Шинохти Қазо ва Қадар.
Силсила мақолаҳои Тақдир ва ё қазо ва қадар № 3
Вожаи кадар дар луғати араиї масдар аст, ки он дар луғат ба маънои “Ичро кардан ва ҳукм содир намудан ва ба ниҳоят расонидани чизе”-ро гўянд.Тақдир яъне тафаккур ва чустучў дар мураттаб кардани коре ё чизеро низ мегуянд .
Аммо дар истилоҳ: Ба илме, ки Худованд пеш гирифта ва сабт ва забти тамом ва комили рухдодаҳо ва ҳаводисе, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, гуфта мешавад.
Худованди доно ва тавоно қабл аз офаридани мавҷудот дар азал миқдор ва андозаи ҳамаи мавҷудот ё офаридаҳояшро мушаххас ва муаян намуда ва аз тамоми ҳодисаҳо ва рухдодҳо қабл аз ба вуқуъ пайвастанашон хабар доштааст. Дар ин ҷаҳони паҳновар ҳар чизе,ки рух медиҳад бар асоси ҳамон нақша ва барномаи Худованди ҳаким сурат мегирад. (Ақидаи Сафоринӣ 1/348)
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (р.а.ҳ) дар шиносонидани тақдир чунин мегуяд: “Яъне Худованди таборак ва таъоло миқдор, замон ва макони сар задани ҳар феъл ё амалро дониста сипас тибқи илми азалии худ онҳоро ба вуҷуд оварда аст. Бинобар ин ҳар ҳодисае бар асоси илм, қудрат ва иродаи Худованд ба вуқуъ ва ё анҷом меёбад. (Фатҳулборӣ 1/118)
Ин таърифҳо ва ё шиносониданҳо монанди ҳам мебошанд ва баёнгари ин ду асланд.
1-) Илми азалии Худованд бар ҳар мавҷуде, ки ба хости Худо по ба арсаи ҳасти ё вуҷуд мениҳад иртибот гирифта ва сифот ва ҳаракоти ҳамаи мавҷудотро дар лавҳи маҳфуз сабт намуда аст. Ҳаҷм ва дӯрии замин ва осмон ва чигунагии офариниши онҳо ва ҳар ончи дар осмон ва замин ва миёни онҳо офарида мешавад дақиқан дар Лавҳул-маҳфуз сабт ва навишта шуда аст.
2-) Ҳарчизе, ки сохта мешавад ва аз нестї ба ҳастї рӯй меоварад бар асоси ҳамон вижагї ва хусусиёти сифотӣ аст, ки дар илми Худованди муттаъол гузашта аст. Ҳеҷ чизе хориҷ аз илми Илоҳї падид ё ба вуҷуд намеояд. Ҳар чизе,ки падид ояд ё сохта шавад он ҳатман мутобиқ бо нақша ва тарҳи азалии Парвардигор аст.
Бинобар ин тақдир бар ҳар ду гуфта мешавад. Гоҳо мавоқеъи тақдир яъне илми азалии Худованд ва дар ҷойҳои дигар ба маънои эҷод кардан рух додани ҳодисаҳо мутобиқ бо илми Парвардигор аст.
Имом Шофеъӣ (р.а.ҳ) дар посухи Тақдир чунин шеъре гуфтааст.
Ҳар он чи, ки ту бихоҳи рух медиҳад.
Ҳарчанд ман нахоҳам ва агар ман чизеро бихоҳам
Вале ту нахоҳї рух намедиҳад.
Бандагонро бар асоси илми худ офариди.
Дар илми ту ҷавонї ва пирї гузаштааст.
Аз ин хотир бар яке миннат мениҳӣ
Дигареро пасту ҳақир мекунї.
Ёвари яке мешавиву ба дигаре кумак намерасонӣ
Бархе аз онҳо гумроҳ ва бархе дигар ҳидоят ёфтагонанд.
