Пушти ҳодисаи “Бонкир” киҳо истодаанду чӣ мехоҳанд?

Ислоҳ нет

     Эмомалӣ Раҳмонов барои пайдо кардани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси «Ориёнбонк» ба Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон то рӯзи 2 август муҳлат додааст. Дар сурати ғайр, эҳтимол меравад Рамазон Раҳимзода аз мақомаш ронда шавад.

 Манбаъи муътамади мо, ки қарори маълум аз вай ном нахоҳем бурд, гуфт ҳамин чанд рӯзи пеш Эмомалӣ Раҳмонов Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ва СС. Ятимов, раиси КДАМ-ро бо сахттарин алфоз таҳқиру дашном карда ва супориши қатъӣ додааст, ки ҷасади муовини Ҳасан Асадуллозода дар «Ориёнбонк»-ро пайдо кунанд. Ин манбаъ гуфт, дар ин «разборка»-и дохилӣ Ҳасан Асадуллозода ҳам ширкат доштааст ва вай низ аз сари қаҳру ғазаб шаппотие ба руву даҳони Рамазон Раҳимзода задааст.

Эмомалӣ Раҳмонов аз он ба шиддат изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳол мақомот натавонистаанд, дар кадом самти гарданаи Анзоб:- дар рӯди Зарафшон, ё дар рудхонаи Варзоб партофтани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоевро муайян ва ҳарчи зудтар ҷасади ӯро пайдо кунанд.

  Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев дар Варзоб аст ё дар Зарафшон?

Рӯзи14-июл Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи дарёфти ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро рад карда гуфт, ки гурӯҳи наҷотбахшони онҳо ҳам дар рӯди Варзоб ва ҳам дар Зарафшон ҷасади мазкурро кофтуков доранд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин Кумита ба расонаҳо гуфтааст, ки «гурӯҳи наҷотбахшон аз маҳалли бозори “Кушониён” то нақби “Истиқлол” ва аз онҷо то маркази ноҳияи Айнӣ ва то марзи Узбекистон ҷасадро ҷустуҷӯ доранд. Як гурӯҳ дар соҳил назорат мебаранд ва гурӯҳи наҷотбахшҳо дохили дарёи Варзобро ҷустуҷӯ доранд. Корҳои ҷустуҷӯ то вақти пайдо шудани ҷасад идома меёбад.”  

Аз ин изҳори назари намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон маълум мегардад, ки ҳанӯз мақомот дақиқ намедонанд, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев дар Варзоб ё Зарафшон афканда шудааст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард аз ин гурӯҳи одамрабоён, ки дар ниҳоят муовини раиси бонкро ба қатл расониданд, панҷ нафарашонро дастгир кардааст. Аммо, маълум мешавад, ки ин панҷ нафар маълумоти кофӣ дар бораи ҷойи ба дарё афкандани Шуҳрат Исматуллоевро надодаанд ва ё инки ин панҷ нафар аслан хабар дар ин бора надоранд. Ба эҳтимоли қавӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла додситонӣ, танҳо бар пояи навори мунташиршудаи Рустам Ашӯров, яке аз аъзои ин даста, бо модараш дар шабакаҳои маҷозӣ, ки бисёр ҳам машкук ва мармуз ба назар мерасад, кори тафтишу ҷустуҷуи ҷасадро ба роҳ мондаанд ва аз ин панҷ нафаре, ки мегӯянд дастгир кардаанд, натавонистаанд кадом маълумоти мушаххасеро ба даст оваранд. Вагарна агар ин панҷ тани боздоштшуда ҷойи ба руд афканданро мегуфт, наҷотбахшони Кумитаи изтирории Тоҷикистон ҳам Варзоб-аз бозори Кушониён то нақби Истиқлол -ва ҳам дарёи Зарафшонро то марзи Узбакистон кофтуков намекарданд. Ҳамон ҷойи мушаххасро, ҳадди ақал ё Варзоб ва ё Зарафшонро мекофтанд. Ҳоло бори дигар пеши назар оваред, ки Рустам Ашӯров, ки дар Молдова кушта гардид дар ин навор Варзоб мегуяд, аз Зарафшон ном намегирад. Чаро Рустам Ашӯров ҷойи ба дарё афкандани ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро дақиқан эълон накард, ки ин ҳолати кор ҳам бисёр шубҳаовар аст. Вақте қотеъона ва бо итминон мегӯяд, ки Шӯҳратро Дилшод заду кушту ӯ ҷасадро ба дарё афканд, аммо ҷойи партофтанро намегӯяд, кас ба дурустии ин сӯҳбатҳо шак мекунад. Вақте ҳам дарёи Варзоб ва ҳам Зарафшон кофтукоб мешавад, ин маънои онро дорад, ки мақомот мутмаин нестанд, ки ҷасад дар куҷо ба дарё андохта шудааст ? Ва, ин савол ҳам пайдо шуданаш мумкин аст ки оё Шуҳрат Исматуллоев дар ҳақиқат ба дарё афканда ва ё дар ҷойи дигар хок шудааст ва дар ин ҳолат ин гумон ҳам метавонад пеш ояд, ки ӯ дар ҳақиқат кушта шудааст ва ё зинда асту дар ҷое бандӣ мебошад? Маъно надорад, ки як ҷасадро дар ду дарёи комилан муқобил бикобӣ!

