Рашт: «водие, ки адолатро бо пул мефурӯшанд»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №8

Ҳар боре ки аз водии Рашт номае мерасад, дил ба дард меояд: мардум аз зулму фасод, аз таҳқиру таҷовуз, аз харидуфурӯши вазифа ва ҳатто аз сӯхтани масҷидҳо фарёд мезананд. Ба ҷои амният-тарс, ба ҷои адолат-бозор, ба ҷои раҳбарӣ-шаҳват ва ҳирси шахсӣ дар ин водӣ ҳукумфармост.

Ду номаи зер аз дили мардум баромадааст. Яке аз мардумони оддӣ ва дигараш аз як пири 84-сола, ки тамоми умрашро дар хизмати ватан гузаронда, имрӯз шоҳиди табдил ёфтани ҳукумат ба воситаи истибдод ва фасод аст.

Ин номаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳукумат дар Рашт дигар на ба мардум, балки ба чанд нафари аъзои як хонавода ва як гурӯҳи манфиатҷӯ тааллуқ дорад. Онҳо вазифаҳоро мефурӯшанд, заминро тақсим мекунанд, масҷидҳоро месӯзонанд, занону духтаронро таҳқир ва маҷбур ба ҳамхобагӣ мекунанд, мардумро бо тӯҳмат «ифротӣ» ва «душмани миллат ва хоин» эълон намуда ба зиндон меандозанд.

Ин садоҳо танҳо як нола нестанд-ин фарёди як водии сарбаланд аст, ки мехоҳад ҷаҳон бишунавад:


«Рашт аз зери зулм ба дод омад!»

Водии Рашт: мардум дар зери зулм, ҳукумат дар айшу нӯш

Гузарам ба Рашт шуд ва бо якчанд нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва истиқоматкунандагони ноҳия суҳбати сарироҳӣ доштам. Аз рафтору кирдор ва ҷиноятҳои Идизода Зарина Фузайл ангушти ҳайрат газидам!

Тамоми қишрҳои ноҳияро фасод зер кардааст. Мардуми оддӣ ва ҳатто кормандони ҳукумати ноҳия аз рафторҳо ва чашми носеру нодидаву гуруснаи Зарина Идизода ба дод омадаанд.

Дар аввал, вақте ки президент Идизода Зарина Фузайлро ба вазифаи раиси ноҳия таъин намуд, мо хурсанд шуда гумон доштем, ки мисли дигар занҳои соҳибмансаб ӯ низ барои ободонии минтақа ва маҳал кӯшишҳои зиёде менамояд. Аммо ин гумонҳои мо ҳамааш хаёли хоме будааст. Ӯ ноҳия ва дастгоҳи ҳукуматро, қабеҳ ҳам бошад, ба як фоҳишахона табдил додааст. Касе, ки ба ӯ писанд наояд, аз вазифа сабукдӯш мешавад ва курсиҳоро бо гирифтани маблағи ҳангуфт ба ягон ҳамдеҳааш аз деҳаи Қазноқи ҷамоати Нусратулло Махсум мефурӯшад.

Имрӯзҳо Идизода Зарина ҳукумати ноҳияи Раштро ба як хоҷагии деҳқонӣ табдил додааст. Ҳамсӯҳбатонам қайд намуданд, ки агар мабодо мухолифат намоӣ, ки ин сиёсатҳои пешгирифтаи ту нодуруст ва зидди сиёсатҳои роҳбари давлат ҳастанд, ӯ зуд ба мақомоти қудратии ноҳия, аз ҷумла ба сардори раёсати КДАМ Сайдализода Муродалӣ занг зада, хоҳиш менамояд, ки «ин шахс иғвоангез ва ифротӣ аст, нисбаташ парвандаи маъмурӣ тартиб диҳед ва ӯро ба муҳлати аз 5 то 10 шабонарӯз ба ҳабс гиред».

