Тавилдарра ё Сангвор дар қабзаи ғоратгарон

(бахши аввал)

Тавилдарра чанд сол мешавад, ки бо дастони оилаи Ғайратовҳо идора ва ҳамзамон ғорату тороҷ мешавад. Ҳоло раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат аст. Пеш аз Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат раиси ноҳияи Тавилдара Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер аз ноҳияи Панҷ буд. Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер аз ҳар нафар зоири хонаи Худо, аз онҳое, ки хоҷагии деҳқонӣ ташкил карданӣ мешуданд, умуман аз ҳар нафаре, ки имзои ӯ лозим мешуд 1000 сомонӣ «ҳақ» мегирифт. Имзои раис 1000 сомонӣ кам набуд. Дар даромади ҳар ҷамоат дарвоза сохт, бо пули мардум ва бо ҳашари халқӣ. Аммо 45.000 аз ҳисоби буҷҷаи ноҳия (аз 5 ҷамоат) барои сохтмони ин дарвоза «списат» кард. Аз инҷо пули маҳшарро ҷамъ карду бурду ба «боло» (гуфтааст, ки ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент) дода ва курсии раисии ноҳияи Панҷро соҳиб шуд. Вақте Панҷ рафт мошинаи Тойота-Прадои хидматии ноҳияро бо худ бурд. Аммо Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат  , ки дар ҷояш омад, он Прадоро кашида дубора овард.

Аммо мо дар бораи Ғайратовҳо инҷо хоҳем гуфт. Пеш аз Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер , Ҳиммат Ғайратов, раиси ноҳияи Таввилдара буд. Ҳиммат Ғайратов бародари  Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат мебошад. Ҳиммат ҳар гоҳе аз Тавилдара ба Душанбе меомад, аз бачаҳои худаш хоҳиш мекардааст, ки барои ӯ духтари ҷавон биёранд. Онҳо мегуфтаанд, ки аз ин кори падарашон дар хиҷолат ҳастанд. Як писари Ҳиммат Ҷомӣ ном дорад, ки дар БДА ба ҳайси муфаттиш кор мекард. Барои кадом ҷинояте дастгир шуд, аммо бисёрии вақт дар озодӣ мегашт.

“Шӯҳрат-писари дигарии Ҳиммат Ғайратов ҳоло муовини раиси Парки Милли Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор аст. Шӯҳрат аз замони раисии падар дар Тавилдара то ба имрӯз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ: Тселл, Мегафон, Вавилон ва ғайраро, ки дар беш аз 20 нуқта ҷойгиранд дар ихтиёр дорад. Ба ин маъно, ки замину бинои онҳо аз они Шӯҳрат аст ва аз ҳар нуқтае, ки ин ширкатҳо ба иҷора гирифтаанд аз 200 то 400$ иҷорапулӣ мегирад.

“Аксарияти дуздиҳои ин оила ба воситаи ҳамин Шӯҳрат анҷом дода мешавад. Барои мисол ҳар гуна проекти ташкилоту бонкҳои хориҷӣ, ки дар инҷо роҳандозӣ ва татбиқ карда мешаванд: сохтмон ва ё тармими роҳ, мактаб, майдончаи варзишӣ ва ғайра бо дасти ҳамин Шӯҳрат ва ё як нафари дигар аз оилаи Ғайратовҳо анҷом дода мешавад, ки дар пушти он ҳам Шӯҳрат меистад. Маъмулан харҷи ин корҳо 70% аз ҳисоби барнома ва 30% аз ҳисоби мардум мешавад. Вале ин барномаҳоро, ки Шӯҳрат татбиқмекунад, баракс мешавад: 30%- и барномаро ба ҷайб мекунад вале 70% ашро мардум мепардозад.”

«Аз гургхӯрда пуст» гуфтагӣ барин хонаи Ғайратовҳо пур аз васоити техникии аз маблағи барномаҳои хориҷӣ боқӣ монда шудааст. Ин техникаҳо бояд ба мардум дода мешуд, вале ҳамаашро Ғайратовҳо соҳибӣ кардаанд.

Айни замон Шӯҳрат Ғайратов заминҳои Парки Миллии Тоҷикистон дар Сангворро ба манфиати шахсиаш истифода бурда истодааст. Тухмии ин заминро ҳам аз ҳисоби барномаҳо таъмин мекунад. Худи ҳамин сол аз Беларус тухми картошка ҷиҳати кумак ба  деҳқонон бояд дастрас мегардид, ки қисме аз онро Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат (Ғайратов)-и раиси ноҳия ва боқимондаашро бародарзодааш – Шӯҳрат дар заминҳои зикршуда дар н. Сангвор  шинониданд ва мардумро фиреб карданд, ки гӯё 1 килои ин тухмӣ 12 сомонӣ аст. Маълум нест, ки аз ин заминҳо андоз месупорад ё не ва ё ба давлат ягон фоида меоварад ё не, аммо аз тухмӣ сар карда то доруву дигару дигараш аз ҳисоби бюҷет мешавад. Ҳоло Шӯҳрат қасд дорад, ки раиси Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор шавад.

