Раштонзамин аз намояндаи “Фронти халқӣ”истиқбол намуданд

Ислоҳ нет

 

  Боз ҳамон манзараву боз ҳамон масхара.Ин бор баҳона таҷлил аз солгарди рӯзи “Ваҳдат” ё ҷашни унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдат”.

 

 Парвози чархбол. Фурудгоҳҳои саҳроӣ. Аз Сангвор то Нуробод бо чархбол. Аз Нуробод то Тоҷикобод бо чархбол.Пешвоз  бо рақсу суруд ва духтарону занони ороставу пироста бо пироҳанҳои атласу адрасу чакан.Манзареки онро на Чингизу муғулҳо карда буданд, на Ленину Сталин. Мардуми куҳистон дар умум шаҳрҳои бостонии куҳани худ чун Самарқанд ва Бухоро ва дигар шаҳрҳои худро тарк карда ва маҳз ин манотиқи куҳистон ва қуллаҳои дастнорасеро интихоб намудабуданд.Сабаб дину мазҳабашон зери таъарруз ва занону духтаронашон канизони бегонамиллатон қарор нагиранду ба монанди як колои беарзиш ба аҷнабиён тақдим нагарданд.Асрҳо иффату покдомании зану духтарони худро ҳифзу ҳимоят намуданд ва ба ҳеҷ бегонамиллате нагузоштанд бо пайкари нози онҳо бо нимнигоҳе бингаранд.

 

Аммо имрӯз  наберагони он бузургмардони гузаштаи ин диёр,духтарони қадраси худ,ки ҷавҳари номус ва шарафи ҳар хонадони мардуми ин диёр,то омадани “Фронти халқӣ” ба шумор мерафт,дар маърази тамошои як фиръавне аз табори “Фронти халқӣ” қарор доданд ва боз мардонаш ношармида ба ин беҳаёгӣ қарсак мезананду бо ин даёсат ношармида  фахр мекунанд. Албатта,то ба ин ҳад расонидани мардумони ин манотиқ  ва даронидани пардаи номуси ин мардумони бо нангу номус,  ин хирасар хело заҳмат кашид,ки ин мардумро ба чунин ҳолу рӯзгор расонид.Абармардону шерони жаёнашонро кушт ва бархеи дигарро бо туҳмат зиндонӣ ва бархеӣ дигарро бо бедироятӣ маҷбур ба ҳиҷрати меҳнатӣ ва ё дар пайгарди қонунӣ қарор дод.Пас аз ин қиркунии умумияш танҳо занону духтарони ин сарзамини дастнохурдаи куҳистон зери истилоӣ ин фиръавни аз табори “Фронти халқӣ” қарор гирифтанд.

 

Агар касе бовар надошта бошед аз домулло Ҳикматуллоҳ пурсед,ки чунин истиқболе аз ЭР бо духтаронамон намудем ва рақсҳое духтаронамон дар наздаш намуданд, оё дар шариъати ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ иҷозат аст? Ҳар посухе ин домуллои гиромӣ дод ман бо он сад дар сад розиям ва расман аз ЭР бахшиш мепурсам.

 

Боз бо чӣ таҳқиркуние ин мардумро мақомоташ амр намуданд,то ба истиқболаш бароянду ӯ аз ин манзара лаззат бурда якҷаҳон ташаккур гуяд.Вой ба ҳоли ин миллати бо шарфу номуси ин минтақаи асрҳо дастнохурдаи феълан истилогашта.

 

Шакли истиқболи Фиръавне аз табори “Фронти халқӣ”

 

 Дар сари замини картошка -фарши қирмиз, дар сари замини кадуву нахуду лубӣ-фарши қирмиз, дар даромадгоҳи фермаи мурғ-фарши қирмиз, дар даромадгоҳи фермаи гов- фарши қирмиз.Ифтитоҳи майдони варзишӣ-лента ва қайчӣ, ифтитоҳи мағоза-лента ва қайчӣ,ифтитоҳи ҳаммом – лента  ва қайчӣ.Гузоштани санги асосу кафлесу аз табақ рехтани семент ба таҳкурсии бинои ҳизби халқӣ-демократӣ, гузоштани санги асосу кафлесу аз табақ рехтани семент ба таҳкурсии   бинои кумитаи амният ва …фаҳмидед,пай бурдед, номашро нагӯям ҳам мешавад. Ҳамон, бале ҳамон  “вай-вай”. Вой доооооод! Ба ростӣ безор нашудем?  Бисту анд сол аст,ки ҳамон як афту ҳамон як башара,ҳамон кору ҳамон кирдор, ҳамон рафтору ҳамон гуфтор.

