Шералӣ Кабиров: Афиёра, интрига бо шогирдаш Аҳмади “колбаса”

Ислоҳ нет

Раддияи севвум ё ҷавоби навбатӣ ба зиёиёни тоҷик

 Хонандагони муҳтарам! Давоми ҷавобҳои мо ба мактуби зиёиёни тоҷик нисбати Шералӣ Кабиров. Чи тавре, ки мо ба шумо ваъда карда будем, фаъолияти “олими ҷавон” ва гуё асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистонро аз давраи ҷавониаш то расидан ба мақоми вазири саноати Точикистон ба кадри имкон, лаҳза ба лаҳза пешкаши шумо менамоем, то ин ки бо тарҷумаи ҳол ва фаъолияти вазири “кордону ободкор” аз наздик шинос шавед.

Шералӣ Кабиров баъд аз наздик шудан ба Ҳасан Асадуллозода ва пайдо намудани маблағ ва обруй, қиссаҳои гузаштагони худро ёдоварӣ менамуд, ки гуё аз авлоди яке аз шоҳони бойи Дарвоз мебошад. Албатта ин ҷойи тааҷҷуб ҳам надорад. Биёре аз мардум соҳиби пул ё соҳиби ягон мақоми баланд шаванд, ҳатман қиссаҳои “худодод” ва “пушти бузург” доштани худро бофта мебароранд. Агар Шералӣ Кабиров мегуфт, ки дар “пушти ман – Ҳасани бузург” истодааст ин ҳақиқат наздик буд. Дар давоми 10-15 сол, маҳз Ҳасан Асадуллоев аз ӯ шоҳбачаи Дарвозро сохт. Имрӯзҳо чи ободӣ, чи пешравӣ, чи навигарӣ дар ноҳия ва навигарӣ дар ҳаёти ягон оилаи оддитарини мардуми Дарвоз шавад, ҳатман вобастагӣ, алоқамандӣ ба номи Шералӣ Кабиров  “мешуморанд”. Чи тавре ки дар хонаи ягон тоҷик, агар говаш шири зиёдтар диҳад, мардум ҳатман ба пешво миннатдорӣ менамояд ва шукронаи ӯро мекунанд. Шералӣ ҳам мардуми Дарвозро ба ҳамин рӯз расонида, ғулом намудааст. Дар ҳақиқат ин хислатҳоро аз пешво ҳамаи наздиконаш омӯхтаанд!

Дар ноҳияи Дарвоз бо роҳбарии Шералӣ Кабиров дар ҳақиқат стадион, меҳмонхона, бинои зебои “Кохи Модар”, бустонсаро барои пешво сохта шудаанд. Лекин ин ҳама аз ҳисоби маблағҳои бюҷети ҳукумати Тоҷикистон, оиди ободонии ноҳия ва қисман бо маблағгузории заводи алюминийи тоҷик вақтҳои роҳбарии Шералӣ Кабиров дар ширкати Талко, сохта шудаанд. Шералӣ Кабиров хамчун як менеҷер бо маоши хуб ва бонус кор мекард. Ӯ ягон саҳмиядор нест, ҳуқуқи пулҳои заводро бе иҷозати Ҳасан Асадуллоев ҳар тараф тақсим карданро надошт. Маълум аст ки аз ҳисоби маоши худ ин қадар иншоотро сохта наметавонад. Агар бигуяд, ки аз ҳисоби худ сохтам, маънояш ин аст ки ман пулҳои пешвову Ҳасанро аз ширкати Талко медуздидам. Барои он ки Талко ин корхонаи ба ном давлатӣ, лекин дар асл азони Оила мебошад. Ин олими ҷавон, корхонаи азими ҷумҳурӣ, пурдаромадтарин корхонаро пурра ба нестӣ расонида ба як илтимосу илтиҷо аз он корхона гурехтааст. Дар ин бора таҳлили мухтасари мутахассисони ин корхонаро пешниҳод менамоем.

