Хадамоти Умар ибни Абдулазиз (раҳ) ва уламои ҳамасри ӯ

Ислоҳ нет

Хадамоти Умар ибни Абдулазиз (раҳ) ва уламои ҳамасри ӯ

(бахши дуввум)

3. Ато ибни Абӯрабоҳ.

Ӯ муфтии ҳарам ва яке аз фақеҳону имомон буд. Аз Ибни Аббос, Оиша, Абӯҳурайра ва теъдоди зиёде аз саҳобагон ривоят кардааст.(1) Ӯ олими муътамад, фақеҳ ва соҳиби ривоёти зиёдест. Фатвои аҳли Макка ба ӯ интиҳо ёфта буд. Ибни Аббос дар бораи ӯ мегӯяд: Эй аҳли Макка, назди ман ҷамъ мешавед дар ҳоле, ки Ато бо Шумост?!

Чун соҳиби илми фаровон буду иззату маконати олӣ дошт, дар аҳди бани Умая дар айёми ҷаҷ мунодиеро амр мекарданд, то нидо кунад, ки барои мардум ҷуз Ато касе фатво надиҳад. Ӯ соли 115ҳ.вафот намудааст. (2)

Инҳо баъзе аз уламои тобеъин аз мадрасаи маккӣ буданд, ки масъулияти даъвату таълим ва итмоми бинои илмиро ба дӯш доштанд. (3)

4.Мадрасаи басрӣ.

Ин мадраса бо мадрасаи Куфа дар ҳамаи фанҳо дар мусобиқа буд. Теъдоди зиёде аз саҳоба он ҷо сукунат кардаанд, ки аз он ҷумла: Абумусои Ашъарӣ, Имрон ибни Ҳасин, Анас ибни Молик ва ғайра. Анас ибни Молик шайхи бузургони уламои тобеъин ба шумор меравад, мисли Ҳасани Басрӣ, Сулаймони Тимӣ, Собити Бунонӣ, Муҳаммад ибни Сирин ва ғайра. (4) Машҳуртарин уламои мадрасаи Басрӣ инҳоянд:

Муҳаммад ибни Сирини басрӣ.

Ӯ мавлои Ибни Анас буд. Аз Ибни Аббос, Ибни Умар Абӯҳурайра ва ғайра ҳадис шунида аст. (5) Ҳабиб ибни Шаҳид мегӯяд: Савганд ба

Худо, мисли Товус надидаам. Аюби Сихтиёнӣ, ки он ҷо нишаста буд, гуфт: Савганд ба Худо, агар Муҳаммад ибни Сиринро медидӣ чунин намегуфтӣ. (6) Усмони Бутӣ мегӯяд: Дар Басра касе донотар ба масоили қазо аз Ибни Сирин набуд. (7)

Ҳасани Басрӣ ӯро аз дигарон муқаддамтар мегузошт. Собити Бунонӣ мегӯяд: Ҳасани Басрӣ аз Ҳаҷҷоҷ нима пинҳон мегашт, пас духтараш вафот намуд. Пас ман назди ӯ рафтам ба умеде, ки мегӯяд ҷанозаашро ту имоматӣ кун. Ӯ гиря кард, ҳатто, ки овозаш шунида шуд, баъд аз он ба ман гуфт: Назди Муҳаммад ибни Сирин рав ва бигӯ, то омада намози инро бихонад. Пас маълум шуд, ки касе дар назди ӯ бо Ибни Сирин баробар шуда наметавонад. (8) Муҳаммад ибни Сирин як рӯз рӯза медошту як рӯз ифтор мекард. (9) Ӯ бо тафсири хобҳо машҳур шуда буд. Заҳабӣ дар мавриди ӯ мегӯяд: Аз Ибни Сирин дар таъбир аҷоибот ривоят шудааст. Ӯ дар ин боб аз таъйиди Илоҳӣ бархурдор буд. (10) Ӯ либосҳои қимматбаҳову салла (дастор) мепӯшид. (11) Ӯ мазоҳу хандаи зиёд дошт. (12)

