Нашри маҷаллаи саввуми «Семейканюс»-ро ин бор ба яке аз аъзои Оила ихтисос додем.
Ин нафар то чанд соли пеш наздиктарини наздиктаринҳои Раҳмонов ба шумор мерафт. Нафаре буд, ки аз вуҷуди ӯ ва махсусан чи кора будани вай (тракторчигӣ) Раҳмонов бо ифтихор дар Иҷлосияи16-и Шурои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд, вақте раиси давлат интихоб шуд, ба тамоми мардуми Тоҷикистон эълон кард, «як бародари тракторист дораму тамом». Дар воқеъ «акаи тракторчӣ»-доштанашаро Раҳмонов он замон махсус ва бо таъкиди хос ишора карда ва задаву шиддати суханашро ҳам болои касбаш карда буд: тракторчӣ. Ин яъне ба ин маъно буд, ки «ман ҳам мисли халқ ҳастам, тракторчием, одамони калон нестем, мисли шумо одиву содаем: танҳо акаам тракторчӣ аст. Гуфтанӣ буд, ки вай халқӣ аст ва бо халқ мемонад». Аммо….
Бале, дуруст фаҳмидед. Сухан аз акаи Нуриддини тракторчӣ меравад, ки баъдҳо ба яке аз миллиардерҳо ва роҳбарони теневои Тоҷикистон бадал шуда ва дар сиёсати кадрӣ ва ҷосозии кадрҳои давлатӣ нақши муассир дошт. Нуқтаи асосии ин навишта ҳамин аст.
Нуриддин, ки чанд соли пеш ба таври мармуз дори дунёро тарк кард, чи тавр дар ҷобаҷосозии кадрҳо таъсир мекард ва бар иваз соҳиби чи қадар маблағҳо мешуд?
Нуриддини тракторист ва оилаи бузурги вай
Аввал як каме дар бораи ҳасби ҳол ва киву чӣ будани Нуриддин бигуем. Раҳмонов Нуриддин (Хайриддин) Шарипович 31.12.1950 дар ноҳияи Кангурти (он вақтҳо Данғара қишлоқ буд) вилояти Кулоб, қишлоқи Бошбулоқ дар оилаи чупон ба дунё омадааст. Тракторчӣ буд ва ҳамеша ба раисони колхозҳо аз Данғара коҳи гандум мекашониду заминҳоро ҷуфт мекард. Дар солҳои шуравӣ аз сабаби он ки ин оила сахт камбағал буд онҳоро ҳеҷ кас намегирифт. Барои ҳамин Нуриддини трактористро ҳам аз ноҳияи Вахш, совхози сеюми Киров бо ёрдами падари Зоир Соҳибов-домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов, яъне Шариф-богати зан доданд. Занаш аз лақайҳои сеюм отделенияи совхози Киров мебошад.
Аз ин занаш чор писару ҳафт духтар дорад. Писари калониаш Исломиддин Раҳмонов, собиқ раиси филиали Ориёнбонк дар ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ва баъдан раиси Данғара буд, ҳоло бекор аст.
Умед Раҳмонов, писари дуюмаш, дар вазорати адлия ба ҳайси сардори Раёсати судиҷрочиён кор кардааст. Сипас прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе мешавад. Феълан бекор аст.
Писари сеюмаш Тоҷиддин Раҳмонов, сардори Раёсати тендерҳои ширкатҳо дар Тоҷикистон ва писари чорумаш Фазлиддин Раҳмонов (бо кличкаи ФА) мебошад. Ин писараш дар ягонҷо кор намекунад ва ба бизнеси мошин машғул аст.
Духтари калонии Нуриддин Лутфия зани Баҳром Холназаров ( Баҳроми МИД )собиқ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва дар гузашта сардори Раёсати Консулгарии МИД) айни ҳол бекор аст.
Духтари дуюмаш Муҳайё Раҳмонова- бо лақаби Уродка мебошад. Зани Ҳурматов Исломи мурғдузд, Исломи мундуқ ,муовини раиси Хадамоти гумрук, генерал. Домсоз. Шираи камол ва наркотик бизнес мекунад. Мутилшики №1.
Духтари сеюмаш Бунафша Раҳмонова, зани Зафар Қурбонов (Зафари немис) собик сардори шуъбаи коррупсия дар прокуратураи Душанбе, баъдан прокурори Роғун ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Ҳоло ёрдамчии Прокурори генералии Тоҷикистон аст.
Духтари чорумаш зани Хизматулло, аз Колхозобод, собик раиси Амонатбонки Қурғонтепа (Хизмати афирист)Бист миллион сомонии бонкро хурда баъд Сардори Раёсати баргардонидани қарзҳои Амонатбонк таъин шуда буд. Ягона домоди намозхони Нуриддин ҳамин буд.
Духтари панҷуми Нуриддин зани Файзиддин Раҳмонов ( аз Футуровҳо), собиқ Сардори РЭО БДА-и вилояти Суғд. Баъдан сардори БДАи вилояти Хатлон мешавад.
Рухшона духтари шашуми Нуриддин аст. Вай зани Султон Бекмуродов, собиқ сардори ГНЦЛ –и вазорати тандурустӣ мебошад. Аз Колхозобод аст.
Духтари ҳафтуми Нуриддин тракторчӣ Маҳбуба ном дорад.