“Як бародари дигари Шӯҳрат Хӯҷамурод ном дорад, ки то баста шудани «Тоҷиксодиротбонк» дар онҷо кор мекард. Аммо ҳоло раиси «Амонатбонк»-и Сангвор аст. Ҳасан Ғайратов  дар вакти раисии падараш –Ҳиммат Ғайратов дар шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳия кор мекард. Вақте Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер раиси ноҳия шуда омад тамоми вазифаҳоро рӯирост пулакӣ кард. Ҳасан яке аз онҳое буд, ки бар ивази як миқдор пул ба вазифаи раиси ҷамоати Сангвор таъин гардид ва баъди ба раёсати ноҳия омадани амакаш Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ӯ низ баргашту омад ва сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон таъин шуд. Ҳоло оилаи Ғайратовҳо талош доранд, ки Ҳасан барои ояндаи ноҳия омода шавад. Дар симои Ҳасан раиси ояндаи ноҳияи Сангворро диданианд.”

Ва ҳоло биёем ба худи Маҳмадӣ Давлатзода. Маҳмадии кали тоссар сабқати вазифафурӯширо аз Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ба даст гирифт. Вале нархи вазифаҳоро ду то се баробар боло бурд. Масалан ҳаҷми пардохти маблағ ба Фонди рушд аз 1000 сомонӣ то 8000 сомонӣ афзуд.

“Ин фонди рушд чӣ аст, чи кор мекунад, касе намедонад, аммо имомхатиб ҳам бояд пул диҳаду мудири бемористону мудири мактабу як нафар корафтода, масалан касе, ки мехоҳад ягон дӯкон ё ягон нуқтаи тиҷоратӣ ва ё истеҳсолӣ кушояд ва ё қитъаи замин гирад ҳам ҳатман ба Фонди рушд маблағ месупорад. Масалан касе, ки ҳоҷӣ мешавад, касе, ки писари синни аскарӣ дораду аммо писараш дар Русия аст. Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат бо ҳамроҳии сардори Раёсати молияи ноҳия баъзе аз «статя»-ҳои бюҷетро маҳкам карданд ва ин маблағҳо рафт ба қисмати «бақияи озод».”

Аз ин ба истилоҳ «бақияи озод» чанд миллион сомониро дар идора ва муассиса ва ташкилотҳо барои таъмир ҷудо кард. Аммо чи ҷудо карданҳое? Кори таъмири ин муассисаҳоро фақат фирмаи мансуб ба писари раиси ноҳия анҷом медиҳад. Як таъмири косметикӣ-зоҳириро бо 25% ин маблағ анҷом дода аммо 75%-и онро медуздад. Маҳсулоти пастсифат мехарад, ҳаҷми корро чанд баробар зиёд нишон медиҳад ва ғайра. Ҳатто ангиштсанги мактабу бемористон ва дигар ташкилоти давлатиро фирмаи писари ӯ таъмин мекунад, ки маълум аст инҷо низ барои дуздидан шуда ин корро бар ӯҳдаи фирмаи писараш вогузор кардааст. Агар рафту ягон ташкилот аз ангишти онҳо нагирифт, тамом. Тамоми мақомот онҷоро сад бор тафтиш мекунад.

“Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат   боз як «ҳунар»-и дигар ҳам дорад, ки он даҳмардагӣ мебошад. Аз ҳар як атаре (рамае), ки ба ҳудуди ноҳия ворид мешавад, то 20.000 сомонӣ «доля» мегирад ва аз ин пулҳо як қисми камашро ба Фонди рушди ноҳия тавассути бонк мегузаронад, аммо маблағи асосиро нақд худаш мегирад. Дар ҳар мавсим аз гирду атроф то 100 атар ворид мешавад. Акунун ҳисоби миёна ва оддияш ду миллион сомонӣ ба ҷайби раиси ноҳия медарояд ва камтаракашро ба ҳукумат гӯйё медиҳад ва боз онро ҳам бо ҳар шакле аз худаш мекунад бо командааш.”

Як кори пурдаромади дигари раиси ноҳия ин ба манфиати шахсиаш истифода кардани заминҳои ҷамоати Ваҳдат ва Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор аст. Дар бештар аз 10 га картошка мекорад. Ҳам тухмӣ ва ҳам доруҳои минералии ин заминҳоро аз ҳисоби давлат ва мардум бепул мегирад. Тамоми муассиса ва ташкилотҳои буҷҷавӣ аз ҷумлаи табибон ва муаллимонро ба деҳқон табдил кардааст. Дар ин заминҳо дар тамоми муддат ҳатман аз ин ташкилот одамҳо бепул кор мекунанд.

