Семейканюси навбатӣ ҳадяи «идона»-и «Ислоҳ» ба Раҳмонов ва оилаи ӯ аст. Иди саъиди фитр барои мо мусалмонон ҷойгоҳи хосси худро дорад. Чун мо пас аз ба охир расидани моҳи мубораки рамазон моҳи тоъот ва ибодотро ҷашн мегирему таманнои қабули ибодот ва дуъоҳои як моҳаи анҷомдодаамон ҳастем. Бар фарқи солҳои гузашта,ки ҳамеша мардуми кишварро дар ин рӯз табрик мекардем. Имсол тасмим гирифтем,ки Раҳмонов ва оилаи ӯ, ки дар ин моҳ ҳеҷ хидмате ба ин мардум накарданд. Барқи мардумро надоданду онро ба хориҷ аз кишвар фурӯхтанд. Дар бозорҳо гаронӣ оварданд. Дар ин моҳ ба Русия сафар кард вале ҳеҷ беҳбудие ба муҳоҷирони кории Тоҷик наоварду баракс ҳама спетспрёмникҳои ин кишвар пур аз муҳоҷирони мо буданд. Муҳоҷири Тоҷик ин моҳро бояд ором гузаронанд онҳо дар навбати идораи муҳоҷират Сахарова ва дигар идораҳо бо сад мушаққат гузарониданд. Шаҳрвандони ин кишвар дар ҷанги Укроин бурда кушташуданду ҷасадҳояшон баргардонида шуданд. Қаламрави ин кишварро ба ҳамсояамон дар ин моҳ рафта бахшиду баргашт. Инчунин садҳо ҷиноят анҷомдод вале боз ҳам мехоҳем чунин ҷонвари зараррасонеро бо оилааш табрик намоям. Барояш таманнои ҳарчи зудтар аз қудратрафтану дар зиндони дурусткардааш қарор гирифтанашро намоем.
Мардуми кишварро Ин шо Аллоҳ мехоҳем дар яке идҳои хуҷастаамон аз наздик дар дохили кишвар табрик намоем.
Танҳо феълан ҳаминқадар мегуям: «Аллоҳ ҳама тоъот ва ибодатҳоятон мақбули даргоҳи илоҳӣ бошад. Ҳама дуъоҳои кардаатон иҷобат шаванд. Хуб медонем дар чи ҳолед ва чи дуъоҳое кардаед».
Эмомалӣ Раҳмонов ба Наврӯз ба як гурӯҳи махсуси зиндониҳо туҳфаи хос кард, мо ҳам гуфтем, ки ба Ҷаноби абулҳул ҳадяе намоем. Аммо ҳадяи мо ба муносибати Иди саъиди Фитр аст.
Анҷоми орому сокит ва бемашғалаи маъракаи сиёсии интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллӣ, ки гуё ҳизби Раҳмонов пирӯзи мутлақ шуд, хатми моҷарову баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон ва дар чанд рӯзи пеш сафари пурбору бобарор ба Маскав боис шудааст, ки Раҳмонов масту махмур бошаду шоду ғазалхон бошад. Бахусус, ки гуё Путин иҷозат додааст, ки Рустамро ба ҷойи худаш биншонад. Путин гуё гуфта бошад, ки ҳеҷ масъала нест, Рустам тавонист, ки худро нишон диҳад. Дар оянда ҳам умед аст ки метавонад.