Шералӣ Кабиров ду- се корхонаи хеле хуб барои худ ва хешу табори худ ташкил намудааст, ки як сомонӣ аз фоидаҳои ба даст меовардааш на барои ягон ободӣ ва на барои андозу дигар пардохтҳо масраф намекунад. Барои ҳар як ободкорӣ манбаи даромади онҷоро пешакӣ пайдо мекунад:- бюҷети давлат, соҳибкорони маҳаллӣ ё ин ки ширкати Талко, фақат аз ҳисоби худ не. Махсусан даҳ соли охир ноҳияи Дарвоз, баъд аз таъин шудани раиси нави ноҳия бо пешниҳоди Шералӣ Кабиров, ин ду нафар ва бародари раиси ноҳия, ки директори яке аз корхонаҳои муштарак бо Чин, ба истеҳсоли тилло машғул мебошад, тамоми ашёи хоми ноҳия ва заминҳову конҳои ин минтақаро пурра азони худ кардаанду боигарии миллатро ҳамчун мерос аз бобоҳояшон, бидуни ягон иҷозату қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, бидуни тендерҳои давлатӣ, бидуни супоридани андозҳо ва депозитҳое, ки дар вақти истифодабарии ашёи хом, конҳо дар Бонки миллӣ ё вазорати молия чанд фисади маблағ гузошта мешавад ва дигар ҳуҷҷатгузорие, ки ҳукумат муайян кардааст, кору фаъолият менамоянд, даҳҳо миллион долларро ба суратҳисобҳои оффшории хориҷии худ мегузаронанд, ки мо дар поён равшантар гуфта мегузарем. Умуман ноҳияи Дарвоз бо тамоми мардум ва амволу боигариаш зери тасарруфи Шералӣ Кабиров ва раиси ноҳия гузаштааст ва ҳамчун дар гаравгон, ғуломони беовоз мебошанд. Албатта, тез -тез ташриф овардани пешво ба ин минтақа, гулпошиву рақсу бозӣ ва даст ба даст дошта гаштани Раҳмонов бо Шералӣ Кабиров халқро тамоман сахттар ғулому беҳимоят гардонидааст. Солҳои пеш, Ҳасан Асадуллозода меҳмони доимӣ дар ин ноҳия буд. Бо духтарони ҷавони аз Душанбе ҳамроҳи худ оварда “сабантуйҳо”, рақсу бозиҳо ташкил намуда, ба мардум ишора менамуд, ки Шералӣ раис ва падари шумо дарвозиҳо ва намояндаи Оила дар ин дараи хушманзара мебошад.