Маълум аст, ки аз набудани муаллим мактабҳои ноҳия танқисӣ мекашанд. 90% -и муаллимони ҷамоати Ваҳдат бо маълумоти миёна кор мекунанд, аммо раис ҳамаро табдил ба як хоҷагии деҳқонӣ  кардааст.

Ҳоло яке аз «бизнес»-ҳои асосӣ ва пурдаромади Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ин сарбозгирӣ мебошад. Вақте мавсими даъвати тирамоҳӣ ва ё баҳорӣ сар мешавад ба ҳама баробар «повестка» дода 27-30 нафарро ба хизмат мебаранд. Сипас аз боқимондаҳо то 5000 сомонӣ мегиранд ва баъдан аз духтур нагузашт гуфта ҷавоб медиҳанд. Дар ин 5000 сомонӣ комиссари ҳарбӣ, сардухтур, сардори КДАМ-и ноҳия, прокурор ва раиси ноҳия ҳиссаи худро доранд. Дар яке аз мулоқотҳояш бо мардуми ҷамоати Ваҳдат аз Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат котиби ҷамоат, ки писараш ба аскарӣ бурда шуд, чунин савол кард:

«Барои чӣ нафароне, ки аз комиссариати харбӣ бо бемории геморой пас мегарданд, вале рӯзи дароз дар бузкашӣ асп метозанд. Чунки як одами сип-сиҳат як рӯз аспсаворӣ кунад, баданаш як ҳафта ба дард медарояд, иллаташ чист?» Раис гуфт «хай, ягон беморӣ гуй, номашро нагир». Ин котиб гуфт не ҳамон геморой, ки мардум хандиданд.

“Як бизнеси дигари Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, ки мисли гов ҷӯшида истодааст, ин кони тиллои Заринк аст. Мегӯянд аз 30-50.000$ моҳона «доля» меситонад. Чунки ин кон  ҳар коре ва ҳар куҷоеро, ки хоҳад кор мекунад, ҳатто дар ҳудуди Парки Миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ҷангали Буручро бурида нест кард, касе чизе нагуфт. Мегӯянд, ки кони Заринк ба Заринаи духтари президент, келини Бег Сабур тааллуқ дорад. Ва, раиси ин кон як нафар бо номи Ҷовид аз Панҷакент аст.”

Тамоми обҳои партови завод ба дарёи Хингоб мерезад ва муҳити зистро вайрон мекунад.

Аммо ягон маротиба Идораи ҳифзи муҳити зист онҳоро ба ҷавобгарӣ накашидааст. Барои мисол роҳи ҳудуди ҷамоати Ваҳдатро нодуруст сохтаанд, ки аллакай хароб шудааст, аммо дар фикри тармими он нестанд. Дар ҳар ҷое, ки кормандони ин кон кор мекунанд, роҳҳоро канда аз дигар тараф роҳ мекунанд, ки ин барои аҳолӣ бисёр хатар дорад. Боре барои як чунин роҳи кандаашон мардуми деҳаи Сангвор рафта даъво карданд. Аммо КДАМ-и ноҳия омада онҳоро «Шумо ба муқобили сиёсати давлат хестаед» гуфта таҳдид кард.

“Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ба назари аввал худро ба ҳама ҳатто ба муллову эшонҳо қариб мегирад, аммо аз қафо мисли гургест дар дохили рама. «Криша»-и оилаи Ғайратовҳо Саймумин Ятимов аст. СС.Ятимов ба воситаи ин оила хеле нақшаҳои бади худро пиёда кардааст. Аз ҷумла куштори Мирзо Зиёевро. Вале дар ин бора боз дар барномаҳои минбаъда хоҳем гуфт.”

Мегузарем ба шиканчашудаҳои мардуми Тавилдара

Маҳмадов Идибег Давлатбекович, дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара зиндагонӣ мекард. Идибег як инсони оддӣ ва ба деҳқонӣ машғул буду занбӯри асал мепарварид, гову мол нигоҳубин мекард ва ҳамин тариқ зиндагониашро пеш мебурд.

Соли 2010 кӯчида ба ноҳияи Панҷ рафт. Онҷо ҳам кори кишоварзиро пеша карда  картошкаву тарбуз мекорид. Соли 2015 ходимони «6-ой отдел»-и Душанбе дастгираш карданд. Гӯё бо Ҳоҷӣ Ҳалим «связь» дошта будаст. Маъмурони милитсия ӯро сахт латту кӯб карданд. Баъд аз дастгир кардани ӯ боз 6 нафари дигарро аз ноҳияи Тавилдара қапиданд. Онҳоро террорист гуфта, дар сарашон халта андохта ҳар рӯз мурданивор мекуфтанд. Онҳоро маҷбур кардаанд, ки эътироф кунанд, ки гурӯҳи террористӣ ташкил додаанд ва аъзои гурӯҳҳои ҷангҷӯи Ҳоҷӣ Ҳалим буданд.