Ҳамсари Ҷобиров Сафар, аз Кулоб. Собиқ аробакаш, носфуруш ва дуздак дар бозори Саховат. Баъди домоди Нуриддини тракторист шудан филфавр, сардори Раёсати Коррупсия шуд ва дар як муддати кутоҳ рутбаи генералӣ гирифт. Айни замон миллионер мебошад.
Рустами Эмомалӣ ҳам аз руи баъзе гапҳо яке аз писарони Нуриддин Раҳмонов ба ҳисоб меравад .Дар рузи таваллуд ба Азизмои зани Эмомалӣ Раҳмонов дода шуда буд. Аммо Рустами герчик писарони амакаш-бародарони худашро чашми дидан надорад ва сахт бад мебинад. Инчунин домодҳои Нуриддинро ҳам сахт бад мебинад ва ҳамеша мегуфтааст, ки Шумо домоди Президент нестед, дар ягонҷо худатонро домоди Президент нагуед. Аммо ин фарзияи Рустам писари Эмомалӣ Раҳмонов аст хело аз манобеъи наздик ба оила онро рад мекунанд. Ӯро писари воқеъии Раҳмонов ҳам намедонанду вале писари Нуриддин буданашро инкор мекунанд. Ду гап ҳаст инҷо,ки Рустам писари Қурбонбии хоҳари Эмомалӣ ва қавли дигар писари шахси дигарест,ки падараш ҳоло ҳам ҳаст дар гирду бари оила.
Аммо, Нуриддин, агарчи тавонист «Ана гулбоғибабоғ»-ро ду то зоёнад, вале ба Манижа Давлатова зураш нарасид. Дар ин маврид, мо дар як матлаби қаблиамон гуфта будем, ки барои Манижаро ба даст овардан Нуриддин сахт талош кард, вале Манижа як бало карду ҳуй хурд. Ҳоло Саидаи Сироҷиддин дуто бача аз Нуриддинро дар танҳоӣ калон карда истодааст.
Нуриддин намоён ва «фигура» мешавад
Нуриддин Раҳмонов то солҳои 2003- 2005 он қадар фигураи намоён ва таъсиргузор набуд. Кам- кам аз «ҳисоб»-и баъзеҳо, ба мисли Нусрати бетурсик, Қурбони Қичил (раиси фурудгоҳи Хуҷанд ва қудои Таҳмина Раҳмонова),Нурик Раҷабов (мудири пешинаи меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Русия «гостевой» ҳам мегуфтанд ин меҳмонхонаро) ҳоҷӣ Ҳалими ваҳдатӣ (Абдуҳалим Қодиров) директори ширкати «Ёқут -2000», Анвар Қурбонов, директори текстили Душанбе зиндагиашро мечархонд. Ин нафарони зикршуда ӯро ба ҳайси посредник барои баъзе «корҳо» истифода карда роҳи пулёбиро нишон доданд. Вай «масъалаҳо»-ро бо бародараш ҳал мекарду пулҳои пораро ба воситаи ин шахсон гирифта ба баъзеҳо вазифаҳои ваъдашуда вале ба баъзеи дигар пасттарро медод.
Аввалин пулҳои калонро аз ин шахсон ҳамчун пора гирифта буд. Метавон гуфт, ки бо таҳрик ва дархосту хоҳиши онҳо ба корҳои давлатӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, сиёсати кадрӣ шарик шуд ва аз ин роҳ миллионмиллион доллар ба даст овард.
Инчунин гоҳ вақтҳо раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов (Амони калуш)ва мушовири давлатӣ оид ба масъалаи кадрҳо ва раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев (бо лақаби қунғузи сиёҳ, аввалин махлуқе, ки дар вилояти Хатлон садои азонро дар масҷидҳо басту дигар бо микрофон ва ё усилитель -баландгуякҳо азон гуфтанро мамнуъ карда буд маҳз ҳамин Амиршо Миралиеви данғарагӣ буд) ва Муродалӣ Алимардон, раиси Бонки миллӣ (Муродалӣ низ кам -кам ба акаи Президент Нуриддини тракторист пули нақд дар ҳаҷми 100 .000 ё 200 000 доллар ҳамчун ҳадя оварда медоданд. Амони калуш Амонулло Ҳукумов автомашина Ленд Крузери рангаш сафед (дизель) соли бароришаш 2005уми нави пачкаро ҳамчун ҳадя ба Нуриддини тракторист дар рӯзи таваллудаш 31.12. 2006 сол аз номи додараш Эмомалӣ Раҳмонов туҳфа карда буд.
Аммо, қабл аз онки Эмомалӣ Раҳмонов ба Муродалӣ Алимардон зарба зада титу порааш кунад, Нуриддини тракторист ҳам Алимардоновро бераҳмона конфисковат карда буд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, дар вақти ифои ин вазифа ба парвариши мол ҳам машғул буд ва рамаи зиёде дошт.
