Ҷияни Абдуҷаббори кавлук: «тағаи ма ҳама мақомота задагияи так что алафтона паст-паст бчарен!»

Ислоҳ нет

  Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики ҷаълӣ, собиқ вазири маориф, собиқ ректор дар Донишгоҳи омузгорӣ, собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизион, собиқ ёрдамчии Президент ва ҳоло сафири Тоҷикистон дар Тошканд, ки худро бинову доно меҳисобад, на як бору ду бор персонажи манфиву нафратангези «Ислоҳ» шудааст. Ин собиқ «растохезчӣ», ки солҳо пеш табдили қиблаву каъба карда ба чокару нукару сарбози Эмомтапак бадал шудааст, як навиштаеро бар зидди Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони байналмилии Ибни Сино навишту онро «Кури худу бинои дигарон» унвон дода дар расонаҳои расмӣ мунташир кард. Гуфтем, ки ин «бинои худ», чандин бор қаҳрамони манфии навиштаҳаи мо гашта буд. Порхориҳои ӯро ҳам навишта будему иншогириҳову румолкашиҳову кавлукманъкуниҳояш дар донишгоҳро ҳам. Аммо ин бор ҳам аз худи вай, аз зани дуввумаш мегуем ва ҳам аз як Илҳом Сафарови ҷиянаш, ки феълан дар як Литсейе дар Шаҳринав мудир таъин шудааст. Гуё дар Шаҳринав кадре дигар пайдо нашуд, ки ин ҷияни Авҷабори кавлук, қушқори кабуд, намоянда аз «бачаҳакои боло» биояду инҷо мудир бишавад.

   Аслан муаллифи ин матлаб онро барои барномаи «Номаҳо….» фиристода буд, вале азбаски ҳаҷми он бештар буд матлаби алоҳидааш кардем.

 Ассалому алейкум Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман омузгори Литсей касбии техникии Шаҳринав ҳастам. Бигзор исму насабам махфӣ монад.

 Дар барномаҳои гузаштаи худ ноҳияи Шаҳринавро барои бефаъолияташ танқид кардед. Ҳатто гуфтед, ки мардуми Шаҳринав чоплус шуданд, ё зулм болои мардум вуҷуд надорад. Бале, зулм болои мардуми мо кам аст. Лекин ғоратгарӣ аз зулм ҳам бадтар аст. Беадолативу ғоратгариҳои руирост дар пеши чашми мо гузаштаистода бисёр нафратовар аст. Маҷбур шудам қаламамро тез кунаму бинависам. Бо ин мактуб  каме аз дуздиву ғоратгарӣ мегуям. Барои он номамро махфӣ кардам, ки бинам баъди нашри мактуб чи тағйирот мешуда бошад. 

     Бародар Муҳаммадиқбол иҷозат диҳед тавассути шумо хитобамро ба Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамон собиқ вазири шармандаи маориф расонам. Абдуҷаббор Раҳмонов ёд дорӣ соли 2011 ба литсейи касбии техники ноҳияи Шаҳринав омадию дар вақти аз назар гузарондани синфҳои муассиса  то овардани калиди онҳо ҳамаи дарҳоро бо поят  зада шикаста даромада туф кардӣ? Ёд дорӣ? Албатта, ки хуб ёд дорӣ, медонам. Он рӯз директор ва ҷонишинонро қатор мондию дар назди муалиммаҳо бо овози баланд «модартона фалон кнам  даф шавен» гуфтӣ. Хуб ёд дорӣ, медонам. Абдуҷаббор ту медонӣ, ки дар ҷое, ки ту туф кардиву рафтӣ, имруз кй омадааст? Бале, бале. Албатта Илҳом Сафарови  ҷиянат. Хоҳарзодаат. Ҳамонҷо, ки ту туф кардӣ, акнун ҷиянат мелесаду тоза мекунад, чунон мелесад, ки муассиса аз лесиданаш  дудаш дар осмон шудааст. 

