РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОИЛАИ УМАВИҲО (Дар ин мақола мехоҳам оилаи Бани Умаяро таҳқиқ намоям)

Ислоҳ нет

РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОИЛАИ УМАВИҲО
(Дар ин мақола мехоҳам оилаи Бани Умаяро таҳқиқ намоям)

Рости чандест нисбати Бани Умая хело суханҳои баду носазое мегуянд.Хостем дар ин мақола каме нисбати ин оила барои хонандагон иттилоъ бидиҳем.Зеро хело аз ман зиёд мепурсанд,ки ки буданд онҳо ва магар оилаи баде буданд? Аз ин хотир маро водор ба ин кор намуд то дар ин замина таҳқиқи мунсифонае дошта бошем меравем ба асли матлаб.

Умавиҳо ба Умая ибни Абдушамс Ибни Абдуманоф мансуб буда ва дар Абдуманоф Бани Умая ва Бани Ҳошим якҷо мешаванд. Бани Абдуманоф дар Маккаи мукаррама ҳоким буданд ва касе аз дигар шохаҳои Қурайш бо эшон мухолифат намекард ва раёсатро ба онҳо таслим карда буданд.

Аввал: Шаҳодати таърих байни умавиҳо ва ҳошимиҳо:
Бани Абдуманоф Ибни Қусай бо сардории Абдушамс Абӯумая, фарзанди бузурги Абдуманоф дар якҷоягӣ бо амакҳои худ Бани Абдуддор дар Макка барои тақсими риёсат кӯшиш мекарданд. Абдуддор фарзанди маҳбуби падар буд ва назди падараш нисбат ба дигар бародаронаш бартарӣ дошт ва ҳамаи умури Макка аз ҳиҷобату (дарбонӣ ва пардадорӣ) ливо (байрақдорӣ) то сиқояту (обдиҳӣ) рифодат (таъом додани ҳоҷиён) дар зери идораи ӯ буд ва сарпарастии ҳамагӣ ба эътибори синни калон доштанаш дар Бани Абдуманоф дар зиммаи Абдушамс Абӯумая қарор дошт. Қурайш ба ҳамин сурат ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: Абдуманоф ва Абдуддор. Баъд аз он байни ҳам сулҳ намуда вазоифи зикршударо байни ҳам тақсим карданд. Ва рифодат (таъом додани ҳоҷиён) ва сиқоят (обдиҳӣ) ба Ҳошим Ибни Абдуманоф вогузор гардид, зеро Абдушамс бисёр сафар мекарду дар Макка камтар дида мешуд ва Ҳошим дорову мулкдор буд. Ба ҳамин шакл ҳокимияти дар Макка мавҷуд буда иборат аз марказҳои таъсиррасонӣ буд, ки аҳаммияти иқтисодии онро муқаррар мекард, бидуни ин, ки ягон заъим (раис, пешво ва раҳбари қавм) ё оилае ҳокимияти комилро ба даст дошта бошад, чуноне ки Қусай раиси аввали Қурайш дар ихтиёр дошт.
Ҳамин тавр Бани Абдуманоф дар танзими тиҷорати Макка ва атрофи он якҷоя кӯшиш ба харҷ медоданд ва ҳамчун як дастаи мукаммал, бо ҳамдигарфаҳмию улфат амал мекарданд. Ва чун вафот ёфтанд, шоъирон бар эшон якҷоя бидуни ҷудоии байнашон марсия хонданд ҳамон тавре, ки дар зиндагиашон барояшон якҷоя мадҳия месароиданд. Ҳаёти араби даврони ҷоҳилият ҳаминро талаб мекард, ки фарзандони як падар ба якдигар кӯмак кунанд ва чун фурсат ёбанд муттаҳид шаванд.