Яке аз духтароне, ки ҳамчун мутахассиси пешбар дар самти иҷтимоӣ дар ҳукумати ноҳия кор мекард, бо хусумати шахсӣ аз кор сабукдӯш шудааст. Ӯ гуфт:
– Вақте сабаби аз кор ронда шуданамро аз Идизода Зарина пурсидам, ӯ дар ҷавоб ба ман гуфт: «Ту мисли дигар духтарон ба ман хизмат намекуни: ҳангоми ба ҳоҷатхона даромадани ман дар пушти дар қоғази ташноб қапида намеистӣ; ту рӯймол мебандӣ, сари луч намегардӣ. Барои ҳамин ту ба ман маъқул нестӣ. Ту аз кор озод».

Идизода Зарина ғайриқонунӣ ин духтарро «задни число» озод кардааст: гӯё пешакӣ рӯзи 1-ум озод карда бошад, вале дар асл санаи 10-ум озод намудааст.

Ҷинояти дигари ӯ: дар ҷаласаҳои ҳукумат ба ҷои нақша ва чорабиниҳои роҳандозишуда аз замони арӯсияш нақл мекунад, ки «ман духтари зебо ва хушандом будам, бачаи пеши қишлоқро гирифтам, ҳар саҳар барои хушдоманам нонҳои гарм мепухтам ва ҳозирам, ки вақте сари вазифа омадаам, супориш медиҳам нонҳои гарм пухта барои хушдоманам равон кунанд». Хулоса, ҳукумати ноҳияро ба мисли дӯкони харидуфурӯш табдил додааст. Дар маҷлисҳои ҳукумат туяшро нақл мекунад.

Ҳангоми ташрифи меҳмонон ба ноҳияи Рашт ба кормандони ҳукумат, бахусус ба занҳо супориш медодааст, ки дар тарабхонаи сохтаи Ҳоҷи Обид, ки дар болои дарёи Сорбоғи Камароб ҷойгир аст, ба меҳмонон духтарҳои хушрӯй биёранд, то ҳамхоба шаванд ва меҳмонон аз ноҳия розӣ ва хушҳол баргарданд.

Яке аз ҷиноятҳои дигари ӯ-фурӯши тамоми замини ноҳия. Барои худаш дар дараи Камароб, дар мавзеъи Дашти Боғистон бустонсарой сохтааст, ки Гулзода Дилшод, собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Рашт (ҳоло Нуробод), бо ӯ муносибатҳои маҳрамона дорад.

Ҷинояти аз ҳама сангини Идизода Зарина-вақте, ки гуфтанд «шояд туро раиси ноҳия таъин мекунанд», тифли 7-моҳае, ки дар батнаш буд, ба воситаи доруҳои зиддиҳамл исқот кардааст. Дар ин куштор ба ӯ директори маркази репродуктивии ноҳия Давлатова Замира кумак кардааст. Замира, дугонаи наздики Зарина, тамоми доруҳои зиддиҳамлро дастрас менамояд. Азбаски медонад, ки ин амали Зарина тибқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятӣ ҷинояти одамкушӣ аст, бо ҳамин ӯро забонкутоҳ намуда, ҳар амру фармоне диҳад, раисаи ноҳия онро дар ҳол иҷро мекунад.

Ӯ инчунин терминали мусофиркашонии ноҳияро ба маблағи 300 ҳазор доллар фурӯхтааст. Замини назди бинои ҳукумати ноҳияро бошад ба Ҳоҷи Обид ба маблағи 100 ҳазор доллар додааст ва хонаи истиқоматӣ гирифта, сохтмони ошёнаи 12-ум идома дорад.

Идизода Зарина ҳангоми иҷрои вазифа ба нӯшидани машрубот (коняк ва виски) машғул аст. Як рӯз дар ҳолати мастӣ ба дугонааш гуфтааст: «Ин қаду қомати зебо ва пойҳои ғавсаку сафеди ман зеби болини ҷаноби олӣ доранд. Агар ӯ бинад, аз ҳуш меравад». Ҳамсӯҳбатон мегӯянд: наход президент бо чунин амалҳои паст даст занад, ҳоло он ки аз ӯ ҳатто макакаҳои Африқо зеботаранд.