Аммо хабарҳое, ки ба мо мерасанд аз он шаҳодат медиҳад, ки Раҳмонов ҳамоно ноором аст ва ҳамоно таҳлукаву ҳароси сарнагунии Башшор Асад ва дар ҷойи вай омадани ҳукумати исломиҳо, ки то чанд моҳи пеш террористӣ шинохта мешуданду то СММ дар листи созмонҳои террористӣ шомил шуда буд ва Амрикову Урупову Русияву Чин, хулоса ҳама ҳамин тавр террорист мешинохтанд, тану ҷони ӯро месузонад. Дигарбора ҳамла ба ришу ҳиҷобро сахттар кард. Дар тамоми макотиби мутавассита бо сафарбарии ходимони милисаву амният ҷаласаҳо доир карда аз зарари ҳамкорӣ бо мухолифин суҳбат карда истодааст. Агарчи интихоботи маҷлис бисёр ҳам ноаёну номаълум гузаронида шуд вале таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор гардид ва дар ҳама участкаҳои интихоботи чандин милисаву амниятӣ ҳатто кормандони пожарний службаро чанд шабу чанд рӯз дар синфхонаҳои мактабҳо, ки участкаҳо онҷо воқеъанд рӯзу шаб хобонд.
Вале дар ин авохир аз феҳристи афроди террорист баровардани исми Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва чанде аз наздикони вай тавассути ҳукумати Доналд Трамп ва лағви даҳ миллион доллар ҷоиза ба хабар дар бораи Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ки вазири дохилии ҳукумати Толибон аст ва ироаи кумакҳои изофӣ ба Иморати Исломии Афғонистон, боз ҳам Раҳмоновро дучори саръу васвос кардааст. Вай ҳар шаб хоби Сайфиддин Тоҷибоеви новии наҳзатиро мебинад, ки дар ҳукумати Сурия мақом касб кардааст. Раҳмонов аз Наҳзат ва наҳзатиҳо, умуман аз неруҳои исломӣ мисли қади аҷал ва то пойи ҷон метарсад. Ҳиҷ бовар надорад, ки сарҳади бо Афғонистонаш то ба охир боамну субот хоҳад буд ва боз аз он самт размандагон ворид ва ҳукумати вайро ин бор зерузабар хоҳанд кард.
Бале, хонанда ва бинандаи азизи моҳномаи «Семейканюс». Ончуноне пай бурдед, ин бор персонажи асосӣ ва марказии моҳнома худи Раҳмонов аст. Як хабари бисёр ҳам ҷолибу обнорасидаро бо каме шарҳу тафсир дар бораи чораҳои ҷавобии Раҳмонов дар робита ба хатари ҷониаш дар фарҷом меоварем. Ин хабар дар бораи бункери Раҳмонов аст. Аммо ҳоло як матлаби аҷиб дар бораи Озода Раҳмонова ва ҳамин таври матлаби дигар дар бораи Парвина Раҳмонова, духтарҳои миллионершаи Раҳмонов ва як хабари дигарро дар бораи Хуршеди Мирзо, ҷураи ҷонии Рустами Эмомалӣ пешкашатон мекунем:
«Заказчик»-и делои Ҳамрохон Зарифӣ Озода?
Ҳоло дигар Озода он Озодаи вазорати хориҷа нест. Вай на фақат роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст. Аз таъсиргузортарин нафарони наздики Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳама масоил ва махсусан дар масоили кадрҳо аст.
Аммо замон, замоне, ки дар вазорати умури хориҷӣ кор мекарду вазир Ҳамрохон Зарифӣ буд, ин тавр зуру ҳузарб ва катазан набуд. Он солҳо Озода ду проблема дошт. Вай ҳамагӣ панҷ сол дар вазорати хориҷӣ кор кардааст. Панҷ соли пурра ҳам не, чор солу чанд моҳ. Ва дар ҳамин муддат 4 кудак зоид. Яке аз ин кудакҳо «проблемний» буд. Аз он бачаи ҳисорӣ, ки ӯро кам- кам «меҳрубонӣ» мекард. Дар он кабинети бо тамоми шароит дурбинҳои мадорбастаи махфӣ- скритий камераҳо насб шуда будааст. Он вақт масъули камераҳо Мансурҷон Умаров буд. Дар ҳамон моменте, ки Зарифӣ аз дасти Озода девона шуда буд навори… ба майдони интернетии дохилияшон баромад.