Аммо ривоятҳое, ки аз вуҷуди душмании сахте байни Бани Ҳошим ва Бани Абдушамс ва Умая қабл аз ислом хабар медиҳад ривоятҳои беасос ва заъиф мебошанд. Дар он ривоятҳо омадааст, ки Ҳошим ва Абдушамс таваллуд шуданд дар ҳоле, ки бо ҳам часпида буданд ва бо шамшер онҳоро ҷудо карданд ва ин қитолу хунрезии байни онҳо аз ҳамин ҷиҳат будааст. Ин ривоят бӯи афсона мекунаду ровӣ надорад. Ин ривоятҳо тавре, ки аз санадҳои иллатбори он маълум мешавад, акси садо барои задухурдҳои воқеъшуда дар мобаъд байни Бани Ҳошим ва Бани Умая буд, ки ровиҳо хостанд барои он дар гузашта решаву асоси таърихӣ пайдо кунанд. Лекин алоқаи неки ин ду тоифа бешакку шубҳа боқӣ монд. Бинобар ин Ибни Халдун мегӯяд: Бани Абдуманоф дар Қурайш иззату шарафе дошт, ки касе аз дигар шохаҳои Қурайш бо ӯ муқобила карда наметавонист. Бани Абдуманоф ду шоха мешавад. Бани Умая ва Бани Ҳошим, ки ҳардуяшон ба Абдуманоф нисбат дода мешаванд. Қурайш ин ҳақиқатро эътироф дорад ва раёсатро ба онҳо додааст, лекин Бани Умаяро теъдодашон аз Бани Ҳошим бештар буд ва мардони сарватманди бисёр дошт. Иззату шараф дар бисёрист. Шоъир гуфтааст: Ба яқин иззату шараф бисёрирост…
Шояд ишораи Ибни Халдун ба пешравии Бани Умая, пештар аз биъсати Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) бошад, ба вақте ки Абдулмутталиб ибни Ҳошим ягона шахсе, ки шарафи гузаштагонашро ба мерос бурда буд, вафот намуд ва шӯҳрати Абӯсуфён ибни Ҳарб боло гирифт. Ин нукта аз васфи дақиқе, ки Муъовия ибни Абӯсуфён аз табиъати алоқаи байни Бани Ҳошим ва Бани Умая намудааст, зоҳир аст. Чун аз вай пурсиданд: Кадоми аз Шумо шарифтару бузургвортар будед? Қавми Шумо ё Бани Ҳошим? ӯ гуфт: Мо мардони шарифу бузург бисёр доштем ва онҳо дар байнашон як нафар Абдулмутталибро доштанд, ки мо мисли ӯро надоштем. Сипас аз нигоҳи адад ва ашроф мо бештар шудем ва мисли мо дар байни эшон набуд, вале пас аз муддати кӯтоҳе гуфтанд: Аз мо набие баргузида шудааст, ки монанди ӯро касе аз гузаштагон нашунида ва он Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васалам ) аст. Пас, кӣ чунин фазилату шарафро дармеёбад?! Ҳамаи ин гуфтаҳо эҳтимоли вуҷуди мусобиқа байни ду ҷонибро қабл аз Ислом нафе намекунад, лекин ин ҳамон мусобиқаву танофусест, ки гоҳо байни бародарони аз як падар ҳам воқеъ мешавад. Аммо ба андозае нарасидааст, ки байнашон душманӣ ба вуҷуд оварда бошад, ҳамчуноне, ки баъзеҳо даъво мекунанд. Мо шоҳидҳои таърихиро, ки далолат бар вуҷуди алоқаҳои мустаҳками байни Бани Ҳошим ва Бани Умая мекунанд дорем. Абдулмутталиб ибни Ҳошим, ки дар замони худаш сардори қавмаш буд, рафиқи наздики Ҳарб ибни Умая-сардори умавиҳо буд. Ҳамчуноне, ки байни афроди дигари ин ду хонадон дӯстию рафоқати самимӣ вуҷуд дошт. Чизи аҷибу ғариб ин аст, ки Мақризӣ оиди алоқаи байни ин ду хонадон китоби хосе таълиф намуда ва меҳвари онро низоъу хусумат қарор додааст ва дар айни замон дӯстии самимӣ байни Аббос ва Абӯсуфёнро эътироф мекунад. Пас агар дӯстӣ байни сардорҳои ду хонадон мустаҳкам бошад ва ҳол он ки онҳо фарзандони як падар ва аз як реша Абдуманоф Ибни Қусай ҳастанд ва ба он хотир, ки баъд аз Ислом низоъ байни эшон вуҷуд дорад ва решаи ин низоъро баргашта дар замони пеш аз Ислом ҷустуҷӯ кардан, ҳеҷ санади таърихие надорад.
