Ректори Донишгоҳи Давлатии Бохтар ва Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва муовини КДАМ Алихонов Зубайдуллоро чи бо ҳам мепайвандад?
Барномаатонро дар мавриди Султонзода Сулаймон, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тамошо кардам, хело олист. Мехостам як иловае намоям: Сутонзода холабачае дорад бо номи Давлатзода Сайфиддин Хайриддин (Давлатов Сайфиддин),ки аз Талхоби Данғара ва ӯ ҳоло ректори Донишгоҳи шаҳри Бохтар аст. Ӯ дар гузашта муовини вазири маорифи Тоҷикистон низ буд. Дар мавриди пораситонӣ ва амалҳои коррупсионии ӯ муфассал бароятон менависем. Ин Давлатзода хамчунин амакбачаи Алихонов Зубайдулло Талбакович, ки аз сентиябри соли 2017 муовини раиси КДАМ мебошад.
Давлатзода Сайфиддин собиқ ҷангандаи Фронти халқист ва дар қатлу кушторҳои дастаҷамъи ширкати фаоле доштааст.Борҳо корнамоиҳояшро дар ҷамъомадҳо нақл карда ва ифтихор ҳам дорад. Агарчи дар Талхоби Данғара таваллуд шуда аст вале мегуянд аз деҳаи Қулисуфиёни Данғара, ҳамсоя ва ҳамнишини Пиров Тоҷиддин, раиси Тоҷиксодиротбонк мебошад. Бо кӯмаки Нуриддини бародари Раҳмонов ба мансаб даст ёфт аст. Як порахури ашаддист. Давлатзода Сайфиддин ду пушти хело боқувват дорад яке муовини КДАМ Алихонов ва дуввуми Султонзода раиси коррупсия. Муаллими оддие дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Онҷо низ аз донишҷӯён ва ғоибхонҳо руирост пора мегирифт ва сарусадоҳои зиёде нисбаташ вуҷуд дошт.
Далели гуфтаҳои моро метавонанд кормандони коррупсия албатта пас аз рафтани холабачааш санҷанд. Давлатзода Сайфиддин пас аз сари вазифа омаданаш якбора серпул шуд ва чандин хона дар Душанбе ва атрофи он хари даст,ки аксу нишони он хонаҳо дар дасти мо вуҷуд дорад. Руирост дар назди донишҷӯён донишҷӯҳои хуҷандиро таъна ва тавҳин мекард: «ҳафтод сол шумо хурдед,ҳоло навбати моҳаи».
Давлатзода Нуриддин Саидро шарманда кард
Вазири собиқи маориф Нуриддин Саидро ҳамин одам шармсор кард. Чун медонист, ки вазир русиро хуб намедонад. Дар як ҷаласа як донишҷӯдухтаре, ки бо квота дохил шуда буд аз болои Давлатзода шикоят кард ва Давлатзода инро рад кард. Ҳаминро гуфтаниям, ки воқеан Ӯ аз ҳеҷ гуна таҳқиру таҷовуз даст намекашад. Фактҳои таҷовуз ба номуси чанд донишҷӯдухтарони навоҳии Хатлон,ки дар Д.Носири Хусрав мехонанд мавҷуданд.Бо таҳдид ва зуроварӣ чунин кореро кардааст. Шумо фикр мекунед вазир аз руи дилсузиаш арзи ин духтарро шунид? На ҳаргиз.
Ин як кашмакаши Давлатзода бо вазир буд. Давлатзода дар навбати худ тавассути хабарнигоре ба вазир бо забони русӣ суол дод. Ва вазир дар ҷавоб латукуби кӯдак ва баъзе алфозе гуфту шарманда шуд. Мехост бо ин подствааш вазир шавад. Давлатзода ҳам он қадар саводи кофӣ надорад, рафиқонаш ба ӯ «грузчик» мегуянд, чун, ки ӯ корро аз грузчики оғоз карда будааст. Мисле,ки зодгоҳаш ба Раҳмонов писан два мавриди таъйид аст вале барои вазири маориф шудан Раҳмонов гуфтааст,ки барои вазир шудан бояд каме дар вазифаи ректори донишгоҳ кор кунӣ. Ҳоло ба ин хотир аз охири январи соли ҷорӣ, ректори донишгоҳи давлатии Бохтар бо номи Носири Хусрав аст. Душмани сарсахти ислом ва нафрати шадид дорад,ки нисбати ин нафраташ матлаби муфассал бароятон ирсол менамоем.
Бародар Муҳаммадиқбол, чанд рӯзи пеш, вақте хабари аз мақоми Прокурори вилояти Суғд ба ҷойи Шерхон Салимзода таъйин шудани Ҳабибулло Воҳидов, нашр гардид як хабари дигар ҳам чоп шуда буд, ки мегуфт Сулаймон Султонзодаро ҳам аз мақоми раиси Оҷонсии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия озод карданд. Аммо баъдан ин хабар нопадид шуд. То ҷое шунидем дар ҷаласаи ҷамъбастии имсола дар моҳи январ ӯро аз кор мегирифтаанд. Маълум нест, ки ӯро боз ба ягон мансаби дигар таъйин мекунанд ва ё инки бар муқобилаш делои ҷиноятӣ мекушоянд. Вале як чиз мусаллам аст, ки баъди омадани ӯ ҳам порахӯриву ришвагирӣ зиёд шуд ва ҳам «ставка»-и пора. Аз шумо хоҳиш мекунем,ки дар бораи ҷиноятҳои вай навиштанро давом диҳед.
Ps: Бародари азиз! Мо, ҳеҷ гоҳ аз нашру пахши кирдор ва аъмоли ҷинояткоронаи мақомдорони ин ҳукумат даст барнамедорем. Чунки медонем,ки онҳо хуни халқи бечораро макида истодаанд. Барои ҳамин аз шумо ва ҳама хонандаҳову бинандаҳои «Ислоҳ.нет» хоҳишамон ин аст ки дар ин кор бо мо ва дар канори мо бошанд. Ҳарчи маълумоту далелҳое,ки дар бораи онҳо доред, ба мо ирсол доред. Ҳатман нашр хоҳем кард ва воқеиятҳоро ошкор мекунем.