Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №41

Ислоҳ нет

    Мардум ҳама чиро мебинаду мешиносад. Аз чашми мардум пушонидан номумкин аст. Вале боз ин хидмати расона ва дар маҷмуъ матбуот аст, ки бори дигар бо нашру пахш таъкид кунад ва нишон диҳаду намоён созад. Матлаби аввали шумораи навбатии «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳам таъйид мекунад, ки мардум ба хубӣ шинохтааст, ки ҳадафи Эмомалӣ Раҳмонову Рустами Эмомалӣ аз онки бо чангу дандон ба қудрат часпидаанд чист ва чаро онҳо розиянд, ки мардумро ба сахттарин рӯзҳо гирифтор намоянду аммо аз қудрат нараванд. Дар ин нома аз Авестогруппи Рустами Эмомалӣ як каме маълумот дода шудааст.

Ҳамчунин дар ин қисмати барномаи «Номаҳо….»  муаллифони мо, мардуми одии кишвар аз ҳолатҳои гуногун, аз он ҷумла аз он мегуянд, ки чи гуна ду нафар мардони давлатӣ СС.Ятимов ва Мансур Умаров ҳатто тракторҳои ба деҳотиён инъомшударо тасоҳуб кардаанд ва бар фарзи мисол Умаров зиндонҳои Тоҷикистонро ба бозори фурӯши маҳсулоти шахсияш табдил кардааст. Шумораи навбатии «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳам хеле ҷолиб аст. Чунки мардум аз дидҳову мушоҳидаҳояшон навиштаву фиристодаанд. Бифармоед:

                         Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар бораи Авестогрупп мехоҳам бигӯям. Авесто групп, ширкатест, ки сад дар сад тааллуқ ба Рустами Эмомалӣ дошта тамоми самтҳои фоиданоку даромаднокро зери идораи худ гирифтааст. Роҳбарии онро Мирзоев Муҳаммад ба уҳда дорад. Муовинони  Мирзоев Муҳаммад Азонов Бежан ва Бурҳонзода Зафар мебошанд. Ин ширкатро Рустами Эмомалӣ бар муқобили ширкати ғоратгари «Фароз», ки аз Шамсулло Соҳибови язнаҷонаш аст, таъсис додааст. Заводҳои Акия, корхонаи Мармарӣ, орд, трубаҳои пластикӣ, ширкатҳои Артел, Олуча такси, бонки Душанбе- Сити, Экспресс пей, Сиёма, Сиёма молл Ёвар ва боз даҳҳо ширкатҳои дигар, ба Авесто группа тааллуқ доранд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминҳои зиёдро аз худ кардааст.

   Дар Ёвон пештар мардум озод молу чорвои хешро дар заминҳо мечарондан. Акнун бошад аз ҷои чаронидан танқисӣ мекашанд. Авесто групп зиёда аз 750 гектар заминро аз худ карда дар он фермаи Мармариро сохт. Дар ин ферма гову буқаҳои зотиро парвариш мекунанд, ки аз онҳо гушти мармарӣ, яъне мраморный мегиранд.

 Содда карда гуем, Эмомалӣ ва Рустам аз хурдани гушти простой қимоб шуданд, мраморный мясо”  форидашон. Ҳол он ки мардуми одӣ гуштро дар хобаш мебинад. Агар бо кушодании ин гуна фермаҳо тағйироте дар нархномаи гушт дар бозорҳо дида мешуд, хуб буд, аммо баракс, боз нарх боло рафт. Кори ин ширкат фақат аз они худкунии бизнеси дигарон, яъне ғасбу захват аст. Ба тамоми самтҳо нул зада истодааст. Ягон бечораи соҳибкор агар ягон инвесторро биёраду хабар ба гуши роҳбарияти Авесто групп расад, дар ҳол муовинонаш Бежану Зафар онро кашида оварда, дар гушҳояш лапшаҳои дарозро овехта меҷафанд. Албатта бо фармони Мирзоев Муҳаммад. Ин ду парончик бе амри Мирзоев Муҳаммад нафас намекашанд. Зафар ку бо кам -кам шури -мури мекунад, лекин Бежанчааш бошад талхакаф аст. Чандин роҳбарони коронаҳо ва заводҳои марбут ба Авестогрупп аз дасти Зафар меноланд. Бо ҳар баҳона омада камбудӣ кофта «доля» мебандад.  Дар тамоми самтҳои фоиданок хешу табору наздиконашро мондааст. Ҳозир Зафар кушиш дорад, ки як чанд роҳбарони ширкатҳои Авестогруппро бо ёфтани камбудиҳо пеш карда одамҳои худашро монад. Сум бегона нашавад гуфта. Бежан бошад фақат ягон инвестори жертва кофта рост оварда дар дасти Мирзоев Муҳаммад месупорад. Ба наздикӣ бояд боз миёни чанд соҳибкорро шикананду тиҷоратҳояшонро гиранд. Албатта ҳамаи ин бо фармони худи Рустами Эмомалӣ аст. Ҳатто самтҳои букмекерӣ ва дузандагиро ҳам таги чашм кардаанд. Дар куҷое, ки хоҳанд хона месозанд. Намегуянд, ки қабристон аст ё ҷои муқаддас. «Фароз» кам буд, ки дар роҳи ризқу рузии мардум бо ин аждаҳои нав мебарояд.