Як вақт 35.000 сар моли майдаи ӯро чупонҳояш ба айлоқ бурда истода буданд. Вақте аз ҳудуди Данғара мегузаштанд даҳ гусфанди калони ҳисории хубро ҷудо карда оварда ба Нуриддин ҳадя мекунад. Дар вақти обед Нуриддини тракторист ба Алимардонов мегуяд:- «тинҷиай и тарафои мода яке тов хурден»? Алимардонов бисёр шахси пулдор вале зирак буд. Аммо ин бор яке аз даҳонаш ногаҳон мебарояду мегуяд «як камтарак суруки молҳоро ба айлоқ бурда истодаем, то рафта расиданаш азобу азият мекашем». Нуриддин аз вай мепурсад, ки «чанқа сурукай молот»? Алимардонов мегуяд 35 000 гусфанд. Нуриддини гушна ин рақамро мешунаваду чашмонаш аз косахонаи сараш баромада ба мисли гургони гушна ба тарафи Алимардонов, ки нав як чумча хомшурбои акаи президентро чашида буд мегуяд: «Раис чо мекни худта азоб дода, молу ҳол гуфта, бмонуш молота мада. Бигзор азоба мо бкашем, худут бра дам биги. Иқа пулу молта ба кӣ мемонӣ, хай як ду -се мола мода хайр кардӣ ҳеҷ гап не»
Ҳоло Алимардонов, ки бо шунидани ин гап хушкаш задаву ҳалқаш қоқу забонаш дар дарун афтода буд, Нуриддин сразу ба Зайнуллои кали зард ва Амони хизматгори дари хонааш, ки хешаш ҳам ҳаст, амр мекунад, ки «брен молои раиса бигирен даҳмардаҳои худмонда бтиен, даҳмардаҳои и раиса ҷавоб бтиен. 35 та гусфанд бдай, уқа моле набудай, гуфта ба мисли роҳзан 35 000 моли майдаи Алимардоновро маҷбур аз дасташ кашида гирифта гуе дар кунаш як шатаи дигар мезанад ба мисли «Алибобо ва чил роҳзан» ӯро аз дар берун мекунад. Алимардонов, ки ин ҳама молашро Нуриддини тракторист руирост мусодира (конфисковат) кард, гушҳояш кашол, сараш хам аз хонаи акаи Президент баромада меравад.
Нуриддини тракторист ҳофиза Саидаи Сироҷиддинро, бо ёрдами Зайнуллои кали зард, зани дуюм карда буд. Ин ҳофиза, ки бо як сурудаш «Ана гул боғи ба боғ» дар саҳна пайдо шуда ва ба мисли раиси собиқи Данғара Сайдалиев Маҳмадулло гарданак мезад. Ба Санъат Асоев, собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» ,ки аз Данғара буд супориш медиҳад, ки як духонаӣ бо тамоми шароиташ дар Душанбе харида ба Саидаи Сироҷиддин диҳад ва Нуриддин (як лақабаш Мулло вале як хелҳо уро Қурбошӣ ҳам мегуфтанд) бо баҳонаи дидори набераҳо ва бародарзодаҳояш пинҳонӣ аз зани якумаш ба Душанбе бо ҳамроҳии Зайнуллои кали зард мерафту бо Саидаи Сироҷиддин зиндаги мекард. Аз ин ҳофиза Нуриддин ду фарзанд ёфт. Як писар ва як духтар.
Баъди мурдани Нуриддини тракторист онҳоро кам -кам Зайнуллои зард ва Қурбони Кичил, сардори фурудгоҳи Хуҷанд ва Санъат Асоев, раиси «Барқи тоҷик» нигоҳ мекарданд. Аммо баъданпас аз маргаш оилаи Нуриддин бохабар шуда хонаи Саидаи Сироҷиддинро аз дасташ кашида гирифтаанд.
Нуриддини отдели кадр ё кидатчик
Баъзе шахсони вазифаталаб, ки аз ноҳияи Данғара буданд, роҳу восита пайдо карда ба назди Нуриддин, акаи Президент меомаданд. Онҳо мехостанд, ки вазифаҳои баландтар бигиранд. Баъзеаш бо пули худаш, баъзеяш пулҳои калон қарз гирифта ба Нуриддин дода баъдан кидат шуда ҳамин тавр вазир нашуда мурданду рафтанд.
Масалан яке аз онҳо Бекмурод Қодиров аз ноҳияи Данғара мебошад. Қодиров ҳамдеҳаи Тоҷиддин Пиров аз Қули Суфиён аст. Барои гирифтани мансаби вазири нақлиёт ба Нуриддин дар соли 200. 550 000 доллар дода буд. Вақте ӯро вазири нақлиёт намонданд чандин бор ба назди Нуриддини тракторист меояду мегуяд, ки «ака ма и пулора 350 ҳазор долларша қарз гирифтагӣ будум, илтимос ҳаму пулора агане бте, ки мара одамои қарз додагӣ давит доран, касал шидам ай фишори инҳора». Аммо Нуриддини тракторист пулҳоро барнамегардонаду ба воситаи Эмомалӣ Раҳмонов ин шахсро сардори муҳити зист мемонанд ва ба ин бечора ошноҳояш механдиданд, ки «начальник Свежий Воздух мондакта акаи Президент, иқа пулот сухт» гуфта ӯро мазоҳу масхара мекарданд. Баъдан пулхои қарз гирифтаашро ба қарздорҳо баргардонида натавониста дилаш заду мурд. Аммо Нуриддин аз ин шахс ба маблағи 550 000 доллар то ба имрӯз қарздор мондааст.
Ҳолати дигар, Анвари Текстил ба Қурбон ном шахс- корманди ГАИ-и республика, аз Восеъ, барои гирифтани курсиву мақоми сардори Раёсати БДА-и Республика восита мешавад. 480 000 доллар ба Нуриддини тракторист медиҳанд. Аммо ин вазифаро одами Ҳасани Ориёнбонк Холов Маҳмадсаид, аз Чапаеви Колхозобод гирифт. Қурбони ГАИ- восеъӣ кидат шуд. Сардори Раёсати БДА таъин нашуд. Маблағи ӯро Нуриддин барнагардонд. Вай қарздор мурду рафт.