“Дар шӯъбаи милисаи назди танкаи Душанбе дар х….н гири 20 килограмӣ кашол карда маҷбур хезонидаву шинонидан мегирифтаанд. Чанд навбат дар пушти бадани Идибег ва дар шонаҳояш оби ҷӯш мерехтаанд. Пӯсти баданаш чанд бор ваҷаб-ваҷаб ҷудо шудааст. Дасту пойҳояшро шикаста будаанд, ки ҳатто аз ҳаракат монда буданд. На шишта ва на хеста ва роҳ гашта наметавонистааст. Шумо дар табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим “қӯш” будед гуфта,1000 нафар бештарро бегуноҳ зиндон карданд. Барои он шумораи чунин шахсонро дар зинддонҳо зиёд карданд, ки нишон диҳанд, ки дар ҳақиқат Ҳоҷӣ Ҳалим қасди табаддулоти давлатӣ дошт.”

Баъди ин ҳама шиканҷаву азобу уқубат Идибекро мебаранд дар лаби ҷари развилкаи Ғарму Тавилдара ва дар онҷо мекушанд. Гӯё Идибег худашро худаш тарконидааст. Аммо ин як дурӯғи маҳз аст. Дасту пойи Идибег шикастагӣ буд, чи тавр худро метарконд? Вай аз куҷо граната ва ё маводи дигари тарканда пайдо кардааст? Бар болои ин ҳам хостанд, ки мурдаашро нобуд кунанд. Лекин мурдаашро хешовандонаш бар ивази 5000 $ хариданд, ба ин шарт, ки шабошаб ва бидуни даъвати мардум бурда дафн кунанд. Ҷасади Идибекро шабошаб бурда дар ноҳияи Панҷ гӯр карданд. Падари Идибег, бобои Давлатбек ин аҳволро мебинад, ки ҳама дасту пойҳои писараш шикаставу рехта, пӯстро шикоф карда, устухонҳо берун баромадагӣ, дар ҷояш уро «давлени» мезанад. Баъди чанд рӯзе аз ин ғаму дард тоб наёварда ҷон ба ҳақ месупорад.

Бар болои ин ҳам ходимони амният ва милиса омада молу мулки ӯро мусодира ва давлатӣ мекунанд. Говҳову бузҳояшро ба мошин бор карда мебаранд. Як корманди милиса мегӯяд, ки ин молҳоро, ки мебаред, алафҳояшро ҳам бор кунед. Алафҳову чанд фляг асал ва ҳатто чанд баклашкаи асали яклитраву селитраро ҳам кормандони КДАМ мебаранд. Ин ягон туҳмат ва буҳтон нест, инро мегӯянд тороҷи мардум дар ҳукумати “Пешвои миллат”. Дар таърих мехондем,ки Муғул даромад чуру чаповул карду кушту моли тоҷикро бурд. Имрӯз он ҳолатро бо чашмони сар мебинем  аммо дар ҳукуматдории “Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат”  Мехоҳанд, ки хонаву дарашро ҳам бигиранд, лекин зану кудакҳояш гиряву нола мекунанд, хонаро бозпас медиҳанд. Чанд ҷавонмарди дигарро аз кӯчаи Каратегинскийи Душанбе айниҳамин Идибег дастгир кардаву бурда, ба зиндон меандозанд, ки гӯйё онҳо ҳам шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим будаанд. Ин буд ҳикояти талхи Идибег, ки ба ҷабру бо тӯҳмат ин ҳама ранҷу балоро бар сараш оварданду оқибат боз куштандаш.

Шарҳи ҳоли корманди ВКД дар минтақа

Розибег Шарифзода, полковник, сардори Раёсати минтақавии милиса, соли таваллудаш 1965, оиладор, соҳиби фарзанд аст. Вай  дар  оилаи  деҳқони  асил – бобои Шариф ба  дунё  омадааст. Баъди хатми мактаби милиса  дар ҷамоати Сағирдашти Дарвоз ба ҳайси нозири  минтақавӣ (участковий)  ба кор  оғоз мекунад.

Дар солҳои  2006- 2007 дар деҳаи Гуруми ҷамоати Вахё, ки он вақт Сайёд ном дошт, ба гумони бачабозӣ (педофил) як нафарро дастгир карда ва ба Хоруғ интиқол медиҳад.

Дар солҳои  2008 -2009  Розибег соҳиби рутбаи  капитан  мешавад. Вақте  ки дар  минтақаи  Тавилдара амалиёти  «Кукнор- 2009»  шурӯъ  мешавад,  бар  зидди  (Мирзоҷага) Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодда  Рамазон  Раҳимзода  Ҳамро   бо лақаби  Ҷеки Чан дар  мактаби деҳаи Дашти  Шер  ва  масҷиди ин деҳа ситод (штаб) ташкил мекунад. Дар он ҷойҳо барои  қапидани  одамони Мирзоҷага постҳои иловагӣ мемонанд.

