Ғасбҳои рейдерӣ ва ташкили «империя»-и молиявии Э.Раҳмонов дар Тоҷикистон
Ин шабурӯзҳо тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон роҷеъ ба сӣ солагии Истиқлоли кишвар силсилаи филмҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмоновро ба намоиш гузошта ва айни солҳои пешин ӯро ба ҳайси як нафаре,ки Тоҷикистонро аз сифр сохт, корҳоеро, ки шӯравӣ анҷом надода буд, ӯ иҷро кард, сулҳу салоҳ овард, амният таъмин кард, кишварро гул-гул шукуфонд ва мунтаҳо ба биҳишти рӯи замин табдил дод ба осмони ҳафтум мебароранд. Вале ин мову шумо ва мардуми азизи кишвар, миллионҳое, ки феълан дар мардикорӣ дар Русияву Қазоқистону дигар кишварҳо заҳри ғурбату муҳоҷират мехуранд ва ба маҳзи пули онҳост, ки таркишу инфиҷорҳои иҷтимоӣ ба вуқӯъ намепайвандад ,ба вузӯҳ медонем, ки ин ҳама тавсифу ситоишҳо дурӯғанд. Раҳмонов тӯли ин сӣ сол аст ки кишвар ва мардумро ғанимати ҷангӣ гирифта ва тамоми мардум, ба ҷуз аз оила, авлод ва ҳаммаҳалҳояшро ба барда ва гадо табдил додааст. Вай бо ин мардум ба навъе муомила ва муносибат мекунад,ки онҳо рама ва галаанду ӯ чӯпон ва ҳар вақте бихоҳад якеро сар мезанад…..
Раҳмонов тамоми дороӣ ва моликияти асосии ин мамлакат ва ин мардумро барои худ ва аъзои хонавода ва авлоду хешу таборонаш тақсим карда ва як ҳокимият ва султаи хонаводагиро ташкил дод. Дар ин ришта барномаҳо мо воқеияти ин сӣ сол давлатдории як нафар раиси совхози даврони шӯравиро, ки тӯли ин муддат ба як Диктатори тамом айёр табдил шуд, бароятон бозгӯ мекунем.
“Дар авоили соли 2000 ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов барномаи хусусисозии моликияти давлатиро ба роҳ андохт. Дуруст аст ки дар солҳои 90 ҳам хусусисозӣ вобаста ба тағйири низоми иқтисодӣ шурӯъ шуда буд. Аммо ғайридавлатӣ гардонидани корхонаву ташкилоти хурду миёна ва сипас калони давлатӣ дар солҳои 2000 ба марҳалаи иҷро даромад.”
Эмомалӣ Раҳмонов дар ин давра метавон гуфт, ки аввалин миллионҳои худро дар дохили кишвар «кор» кард. Агар то ин дам вай аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва кумакҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба сирқат бурда буд, аммо акнун фурӯши корхонаву фабрикаву муассисаву заводу…хулоса , ҳама чизи аз шӯравӣ мондаро шурӯъ кард. Бузургтарин ғасбҳои рейдерии ӯ аз ҳамон солҳо сар шуда ва то ба имрӯз идома дорад. Охирин аз чунин ғасбҳои рейдерӣ ва тасарруфи ошкоро бозори бузурги «Панҷшанбе» -и Хуҷанд буд, ки онро боз ҳам “Ҳасан Асадуллозода” гирифт. Барои он дохили нохунак гирифтем ин номро,зеро Раҳмонов ҳама ончи тасарруф мекунад ва тули ин солҳо тасарруф кард ба номҳои наздикони худ ва ширкатҳои онҳо сабти ном кардааст. Аммо ҳамаи онҳо аз худи ӯст.