Ибни Сирин нисбати модараш некӯкор буд. Ҳафса бинти Сирин мегӯяд: Модари Муҳаммад Ҳиҷозӣ буд ва ранг карданро дӯст медошт ва ҳар гоҳ Муҳаммад барояш либос мехарид, либоси нарм мехарид ва чун айёми ид фаро мерасид, барои ӯ либосро ранг мекард. Ӯ ҳаргиз овозашро ба сӯи модараш баланд намекард ва чун сухан мегуфт сӯи ӯ бо эҳтиром гӯш мекард. (13) Ибни Авн мегӯяд: Ҳар гоҳ, ки Муҳаммад назди модараш мебуд ӯро аз паст будани овозаш намешинохтӣ мисли он ки бемор бошад. (14)

Ибни Авн гӯяд: Ҳар гоҳ мардум назди Муҳаммад касеро бо бадӣ ёд мекарданд ӯ он касро бо некӣ ёд мекард. Мардум омада ба ӯ гуфтанд: Мо ба иззати нафси шумо расидем, пас моро бубахш. Гуфт: Он чиро Худованд ҳаром гардонидааст ман ҳалол намегардонам.(15) Ибни Сирин сад рӯз баъд аз Ҳасани Басрӣ дар соли 110ҳ. вафот намуд. (16)

Қатода ибни Даъомаи Садусӣ.

Ӯ манбаъи илм буд. Аз баъзе саҳобагон ва бузургони тобеъин ривоят кардааст. Ӯ олими муътамад ва дар ҳадис ҳуҷҷат буд. (17) Аҳмад ибни Ҳанбал дар бораи ӯ мегӯяд: Қатода олим дар илми тафсир ва ихтилофи уламо буд, баъд аз он ӯро ба фиқҳ ва ҳифз васф намуд ва гуфт: кам касе меёбӣ, ки аз ӯ сабқат дошта бошад. (18) Боз мегӯяд: Қатода ҳофизтарини аҳли Басра буд, ҳеҷ чизеро намешунавид, магар ки онро ҳифз мекард. Саҳифаи (рӯзнома, газета) Ҷобирро, як маротиба назди ӯ хонданд ва ӯ онро ҳифз намуд. (19)

Салом ибни Мутеъ мегӯяд: Қатода Қуръонро дар ҳафт рӯз хатм мекард ва чун Рамазон меомад дар ҳар се рӯз хатм мекард. (20) Заҳабӣ дар бораи ӯ мегӯяд:

Ӯ ҳофизи аср ва пешвои муфассирину муҳаддисин аст. (21) Ӯ аз саромадони луғати арабию, ғариб (ривоятҳои ғариб), торихи ҷангҳои араб ва насаби (насабҳои) эшон буд. (22) Ӯ аз шогирдони Ҳасани Басрӣ буд ва дувоздаҳ сол ҳамнишини ӯ будааст ва намози субҳро се сол бо ӯ хондааст. (23) Соли 118ҳ. вафот намудааст. (24)

5. Мадрасаи куфӣ.

Сесад нафар аз саҳобагоне, ки зери дарахт бо Паёмбар (с) байъат намуданд ва ҳафтод нафар аз аҳли Бадр (р) сокини Куфа буданд. Умар ибни Хаттоб (р) ба Куфа эҳтимоми зиёд медод Ӯ Абдуллоҳ ибни Масъудро ба Куфа фиристод. Абдуллоҳ ибни Масъуд дар эҷоди насле, ки масъулияти даъвати илоҳиро аз рӯи фаҳми саҳеҳ ва илм ба дӯш бигирад, талоши зиёд намуд ва ӯ дар нафсияти атрофиёни худ таъсири зиёде дошт. Дар ҳақиқат ҷамъе аз шогирдони Ибни Масъуд бо илму фиқҳу зуҳду тақво машҳур гардида буданд, аз он ҷумла: Алқама ибни Қайс, Масруҳ ибни Аҷдаъ, Убайдаи Салмонӣ, Асвад ибни Язид, Мурраи Ҷуъфӣ ва ғайра. (25) Машҳуртарин уламои тобеъин дар мадрасаи куфӣ инҳо буданд:

Омир ибни Шураҳбили Шаъбӣ.