Баъзе аз онҳо зеборӯй ва гурӯҳе дигар зиштрӯянд.
2-) Қазо:
“Қазо” яъне ҷудо кардан ва ҳукм содир намӯдан. Дар аҳодиси Расули акрам (с) калимаи “Қазо” хело зиёд такрор шуда аст. Асл дар луғат дар ҷудо кардан ва буридан ба кор рафтааст. Масалан чунин гуфта мешавад: Ҳукмро содир кард ва файсала намуд. Ё “ќазо шай” Ба маънои маҳкам кардан ва тамом намудан ва ба итмом расонидани чизе. Бинобар ин ќазо яъне офаридан ва эҷод карданро гўянд.
Имом Зуҳрї (р.а.ҳ) мегуяд: Қазо дар луғат маъноҳои гуногуне дорад. Решаи ҳамаи онҳо тамом кардан ва ба поён расонидани чизе аст. Ҳар чизе тамом шавад, ё ба ҷо оварда шавад, ё воҷиб гардад, ё дониста шавад, ё иҷро гардад, ва ё ба имзо расад дар ҳақиқат дар ҳукм поён ёфтани он чиз мебошад. Тамоми маъонї дар аҳодиси Расули акрам (с) баён шудааст. (Алниҳоя фи ғарибил ҳадис, ибни Асир 4/78)
Уламо дар мавриди тафовут миёни ќадар ва ќазо ду дидгоҳи мутафовит доранд.
Гурӯҳе аз уламо мегуянд: “Қазо ҳукми азалї ва собит гузоштаи Худованд аст. Қадар эҷод кардани мавҷудот мутобиқ бо нақша ва илми гузаштаи Худованд мебошад
Ибни Ҳаҷар мегуяд: уламо мегуянд: Қазо ҳукм ва нақшаи куллї ва иҷмолии Худованд аст. Қадар ҷузъиёт ва тафосили он куллиёт мебошад (Фатҳулборї: 11/477)
Гурӯҳи дуввум бар хилофи назарияи аввал чунин мегуянд: “ќадар ҳукми собиқ ва илми гузаштаи Худованд аст ва Қазо эҷод ва офариниши мавҷудот бар асоси нақша ва барномаи азали аст.”
Ибни Баттол мегуяд: “қазо яъне тамом шуда ба поён расида ва эҷод гаштаро гуянд”(Фатҳулборӣ: 11/149)
Хаттобї дар “Маъолимус-сунан” мегўяд: Қадар номе барои кирдори муқаддар шудаи мавҷуди тавоност. Масалан нобуд кардан ва мунташир сохтан ва боз намудан, номҳое ҳастанд барои корҳое, ки аз суйи нобудкунанда (ҳодим) мунташир кунанда (ношир) боз кунанда (қобиз) рух медиҳанд.
Қазо бо ин мафҳум ба маънои эҷод намудан ва офаридан аст. Дар ин маврид Худованд чунин мефармояд:
“Он гоҳ онҳоро ба сурати ҳафт осмон дар ду рўз ба анҷом расонид”
(Сураи Фуссилат,ояти 12)
Аз инҷо чунин фаҳмидан мумкин аст, ки мафҳуми қазо аз қадар хостар аст. Чун қазо яъне таъйин намудани чанд қадар номаълум ва иҷро карданаш. Қадар инчунин ба маънои андозагирї аст, пас қазо яъне ҷудо кардан ва эҷод намудани чизҳо ё ашёи андозагиришуда аст.
Дар Қуръони карим оятҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки аз дуруст будани ин дидгоҳ дарак медиҳад.