Акнун биёед ба факту далелҳо як назар меафканем. Яке аз корхонаҳои истеҳсоли тилло   дар Сағирдашт бо захираи зиёда аз 100 тонна тиллои аълосифат, ки геологоразведкаи давраи шуравӣ муайян намуда асту имрӯзҳо бо нархҳои биржаи ҷаҳонӣ ин кон, тахминан аз 5 то 6 миллиард доллар фақат захираи тиллову руда дорад, дар давоми беш аз 10 сол мешавад, 24 соат дар як шабонарӯз ба киссаи Шералӣ Кабиров кор мекунад, ягон андоз ва уҳдадориҳои муайян кардаи ҳукуматро иҷро намекунад ва ҳеҷ як мақомот аз ӯ пурсиш ҳам карда наметавонад. Маҳсулоти тайёри ин корхона, яьне тиллоро ба ихтиёри худ, бидуни иҷозати вазорати молия ва Бонки миллӣ мефурӯшад. Аз рӯйи қонунҳои Тоҷикистон,  фурӯши тилло зери назорати онҳо буда, беиҷозати онҳо экспорт, яьне содирот манъ мебошад. Новобаста аз ин ҳамаи тиллоҳои ин корхона ва боз як- ду корхонаи дигари тиллошуӣ ба Дубай бо роҳи қочоқии ба воситаи Сомон Эйр равон карда мешавад. Оиди дар кадом корхонаи маҳсулоти коркарди тилло дар Дубай ва чи ҳисса доштани Кабиров Шералӣ дар онҳо, дар бахшҳои баъдӣ нақл менамоем. Роҳбарии ин корхонаи Дарвозро бародари раиси ноҳия дар душ дорад. Дар деҳаи Ёгеди Дарвоз,тахминан нимаи дуюми соли 2016, баъд аз якчанд маротиба дар ноҳия пайдо шудани Шералӣ Кабиров бо мутахассисони хориҷӣ, дар ду карераи калони сангҳои мармари сафед, ки мутобиқи маълумоти пажӯҳиҳшои Институти геологразведкаи шуравӣ, захирааш ба 100 миллиард куб метр мерасад, ки аз ҳисоби сифати баланд ва сафеди тоза будани ин конҳо яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷаҳон ишғол менамояд ва бисёр сангҳои камёб мебошанд, техникаву таҷҳизот оварда,корҳои буридан барои коркард шуруь шуданд. Дар қишлоқи Даштак, ки 35-36 км аз конҳо дуртар ҷойгир мебошад, барои буридани сангҳо ва тайёр намудани маҳсулот барои фурӯш, сехи калоне ташкил карда шуда аст ва роҳбарии кулли ин корхонаҳо ба души писари амаки Шералӣ Кабиров, Раҳматшо гузошта шудааст. Мо, албатта, дар куҳистон ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мардум, обод намудани як корхонаи замонавӣ, ба таъмир намудани роҳҳо байни корхона ва конҳо хурсанд ҳастем ва ҷонибдори ободӣ хастем. Лекин мо муқобили даҳҳо ва садҳо миллион доллар аз ҳисоби захираҳои табиӣ, конҳои бебахо, боигариҳои миллат, ки ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад, истифода бурдан, ҳисобҳои хориҷии худро аз ин пулҳо пур намудан ва дуздии моликияти миллат ва аз худ донишманд,олим ва гуё ободкор вонамуд сохтани як авлод бидуни супоридани андозу беқонуниятиҳо ҳастем. Масалан дар вилоятҳои Узбекистон ба мисли Навоӣ ва Алмалик конҳои калони истеҳсоли тилло даҳсолаҳо кор мекунанд ва ба фоидаи ба даст омадааш гирду атрофи ин корхонаҳо шаҳрҳову корхонаҳои саноатии дигар зиёда аз 30 сол мешавад, то ҳоло сохта истодаанд. Шаҳрҳои нав, корхонаҳои бузург фақат аз ҳисоби фоидаи тиллои ба даст оварда, на балки мисли Шералӣ Кабиров, як спортзал бар ивази конҳои захираҳои садҳо миллон дошта. Ин як дуздии калони боигарии миллат аст!

Дар мактуби зиёиён қайд карда шудааст, ки Шералӣ Кабиров

“Дар мавриди таъмини орду равған, як сохибкореро бо номи Қаюмов Аҳмад Ҷалолович пайдо намуда, ба ӯ чи тавр ба миқдори калон бо орду равғани нисбатан арзон таъмин намудани халқи тоҷикро дастур дода, барои пеш бурдани соҳибкорӣ маблағҳои имтиёзнок ёрӣ расонид. Ва дар муддати кутоҳ Аҳмад Қаюмовро аз як соҳибкори оддии миёнаҳол ба монополисти бозори Тоҷикистон мубаддал гардонд.”  