Ӯ алломаи асри худ ва фақеҳи бузург буд. Аз Оиша, Ибни Умар, Саъд ибни Абӯваққос ва дигарон ҳадис ривоят кардааст, мегӯянд, ки ӯ панҷсад саҳобиро дарёфтааст,(26) бинобар ин ӯ соҳиби илму фиқҳи фаровон буд. Муҳаммад ибни Сирин мегӯяд: Дидам, ки ӯ талаби фатво мекард дар ҳоле, ки саҳобагони зиёде дар Куфа буданд. Бо вуҷуди соҳиби илми фаровон буданаш ҳангоме, ки фатво медод ба худ фурӯ мерафт. Ӯ бисёр вақт мегуфт: Намедонам ва намедонам гуфтанро нисфи илм мепиндошт.(27) Шаъбӣ мегӯяд: Мо фақеҳ нестем, лекин ҳадисҳои Паёмбар (с)-ро шунида, ривоят мекунем. Фуқаҳо касоне ҳастанд, ки ҳар вақто донистанд бо он амал мекунанд. (28) Аз нукоти аҷибе, ки аз ӯ овардаанд ривояти Аъмаш аст, ки мегӯяд: марде назди Шаъбӣ омада гуфт: Номи зани иблис чӣ буд? Ӯ гуфт: Он арусие буд, ки ман дар он иштирок надоштам. (29) (Соли 104ҳ. ва дар ривояте соли 105ҳ. ва ё 106ҳ. вафот намудааст. (30)

Ҳаммод ибни Абӯсалама.

Ӯ фақеҳи Ироқ буд. Аз Анас ибни Молик ривоят кардааст шогирди Иброҳими Нахаъӣ буда ва хеле закӣ ва мумтоз дар илми фиқҳ ва мунозара будааст. (31) Ӯ яке аз уламои заҳину зирак, сахӣ ва сарватманду зебоипараст ба шумор мерафт. (32) Фақеҳтарини аҳли Куфа Алӣ (р) ва Ибни Масъуд буданд ва фақеҳтарини асҳоби эшон Алқама буд ва фақеҳтарини асҳоби Алқама Иброҳим ва фақеҳтарини асҳоби Иброҳим Ҳаммод ва фақеҳтарин асҳоби Ҳаммод Абӯҳанифа ва фақеҳтарин асҳоби Абӯҳанифа Абуюсуф будааст. Асҳоби Абӯюсуф дар ҳама офоқ интишор ёфтанд ва фақеҳтарини эшон Муҳаммад буд ва фақеҳтарини асҳоби Муҳаммад Абуабдуллоҳи Шофеъӣ (33) буд. Худованд ҳамаашонро раҳмат кунад. Ҳаммод соли 120ҳ. вафот ёфтааст. (34)

6.Мадрасаи яманӣ.

Машҳуртарини уламои ин мадраса Муъоз ибни Ҷабал, Алӣ ибни Абӯтолиб, Абӯмусои Ашъарӣ ва ғайра буданд. Шахсе, ки маълумоти бештар дар ин мавзуъ мехоҳад, метавонад ба рисолаи илмии доктор Абдуллоҳи Ҳимярӣ (ал-ҳадис вал- муҳаддисун фил-Яман фӣ асрис – саҳоба) муроҷиъат намояд.Албатта агар забони арабиро донад,мутаассифона тарҷума шудааст ё на намедонам. Аз машҳуртарин уламои тобеъин дар мадрасаи яманӣ инҳо буданд:

Товус ибни Кайсон.