Сухани Худо:
“Дигар кор анҷом ёфта аст (ва ҷое барои баҳс ва гуфтугӯй намонда аст) ( Сураи Марям,ояти 21)
“Ин амр ҳатмї ва фармони қатъї аз Парвардигоратон аст”
(Сураи Марям,ояти 71)
“Ва ҳангоме,ки Ӯ фармони вуҷуди чизеро содир кунад танҳо ба ӯ мегўяд: Бош! Пас мешавад. (Сураи Бақара,ояти 117)
Бинобар ин хонандаи гиромӣ “Қазо ва Қадар” лозим ва малзуми якдигаранд ва инчунин қобили ҷудо шудан нестанд.Чун яке ба монанди нақша ва асос аст ва дигаре дар ҳукм иҷро ва эҷод кардан. Пас ҳар касе хоҳони ҷудо кардани ин ду бошад дар ҳақиқат мехоҳад бинои сохтмонро аз нақша ва барнома ҷудо созад. (Ниҳоят фи ғарибил ҳадис, Ибни Асир 4/78. Ва Ҷомеъул усул 10/104)
3-) Аркони имон ба тақдир:
Имон ба тақдир дорои чаҳор рукни асосӣ аст. Ҳар кас ба онҳо иқрор кунад ва имон биёварад имонаш комил ва солим аст ва ҳаркас яке аз инҳоро напазирад дар ҳақиқат имонаш ноқис мебошад.
1-) Имон ба илм ва огоҳии густарда ва фарогирӣ Худованди таъоло.
2-) Имон ба сабти ҳамаи рухдодҳо ва ҳодисаҳо дар “Лавҳул маҳфӯз”
3-) Имон ба ирода, машият (хоҳиш) ва қудрати мутлақи Парвардигор. Ба ин маънї, ки ҳар чизеро ирода кунад рух медиҳад ва ҳарчизеро ирода накунад рух нахоҳад дод.
4-) Офаринандаи ҳамаи чизҳо Худованд аст ва дар офариниши мавҷудот ҳеҷ ҳаммонанд ва шарике надорад.
Мепардозем ба шарҳи ин аркони чаҳоргона.
1-) Имон ба дониши густарда ва фарогири Худованд:
Албатта дар китоби ҷовидонаи Худованд, Қуръони карим ва суннати мубораки Расули акрам (с) ин асл комилан равшан ва ошкор баён шудааст. Аз ин хотир дониши Худованд ҳар чизеро фаро мегирад. Аз гузашта, ҳол ва оянда бо хабар аст, ҳатто Худованд аз чизҳое, ки ба вуҷуд наомадаанд бо хабар аст. Хулоса дониши Худованд бар ҳар чизи мавҷуд ва ғайри мавҷуд маҳол ва мумкинро дар бар гирифта ва мегирад.
Худованди таборак ва таъоло аз аҷал, аз рӯзӣ ва аҳвол ва ҳаракатҳои бандагонаш бо хабар мебошад. Саодат ва шақоват, гумроҳї ва бадбахтии онҳоро медонад. Қабл аз офариниши замин ва осмон ҷаҳаннамиён ва биҳиштиёнро дониста ва шинохта аст.
Ҳамаи инҳо ҷилваҳое аз сифоти поки Худованд ҳамчун Доно, Бохабар, Бино, Шунаво мебошад.
