Нашри барномаи аввали «Семейканюс» дар рӯзи 3 январ беҷиҳат ва тасодуфӣ нест, ҳисобшуда аст. Имрӯз бонуи муҳтарам Озода Раҳмонова, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҷашни мавлуд доранд. Дастовези имсолаи «Ислоҳ» ба муносибати ин ҷашни фархунда ва ин «санаи таърихии давлатдории навин»-амон ҳамин барнома аст, ончиро, ки дар бисотамон дорем барояшон инъом мекунем. Бигзор ба туфайли хонум Озода ва ба шарофати рӯзи мавлуди эшон «Семейканюс» барномаи нави мо ҷойгоҳи хоссаеро касб кунад, ҳамчуноне Озодабону дар «Оила» аз нуфузу эътибори болое бархурдор аст.
Мо, пешопеш, итминон медиҳем, ки «Семейканюс» таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин оила бештар ҷалб мекунад. Солҳост, ки Тоҷикистон ва ҳама қишрҳои шаҳрвандони кишвари азизамон ба ин оила вобаста аст. Барои ин оила кор мекунанд. Аз коргару деҳқони одӣ то раису вазир ва аз муҳоҷири корӣ то олиму донишманду тоҷир.”Семейканюс” мухтаси ин оила ва олу авлоди Раҳмонов аст, чунки ин оила дар ҳаёти ҳар як хонадони тоҷик ҳузур дорад:-аз китоби дарсӣ, сарулибос-формаи мактабӣ, аз қанди коғазпеч,-амирӣ, таҷэро, аз уребча (памперс) аз собуни дастшуву хокаи ҷомашуӣ то гелҳо барои мошини козурӣ, аз қувваи барқу соляркаю газу бензин, аз лабораторияву дору, аз билети ҳавопаймо, аз бозор, аз паспорту симкарата, аз прававу техталону техосмотр, аз пулу қарзу пасандоз, хулоса аз ҳама чиз сару сурати ин оила ба назар мерасад. Аз ин оила халосӣ надорем, балки барои ҳамин оила кор карда истодаем ва ин оила дар зиндагии ҳар кадоме аз мо таъсир ва ҳузур дорад. Масалан ман, ҳамроҳони ман, хешу таборони ман аз дасти ин оила гурезаву оворау паноҳанда ва дарбадар шудаем. Инчунин ҳам мислу монанди ман миллионҳои дигари ин миллат ва мардум.
Аммо дар ин оила Озода нақши муассир дорад.
Озода отаашро контрол мекунад, Озода ҳукумати отаашро контрол мекунад, Озода аппарати кории отаашро контрол мекунад, Озода даробарои вазиру кабиру раиси назди отаашро контрол мекунад. Бидуни шак, Озода нар мебуд, курсӣ ҳатман ба вай мерасид. Аз ин ҷост, ки “Семейканюс “ в двойной” таърихӣ шуд:-ҳам рӯзи таъсиси худаш ва ҳам рӯзи мавлуди Озода. То замоне Озода ҳаст “Семейканюс” ҳатман чоп мешавад.
Аммо “Семейканюс ба фарқ аз “Минбар….” ва “Номаҳо…” рӯзи муайяни нашру пахш надорад. Ҳар гоҳ, ки маводу маълумоти ҷиддию маълумоти мувассақе расид омода дар Пойгоҳи баланду муҳками Ислоҳ овехта мешавад.
Боз ҳам мегуям, ки Озода нар мебуд Раҳмонов барвақт месупурду мерафт. Мо, ҳамин гуна як туҳфаи ғайриодӣ ва баёдмонданиро дар зодрузи Озодахонум барояшон пешкаш кардем ва аз ҳамин сана расман “Семейканюс” дар канори “Минбари муҳоҷир” ва “Номаҳо аз ноҳияҳо”дар пойгоҳи таҳлиливу сиёсии “Ислоҳ.нет” ҷой мегирад.