Китоби Мақризӣ «Ан-низоъ ва-т-тахосум» дар байни Бани Умая ва Бани Ҳошим аз руйи ақл чунин ба назар мерасад, ки ҳарфе аз онро Мақризӣ нанавиштааст, зеро Мақризӣ ба ин ҳадди ҷаҳолат ба аҳком ва дур шудан аз ақл нашояд паст фаромада бошад. Ин китобро муаллифаш барои берун сохтани ҳиқду буғзӣ даруниаш таълиф кардааст, ки аз сифати муаррих ва олимӣ хеле дур аст. Доктор Иброҳим Шаъут низ бар ин фикр аст, ки китоби мазкур ба Мақризӣ мансуб карда шудааст, на китоби худи ӯст. Он чизе, ки барои мо муҳим аст ин аст, ки соҳиби китоб ба ин хулоса омада, ки душманӣ байни Бани Ҳошим ва Бани Умая хеле мустаҳкам буда ва он хеле қадимист, аммо ин фармудаи ӯ асоси таърихӣ ва илмӣ надорад. Албатта, касоне, ки ба таърихи Бани Умая аз равзанаи мавқеи Абӯсуфён нисбат ба Ислом дар Макка ва аз хилоли маъракаву набардҳое, ки байни Алӣ (разияллоҳу анҳу) ва Муъовия (разияллоҳу анҳу) гузаштааст нигоҳ мекунанд, натоиҷи худро бар авҳому афсонаҳое аз муборизаҳои таърихии қабл аз Ислом бино гузоштаанд, ки он авҳом аз нигоҳи таърих ҷуз ривоёт чизе беш нестанд ва онҳо ҳодисаҳои оризӣ маҳсуб меёбанд ва ҳаргиз муборизаву низоъ байни ин ду хонадони шариф маҳсуб намешаванд.
Он чиро, ки баҳси илмии поку холиси дур аз ривоёт ва афсонаҳои дурӯғини бофташуда ба мо медиҳад ин аст, ки алоқаҳо байни ин ду хонадони бузурги Қурайш табиъӣ ва монанди алоқаҳои байни дигар хонадонҳо будааст.

Дуввум: Мавқифи Бани Умая нисбат ба даъвати исломӣ:
Таъомули умавиҳо бо даъвати исломии навзод, мисли таъомули дигар хонадонҳои қурайшӣ бо ин даъват буд, мисли Бани Махзум ва Бани Ҳошим ва ғайра. Барои мисол, кайфияти таъомул ва муносибати Бани Ҳошимро, ки аз наздикони он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васалам ) ҳастанд, бо даъвати нав дида мебароем. Мантиқи асабият ва қавмчигии замони ҷоҳилӣ инро талаб мекард, ки Бани Ҳошим даъвати ҷадидро, ки боъиси обруву эътибори эшон гардид бипазиранд ва дар паҳлӯи паёмбари ҳошимӣ бимонанд ва ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд, чунонки дар баъзе мавоқиф ҷонибдори ӯ буданд, мисли муҳосираи иқтисодию иҷтимоъӣ дар шиъби Бани Ҳошим, лекин ба таври умумӣ ва ба назари фарогир агар бингарем, мебинем, ки эшон ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, ки яке аз онҳо ҷонибдори Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васалам ) ва дигаре мухолифи ӯ буданд, монанди дигар қабоили Макка.