  Директори имрӯза Сафаров Илҳом бо дастгири Абдуҷаббори кавлук соли 2019 аз лавозими ҷонишини директори литсейи насоҷӣ шаҳри Душанбе озод шуда ба директори литсейи касбии техникии Шаҳринав таъин шуд. Гуё модари шаҳринавиҳо директор таваллуд намекарда бошад. Ин дузди аз пули дуздию пора тарбия ёфта аз рӯзи омаданаш барои дуздию ғоратгарӣ нақшакашӣ сар кард. Аз пули бюҷет сар карда то замину чорвою то хуроки гарми талабагон, техникаю таҷҳизот, зимистонгузаронию  сузишвориҳои барои таҷрибаомузӣ ҷудошуда!

Бале, бале, дуздӣ дар хунаш будааст. Литсей дар тавозуни худ 43 гектар заминҳои оби барои таҷрибагузаронии  донишҷуён дорад, ки бояд донишҷуён дар ин заминҳо таҷрибаву малакаҳои худро васеъ гардонанд. Аз ҳосили ба тавассути донишҷуёну устодон ба даст омада литсейро бо хуроки гарм таъмин кунанд. Аммо Илҳом Сафаров аз рӯзи директор таъин гаштанаш ин заминҳоро замини деҳқонон карду утоқи директор бошад пур аз харидорони замин шудааст. Ҳамин тавр Илҳом Сафаров заминҳои муассисаро ҳар сола ба деҳқонон ба ҳар сари гектар 10ҳазор сомонӣ мефурӯшаду пулро ба яғмо мебарад. Аз як ҳисоби заминҳо фурӯхтааш ҳамагӣ бо ҳисоби миёна то 300ҳазор сомонӣ даромад мекунаду ва як дирҳам дар хазинаи муассиса пардохт намекунад. Ҳарсола аз тарафи кишоварзи ноҳия нақшаву дурнамои соли оянда тасдик мешуд. Тибқи он ҳосили руёнида тавассути  омори ноҳия талаб ва назорат карда мешуд. Бо ин мақсад аз тарафи ноҳия ё вазорати меҳнат тафтиши сайёр дар сари замин мекарданду вазъияти ҳосилро месанҷидаанд

 Имрӯзҳо худи ҳамон муттаҳамони назоратчӣ вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ноҳия, вазорати меҳнат, омори ноҳия аз тарси ҷияни Абдуҷаббор Раҳмонов ё ба поррахурон пора дода аз иҷрои нақша чашм мепушанд, чунки заминро нақд мефурӯшаду пулро мегираду на ҳосил мегирад ва на касе мепурсад. 

  2 сол пеш аз ҳисоби Бонки рушди Аврупо ба литсей барои баланд бардоштани савияи дониши техникии донишҷуён трактору комбайн ва таҷҳизоти кишоварзӣ доданд. Бовар кунед ин техника на барои баланд бардоштани дониши донишҷуён, балки барои баланд бардоштани сифати зиндагии директор шудааст. Ин техникаҳо аз ҳисоби нав буданаш чунон муштарӣ зиёд дорад, ки аз мавсими дарави гандум сар карда то шолию мош комбайн беист кор мекунаду тамоман қарор намегирад.  Тахминан дар мавсим то 400-500гектар заминро бо маблағи сари як га 2000то 2500сомонӣ медараваду то ин ҷониб як сомонӣ дар хазинаи муассиса пардохт намешавад.

  Пештар дар ин заминҳо аз сабзавот сар карда то меваву гандуму биринҷ руёнида барои хуроки донишҷуён, ки ҳаррӯз таоми нисфирузӣ бояд хуранд, захира мекарданд. Аз тарафи прокуратураю коррупсия ё дигар мақомоти дузду ғоратгар  болои маъмурияти муассиса фишор меоварданду аз директор сар карда то ҷонишинону сармуҳосибро ба гуфти хуҷандиҳо чумбок  ё омбу мемондаанд. Муассисаро тагуру мекарданд, то бечораҳо маоши гирифтаашонро ҷамъ карда диҳанд ва аз дасти ин золимон халос хуранд. Ҳозир бошад дуздию ғоратгарӣ чунон авҷ гирифтааст, ки на пинҳонию на руйирост, балки дуздии графикию мавсимӣ шудааст. Кормандон аз мушоҳидаи ин дуздиҳои зиёд, дигар одат карданд ва дигар онро як кори маъмулӣ ҳисобида аҳамият намедиҳанд.