Аммо чаро маҳз Озода? Чаро Рустам, чаро Рухшона, чаро Парвина, чаро Заррина, чаро Фарзона, чаро Сомон, чаро худи Раҳмон ва ё чаро Азизмо не? Ҳар хел фикру гумони бад накунед. Каме ҳам бошад, дар боло ба ин пурсиш, ки ҳатман матраҳ мекардед, посух додам, аммо посухи асосӣ ба ин савол, бигзор мисли як роз, мисли як муаммо ва мисли як чистон пушида бимонад. Ва, ҳоло шуруъ кардем аз худи Озода.
Озода
Мурдаи Давлатов Тавар соли таваллудаш 1971-ро аз Душанбе ба Кулоб оварданд. Ин ҷондори зараррасон зодаи участкаи Шатали ҷамоати Кулоби шаҳри Кулоб буд. Тавар ба хонаводаи президент саги вафодор буд. 20 сол пеш дар ҳайати охранаи президент кор мекард. Ҳангоми сафарҳои хизматии президент ҳамеша ҳамроҳаш буд. Дар яке аз ин сафарҳо писари хурдиаш бемор мешавад. Занаш ин писарро гирифта ба пеши табиб мебарад, ки бо амри илоҳӣ ҷони худро аз даст медиҳад. Тавар аз сафари хизматӣ бармегардад. Ба вай мефаҳмонанд, ки дар набудани ту писарча аз даст рафт ва оилааш ба Тавар ҳамаро ҳикоя мекунад. Тавар бошад ҳаррӯз пачти маст мегашт. Мастомаст рафта духтурро бо куни пистолет мезанад. Ин гап то президент меравад. Таварро аз кор озод мекунанд. Тавар чанд сол бекор мегардад. Аммо чанде баъд Озода ӯро дар ҳайати охраннаи худаш мегирад ва вай муҳофизи Озодаи Раҳмон мешавад. Боз беспределиро сар мекунад. Вақте Озода бо Ҷамолиддин соз набуд, Озода ба Тавар фармон медиҳад, ки Ҷамолиддинро роҳ надиҳад. Ҷамолиддин меояд, ки Тавар роҳ намедиҳад. Мегуяд фармони муаллима аст. Ҷамолиддин дашном мекунад, ки Тавар ӯро мезанад.
Тақрибан ду ҳафта пеш гапи Тавар бо як пррокурор дар Душанбе мегурезад.
Тавар он прокурорро латукуб карда мегуяд, ки «ма худтаму генпрокурортам задагиюм». Фармон мешавад, ки Таварро маҳкам кунанд. Ҳоло фармони Юсуф Раҳмон болотар аз тамоми мақомот аст. Амнияти Кулоб Таварро бурда маҳкам мекунад. Ҳамон вақтҳои СС.Ятимов дар амнияти Кулоб қарор дошт. Таварро аз Кулоб меоранду дар ШИЗО-и СИЗОи амният ҷо мекунанд.
Фаридуни писари Озода аз хурдиаш дар бағали Тавар калон шудааст. РӮзи маросими дафнаш ягон нафар аз авлоди президент иштирок накард. Баъзан сару садоҳо дар ин маврид ҳам буд, ки Таварро Ҷамолиддин ҳам сахт бад медид ва Тавар дар вақташ «корҳое» бо Озода дошта будааст.
Тавар дар даври кориаш не хона дошту не сарпаноҳе. Кудакҳояш дар хоки хунук мондагианд.
Дача-бустонсарои Озода дар Шаҳристон на фақат дар Тоҷикистон, шояд дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳамто надошта бошад. Дар ин ҷо дигар аъзои оила, Азизмов Рустам ҳам дача доранд, аммо аз Озода фарқ мекунад. Ин дачаҳоро сарбозони қисми низомии дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ «Шаҳристон» посбонӣ мекунанд. Қисми ҳарбии 03040-и вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам дар мавзеъи «Дуоба»-и ноҳия ҳам мустақар аст. Раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода аз мардум обу нону ҷамъ карда ба онҳо бурда медиҳад. Куҳу дараҳои гирду атрофи ин дачаҳоро ҳам соҳиб шудаанд.
Дачаи Озода дар Чехискии Шаҳристон ҷойгир аст. Сарбозҳо гирду атрофи онро мерубанд, санг мечинанд, сангҳои дорожкаҳо-роҳравҳояшро бо оҳакоб ранг мекунанд. Ин ва дигар корҳои нигоҳубини дача бар уҳдаи сарбозҳо гузошта шудааст. Барои онки ҷавонҳои деҳаҳои гирду атроф ба ҳамин қисмҳои ҳарбӣ муҳлати сарбозии худро гузаронанд аз 10 то 15000 сомонӣ пора медиҳанд.