Мисоли машҳур ва намуна аз кофирҳои Бани Ҳошим Абӯлаҳаб амаки Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) аст. Ӯ аввалин касе аст, ки баъд аз эълони ошкорои даъвати ба Ислом мухолифату душмании худро эълон кард ва бо роҳҳои гуногун Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) ва мусалмононро мавриди азобу шиканҷа қарор дод. На танҳо ӯ, балки ҳамсар ва ду писараш Утба ва Атиба низ ӯро дар ин амал шарикӣ мекарданд. Утба писари Абулаҳаб дар озори Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) шарик буд, то ки бо дуъои Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) тӯъмаи шер гардид. Абулаҳаб инчунин ҳангоми мавриди муҳосараи иқтисодию иҷтимоӣ қарор гирифтани Бани Ҳошим аз тарафи Қурайш ҳамроҳи қавми худ дар шиъб дохил нашуд. Ва инчунин вақте дар рӯзи ғазваи Бадр аз тарафи мушрикон иштирок карда натавонист ба ивази 4000 дирҳам Ос ибни Ҳишом ибни Муғираро иҷора гирифт. Абӯлаҳаб дар куфру иноди худ хеле машҳур буд, лекин аз Бани Ҳошим ӯ танҳо набуд, ки ба Набӣ (салаллоҳу алайҳи васалам ) куфр варзид ва ӯро шиканҷаву озор дод. Дар ҷумлаи асирони мушрикини рӯзи Бадр аз Бани Ҳошим, Аббос ибни Абдулмутталиб, Ақил ибни Абӯтолиб, Навфал Ибни Ҳорис ва ҳалифу ҳампаймони онҳо Утба ибни Амр буданд. Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васалам ) фидяи эшонро барои озод сохтанашон қабул кард.
Абӯсуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмутталиб рӯзи Бадр ҳамроҳи мушрикин буд ва аз кушташавию асорат наҷот ёфт. ӯ писарамак ва бародари разоии Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) аст, ки ҳамсинну сол ва бисёр вақтҳо якҷоя буданд. Чун Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) эълони даъвати Ислом намуд Абӯсуфён ибни Ҳорис аз зумраи сарсахттарин душманонаш гардид.
Бузургтарин кӯмак ва пуштибониеро, ки Набӣ (салаллоҳу алайҳи васалам ) бархурдор буд ин аз тарафи амакаш Абӯтолиб буд. Абӯтолиб дар ин роҳ фишорҳои зиёдеро аз сӯйи қавмаш таҳаммул мекард, лекин то охирин лаҳзаи ҳаёташ ба дини қавми худ вафодор монд. Аббос Ибни Абдулмутталиб амаки дигари Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) дар Макка боқӣ монд ва маҷбуран дар ғазваи Бадр аз тарафи мушрикин иштирок кард ва ба дасти мусалмонҳо асир афтод. Ӯ ба Мадина ҳиҷрат накард ва танҳо ҳангоми дар роҳ будани Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) ба сӯйи фатҳи Макка исломро пазируфт. Чандин нафар аз Бани Ҳошим дар Макка қабл аз ҳиҷрат Исломро пазируфта ва дар роҳи даъват ҷону моли худро сарф намудаанд, мисли Алӣ Ибни Абӯтолиб, Ҳамза Ибни Абдулмутталиб, Ҷаъфар Ибни Абӯтолиб ва ғайра, лекин ғайри эшон низ ба онҳо шарик буданд, мисли Абӯбакру Умару Усмон (разияллоҳу анҳу), ки аз Бани Ҳошим набуданд ва танҳо ба хотири мусалмон буданашон бидуни мансубият ба қабилаҳо молу ҷони худро нисори даъват мекарданд.