Дар мавриди Қаюмов Аҳмад ё Аҳмади колбаса ,ки зиёиён нисбати ӯ муболиға кардаанд, каме поёнтар мухтасар нақл менамоям. Лекин дар асл, як ҷавони чолоку кордон, соҳибкори хуб,  намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо номи Мурод зодаи ноҳияи Ҳисор, ки худо раҳмат намояд, дар ҳақиқат бо орду гандуми зиёд Тоҷикистонро таъмин менамуд ва муносибати бисёр хуб ва наздикӣ бо Ҳасан Асадуллозода пайдо намуда буд. Ӯ ягона одаме буд, ки бо Ҳасан бе иштироки Шералӣ проблемаҳои бизнесу кориашро ҳал менамуд, ки аслан сабаби наздикиаш бо Ҳасан ӯро аз байн бурд. Бо як касалии табобатнашаванда мисли баъзе аз сиёсатмадорон ва қумондонҳои Тоҷикистон ба ӯ низ заҳре хурониданд, ки бо ташхиси атрофияи мушакҳо (диагноз атрофия мышцы) азоб кашида хеле ҷавон аз олам рафт. Табобати радикалии ин касалӣ вуҷуд надорад. Азбаски атрофи мушакҳои сутунмӯҳра як ихтилолиест, ки дар синапсҳои нейронҳои моторӣ зоҳир мешавад, вазъиятро тавассути баланд бардоштани сатҳи SMN, як сафеда беҳтар кардан мумкин аст. Олимони дунё ҳоло барои пайдо кардани доруҳое кушиш доранд, ки сатҳи SMN-ро зиёд намояд. Ана ҳамин тавр, зиёд наздик шудан ба оила хатарҳо дорад ва дар ҳол “бе зарар” гардонида мешавед. Аз органҳои қудратӣ шуруъ намуда то наздикони ин аъзоёни Оила ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки нафаре аз берун омада, дар назди Оила нуфӯз ё эҳтироме пайдо намояд. Мисолҳо бо ному насаб ва вазифаҳояшон зиёданд, ки бо як маҷбурӣ баъд аз истифодаи витаминҳои “номаълум” дунёро падруд гуфта рафтаанд. Боз ин витаминҳо як “хубӣ” ҳам доштааст, ки бо хешу табор як чанд муддат хайру хуш менамоӣ, боз дилсузиҳои Оиларо низ ҳис менамоӣ, ки ба аёдатат  омада “селфи” ҳам мекунанд, ки мо то охир “дӯст” ҳастем.

Бе зарар гардонии консули генералӣ бо диагнози “отровления”

   “Боз як мисоли равшан. Нафаре солҳои дароз корманд, баъдан намояндаи тиҷоративу консули генералии Тоҷикистон дар Дубай  Абдураҳмон Аюбов , зодаи ноҳияи Ҳисор, низ бо як ҳолати номаълум, бо як диагнози “отравления” аз олам чашм пӯшид, ки зиёда аз 20 сол фақат дар хизмати Ҳасану Шералӣ ва аҳли Оила дар Аморати Муттаҳидаи Араб буд. 30 марти соли 2016 аз ифои вазифаи консулӣ рафту бо ҳамин дар пайи “бе зарар” гардонияш шуду корашро кард.  Тамоми сирру асрори онҳоро дар Дубай медонисту ҳамчун тарҷумон бо забонҳои арабиву англисӣ ва русӣ ҳамроҳӣ менамуд. Бовар дорем, баъд аз вайрон шудани муносибатҳои Ҳасан бо Шералӣ, сафи касалихо бо диагнозхои “номаълум” камтар шавад.”