Дар маҷмуъ дар инҷо Озода ва дигар аъзои оила 10 дача доранд. Ҳеҷ кас инҷо омада наздик шуда наметавонад. Сарбозҳо охранят мекунанд. Аммо, ин дачаҳо дар Шветсарияву дар Италия ҳам нестанд. Дар тори куҳ, аммо бо қувваи барқ ва системаи обу ташноб таъминанд. Инҷо ҳар сол чанд бори омада истироҳат мекунанд. Озода истеъмоли гушти чорпоҳои ёбоиро нағз медидааст. Махсусан шурбои гушти гуроз-хуки ёбоиро бисёр мехурдааст. Шикорчиҳо хуки ваҳшӣ сайд карда як шаб дар намак ва дигар адвияҷот мехобонидаанд ва сипас барои Озода таббохҳо ғизо таҳия мекардаанд. Аслан парво намекардааст, ки деҳаҳо об ва свет надорад, аммо ин дачаҳо ҳам бо обу ҳам бо свет пурра таъминанд. Ҷолиб инҷо аст ки дар вақти истироҳату дамгирии Озода дар ин дача ҳамроҳи бо занҳо надорад ва фақат мардҳо бо вай инҷо меомааданд. Вай бо бадани полуголий рӯи сабза ва зери офтоб дароз мекашад, загар мегирад ва чанд нафар бузбала бо навбат масжаш мекардаанд.
Дар дохили баҳри неругоҳи Норак дар яке аз ҷазираҳои он Озода барои худ ишратгоҳ сохтааст. Дуруст аст ки сохтмони онро Ҷамолиддини шавҳари Озода шуруъ карда буд. Аммо баъди онки вай «антипартийный» шуд Озода давом дод. Барои он ки аҳолӣ аз барқ танқисӣ накашад, бояд оби ҳавзро пур кунанд. Аммо агар обро пур кунанд он ҷазира зери об мемонад. Агар барқро пурра диҳанд аз оби ҷамъшудаи обанбор кам мешавад ва ба ҷазира рафта расидан намешавад, масолҳи сохтмониро кашонидан ва то маҳалли сохтмон расонидан проблема мешавад. Об кам, ки шуд ҷазира дар боло мемонаду баромада намешавад. Катер то пешаш намеравад. Тамоми мардуми Тоҷикистон бебарқ фақат ба хотири кайфу ишрати Озода. Инҳо мардумро задагианд. Барои кайфи худашон як корҳое карда истодаанд, ки боваратон намешавад.
Озода ҳар гоҳе омада дар ин ҷазира бо тани нимаурён ва гоҳо тамоман лублуч загар мегирифтааст. Дар болои сараш соябон месозанд, аммо танаш дар офтоб офтоб мехурдааст. Озода урён зери офтоби сузон баданашро медоштааст. Аммо ҷлиб инҷо аст ки фақат пешашро ба офтоб медоштааст.
Рустам
Рустамро Раҳмонов президент мемонад. Ҳама корҳо барои иҷрои ҳамин нақша аст.
Ҳар ҳафта Норак тарафи ГЭС-и Бойғозӣ меравӣ, онҷо -он параи об як боғ ҳаст. Рустам ҳамонҷо мераваду ҳафтаҳо берун намебарояд. Онҷо хонаҳои чубӣ ва боғи калон дорад ва дар он пара Хуршед дача дорад. Хуршеди данғарагӣ. Дар таможний як вақтҳо началник отдел кадр буд. Рустам ду ҷураи Хуршед дорад. Хуршед Мирзоеви Авесто ва боз як Хуршеди дигар -калонсолтар аст. Ин Хуршед дар Норак дача дорад. Дачааш дар ин параи об аст. Аз они Рустам дар он параи об. Аз дачаи ӯ меоянд бо катеру бо лодкаҳо-мотосиклҳои обӣ. Меоянду мераванд, ҳис надорад. Ҳар рӯз пиён хоб. Онҷо як қишлоқ аст- Далдахурон, ва боз як қишлоқи дигар ҳам ҳаст. Ин қишлоқҳо аз он параи обанд. Қишлоқҳо раҳ надоранд. Мошинҳоро аз ин тараф мемонанд. Як қишлоқаш як пули борикак дорад. Мошинҳоро дар ин тараф мемонанду бо лодкаҳо то хонаҳояшон мераванд.