Ӯ фақеҳи аҳли Яман ва пешвои эшону олимтарини онҳо ба ҳалолу ҳаром буд. Ӯ аз саромадони тобеъин ба шумор мерафт: Аз адади зиёде аз саҳобагон ривоят кардааст, мисли Зайд ибни Собит, Абӯҳурайра, Ибни Аббос. Ӯ аз зумраи бузургони асҳоби Ибни Аббос ба шумор меравад. (35) Аз Муъоз ба таври мурсал ривоят кардааст. Ӯ аз фарзандони форс буд, ки Кисро ба хотири ишғоли Яман муҷаҳҳаз сохта, фиристода буд. (36) Ӯ фақеҳ ва соҳиби баракати бузурге барои аҳли Яман буд. (37) Панҷоҳ тан аз асҳоби Паёмбар (с)-ро дарёфтааст.(38) Умар ибни Абдулазиз ба ӯ дар аҳди Сулаймон гуфт: Ҳоҷататро аз Амирулмуъминин бихоҳ. Гуфт: Ба ӯ ҳоҷат надорам. Гӯӣ, ки Умар аз ин дар аҷаб монд.(39)

Аз суханони ӯ: Умури динии як ҷавон пурра намешавад, магар ба издивоҷ.(40) Боз мегӯяд: Бухл он аст, ки шахс дар он чӣ дар дасташ ҳаст бахилӣ кунад ва «шуҳҳ» он аст, ки тамаъи он чӣ дар дасти мардум аст бикунад.(41) Қайс ибни Саъд дар мавриди ӯ мегӯяд: Товус дар байни мо мисли Ибни Сирин дар байни шумост. Ибни Мадинӣ мегӯяд: Суфён касеро аз асҳоби Ибни Аббос бо Товус баробар намекард.(42) Ӯ аз амирону шоҳон канора мегирифт, магар вақте ки барои иҷрои амале маҷбур карда мешуд ва ҳар гоҳе, ки аз ӯ мехостанд, то насиҳате кунад бидуни хотирбинию мазоҳ ҳақиқатро мегуфт. Ӯ дар Макка соли 106ҳ. вафот намуд. (43)

Ваҳб ибни Мунаббаҳ

Ӯ Абуабдуллоҳ Ваҳб ибни Мунаббаҳ аз фарзандони Форс буд, ки дар шаҳри зуммори Яман сукунат мекард. Аз касоне буд, ки китобҳои осмониро хонда, ибодат мекарду мувозиби илмомӯзӣ буд ва зуҳдро пеша карда буд.(44) Заҳабӣ дар мавриди ӯ мегӯяд: Ӯ имому аллома ва ровии ахбор буд. Иҷлӣ мегӯяд: Ӯ тобеъии муътамад буду қазои

Санъоро бо ӯҳда дошт. Шерозӣ ӯро дар фуқаҳои тобеъини Яман зикр кардааст. (45) Ӯ соҳиби ҳикмат ва заковат буд. Ӯ таъсири чашмрасе дар муҳорабаи Хавориҷ дар Яман ва барҳазар намудани мардум аз орои эшон дошт.(46) Дар зер гуфтугӯи ӯро бо Абӯшаммари Хувлонӣ, ки ҳамроҳи Довуд ибни Қайс назди Ваҳб дохил шуд, меорем. Довуд бо Ваҳб оид ба рафиқаш Абӯшаммари Хувлонӣ гуфт: Ҳақиқатан ӯ аз аҳли Қуръону салоҳ аст ва Худованд Худ аз ботинаш огоҳ аст. Ӯ ба ман хабар дод, ки нафаре аз Хавориҷ ба ӯ гуфтанд: Закоте, ки ба амирону волиҳо адо мекунед фоида надорад ва гарданатро озод намекунад, зеро эшон дар мавзеъаш онро намегузоранд, пас онро ба мо бипардоз. Ман мехоҳам шумо эй Абӯбдуллоҳ ба ӯ бифаҳмонед, чун сухани Шумо ба ӯ таъсир хоҳад дошт. Пас Ваҳб гуфт: Эй Хувлон! Оё мехоҳӣ, ки баъд аз расидан ба пирӣ хороҷӣ шавию бар гумроҳии касе, шоҳиди диҳӣ, ки ӯ беҳтар аз туст?! Пас, фардо дар пешгоҳи Худо барои ин шаҳодатат чӣ хоҳӣ гуфт? Ҳине Худо ба имондории ӯ шаҳодат медиҳад ва шумо ба куфри он шаҳодат медиҳед, Худованд ба растагории ӯ шаҳодат медиҳад ва шумо ба куфрӣ он шаҳодат медиҳед. Пас мавқеъи шумо куҷо хоҳад буд, ҳар гоҳе, ки раъйи ту мухолифи раъйи Худо ва шаҳодати ту мухолифи шаҳодати Худо бошад?