   Дар як ПТУ ин қадар ғоратгариро мебинам, вой бар ҳоли сохтору мақомоту вазоратҳо. Мақомоти дузду муш аз тарси Абдуҷаббор  Раҳмонов тамоман наздик намешаванд. Ин директори гургзода дигар ба шағолону лошахурҳои мақомоти гушна ҳатто имкон намедиҳад, акнун руйирост медуздаду ғорат мекунад.

  Алҳол бошад амборҳои муассиса холӣ буда ошхонаи Литсей дараш пушида вале хароҷоти ошхона дар ҳуҷҷат асту маблағ дар дасти ғоратгарон.

   Аз ҳисоби бюҷети кишвар барои хуроки донишҷуёни аз дуру наздик омада то 200хазор сомонӣ дар сметаи бюҷет тасдиқ мешавад, ки бояд тибқи таомномаи ҳаррӯза ошхонаи муассиса фаъолият намояд. Донишҷуёнро бо хуроки гарм таъмин намояд. Бадбахтон!!  Ҳоло гоҳ- гоҳ хурокро барои худи директору ҳаммаслаконаш мепазанду мехуранд. Ба донишҷуён танҳо буйи таом мерасаду халос. Маблағи ҷудошуда дар ин ошхона сарф намешавад ва касе ҳам намепурсад. Омадан баробар бо сармуҳосиби ҷавон созиш накард ва сармуҳосиб маҷбур шуд, аризаашро нависад. Сармуҳосиби дигар таъин кард. Он сармуҳосиб ҳам аз ғоратгариҳои чашмгушна ба даҳшат афтода ду даст ба боло бардошта гурехта монду рафт. Ҳозир бошад як сармуҳосиби гуспандро таъин карда аст, ки аз ҳисобот буйе намебарад. Намефаҳмад, ки чи гап шуда истодааст дар муассиса.

Сарошпаз Абдулоева Назокат корашро суистифода карда хуроки кудакону ятимонро аз эътибор соқит –списат мекунад. Сарошпаз Абдуллоева Назокат аз набуди кор дар ошхона истифода намуда  ошхонаро ба рахти хобу роҳаткурсӣ ҷиҳозонида ба ҷои ишқбозию маъшуқабозӣ табдил додааст. 

  Дар ошхонаи ба хилватхона табдилдодааш сарошпаз Абдулоева Назокат бо ҷонишини дар масъалаҳои хоҷагӣ Саид Кабиров дарро аз дарун мебанданду то бегоҳ дар даруни ошхонаи муассисаи таълимӣ ба корҳои ғайриахлоқӣ машғул мешаванд. То бегоҳ мехобанду бегоҳ баромада мераванд.

  Кабиров Саид ҷонишини хоҷагии имрӯза аз минтақаи Кулоб буда дар вақти таъмири капиталии муассисаи мо, ки аз тарафи Бонки рушди Аврупо ташкил шуда буд, ҳамчун прораб кор мекард 50%масолеҳи сохтмонро ба мардуми гирду атроф бо нархи арзон мефурӯхт. Муассисаро бо ними сметаи харочоти тасдиқшуда таъмир карда супорид. Баъд аз ба итмом расидани сохтмон, ки маъшуқи сарошпаз Абдуллаева Назокат буд, барои идома додани фаҳшгарӣ, ҷонишини 20 сол таҷрибадорро аз кор ронда худ ҷонишини хоҷагӣ шуд.

   Ман ҳайронам, ки бемаълумоти олӣ чи хел вазир инро ҷонишин таъин карда аст? Саид Кабиров дуздию  ҳуҷҷатгузорӣ ва аз эътибор соқит намуданро хело хуб медонад. Ҷонишини хоҷагӣ чун муши амбор ҳато маҳсулот ба амбор норасида дар роҳ корро тамом мекунаду гушҳо таги тоқӣ мегардад. Тоҷикон як мақол доранд: “дузд дуздро меёбаду ғар ғарро”.