  Воқиан ҳам қазияи бар сари Шӯҳрат Исматуллоев омада як детектив ва драмаеро мемонад, ки беш аз пеш паҳлуҳои норушани он дорад рӯшан мешавад. Дар як хабаре, ки ба дасти мо расид, гуфта мешавад, ки дар соли 2018 бо баҳонаи ҷавонсозӣ дар «Ориёнбонк» кадрҳои аз 50 сола болоро ҷавоб додаанд. Аммо, баъдтар маълум мешавад онҳое, ки калонсолҳоро иваз кардаанд, на ҳамаашон ҷавон будаанд. Онҳое, ки омаданд муддате нагузашта ба криптовалюта машғул мешаванд ва одат мекунанд. Шӯҳрат Исматуллоев ба маблағи 20 (бист) миллион $ ба “биткоин” мегузорад. Аммо дар миён чи чизе мешаваду пулро аз даст медиҳад ва як ҷангу ҷангҷоле бармехезад ва ӯро мебаранду мурданивор латтукуб мекунанд. Соҳиби хабар мегӯяд, ки Шӯҳрат бо фармони боло қапида ва шиканҷа шудааст. Вай дар натиҷаи шиканҷаи зиёд ҷон мебозад. Ҷасади ӯро бо мошин бурда ба дарёи Зарафшон мепартоянд. Ин расонандаи хабар бар ин бовар аст, ки Рустам Ашӯровро кумак карданд, ки бигурезад. Аммо, вақте ба Молдова мерасад, ки аллакай мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷӯи ӯро эълон дошта буданд. Дар шиносномаи вай кадом иштибоҳе ҷой надошт ва вай мебоист аз Молдова ба Украина мерафт. Аммо, азбаски даъватномаи Украинаро надошт, мақомоти Молдова ӯро иҷозаи ворид шудан надода ва тибқи қоида ба ҷое, ки омада буд-Туркия бояд мефиристод. Рустам дигар кореро анҷом дод, ки бақияашро ҳамагон медонем.

   Ҷасади Рустам Ашӯровро кӣ аз Молдова овард? Пиандари Рустам Ашӯров дар МВД кор мекунад.