Сухани Худо:
“Худованд касе аст,ки ҷуз Ӯ Парвардигор ва маъбуде нест. Огоҳ аз ҷаҳониён ва ошкор аст (ва нопайдо ва пайдо дар баробари донишаш яксон аст)Ӯ дорои марҳамати омма(дар ин ҷаҳон дар ҳаққи ҳамагон) ва дорои марҳамати хосса (дар онхират нисбат ба муъминон) аст” Сураи Ҳашр,ояти 22)
“Худованд ҳамон аст,ки ҳафт осмонро ва ҳамонанди он заминро офарида аст. Фармони (Худо) ҳамвора дар миёни онҳо ҷорї аст(ва тадбири ҳидоят ва раҳбарии Ӯ лаҳзае аз ҷаҳони бузурги ҳасти бардошта намешавад, ин офариниши бузург ба он хотир аст) то бидонед Худованд бар ҳар чизе тавоност. Ва огоҳии Ӯ ҳама чизро фаро гирифта аст” (Сураи Талоқ, ояти 12)
“Бе гумон Парвардигорат огоҳтар (аз ҳамагон) ба ҳол касоне аст, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф ва гумроҳ мешаванд ва ё инки раҳнамуд ва роҳёб мегарданд” (Сураи Наҳл, ояти 125)
Худованди таборак ва таъоло дар мавриди илм ба чизҳоеки вуҷуд надоранд ва агар по ба арсаи вуҷуд мегузоштанд дорои чунин ҳолоте мебуданд, чунин мефармояд:
“Агар ҳам (ба фарзи маҳол ба дунё) баргардонда шаванд ба суроғи ҳамон чизе мераванд, ки аз он боз дошта шудаанд, эшон (дар ваъдаи имон) дурӯғгӯянд. Худованд кофароне, ки орзӯи бозгашт ба дунёро дар сар мепарваронанд агар ба дунё боз гардонида шаванд ба фисқу фуҷур ва гумроҳї рӯй меоваранд ва дар ин даъвои худ ростгӯй нестанд” (Сураи Анъом,ояти 28)
Худованд медонад кофироне, ки орзӯи бозгашт ба дунёро дар сар мепарваронанд, агар ба дунё бозгардонида шаванд, ба фисқ ва фуҷур ва гумроҳї рӯй меоваранд ва дар ин даъвояшон рост гӯй нестанд.
Худованд дар мавриди кофароне, ки тавони шунидани ҳидоятро надоранд чунин мефармояд:
” Ва агар Худо хайре дар онон меёфт, ҳақро ба онҳо мефаҳмонд ва агар ҳам ба онон ҳақро мефаҳмонд, боз ҳам бармегаштанд ва аз ҳақ рӯй мегардониданд” (Сураи Анфол,ояти 23)
Аз Уммул муъминин Оишаи Сиддиқа(р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) ро барои ба хок супурдани писар бачае аз Ансор фаро хонданд, гуфтам: “Эй Расули Худо ! Хушо ба ҳолаш паррандае аз паррандагони биҳишт аст. Чун ҳеҷ кори ношоистае анҷом надодааст.”
Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Худованд биҳиштро офарид ва биҳиштиёнро дар ҳоле, ки ҳанӯз ба дунё наомада буданд муъайян намӯд. Инчунин ҷаҳаннамро офарид ва аҳли онро ҳам дар ҳоле офарид, ки дар камари падаронашон буданд” (Саҳеҳ Муслим 4/2050 №2662).
Ин ҳадис баёнгари ин аст, ки Худованд аз ояндаи кудаконе, ки дар даврони кудакї вафот кардаанд бо хабар аст. Албатта ҳадаф ин нест, ки Худованд афродеро бидуни анҷоми амал ба ҷаҳаннам мефиристад.
Дар ҳадиси дигаре, ки онро Абуҳурайра (р) аз Расули акрам (с) ривоят мекунад, чунин аст:
“Худованд дар рӯзи қиёмат бачаҳоро (Он тифлҳое, ки дар овони хурдї аз дунё гузаштанд ва қалам аз онҳо бардошта буд), мавриди имтиҳон ва озмойиш қарор медиҳад . Паёмбареро ба сӯи онҳо мефиристад ҳар кадом ҷавоби мусбат доданд ба биҳишт мераванд ва агар посухи манфї доданд ба сӯи ҷаҳаннам ронда мешаванд”
Инҷо илми Худованд ошкор мешавад ва тибқи он кайфар ё подош дода мешаванд, на ин ки танҳо бар асоси илми Худованд ба биҳишт ё ҷаҳаннам мераванд.