Бародараш Идизода Файзалӣ, як бесавод, раиси Маҷлиси намояндагон аст. Ӯ мардумро метарсонад, ки «бародарам ҳамнишини ҷаноби олӣ аст, маро дастгирӣ мекунад».
Бародараш Идизода Фаррух-собиқ раиси андози ноҳия, ҳоло раиси кумитаи андози Нуробод.
Бародараш Идизода Фирӯз-раиси фурӯши барқи ноҳияи Рашт аст, ки бо маҷбур кардани корхонаҳо бе ҳисобкунак фаъолият кунанд, пул ҷамъ меорад ба нафъи худаш.

Ин хонавода тамоми вазифаҳои калидиро дар ноҳия аз худ карда, мардумро ба дод овардаанд. Идизода Зарина ба тамоми сохторҳои қудратӣ супориш додааст, ки болои мардум фишор биёранд, таҳдид кунанд ва зулм намоянд.

Кор то ҳадде расидааст, ки мардум аз бесаводӣ ва ҷабру зулми ӯ ба дод омадаанд. Мегӯянд, ки раисони пешини Рашт чунин набудаанд. Дар кӯчаҳои шаҳраки Ғарм рӯймолҳоро аз сари занҳо кашида мегирад.

Бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол Садриддин! Илтимос, номаи моро нашр кунед, то ҳама аз ҷиноятҳои Идизода Зарина ва дарди дили мардуми Рашт огоҳ шаванд.

ШИКОЯТИ ПИРИ СОЛХУРДА БА РОҲБАРИЯТ

Ман як пири солхурда аз Водии Раштонзамин ҳастам, ки дар тӯли 84 соли ҳаётам чанд маротиба дигаргуниҳои зиёдро дидаам: пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравии бузург ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Умрамро дар роҳи хизмати Ватан фидо кардам, вале имрӯз ин амалҳоро мебинам ва ҳайрон мешавам.

Маврид ба зикр ва зарур аст, ки моҳе пеш сафари кории президент ба Водии Раштонзамин шуд ва супориши Сардори Раёсати Амнияти минтақавӣ-Рашт, Сайдализода Муродалӣ-ба зердастонаш чунин буд, ки ҳамаи он шахсоне, ки ҳақиқат мегӯянд, дар минтақаи Рашт то омадани роҳбари давлат нисбаташон ягон камбудӣ ёфта забонро кӯтоҳ кунанд; ки охири моҳ роҳбар меояд, ва агар на-он камбудиҳоеро, ки мо дорем, ҳамаамонро паси панҷара мебаранд. Ҳатман он нафароне, ки менависанд ҳақиқатро, онҳоро душманони мо ва душмани миллат ҳисоб карда, рӯйхат мекунанду маҳкам мекунанд, то садояшон аз ҳеҷ ҷой набарояд; бигиред, тарсонед. Ҳамаш дар дасти худи мо аст-ин суханонро Сардори Раёсати Амният Сайдализода Муродалӣ гуфтааст.

Мардуми минтақаи Рашт:

  1. Рашт
  2. Нуробод
  3. Сангвор
  4. Тоҷикобод
  5. Ҷиргатол ё Лахш

Тафсилоти муҳим:

  1. Бо ҳамин амалҳои таҳдидомезаш пул кор мекунанд.
  2. Касе гап мезанад, сухани ҳақ; дар ҳол бе пурсиш ва саволу ҷавоб «иғвогар-хоини миллат» гӯфта, паси панҷарааш кунед; ҳамаш дасти худамон аст.