Раиси «Гостевой»- Меҳмонхонаи Тоҷикистон Нурмаҳмад Раҷабов, зодаи ноҳияи Файзобод ҷойи истиқоматаш шаҳри Душанбе, кучаи Чехов назди собиқ бозори Зеленний ба хариду фурӯши тонна -тонна героин машғул буд. Вай аз одамони наздики Нуриддини тракторист ба ҳисоб мерафт. Бародарашро, ки сардори шуьбаи растаможкаи гумруки шаҳри Душанбе буд- полковник Раҷабов Ҳикматуллоро мехост сардори Раёсати гумрук дар Душанбе таъин намояд, маблағи 1.500 000 доллар (яку ним миллион доллар ) нақд ба Нуриддин Раҳмонов дода буд. Аммо сардори Раёсати гумрук дар Душанбе дигар шахс таъин гашту ҳамин хел ин шахсон ҳам кидат шуданду ин маблағҳоро Нуриддини тракторист дигар барнагардонду ба ин шахс ва ҳам ба ӯ ягон вазифаи баланд надоданд. То ба имрӯз қарздор буд, ҳамин хел қарздор Нуриддин мурд рафт.
Нуриддин эҳсоси болои маҳалгароии Эмомалии додарашро хуб медонист ва шинохта буд. Барои ҳамин талош мекард, ки пораву ришваро асосан аз данғарагиҳо гирад.
Соли 2009 Назарзода Ҳотам Назрулло, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон буд. Вай одами Нуриддини тракторист дониста мешуд. Ҳамаи вазифаҳояшро ба воситаи маҳз ҳамин Нуриддини тракторист гирифта буд. Албатта бо додани маблағҳои калони пулӣ. Чунки Назарзода Ҳотам ҳам аз Данғара буд. Ин вақт аллакай Нуриддин ҳаҷми маблағи пора ё шапкаро ошкоро ва руирост таъин мекард. Ҳамин қадар миллион доллар меорӣ «фалон вазифара мегирум метиюмта».
Дар як суҳбати хусусӣ бо Назарзода Ҳотам Нуриддин ба ӯ мегуяд: «сандуқота бра бков, пулота ҷамъ ку, бги биёр -Генеральний Прокурор мемонумта. И, сарсафед (Бобохонов Бобоҷонро дар назар дошт) ягон гапи мара нагирифтестай, и тамоман мара писанд намекуна. Ба ма боша ҳами рӯз қати авлодуш маҳкам мекунумша, и сарсафеда, неке и додарум гапа гуш накардестай. Ту пулота ҷамъ ку, панҷ- шаш лимон биёр, ма калона мегум мемоната. Иқаша мебарум метиюмша, кор ҳалай. И додарум то пула ба чашмош набина кора буд намекуна, пула наличий дид тамом, сразу кор ҳалай»
Ҳамин тавр тули як сол Назарзода Ҳотам маблағи панҷ миллион долларро ҷамъ карда нақд оварда ба Нуриддин медиҳад ва ждат мекунад, ки кай Генпрокурор Бобохоновро барканор карда ӯро ба ин вазифа мегузоранд.
Аммо директори Агентии коррупсия Шерхон Салимзода, ки тули се сол барои Прокурори Генералӣ шудан кушиш карда буд, ӯ ҳам маблағҳои калонро ҷамъ карда буд. Шахсан ба Президент Раҳмонов дар таърихи 30.12 2009 сол маблағи 10 000 000 (даҳ миллион доллар)-ро нақд дода баъдан дар таърихи 31. 12. 2009 дар рӯзи таваллуди Нуриддин Рахмонов ва ба ӯ низ 5 000 000 долларро дода ин вазифаро харид. Ва ин Назарзода Ҳотамро муовини якуми Прокурори генералӣ таъин карда буданд. Ба ӯ дар ояндаи вазифаи Прокурори Генералиро ваъда карда буданд. Аммо нашуд, ки нашуд. Баъди Шерхон Салимзода ин вазифаро соли 2015 Юсуф Раҳмон ба воситаи домоди Президент Маҳмадзоир Соҳибов хариду боз Назарзода Ҳотами данғарагӣ аз тарафи Нуриддини тракторист кидат шуду пулхои ҷамъ кардаи панч милион долларааш сухту барбод рафт! Кидат разбор надорад.
Раҷабзода Ориф, ки ҳамсояи наздики Нуриддини тракторист буд, мансабҳои сардори терминали гумруки Душанбе (солҳои 2007- 2009); сардори дидбонгоҳи Хуҷанд (солҳои 2012 2017); сардори дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён (солҳои 2017 -2019), маҳз ба Нуриддин доля дода соҳиб мешуд. Дар ҳар вақти таъиншавӣ дар ҳар пост ба Нуриддин аз 300 000 то 800 000 доллар нақд оварда медод. Охирон бор соли 2016 барои таъйин шудан ба вазифаи сардори пости Панҷи поён ба Нуриддин Раҳмонов дар шоҳидии Шуҳрат ва Зайнулло ва Ислом Ҳурматов дар ноҳияи Данғара дар даруни гаражи Нуриддин, ки онҷо офис ҳам дорад маблағи 3 500 000 (се милиону панҷсад ҳазор доллари ИМА ) нақд ҳисоб карда дода буд. Баъди як соли таъин шудан дар ин вазифаи равғанӣ Нуриддин нохост мурд. Баъди мурдани вай Эмомалӣ Раҳмонов қариб ҳамаи шахсоне, ки ба Нуриддин доля медоданд, шинос ва ё таҳти сарпарастии ӯ буданд махсус дар маҷлисҳо баромад карда супориш дод, ки онҳоро ё зиндон кунанд, ё ки аз вазифаҳо гиранд ва тамоми дороиҳояшонро аз худ кунанд. Ба мисоли мудири ширкати «Умед -88» Раҷабалӣ Одинаев.