Ин бозорро як тоҷири хуҷандӣ 20 соли пеш дар доираи ҳамин барномаҳои хусусигардонӣ харида ва ҳудуди 100 миллион сомонӣ барои тармиму таъмир ва хуштарҳу замонавӣ кардани он масраф кард. Вале дар соли 2019-2020 Тоҷикматлубот-идораи давлатӣ асноди хусусисозии онро ба суд дода тавонист қарордоди харидифурӯшро лағв кунад. Ба ин маъно, ки дар вақташ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст. Аммо дар соли 2021 маълум шуд, ки Тоҷикматлубот онро ба “Ҳасан Асадуллозода” ва бо як нархи ночиз фурухтааст. Инро инҷо зикр намоям,ки вазъияти Ҳасан Асадуллозода хело бад аст ӯро бо дуздии 40 миллион аз даромадҳои оила дастгир намудаанд. Феълан ради маърака аст. Ориёнбонкро духтари Раҳмонов Заррина Раҳмонова идора мекунад. Ҳасан корашро анҷом дода ва дигар нолозим шудааст.
“Ҳоло,ки аз Ҳасан Асадуллозода, бародари Азизамо,зани Эмомалӣ Раҳмонов гуфтем,зикри ин нуктаро зарур мешуморем, ки ғасбу истило ва ишғоли зӯрибазӯрии моликият ва дороиҳои давлатӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистонро маҳз ӯ оғоз кардааст. Чун дар он солҳо фарзандони худи Раҳмонов хурд буданд.”
Ҳасан Асадуллозода аввалин узви хонаводаи Раҳмонов аст ки яку якбора соҳиби пулу сарвати ҳангуфт шуд.
То вориди саҳна ва ҷойи по пайдо кардани Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон, наздиктарин нафари Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳисоб мерафт. Раҳмонов ӯро дар Биржаи молу ашё (пахта) раис таъин кард. Баъди як ё ду сол ширкати ҳолдингии «Исмоили Сомонӣ-Асри -21» нахустин ширкати бузурги тиҷоративу истеҳсолӣ таъсис дод, ки арсаи кишоварзӣ дар ҷануби кишвар, пахтаро таҳти контрол даровард. Ҳасан , ки дар Биржаи фурӯши пахта даромадҳои «кип»-и пахта ва ба «Ҷип» табдил шудани онҳоро ба чашми сар дид, корро ба таври дигар роҳ андохт. Аксарияти заводҳои пахтатозакунии навоҳии вилояти Хатлонро бо нархҳои ночиз ва хелеҳояшро тақрибан бепул ғасб кард. Кишоварзон, ба таври автоматӣ коргарони вай шуданд, чун харидори асосӣ заводҳои пахтаанд. Ҳамин тавр пахтаи вилояти Хатлон бо даҳҳо, садҳо ҳазор тонна дар дасти Ҳасан даромад ва метавон гуфт як ронандаи автобус ва заправкачии нодори то президентии язнааш, дар як турфатулъайн миллионер шуд.
Дар соли 2002 Ҳасан Асадуллозода бо пуштибонии Эмомалӣ Раҳмонов «Ориёнбонк»- ро бо зӯрӣ аз Ғаффор Идиев кашида гирифт. Ғаффор Идиевро барои онки муқовимат кард 2 сол шинониданд ва баъд аз онки тамоми саҳоми бонк ба номи Ҳасан ва одамони вай номнавис шуд, ӯро раҳо намуданд. Вай дар шимоли кишвар низ корхонаҳои нисбатан фаъолро аз соҳибонаш кашида гирифт. Барои мисол коргоҳи тавлиди орди он замон машҳури Қайроққум, чандин адад нуқтаҳои фурӯши маводди сухт, заводи маводҳои тарканда ва заводи спирти Исфараи Низомхон Ҷураев ва даҳҳо адад корхонаҳои дигарро бо истифода аз фишангу фишори ҳукумат ва язнааш “пешво” кашида гирифт.