Конфликти ин ду -Зарифӣ ва Озода он замон дар васоити ахбори омма дарз карда буд. Ин ду барои масъалаҳои корӣ ҳам мушкил доштанд. Барои инки сағираҳои КГБ утечка мекарданд. Гурӯҳҳои дигари рӯ ба русҳо ҳам буданд, ки зиди Зарифӣ бекор намеистоданд. Махсусан худи русҳо. Барои онки Ҳамрохон Зарифӣ аз соли 2008 тайёрӣ медид ва Раҳмоновро тайёр карда буд, ки базаи 201-и русҳо дар соли 2010 аз тарафи Раҳмонов имзо нашавад. Баъд як договори панҷсола карданд. Мувофиқи ин договор дар ду этап бояд база бароварда мешуд.
Хуллас, соли 2004 русҳоро аз мақарри чандинсолаашон дар шаҳри Душанбе ва Қурғонтеппаву Кулоб бароварданд. Соли дигар шумораи сарбозону афсарони базаи 201ро кам карданӣ буданд. То 3 ҳазор афсар. Зарифӣ мегуфт бояд барои панҷ сол договор кунем. Вай Раҳмоновро уговорит ва мутақоид карда буд, ки бо русҳо долгосрочний договор кардан невигодно.
Раҳмонов ризо шуда буд. Зарифӣ ду гурӯҳи экспертҳоро паноҳӣ ҷамъ карда буд- нелегално ҳама сари ҳамин масълаи базаи 201 аналитика мекарданд.
Манбаъи мо мегуяд, ки барои татбиқи ин нақша ҳатто бархе аз экспертҳо ҳамроҳ бо Зарифӣ Афғонистон пеши Атомуҳаммади Нур, ки аз фармондеҳони пурнуфуз ва солҳо волии Мазори шариф буд рафта буданд.
Аммо ҳамаи ин нақшаҳоро генерал-лейтенант Шералӣ Хайрулло, вазири дифоъи Тоҷикистон ба русҳо мефурӯшад. Дар Маскав барои Шералӣ Хайрулло дар проспекти маъруфи Рублевка коттеҷ ва мақоми шаҳрвандӣ ва нафақаи калон медиҳанд. Гап дар бораи он меравад, ки русҳо ҳануз асноди байнидавлатӣ ниҳоӣ нашуд онро тавассути Шералӣ Хайрулло ба Раҳмонов мерасонанд. Ҳамон аснодеро, ки зери назари Ушаков, ки ёвари Путин буд, омода карда буданд ва он муоҳадаи 49 соларо дар назар дошт. Бо ин васила Раҳмоновро угрожат карданд.
Раҳмонов, ҳануз дар ҳамон солҳои хидмат дар морской флот ҷи ҷурму ҷиноёте содир карда будааст, ки сабтҳо он бортавой журнали киштие, ки хизмат карда буд, маҳфуз будааст назди русҳо. Шантажи дигар болои Раҳмонов снайперский винтовкае буд, ки ба василаи он муноқишаи хунини Сангаку Файзалӣ анҷом дода шудааст. Ин муноқишаи хунин тибқи закази худи Раҳмонов сурат гирифта буд ва иҷрокунандаи он як афсари рус ҳам будааст.
Хуллас, Шералӣ Хайрулло ин ҳама аснодро оварда ба Раҳмонов медиҳад. Дар ҳоле, ки асноди байнидавлатӣ фақат ва фақат тавассути ВУХ-вазорати умури хориҷӣ радду бадал мешавад. Ин кор дар соли 2010 буд ва он вақте буд, ки ҳануз Диана, духтари Шерали Хайрулло, ки аруси Раҳмонов буд гурехта Амрико нарафта буд. Раҳмонов фақат ба хотири Диана Хайруллоевро ҷазо надод вале аз мақом барканор кард. Аммо, дар ниҳояти амр ҳамон аснод қонунӣ ва байнидавлатӣ шуданд ва Зарифӣ аз мақом канор зада шуд.