Дафъатан баъди мурдани бародараш як ҳафта пас дар маҷлиси соҳибкорон ӯро супориш дод, ки маҳкам кунанд. Ҳол он ки ӯ низ ба Нуриддин милионҳо доллар доля медод. Ҳамин тавр Раҷабов Орифро, ки акнун крышааш Нуриддин мурда буд, дар маҷлиси мақомоти гумруку андоз Раҳмонов специально баромад карда ному насаби ӯро гирифта гуфт, ки ӯ гуё аз пеши худаш ҳазор тонна шакарро пинҳонӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда пули давлатро хурдааст.
Ҳол он ки пулҳои гумрукӣ-боҷҳои ин шакарҳоро Ориф ба Нуриддин ва ба домоди Нуриддин- Ҳурматзода Ислом медод. Вай маблағҳоро тоқа намехурд. Дар ин доляи маблағҳои калон дар охирҳо Фаттоҳ Саидов, сардори Хадамоти гумрук (Абдуфаттоҳи Ғоиб) падари Шоҳрух ҳам ворид шуда буду ин маблағҳо ба ҳамаи онҳо тақсим мешуд. Аммо Раҳмонов гуё аз ягон чи хабар надорад. Дар публика номи таможникро гирифта ӯро ҷинояткор мегуяду супориш медиҳад, ки Раҷабзода Орифро ҷазо додан даркор аст. Ҳол он ки ӯ аниқ медонад, ки Ориф ба Нуриддини тракторист милион -милион доллар пора медод. Раиси ширкати Ёқут -2000 ҳоҷӣ Ҳалими ваҳдатӣ барои бо Президент шинос кардан ба Нуриддини тракторист 1 000 000 доллар пора додааст. Инчунин барои «крыша»-гӣ кардани Нуриддин ба вай маблағҳои калон медод. Барои иҷозати сохтмони корхонаи дузандагӣ ва барои духти либосҳои кормандони андозу гумрук ва формаи ҳарбии вазорати мудофиа ва корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Нуриддин зиёда аз 2 000 000 доллар пора дода буд. Ин ҳама либосҳои кормандони мақомоти қудратиро танҳо ин ширкат иҷозати духтанро соҳиб гашта буд. Инчунин барои иҷозат гирифтан ба сохтмони Цементзавод дар болои ноҳияи Ваҳдат дар баландии роҳи куҳнаи Душанбе-Норак низ ҳоҷӣ Ҳалими ваҳдатӣ ба Нуриддини тракторист чандин миллион доллар пора дода буд. Ҳамчунин барои дарёфти иҷозаи сохтмони биноҳои баландошёна низ маблағҳои калон аз 500.000 доллар то як милион доллар ба Нуриддин Раҳмонов пора медод
Раиси ширкати «Умед-88» марҳум Раҷабали Одинаев ҳам яке аз наздиктарин шахсони Нуриддин буд. Вай ба Нуриддини тракторист ҳар моҳ бист тонна солярка ва даҳ тонна бензин ҳадя мекард. Инчунин барои кришават ва нигоҳ карданаш Раҷабалӣ Одинаев ба акаи Нуриддин зиёда аз 7 милион доллар дода буд. Инчунин ҳар моҳ шахсан ба Нуриддин доляи муайян ба маблағи 300 000 доллар то 500 000 доллар доля оварда медод. Чунки Раҷабалӣ Одинаев, ки аз Ҳамадонӣ (Московский) буд ба ғайр аз тиҷорати бензину солярка ба хариду фурӯши калони героин аз Афғонистон машғул буду зери қанот ва крышаи Нуриддин ин фаъолиятҳои ғайриқонунии худро ҳам ба пеш мебурд. Аз дустии наздики ӯ бо Нуриддин Раҳмонов тамоми мақомот ва тамоми Тоҷикистон хабардор буд, аз ҷумла Президент Эмомалӣ Раҳмонов нағз медонист, ки раиси ширкати Умед 88 Раҷабалӣ Одинаев ба акааш Нуриддини тракторист даҳҳо милион доллар ҳама вақт доляи калон медиҳад.
07.10.2017сол ногаҳон Нуриддин Раҳмонови тракторист дар Ғарм мурду ӯро гуронданд. Ҳатто дар ҷанозаи ӯ Раҷабалӣ Одинаев барбари Президент мегашту гуё наздиктарин одами Президент ба ҳисоб мерафт. Аммо ҳоло бисту чили акаи трактористашро худоияшро нагирифта Президент ровна як ҳафта нагузашта 14.10.2017 сол маҷлиси соҳибкоронро ташкил карда дар прямой эфир задагӣ маст дар телевизионҳои давлатӣ Президент Раҳмонови пиёниска гуфт, ки қариб 200 млн пулҳои Роғунро гирифта раиси ширкати Умед 88 дар хориҷа хурда гаштааст, ягон фоиз ҳам намедодааст, пулҳоро ҳам нагардонидааст.