Ин ҳолат боиси нооромӣ дар минтақаи Рашт шудааст. Аз рӯзҳое, ки Сайдализода Муродалӣ сардори Раёсати Амният таъин шудааст, минтақаро ором намебинам. Ноҳияи Рашт 14 ҷамоат дорад. Ҳар як раиси ҷамоат 80–100 ҳазор сомонӣ гирифта, ба раиси ноҳия супориш додааст, ки Идиева (Идизода) Зарина инҳоро таъин кунад; ва агар на, ба президент мактуб менависам. Ӯ мегӯяд, ки шумо хӯрофотпарастед ва аз вазифа мегиранд; шумо худатон хуб медонед, ки шумо хӯрофотпарастед, мардуми минтақаи Рашт.

Раисаи ноҳия Идизода Зарина сухани Сайдализода Муродалиро ба ҷон ва дил қабул кардааст ва гуфтааст: «Ҳамаро дар ҳукумат, ҷамоат бо супориши шумо қабул мекунам. Ман аз хатти кашидаи шумо берун намеравам; маро мактуб накунед.» То имрӯз таъйин ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар Рашт пулро Сайдализода Муродалӣ аз дилхоҳ вазифа мегирад ва ба раиси ноҳия супориш медиҳад, ки таъйин кун.

Хонандаи гиромӣ, бинед, ки сиёсати давлат ва ҳукумат дар Водии Рашт аз дасти як кас, ки манфиати шахсии худро аз ҳама боло мегузорад, ба як бозори хусусӣ табдил ёфтааст. Тасаввур кунед:

  1. Доля гирифтан дар қарори раиси ноҳия (қарори замин ва дигар қарорҳо).
  2. Доля гирифтан аз сардори сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ.
  3. Доля гирифтан аз роҳбари танзими ноҳия барои баргузории тӯйҳо ва маъракаҳо.
  4. Долябанди дар заправкаҳои ноҳия.
  5. Доля гирифтан аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ барои пӯшонидани гуноҳҳояшон ва озод намудани онҳо аз ҷавобгарӣ.
  6. Ҷамъ намудани маблағ тавассути имомхатибон ва муллоҳо аз мардуми оддӣ.
  7. Сайдализода Муродалӣ ба худ як «чодугар» дорад аз ҷамоати деҳоти Тагоба (деҳаи Зарифи), ки пеши ӯ рафта ҷодугарӣ сару забони роҳбариятро мебандад, то барои кабудиҳояшро набинанд.
  8. Призви салдат-дар ноҳия бозори Сайдализода Муродалӣ ташкил шудааст.

Вақте ки ин гуна маълумотҳо ба ман ҳамчун як пири барҷомонда мерасад, дигар сохторҳо назорат намекунанд. Бовар кунед, вазъияти имрӯзи мардум аз дасти Сайдализода Муродалӣ бад ва номуносиб шудааст. Фасод ноҳия ва минтақаро зери по кардааст.

Сайдализода Муродалӣ бензинро барои нигаҳдории амниятӣ ба манфиати худ истифода мекунад; дар ҳар ноҳия 5–8 заправка ҳаст. Дар ҳуҷҷат имзо мекунем, ки дар бораи ин масъала гап нашавад, ки сартона мехарем.

Дигараш-канселярия: дафтар, ручка, китоб, компютер. Боз дигар ҷиноятҳояш: таъмири 4 бинои Раёсати Амнияти минтақавӣ (Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор). Ҳар сол маблағ аз комитет ҷудо мешавад барои таъмир; моро супориш медиҳад, ки дар санадҳои таъмир имзо кунем, пулро Сайдализода Муродалӣ ба ҷайбаш мезанад ва мегӯяд, ки аз ҳисоби салдат таъмир кунед. Боз пул биёред, ки «супориш аз роҳбар аст». Бовар кунед, безор аз кор шудем.

Ин маълумотҳоро борҳо ба СБ (тафтиш?) гуфтем; доля дода шудааст, Сайдализода Муродалӣ худро тоза нишон медиҳад.