Далелҳои ақлї мабнї бар инки илми гузаштаи Худованд қабл аз офариниши мавҷудот аз ояндаи онон бо хабар буда аст.Ҷаҳон ва ҳарчи дар он ҳаст баёнгари илми гузаштаи Худованд нисбат ба мавҷудот аст. Бо забони ҳол мегӯянд: қабл аз офариниш илми фарогири Худованд онҳоро фаро гирифта буд.Чун офаридани ҳар чизе бар асоси ҷаҳл ва нодони мумкин нест. Ба ибораи дигар ҳар чизе бо иродаи Худованд сурат мегирад ва ирода мусталзими вуҷуди нақша ва тарҳ (мақсад ончи ирода шуда) мебошад. Вуҷуди нақша ва тарҳ ҳамон илм аст. Бинобар ин офаридан мусталзими ирода мебошад ва ирода бидуни илм сурат намегирад пас офаридан бидуни илм ва огаҳи ғайри имкон аст.(Шарҳи ақидаи таҳови 148)
Уламо барои исботи илми Худованд аз чунин қиёсе истифода мекунанд ва чунин мегуянд: ” Бархе аз махлуқоти Худованд доно ҳастанд пас мумкин нест офаринандаи онҳо доно ва олим набошад”
Ба ин ду равиш истидлол мекунанд:
1-) Мо ба зарурат медонем, ки созанда аз сохта шуда, воҷибул вуҷуд аз мумкинул вуҷуд комилтар аст. Бо дар назар гирифтани ин ду муқаддима агар доно ва нодонеро фарз кунем, доно аз нодон комилтар аст. Аз ин хотир агар созанда доно набошад бояд бипазирем ,ки сохта шуда аз созанда комилтар аст вале чунин чизе ғайри имкон аст.
2-) Ҳар донише, ки дар миёни махлуқот ёфта мешавад аз тарафи Худованд ба онҳо расида аст. Аз ин хотир чигӯна мумкин аст сарчашмаи илм ва дониш аз он бе баҳра бошад вале махлуқотеро, ки офарида доно бошанд.Чун мавҷудот ҳарчи доранд аз офаринанда гирифтаанд. Бинобар ин Холиқ ва созанда аз ҳама сазовортар аст то ба он чиз тавсиф шавад. На инки он сифатро ба махлуқот нисбат диҳем ва созандаро аз он бебаҳра намоем! Ва махлуқотро аз ҳар айб ва нуқсе мубарро ва пок созем дар ҳоле, ки офаридагор ва созандаи онҳо аз он айб ва нуқс муназзаҳ ва поктар аст. .(Шарҳи ақидаи таҳови 148)
Ба рости ҳамаи ин матолиби дар боло зикр шударо метавон аз ин оят истинбот намуд. Худованди субҳон дар каломи нурбахши худ мефармояд: “Оё он зоте, ки (махлуқотро) офаридааст намедонад ? Ҳол он ки Ӯ борик бину огоҳ аст” (Сураи Мулк,ояти 14)
Барои исботи илми пешгирифтаи Худованд бар ашё қабл аз ба вуқуъ пайвастани онҳо метавон ба ин матолиб истидлол кард: Худованди Раҳмон дар китобҳои гузаштаи ҳидояташ аз вижагиҳо ё хусусиятҳо ва ахлоқҳое аз нишонаҳои Муҳаммад (с) хабар дода дар ҳоле, ки Паёмбари акрам (с) по ба арсаи ҳаёт нагузошта буданд. Ё хабар додан аз хусусиятҳои умматони пешин қабл аз ташкил ва эҷоди уммати исломї. Ё хабар додан аз пирӯзии Рум бар Эрон чанд сол қабл аз вуқуъи он ҳодиса. Ё дар Қуръон ва Суннат аз умури ғайби хабар дода мешавад, ки дар оянда ба вуқуъ мепайванданд ё бояд рух диҳанд.
2-) Ҳама чиз дар “Лавҳ-улмаҳфӯз” навишта шудааст.