Аҳмади колбосаи “шогирд”и Шералӣ Кабиров ва корнамоиҳои ӯ

Дар мавриди Каюмов Аҳмад, бо як ҷумла ин гуфтаҳои зиёиёни тоҷикро ҷамъбаст карданием. Вақте ки Аҳмад Қаюмов бо тахаллуси “Аҳмади колбаса” бизнеси орду равғанро дар Тоҷикистон шуруъ намуда буд, Шералӣ Кабиров дар по эзорчаи сурхак ба боғчаи бачаҳо мерафт, агар боғча рафта бошад. Беҳтар ин аст ки  мардум аз ҳаёт ва фаъолияти як шахси ба ҷомеа машҳур каме шиносоӣ пайдо намояд ва нисбати ӯ хулосаи худро дошта бошанд. Барои он ки боз ягон зиёиёни дигар ба хотири 3-4 халта орду равған аз Аҳмади “колбаса” ягон шахси муътабару саховатманде насозанд. Чунки Аҳмади колбаса ба синни 65 солагӣ даромаадасту вақти истироҳату нафақааш низ шудааст. Шуруъ менамоем аз руи нақлҳои худи Аҳмади “колбаса”. Дар ҳақиқат баъд аз ҷангҳои шаҳрвандӣ Шералӣ Кабиров аз ӯ омада 10-12 халта орду равғану шакарро бо шарти пулаш баъди фурӯши мол (под реализация-нася) бо як зораву нола гирифта мерафт. Баъд аз нашри мақолаи зиёиён, сабти ҳисобу китоб ва “расписка”– и Шералиро аз дафтарҳои куҳнааш “Аҳмади колбаса” ба ғазаб омада пайдо намуда ба рафиқонаш нишон додааст, ки ӯ аз ман доимо қарздор буд. На ман аз ӯ то имрӯз қарздор ҳастам. Маҷбур ҳастем каме маълумоти мухтасар оиди Каюмов Аҳмад ва муносибатҳояш бо Шералӣ Кабирову дигарон пешниҳод намоем. Мардум, ҳатто наздикони худаш Қаюмов Аҳмадро, ҳамчун Аҳмади “колбаса” мешиносанд. Ростӣ мо ҳам вақте мактуби зиёиёнро хондем, нафаре бо номи Қаюмов Аҳмад Ҷалоловичро нашинохтем. Баъд аз пурсидан фаҳмидем, ки гап дар бораи Аҳмади “колбаса” мерафтааст. Аҳмади “колбаса” дар Тоҷикистон шахси машҳур аст ва мардум ӯро ҳамчун соҳибкори калон, оиди фуруши яклухти орд, шакар, равған ва охир вақтҳо масолеҳи сохтумонӣ мешиносанд. Бисёриҳо ҳамчунин ӯро ҳамчун “миёнарав” ё ин ки пулҷамъкуни вазиру кормандони вазорати корҳои дохилӣ мешиносанд. Гуфтан мумкин аст ки ин бизнесҳо солҳои пеш дар ҳақиқат буданд. Ҳоло бошад дар назари мардум нишон медиҳад, ки гуё асосан бо бизнеси маҳсулоти хурокворӣ машғул мебошад. Лекин дар асл, бизнеси ӯ бо органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан бо МВД вобастагии калон дорад. Мо ба шумо тахминан давраҳои фаъолияти Аҳмади колбасаро аз солхои 1985-1986 то имрӯз бо каме далелҳо пешкаш менамоем. Баъд аз хатм намудани техникум ва дувум маротиба баргаштан аз Кулоб ба шаҳри Душанбе, ӯ ба корхонаи “мясокомбинат” ба кор медарояд. Дар вақти кориаш аз мясокомбинат бо роҳҳои ғайриқонунӣ, яьне дуздӣ, гушту колбасаву дигар маҳсулоти гуштиро бароварда ба мардум арзонтар аз нархи заводу мағозаҳо мефурӯшад. Тахаллуси “колбаса”– ро ҳамон вақт пайдо намудааст, ки фахр ҳам мекунад. Баъд аз мясокомбинат ба дигар мағозаҳову кофеҳо фаъолияти корӣ намуда, оқибат солҳои 90 ба вазорати ғалла ҳамчун мутассис ба кор дарома аст. То солҳои 1992, то шуруъшавии ҷангҳои шаҳрвандӣ, дар Душанбе мисли дигар давлатҳои шуравӣ, рэкетёри хеле пешрафта буд. Қариб, ки ҳамаи бизнесменҳо ба худ ягон “крыша” аз ҳамин гурӯҳҳо доштанд, Аҳмади “колбаса” низ бо ду “крыша”, яке Ёқуб Салимов, дигаре Рауфи “ургутӣ” рафтуо доштааст. Баъд аз ҷанг, Рауфро касалии ду гурда бисёр азоб дода, каме пас вафот кард. Барои маълумоти хонандагон мерасонем, ки Рауф – ака кӣ буд? Яке аз мардони бонуфӯзи даврони худ буд, ки масалан дар маъракаҳои вай ҳазорҳо меҳмон аз дигар ҷумҳуриҳо меомаданд. Ҳатман бисёре аз вазирони сохторҳои қудратӣ, генпрокурору прокурорҳо ва раисон низ иштирок менамуданд, дустӣ ҳам доштанд. Ин маънои онро дорад, ки хеле обруманд буд.