Ҳол он ки мувофиқи шартнома пулҳоро ширкати Умед- 88 бояд соли 2018 бармегардонд ва то соли 2018 ҳоло вақт барои баргардонидан ҳаст. Ҳар моҳ ба буҷаи давлат аз ин маблағҳо фоизи муайян ва андози муайянро месупорид ва ягон огоҳӣ аз тарафи вазорати молия ба ин ширкат пешниҳод нашуда буд. Маҳз домоди президент Ҷамолиддин Нуралиев раиси ширкати Умед 88 ро аз номи Президент фарёд карда гуфта будааст, ки ин маблағҳо бекор хоб ҳастанд, биё кредит гиру истифода бубар ва аз фоидааш ба мо ҳам ҳақ бидеҳу ҳам ба бюҷет налог супоридан гир. Дар аввал раиси ширкати Умед -88 рад карда не гуфтааст. Аммо домоди Президент ишора кардааст, ки Пешвои миллат яке хафа мешавад ,агар пешниҳоди ӯро рад кунӣ баъд проблемаат мекунанд, гуфта ба ӯ таҳдид мекунад. Барои ҳамин раиси ширкати Умед -88 Раҷабалӣ Одинаев маҷбур ин маблағҳоро ҳамчун кредит гирифта истифода мебараду дар охир 28 сол суд ва дар зиндон кушта мешавад.
Ба ҷуз аз ин одамони номбаркарда, ки Нуриддин крышагӣ мекарду аз онҳо доля мегирифт, боз инчунин аз Шерхон Салимзода барои расидан ба мансаби директори Агентии мубориза бо коррупсия дар соли 2007аз Зарипов Гурез Шарипович барои курсии аввали Хадамоти гумрук, аз Саидов Нуриддин Ҷартиевич, барои вазири маориф ва аз Ҳокимшо Тиллоев барои раёсати Тоҷикайр аз Шарипов Мирзошариф (бо лақаби каргас) барои муовини аввали Прокурори генералӣ миллионҳо доллар гирифта ба ин мақомҳо расонидааст. Ҳамаи ин нафарони зикршуда, Гурез Зарипов, Нуриддин Ҷртиевич, Ҳокимшо Тиллоев, Шарипов Мирзошариф аз Данғараанд.
Нуриддин ва тасарруфоти дашту дараҳо, то Норак
Оличадараро Нуриддин маҳкам кард. Онҷо қишлоқро хезонду дар ҷойи онро мамнуъгоҳ кард. Сайд сар дод.
Оличадара деҳае аст, ки дар бағали куҳ ҷой гирифтааст. Вай болои тепаи Себистон, байни Кангурт ва дараи куҳии васати Себистон бо Норак қарор дорад. Ин деҳа ва деҳаи канори вай, ки Эғрон ном дорад, лақайнишинанд. Дар тарафи куҳи Ғиҷоваку Пушинг. Нуриддин дар ҳаминҷо ба дунё омадааст.
Майрами модари Эмомалӣ ду бор шавҳар кардааст. Бори аввал дар 13солагӣ. Падару модараш ӯро бар ивази як зини хар ба як лақай ба зани медиҳанд. Ин лақай одами тундмизоҷ ва дурушту дағал будааст. Майрамро зиёд азобу азият медодааст. Майрам аз хонаи вай мегурезад. Меояду баъди чанде кури Раҳмонро мегирад. Падари Нуриддин кури Раҳмон будааст. Майрам аз Оличадара, аниқтараш аз Қули Суфиён, аз зодгоҳи Тоҷиддин Пиров, раиси Бонки рушди Тоҷикистон ва дар гузашта раиси Тоҷиксодиротбонк.
Нуриддин солҳо баъд аҳолии Олучадараро мехезонад. Ва дар ҷойи ин деҳа мамнуъгоҳ ташкил мекунад.
Дар ин мамнуъгоҳ, ки як тарафаш то лаби баҳри Норак ва як тарафаш то куҳҳои Кангурт доман паҳн кардааст, садҳо намуд дарахти меваву сояафкан ва анвоъи гуногуни ҳайвонҳоро аз хориҷа меоварад. Як вақт дар як нашрия дар ин бора матлабе чоп карда навишта буданд, ки ба маблағи 5 миллион доллар ин мамнуъгоҳро Нуриддин ташкил кардааст. Дар онҷо аз Африқову Эрону Туркия хирсу хуку оҳуву пиставу бодому боз даҳҳо намуди дигар масалан ҳатто маймун оварда сар додааст. Ин мамнуъгоҳ 5000 гетаро фаро мегирад. 3000 гетари он бо симхор маҳкам карда шудааст ва боқии онки ба тарафи Норак меравад, ҷое барои гурез ба ин ҳайвонҳо надорад.
Инҷо ҳудуди 1500 гектар замини обӣ ва 1000 гектар замини лалмиро, ки деҳаҳои атрофи Норак ва ҷамоати Себистони Данғара истифода мекарданд, Нуриддин симхор гирифта, иҷозат намедиҳад, ки дохил шаванд. Чандин сол аст, ки ин мардум на ҷои чаронидани молу гов доранд ва на куҳе, ки аз он ҳезум бигиранд ва аз заминҳои корамашон ҳам маҳрум шудаанд. Ба коргарҳои Нуриддин дар ин мамнуъгоҳ «платит» карда баъд алаф медараванду писта мечинанду ё лалмӣ мекоранд.