Оёт ва аҳодиси зиёде баёнгари ин ҳастанд, ки Худованди таборак ва таъоло қабл аз иқдом ба офариниши ҳар чизеро дар лавҳулмаҳфӯз сабт намудааст.
Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Ибни Ос (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Худованд ҳамаи миқдор ва андозаҳоро панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офаридани замин ва осмон навишта аст”.Сипас фармуданд: “Дар он ҳангом арши Худованд бар рӯи об қарор гирифта буд.”
Дар ҳадиси дигаре ривоят шудааст: “Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офаридани замин ва осмон миқдорҳоро андоза гирифта аст””(Сунани Тирмизӣ №2044 .4/458 ин ҳадис саҳеҳ аст)
Аз Уббод ибни Сомит ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
“Аввалин чизе, ки офарида шуд қалам буд. Худованд хитоб ба Ӯ фармуд: “Бинавис! Қалам посух дод: Чӣ бинависам ? “Ҳар ончӣ дар гузашта рух дода ва то абад хоҳад дод”(Сунани Тирмизӣ №2055.4/458 ин ҳадис саҳеҳ аст)
Лавҳул маҳфуз китобе аст,ки ҳамаи миқдорҳои махлуқот дар он навишта шуда аст. Дар Қуръони карим ба номҳои чун “Китоб” “Китоби мубин” “Имоми мубин” “Уммулкитоб” ва “Китобим мастур” номгузорӣ шудааст.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
“(Ин сухани сеҳр ва дурӯғ нест ) балки ин Қуръони бузургвор ва олиқадр аст. Дар лавҳул маҳфӯз ҷой дорад. (ва дасти ноаҳлон ва шайтонҳо ва коҳинон ҳаргиз ба он намерасад ва аз ҳар гӯна тағйр ва табдил ва зиёда ва нуқсоне бар канор ва дар амон аст)” (Сураи Буруҷ,ояти 21-22)
“(Эй оқил!) Магар намедонӣ Худованд қатъан аз ҳама чизҳое, ки дар осмон ва замин аси (Ва чизе аз амалҳо ва гуфторҳои мардумон ба Ӯ махфи намемонад) огоҳ аст ва ҳамаи чизҳо дар китобе (баноми Лавҳул маҳфӯз) сабт ва забт аст ва мусалламан ин кор барои Худо сода ва осон аст.”(Сураи Ҳаҷ,ояти 70)
” Ва мо ҳама чизро дар китоби ошкор (Лавҳул маҳфӯз) саршумори менамоем ва менависем” (Сураи Ёсин, ояти 12)
“Қуръон, ки дар лавҳул маҳфӯз дар пеши мост воло ва устувор аст”
(Сураи Зухруф,ояти 4)
3-) Машият ё хоҳиши фарогир ва қудрати иҷроя:
Ин асл далолат бар он дорад,ки имон ба қудрати иҷрояи Худованд ва иродаи густардаи Худовандро мекунад. Ҳар ончӣ Худованд бихоҳад иттифоқ меафтад ва ҳарчиро ирода накунад рух намедиҳад. Дар замин ва осмон ҳеҷ ҳаракати дигаргӯни бидуни иродааш ба вуқуъ намепайвандад. Дар мамлакати паҳновари ҳастї танҳо иродаи Худованд иҷро мешавад.