 

Боз номи инро гузоштаанд боздиди корӣ?! Кадом кор? “Духтарора нонпазӣ буомузонен”-кор ҳаминай?

 

Табақтӯҳфагирӣ ? Боздиди корӣ?Инки барои ӯ шуда тракторҳоро рангу говҳоро шампуншӯву талабаҳоро аз таътил фаро хонда ба синфхонаҳо даровардан кор аст?

 

   Инки барои ӯ шуда аз Қурғонтеппаву Самарқанду Душанбе рафта, помидору бодирингу пиёзи наву балгару гелосу зардолу тарбузаву харбуза овардану дар сари замин кишт, дар лаби саҳро “прилавка” сохтану тамошобоб кардан кор аст? Ҳамин ҳоло ки аз телевизион мебинед чӣ андеша доред?

 

Магар ҳамин ҳоло дар Сангвор помидор пухтааст? Хиҷолат намекашед? Шарм намедоред? Ин кор аст? Боздиди корӣ дурӯғсозиву дурӯғбофӣ аст? Ҳоло ниҳоли помидор ҳатто ғӯра набастааст дар Сангвор ва моҳи август помидор мерасад дар он минтақа. Шумо киро масхара карда истодаед? Худатонро ё мардумро?

 

 Инки барои ӯ шуда қатор қатор танӯру дегдонҳоро дар сари саҳрову лаби замини кишт овардан чи зарурат дорад? Магар ӯ нону кулчаву чапотиро дар умри сараш надидааст? Ӯ аз Зимбабве ё аз Камерун ва ё Утар Прадеш омадааст? Ӯ турист аст? Ӯ кӣ аст?

 

Растаи бақару буққа чаро? Бо шампуни шайма шустаед ё бо фейрӣ? Ӯ бақару буққаро қаблан надида буд?Аммо онҳоро дида хурсанд шуд. Намедонам чаро? Ун бақару буққаҳо ҳам дар дидораш муштоқ будаанд, ки бо ҳавас менигаристанд. Маълум, ки сахт пазмонаш шудаанд.

 

  Корду досу зоғнулу кетман чаро? Онҷо мебудам бо ҳамон зоғнӯл ба шиками аз пули ғорати ин миллат варамидааш мезадам,то онҳамаро қай мекард ҳам худашро сабук ва миллатро осуда мекард.

 

 Тамбӯру рубобу тавлак ҳам ба намоиш гузошта шудаанд, барои боздиди кории ӯ.

 

   …. Аммо вақте барояш мусаввараи худашро бо модараш тақдим карданд, ангор сахт мутаасир шуд. Хеле гуфт, албатта аз модараш. Гуфт кафои дасташ обила буданд, баробари даҳ мард кор мекард. Гуфт писари ман бояд бухонад.Падарама гуфт,ки мон бачама бхона ма лоқота мешум,ма говта нигоҳ мекунм,ма авқотат мекунм бачама дуъо те брава бухона.