Эй Хувлонӣ, маро хабар деҳ, ки ба шумо чӣ мегуянд? Ӯ гуфт: Онҳо ба ман амр мекунанд, ки танҳо ба пайравони эшон садақа диҳам. Ваҳб гуфт: Рост мегӯӣ, ин меҳнати дурӯғини эшон аст. Аммо оид ба садақа ман шунидам, ки Паёмбар (с) баён дошта, ки зане аз аҳли Яман ба сабаби бастани гурба ва гурусна нигоҳ доштани он дохили Дӯзах шудааст.(47) Пас оё таъом додани инсоне аз гуруснагӣ, ки Худоро парастиш мекунаду рӯ ба шарик намеорад маҳбубтар аст назди Худо ё таъом додани гурба? Худованд мефармояд:

«Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯрондам”.

(Сураи Инсон, ояти 8)

Аммо суханони эшон оиди танҳо истиғфор намудан, барои эшон оё онҳо беҳтаранд ё малоика? Худованд мефармояд:

«Наздик аст, ки осмонҳо аз болои якдигар дар ҳам бишкофанд

ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ

мегӯянд ва барои сокинони замин омурзиш металабанд.

Огоҳ бошед, ки ҳаройна Худо омурзандаву меҳрубон аст!»

(Сураи Шуро,ояти 5)

Малоика танҳо ба фармони Худо ин амалро анҷом медиҳанд.

Дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд

(Сураи Анбиё, ояти 27

«Онон, ки Аршро мебардоранд ва онҳо, ки бар гирди он

ҳастанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва

ба ӯ имон доранд ва аз ӯ барои муъминон омурзиш

мехоҳанд: «Эй Парвардигори мо, раҳмату илми Ту ҳама

чизро фаро гирифтааст. Пас, ононро, ки тавба кардаанд

ва ба роҳи ту омадаанд, биёмурз ва аз азоби ҷаҳаннам

нигаҳ дор!»

(Сураи Ғофир, ояти 7)

Онҳо гуфтугӯю муноқашаашонро идома доданд, ҳатто ки Хувлонӣ гуфт: Пас чӣ амр мекунед маро? Ваҳб гуфт: Закотатро ба касе адо кун, ки амри ин умматро ба ӯ вогузоштааст ва атрофи ӯ ҷамъаш намудааст. Дар ҳақиқат мулк танҳо аз Худованд аст ва дар дасти Ӯст, ба ҳар касс,

ки хоҳад медиҳад. Пас ҳар вақто закотатро ба волии ин амр пардохтӣ гарданатро озод сохтаӣ ва агар молат зиёдатӣ бошад, пас ба хешону наздиконат кӯмак намо. Хувлонӣ гуфт: Шаҳодат медиҳам, ки ман аз раъйи Хавориҷ даст кашидаам.(48)

Ваҳб соли 110ҳ. замони хилофати Ҳишом ибни Абдулмалик вафот намудааст.(49) Ривоят аст, ки волии Яман Юсуф ибни Умар ӯро бо латукуб куштааст, (50) ва шояд ин ба сабаби мавқеъгирии Ваҳб бар зидди зулму ситами волии Яман будааст. (51)

7. Мадрасаи мисрӣ.