Онҷо дар тарафи Бойғозӣ аст, обаш кабкабуд, хеле хушру аст. Ду тараф куҳ асту дар байн дара ва боғ.
Дачаи Рустам дар поёни қишлоқи Далдахурон воқеъ аст. Онҷо қаблан боғи калони зебое буд. Албатта, аз они мардум ва давлатӣ буд. Одамҳо дар он боғ кор мекарданд ва аз ҳисоби он зиндагиашонро пеш мебурданд. Ҳамаи он боғи калонро Рустам гирифт. Меравад онҷову отдих мекунад.
Аз чанд вақти пеш роҳеро, ки тарафи Себистон мерафт, онро ҳам маҳкам карданд. Байни ҳавзу дарё як остров буд. Он островро гирифтанд. Регу сементу хишту қумро бо мошинҳо меоранд дар болои пантон ва бо трактору экскватор бурданд брои сохтмони як бустонсарои афсонавӣ дар даруни баҳри Норак, дар як ҷазираи дохили он. Ҳамон остров, ки теғаи болои куҳи зери оби Норак монда будро ҳоло ҳамвор карданд. Тарафи роҳро не, чун мардуми роҳгузар мебинад, мардуме, ки Кулобу Данғара меравад, мебинад. Хулоса аз тарафи худи неругоҳи Норак он куҳро ҳамвор карданд. Дар онҷо ин қадар қуму семент регу сангу чубу хишт кашониданд, бо лодкаҳо ва дача сохтаанд. Ба он дача рафтан осон нест. Танҳо тавассути лодка метавонед биравед. Дар даруни об як соата роҳ аст.
Барои сохти ин дача шояд даҳҳо миллион пул масраф шуда бошад. Роҳе, ки ин ҳама масолеҳи сохтмонӣ кашонида мешавад, баъди ин дача баста шуд. Ҳоло сокинони ин деҳаҳо гову молашонро берун ба чаро бурда наметавонанд. Аммо барои Рустам пофик, ки мардуми инҷо чи ҳол хоҳанд дошт.
Эмомалӣ
Мо кудак будем, Эмомалӣ Раҳмоновро аз майдагиамон мешинохтему медонем. Дар совхоз кор мекард. Як мошини Москвичи куҳна дошт. Ин тарафу он тараф мегашт. Вай дар гирду атрофаш ҳеҷ кас, ҳатто ҳеҷ хешу табори казоӣ ҳам надошт он солҳо. Баъдтар дар совхоз директор шуд.
Он солҳо Эмомалӣ Раҳмонов ба ҷуз аз Азизмо боз бо як ҷавонзани дигар, ки аз Ғарғара буд бо ӯ ҳам зиндагӣ мекард. Ин зан шавҳар ва ду кудак дошт. Ин занро барои ин кораш аз совхози Ленин сур карданд. Падари худаш ночор шуд сураш кунад. Чунки бародари ин зан мефаҳмад, ки хоҳараш бо Эмомалӣ бар болои шавҳараш мегардаду зиндагӣ мекунад, қасам мехурад, ки мекушад. Падар аз тарси писар духтарро фирорӣ медиҳад. Ҷавонзан тарафи Колхозобод рафт. Эмомалӣ соҳиби вазифа (директори совхоз) шуд. Ин ҷавонзан аз шавҳари худаш ҳам фарзанд дошт ва аз вай ҷудо нашуда буд, аммо бо Эмомалӣ ҳам мегашт ва аз Эмомалӣ соҳиби як писар ва як духтар шуд. Мо, рости гап, баъди ҷангҳо фаҳмидем, ки аз Эмомалӣ ҳам ду бача кардааст, як писар ва як духтар.