 

Худораҳмати очам ай акдемикҳо ҳам босаводтар буд. Хайрият, ки ҳамин ташвиқу таҳрики модар будааст, ки ҳадди ақал заочний тавонстӣ бихонӣ. Вагарна воқеан зеби даҳмардагиро ҳоло ҳам дорӣ! Дуруст аст ки дар сӯҳбатҳои қаблӣ ҳам аз модар ёдоварӣ мекардед,аммо чаро як мартиба аз падар намегуед. Дувоздаҳ сол бонӣ кардаед. Хуб аст.Вале на аксаш ҳаст, на боре онгуна ки холаи Марямро зикр мекунеду аксҳояшро ҳатто дар роҳҳои ҷумҳурӣ часпонда овезон  кардаед, чаро як бор аз падар  намегӯед. Мардум ҳар гап-ҳар гап мезананд…. рост аст чӣ? Мегӯянд, ки ҷанозаашро ҳам хапу хомуш дар солҳои тенҷи 1999 ё 2000  гузаронидаед. Як манбаъ зикр карда буд падар ё падарандаратон (охир намедонем чӣ гӯем ва ӯ кӣ будааст ба шумо?) тамоман бо забони тоҷикӣ суҳбат карда наметавонистааст ва аз ин шарматон меомадааст.Ин қадар ифтихор, ки аз модар доред аз падар надоред,чаро? Ба фарзандону набераҳоятон ҳам мегуфтаед, и “хай майлаш, ман вай.. лекин модара гуш кунен, эҳтиром кунен”.Аҷаб. Чаро? Худатон ҳам ягон  чиро медонед чӣ?….

 

….Мушоҳида кардед вақте аз чархбол дар деҳаи Хумдон фаромад раиси Нуробод бо ӯ салом кард ва пешво бо нуки дастонаш бо ӯ саломкард ва раис хост дар паҳлуяш дар рӯйи қолини сурх бо ӯ қадам занад, бечораро бо ишора гуфтанд ҳой ту куҷо ин махсус барои ҷаноби …….аст дар ҳол аз болои қолини сурх берунаш карданд.

 

 Сулаймон Давлатови раиси Кумитаи зидди динро ҳам аз паҳлуяш дар Сангвор ҳангоме хост бо ӯ равад дар назди стадионеки бо пули мардум онро рост карда будаанду ӯ лентаро бо қайчии сеҳрнокаш бурид,ана дар ҳамонҷо телехаш аз дасти Сулаймон Давлатов гирифта қафо кашид ё ӯро бо ибораи дигар аз назди пешво ронданд. Ӯ бояд тоқа, танҳо ва ягона бошад. Барои ҳамин имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ ҷашни Ваҳдатро танҳо худаш таҷлил мекунад. Ӯ,ки дигар Асосгузори сулҳу ваҳдат аст, ку? Ӯ сулҳу ваҳдатро  сохтагӣ аст. Устои сулҳу ваҳдат худи ӯ аст. Азбаски устои сулҳу ваҳдат аст имрӯзҳо ӯ ид дорад. Танҳо ӯ ҷашн бояд бигирад.Дигарҳо ҳама қарсак бизананд, даст афшонанд, ҳо боракалло бигӯянд аз доштани ӯ ба Худо шикоят кунанд ва ё шукрона инро ҳар шахс аз худаш пурсад ва посухашро ба худаш шунавонад. Масалан ,шумо маркази хидматрасонии чаҳорқабата месозед, шумо мағоза месозед, шумо ҳаммом месозед, бо пули ҷайби худатон, аммо ӯ бояд ифтитоҳ кунад.

 

Чунки ӯ Асосгузори сулҳу ваҳдат аст. шумо, чанд бизнесмен пул мепартоеду сару либос мехаред, велосипедча мехаред, ӯ омада онҳоро ба ятиму бебизоатбачаҳо тақсим карда савоб мегирад.Ба мағозаи шумо дохил мешавад каропкаи сникерсро мегирад ва ба кудакон мисли дуздон тақсим мекунад,охир аз худаш набошад аз пули шумо аст ӯ аз “Фронти халқӣ” аст ва ба ин зада гирифтанҳо омухта аст.”Масраф агар аз кисаи меҳмон бувад Ҳотами Тойи шудан осон бувад” вале инҷо масраф ҳама аз кисаи мезбонҳо вале харҷу садақа бо номи худатон мехоҳед сабт гардад.Ҳама вақт ӯ зада ба зури аз мардум гирифтааст ва агар ба шикамбаш нигаред осораш намоён аст,хоссатан вақте чеҳраашро турш мекунад мегуфта бошед Азоби Илоҳӣ сарозер шудааст, хоссатан аз чархбол фаромаданҳояшро аҳамият диҳед. Дар наздаш гулдухтарони қаротегинӣ вақте шеър мехонанд ва гулдастаҳоро мехоҳанд тақдимаш кунанд бо як такаббуре мегӯяд на истед ма бахшидам шумода, пешам наёед,аз чӣ метарсида бошад ё тавба?