                                            Фархор

 Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Сокини деҳаи Аловуддини Фархор мебошам. Мехостам дар бораи раиси ҷамоатамон каме маълумот бидиҳам. Номаш Раҳмон аст. Заминҳои зиёдеро фурӯхт. Як нафар бо номи Муҳсин Забиров ӯро ба коррупсия фурӯхт. Коррупсия ӯро қапид. Аз вазифа холӣ карданд. Вале аз байн ду моҳ нагузашта ӯро аз нав раиси ҷамоат монданд. Барои онки тағаш Мансур Умаров аст. Дар бораи генерал Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳо, ки шикамаш ранги қабри сағера дам кардагӣ аст маълумоти мухтасар дорам. Бародари вай дар сентри Фархор дискотекаи 777 дорад. Дар назди ин дискотека як кампир хона дошт. Ин кампир аз дунё даргузашт. Бачаи ин кампир пеши администратори ин дискотека рафта илтимос кард, ки ақалан барои се рӯз маҳкам кунанд, чун дар хонаи вай мотам асту садои консерти дискотека нороҳаткунанда мебошад. Администратор ҷошда ба Фаридуни пантера занг зад. Фаридун, соҳиби ҳамин дискотека. Бечора бачаи кампирро бурданду «за хулиганстово» гуфта 15 рӯз маҳкам карданд.

Мансур Умаров наздики 500 гектар замин дорад. 200 гектари дигар аз ин заминҳоро ба Раҳмон Азимова додагӣ аст. Мансур ҳар сол дар 200 гектар шолӣ кишт мекунад. Ҳосили  шолияшро дар тамоми зиндонҳои Тоҷикистон бо нархи баробари бозор мефурӯшад. Биринҷи калону майдаро омехта карда мефрӯшад. Тоқа биринҷҳои худашро не, аз Раҳмон Азимовро ҳам дар зиндонҳо мебаранду тақсим мекунанд. Барои ҷамоат чанд адад тракторро ҳамчун помош доданд. Аммо ин тракторҳоро Мансур Умаров ва СС.Ятмов гирифтанд. Мансур аз ин тракторҳои помош 2 адад ба Раҳмон Азимов дод ва худаш 6тояшро гирифт. Моторолҳо ва дигар техникаҳои барои корҳои хоҷагӣ заруриро фақат ҳаминҳо мегиранд. Ҳар вақте Мансур Умаров ба деҳа меояд ба мо свет медиҳанд. Баъде, ки рафт боз светҳоро мекушанд.

 Дар бораи СС.Ятимови турки муғулсимо ҳаминро гуфтаниям, ки як домод дорад бо номи Бахтиёр, ки тамоман кар мебошад, ӯро кормнади КДАМ-и Фархор ҳуҷҷат карда ба нафақа баровард. Як ҷиян дорад, ки номаш Муқим аст. Ҳама ӯро Муқими занакфеълаш мегуянд. Агар ҳамроҳаш салом карданӣ шавӣ, мегуяд, ки бо ман соз слом кун, ман ҷияни Ятимовам, ва гоҳо хоҳад салом ҳам намекунад.

    Инро ҳам бигӯям, ки тибқи баъзе маълумотҳо Э.Раҳмонов охири август Фархор сафари корӣ дорад. Бояд якчанд иншоотро дар деҳаи Ориён, зодгоҳи СС.Ятимов, ифтитоҳ кунад. Ҳоло роҳҳои мошингард то ин деҳа мумфарш карда шуданд. Аммо дар дигар деҳаҳо:- Карл Марксу Лоҳутиву, Лолазор роҳҳо ҳамон хел аз солҳои 1945 мондагӣ.