Нисбати Бани Умая ва мавқифи онҳо аз Ислом муаррихин ҳамчун шохаи мустақил аз Қурайш онҳоро арзёбӣ намекунанд, балки дар бораи онҳо ҳамроҳи ғайрашон аз Бани Абдушамс падари Умая сухан мегӯянд ва онҳоро якҷоя меҳисобанд. Онҳо фарзандони як падар буданду байнашон як робитаи хешутаборӣ буд, биноан вақти сухан гуфтан аз адовати Бани Умая нисбати Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васалам ) номҳои Утайба ва Шайба писарони Рабиъа ибни Абдушамсро зикр мекунанд, бо вуҷуди ин ки онҳо аз Бани Умая нестанд. Ҳамроҳи эшон инчунин Абӯсуфён ибни Ҳарб ва Уқба Ибни Абӯмуъитро зикр мекунанд, аммо Уқба ибни Абӯмуъит аз сарсахттарин душманони Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) аз Қурайш буд. Ӯ касе аст, ки дар руйи Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) туф андохт ва ба болои ӯ ҳангоми дар саҷдаи намоз буданаш ахлоти уштури кушташударо партофт. Инчунин Уқба ибни Абӯмуъит боре порчаеро дар гулӯи ҳазрати Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) печонида ӯро буғӣ карданӣ буд, ки Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) ба зӯр ӯро аз ин кораш манъ кард ва оқибат баъд аз ба асорат афтиданаш дар рӯзи Бадр, ҳангоме, ки он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васалам ) ба қатли ӯ амр кард ҷазояшро гирифт ва аҷибаш ин аст, ки ӯ аз хешию қаробати байнашон вуҷуд дошта ёдоварӣ мекард. Монанди ин намунаҳо он замон дар Макка танҳо дар Бани Умая ва Бани Абдушамс набуд.
Аммо мухолифати Утба ва Шайба писарони Рабиъа маълуму машҳур аст. Бо вуҷуди ин, чун Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васалам ) ба Тоиф ҳиҷрат намуд ва аҳли Тоиф роҳи даъвати ӯро бастанду ҳолашро хеле танг карданд, Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) ба сояи девори Утбаву Шайба паноҳ бурд ва ин ҳолро Утбаву Шайба дида раҳмашон омаду бо ғуломи насроние, ки Аддос ном дошт табақи ангур фиристоданд то аз он тановул кунад.

Саввум: Умавиҳое, ки аз ибтидои даъват исломро пазируфтанд:
Агар дар сухан гуфтан аз Бани Умая ва Бани Абдушамс, бо манҳаҷи муаррихин биравем, хоҳем дид, ки ҷамоъате аз эшон аз ибтидои даъват, ки пинҳонӣ буд ба Ислом гаравидаанд, монанди Усмон ибни Аффон Ибни Абӯлос Ибни Умая, ки аз дасти Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) исломро пазируфта буд. Инчунин Холид ибни Саъид Ибни Ос Ибни Умая низ дар ҳамин марҳалаи даъвати пинҳонӣ, ки се сол идома ёфт Исломро пазируфт.
Аз зумраи ин шахсоне, ки аз ибтидо исломро қабул намуданд Абӯҳузайфа ибни Утба Ибни Рабиъа Ибни Абдушамс мебошад. Ҳамчуноне, ки ду нафар аз ҳампаймонони эшон Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш Ибни Риоб ва бародараш Абӯаҳмад ибни Ҷаҳш писарони Амима Бинти Абдулмутталиб, аммаи Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) низ аз оғози даъват шомили ислом шуданд.