Ӯҳ, ӯйе!!  Чи корҳое, чи номаъқулиҳое, ки накарда истодааст. Гӯиё ҳам Худоро,ҳам халқи Худро ва ҳам кудакону ҳам соҳибони пулро фиреб дода истодаасту ва касе ҳам ҳамаи ин маймунгариро намефаҳмида бошад. Инки сафари корӣ мекунад, ба ин ё он ноҳия мардум ба ҷон меоянд. Аз сардори як хоҷагии деҳқонӣ то муовину раиси ноҳия ба ҷамъоврӣ шурӯъ мекунанд. Аз сари хонандаи мактаб, аз сари фарзанди муҳоҷир дар Русия, аз лаби маош,аз пули савдои фарз кардем дӯкони гӯштфурӯшӣ. Ҷаноб меояд бояд, “дастойни” пешвоз гирем. Хезеду сафари Ҷаноб “круиз” бошад, ку бало зад гуфтан гиред.Барои наҳори Ҷанобу лашкари яъҷуҷу маъҷуҷаш,барои чошт ва барои шоми ӯ бояд ҷамъ кард: гӯшт, биринҷ, зарҷома, шалғам, тухум, картошка,равғани зағир, фатирмаска, шакароб, қурутов, нок, тарбуз,харбуза, ангур, афлесун, мандарин ва “Шоҳона”, “Тоҷикистон” ва…. ва…

Боз қабл аз омадани ӯ як ҳафта -даҳ руз пеш милисаву снайперу саперҳояш меоянд, ки як дарди сари дигар,то тарк кардани ноҳияе омадааст.

Якке аз дастандаркорони ҳамин боздиди ахири кориаш гуфт, ки “бовар кун, домулло, ба ҷони ҳама задагияй. Се моҳ боз аст ки дар як ҳолати сангин ҳастем. Сару либос харида дузонидем, маҷбурӣ аз падару модарони духтарҳо пул гирифтем, кор ҳатто бо милисаву суд ҳам кашид,ин помидору бодирингу оличаву гелоса намегӯӣ. То инҷо расидау овардана килои онҳо аз 40-50 сомонӣ ҳам гузашт. Хона ба хона, синф ба синф, масҷид ба масҷид пул ҷамъ кардем. Чандин  ҷавонои “облава” шудагиро ба падару модарошон фурухта харҷи ҳамин сафари Ҷаноб кардем.Маршировкаи духтаронро намегуед бечораҳоро аз таҳсил барои пешвоз манъ намудем,то мабодо дасти кадомеаш,пойи кадоме,садои кадом духтаре дар шеърхондану тавсифу мадҳия сароияшон  дар пешвози ҷаноби “Худо ҷунша нагирифт моҳам халос мешидем мардумам” безеб барояд,ки раиси ноҳия дигар …Хуллас,ҳар касе масъулу мутасаддӣ буд тамоми шикофиҳои Ҷанобу аҳли байташа пур кард. Охир як ҳамин мошина киро карда рафта аз Душанбе ё  Қурған овардани помидору бодиринга намегӯӣ?”

 

     Дар он ҷаласа дар Сангвор, ки дар толоре доир кард, духтареро бо сару рӯи бараҳна  дар пешорӯйи рӯҳонӣ қарор дода буданд, ки аз ӯ хайрамақдам бигӯяд.Ӯро тамҷиду тавсиф бикунад.Албатта, ин манзараро ҳам муаллифони ин сенариё амдан ва дониста, ба хотири таҳқири муллову дину ойин кардаанд.Агарчӣ он рӯҳонӣ чашмҳои худро комилан ба боло ва дигар тараф мегирифт вале муҳим ин корро чунон тарроҳӣ кардаанд,ки чӣ мегуянд,мо аз “фронти халқӣ” ҳаркоре хоҳем мекунем.