 Ба директор Илҳом Сафаров  айнан дузду ғар лозим буд ва хеле мувофиқ афтид. Алҳол бошад директор Илҳом Сафаров ва шайкаи ғоратгараш, ҷонишини хоҷаӣ Саид Кабиров ва сарошпаз Назокат Абдулоева дидаю дониста, ки ҳарду дар ошхонаи муассисаи таълимӣ ҳаррӯз корҳои маҳрамона мекунанд, чизе намегуяд. Ҳатто дар назди худи Илҳом Сафаров якдигарро ба оғуш мегиранду мебусанд. Аз ин ҳолат на танҳо кормандони муассиса, тамоми шаҳраки Чептура бохабар аст. Ҳатто чандин маротиба занони муассиса талаб карданд, ки сарошпазро бифаҳмонанд инҷо ҷои таълимӣ аст. Дар ҷавоб гуфтааст, ки ҳамааш дар дасти худамон аст. Ҳарчизе бихоҳам мекунам, омузгорон кори худашонро кунанд. Ҳоло муассиса дар дасти ин се палиди ғоратгар афтодаааст, ҳарчики хоҳанд мекунанд.

  Абдуҷаббор Раҳмонов вақте ту омада инҷо туф кардӣ дар мо на дузд буду на гар. Акнун дидӣ, ки дузду ғару фоҳишагӣ дар хуни ту будааст, на дар хуни мардуми Шаҳринав.

    Илҳом Сафаров  вақте дар Литсей насоҷии Душанбе дар вазифаи ҷонишини директор кор мекард ҳангоми дипломфурушӣ ба даст афтод ва бо миёнравии худи Абдуҷаббор Раҳмонов бо қарори суд ҷарима шуда боз дар ҷояш барқарор шуд. Аз ин ҷиҳат гург алакай боронро дидааст.

Ҳар сол дар вақти қабули донишҷуён ҳамаро шартномавӣ мегуяд ва аз тамоми донишҷуёни қабулшуда то 1200 сомонӣ мегиранд. Чанд бор пурсон шудам вале дар ягон ҷой донишҷуёни шартномавӣ сабти ном нашудаанд. Аз ин бар меояд, ки садҳо ҳазор сомониро худи директор ва комиссияи қабулаш мегиранду аз они худ мекунанд, муассиса чизе аз ин ҳисоб даромад надорад. Дар асл бошад ҳама буҷавӣ мехонанду низоми шартномавӣ дар муассиса вуҷуд надорад.

 Аз ҳисоби бюҷет барои сузишворӣ, ки донишҷӯён бояд бо техникаҳо таҷриба гузаронанд, 80000 сомонӣ ҷудо мешавад. Директор бошад ин сузишвориро ба мошинаш рехта ҳаррӯз аз Душанбе ба Литсей меояду меравад. Тасаввур кунед дар як сол чи қадар сузишворӣ сарф мешавад?

  Донишҷуён бошанд дар 2 соли таҳсил боре ҳам дар сари чамбараки трактор нанишаста диплому шаҳодатномаи ронандагӣ мегиранду мераванд. Вой бар ҳоли ҷавонони хатмкарда, ки умри худро сарф мекунанду бо дасту каллаи холӣ баромада мераванд. Синфхонаҳо аз сабаби таъмир шуданашон иҷозати печка мондан намедиҳанд, то ки синфхонаро сиёҳ накунад, ҷазир нашавад. Аммо маблағҳои барои зимистонгузарониро дар ин синфхонаҳо ҳамчун ангишт аз эътибор соқит мекунанд. Мактуби навиштаи ман ва хитоби ман ба зани Илҳом Сафаров ҳам дахл дорад:-он чики ба ту мебараду ту бо фарзандонат мехурӣ, дониста мон, он ҳамааш ҳақи кудакони ятиму нимятиму мазлум аст. Бихуру гарданак бизан пеши ҳамсояҳоят ва аз шавҳари ҳаромхурат таъриф карда гард.

Дуздӣ ҳам то ин ҳад набояд бошад! Дузд бошу боинсоф бош мегуянд. Инчо ПТУаст як муассиси хурд, бардошти аждаҳоронро надорад.