Розибег Шарифзода  тавассути Шеровҳо (Абдувалӣ бо лақаби Мулло) одамони мавриди боварии Рамазон Раҳимзода Ҳамро ба вазири МВД наздик мешавад.

Идомаи ҳодиса чунин аст, ки Розибег Шарифзода муовини сардори милисаи ноҳияи Дарвоз таъин мешавад. Аммо дар онҷо кор карда наметавонаду боз ба Сағирдашт бармегардад. Ӯро Сангвор равон мекунанд, дар мақоми муовини сардори ШВКД. Сардори онвақтаи ШВКД—и Сангвор як инсони хубе буд бо номи Иқбол. Ба мардум зулм намекард. Диндоронро бад намедид ва худаш низ диндӯстдор буд. Дар деҳаи Юфани ҷамоати Миёнаду давродаври як мазорро девор мебардорад. Аммо Розибег Шарифзода ҳамроҳи нозири минтақавӣ ба деҳоти ҷамоати Миёнаду симҳои нерӯи барқи мардуми камбағалро мебурад, ҷаримаҳои калоне мебандад. Аз ин амали Розибег Шарифзода , ки миёни аҳолӣ ҳамчун Розича шинохта мешуд ба сардори милиса хабар медиҳанд. Ин сардори милиса аз ноҳияи Рашт буд. Сардори милиса Розибегро фарёд карда сиёсат  мекунад. Розибег Шарифзода бо ӯ  ҷангӣ шуда аз болои сардораш шикоят мекунад.

  “Як хоҳари Розибег зани бародари Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз аст. Дар яке аз сафарҳои кори Э.Раҳмонов ба ноҳия Рамазон Раҳимзода ҳам ӯро ҳамроҳӣ мекард.” 

Абдураҳмонзода  Саидбурҳон  ба  Рамазон Раҳимзода  пора медихад: асал, гӯшти оҳуву кабк ва албатта бо бандчаи доллар. Ин ҳамаро ба ӯ Розибег Шарифзода оварда медиҳад, то ки дар ноҳияи Сангвор ӯро сардори милиса монанд. Хуллас, моҳи июли соли 2017 Рамазон Раҳимзодаи Ҷекӣ он сардори милисаро аз кор барканор ва Розибег Шарифзодаро ба ҷойи вай сардори ШВКД таъин мекунад. Ин соле буд, ки Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер, ашадитарин порахӯри ҳоло раиси ноҳияи Панҷ  дар Сангвор раиси ноҳия буд. Ва ҳамроҳи вай боз порахӯрҳои дигар, Нуриддини Таваккал, мудири шӯъбаи маориф, Шариф Гадоев, раиси ҷамоати Вахё бо лақаби муш кор мекарданд. Аммо дар миёни онҳо дар порахӯриву зулми ситам болои мардум Розибег Шарифзода фарқ мекард. Сахт ноинсоф ва баднафс буд.

Розибег Шарифзода дар байни ҳамагӣ чаҳор сол аз капитанӣ ба полковникӣ расид. Чунки вай дигар бо Рамазон Раҳимзода сахт худро часпонд. На танҳо кабку оҳуву чакаву то сиёалафу чукриву торон мебурд, балки вай занбурҳои асали вазири МВД-ро нигоҳубин мекард. Азбаски вай барои Рамазон Раҳимзоа садҳо килограмм асал мебурд, дигар касе дар ноҳия, на амният ва на раиси ноҳия чизе гуфта наметавонист. Аз ин асалҳо Рамазон Раҳимзода ба худи Эмомалӣ Раҳмонов ва Озода бурда медодааст.

Тибқи як маълумоте, ки ба дасти мо расид худи Рамазон Раҳимзода барои онки вазир шавад ба Эмомалӣ Раҳмонов 10 кило тилло пора дода будааст. Ин маълумотро Розибег Шарифзода дар круги худаш гуфта будааст: “ вазир мада гуфт ин вазифаҳо бе пул нестанд,ма ҳам додам даҳ кг тилло ва як олам пули дигар баъд инҷо кор кадестам, шумо ҳам бояд мада тиен пула, ма и пули додагима бояд гирам” Ин тиллоро вай ба воситаи Зоири домоди Ҷаноб дода будааст.

Шарифзода Розибеги сардори  милиса  бо як нафар милиса бо номи  Убайд мисли сагу  гурба, яъне бо ҳам сахт зид буданд.