Вале вақте ин ҳарду Озода ва Ҳамрохон Зарифӣ дар вазорати хориҷӣ кор мекарданд, байнашон мушу гурбабозӣ давом мекард. Вақте Абдумаҷид Достиевро аз муовинати аввали раиси Маҷлиси намояндагон озод ва сафири Тоҷикистон дар Русия таъин карданд, вай гуфт маошамро боло кунед, ман меравам. Вале, ин танҳо як баҳона буд аз тарафи Достиев ва Зарифӣ то ба Раҳмонов бирасонанд, ки духтарат Озода ҳамаро девона кардааст. Зеро Озода касеро дар вазорати хориҷӣ ба вазифа таъин мекунанд мегуфт, ки аз 30 то 50 000 доллар биёред-барои паспорти дипломатӣ ва брои паспорти хидматӣ- служебний 10-15 000 ҳазор доллар мепурсид. Аз чанд нафар торгпредҳо-намояндагони тиҷоратӣ то 5о ҳазор доллар ҳам гирифтагӣ аст. Масалан аз марҳум Абдураҳмон ва ё Файзулло Шариф. Гап дар иноҷст, ки онҳоро Зарифӣ таъин мекунад, мегуяд ин паспортҳо дода шавад. Аммо Озода бепул намедиҳад. Як ҷияни овозхон Парвина Юсуфӣ ёрдамчии Озода буд. Ҳамон одам он вақтҳо кошелеки Озода буд, ки баъдан бо 300 000 доллар ӯро қапиданд. Ин ҳам оператсияи Мансурҷон Умаров буд. Ин пул ба Озодаро ҳама медод. Достиев ба матбуот мусоҳиба дод ва масъалаи пулро бардошт. Раҳмонов аз Зарифӣ мепурсад, ки чи гап аст?
Вазир мегуяд, ки прблемаи ин пул ҳам нест, мо маошашро зиёд мекунем. Проблема проблемаи паспорт аст. Вақте Раҳмонов фаҳмид аввал худаш талхакаф шуд. Раҳмонов дигар чикор мекард духтарашро? Баъд барои онки Озода ба масоили давлатӣ мудохила накунад, чопу тақсими паспортҳои хориҷро ба вай доданд. Паспортҳо дар Германия чоп мешуданд. Гуфтанд аз инҷо пул кор куну ба корҳои давлатӣ «чаққа нашав». Дар ин миён буд, ки ҳамон навори русвоияш баромад. Ва формално бо Ҷамолиддини шавҳараш ҷудо шуд. Он бачаи «партнёр»-и Озода аз узбекҳои Ҳисор буд ва дар вазорати хориҷӣ фаъолият мекард. Ҳамон шабурӯзҳо ин навор «утечка» шуд.Зоҳиран ҷони Зарифӣ аз Озода халос шуд, аммо дер давом накард. Зеро Озода боло рафту муовин шуд. Вале Зарифиро ҷавоб доданд. То як сол якуним сол Ҳамрохон Зарифӣ бекор монд ва баъдан, вақте таги корро фаҳмиданд, Зарифиро сафири Япония таъин карданд. Аммо Озода то ба охир ба Зарифӣ уқдаи дохилӣ дошт.
Ҳодисаи дигар ин буд, ки сафири вақти Хитой ба Эмомалӣ Раҳмонов навишт, ки Хитой хоҳиши Эмомалӣ Раҳмонов барои ба Тоҷикистон фиристодани 1550 мутахассиси хитоӣ пазируфт ва Раҳмонов ҳам дастури додани иҷозати кор ба онҳоро дод. Аммо Озода барои ҳар кадоми онҳо 5000 доллар ставкаи худро монд. Он солҳо аз шаҳрвандони Афғонистон барои ҳар паспорт Озода 500 долларӣ мегирифт. Абдулфайз Атоӣ, ки ҳоло ҳамроҳ бо Зарифӣ ҳукми тулонӣ гирифт он вақт консули Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Вай аз афғонҳо 900-1000 долларӣ мегирифт ва 500 долларашро ба Озода медод.