  Ҳатто ҳамсоядеҳааш, зодгоҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, ғайр аз як масҷид, ки дар ҳама тарафаш камера мондагӣ, дигар не мактабу не детсад ва не беморхона дорад.

 Раиси ҷамоат Одинаев Раҳмон бо Субҳон бузи ҷамоат, хирманҷои пешинаро дар деҳаи   Кирови пешина, ки ҳозир Шафтолубоғ ном дорад, ба чанд нафар фурӯхтанд.

                              Ёвон

     Салом алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз деҳаи Қулобод, ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон бароятон менависам. Мактаби рақами 22 ба номи Наҷмиев Сайфидин аст. Директори мактаби № 22 –и Ёвон Наҷмиева Гулҷаҳон 10сол боз  дар ин мактаб кор карда мактабро ба ҳолати бад овардааст. Ҳар сол вақти таътили тобистона аз талабагони мактаб 20 сомонӣ пули таъмири мактаб гуфта мегирифт. Дар мактаб ҳудуди1400 хонанда таҳсил мекунанд. Ин пул танҳо бо баҳонаи таъмири мактаб ҷамъ карда мешавад. Ба ҷуз аз ин ҳар моҳ аз сари ҳар талаба бо ҳар баҳона 3-4 сомонӣ пул мегирад. Ҳоло ҳисоб кунед, ки ин ҳама солҳо чи қадар пули талабаҳоро гирифтааст. Вале ягон маротиба мактабро таъмир накардааст. Мо чанд рӯзи пеш фаҳмидем, ки мактаби мо дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст. Инро ҳам як бародарамон, ки барои ободии деҳа талош мекунад, рафта бо раисаамон навор гирифта ба Гурӯҳи қишлоқамон партофтааст. Ба ман ҳамдеҳагонамон равон карданд. Ман ин наворро дида хеле зиқ шудам. Он директоре, ки мактаби моро ба ин ҳолат овард, айни замон боз дар як мактаби дигари ноҳияамон директор таъин шудааст. Бовар дорам, ки он мактабро ҳам вай ҷазир мекунад. Номи ин директор Гулҷаҳон Наҷмиева аст.

 Аз ҳолу аҳволи мактаб  шарм нокарда ба номи падараш гузоштааст. Ба номи Наҷмиев Сайфиддин. Номи падарашро ҳам шарманда кардааст. Пеш номи ин мактаб А.С Макаренко буд . Чунки мактабро хархона кардааст. Дар мо 50 дар сад тоҷикҳо зиндагонӣ мекунанд 50 фоиз қалуғҳо.

  Падараш ҳам дар вақташ директори ин мактаб буд. Баъди падараш духтараш директор шуд. Дар ҷони муаллиму муаллимаҳо аз пул талаб кардан зада буд. Муаллимаҳо аз ҷонашон сер шуда мактабро тарк карда ба тарафи Русия рафтанд. Муаллиму муаллимаҳо мегуфтанд, ки аз мо пул напурс аз талабагон пурс. Директор Наҷмиева мегуфтааст нахоҳӣ аризаатро навис, ба ту ҷавоб. Аз тарафи маориф барои мактаб чизе равон кунанд, масалан ягон мебел, дуздида хонааш мебурд.  

                                Восеъ

   Салом бародар Мухаммадиқбол! Аллоҳ умратонро дар роҳи мубориза дароз кунад. Бовар кунед ҳар он чизе, ки нашр мекунед, боиси он мегардад, ки як каме тағйирот ворид шавад. Ҳозир КГБ-и н.Восеъ корро шурӯъ кардаанд оиди як номае, ки мо равон кардем ва дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо № 37» нашраш кардед. КГБ – и Восеъ ва шӯъбачаи Вазорати корҳои дохилии ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев кофтукоби тими «Ислоҳ»-ро сар карда 4 нафари бегуноҳро дастгир карданд. Гӯё аз рӯи связ ёфтаанд онҳоро. Аммо онҳоро бузӣ кардаанд. Ман ба КГБ ва ВКД гуфтаниям;- шумо чор дуздро ёфта наметавонед аз куҷо шумо ба тими “Ислоҳ” мерасед? Охир мо навиштем ва мо дар озодӣ ҳастем, чаро мехоҳед резултат нишон диҳед ҳой шайтонҳо ?

