН-и Кулоб аз пахши тазоҳуроти кулобиҳо дар назди сардхона, ҳануз ҳал нашуда аст. Раҳмонов пеш омадани як чунин ҳолатро комилан мунтазир набуд ва фикр мекард, ки вазорати дохила ба ҳадде содиқу вафодори вай аст, ки ба маҳзи содир шудани фармон онҳо пайи саркуб ва қатлу куштори мардум мешаванд. Аммо ба фарқ аз ҳаводиси Рушон ОМОН фармони задану парронидани кулобиҳо дар қазияи Абдуқаҳҳор Розиқов дар саҳни морги Кулобро иҷро ва итоат накарданд.
“Мақомот талош дорад Абдуқаҳҳорро муътод ва барига ва шинос кунад. Аммо роҷеъ ба иллат ва сабаби марги вай чизе дақиқ намегуянд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки то ин вақт мебоист пизишки қонунӣ ва ё судмедэкспертиза хулосаи худ дар бораи ин ҳолатро эълон мекард. Тафсилоти суҳбати Рамазон Раҳимзода бо падару модар ва бастагони Абдуқаҳҳори ҷавонмарг ҳам дастраси расонаҳо нашудааст. Яқин аст ки дар ин суҳбат ҳеҷ ҳарфи барои таскини ҷигари сухтаи пайвандони Абдуқаҳҳор гуфта нашудааст. Дар сурати ғайр онҳо муҳтавои ин дидору мулоқот бо вазири дохилиро ба мардум мерасониданд.”
Дигар муҳим нест, ки Абдуқаҳҳор дар дохили бинои «горотдел» кушта шуд ё дар роҳ ба самти шуъба ва ё бар асари афзоиши шиддати ток. Муҳим ва факт ин аст ки вай бо аҷали худ намурд.Ӯро куштанд.Милисаҳо ҷиноят содир карданд. Бо қувваи ток ва ё бо мушту лагад. Чаро худи вазири корҳои дохилӣ,ки бояд қонунро бар ҳарчи ва ҳама чи тарҷеҳ бидиҳад, ғуломи қонун бошад, адолати иҷтимоиро риоят кунад, аммо болои қонун -ончизе ки дар пеши чашми ҳама иттифоқ афтодааст, мехоҳад хок бирезад? Пас, барои чи вазорати дохилӣ ин дуруғро бароварду эълон кард ва ҳатто баёния доду исми нафаре аз Ҳисорро овард, ки аз Абдуқаҳҳор ҳашиш харидааст. Ҳамаи инҳо аз чи гуна ҳукумат будани ҳукумати Раҳмонов дарак медиҳад. Кормандони вазорати дохилӣ одам куштанд. Аммо ҳозир нестанд, ки муҷозот бишаванд. Вазир талош дорад, муовини вазир талош дорад, ки болои ин куштор сарпуш бигзоранд.Чаро?
Ps : Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ.нет».Дар охирин дақоиқе,ки ин матлаб ба дасти чоп мерасид, маълумоти ҷадиде дар иртибот ба қазияи куштори фоҷиавии Абдуқаҳҳори ҷавон ба дасти мо расид. Бинобар ин маълумоти расида Рустами Эмомалӣ ва амакзани вай Раҳмоналӣ Давлатзода низ дар ҳодисаи куштори Абдуқаҳҳор Розиқов мустақиман даст доштаанд.
Мехоҳем қазияро аз аввалаш таъриф кунем. Соли 2010 ё 2011 буд, ки дар Кулоб бозии Истиқлол ва Равшан баргузор гардид. Командаи Истиқлол маълум аст ки аз они Рустами Эмомалӣ мебошад. Бачаҳои Равшани Кулоб ба дарвозаи Истиқлол гол заданд. Гол голи тоза буд. Судя подсудит кард, гуфт офсайд аст ва голро ҳисоб накард. Рустами Эмомалӣ худаш дар минбар нишаста буд. Судяро наздаш фарёд кард. Ва,фармон дод, ки ба ҳисоб нагирад. Халқи Кулоб ба ғазаб омад ва хест. Мухлисони Равшани Кулоб минбарро сангшап карданд. Милисаҳо як бало карданду Рустами Эмомалӣ, набераи Марями гурсухтаро гурезониданд. Рафт Душанбе, аммо дид, ки халқи Кулоб пур шердилҳо дорад. Он қадар сангсор карданд, ки мошинҳои бронированнийи Рустам шишаҳояш рехт. Бисёре аз бачаҳои ҷавонро бурданду заданду ҷаримаҳо бастанд. Баъди чанде Рустам раиси шаҳри Душанбе шуд. Ва амаки занаш Раҳмоналӣ Давлатзодаро сардори Раёсати милисаи минтақаи Кулоб монд. Мебоист ин одам повишенний мерафт. Аммо Кулоб омадан маънои пониженнийро дорад. Хуллас, гуё пониженний овард. Вале амалан ин амаки зани Рустам тамоми движенийҳо дар Кулобро зери назар дорад. Ҳар гуна доруву бангу чарсу героину афюну амфетамину крисстал ҳама дар зери назорати вай тақсим ва паҳн карда мешавад. Бовар кунед, ба номи парвардигор халқи Кулоб, махсусан ҷавонҳоро бангиву герчик кардагӣ аст. Ҳозир дигар Кулоб шердил надорад. Ҳама мурғ шудагӣ аст. Рустами Эмомалӣ ба воситаи амаки занаш маводи мухаддираро дар Кулоб тақсим карда истодааст. Таблеткаро бисёр дода истодааст. Кулоб пури ҷавонҳои голубой шудааст.