Ҳамрохон Зарифӣ барои Раҳмонов ягон вақт душман набуд. Баракс аз саг ҳам вафодотар буд. Аммо баъзе аз суҳбатҳои интиқодии вай дар бораи Рустами Эмомалӣ ва ҷойгузинсозии вай ки барои Раҳмонов ва хонаводаи вай масъалаи ҳаёту мамот аст расида ва расонида шудааст.
Дар як қисм аз суҳбатҳое, ки навори онҳо ба дасти Эмомалӣ Раҳмонов расидааст, аз ҷумла дар ҳамин бора ҳам гап рафтааст. Ба ин маъно, ки Зарифӣ гуфта бошад аз ҳамаи ин порагириву порахурии Озода Раҳмонов бохабар буд вале ӯро мақоми болотар бурду худи Зарифиро аз кор берун карда бошад. Бархеҳо мегуянд, ки гуё ин ҳама саҳнасозиҳои Юсуф Раҳмон буд. Ҳатто забти суҳбатҳои Зарифӣ дар ҷаласаҳои маҳфили Валдай дар Санкт-Петербур тавассути Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов расонида шудааст.
Дар асл ва амал Озода бо Юсуф Раҳмонов, ки акнун котиби Шурои амният таъин шуд, наздик аст.
Дар омади гап инро ҳам бигуем, ки Юсуф Раҳмон ҳануз, қабл аз онки Додситони кулл бишавад ба бизнеси пурдаромади домсозӣ машғул буд. Ва аз домҳои месохтааш ҳатман 1 ё 2 хона –квартира ба Азизмои зани Раҳмонов ва ё Озода доля медод. То замони Прокурори генералӣ таъин шудан Юсуф Раҳмон 11 доми аз 10 ошёна боло дошт, ки сохтмонашон дар ҳоли ҷараён ва ё тамомшавӣ буд.
Яке аз сабабҳои асосии аз ҳабс берун мондани Тоҷиддин Пиров, ки соҳиби «Тоҷиксодиротбонк» буд, пуштибонии Юсуф Раҳмон аз ӯ аст. Вагарна ин бонк, ки дигар аз байн бурда шудааст, проблемаи зиёд дошт. Аммо Озода ва Юсуф Раҳмон дар пушташ истоданд.
Вақте Хитой барои сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ 280 миллион доллар қарз дод. Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар вазорати молия кор мекард ва он замон бо занаш-Озода проблема надошт 10%-онро ҳамчун миёнрав гирифт ва пулашонро аз Гонконг ба Тоҷиксодиротбонки Пиров гузарониданд. Аммо ин компромати Тоҷиддин Пиров то Озода ба шавҳараш соз буд, кор медод, баъд, ки Ҷамолиддин зани дигар гирифту бачадор ҳам шуд, дигар неважний шуд.
«Сифат-фарма» ва ҷиноёти молиявии Семейка
Нафаре, ки ин ҳама маълумоти зерро ба мо ирсол кард, мегуяд, асноди зиёде дар дастам омад. Ин аснод аз контрактҳои миёни ширкати «Сифат-фарма»,вазорати тандурустӣ ва ширкатҳои зиёди тавлиди дору дар Ҳиндустон ва Туркияву Покистон иборат аст.
Вақт лозим барои таҳлили онҳо. Беш аз 1000 варақ. «Сифат- Фарма» бо он бонки гуфта хело алоқаи калон доранд. Ҳамаро ҷамъ кардам, акнун бояд нишаста нависам.