 Чаро чунин мегӯям? Он нафароне, ки шумо дастгир кардед ягон ҳамкорӣ надоранд бо тими “Ислоҳ”.Чунки аъзои ин тим чанд нафар аст, ки яке аз дигаре хабар надорад. Ҳамаи он чизе мегузарад тавассути як айтишник ҷамъоварӣ карда хулоса бароварда мақола навишта ба “Ислоҳ” равон карда мешавад. Ҳозир як нафари тими “Ислоҳ” аз дохили Шӯъбаи корҳои дохилии ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев хабар дод, ки дар асоси мақолае, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо 37» нашр гардид, ман шоҳиди зиндаам, ки1 нафари аз он дуздҳоро оварданд ба отделу допросаш карданд. Забонхаташро гирифтанд. Ҳамаашро худи участковый навишт. Ба ӯ гуфт ҳар чизе навиштам, имзо ва қабул мекунӣ. Мегуӣ  ҳамаашро ман кардам.

 Аммо он дузд рад кард ва гуфт ӯ ба хона надаромадааст. Ҳамаро ба сари ӯ заданд ва участковый дар байни пояш як шата зада гуфт «бхоҳӣ- нахоҳӣ дуздони асосӣ гурехта рафтанд, ба гардан мегирӣ».

  Маълум мешавад, ки аз пушти ин дело ҳам пора гирифтаанд ва ҳам уголовники шӯъбачаи мо вазифаи баландтар гирифт. Ҷабрдида суми худро гирифта вале аризаашро нагирифт, ҳозир ӯро кашокашаш доранд. 

  Чаро началники ШКД-и моро, ки Иброҳимзода аст намегиранд? Ман ҳаррӯза шоҳиди онам, ки Ҷӯрабек чихел меояду зулм мекунад. Ба ин участковый ва Иброҳимзода ба гуфти бародар Умар медали пашмӣ бояд дода шавад.

   Манбаъи дигари тими Ислоҳ дар прокуратураи н.Восеъ мегӯяд: Ман худам дидам, ки падари яке аз дуздони асосӣ омаду ба муфаттиш 25000сомонӣ дод ва ин ҳам бо прокурори  калон попалам мешавад.

  Чаро Юсуф Раҳмон аз болои инҳо кор намекунад ё инки пора гирифтаасту забон кӯтоҳ аст?

  Дар ҳамин рӯзҳое, ки ҳаррӯза номаҳои тими Ислоҳ аз Восеъ ва атрофи он чоп мешавад, КГБ маҷлисҳо гузаронида истодаст ва дар онҷо мегӯянд, ки бо Ислоҳ гап назанед, касеро дидед гап мезанад ба мо хабар диҳед чун худашон намедонанд ки дар дохили КДАМ ҳам аъзои тими “Ислоҳ” ҳаст ва ҳамаро алҳамдулиллоҳ ба “Ислоҳ” мефиристем.

Ман ба бародароне, ки дар тими “Ислоҳ” ҳастанду дар КДАМ Восеъ кор мекунанд, ташаккур мекунам ва гуфтаниям,ки ҳушёриро аз даст надиҳед. Чунки як манбаъи дигари КДАМ-и ҷумҳурӣ ба мо хабар дод, ки шахсан худи СС.Ятимов як ҷосусашро равон кардааст то аъзоёни ин тимро пайдо кунад. Ногуфта намонам, ки   ин тим чунон корбарӣ мекунанд, ки шуморо ақлатон намегирад. Шумо хашму ғазаби ҷавонони Восеъ, Кулоб ва Фархорро баровардед. Раҳмонов ба Раҳим Рамазон гуфтааст, ки коре  кун, ки ҳамаи ҷавонҳо аз ман битарсанд.

  Раҳмонов ту худатро мисли фиръавн накун. Мо танҳо аз зоти пок -Аллоҳ Таъоло метарсему тамом. Ба шумо бинанда ва хонандаҳои “Ислоҳ” гуфтанием, ки симои воқеии ин ҳукумати диктатории Раҳмоновро намоён хоҳем кард.

  Дар телеграм канали Ислоҳ як наворе нашр шуд, ки дар деворҳои Тугарак навишта шуда буд: Истеъфо Эмомалӣ Раҳмонов!  Як нафар аз аъзои тими Ислоҳ ки дар ВКД и н. Восеъ аст, мегӯяд, чанд рӯз шуд дар кӯчаҳои Тугарак хобем. Ҳатто иҷозат намедиҳанд, ки ба хонаҳоямон равем.  