Дар марҳилаи ҳиҷрати аввал ба сӯйи Ҳабаша чанд нафар аз Бани Умая ширкат намуданд, монанди Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) ва ҳамсараш Руқия (разияллоҳу анҳу) духтари Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) ва ғайри эшон. Инчунин Бани Умая дар ҳиҷрати дуввум низ иштирок доштанд. Доктор Ҳамдӣ Шоҳин рӯйхати номҳои онҳоеро зикр намудааст, ки далели қабули Ислом аз ибтидо барои баъзе аз афроди Бани Умая мебошад. Занони Бани Умая низ дар пешрафти дини ислом саҳми бориз доштаанд. Рамла духтари Шайба ибни Рабиъа ҳамсари Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) ҳамроҳи шавҳараш ба сӯйи Мадина ҳиҷрат намуд ва дар дини худ собит монд, бо вуҷуди кушта шудани падар ва амаку писараш ва ин сабаб шуд, ки Ҳинд бинти Утба ӯро айб гирифт. Умми Кулсум бинти Уқба ибни Абӯмуъит низ дар оташбасе, ки байни Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) ва мушрикин дар Ҳудайбия сурат гирифт ба сӯйи Мадина ҳиҷрат намуд. Дар ин маҷол намунаи олии ислом овардани Уммулмӯъминин Умми Ҳабиба Рамла бинти Абӯсуфён мебошад, ки дар оғози Ислом ба ин дин гаравиду ҳамроҳи шавҳараш ба Ҳабаша ҳиҷрат намуд.

Чаҳорум: Робитаи хешовандӣ байни Бани Умая ва Бани Ҳошим:
Байни Бани Ҳошим ва Бани Умая буғзу адоват ва душманӣ ба тавре набуд, ки душманони ислому мусалмонон мисли афсонаҳо бофта баровардаанд. Ҳақиқати таърихӣ чунин мегӯяд, ки алоқаи эшон байни ҳам алоқаи бародарию хешутаборӣ буд. Эшон қарибтарини мардум байни ҳам буданд ва хушию фараҳ ва дарду аламу мусибатро байни ҳам тақсим мекарданд. Онҳо фарзанди як падар буда ва шохаҳои як дарахт ҳастанд ва самараи хубе аз дини мубини ислом, ки хотамуланбиё Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васалам ) онро ба эшон овард гирифтанд. Дар байни Абӯсуфён ва Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) чунон рафоқату дӯстии мустаҳкаме мавҷуд буд, ки мардум ба он масал мезаданд. Ҳамчунин байни ҳарду қабила робитаи хешутаборӣ, яъне доду гирифти келину духтар буд ва пешсафӣ дар ин маврид насиби Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) буд, ки аз чор духтар се нафарашро ба Бани Умая ба шавҳар дода буд. Дар зер намунае аз ин мавридҳоро пешкаши шумо мегардонем:
1- Усмон ибни Аффон ибни Абӯлос ибни Умая, ки Руқия духтари Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалам ) ва баъд аз вафоти ӯ Умми Кулсум духтари дигари он ҳазратро ба занӣ гирифтааст.
2- Абулос ибни Рабиъ аз Бани Умая, ки Зайнаб духтари ҳазрати Паёмбарро ба занӣ гирифтааст.
3- Хадиҷа бинти Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу), ки Абдурраҳмон ибни Омир ибни Курайзи умавӣ ӯро ба занӣ гирифтааст.
4- Рамлаҳ бинти Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу), ки Муъовия ибни Марвон ибни Ҳакам ӯро ба занӣ гирифтааст.
5- Зайнаб бинти Ҳасани Мусанно ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу), ки Валид ибни Абдулмалик ибни Марвон ӯро ба занӣ гирифтааст.
6- Фотима бинти Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб, ки Абдуллоҳ ибни Амр ибни Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) ӯро ба занӣ гирифтааст.
Ин ҷо бо овардани баъзе аз он номҳо иктифо кардем ва умед аст, ки барои ҳақшиносон ин басанда бошад.Ба иттилоъи шумо хонандаи гироми мерасонам,ки чунин мақолаҳои таҳқиқотиро идома медиҳем бо дуъо бошед.