Назари ман ин аст, ки бояд силсилаи барномаҳо оиди арсаҳои ба монополияи оилаи Раҳмонов табдилшудаи иқтисоду иҷтимоиёт ва сиёсати мамлкат ташкил ва нашр кард. Албатта, мардум ин ҳамаро хуб медонад. Аммо, сухани чопӣ ва дар доираи матлабу мақола таъсири дигар дорад. Ҳама чиз мадраку далел мешавад.
Барои мисол аз ҳамин «Сифат -Фарма» мешавад шуруъ кард. Боз ба ман баччаҳо гуфтанд, ки ҳатто воридоти гушти мурғу гову гусфанд ба монополияи ҳамин оила даромадааст. Яъне ба тасарруфи оилаи Раҳмонов. Мухолифон фақат масъалаи озодии сухану пора ва ҳиҷобу сиёсатро мебинанд, аммо аз ҷиноёти иқтисодиву молиявии семейка тақрибан чизе намегуянд.
…..Дар худи «Сифат-фарма» боз пинҳонӣ аз роҳбарият алик -маликҳо зиёданд. Кормандони марказии «Сифат- фарма» доруҳои зиёдро аз дигар ҷойҳо оптом харид намуда аз номи «Сифат- фарма» бо нархи қимат тақсим карда фоидаҳои хубро ба даст оварда истодаанд.
Ғайр аз ин, ин коргарони пинҳонӣ аз Парвина Раҳмон маблағҳои калонро ба воситаи як фирмаи тобеи «Сифат- фарма», ки номаш Биолек аст, обу лой доранд.
Яке аз коргарони ин ширкат Миҷгона ном дорад, ки бисёр маккор аст, ки дар хеле аз ин корҳо даст дорад.
Аммо «Сифат-фарма» як гушаи бизнеси бузурги Парвина аст. Парвина зани Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати Муттаҳидаи Араб мебошад. Ба забони фаҳмо Дубай аст.
Ҳамин чанд рӯзи пеш як чиро фаҳмидам. ББТ-Бонки байналмилалии Тоҷикистон Международный Банк Таджикистана низ дар асл аз они Парвинабону аст ва гуё соҳиби он додари домоди Раҳмонов, писари Гул Шералӣ (аз Данғара) ва собиқ вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон.
Онҳо чандин вақт аст ки барои гурехтан аз санксияҳо ба русҳо ёрӣ дода истодаанд. Ин банки оила барои бизнесменҳои рус ва ба шахсони алоҳида счету картаҳои Visa ё Mastercard мекушояд. Аз Русия пули русӣ-рубл мегузаронанд ба счети худ ва бонк бошад доллар мепартояд ба счети онҳо. Баъдан он соҳибкори рус бе ягон мушкилӣ аз дилхоҳ канори дунё бор мехарад, тавассути он счети бонкии духтари Эмомалӣ Раҳмонов. Ин кумак барои гурехтан аз санкция аст.
Аммо ингуна транзаксияҳо ба системаи молиявии худи Тоҷикистон зиёни калон дорад. Чунки манбаъҳо ё даромади асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон хело кам аст. Асъори хориҷӣ, ки кам шуд қурби сомонӣ нисбати дигар асъори хориҷӣ бозӣ мекунад. Инро бояд финконтроли «Бонки Миллӣ» назорат барад ва барои ин нақзи қонун лисензияи кории бонкро бекор кунад. Ин расонидани зарар ба миллионҳо шаҳрвандони тоҷикистон аст. Зеро он ба норасоии асъори хориҷӣ барои хариди маҳсулоти импортӣ (яъне ба Тоҷикистон аз дигар давлатҳо маҳсулоти воридшаванда) мешавад, ки боиси қиммат шудани он маҳсулотҳо дар Тоҷикистон мешавад. Бояд «Бонки миллӣ» пеши роҳи ин корро бигирад. Вале хапу хомуш аст. Аз куҷо метавонад пеши пулкоркунии семейкаро бигирад?