Розибег Шарифзода одами дарунсиёҳ ва кинагир аст. Як милисаи ноҳияи Сангвор гуфт вақте сардори милисаи Сангворро аз кор гирифта буданд, он рӯз ӯро ба мошинам савор кардам. Розибег Шарифзода инро дид. Пагоҳаш маро ба шӯъба даъват карда сахт танбеҳ дод, ки чаро ӯро ба мошинам савор кардам. Номи ин милиса Назриев Ёқуб мебошад. Гуфт баъди ин маро аз кор озод кард. Айни замон он милиса дар Русия  кор мекунад. Розибег Шарифзода як инсони тарсончак, дурӯя ва зинокр аст. Яке аз арӯсҳои вай аз деҳаи Иштиён аст, ки як мағозаи 2 ошёна дорад. Ин зан бародаре дорад бо номи Ҷонибег. Камазист, камази зард дорад. Розибег Шарифзода ба воситаи ин арӯсаш чандин нафар аз ҷавонони намозхонро шинонд, пулҳояшонро гирифт. Розибег Шарифзода дар  Арзунг, ки деҳаи  Эшонҳо аст  картошкапарварӣ мекунад.Чанд бор  дар деҳаи Алӣ Сурхон ва Миёнаду рейди Риш ва «права» гузаронд. Як  ҷавони  камбағалро, ки  муҳлати  «права»-аш  гузаштагӣ буд, ҷаримаи калон баст. Аммо шиносҳои худаш, масалан аз деҳаи Хур нафареро бономи Аскар, рақами қайди давлатиаш 81- 59 ягон ҳуҷҷат надорад, чизе намегӯяд. Ин одам таксист аст ва бузи нештатнийи Розибег Шарифзода мебошад.

“Чандин нафарро ҳамин Аскар фурӯхтагӣ аст. Ҳатто чанде аз духтарони деҳаҳои Хур, Дашти Шер  ва Сарипулро  ба милисихои ин шӯъба бар ивази пул  «туғрӣ»  кардагӣ аст. Мо медонем, ки шавҳарҳои ин занҳо дар Русия муҳоҷиранд ва наметавонанд омада вале онҳоро бо пул ба чунин хиёнатҳои нангин водор намудаанд. Инро бояд мардони ин деҳаҳои Хур, Дашти Шер, Сарипул хуб фаҳмед ва огоҳ бошед. Инҷо ҳеҷ туҳмате нест ,як огоҳи аст,то шиносед Аскари таксистро, ки ба чунин беномусӣ машғуланд.”

Розибег Шарифзода ба генерал Сафиалло Девонаев, сардори собиқи Раёсати минтақавии ВКД дар водии Рашт,ки баъдан бо сабабҳои порагирӣ ва иштирок дар қочоқу фурӯши героин аз мақомаш ронда шуд, борҳо асал пора бурдааст. Розибег аз ҳамин Девонаев сахт метарсид. Вай ҳар вақт ки хост аз Розибег Шарифзода пора мегирифт. Як вақт ба мағозаи деҳаи Дашти  Шер даромадем. Дар онҷо  дидем 40 фляг  асал истодааст. Пурсидем ин миқдор асал инҷо чаро истодааст? Гуфтанд, ки туҳфаи Розибег Шарифзода ба вазири МВД мебошад.

  “Як бародари Розибекро бо фурӯши героин дастгир мекунанд. Ин дафъа асалҳояш ӯро ёрӣ намекунанд ва маҷбур мешавад, ки 80 ҳазор доллар диҳад ва бародарашро озод кунад. Акнун хулоса намоед,ки 80 ҳазор долларро аз куҷо пайдо кард? Ин маблағро ҳангоме аз мавлавии Язгуломи пайдо намуданд ӯро зиндон намуданд, ки аз куҷо пайдо кардааст. Ин аст адолат ва додгустари дар Тоҷикистон.”

Як ҳодиса. Дар ҷамоати  Чилдараи Сангвор  Зафари Ҳасанҷон  40 арчарро  ба  воситаи  сардори Идораи ҷангал, ки аз Шаҳринав ва  номаш  Раҳмиддин аст бурида мегирад. Коррупсия ӯро қапид. Аммо сумро гирифту раҳояш кард. Фарҳод, сардори Оҷонси мубориза бо коррупсияи Рашт гӯиё бо домодҳои Ҷаноб часпондагӣ аст. Дар Сангвор байни амният ва милиса муборизаи хело сахт вуҷуд дорад,ки ҳама аз он огоҳанд. Фарҳоди коррупсия бо Розибег Шарифзода муносибати хуб дорад. Ҳатто овоза ҳаст, ки ин ду дар порагирӣ шарики ҳам ҳастанд. Аммо амният ҳам пул мегирад, вагарна хомуш намеистоданд дар ҷиноятҳои ошкорои ин ҷинояткорон.

Дар шӯъбаи милисаи Сангвор нафаре бо номи Оятулло дар бахши кор бо ноболиғон кор мекунад.