  Ҷасади Рустам Ашӯровро холаи вай аз Молдова ба Туркия ва аз онҷо ба Душанбе овард. Дар фурудгоҳи Душанбе кормандони УУР (Шоҳрух Саид) ва УБОП( Шодӣ Ҳафиззода) мунтазири омадани онҳо буданд. Аммо амният ин пирзанро тавре гирифту баровард, ки касе хабар наёфт. Барои ҳеҷ кас «доступ» надод. Мустақим бурданд КДАМ. Рустам  какан-бачаи думовард будаст. Модараш шавҳари дуввум кардааст. Шавҳари дуввуми модари Рустам полковник Сафар Саломович Ҳабибуллоев, сардори Раёсати кор бо ноболиғони ВКД мебошад. Аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.Қабл аз ин Сафар Саломович дар мақоми муовини УУР (Шоҳрух Сайид) кор кардааст. Манбаи мо дар ҳайати тафтишотии Додситонии кулл гуфт, ки ин чанд рӯз аст ки тафтишот полковник Ҳабибуллоев Сафарро чандин бор барои бозпурсӣ даъват кард. Зеро ин полковник аз қазияи куштори Шуҳрат Исматуллоев ва навори суҳбати Рустам бо модараш пеш аз онки мунташир шавад, огоҳ будааст. Чунки вай ҳоло бо зани аввал зиндагӣ намекунад, ҳамроҳи модари Рустам аст

   Манбаъи мо гуфт, ки ин навор то инки мунташир бишавад, «корректироват» шудааст. Дар нусхаи асли он модари Рустам ба ӯ мегуяд, ки «бухе биё, Сафар Саломович корота буд мекунад, ёрдам мекунад». Онҷояшро буридаанд, ин қисмат ҳазф карда шудааст аз навори мунташир гашта. Дар ҳар ҳол Сафар Саломович як ҳафта  пеш аз нашри навор ин наворро дида ва аз муҳтавои он огоҳ будааст. Яъне вай ба унвони як мақоми баландпояи ВКД ин маълумоти муҳимро ба мақомот нарасонида пинҳон доштааст, ки барои нарасонидани маълумот ва махфӣ кардани он қонунгузорӣ муҷозот пешбинӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки Прокуратура бо вай сахт кашокаш дорад, ки ту чаро медонистиву пинҳон доштӣ. Сафар Саломович таҳти истинтоқи тафтишот қарор дорад ва гумон аст ки дигар битавонад дар ВКД корро идома бидиҳад ва ба эҳтимоли зиёд маҳкум ба зиндон ҳам бишавад. Ҳамчуноне, ки қаблан гуфтем ду корманди УБОП ва як корманди ОМОН дар робита ба ин қазия дастгир карда шудаанд.

         Дилшоди «Красавчик» ба сиёсат омаданист?

Худи онки Дилшод Сайидмуродов, ба унвони қотил ва раҳбари гурӯҳ озодона аз фурудгоҳи Душанбе ба Маскав парвоз мекунад ва ӯро дар онҷо шиносҳои овони донишомӯзиаш, ки низ кормандони мақомотанд истиқбол гирифта ва ба мавозеи зери назорати Русия дар Украин, ки дар дасти ЧВК «Вагнер» аст, мефиристанд, ҳазору як пурсишу саволҳоеро дунбол дорад. Ин ҳам дар ҳоле аст ки мақомот муайян кардаанд, ки барои анҷоми амалиёти рабудани Шӯҳрат Исматуллоев ҳанӯз аз моҳи март омодагӣ дида будаанд.

  Дилшоди «красавчик» ва ёрони ҷиноияш ҳанӯз як моҳи пеш аз ин ҳодиса як бустонсароеро дар Варзоб ба иҷора гирифта будаанд ва ин дача аз они одами бегона ҳам не, аз они додарзани генерал Мурод Саидов, телехи Эмомалӣ Раҳмонов будааст. Ному насаби соҳиби дачаро пайдо карда натавонистем, аммо манбаъи мо гуфт, ки ӯро низ дастгир карда то чанд муддате маҳкам ва таҳти истинтоқ қарор доданд, аммо Мурод миёнадаро шудааст ва ҳоло ӯ бо «подписка о не виезде» раҳо шудааст. Дар ҳамин ҳол хабарҳои расида ҳокист, ки даҳҳо нафарро, ки бо Шӯҳрат Исматуллоев, муомилаҳои пуливу қарзӣ доштаанд, гурӯҳи тафтишотии ташкилшуда аз ҳисоби мақомот оварда таҳти шиканҷаву азоб қарор дода ва бо тарси онки туро ҳам ба унвони аъзои гурӯҳ мешинонем, пул канда истодаанд. Барои мисол қарзи гирифтаи Қамар Азизов, домсози ваҳдатии бародари Қайс Азизови овозхони дастаи «Анис» аз Шуҳрат Исматуллоев аз 3,5 миллион доллар ба 7.5 миллион доллар расидааст.