Мадрасаи Миср аз саҳобагоне ташкил ёфта буд, ки замони фатҳи Миср ба он ҷо рафта, сокини шаҳрҳои Фустот ва Искандария шуданд. Аз ҷумлаи онҳо: Амр ибни Ос, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос, Зубайр ибни Аввом. Пуртаъсиртарин саҳоба дар Миср Уқба ибни Омир (р) буд. (52) Илова ба ӯ саҳобагони зиёде буд, ки масъулияти даъвати мардумро ба сӯи динашон ба дӯш доштанд. (53) Баъд аз эшон табақаи тобеъин ҷойгузини онҳо шуда, аз онҳо имомину доъиён буданд, аз ҷумла:

Язид ибни Абӯҳабиб.

Ӯ имому ҳуҷҷат ва муфтии диёри Миср, куняаш Абураҷо ва нисбаташ Уздӣ буд. Ӯ аз зумраи бузургтарин олимони боамал буд. Бо вуҷуди мавло ва сиёҳпуст буданаш, ботақво буда, мартабаву манзалати баланде дошт (54). Лайс ибни Саъд оид ба ӯ мегӯяд: Язид ибни Ҳабиб меҳтару олими мост (55). Ӯ соли 128ҳ. вафот намудааст (56).

8. Мадрасаи шимоли Африқо.

Пешвоён ва фотеҳон бо сарварии Амр ибни Ос ба шимоли Африқо дохил шуданд. Баъд аз Амр сарварии эшон ба дӯши Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абӯсарҳ (р) гузошта шуд. Пас аз он идораи фатҳи Африқоро Муъовия ибни Худайҷ пеш бурд ва Муъовия ӯро волии Миср ва Африқо таъин намуд. Баъд аз ӯ Уқба ибни Нофеъи Феҳрӣ волӣ таъин гардид ва шаҳри Қайравонро бунёд гузошт. Ӯ аз

зумраи беҳтарин волиҳо буд ва муъомилаи неке бо мардум дошт. Баъд аз эшон волиҳои зиёде умури Африқоро ба дӯш гирифтанд ва аз роҳу равиши эшон пайравӣ намуданд (57).

Дар замони хилофати Умар ибни Абдулазиз Исмоъил ибни Абӯлмуҳоҷирро ҳамчун волӣ ба Африқо фиристоданд. Ӯ мардумро бо забону аъмол ва ахлоқи худ даъват менамуд. Мардум ӯро дӯст медоштанд ва даъваташро қабул намуда, исломро пазируфтанд. Исмоъил саъю талоши зиёде ба таълими мардум ва баён намудани ҳалолу ҳаром барои эшон намуд. Умар ибни Абдулазиз даҳ нафар аз олимони тобеъин ҳамроҳи ӯ фиристод. Сокинони Африқо он замон аз ҳалолу ҳаром огоҳие надоштанд ва ҳатто намедонистанд, ки арақ ҳаром аст. Дар чунин ҳолат онҳо ба Африқо рафта, ба мардум аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаромро мефаҳмониданд (58).

Аз он чи гузашт дар бораи мадрасаҳои илмӣ аҳаммияти ба мерос бурдани илм ва таҷрибаҳои даъвату таблиғ дар назди салаф зоҳир мешавад. Ин дар саросари иқлимҳои давлати исломӣ мушоҳида мешуд. Инчунин маълум гардид, ки маҷмуъае аз донишмандону фозилони уммати исломӣ ба таълиму тарбия ва фатвову ирошду вазъ ва нашри ислом машғул будаанд. Ин буд қатрае аз корнамоҳиҳои ин халифаи рошид. Умед аст аз он баҳрае гирифта бошед. Дар ҳақи мо дуои хайрро фаромӯш накунед. Дӯстдори шумо азизон

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

МАЪХАЗҲО

1. Сияру аъломин-нубало ( 5/79).