Аҳмади “колбаса” дар замони вазири корҳои дохилӣ будани Ёқуб Салимов дар солҳои 1992-1995 номдор шуд ва пули зиёд дар ҳамин давра пайдо намуд. Фаҳмид, ки бизнеси хуб ва даромади хуб дар куҷо аст. Аз ҳамон солҳо ба худ мақсад гузошт, ки беҳтарин бизнес, ин миёнаравӣ байни МВД ва мардуми корафтода будааст. То замони ҷанги шаҳрвандӣ Аҳмади “колбаса” агар 100% даромади худро аз соҳибкорӣ ва бизнесҳояш ба даст оварда бошад, баъд аз ҷанг, пас аз пайдо намудани “допуск” ба кабинетҳои МВД, даромади худ ва бизнеси худро дар ин бинои вазорат хеле муваффақ ва устувор сохта,90-95% даромади худро на аз бизнеси орду равғану шакар, балки ба воситаи роҳбарони вазорат, аз ҷо ба ҷо гузории кадрҳо, миёнаравӣ ба додани рутбаҳои навбатӣ, озод намудани мардуми пулдор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, “подставаи” бизнесменҳое, ки бо пахтаву алюминий, тиллову сангҳои қимматбаҳо кор менамуданд, ғасб кардани бизнесҳои дигарон ва маҷбурӣ аз ҷумҳурӣ рондани онҳо бо ёрии “бачаҳои Вахш, Айниддину Худойдод, Рустами шраму Рустами чортутӣ ва Аминҷон” ва аз бозорҳои хурокворӣ рондани конкурентҳои асосии худ, аз ин роҳҳо соҳиби миллионҳо доллар гардидааст. Он даврае буд, ки мардум дар харос ва ваҳму воҳима афтода буданду ҳамаи молу амвол ва пасандозҳои худро ба осонӣ медоданд. Ҳамаи далелҳои моро Муродов Маҳмуди “ургутӣ” ё “домсоз” бо пуррагӣ тасдиқ менамояд. Чунки ӯ низ аз ҷавони бо ҳамаи ин нафарони дар боло зикр шуда рафтуомад дошт  ва бо ҳамин “стиль” бизнес менамуд.