Ман ба ҷавонҳо гуфтаниям аз ҳеҷ чиз натарсед. Мақсади Раҳмонов ҳамин аст ки мо аз вай ҳамеша битарсем. Аз имрӯз сар карда наворҳои «Истеъфо Раҳмонов» зиёдтар мешавад ва шумо метавонед дар ҳар ҷо Истеъфо Раҳмонов нависед.

Аз Ҳулбук то Кангурт роҳи нав сохта истодаанд ва Раҳмонов ҳам дар сентябри ҳамин сол меояду роҳро мекушояд. Мо намехоҳем Раҳмонов ба онҷо ояд. Агар ояд ягон сюрприз хоҳад шуд. Ҳар касе, ки ба назди Раҳмонов духтарҳояшро бо гулу гулдаста мебарорад, бояд бидонад, ки як беномус мебошад, чунки Раҳмонов як педофил аст, духтарҳоятонро нодухтар мекунад

  Бобои домулло! Ин КГБ девона шудааст. 30 нафарро аз Душанбе Восеъ роҳӣ кардааст ва 30одами дигарро ба ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев. 60одами дигаро Фархор. Ҳамаашон кормандони ботаҷриба ва шабҳо гашта истодаанд. Касе, ки набошад аз як лаб бурда пурсида истодаанд. Фикр мекунам, ки инқилоб наздик аст. 

                             Самара

   Рости гап ака ман шахсан аз сидқи дил шуморо ташаккур мекунам ва сипосгузорам барои барномаҳоятон! Ман ҳамчун як шахси одӣ, як шахси бе тараф гуфтаниям, ки дар ҳақиқат шумо суханҳои ҳақро гап мезанед. 3 сол аст ки дар Русия қарор дорам. То омадан ба инҷо дар ҳукумати маҳаллӣ, яъне барои давлат кор мекардам. Ҳама чизро дидаму медонам. Як хел одамҳо ягон чиро надониста ба гап ҳамроҳ мешаванд, мебароянду бо шумо баҳс мекунанд, ман дандон ба дандон мезанам. Ман, чанд бор хостам дар барномаи онлайнии «Минбари муҳоҷир» иштирок карда дар бораи коррпусия гап занам, аммо боз натавонистам.

Ман гуфтаниям, ки Тоҷикистон дигар бе коррупсия вуҷуд дошта наметавонад. Чи хеле,ки ҳозир интернет барои одамҳо донор шудаасту одамҳои беинтернет ранги наркоманҳо приступашон мегирад, ҷомеаи Тоҷикистонро бо ҳамин вирус заразит кардагиянд, ки бе коррупсия наметавонад.

Ба фактҳо нигоҳ кунед.

  Мотивацияи кудакҳо ва наврасон дар Тоҷикистон чи гуна аст?
1Баъди хатми мактаб бояд духтур шавам. Чаро? Барои онки «левакуш созай». Агар дохил нашавад андоз, ё ки гумрук, ё ки дигар сфераҳое, ки левак дорад. Ана дар ҳамин гуна соҳаҳо падаронашон пулу пора дода фарзандонашонро мехононанд ва бо пулу бо пора соҳиби ҷои кор мешаванд. Яъне ин ҳамааш коррупция!
2.Мотивацияи наврасони тоҷик аз кудакӣ чӣ аст? Россия мерам, кор мекунум, миём ранги фалон одам. 
Як примери одӣ ҳамин аст ки дар роддом дар чор девораш калон -калон «ради показуха» навистагианд, ки пора надиҳед. Ҳамаи хизматрасониҳо ройгон. Лекин вақте зану кудакатро мебарорӣ то 2.500 сомонӣ расход мекунӣ баъд сар медиҳанд:

  «Ройгон амияй? Агар ройгонуш и бошад, тогда у пулакишда  чи мешид аҳволуш? Охи э, бародаро, дар ҳама мавзу суҳбат кунед, лекин дар мавзуи коррупция даже ҳарф, калима гуфтан айб аст».