  Ду духтаре, ки аз ВИП -толори махсус Дилшод ва занашро бадрақа кардаанд аз кор сур карданд. Дилшод ба онҳо ҷойи 200 доллар 100 доллар додааст. Бо баҳонаи онки чаро ту 50% гирифта онҳоро сур мекунанд. Нафаре, ки як моҳи пеш барои Дилшод билет харидааст, ӯро ҳам оварда истинтоқ мекунанд. Ин духтарҳо ва ин бача аз куҷо медонистанд, ки Дилшод ҳамчунин ҷинояте содир мекунад.

 Саволи аз ҳама асосӣ ин аст ки оё Дилшод муваффақ шуд, ки биткоинҳои Шуҳрат Исматуллоевро бигирад? Оё дар ҳақиқат Шӯҳрат Исматуллоев коду рамзҳои хазона ё ҳамон суратҳисобҳои оффшориро бо худ бурд ё ҳадди ақал нисф ва ё қисмате аз онҳоро ба Дилшоди красавчик дастрас кард? Изи русҳо ҳам дар ин моҷаро вуҷуд дорад ё хайр? Ин кор кори танҳо гурӯҳи Дилшод аст? Манзур фақат онҳое, ки мақомот мегӯянд, дар ин спектакл рол бозидаанд ва ё нақшофарони беруна, коргардонҳои хориҷӣ ҳам даст доранд?

  Ва, оё дар ин кори ӯ ҳамсабақони русии Дилшод бо ӯ ҳамдаст ҳастанд ё не? Агар ҳамдаст набуданд ва агар кадом манофеъе дар миён набуд, чаро ӯро аз трапи самолёт,аз дохили фурудгоҳ «ҳуҷ» карда боз баУкраина фирориаш медиҳанд? Рустам Ашӯров ҳам, ба эҳтимоли зиёд на Аврупо, балки маҳз Украина бояд мерафт ва таҳти ҳимояту муҳофизати ЧВК «Вагнер» қарор мегирифт. Паси ин ҳама «нағма»-ҳо чи буда метавонад?  Инҷо ҳама чиз ва ҳамаи бозӣ барои фақат пул аст ва ё сохтани «почва» барои таҳаввулоти сиёсӣ? Русҳо хостанд Раҳмоновро аз суратҳисобҳо маҳрум кунанд? Ин кор ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам иртибот дорад ё хайр. Чаро маҳз дар ин шабурӯзҳо сафорати Русия дар Тоҷикистон ба як навиштаи «Ислоҳ» роҷеъ ба номзадҳои эҳтимолии мавриди назари Русия барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард?  Матлаби “Ислоҳ” ,ки дар 15.06.2023 зери унвони «Табаддулоти давлатӣ»  https://isloh.net/tabadduloti-davlat/    буд.

Ҳамчунин изҳори назар барои як навиштаи як сомонаи мунтақиди сарсахти Раҳмонов ва он ҳам, ки мустақим ба сарнавишти Раҳмонов дахл дорад,ба чи хотир аст?

 Инро бояд бигӯем, ки сафири Русия дар Тоҷикистон ба навиштаи «Ислоҳ» посух дод. Дар як  матлаби дигарамон мо масъалаи дар утоқҳои Крмелин мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтани интихоботи навбатӣ ( дар асл ғайри навбатӣ)-и Тоҷикистонро  ба риштаи тасвир кашида ва кондидҳои мавриди эътимоди Русияро ҳам ном бурда будем.