      “Аз деҳаи  Лухчи ҷамоати Сағирдашти Дарвоз мебошад. Нафари дигаре ҳам ҳаст бо номи Солеҳ. Вақти интихоботи Эмомалӣ Раҳмонов буд. Оятуллоҳ дар ҷамоати  Миёнаду   дар  қишлоқи Хипшун аз  фурсат истифода  бурда  ба як  зани хамин  деҳа,  ки  шавҳараш дар  Русия  буд, дасти зӯр мекунад. Оятулло лейтенанти калони милиса аст. Ду нафар аз талабаҳои мактаби №8 ин ҳодисаро шоҳид мешаванд. Пинҳонӣ мераванд вориди хонае, ки Оятулло даромада буд, мешаванд. Оятуллоро дастгир  карда сахт  латту  куб  мекунанд. Овозаи ҳодиса паҳн мешавад.”

Аз  ин  ҳодиса Розибег Шарифзода хабардор  шуда   ӯро  аз  минтақаи  Миёнаду  гирифта  дар  дар  бахши  ноболиғон таъин мекунад. Ҳозир бо Бегаков Наъимҷон кор карда истодааст. Зинокориҳои Оятулло ва бародараш Солеҳ ва ронандаи мошини Мусо, рақами қайди давлатиаш 8159 дар чанд деҳаи ҷамоати  Вахё аз ҷумла деҳаҳои Сайёд, Ҳур, Сари  Пул  ва Дашти Шер  ошкор шудаанд. Аммо Розибег Шарифзода ба ин тарафи корҳои зишту ҷинояти ӯ нигоҳ намекунад. Барои онки як талабаи синфи 11 ба масҷид омад директории мактаб, раиси ҷамоат ва раиси деҳа чи қадар рафтаву баёнот додаву саргардон шуданд. Аммо ин ҳама ҳаромиву бедодиву ошкоро зинокорӣ кардани Оятуллоро дида вале Розибег Шарифзода ягон вокуниш намекунад. Сангов Ғарибалӣ, директори мактаби №54, деҳаи Хур бо ҳамроҳии куратори амният дар болои ҷамоат сатр ва рӯсарии духтарҳоро дар мактаб кашида мегиранд. Муаллимҳоро аз хондани намоз манъ кардаанд.

Чаро ин ҳама нақзи ҳуқуқ ва қонуншиканиҳоро Розибег Шарифзода мебинаду хомуш меистад? Агар Рамазон Раҳимзода вазири дохила барканор накунад ва ба ин ҷиноятҳои анҷомдодаи ӯ расидагӣ накунад дигар порагирияш ва ҳимояткунандаи ҷинояткорони пагондор буданаш ба ҳама миллат ва мардум ошкор мешавад. Инро бояд зикр намоем,ки дар мавриди бузҳо ё хабаркашҳои мақомот дар ноҳияи Сангвор  чандин номҳо расидаанд. Барои тулонӣ нашудани ин матлаб ба бахши дигар мегузорем. Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед ба “Ислоҳ” фиристед,то пас аз таҳқиқ нашрашон намоем. Ҳамчун далел,то бароятон номи ин бузҳои мақомтро меоварем,то донед мо маълумот дорем.

1.Гадоев Улфатшо Исҳокбекович соли таваллудаш 1985 мебошад,ки бо тағояш Шариф  Гадоев бо лақаби муш,ки раиси танзими ҷамоати Вахё аст ва қаблан аз ҷамоати Сайёд буд кор дорад.

  1. Шеров Сайдалӣ соли таваллудаш 1970 муаллими биология ва география мебошад. Пурра аз кирдорҳояш ба “Ислоҳ” расидаст вале мегузорем онро ба матолиби дигар,то пурра тақдиматон намоем.

Раиси Ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер

Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер – як шахси динситези порахури дузди роҳзан, боҷаи Шукурҷон Зуҳуров аст. Ӯро собиқ раиси порлумони кишвавр Шукурҷон Зуҳуров «крышавать» мекунад. Вақте ки дар Сангвор буд, ҳамаи чизи Сангворро фурӯхт ва вақте «Пешво» ба ноҳияи Сангвор рафтанӣ буд, Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер бо Асадулло Раҳмонов, ёрдамчии президент оид ба масъалаи кадрҳо суҳбат карда аз ӯ тавсия мепурсад. Асадулло Раҳмонов ба ӯ мегуяд: «Сурати момаи Маряма, яъне модари президентро мекашӣ ва дар пеши ҳама тақдим мекунед – корат ҳал ва дигарашро ба ман вогузор кун. Баъди ин руз туро ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта наметавонад». Ҳамин корро мекунад ва Раиси ноҳияи Панҷ мешавад.

Дар ин вазифа Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер Зарифхуҷа Фақер Юнуси Сайфиддинро иваз мекунад. Муносибаташ бо Юнус хуб набуд. Ногуфта намонад, ки Юнус аз Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ҳам золимтар ва беимонтар буд. Тамоман раҳму шафқат надошт. Юнус ҳама вазифаҳора беинсофона фурӯхта буд ва вақте Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер ҷои ӯро гирифт роҳи Юнусро иваз накард ва ҳамаи ҷойҳои «пулдор ва равғани»-ро ба одамони худаш фурӯхта дод.