Ин бародар Абдуқаҳҳор, ки заданду куштанд бисёр инсони хуб ва бачамард буд. Мактаби 6-и Кулобро хондааст. Вай вақте дар зиндон мешинад аз ин ҳама гапу хабар ва ҳодиса дарак меёбад. Мебинад, ки ҳама герчику бангӣ. Аз як лаб бачаҳои бити-бити герчику бангӣ шуда маҳкам шуда истодаанд. Абдуқаҳҳор қасам хурд, ки бароям фақат баригаҳоро мезанаму мешиканам. Вай дар тюрма положенетс буд.Вақте вай баромад баригаҳоро лат доду фишор овард, ки бас кунанд, нафурӯшанд. Аммо ин баригаҳои бадбахт одамони Давлатзодаи сардори милисаи минтақаи Кулоб буданд. Вақте Абдуқаҳҳор онҳоро ғам медод гап ба вай расид. Ин нафаре, ки гуё аз Ҳисор қапиданд «тема» буд, воқеият надорад. Тема карданд. Ин ҳамааш дуруғ буд. Вақте тема шуд Давлатзода ба Шоҳрух мебарояд. Ҷумъа Назар ҷонишини Шоҳрух аст. Шоҳрух ба вай фармон медиҳад. Ҷумъа Назар ба додараш фармон медиҳад, ки раведу фалон одамро қапеду маҳкам кунед. Абдуқаҳҳорро меқапанду мебаранду мегуянд, ки ту чаро бизнесменакҳои моро мебарӣ, шағолакҳои моро мебарӣ ғам медиҳӣ?. Ин аз дили софу кушод мегуяд, ки инҳо ҳама бачаҳои Кулобро дар дору шинонида истодаанд, дар «дарун» зиёд шиштагианд, ин корҳоро бояд накунанд. Мезанандаш. Мегуянд,ки ту намефаҳмӣ, ин чизҳое, ки шағолакҳо мефурӯшанд аз они генераланд, аз они амакии зани Рустам. Абдуқаҳҳор ҳамон шағолако, ҳамон чоплусакҳои амаки зани Рустамро мезад. Чунки онҳо халқи Кулобро ҷазир карда истодаанд. Давлатзода бошад ин корҳоро бо супориши Рустам мекунад. Рустам мегуяд, ки ин чизҳоро бару фуруш, халқи Кулобро герчику бангӣ кун, гушнашон кун, шинонашон, ки сар боло накунанд.
Дар ин миён се бачаи шаҳр-милисаҳоро ҷавоб доданд ва як қишлоқиашро, ки аз Кулоб камтарак дуртар зиндагӣ мекунад, шинониданд. Дар гардани ҳамон заданд. Якеи онҳо писари сардори почтаи шаҳри Кулоб аст. Як сол намегузарад, ки боз ба милиса барқарораш мекунанд. Гунаҳгори асосӣ ҳамин аст, аммо ӯро ҷавоб доданд. Бо Бег Сабури қудои Эмомалӣ Раҳмонов хешу табор аст. Дар ҳоле ки вай пештар як одамро зада кушта доғи судӣ дошт, боз авария карда буд. дар пеши вокзали шаҳри Кулоб.
“Бовар кунед, ки ҳамаи ин корҳоро Рустам карда истодааст. Шердилҳои Кулобро куштанд, кушта истодаанд, дар кунҷи зиндонанд. Ҳозир яктои дигар мондагиаст, ки онро ҳам шинониданд. Бе ҳеҷ чи. Дуруғ гуфтанд, ки дар Маскав телефон дуздидааст. Як сол шинониданд. Беҳиҷ гуноҳе ОилаиАбдуқаҳҳор бисёр ҳам дар байни мардум муҳтарам аст. Дар мактаб ҳам аз ҳама зур буд ва гапашро ҳама мегирифт. Дерзкий ва весавой буд. Оилаашон, амаку амакбачаҳояш низ ҳамин тавранд. Инҳо гуфтанд, ки биистед мо ҳаминро бикушем, бинем халқи Кулоб гап мезанад?”
Халқи Кулоб як каме сару садо карду дигар хап кард. Дигар любойтои моро мекушанд, зиндон мекунанд. Ҳозир ин бадбахтҳо болои вазифаанд. Халқи Кулобро боз азоб медиҳанд. Нав сар шуд. Аз худи боло оварда савдо карда истодаанд. Қасдан карда истодаанд. Хусури Рустам ба додари Ҷумъа Назар медиҳад, вай фурӯхта истодааст. Ҳам сум кор мекунанд ҳам касалӣ мекунанд ҳам ҷиняткор. Абдуқаҳҳор проблемаашон шуд убраташ карданд, ягон гуноҳ надошт.