Ин зан Идимоҳ Давлатова ном дорад, зинда аст. Падараш Қурбоншоҳ Давлатов вафот кардагӣ аст. Падари Идимоҳ як бародар дошт. 96 сол дорад. Вай дар вақташ бо Эмомалӣ бисёр ҳам ҷанги сахт карда буд барои онки ҷияни шавҳардорашро дар байни халқ беобрӯ кард. Баъд аз онки Раҳмонов роҳбару раиси давлат шуд, амаки Идимоҳро аз як маърака бароварда пеш карда гум шав мегуяд. Идимоҳ Давлатова ё соли 1963 ё соли 1960 ба дунё омадааст. Шавҳараш аз ин корҳои вай бохабар шуда дилаш кафиду мурд.
Аммо, феълан дар бораи Идимоҳ Давлатова ва фарзандони вай аз Раҳмонов маълумоти мушаххас надорем вале дар ин маврид кор дорем ва ҳатман барномаи мушаххастар тақдим менамоем.
Азизмо
Дар расонаҳо ва дар асноди расмӣ соҳиби ширкати «Фароз» Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои бешумори Раҳмонов, шавҳари Рухшона Раҳмонова, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир гуфта мешавад. Аммо дар асл ва амал ин тавр нест.
Бинобар маълумоти дарёфтӣ ширкати ғулпайкари “Фароз”, ки дар тамоми арсаҳо “хидмат” мерасонад, аз они Азизмои газетхонак аст. Рули “Фароз” дар дасти Азизмо аст ва Шамсуллову дигару дигарҳо зердастони ӯ дар ин ширкат ҳастанд. Дар мавриди Шамсулло, шоҳиди ҳодиса ҳикоят кард, ки Азизмо рост монда саволу ҷавоб карда истодаасту Шамсулло дар пеши вай мисли бед ларзида истодааст. Парда Қосим, ҳофизи дустдоштаи Раҳмонов, ки чанд вақт радди дарбор шуда буд, гуфтааст бо чашмони худам дидам, ки чи тавр Шамсулло дар назди Азизмо ҳисобот дода истодааст.
Шамсулло дар назди Рухшонаи завҷааш ҳам мисли барги бед меларзидааст. Манбаъ мегуяд, ки ҳеҷ яке аз духтарҳои Раҳмонов, ки ҳафт нафаранд, шавҳарҳояшонро шавҳар кардагӣ нестанд. Балки ин духтарҳо шавҳари шавҳарҳояшон мебошанд.
Бобои Асадулло падари Азизмои зани Раҳмонов ду зан гирифтагӣ аст. Ҳоҷӣ Амон аз дигар оча аст. Онҳоро дар вақташ аз қишлоқи Шулуктут, ки ҳоло номашро Дустӣ гузоштаанд, бароварда пеш мекунанд. Очаи ҳоҷӣ Амон аз Қунғурот аст. Вақте кудак буду аз қишлоқ гузашта Данғара мерафт, дар роҳ бачаҳо ӯро дошта масхара мекарданду мезаданд. Ҳозир бошад бо мошинҳои калони воҳима мегардад.
Бинобар маълумоте, ки ба дасти мо расид, Азизмои духтари бобои Асадулло ва аммаи Узбакбӣ солҳои духтарӣ, ҳануз, ки шӯ накарда буд, трактори пахтачинӣ-комбайнро, ки он солҳо бо ифтихор «киштии кабуд»-аш мегуфтанд, мерондааст. Дар Колхозободи пешина инҳо 5 духтар буданд, ки бо комбайн пахта мечидаанд. Он вақтҳо комбайнҳои пахтачинӣ ҳам нав омада буд.
Сармеханизатор ё ҳамон главний механикашон аз ҳамсояқишлоқи Чапаев, аз қишлоқи Исмат Абдуллоев-Исмати Дулик будааст. Он механизатор падари Хайрулло Раҳим, ки чандин сол дар гумруки вилояти Хатлон фаъолият кард ва баъд раиси «Тоҷикайр» ва тюрма ҳам шуд, мебошад. Падари ӯ он солҳо сармеханизатор будааст. Модари Азизмо Узбакбӣ ном дорад.