  Агар ҳамон кормандони коррупсия ва прокуратура мард бошанд, баъд аз нашри барнома рост рафта аввал муассисаро муҳр зананд, баъда аз аҳволи замину техника, хурокворӣ, сузишворӣ, таъмир ва дигар даромадҳо пурсон шаванд. Бовар надорам, ки ин муттаҳамони дар мақомот нишаста аз тарси вазифа, ки Абдуҷаббор Раҳмонов пеши роҳашонро мегирад ба кор дароянд. Ин мақомоти касифи дузду ғоратгар фақат аз омузгору табибу муллову кадом корманди қишри поёни кор мегиранду халос. Инҷо милионҳо сомонӣ дуздида мешавад, аммо чашмашон кур аст. Инҳо дар масъулияти худ устувор бошанд, биёянду бубинанд. Мардум аз бесалоҳиятии ин мақомоти дузду касиф дилмонда шудаанд, пас ба Муҳаммадиқбол менависанд. Коре, ки иҷрои он аз дасти вазиру кабиру  дастгоҳи иҷроияи президент намеояд, Муҳамдадиқбол бо як ишорааш ҳамаи шуморо ба таҳлука меафтонад. Илҳом Сафаров ошкоро мегуяд: “тағаи ма прокурори генералишам задагияи, амнияту вазири дохилашам. Ма худум медонм чикор кунм, мара аз ҳеҷ кас тарсам натиен ва алафтона паст паст чарида гарден. Тағаи ма сафирам бошад бо як занг любойша мат мекунад, комет зурен шикоят кунен баъд ждат кунен,ки мара ягон саг чақа меша ё не?”

 Абдуҷабор Раҳмонов ту шунида истодаӣ, ки он литсейе, ки дари синфхонаҳои онро ту бо пойҳоят задию шикастию туф карда баромада рафтӣ, имрӯз як макони ғорати оилаи ту шудааст. Акнун дидӣ, ки ин муассиса ҷои бизнеси ҷиянат ва ҷои фоҳишахонаи махфии ҳаммаслакони вай шудааст?.

Сад афсус, ки он омузгорони барҷаста, ки ту бо вазирию кабирият дониши онҳоро надори, акнун нестанд. Афсус, он омузгороне, ки дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ бе маош кор карданду интизори раҳматнома буданду ту ба онхо туф кардӣ, алакай нестанд, ки аҳволи ҷияни дузди туро медиданд, рафта дар руи хукмонандат туф мекарданд. Интизор мешавем, ки рӯзе ҳақиқат ғалаба кунад, ман ба руи ту туф кунаму арвоҳи устодонам шод гардад. Дар ҳақиқат устодони барҷаста доштем.

Вақте ононро бо омузгорони имрӯза муқоиса мекунам хело афсус мехурам. Омузгорони имрӯза ҳамон кадрҳои Абдуҷаббор Раҳмонов ва Нуриддин Саид ҳастанд, ки дар 5 соли донишгоҳ хондаашон фақат Суруди миллӣ, муқаддасоти миллӣ, қаҳрамонони миллӣ дигар чизеро намедонанд. Бо ин аҳволи ҷомеа ва бо ин дузду ғоратгарҳо, бо ин мақомоти якчашма ҳаргиз, ҳаргиз пеш намеравем.

 Бо эҳтиром омӯзгори Литсей касбии техникии ноҳияи Шаҳринав.

 Интизор мешавам баъди нашри матлаб чи тағйиротҳо ба вуҷуд меояд. Аз натиҷааш боз бохабар мекунам.

Ps:  Авҷаббори кавлук, дар ҳоле «кури худу бинои дигарон» гуфта таъна мезанад, ки   гиребони худаш бугин ва худаш саропо гандидаву пурайб аст.