Сухани Худо :
“Ва ҳол ин,ки наметавонед бихоҳед ҷӯз чизҳоеро,ки Худованди ҷаҳониён бихоҳад”(Сураи Таквир,ояти 29)
“Агар мо (дар бораи дархости мушрикон кӯтоҳи намекардем ва масалан) фариштагонеро ба пеши эшон мефиристодем (ва бо чашми сар ононро медиданд) ва мурдагоне(ро зинда мегардем ва дар баробари дидагонашон сар аз гурҳо берун меоварданд ва дар бораи сидқи Муҳаммад (с)) бо эшон сухан мегуфтанд ва ҳама чизро ошкоро дар баробари онон гирд меовардем (то ҷумлаги ҳақро рӯёрӯй барои эшон баён ва бар он гувоҳї медиҳанд) онон имон намеоваранд магар ин, ки Худо мехост” (Сураи Анъом, ояти 111)
“Агар Парвардигори тӯ мехост чунин кореро намекарданд”
(Сураи Анъом,ояти 112)
“Ҳаргоҳ Худо чизеро бихоҳад, ки бишавад кор Ӯ танҳо ин аст, ки хитоб ба он бигӯяд бишав ! Ва онҳам бишавад”(Сураи Ёсин, ояти 82)
Хонандаӣ гиромӣ ин чизро бифаҳмем бояд, ки иродаи муассир ва қудрати Худованд дар ончӣ воқеъ шуд ё мешавад қобили ҷамъ аст. Вале дар маҳол ва чизе мумкине, ки рух намедиҳад ва қобили ҷамъ нест аз ҳам ҷудо мешаванд.
Ба иборати дигар ҳарчиро, ки Худованд бихоҳад бо қудраташ анҷом медиҳад ва ҳарчиро,ки нахоҳад чун ирода ба он таъаллуқ нагирифта анҷом намегирад.
“Аз ин хотир иллати адами вуқуъ таъаллуқ нагирифтани ирода аст на адами қудрат ва тавонойи бар анҷоми он кор”
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
“Ва агар Худо мехоост бо ҳам намеҷангиданд ва ба ситеза намехостанд. Вале Худованд ончиро мехоҳад (аз рӯйи ҳикмате, ки худ медонад) анҷом медиҳад” (Сураи Бақара,ояти 253)
“Вале агар Худо бихоҳад ононро (қаҳран ва ҷабран) бар ҳидоят ҷамъ хоҳад кард” (Сураи Анъом,ояти 35)
“Агар Худо мехост (ки Ӯро ба ягонагӣ бипарастанд эшонро бо қудрат ва нерӯи хеш водор ба ин кор мекард ва аз худ ихтиёре намедоштанд, ва ҳаргиз) ширк намеварзиданд”
(Сураи Анъом,ояти 107)
“Агар Парвардигорат мехост тамомӣ мардумони курраи замин ҳамаги (Ба сурати маҷбурӣ ) имон меоварданд)
(Сураи Юнус,ояти 99)
Дар ин маврид оятҳои Қуръонии зиёде вуҷуд дорад. “Адами вуқуъро вогузор бар адами ирода медонанд на ба адами қудрат ва тавоной Худованди таборак ва таъоло бар анҷоми он корҳо.Зеро Худованди муқтадир бар ҳама коре тавоно ва қодир аст”
4-) Худованд офаринандаӣ ҳар чизе ҳаст:
Албатта далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки собит мекунанд Худованд офаринандаи ҳар чизе аст.Ӯст, ки махлуқотро офарида ва шакл дода ва эҷод намӯда аст. Офаридагор ва созанда танҳо Ӯст ва дигарон махлуқи Парваришёфта ҳастанд. Дар ин маврид дар Қуръони карим чунин мефармояд.
“Худованд офаридагори ҳама чиз аст ва ҳама чизро мепояд ва муроқибат менамояд” (Сураи Зумар,ояти 62)
“Ситойиш Худовандеро сазост, ки осмонҳо ва заминро офарида аст ва торикиҳо ва рӯшноиро эҷод карда аст”
(Сураи Анъом,ояти 1)
“Худованд аст, ки шаб ва рӯз ва хуршед ва моҳро офарида аст ва ҳама дар мадоре мегарданд (ки Ӯ таъоло барои онҳо таъин кардааст)” (Сураи Анбиё, ояти 33)
Ин буд “Шинохти қазо ва қадар”. Силсила мақолаҳо дар мавзуи Тақдир давом дорад.
Бо мо бошед то аз ҳама асрори ин мавзуъ то ҷое огоҳӣ ёбед.