Хоҳ бовар кунед хоҳ не, ҳоҷӣ Амонулло чанде пеш ишкамаш дарид, дар Эрон табобат кард. (Бовар мекунед, ки аз хурдан шиками одам медаридааст. Ҳоҷӣ Амон хурдаст, хурдасту шикамаш дарида аст. Охир намефаҳмем коҳ аз мардум ку маълум вале коҳдон аз мардум нест ку камтар хури мемури ?
Аммо, чуноне гуфтем комбайнёрии Азизмо пеш аз шавҳар карданаш аст. Он вақтҳо қаноат мекард. Ҳозир нафсаш ранги ҳамон комбайни пахтачинӣ аст. Любой чиро чинда мегирад, дам мекашад ҳама кишварро фурӯ бурда истодааст бо нафси бе тагу нугаш. Мегуяд аз шуяш дида нафси худаш бад аст. Наздикони оила мегуянд Апаи Азизмо ба чени вазнаш чанд карат тилло ҷамъ карда аст.
Соли 2015 Раҳмонов омад мактаби хондагии Азизморо, ки дар деҳа навсозӣ карда буданд, лентаашро бурид. Дар онҷо шабона маҷлис шуд. Дар вақти гапзаниаш гуфт, ки ку ягон одам ҳаст, ки бихезад, ҳамин роҳро асфалт кунад. Манзураш роҳ аз деҳаи Чапаев то деҳаи Азизмошона, яъне то деҳе,ки мактабашро насвозӣ карданд. Ҳамаи хусурбачаҳояш онҷо нишаста буданд, аммо ҳеҷ кадомеаш намехезад. Баракс мехезанду аз маҷлис мебароянд.
Баъд Исмати дулик мехезаду мегуяд, ки ман худам ин корро иҷро мекунам, Ҷаноби Олӣ. Раҳмонов мегардаду мегуяд, «Исмат ман туро ждат надоштам, ман дигар одамҳоро ждат доштам, ки нахестанд». Мақсад хусурбачаҳояшро мунтазир будааст, ки ягонтоаш нахест. Ҳаминҳо мехезанд ягон кор мекунанд? Ягонтоаш ба гардан намегирад. Исмати дулик баъд асфалт мекунад.
Хоҳарони Азизмо девонаавзоъанд. Аммо яке аз онҳо дар ҳақиқат беҳад камақли девонафеъл аст. Шумо фикр накунед,ки фақат мардҳои инҳо беҷогарду сабукпоянд. Шавҳари яке аз хоҳарҳои Азизмо ҳамсоли фарзанди дуввумаш аст.
Хоҳарони Азизмо ҳамаашон дар Чапаеви Колхозободанд. Ин хоҳари Азизмо як ҷавонмардро мебинад дар куҷое ва бо зури ӯро тай по карда мегирад. Вай зану фарзандашро партофа омаду ӯро гирифт. Соли таваллуди хоҳари Азизмо1962 аммо соли таваллуди шавҳараш бошад 1978 аст. Вай Сураёи Қосим ё Алла Пугачёва нест, ки як марди 10-15 сол хурд ошиқаш шавад. Фақат барои онки хоҳари Азизмо аст ва фақат барои онки бо Раҳмонов боҷа бишавад ин зани девонавзоъро ба занӣ гирифтааст.
Ва, дар охир як эзоҳ:
Ин оила бар ивази харобии хонаҳои мо хонаҳояшонро обод карданд, роҳбарияшон ғайримуқаррарӣ аст. Инҳо ҷони миллатро мебароранд ва худашон чарбу мегиранд. Ғабғаби зери манаҳи бачаи майрами гурсухтаи гарданбалонигазиро бубинед. Дар як деги чилгуша гушти зирбаки палави маърака мешвавад. Агар дар Паёми имсолаи Раҳмонов Озодаро дида бошед, пай бурдед, ки ишкамаш чи қадар боло рафтааст: ё ҳомила аст ва ё қабати чарбиаш хеле бузург шудааст аз хукхурии ёбоӣ.
Барои он чунин гуфтам, ки ин оила, ки бояд зери заррабину дурбину пурбини мо қарор дошта бошад. Шумо барои идомаи барномаи «Семейканюс» кумак кунед ва ҳарчи диаву шунида ва маълумоте, ки дар бораи онҳо доред фиристед.