 

   Ӯ боздиди кориашро  ба водии Рашт ба муносибати 22 юмин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ идома дода истодааст.Аз ҳама аҷибаш дар ин буд,ки  ӯ ин сафарашро дақиқан аз маҳалли иқомату зиндагии шаҳид Мирзо Зиё,ки худашон бо фиреб ӯро ба онҷо бурданд ва дар онҷо як корманди КДАМ номардона ӯро паронида шаҳид кард.Ин чунин аз маҳалли таваллуди устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ оғоз намуд. Аммо ҳарфе аз онҳо ва садҳо шаҳидони дигари ин минтақа,ки ин режими “фронти халқӣ”-ро 22 сол қабл ба зонӯ нишонда ва тавалло мекарданд бо мо сулҳ кунед ва то атрофи шаҳри душанбе дар ихтиёрашон буд аз онҳо чизе ба забон наовард. Дар рӯзи Ваҳдат нагуфт, ки чаро имрӯзро ваҳдат унвон кардаем ва киҳо барои  ҳамчунин рӯзро соҳиб шудани миллат ҷонбозиҳо карданду фидо шуданд. Ӯ аз тарафи дигари сулҳ ,аз муаллифи имзои дуввуми сулҳ Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аслан номнабурд.

 

  Бистуду сол қабл ришу фаши устод Нуриро мебӯсиду мемолид,ки бо ӯ оштӣ карду ҳукуматро додаш. Имрӯз ҳатто ёдаш ҳам намекунад. Балки баракс имрӯз тараферо, ки тарафи дигари сулҳ буд, инкор мекунад, террорист мехонад . Ҳеҷ ёдеву ёдоварӣ накард, ки ин ваҳдат чи гуна ба даст омад, ин сулҳро киҳо сохтанд?

 

Дар ноҳияи Нуробод бошад он ноҳияеки Зайд Саидов аз онҷост,фарзанди ин ноҳияро барои интригаи шахсияш ба 29 сол равонаи зиндон намудааст.Боз шарм нокарда дар назди хешутабори ӯ менишинад ва мегуяд шумо маро кумак намудед,ки ман чун Фиръавне шудам.Он рӯзҳоероки мардуми ин ноҳияи ғаюр бо “Фронти халқӣ” карда буданд,ки пашае аз тарафи режим аз он шоҳроҳ ёрои гузаштан надоштанд пас аз куштан ва зиндон кардани шермардони он ноҳия имрӯз бо таҳти дилаш механдад,ки шумое,ки маро ба зонӯ нишонда будед маро чун истилогар бо гулдухтаронатон пешвоз мегиред.

 

 Хулоса дар умум метавон ин “сафари корӣ дар ҳошияи иди унвони худаш” сунъиву сохтаву дурӯғ мегузаронад.Ҳама саҳнаҳои ин сафар чун ҳукуматдории 27 солааш ҳамагӣ дурӯғ аст. Помидори дурӯғӣ, бодиринги дурӯғӣ ва ҳатто….пешвозу шеърхониву дастафшонии дурӯғин. Аммо умри дурӯғ иншоаллоҳ, ки кӯтоҳ аст.

 

Агар ба чеҳраҳои он мардум бингарӣ ҳамаашон аз дасти ин саркарда ва намояндаи “Фронти халқӣ” наздикеашро гумкарда ё дар зиндон аст ва ё аз бе тадбирии ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё кофтукоби ҷиноятӣ қарор дорад.Ӯ бо кадом дили соф аз як қотил истиқбол менамояд ? Аз тадобири шадиди амниятияш маълум ва ҳувайдост,ки ӯ,то ба ҳол аз ин мардум ва дар умум аз кулли шаҳрвандони кишвар бо ҷиноятҳое анҷомдодааш дар ҳарос аст.

 

Таҳлили ҳаводиси ояндаи ин ҷашни унвони ҷаноби ЭР дар ноҳияи Рашт дар нашрҳои баъдии мо инъикос меёбанд бо мо бошед!

 

Share This Article