Ранҷонидани падару модар худ “оқ” шудан аст!

Ислоҳ нет

Ранҷонидани падару модар худ “оқ” шудан аст!

– Язид ибни Абуҳабиб мегӯяд: Дар баробари сухани падару модар далел овардан ва онҳоро маҷбур ба хомӯшӣ кардан ин оқ шудани фарзанд аст, яъне бар сухан ғолиб омадан бар онҳо дар назар аст.

– Марде Ҳасани Басрӣ (раҳ)-ро пурсид: агар модарам гӯяд, имрӯз рӯза нагир! Ин амрро ба ҷо биёрам ё на?
Ҳасани Басрӣ (раҳ) гуфт: Рӯзаатро бихур, инчунин бар ту қазо доштани он рӯз ҳам шарт нест, зеро ту ду аҷр гирифтӣ, яке модаратро хушнуд кардӣ ва дигар аҷру подоши рӯзаро гирифтӣ (мақсад рӯзаи нафлӣ аст на моҳи рамазон).

– Фарзанд бояд бидонад, ки волидайн чӣ мехоҳанд ва пеш аз ин ки онҳо аз фарзанд хоҳиш кунанд фарзанд бояд онро муҳаё созад, то падару модар худро ҳамчун пурсанда эҳсос накунанд. (ин беҳтарин одат ва болотарин дараҷаи хушнудсозӣ аст).

– Эй фарзанде, ки Аллоҳ туро дар миёни чанд писар ва ё духтари хонавода шарафи хидмати падару модарро дода, ё яке аз ин дуро.
Мабодо шайтон туро васваса кунад, ки чаро чанд бародар ва ё хоҳари ту, ки фарзанди ин модар ва ё падаранд, ин шарафро бар дӯш надоранд ва танҳо ин ба ту вогузор шуда. Мабодо ҳамсар, рафиқон, наздикон ба ту гӯянд танҳо ту фарзанд нестӣ бародаронат ҳам фарзанданд. Бидон, ки ту фарзанди ихтиёркарда ва солеҳ ҳастӣ ин шараф ба ту вогузор шудааст. Бо тамоми вуҷуд хидмат кун, ки ин шараф ҳар киро муяссар намегардад, зеро: Волидайн аз ҳар касе хушнуд шуд,
Он кас аз шоистагони Маъбуд шуд.

– Ҳасани Басрӣ (раҳ) ба марде мегӯяд: Бо модарат хуроки шом тановул кун ва бо ӯ ҳамсуҳбат бош. Тавре бо модарат бархурд кун, ки бо дидани ту ва аз муносибати ту хушҳол гардад. Ин нишастану дар дили модар ҷой гирифтан назди ман аз ҳаҷҷи татаввуъ болотар аст.

– Яке аз уламои тобеъин ду ҳамсар дошт. Вақте падраш ба синни пирӣ расид аз миёни фарзандон шарафи хидмат ба ӯ расид ва ӯ худро ихтиёркарда барои ин хидмат дид. Муддати шаш сол дар хидмати падар қарор гирифт. Дар ин муддат то субҳ дар хидмати падар буд ва шаб назди ҳеҷ яке аз ин ду (ҳамсаронаш) дохил намегашт.

– Ҳангоме, ки падар ва ё модар сухане гуфтанд, ки он туро ғамгин кард ва ё фикр мекунӣ дар ҳаққи ту дуруст набуд ҳаргиз назди онҳо худро ғамгин нишон мадеҳ, зеро шояд ғамгин дидани ту онҳоро нороҳат кунад ва уламо гуфтаанд нороҳат шудани падару модар аз фарзанд ин худ оқ шудан аст.

– Ҳамеша он чи миёни ту ва бародару хоҳаронат мегузарад, агар он нороҳаткунанда бошад ҳаргиз ба падару модарат магӯ. Кӯшиш кун айбу нуқсони бародару хоҳаратро назди эшон магӯ, зеро онҳоро нороҳат месозад. Агар метавонӣ аз бародар ва хоҳарат ба некӣ ёд кун, то онҳо эҳсос кунанд, ки фарзандонам бо якдигар муносибати хуб доранд. (Албатта ин масъаларо хуб фаҳмед, агар бародар ва хоҳар ахлоқи мухолифи шаръ дошта бошанд онҳоро нахуст насиҳат кун, то аз он амал боз гарданд. Агар ислоҳи онҳо ба дасти падару модар бошад онро бо як муқаддимаи зебо шуруъ кун ва дар миён бигзор, то аз сухани ту андӯҳгин нагарданд.