Дар 5 ноҳияи минтақаи Рашт ҳуҷҷатҳо ҳар моҳ имзо мешаванд; вале кормандон аз ҳисоби худ сӯзишворӣ мерезанд. Аз Сафаров Файзиддин барои даъвати ҳарбӣ 20 ҳазор сомонӣ пора гирифта шудааст тавассути Шараф Садиров- роҳбари кафедраи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт. Аз деҳаи Поҷеи Поён тавассути Назаров Сайъали Табарович ёрдамдиҳандаи КДАМ аз 13 нафар ба маблағи 80 ҳазор барои хизмати алтернативӣ гирифтааст; 54 ҳазора маблағи давлатро супорида ва дигарашро ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст.

Соли 2021 бо ҳамроҳи Сафаров Баҳром, собиқ корманди КДАМ, аз Қалъаи Сурх як миллион сомонӣ ҷамъ кардаанд тавассути мизи ҳарбӣ Ғуфронов. Сафаров Баҳромро барои фасодкорӣ аз вазифа гирифтанд. Сайдализода, ки он замон муовини роҳбари КДАМ буд, ҳама фасодро роҳандозӣ карда буд.

Аз тамоми ҷамоатҳо, шуъбаҳои маориф, ҳукумати ноҳия- доля мегирад. Масалан, бо номи «лайк мондани шаҳрвандон», ки президент ҷазоро барои лайк манъ карда буд, Сайдализода зиёда аз 100 нафарро даъват намудааст, қалбакӣ таҳдид карда, пора гирифта озод кардааст. Агар шӯъбаи санҷиш санҷиш гузаронад, ҳама чиз рӯшан мешавад.

Ҳамасола барои агентура 900 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад, вале ӯ ин пулро обу лой мекунад ва ба касе намедиҳад.

Тамоми занбӯрпарварон дараи Камароб доляи асал медиҳанд. Масалан, аз Ҳоҷиев Ҷумъабой Додович (занбӯрпарвар) тавассути Ҷумъабой як фалак асал месупоранд. Зиёда аз 100 занбӯрпарвар ҳастанд, ки аз онҳо доля мегирад. Аз тамоми чарогоҳҳои тобистонаи Водии Рашт, аз молдорҳо доля тавассути раиси хоҷагии ҷангал пул мегирад.

Барои аз Хизмати ҳарбӣ озод намудани сокини деҳаи Шингилич 12 ҳазор сомонӣ аз Усмон Худоёров гирифтааст.

Барои таъйини раиси ҷамоат Қурбоналӣ ном шахс аз ӯ 80 ҳазор сомонӣ гирифтааст-Сайдализода Муродалӣ.

Дар Водии Рашт бо сӯзонидани масҷидҳо даст мезананд. Аз ҷумла, масҷиди Поҷеи Поёнро оташ задаанд; сокини деҳаи Поҷеи Поён дидааст, ки шаби сӯхтор ду корманди амният гурехтаанд. Баъдан пули калон талаб карда гирифтаанд, баъд иҷозат доданд, ки аз нав бисозанд. Дар деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти Боқи Раҳимзода моҳи июни соли 2025 масҷиди 5 вақтӣ оташ зада шудааст; кормандони Амният ноҳияи Рашт бо фармони полковники амният Сайдализода Муродалӣ онро оташ задаанд. Дар дохили масҷид қисман сӯхта вайрон шудааст ва баъдан барои иҷозаи масҷид дубора пул фармоиш додаанд аз сокинон. Вақте ки пул надодаанд, ба сокинони деҳаи Яшм то ҳол иҷозат намедиҳанд, ки масҷидро таъмир кунанд. Мулло имоми масҷид ба назди Раиси ноҳия Идизода Зарина рафта, ӯ гуфтааст ба раиси деҳа ва имомхатиб, ки агар ман иҷозат диҳам, ки масҷидро таъмир кунед, манро амниятиҳо хӯрофотпараст мегӯянд ва дар боло сиёҳ мекунанд… (мана гапу ана гап).