Аз ҳама аҷибаш он ки аз Русия истода счёт мекушоянд. Ҳол онки ин вайронкунии ошкорои чандин қонун аст. Зеро шаҳрвандони дигар давлатҳо аввал бояд дар ҷои зист, яъне дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд. Бо забони русӣ регистрация бояд кунанд, дар ОВИР. Чи гуна онҳо аз Русия истода ин корро мекунанд? Пулшӯйии тапа тапёр аст ин дигар.
Хуршеди Мирзо фақат медуздад!
Хуршед Мирзо, директори Оҷонсии навтаъсиси инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ назди президенти Тоҷикистон рафиқи Рустами Эмомалӣ дар як суратҳисоби пинҳонӣ, ки аз руи маълумотҳо ба номи кадом хешаш, баъзеҳо мегуянд ба номи кадом хеши занаш, баъзе мегуянд ба номи хеши зани дуюмаш, бисёр маблағҳои калон ҷамъ кардааст. Маблағҳо аз ҳисоби парковкаҳои пулакӣ ва камераҳое, ки ба системаи Нерӯ мутааллиқ аст, ба он суратҳисоб ворез карда мешаванд. Соли гузашта аз ҳамин ҳисоб Хуршед Мирзоев 34 миллион сомонӣ кор кардааст, ки Рустами герчик аслан хабар надорад. Ғайр аз ин, Муҳаммад Мирзоев акаи Хуршед Мирзоев аз шартномаҳо бо сармоягузорҳо, ки бо «Авесто -групп» ҳамкорӣ доранд, 27 миллион сомонӣ кор кардааст.
Дар ҳамаи он заводу корхонаҳое, ки аз сумҳои Рустам «Авесто-групп» сохт, дуздию изофанависиҳо ба дараҷаҳо рафта истодааст. Дар заводи Акиа, ширкатҳои Сиёма, Нерӯ ва умуман ҳамаи самтҳо, фақат изофанависӣ рафта истодааст. Хуршед бояд миёнаҳои моҳи апрел бо Олег Дерипаска, миллиардери наздик ба Путин вохурад ва масъалаву сабабҳои аз Тоҷикистон рафтани «РусАл»-ро фаҳмад. Хуршед ин вохуриро ба воситаи тоҷирони Хитой, ки доду гирифтҳо бо онҳо аз замоне, ки Хуршед дар Кумитаи сармоягузорӣ буд, мехоҳад ташкил кунад.
Бункери Раҳмонов дар Душанбе
Хабарҳое, ки аз даруни Оила ба мо мерасад, Раҳмонов ташвишу изтироб дорад, дар чанголи тарсу ваҳшат аст. Ҳар бор ба самти Афғонистон менигараду оҳи сард мекашад. Солҳо буд, ки Нурободро бад медид, чун хелеҳо, ки дар он параанд аз ин ноҳияанд, акнун ба ин ноҳия боз Нов илова шудааст. Вай ду масъаларо сахт ҷиддӣ гирифтааст. Яке инки роҳи фирор ва васоили фирораш ҳамеша дар ҳолати омодабош ва старт қарор дошта бошад, самолёти 100 миллион доллариаш ҳамеша дар ҳоли старт аст. Дигар инки дар ҳолат тағофул сарашро куҷо панаҳ кунад. Барои ҳамин дар маркази шаҳр барои худаш бункери махсус сохта истодааст.
Вай, маълум нест, ки ба масрафи чанд миллион доллар ин корро мекунад. Дар даруни бустонсарои ҳукуматӣ ба эҳдоси як паноҳгоҳ-бункери зери заминӣ шуруъ кардааст. Сохтмони ин стройкаи строго закритий бо ҷалби даҳҳо мошинҳои борбардори вазнин ва ҳамин тавр экскаватору булдозерҳо, ки гуфта мешавад аз неругоҳи Роғун ва ширкати пулчинаки IRS овардааст шуруъ шудааст ва хабари расида ҳикоят мекунад, ки чанд моҳ аст, ки ба кандани катлаван-таҳхонаи чандин гектара сар кардааст.