Мо дар Тоҷикистон аз хоб мехезем, ба кор мебароем ё пора медиҳем ё пора мегирем, коррупция барои мо як кислород шудааст. Боз баъзе чоплусҳо дидаву дониста, шарм накарда коррупция нест мегуянд:

« Даже бозор харидкуни мерай что-бы арзонтар харид кунӣ, масалан агар ният дорӣ дар 1000 сомонӣ харид кунӣ аммо чизҳои даркории тра фурӯшанда 1300 мега, ана ака 50 сомонӣ дар фурӯшандаи ҳамсояш оҳистак мети ӯ ай ҳамсояш нархи оптом кати туда мета. И хел роҳакоша мо медонем. Мо мардуми тоҷика ай кудакимон ба пора ба коррупция калон кардан, ки да хунмон ҷо шудай. Например ами бачата  ба нос хонаи ҳамсоя роӣ мекунӣ, 20 дирам ё зиëдтар пул пораш мети, не за что метиш, если мы захотим в принципе мы сможем не давать ему копейки, лекин метием, алайкай кудак ай кудакиш ба пора одат мекуна. Вақте калон шиду пули калона ба пора ефту маззаша чашид, у тарафша худаш медонаву Худо!»
Просто айб аст шахсоне, ки мебароянду публично баромад мекунанду мегӯянд, ки дар Тоҷикистон коррупсия вуҷуд надорад.

                              Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар бораи инки дар куҷо кор мекунам чизе намегуям. Чанд маълумоте мефиристам, ки чоп кардан ва ё накарданш дар ихтиёри худи шумо аст.

    Дар ҳақиқат ҳоло Президент бо Рамазон Раҳимзода муносибати хуб надорад ва то ҷое шунидем ӯро аз вазифа мегирад. Аммо Рамазон Раҳимзода ҳам сахт талош дорад, ки то охир, яъне то овардани Рустам ба ҷойи худи Раҳмонов дар ин вазифа биистад. Ҳоло ҳама чиз аз тарзи муносибат ва настроении Путин вобаста аст. Агар гапзанонҳо пазаду Рустам ба ҷои падараш ояд, ҳатман Шоҳрух Саид вазири дохилӣ мешавад. Раҳмонов ба Шоҳрух сахт бовар дорад. Шоҳрух мисли саги вафодор ба онҳо хизмат мекунад. Пулдор ҳам ҳаст. Гапҳо дар бораи вазиршавии Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода, муовини аввали ВКД дур аз воқеиятанд. Бузмаков дар робита ба куштори М.Салихов, вазири собиқи МВД ва ҳодисаҳои Бадахшон ва ҳодисаи ахири Кулоб (куштори Абдуқаҳҳор) номашро ҳамчун одамкуш сиёҳ кардааст. Чизи дигар муҳим ин аст ки Бузмаков русиро намедонад ва бо ин ҳол наметавонад Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо ва махсусан бо худи Русия дуруст муаррифӣ кунад ва мояи шармсорӣ ҳам мешавад.

  Дар сурати напухтани гапзанон бо Русия дар мавриди Рустам эҳтимол Шариф Назарзода, Сардори РКД дар ВМКБ ба ҷойи Рамазон Раҳимзода ояд. Чунки Шариф Назарзода хеши худи Эмомалӣ Раҳмонаст. Вай хеле содиқ аст. Амбитсия надорад. Дигар инкияк апааш бо ҷаноб «ҷураи қарин» аст. Ё имкон дорад Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сардори Раёсати дохилӣ дар Душанбе ояд. Бо Бароталӣ (кали Барот) Раҳмонов аз хеле солҳо пеш шинос аст. Вай қариб даҳ сол дар «сопровожения»-и Раҳмонов кор мекард. Ин ҳам сахт содиқ аст. Намефурӯшад.

  Инро бояд махсус зикр намоям, ки ҳоло Юсуф Раҳмон конкретно зидди Рамазон Раҳим кор бурда истодааст. Мақсадаш ин аст ки Президент ӯро аз кор бигирад. Чанд рӯз пеш як чанд маълумотхо оиди камбудиҳо ва ҷиноятҳои Рамазон Раҳимзода ва писарашро ба Президент пешниҳод кардааст. Инчунин дар бораи Зоиру Зайнулло. Дар барои даст доштани Зоир дар хариду фурӯши наркотику мансабҳо ҳам навиштааст. Дар бораи Зайнулло бошад, оиди таҷовузҳову тақсимоти таблеткаҳои экстаӣ дар ҷойҳои маишиву кайфӣ:

 «Короче Юсуф Раҳмон хыдша дарондестай, ки Президент ҳамиёра конкретно шикаст тия».