“Аҳмади колбаса” аз охирҳои соли 1992 баъд аз роҳ ёфтан ба МВД, гуфтан мумкин аст, ки ба худ ширкати бисёрсамта ва серсоҳаи хизматрасонии ҶСШК “МВД”– ро ташкил намуд, ки то солхои 2015-2016 “фаъолона ба мардум” ва кормандони МВД хизмат мерасонид. Баъди солҳои 2015-2016 ба рақиби сахте бо номи Раҳмонқул Раҳимов- бародари вазири корҳои дохилӣ дучор шуд. Вай ба бародараш Раҳимов Рамазон фиребгариҳои “Аҳмади колбаса” ва расонидани ҳамагӣ 5-10% ба дасти вазир аз маблағҳои мегирифтааш аз муштариёнро фаҳмонида дод ва ҳамаи «бизнес»-ҳои МВД махсусан вилояти Суғдро 100% ба зери дасти худ гирифт. “Аҳмади колбаса” маҷбур шуд ширкати худро ба номи ҶММ “ШКД” иваз намояд. Ҳоло бошад дар сатҳи шаҳру районҳо, асосан минтақаҳои Кулоб “хизматрасонӣ” менамояд. Аҳмади колбаса аз солҳои 2000 то ҳозир ба номи худ ягон ширкат надорад ва то имрӯз ба давлат ягон сомонӣ андоз насупорида аст. Ӯ  фақат дар вақти зарурӣ истифода аз садҳо ширкатҳои муваққатии якрӯза (однодневка)- и вазири андоз Нусратулло Давлатов истифода мебарад. Тамоми соҳибкорони Тоҷикистон хуб медонанд, ки ширкатҳои “однодневка” аз тарафи кормандони андоз ба ҳама пешниҳод карда мешаваду даҳ соли охир монополияи ин ҳазорҳо ширкатҳо зери назорати бевоситаи Нусратулло Давлатов амал мекунанд. Садҳо миллион сомонӣ ҳар моҳе, пардохтҳои андозҳои расмӣ ба сандуқи оилаи Давлатов Нусратулло меравад. Аҷоиби кор дар он аст  ки зиёде аз соҳибкоронро кормандони андоз, кураторон, маҷбур мекунанд, ки бояд истифода аз хизматрасонии ин ширкатҳо намоӣ, дар акси ҳол санҷишҳои пай дар пайро интизор бошед. Дар ҳарду ҳолат ҳам 20% пул мегиранд. Фақат агар ба бюҷети давлат супоред, баъд зери тафтишҳои кормандони андоз мемонед. Агар ба сандуқи давлат неву ба Давлатов Нусратулло  супоред, кафолат медиҳанд, ки тафтишот намешавад. Барои соҳибкор, албатта, оромӣ зарур аст. Ин ҳама ҳақиқат аст! Баъд аз иваз шудани вазирҳои МВД “Аҳмади колбаса” ба Зуҳуров Саидамир, ки ҳамагӣ як сол вазирӣ намуд роҳ ёфта буд ва хеле наздик буд. Аз вазирони МВД, ки аз соли 1992 то ба имрӯз дар мақом буданд, Аҳмад ҳамагӣ ба ду нафари онҳо хеле заҳмат кашид, лекин “допуск” пайдо накард, яке Ҳумиддин Шарипов, дуюмӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, ки онҳо умуман ба худ наздик намемонданду ҳамаи “бизнесҳояшро” ба ёрии генерал Пирӣ Ҳусейн ҳал менамуд. Асосан маблағҳои калонро аз ҳисоби ҶСШК “МВД”, дар давраи вазирии Ёқуб Салимов, Салеҳов Маҳмадназар ва 2-3 соли аввали вазирии Рамазон Раҳимов пайдо кардааст. Дар давраи вазирии Ҳумиддин Шарипов, маблағҳои калон аз ҳисоби таъин намудани сардорони ШКД ва ёрӣ ба гирифта додани рутбаҳои навбатӣ маблағҳои зиёде ба воситаи Пирӣ Ҳусейнов ҷамъ намудааст. Онҳо бо Пирӣ Ҳусейнов шарики бизнеси ҳам буданд, то дар сари вазифа будани генерал. Дигар ҳамаи он гапҳои зиёиён, ки Аҳмад Қаюмов монополисти орду равғану шакар, ин як афсона аст ки дар поён равшанӣ меандозем. Як мисол меорем аз садҳо лаҳзаҳои ба мо маълум буда, оиди ҳамкориҳои Аҳмади колбаса бо МВД. Тахминан ягон сол пештар як сержанти милиса, ҷавонеро бо 2-3 дона таблетка дастгир намуда, ӯро барои ташхис ба шуьбаи корҳои дохилӣ меорад. Баъд аз пурсиш муайян мешавад, ки ӯ фарзанди як соҳибкори калон бо номи Ҷурабеки Дубай ё Азия -Гранд будааст. Кормандони милиса хостаанд, ки аз ин ҷавон каме пул гирифта ҷавоб диҳанд. Лекин ҷавон, ки аз клуби шабона (ночной клуб) баромадаасту ҳамроҳаш пул надоштааст,аз кормандони милиса хоҳиш мекунад телефонашро диҳанд, то ин ки ба падараш занг занад. Вақте ки ба падараш занг мезанаду пул мепурсад ва ҳолати корро мефаҳмонад, падараш дасту пой хурда, ба дӯсташ, бародараш, “Аҳмади колбаса”, ки аз солҳои 1990-ум рафиқӣ ва бизнес мекарданд, занг мезанад. Аҳмад дар куҷо будани ҷавонро пурсида Ҷурабекро ором мекунад, ки ҳамааш хуб мешавад, “ҷиян” камтар пас дар хона мешавад. Шаб рӯз мешавад, писарашро ҷавоб намедиҳанд, писараш бо падари худ занг зада ҷангҷол мекунад, ки ман худам бо милисаҳо ба маблағи 200$ мушкиламро ҳал карда будам. Лекин ту ба ҷои 200$ пул равон кунӣ ба вазиру вазорат занг зада мушкилиро зиёд сохтӣ ва ғайраҳо. Ҳамин тавр се рӯз мегузарад, ҷавонро бо моддаи 200 қисми 3 айбдор намуда ба СИЗО интиқол медиҳанд.Ҷавон қасами зиёд мехурад, ки таблеткаҳо “виагра” буданду аз аптека харидааст. Лекин баъд аз ҳамроҳ шудани Аҳмади “колбаса” ба ин кор, ин ду таблеткаи виагра ба ду кг героин мубаддал гаштааст. Сержанте, ки ҷавонро дастгир кардааст, баъд аз мушоҳидаи ин ҳолат, аз ин сохтакориву ноадолатиҳо ба хотири пул, виҷдонаш маҷбур сохтааст аз кор бо хоҳиши худ биравад, чунки ҳаёти ҷавонро барои боигарии падараш ва нафси худ, роҳбарият бо дасти ӯ сузониданд. Хулоса, қиммати парвандаро “Аҳмади колбаса” аз 10 ҳазор доллари ИМА шуруъ намуда,то 500 ҳазор доллар боло бурдааст, ки гуё вазир фаҳмиду Рустами Эмомалӣ фаҳмиду, пешво зери назорати худ гирифтааст. Аммо дар асл ду таблеткаи виагра ҷавонро дар кунҷи СИЗО қариб як сол нигоҳ дошт, то он даме, ки Ҷурабек маблағро пурра намуда ба дасти “Аҳмади колбаса” расонид. Дигар дӯстӣ ва бародари байни Ҷурабек ва “Аҳмади колбаса” бо ҳамин пурра хотима ёфт. Аз рӯйи нақли “Аҳмади колбаса” барои он Ҷурабекро “наказать” карда будааст, ки гуё даҳсолаҳо “перекидка”-и миллионҳо доллар пулҳои “Аҳмади колбаса”-ро ба дигар давлатҳо маҳз Ҷурабек бо фоизҳои баланд мекарда будааст ва даъвои дигари “Аҳмади колбаса” ин аст ки фарзандаш гуноҳи калон надошт. Лекин худи Ҷурабек миллионҳои аввали худро маҳз бо фурӯши героин ҷамъ карда буд, барои ҳамин чархи фалак писарашро ба даст афтонид. Ин як сабаб аст аз тарафи парвардигор. Ин қиссаро, ки шунавидед, бепарво ва фориғ набошед. Қиссаҳои ҷолибтару ҳаётитар дар раддияҳои баъдӣ ифшо мешаванд.  Мумкин аст хонанда ва бинандаи ин раддия гӯяд инҷо чаро барои “Аҳмади Колбаса”  ин қадар навиштед?  Чун,ки дар номаи зиёиён номи “Аҳмади Колбаса” зикр ва бо кумаки Шералӣ Кабиров ёд шуда буд. Ҳар чизе бо Шералӣ Кабиров марбут аст мо онро муфассал хоҳем навишту тақдим менамоем. Бозгӯйи ҳама ончи марбути Шералӣ Кабиров ва делишкаҳои ӯ, воқеан  як олами ҷиноии махсӯсест,ки бояд гуфта шаванд ва мардум аз онҳо огоҳтар гарданд.