– Боиси таассуф аст вақте падарро чанд фарзанди бузург бошад, аммо ин падар гоҳе онҳоро бубинад он ҳам дар ягон муносибату маъракае ва ӯ ҳамеша дар суҳбати дӯстеаш дар беморхона ё масҷид бошад. (Онҳое, ки дар наздикии падар зиндагӣ мекунед ҳеҷ кореро болотар аз дидору суҳбати падар ва хидмати ӯ надонед.

– Дар ҳузури падару модар вақте қарор гирифтед худро ба чизе машғул насозед. Бигузоред он чи мехоҳанд бигӯянд онҳоро хуб бо тааммул гуш диҳед, зеро миёни суханонашон дохил шудан ва суханашонро қатъ кардан, дар наздашон нишаста машғули телефон, фесбук, одноклассник, твитер, ватсап ва бозиҳо накунед. Барои чанд лаҳза телефонатро канор гузор ва бо диққат ончи мегӯянд ба суханонашон гӯш фаро деҳ.

– Вақте шумо аз умури динатон огоҳтар аз падару модаратон бошед ва вақте дидед, ки онҳо дар ягон масъала иштибоҳ карданд ё он чи мегӯянд он дуруст нест ва ё комилан дигар аст барои фаҳмонидани онҳо кӯшиш кун бо камоли эҳтиром ва адаб оҳиста бидуни суханони ноҷо онҳоро фаҳмонед, зеро гоҳо мебинем дар фаҳмонидан калимоте фарзандон мегӯянд ба падару модар, ки аслан ин услуб ғалат буда, худро мавриди оқ қарор медиҳанд, аммо огоҳ нестанд.

– Ба ончи онҳо мехоҳанд сухан бигӯ ва бархурд намо на ба ончи ту мехоҳӣ. Ҳаргиз вақте дар хидмати онҳо қарор гирифти худро дар баробари дигар бародарону хоҳаронат бартар нишон надеҳ. Ба онҳо магӯ манам ҳамеша дар фикри шумо ин бародарам ё хоҳарам аслан дар фикри шумо нест. Агар пурсанд, ки бародарат куҷост ва ё хоҳарат бигӯ коре дошт ё мехост биёяд, вале маҷбур ба рафтани ҷои дигаре шуд. Ҳатман онҳо аз бархурди ҳар яке аз шумо бо онҳо ҳамаро мефаҳманд.

– Дар ҳузури падару модар ҳаргиз бо бародару хоҳаронат муноқиша ва суханони бо садои баланд назанед, зеро ин амали шумо озори он ду буда, мумкин аст суханони шумо онҳоро сахт нороҳат кунад ва аз шумо норозӣ гарданд.

– Падару модар вақте умрашон ба ҷое мерасад дар онҳо ҳиссиёту назарҳои мухталиф пайдо мешавад. Шояд назари онҳо барои шумо хандадор ва ё як назаре бошад, иштибоҳ. Шояд талабашон аҷибу ғариб бошанд. Шояд шумо шароити муҳаё кардани онро надошта бошед, вале оромона гӯш бидеҳ бо табассум ва назари пур зи ризо бигӯ: ҳатман мебинам, ҳатман анҷом медиҳам ва дар фикр ҳастам. Накунад дар ҳузурашон бигуӣ “УФ” ё сухане, ки онҳоро ранҷонад ва худро дар радифи оқ шудаҳо қарор диҳед.

– Шайх Мағомисӣ (ҳафизаҳуллоҳ) мегӯяд: Шахсе бихоҳад дар қатори фарзандони солеҳ қарор бигирад вақте падару модар зинда ҳастанд онҳоро хидмат кунад, зеро тибқи ҳадиси саҳеҳ падару модар ду дарвозаи ҷаннат мебошанд. Бо ризояти онҳо бароят ҳар ду дарвоза боз аст. Аммо вақте аз дунё гузаштанд пайваста дар ҳаққи онҳо дуои хайр кун, зеро фарзанде дар ҳаққи падару модар дуои хайр мекунад аз зумраи фарзандони солеҳ ва накӯкор маҳсуб меёбад.

Эй бор Илоҳо, медонем ҳаққи падару модар барои мо фарзандон болост.
Эй бор Илоҳо, моро бубахш, ки дар ҳаққи онҳо кӯтоҳӣ кардем ва то ҳол мекунем.
Эй бор Илоҳо, падару модари маро биёмурз ва бар онҳо раҳм кун ва барои мо фарзандон тавфиқе иноят фармо эҳтироми падару модар ва хидмати эшонро ба ҷой биёварем ва онҳоро дӯст дошта бошем, ҳамон гуна, ки онҳо моро дар хурдсолӣ дӯст доштанд, тарбият карданд ва ба воя расониданд, омин.

 

 

Share This Article