Як вақтҳо, ёдатон бошад марҳум Убайдулло Раҷаб як кино сохта буд, ки худаш онҷо бобои Ғаффор ва он хонум Санам ном дошт. Бобои Ғаффор молҳои Санам ва ҳамдеҳаҳояшро агар ба зминҳояш, ки куҳҳоро гирифта буд, медаромад, пул гирифта баъд ба соҳибонаш бармегардонд. Қабл аз ин кино айни ҳамин корро Нуриддин мекардааст. Гову моли мардумро, ки ба ин мамнуъгоҳ дохил мешуданд, руст карда бар ивази пул ба соҳибонаш бармегардонд.
Кадоме ба Нуриддин мегуяд, ки туро Убайдулло Раҷаб кино кардааст. Сабаби аз кор гирифтани Убайдулло Раҷаб ва дигар вазифа надодан ҳамин аст.
Аммо фақат Оличадара набуд, ки Нуриддин хезонида бошад. Онҷо як деҳаи дигар бо номи Гармак буд, ки сокинони онро ҳам қурбонии ин мамнуъгоҳ кард ва ҳамаашро хезонд. Гармак дар лаби дарё қарор дошт. Мардум ҷаву гандум мекорид ва гову молашро ба чаро мебурд. Ҳозир ҳамаро басту симхор гирифт.
Тақрибан ду гектар заминро инҷо симхор гирифта ( ферма) ва дар дарунаш кабк сар додааст ва ҳамин тавр дар беш аз 5 гектар симхор гирифта барои як навъ мурғ ферма сохтааст.
Хулоса, Олучадара, Эрғом ва Гармакро заповедник кард.
Як қисм заминҳои деҳаи Қули Суфиёнро қабл аз Нуриддин Тоҷиддин Пиров харида буд. Аммо онҳоро ҳам Нуриддин кашида гирифт ва ба пушти Пиров як шата заду азинҷо сураш кард.
Боз Пировро маҷбур кард, то даруни мамнуъгоҳи вай роҳ сохту он роҳро асфалт кард. Роҳи қишлоқи худашро мумфарш накард, аммо ночор ба чанд миллион доллар роҳи тарафи заповедники Нуриддинро асфалтпуш кард.
Нуриддин баҳри Норакро аз ҳама тарафаш маҳкам карда гирифт. 5000 гектарро гирифтааст. Танҳо он қисматҳоеро махкам накардааст, ки ҳайвонҳо меоянд обхурӣ вале, гурехта наметавонанд.
Зайнуллои телехи Нуриддинро чаро куштанд?
Як ҳодисаи дигар. Зайнуллои кали зард муҳофизи хонаи Президент дар Данғара аст. Вай аз қишлоқи Ҷартепаи Данғара мебошад. Вай аз тарафи ОГСО-шуъбаи муҳофизати милисаи Данғара аз солҳои хеле пеш посбони дари хонаи куҳанаи Данғара буд.
Ин Зайнуллои кали зард, вақтҳое, ки Майрам, модари Раҳмонов зинда ва дар Данғара зиндагӣ мекард, рӯзу шаб дар хонаи Нуриддин ҳамчун посбон меистод. Гоҳ вақт, нимаҳои шаб, очаи Президент аз хоб мехест медид, ки Зайнуллои кали зард рост дар ҳавлӣ истодааст. Ва Зайнулло кампирро ёрӣ дода то ҳоҷатхона мебурду боз рост дар ҳавлӣ меистод. Борҳо очаи Президент-кампири Майрам ба ӯ мегуфтааст, ки «хоб намерай, худут хов бра бачам, ту хов надорӣ» ва боз ба хона даромада хоб мерафтааст.
Гоҳе шабҳо боз Нуриддин ҳам бедор шуда медид, ки Зайнуллои кали зард рост дар ҳавлӣ бедор истодааст. Яъне ҳама хоб ҳастанду фақат Зайнуллои кали зард хоб нест. Вай ҳам бо чашмони хоболуд ба Зайнуллои кал нигоҳ мекарду «хоб нестӣ Зайнулло» мегуфту гузашта мерафт, гарчанде дар беруни дарҳои хонаи Президент дигар охранаҳо аз амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ мусаллаҳ меистоданд, аммо ягона Зайнуллои кали зард доступи дар хонаи Нуриддини тракторист, дар даруни ҳавлиии онҳо истоданро дошту одами бовариноки Нуридин шуда буд.
Солҳо аз байн гузаштанду дигар вазъияти шаҳрҳои Тоҷикистон ҳам ором шуд ва Тоҷикистон муътадилу ором шуд. Як бор вақте Зайнуллои кали зард бо Нуриддини тракторист Душанбе равон буданд, Нуриддин аз Зайнуллои кали зард мепурсад, ки ҳамон вақтҳо ҳар вакти шаб «ма ё очам мехест худут бедор будӣ, ту хов надоштӣ ё ки ягон доруи противи хоб мехурдӣ, ҳами сири ҳамира бугу ма ақлум тамоман намегира. Чи хел ту рӯзи дароз бедор будию бо шаво ҳам кай вақте ки мо ду се борӣ мехестем ай хов худут ростӣ хоб нестӣ?»