 Дар ба ном гузорише, ки ба Президент пешниҳод кардааст, оиди пурра фарсуда, корношоям ва ба фасодхона табдил ёфтани МВД маълумоти фаровон додааст: 

«Шаҳрвандон намедонанд ба куҷо оиди мушкилиҳояшон шикоят кунанд, ки ҳал шавад. Мақомоти милиция умуман кор намекунад. Кор фақат туҳмату подстава ва ҷамъ кардани сум»

   Мегуянд мошине, ки Шуҳрати муовини Ҳасани Ориёнбонкро дуздид, чаро манъ нашуду нодида монд? О, кормандониГАИ любой мошинро манъ мекунанду як «салом» мекунанд ягон 10, 20, 50 сомониро, вобаста аз настроении ронанда мегиранду тамом, роҳи сафед. Вақте ронанда ҳуҷҷат пешниҳод кардан мехоҳад ГАИ мегуяд, ки «ҳуҷҷата чо кнм ма, я хайр кн». Ана ёбу гир. Дар як рӯз як корманди ГАИ камаш 500 сомонӣ ҷамъ мекунад. Ин муҳобот нест. Аллоҳ шоҳид.

Умуман дар тамоми шохаҳои МВД ҳолат чунин аст. Дар соҳаи УУР аз ҳама ставкаҳои калон. Худо накунаду кори ягон кас афтад. Уголовник меҷушад, бо тамоми санъат. МВД дар ҳақиқат бениҳоят расво шудааст ва ин расвоӣ асосан дар давраи роҳбарии Рамазон Раҳимзода пеш омадааст. Писараш бо рафиқонаш ва онҳое, ки ба у доля медиҳанд, бо рақамҳои 0048 гашту гузор мекунад. Онҳоро ягон ГАИ ҳуқуқи манъ кардан надорад. Барои писараш офис дар дохили худи МВД ташкил кардааст, дар ҳоле, ки ба худи кормандони асосии МВД дар дохили МВД ҷой намерасад. Дар блоке, ки дар он раёсати дознанияи МВД ҷойгир шудааст,  барои писараш офис ташкил кардааст. Ғайр аз ин домоди (Шодии УБОП не, бо яктои дигариаш, номуш дар гур, наёфтем номша) Раҳим Рамазон дар кори тамоми сохтори МВД кордор аст. Дилхоҳ одам пешаш мераваду доляашро медиҳаду корашро буд мекунад. Фарқ надора, ки ӯ ҷинояткор аст ё не. 

Сураё Мирзоева зани дуюми Рамазон Раҳимзода аст ки дар ансамбли «Сипар»-и МВД сароянда буд ва баъди зани Вазир шуданаш овозхониро бас кард. Раҳим Рамазон ҷиҳати баргузории консертҳои Сураё биноҳои Кохи Борбаду Филармонияи давлатиро дар ихтиёраш дода буд. Қисса кутоҳ, ки Юсуф Раҳмон конкретно факту рақамҳоро бар зидди Рамазон Раҳим ҷамъ кардааст.

 Боз як чизи дигарро қайд кунем. Исмоили набераи Президент ҳамроҳ бо ёру рафикқонаш ягон қонуну қоидаҳоро риоя намекунад. Мисоли одди. Дар любой мошинҳояшон рақами маъқулро мазанану колона карда мегарданд. Ҳозир Юсуф Раҳмон аз қафои ҷиноятҳо ва камбудиҳои Исмоилча ва круги ӯ кор карда истодааст.

   Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки хоҳӣ ба душман зарбаи хуб занӣ, бояд қанотҳояшро бурӣ. Мақсад ин аст ки Исмоилро, ки зад Зоирча месузад. Ҳами ҳафтаҳо аз рӯи баъзе маълумотҳо аз дохили Прокуратураи Генералӣ аз круги наздик ба Юсуф Раҳмон ,бояд як чанд нафарони конкретиро бо фармони худи Юсуф Раҳмон дастгир кунанд. Маълум нест, ки онҳо кианд. Аммо онҳо аз наздикони Зоири домоданд, ки баъди боздошт карданашон маълумотҳоро нисбати Зоир мегиранд. Зоир ҳоло пушти даст газида истодааст, ки ин морбачаро калон кард (Юсуф Раҳмонро) ҳоло акнун вай ба анаконда табдил шуда худи ӯро балъиданӣ аст.  