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Маъхазҳо ё Сарчашмаҳои истифода шуда дар ин мақола.
1 . Ан-нуҷум-ул-аволӣ, Исомӣ (3/2).
2 . Сирати Набавӣ, Ибни Ҳишом (1/137-138-141).
3 . Ҳиҷоз ва давлати Исломӣ, (с. 87).
4 . Таърихи Табарӣ (2-252).
5 . Сирати Набавӣ, Ибни Ҳишом (1/144-148).
6 . Ад-давлат-ул-умавияту ал-муфтаро алайҳо, (с. 122).
7 . Низоъ ва тахосум, Мақризӣ, (с. 181).
8. Сирати Набавӣ, Ибни Ҳишом (1/137).
9 . Ад-давлат-ул-умавияту, ал-муфтаро алайҳо, (с. 123).
10 . Таърихи Ибни Халдун (3/2).
11 . Албидояту ва-н-ниҳоя (8/138).
12 . Ад-давлат-ул-умавияту, ал-муфтаро алайҳо, (с. 123).
13 . Олами исломӣ дар асри умавӣ, (с. 2).
14 . Олами исломӣ дар асри умавӣ, (с. 5).
15 . Умури ботилае, ки бояд аз таърих маҳв шавад, (с. 209).
16 . Умури ботилае, ки бояд аз таърих маҳв шавад, (с. 213).
17 . Маноҳиҷи исломӣ дар омӯзиши таърих, (с. 24).
18 . Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (2/64/65), Ас-сират, Саллобӣ (1/404).
19. Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (2/219), Давлати умавӣ, Шоҳин,(с. 125).
20. Ансобу-л-ашроф (1/130-131).
21 . Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (1/339).
22 . Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (2/183).
23 . Таърихи Табарӣ (2/465-466).
24 . Таърихи Табарӣ (2/462).
25. Фӣ ихтисори-л-мағози ва-с-сияр, ибни Абдулбар, (с. 44).
26. Зоду-л-миъод (2/46), Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (1/256).
27. Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (4/12).
28. Ад-давлату-л-умавия, ал-муфтаро алайҳо, (с. 127).
29. Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (3/70-71).
30. Бухорӣ, (ш. 3687-3856).
31. Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (2/212).
32 . Ад-давлату-л-умавия, ал-муфтаро алайҳо, (с. 127).
33 . Сирати набавӣ (1/292-293).
34 . Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (1/260).
35 . Таърихи Табарӣ (2/318).
36 . Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (1/263).
37 . Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (1/262).
38 . Сирати набавӣ, Ибни Ҳишом (1/315).
39. Ад-давлат-ул-умавия, ал-муфтаро алайҳо, (с. 131).
40. Ат-табийн фӣ ансоби-л-Қурайшийин, (с. 209).
41 . Аш-шиъату ва аҳл-ул-байт, (с.141).
42. Ал-асмо ва-л-мусоҳарот байна аҳл-ул-байт ва-с-саҳоба, Абӯмуъоз ас-сайид ибни Аҳмад Исмоъилӣ, (с. 22).
43. Ал-асмо ва-л-мусоҳарот байна аҳлу-л-байт ва-с-саҳоба, Абӯмуъоз Ас-сайид ибни Аҳмад Исмоъилӣ, (с. 23).
44 . Насаби Қурайш, (с. 45), Ҷамҳарату ансоб-ул-араб, (с. 87).
45 . Насаби Қурайш, (с. 52), Ал-асмо ва-л-мусоҳарот байна аҳлил-байти ва-с-саҳоба, (с. 22).
46 . Ал-асмо ва-л-мусоҳарот байна аҳлил-байти ва-с-саҳоба, (с. 25).
47 . Аш-шиъату ва аҳл-ул-байт, (с. 224).

Share This Article