Зайнуллои кали зард ба Нуриддин мегуяд «агар ростша бугум ҷанг намекунен»? Нуриддин мегуяд, не «ростша бугу ку чи тарӣ мекардӣ»? Зайнуллои кали зард мегуяд, ки «ма хов мерафтум,неке бо зеҳи моҳигирии сафед як тарафша дар дастаи дари калидори общии хонатон бастагӣ будуму як тарафша дар чилики калони пойи чапум. Ҳар вақте Шумо дари калидори хонатона сахт мекашиден, мара ай чилики калони почам сахт кашола мекарден. Агар аз ҷойюм парида намехестум, чилики пойма канда мебурден .Барои ҳами ай дарди чиликма парида мехестуму давида байни ҳавлии хонатонда рост местодум. Сири хов накарданум дар ҳами буд» мегуяд ба Нуриддин.
Зайнуллои кали зард тамоми сиру асрори оилаи президент ва сирҳои хатарноки оиларо нағз медонист. Барои ҳамин ӯро махсусан безарар гардониданд. Соли 2021 дар хонааш шаҳри Душанбе Зайнуллои Зардро мурдаашро ёфтанд. Мурдааш буй гирифта буд. Се- чор рӯз пеш аз наврузӣ аз тарафи ин оила кушта шуд. Ҳол онки қариб бисту панҷ сол дар хизмати Нуриддини тракторист буд. Ниҳояти ҳар шахсе ба ин оила хизмати содиқона кардааст ҳамин аст. Ин ягона намуна ҳам нест.
Нуриддин: «биё иқа кунак бизанем»
Беш аз даҳ сол, аз соли 2004 то 2016, ки дигар Нуриддин як шахсияти таъсиргузор дар «круг»-и Оила шуда буд, дӯстону наздиконаш рӯзи мавлуди ӯро дар майдони кушоди назди бинои ҳукумати Данғара ҷашн мегирифтанд. Чунки Нуриддин 31 декабр таваллуд шуда буд.
Арчаи соли навӣ гузошта ҳофизаҳо ва ҳофизонро мачбур меоварду бо ҳамроҳии домодҳояш Исломи мундуқ, Баҳроми МИД, Зафари немис- Прокурор, Хизматуллои колхозободии Амонатбонк Файзидини Фтурови ГАИ, Сафар Ҷобирови кулобии аробакаш ва носфуруш, ки айни замон дар коррупсия кор мекунад, Султони Колхозободии ГНЦЛ ва шиносҳояш Қурбони Кичили уялигӣ Қурбони ГАИи восеъӣ, Анвари Текстил, Шокиров Бахроми милиса, Санъат Асоеви собиқ раиси «Барқи тоҷик» Маҳмадулло Сайдалиев, раиси пешини ноҳияи Данғара «говраҷумбонак» (аз сабаби он ки ба мисли Саидаи Сироҷиддини «Ана гул боғи ба боғ» дар вақти гап задан гарданаш инсу унсу мерафт, уро говраҷумбонак лақаб монда буданд) ва дигарон дар ин майдони назди ҳукумати Данғара ҷамъ карда мастиву аластӣ мекард.
Нуриддини таркторчӣ баъди қабул намудани ҳадяҳо аз раисону вазирон дар рӯзи таваллудаш ва аз пулу молҳои зиёди ҷамъ шуда настренияаш баланд мешуду ба гуфти худаш ба кунакзанӣ сар мекард. Ва ба мисли нархари дар баҳорон ҷав хурда маст мешудагӣ дигар то соатҳои яки шаб кунак мезад. Вай ба ин нафарон мегуфтааст, ки « аку биёе ку брем иқа дар назди бинои ҳукуматамон «кунак» бзанем,иқа рақс кунем»
Иллати марги Нуриддин маълум нест. Гуфтанд ,ки дар роҳ ба самти Ғарм якбора мемурад. Аммо ба нақли Амриддин Нақшов,ки хело Нуриддинро бад медид дар як круг гуфтааст: “Медонен Нуриддин дар Ғарм зан дошт. Дар хонаи ҳамон занаш дар оғуши ҳамон зани ғармияш дилаш мезанаду мемурад. Гуё пеши домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ рафта бошаду дар роҳ мурда бошад ин дурӯғ буд ва чун дар зиндагиш як ҳаром буд хостанд ақалан мурданша хуб эълон кунанд” Мурдаи ӯро аз онҷо бо вертолёт меоваранд.
Дар тағйироти кадрии ахир ҳам Умед ва ҳам Ислом, писарони Нуриддин яке аз мақоми прокурори ноҳияи Исмоили Сомнӣ ва дигари аз раҳбарии Данғара барканор шуданд. Гапгап буд, ки Умед муовини Генпрокурор мешавад, ки нашуд ва Исломро ҳам мегуфтанд, ки соли 2022 Данғара вилоят ва Ислом раиси вилоят мешавад. Аммо ҳоло ин ҳарду дар, «распрожений кадр» қарор доранд ва акнун Сумбулоғо, Рустам, Озода ва ҳатто Исмоили пингвини дастбахайр бояд даст ҷунбонанд,то тақдири инҳо ҳал шавад.
Ps: Хонандаи гиромӣ ин як қатрае аз баҳри ҷиноёти Нуриддини тракторист буд, ки тақдиматон шуд. Ҳоло муаррифии Нуриддин ва ҷиноятҳои дигари ӯро ҳатман дар дигар барномаҳои “Семейканювс” тақдиматон менмоем, бо “Ислоҳ” бошед, то аз он ҳама огоҳ гардед….
Идома дорад….