Масалан:

1) Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер аз Мавлуда, ки сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Панҷ буд, хоҳиши ҳамхобагӣ мекунад. Ва вақте ки ӯ рад мекунад, даррав аз кор ӯро барканор карда, ба ҷои ӯ Шарофиддини «Буз» – и одами худашро таъйин мекунад. Шарофиддин шахси бисёр харомхӯр ва қариб, ки мисли худаш аст.

Чунин мисолҳо кам нестанд.

2) Замини варзишгоҳи ноҳияи Панҷро ба тоҷирон аз деҳаи «Правда» бо нархи 500 ҳазор сомонӣ фурӯхт.

3) Замини 3 гектараи «Озеро»-ро ба домсоз Раҳим аз колхози «Дзержински»-и пешина фурӯхт.

Хулас дар Панҷ тамоми ҷоро фурӯхт ва намонд ҷое, ки нафурухта бошад. Касеро гуш намекунад ва дар Панҷ касе ба ӯ чизе гуфта наметавонад.

4) Дар ин ноҳия ҳатто ба директори мактаби 26 пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунад ва шарт мегузорад, ки агар ҳамхоба нашавӣ ба ту тамоман дар инҷо кор нест. Зан, ки покдоман буд ва шавҳар дошт, рад мекунад. Ӯро ҳам аз кор озод мекунад.

Ва чанде пас ин зан ба мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Панҷ – Шарофиддин (дар боло гуфта гузаштем) 7 ҳазор сомонӣ пора медиҳад, ки ба Зарифӣ диҳад, то ба кори директорӣ ӯро дубора таъйин кунад. Шарофиддин ин пулҳоро ба Зарифӣ бурда доданӣ мешавад. Аз пушти ин пулҳо коркунони коррупция поида меистанд. Вале Зарифӣ пулҳоро намегирад, зеро мехост бо он зан ҳатмани ҳатман ҳамхоба шавад. Ногуфта намонад, ки ҳамаи сабтҳои Зарифӣ, ки чихел занро «угрожат» карда ва ба ҳамхобагӣ даъват мекунад, дар дасти ҳамон зан ҳаст,ки нусхаи он дар “Ислоҳ” ҳам расидааст. Аз ин корҳои Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер раиси Вилояти Хатлон 100% огоҳӣ дорад, вале ҳеҷ кор карда наметавонад, чунки Зарифӣ расми Майрам-модари Эмомалӣ Раҳмоновр ба вай тӯҳфа кардагӣ.

Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер бисёр шахси зираку ҳаромхур мебошад. Агар корат афтад ҳатман бояд ба ӯ пора диҳӣ.  Ҳатто кори падарашро бепул ҳал намекунад. Ӯ сумҳоро ҳамту намегирад. Мегуяд, ки дар фонди захиравии ноҳия пулҳоро гузоред. Ва мо медонем, ки ин фонд фонди худи Зарифӣ мебошад.

Тибқи маълумоти охире аз КДАМ ба “Ислоҳ” расид,ки вазъияти раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер пас аз нашри матлабҳо ва наворҳои Панҷ бад шудааст ва дигар ба зора даромада будааст,ки шармандаам накунед. Ҳатто панҷ нафар корафтодае ба наздаш дохил шудаанд аз онҳо пора нагирифтааст. Дар умум матолиби нашр шуда дар “Ислоҳ” кори худашро кард ва зулму ситаме дар Панҷ сурат мегирифт аз тарафи мақомоти ВКД ва ҳукумат каме шиддаташ поён рафтааст. Аз Панҷ садҳо занг ба “Ислоҳ” омада истодааст,ки изҳори сипоси худро баён намудаанд. Аммо ҳамоно нозироти андози ноҳия мисли пешина ситамашро давомдода истодааст. Дар назар дорем дар мавриди ситами раиси нозироти андози ноҳияи Панҷ ва чи гӯна аз мардуми хоҷагидор ва ширкатҳо пул меситонад барнома нашр хоҳем кард. Дар ин масала Панҷиҳо нависед, то ин зулмро ҳам аз саратон бардорем бо ошкоргӯйиҳо ва расонаӣ карданҳо.

 Поёни бахши аввали ноҳияи Сангвор, идома дорад…. бо “Ислоҳ” бошед ва ҳамкории худро бо “Ислоҳ”  идома диҳед!

Total
50
Shares
Related Posts
Read More

“Чип”-и Истиқлол

Тоҷик аз болшевик мустақил шуду мустамликаи оилаи меншевик шуд Дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ- автозаправкаҳои Тоҷикистон, то дурдасттарин,…