Ҳатман мо дар раддияҳои дигар бо фактҳои ҷолибу хонданӣ аз афёраҳои дигари Шералӣ Кабиров дар Русия,ки хело маболиғи бузургро дарбар мегиранд хоҳем гуфт. Агарчӣ ҳоло аз ин маболиғ Ҳасан Асадуллозода огоҳ аст вале на то он андозае,ки мо маълумот дорем. Маълумоти Ҳасан Асадуллозода танҳо дар мавриди бархе ширкатҳои однодневкаест маболиғ таҳвил шудаанд. Ҳатмани ҳатман аз шикоятҳои Шералӣ Кабиров аз Ҳасан Асадуллозода,ки чӣ хел гурусначашм аст, корро ёд гирифт дар ҳол за бортоват мекунад инсонро, бояд то охир ҳама сири корҳоро ба ӯ нагӯед, читавр бародараш Одилшо Кабиров муовини Ориёнбонк яъне муовини Ҳасан бо кадом мақсад гузоштааст ва иллаташ чӣ буд,  ва дигар эпизодҳои муҳим хоҳем гуфт. Лаҳзаҳои ногувор давом дорад.

Поёни бахши севвуми раддия ба зиёиёни Тоҷик.

Бо “Ислоҳ” бошед, то аз он ҳама моҷароҳо огоҳӣ дошта бошед…

Share This Article