Дар ҳоле, ки аз нашри ин матлаб чанд вақт гузашт ва дар як чунин ҳолатҳои ҳасос онро мавзӯъи суҳбат қарор додан тасодуф буда намеавонад. Аслан сафирҳо тасодуфӣ ва бадоҳатан гап намезананд.

Инчунин мо медонем, ки ЧВК «Вагнер» чи қувваву қудрате асту ба чи корҳо метавонад машғул бошад ва вақте Дилшоди красавчик ва ҳамроҳони вайро «таги қанат» кардааст, наметавонад, мақомоти Тоҷикистонро ба андеша водор насозад.

 Дар ин миён Дилшоди Красавчик ба яке аз роҳбарони мухолифини тоҷик занг зада пешниҳоди ҳамкорӣ барои сарнагун кардани Эмомалӣ Раҳмонов ва дору дастаи ӯро додааст. Дилшод ба ҳеҷ яке аз саволҳои ин роҳбари мухолифини посух надода ва фақат Шоҳрух, Рустам ва Эмомалӣ Раҳмоновро ҳақоратҳои қабеҳ кардааст. Гуфтааст бар муқобили онҳо ва барои чапа кардани онҳо ба ҳамгуна намудҳои мубориза розӣ аст.

                 Марҳалаи интиқоли қудрат шуруъ шуд?

Бинобар маълумоти расида ба мо Раҳмонов барои интиқоли қудрат даст ба чораҳои таъҷилӣ зада истодааст. Бо вуҷуди онки ин ҳама генералу ченералҳоро худаш сохтааст, гапгап ҳаст, ки бархе аз онҳоро бо ин баҳона аз мақомҳо азл мекунад ва афроди комилан содиқу вафодореро бояд оварад.

  Раҳмонов мехоҳад дар соли оянда барномаи таҳвили қудратро пиёда кунад. Вай барои иҷрои ин барнома фазои кишварро амниятӣ ва мушавваш  сохтан мехоҳад ва қазияи Шӯҳрат Исматуллоев ҳам оғози ҳамин марҳала мебошад.

  Ҳамчуноне гуфтем дар разборкаи назди Раҳмонов дили Рамазон Раҳимзода мезанад. Чун Раҳмонов ӯро ин бор «срок» додааст. Ҷойгузини ӯро тайёр кардаанд. Вай Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков аст. Умеди Раҳмонов Бузмаков аст. Албтта, нафари дигар ҳам ҳаст: Искандар Раҷаб, қаблан муовини вазир ва феълан сардори милисаи минтақаи Кулоб аст. Раҷабов ҳам аз Данғара аст. Аммо вай дипломат ва ниҳоят нарму мулоим аст.

  Айни замон, ончуноне, ки маълумот мерасад Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода, як даст либоси нави генералӣ фармоиш додааст, ки қимати онро 30.000 доллар гуфтанд. Ҳамчунин дар ҷои СС.Ятимов ҳам нафари дигарро оварданист. Раҳмонов барои Рустам роҳҳоро ҳамвор ва кадрҳоеро дар мақомот мансуб кардан мехоҳад, ки дар итоати бечунучарои Рустам қарор дошта бошанд. Вале, ҳамчуноне ба назар мерасад, барои иҷрои ин барномааш «о.кей»-и русҳоро нагирифтааст ва инки Дилшоди красавчик дар «Вагнер» паноҳгоҳ меёбанд ва сафири Русия бо зери по гузоштани ҳама назокат фаросати дипломатӣ «масъалаи интихоботи раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон»-ро дар васат мекашад, бар он далолат медиҳад, ки агарки Рустамро оварданист, маърака саҳлу сода намегузарад.

 Дар ҳар ҳол қазияи Шӯҳрат Исматуллоев сари вазири дохилии Молдоваро хӯрд, сари Рамазон Раҳимзодаро ҳам мехурад ё хайр, то чанд вақти дигар маълум мешавад.

Share This Article