Хитоби марди солхурда ба шумо: дар як деҳа як масҷид дорад- маргу мир аст шумо, ки ҳастед, ки монеъа мешавед, ки масҷидро таъмир кунанд? Масҷид дорои ҳуҷҷат, сертификат ва ягон мушкили надорад. Оё ин Сайдализода аз Биноямин Натаняҳу супориш мегирифта бошад, барои сӯзонидани масҷидҳо? Кӯҳу пуштаҳо ё аз СС Ятимов?

Ду ҳафта пеш кӯҳҳои Санги Малики, ҷамоати Боқи Раҳимзода ва кӯҳҳои болои ш. Ғарм, баъдан кӯҳи Нурободро ҳамин амниятиҳо бо супориши Сайдализода Муродалӣ оташ задаанд; ҳамаашон сӯхта хокистар шудааст.

Ҳадафи ин кирдорҳо ин аст, ки диққати мардум ба дигар самт раванд ва тарс дар дилашон ҷой гирад-кабудиҳои манро фаромӯш кунанд.

Сайдализода Муродалӣ як наркаман ва бангӣ аст, ки дар дараи Камароб, дараи Ясман, дараи Тагоба, дараи Сиёҳдара, дараи Тутат Ҳайит (ҷамоати Асқалон, деҳаи Кули калон) ҷойҳои истироҳат-бангзани, афиюнхӯрӣ, шаробнушӣ ва бевабозии Сайдализода Муродалӣ дар рӯзҳои кори ва рӯзҳои истироҳат-маишат мекунад.

Аз ноҳияи Ҷиргатол (Лахш) духтарони зеборо оварда дар дараи Тутаки ҷамоати Ҳайит дар лаби дарёи Кабуд ҳаромӣ мекунанд ва мегӯяд ғармиҳора тамом кардем навбати қирзҳо расид ҳамихелишон бояд кунем.

Ҷои истироҳатии дигараш ноҳияи Сангвор-даромадгоҳи ноҳияи Сангвор лаби ҳавзи Кабуд аст, ки занҳоеро, ки дар ҳукумат ва ташкилоту идораҳо кор мекунанд, ба воситаи сарпарастҳо (кураторҳо) бо шантажу иръоб маҷбур мекунанд; барои камбудиҳои онҳо делои ҷиноятӣ таҳия мекунанд ва онҳоро бо шантаж маҷбур ба ҳамхобагӣ мекунанд. Ба ҷои он, ки фармонҳои президентро иҷро кунанд, Сайдализода Муродалӣ аз заифӣ ва бечорагии онҳо истифода мебарад: онҳоро камбудӣ ёфта таҷовуз мекунанд.

Масалан, бо Мадина, корманди САҲШ (ЗАКС), Ноҳияи Рашт камбудияшро ёфта, ӯро шантаж карда таҷовуз мекунанд.

Хонандаи гиромӣ, тасаввур кунед, ки Сардори Раёсати Амният 5 ноҳия-Сайдализода Муродалӣ-як наркаман ва бангӣ ва таҷовузгар аст!!! Аз инҳо мо чи гуна орзуи амонӣ кунем?

Гуфтаанд, ки мо мардуми Кӯлоб омада давраи ҷанги шаҳрвандиро дар ин ҷо азобу азият кашидаем; имрӯз зану духтари мардум Водии Раштро, Сангвору Нурободу Тоҷикободу Лахшро таҷовуз мекунанд… ин супориши бевоситаи роҳбари давлат аст, ки дар паси парда супориш додааст. Сайдализода ҳамаро ба дод овардааст дар Водии Рашт.

Оё ин ҳукумат соҳиби воқеӣ дорад, ки лаҷоми ин ҷинояткоронро бикашад?

Бо эҳтиром, пири солхурда аз Водии Рашт.

Share This Article