Аммо ин сохтмон сахт махфиёна, пинҳонӣ ва пушида ҷараён дорад. Кас намедонад, ки дар он дарун, дар рубаруи идораи Тоҷикматлубот ва Донишгоҳи тиббӣ чи корҳое дар ҷараён аст.
«Ин стройка тамоман дигар хел рафта истодааст. Танҳо як нафар аз роҳсозон мошини Дулан меронад. Ба ягон тараф нигоҳ кардан мумкин нест ҳангоме дохили он бункер мешавад ронанда. Дар шохҳои дарахтҳо садҳо камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Ҳар қадами коргарон таҳти контрол аст. Ба ягон тараф нигоҳ кардан мумкин нест. Онҳое, ки бо Дуланҳо бор медаронанд, арматура, семент, рег, санг ба ҷуз аз роҳ ба дигар самт набояд нигоҳ кунанд.
Даруни онҷо як баталён гуем ҳам хато намешавад сарбозон мусаллаҳ меистанд. Онҳо аз кадом вазорат ҳастанд маълум нест. Ягон хел аломат ва нишони таъйинкунандаи низомӣ надоранд. Аммо вооружженний до зубов. Онҷо дар маҳалли сохтмон дар ҳолати ҷангӣ истодаанд. Касе медарояд тавассути як дастгоҳи махсус муоина мешавад. Мисли дастгоҳ, ки дар фурудгоҳҳо ҳастанд.
Ранги падземка қариб як 2000 метр чуқурӣ кандаги аст. Қариб дар 4 гектар замин доман паҳн кардааст. Як армия дар дарунаш мусаллаҳанд.
Ба манбаъи Ислоҳ наздик чунин гуфтааст : бо мошини калон асфалт мекашидааст. Мегуяд дар маҳаллаи маъруф ба 8-март Раҳмонов чи чизе соз карда истодаст. Ҳазор охраннаву амниятӣ истодааст. Як навбат дар як мошин мум бурдам. Заминро ончунон кофта чуқур кардаанд, ки мегуӣ таги замин бошад, тагаш намоён нест. Ба таги замин раҳ карда истодааст, ягон сӣ этаж зери замин кофтаанд. Метарсӣ нигоҳ кунӣ, чашмат сиёҳ мезанад.
Сементи тайёрро аз корхона рост мебарем, нигоҳ кардан мумкин нест, ин сохтмон на сар дорад на охир. Шояд зиндони зери замини карда истода бошанд?
Аввал бо шлангу рудаҳои калон об мезананд, тамоман тар мекунанду сипас мекананд. Вагарна чангу гарду ғубори инҷо шаҳрро фаро мегирад. Дар маркази шаҳр қарор дорад.
Манбаъи мо гуфт, ки ду навбат мошинҳои ҷангӣ оварданд. Маълум нест, ки аз кадом давлат. Аммо гуфта мешавад, ки ин мошинҳоро гуё давлати Эрон додааст. Барои ин мошинҳо ҳам дар даруни ҳамин бункер гараж месохтаанд….
P.S.Хонанда ва бинандаи азизи Ислоҳ. Мо талош мекунем, ки дар бораи ин бункер дар барномаҳои баъдӣ низ ба шумо маълумот бирасонем. Вале шумо бояд бифаҳмед, ки Раҳмонов ва чоплусони вай дар зоҳир худро ватандӯсту ободгар ҷилва медиҳанд, аммо дар асл нақшаву ниятҳои вай шум аст. Ин кори вай, масалан ҳамин бункери чандинмиллиондолларии вай худ гувоҳ аст ки вай фақат дар фикри худ ва ҳукумати худ аст. Биандешед ва худатон натиҷа бароред, ки агар Раҳмонов бо халқ аст чаро барои худаш бункер месозад?