Қонуни Тоҷикистон барои чандҳамсарӣ муҷозот муқаррар кардааст. Аммо Авҷаббори кавлук, то ҷое медонем, ба ҷуз аз зани расмияш як зани баҷоӣ ҳам дорад. Ин зан Шукурова Саодат ном дорад. Аз ноҳияи Восеъ. Шавҳар дошт, авҷаббори кавлуки қушқори кабуд ӯро аз шавҳараш ҷудо кард. Ин зан он вақт  дар мактаби миёнаи №10 –и Восеъ муаллима буд. Авҷаббори кавлук вақте вазири маориф буд, дар кадом ҷаласае, ки дар минбар менишаст ӯро мебинаду ошиқ мешавад, ошиқи шайдо. Хуллас, ин вазири онвақтаи маориф бо суиистифода аз мансаб он занро ба худаш моил карда аз Восеъ меоварад ба Душанбе ва дар маҳаллаи Зарафшон барои ҳамакнун зани дуввум ва модари фарзандони наваш як хонаи сеутоқа харида медиҳад. Ва, бо ин қаноат накарда Саодатро дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фирдавсӣ директор таъин мекунад. Саодат онҷо се- чор сол кор мекунад. Баъд аз онҷо мегираду мудири маорифи ноҳияи Фирдавсӣ таъин мекунад. Саодат чанд соли дигар онҷо кор меунад. Аз онҷо мегирад дар кадом мақоми дигаре ва баъдан бо фармони президент Шукурова Саодат муовини раиси ноҳияи Фирдавсии Душанбешаҳр таъин мешавад. Акнун чи гуна ин нафари қонуншикан дигарҳоро куру худро бино ба қалам медиҳад.

Ва, як ҳодисаи дигари аҷиб, ки нишон медиҳад ин бинои дигарон чи гуна корҳо мекунад ва бе онки гиребони касифи худро бибӯяд дигаронро санги маломат мезанад.

  Як ҷияни Авҷаббори қушқори кабуд дар Садбарг «точка» дошт, кор мекард. Налог дар ҷараёни санҷиш дар кори вай мавориди зиёди қонуншиканиро ошкор карда  100.0000 сомонӣ ҷаримааш мекунад. Ин ҷияни Авҷабор меравад пеши тағояш. Тағоро намеёбад. Зани Авҷаббор мегуяд чи гап аст. Мегуяд ҳол ҳамин. Авҷаббор меояд ва занаш мегуяд, ки ҷиянатро налог 100000 сомонӣ штраф кардааст. Ин кор замоне сурат мегирад, ки Авҷаббори кавлук ёрдамчии президент буд. Ин ёрдамчии президент пагоҳи барвақт аз утоқи кориаш Нусратулло Давлат, раиси Кумитаи андозро занг мезанад. Мегуд, ки ин чи гап аст, ки коргарат ҷияни маро100 ҳазор ҷарима кардааст.

  Нусратулло Давлатов мегуяд онҷо хато шудааст, ислоҳ мекунем. Мегуяд ман ин «ҳодиса»-ро рост пеши Ҷаноб медарорам. Нусратулло Давлат зораву нола мекунад, ки ин корро накунад.

Авҷаббор дастур медиҳад, ки бигиру бирав ва 100ҳазорро худат бисупор!

 Хуллас, маҷбур мекунанд ва ҳамон налогавик аз тани ҷияни Авҷаббори кавлук 100 ҳазор сомонии ҷаримаро худаш аз кисааш месупорад.

Так что, бовар кунед, ки ин қавми нодида, бори дигар мегуям, ки фарқе надорад, аз академикаш гирифта то дигару дигараш шиор, моҳият, маъно ва фалсафаи зиндагиашон ҳамин аст: биги, бху, бчар, бза, бгард.

Акнун мебинем Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон зураш мерасад ба ҷияни Абдуҷаббор Раҳмонзода ё ӯ ҳам аз занги телефонии академик “Кавлук” ба ҷаноб метарсад?  Оё метавониста бошад фармони боздошташро содир кунад чуноне фармони боздошти Абдухалил Холиқзодаро содир карда буд ва ё метарсад? Албатта мо ҳолатро ҳатман назорат мекунем ва боз сари ин қазия ҳатмани ҳатман бар мегардем. “Ислоҳ” чунин қазияҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва сахт дунболагирӣ ва назорат мекунад!

Share This Article