2. Ал-фатво, док. Ҳусейн ал- маллоҳ ( с.810 , сияру аъломиннубало ( 5/78).

3. Аддаъвату илаллоҳ фил- асрил- аббосил- аввал (с. 1/41).

4. Тафсирут-тобеъин ( 1/4239), Умар ибнул Хаттоб, Саллобӣ (с. 260).

5. Тафсирут-тобеъин ( 1/4239), Умар ибнул Хаттоб, Саллобӣ (с. 260).

6. Сияру аъломин-нубало ( 4/608).

7. Сияру аъломин-нубало.

8. Сияру аъломин-нубало ( 4/610).

9. Сияру аъломин-нубало (4/615).

10. Сияру аъломин-нубало ( 4/618).

11. Сияру аъломин-нубало ( 4/619).

12. Сияру аъломин-нубало ( 4/613).

13. Сияру аъломин-нубало 4/619).

14. Сияру аъломин-нубало (4/620).

15. Сияру аъломин-нубало.

16. Сияру аъломин-нубало ( 4/621).

17. Ал-фатово док. Ҳусейн Ал- маллоҳ ( с. 84).

18. Сияру аъломин – нубало ( 4/276).

19. Сияру аъломин-нубало ( 4/277).

20. Сияру аъломин-нубало ( 4/276).

21. Сияру аъломин-нубало ( 4/270).

22. Сияру аъломин-нубало ( 4/277).

23. Сияру аъломин-нубало.

24. Сияру аъломин-нубало.

25. Фаслул-хитоб фї- сирати Амирул-мўъминин Умар ибнил-Хаттоб ( с. 264).

26. Сияру аъломин-нубало (4/298).

27. Ал-фатво, док. Ал – Маллоҳ ( с.83).

28. Сияру аъломин-нубало (4/303).

29. Сияру аъломин-нубало (4/312).

30. Сияру аъломин-нубало (4/318).

31. Ал-фатво, докт. Маллоҳ (с. 83).

32. Сияру аъломин- нубало ( 4/231).

33. Сияру аъломин-нубало ( 4/236).

34. Сияру аъломин-нубало.

35. Сияру аъломин-нубало (5/39).

36. Сияру аъломин-нубало ( 5/38).

37. Ал-фатово, нашъатҳо ва татавуруҳо, усулуҳо ва татбиқуҳо ( с. 85)

38. Сияру аъломин –нубало ( 5/43).

39. Сияру аъломин-нубало (5/41).

40. Сияру аъломин-нубало ( 5/42). 
41. Сияру аъломин-нубало (5/48).

42. Сияру аъломин-нубало (5/48).

43. Аттабақот ( 5/541), Асарул-уламо фил- ҳаётис –сиёсияти ( с. 666).

44. Уламоул- амсор, Бустӣ ( с. 123).

45. Табақотул- фуқаҳо (с. 66).

46. Асарул-уламо фил- ҳаётис –сиёсияти фиддавлатил- умавия ( с.667).

47. Муслим № (2242).

48. Сияру аъломин –нубало (4/555).

49. Сияру аъломин нубало (4/556), Асарул – уламо фил ҳаётис- сиёсияти (с. 667).

50. Сияру аъломин-нубало (4/556).

51. Асарул-уламо фил-ҳаётис- сиёсияти (с. 667).

52. Умар ибнул- Хаттоб, Саллоби (с.270).

53. Аддаъвату илаллоҳ фил-асрил-аббосийил-аввал (1/57).

54. Сияру аъломин нубало (6/31) .

55. Сияру аъломин-нубало (6/32).

56. Сияру аъломин-нубало.

57. Ал-баёнул-муғриб, Марокашӣ (1/19). Аддаъвату илаллоҳ (1/61).

58. Ал-баёнул-муғриб, Марокашӣ (1/48), аддаъвату илаллоҳ фил-асрул-аббосийил-аввал (1/62).

Share This Article