 Як нафар аз одамҳое, ки гуфтем корманди Прокуратура асту бояд дастгир бишавад, роҳҳои финанси Зоирро хуб медонад ва идора мекунад. Бояд бардоранашу рост баранд кабинети Юсуф Раҳмон. Чанд рӯзи пеш дар Прокуратура президент тағйироти кадрӣ доир кард. Пештар дар масъалаи таъини прокурорҳо Зоир ҳам иштирок мекард. Ҳозир бошад Юсуф Раҳмон худаш ва одамони худашро дар вазифаҳо монда истодааст

   Ду рӯз пеш дар вохурии персоналӣ бо кадрҳои навтаъиншуда Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки вазифаи номери 1 ин ҷиноятҳои Зоиру одамҳояш мебошанд. Бе реклама рост ба ман расонед фарқ надорад соати чанд, шаб аст ё руз. Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки ин супориши худи Президент аст ки Зоирро бояд дар асоси факту далел дастгир намоем.

“Ба ҳамин наздикӣ бояд як бори калони Зоирро тибқи маълумоти расида ба мо тавассути генпрокуратура ошкор гардад ва чанд нафар боздошту зиндонӣ шаванд. Ин ҳамаро ба наздикӣ шоҳидаш мешавед.”

    Дар бораи МВД гап зада мехоҳам як маълумоти дигарро ба шумо ирсол намоям. Ин маълумот дар бораи генерал Шодӣ Ҳафиззода аст. Генерал-майёр Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи ВКД-УБОП ду зан дорад. Зани якумаш духтари апаи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ аст. Зани дуввумаш бошад дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳайси агент кор мекунад. Ин зан дар аввал арӯси хоҳарзода ё ҷияни Абдуҳалим Қодиров, раиси ширкати «Ёқут-2000» аст. Ӯро полний дар кун ғалтонд. Сипас ӯро сар кард. Ранги ҷугӣ аст. Ҳафиззода ӯро Санкт-Петербург роҳи мекунад, назди бачаҳои ғармӣ, ки сухофрукт мефурушанд. Онҷо чанд рӯз хоб мекунад. Ин бачаҳо дар Қазоқистон ҳам кор мекунанд. Номи ин зан Сайёра мебошад. Номи ин бачаи ғармӣ Ҳайдар аст. Ҳайдар барои Шодӣ Ҳафиззода хеле зиёд хидмат мекунад. Хоҳарзодаи Ҳайдар Туркия меравад. Қасд доштааст, ки он тараф гузарад. Ҳайдар Шодиро занг мезанад ва аз вай хоҳиш мекунад, ки ҷиянҳояшро аз ин сафар боздорад ва баргардонад. Мегуяд ҳамонҳоро баргардону биёр. Шодӣ баргардонида меоварадашон. Ҳайдар меояд ҷиянашро зан медиҳад ва дар хонааш мемонад. Аммо Шодӣ шаш моҳ пас ҷиянҳои Ҳайдарро меовараду чорсолӣ зиндон мекунад. Яъне ин тани хидматҳои Ҳайдар аст. Гуфтааст, ки бояд дарназди қонун ҷавоб диҳанд. Кошелёки Шодӣ Ҳафиззода як бачаи айнигӣ аст, ки пештар дар фурудгоҳ кор мекард, номаш Илҳом Бобоев аст.

Шодӣ Ҳафиззода дар ин мақом то вақте Рамазон Раҳимзода вазир аст, ҳаст, ҳамин ки Раҳимзода рафт ӯ ҳам мисли пробкаи даҳани бутилка дур андохта мешавад.

Чанд рӯз пеш Рамазон Раҳимзода аз адои Умра бо ҳамсараш баргаштааст ва рафта зиёраташ кардем камтар риш ҳам мондааст ташкили ҳам карда буд хурдем омадем. Ба фикрам фаҳмида истодааст,ки сарнавишти Маҳмадназар Салихов ӯро низ интизор аст ва омодагии конкретни дида истодааст. Акнун мо ба ҳеҷ касе таманнои сарнавишти бадро надорем вале ончи мебинем  онро гуфта истодаем.

Хатлон

Аз прокуратураи Вилояти Хатлон ба “Ислоҳ” маълумот расид,ки дирӯз қотилони Абуқаҳор Розиқовро ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд. Се нафар милисаи маҳкумшуда дар куштори Абдуқаҳор Розиқов, Ҷамшед Кароматов ,Зафар Холов  ва Шамшод Шариповро суди в.Хатлон маҳкум ба 15 соли зиндон намуда аст. Маълум мешавад, ки миёнадароии муовини ВКД генерал Аламшозода Абдурраҳмон ҳам дар ин қазия таъсире нарасондааст. Ин хабареро, ки мо нашр дорем ҳеҷ расонае, то ҳоло нашр накардааст. Ҷузиёти ин хабарро дар матолиби баъдӣ хоҳем гуфт.  

Share This Article