“Аммо бузургтарин ғасб ва тасарруфи рейдерии Ҳасан ва Эмомалӣ Раҳмонов корхонаи тавлиди алюминий-Талко аст. Ин корхонаро бидуни пардохти як тин тасоҳуб карданд ва ҳоло низ давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аммо корхонае, ки то соли 2005 400.000 тонна тавлидот дошт, ҳоло то 40.000 тонна пойин рафт.”
Хулоса, Ҳасан ва Раҳмонов ин корхонаро комилан банкрот карданд ва аз 13.000 коргар ҳоло 1000 нафар ҳам инҷо кор намекунад. Ҳасан ва Раҳмонов миллиардҳо пули даромади ин корхона ва пахтаи мамлкатро то чанд сол ба ҷайби худ заданд вале ҳоло ин ду маҳсулоти даҳсолаҳо стратегии кишварро муфлис кардаанд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомонэйр» ширкати давлатии «Тоҷикэйр»-ро аз бозӣ ва бозор берун кард. Ҳавопаймоҳои «Боинг»-и ин ширкат бо пули саҳмияҳои аз мардум ва корхонаҳо дар соли 2010 барои Роғун ба иҷбор гирифташуда харидашудааст.
” Эмомалӣ Раҳмонов бузургтарин тарҳи иқтисодии давлат -нерӯгоҳи «Роғун»-ро ҳам ба Ҳасан Асадуллозода додааст ва ғорате, ки аз пулҳои ҷудошуда ба ин нерӯгоҳ сурат мегирад, ҳисобу китоб надорад. Миллионҳо –миллионҳо доллар!!”
Вале танҳо Ҳасан Асадуллозода нест, ки таҳти ҳимоят, сарпарастӣ ва ҳидоятҳои судманд ба манфиъати оилаи Эмомалӣ Раҳмонов, дузд ва яғмогари асосӣ ва №1-и Тоҷикистон молу мулки давлат ва халқро тасарруф карда ва бою сарватманд шуда бошанд.
Ҳамин ҳоло 6 домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва духтарону писаронаш аз Зоир Соҳибов сар карда то Рамз Сабуров он қадар сарвату пул доранд, ки шояд даҳ сола бюҷети Тоҷикистон баробари он набошад.
“Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроия Президенти Тоҷикистон дар соли 2010 роҳи Душанбе-Хуҷандро, ки бо 300миллион доллар қарзи Хитой сохта шуд, пулакӣ кард. Аз ҳисоби ин роҳ (IRS -nnovative Road Solutions)-бонкеро бо номи «Спитамен» ташкил дод. Ин бонк ҳоло дар тамоми навоҳии кишвар филиалҳои худро фаъол кардааст.”
“Спитамен Суғурта” -и яке дигар аз ширкатҳои Ҷамолиддин Нуралиев мошинҳои мардумро суғуртаи ҳатмӣ мекунад ва идораи Тоҷиксуғурта-муассисаи давлатӣ, аз як бахши асосии даромади худ маҳрум шуд.
Тайи се-чаҳор соли ахир низоми бонкии кишварро Раҳмонов ва домодҳояш таҳти назорати худ дароварданд.
«Ориёнбонк», «Спитаменбонк», «Коммерсбонк», «Бонки Осиё»(собиқ «Конт-бонк»-и Бобаки Занҷонӣ) «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Тавҳид-бонк», (собиқ-«Соҳибкорбонк») «Душанбе-сити», «Имон-интернешинал», «Эсхата-бонк» бонкҳоеанд, ки мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, Ҷамолиддин Нуралиев, Шамсулло Соҳибов, Ашраф Гулов, Рустами Эмомалӣ ва дигар аъзои оилаи онҳоанд. Масалан Муҳиддини писари Ҳасан Асадуллозода, Зарина Раҳмони духтари худи Эмомалӣ Раҳмонов ва низ дигар аз аъзои ин оила, ки дар бархе аз инбонкҳо, масалан «Эсхата» ва «Имон-интернешинал» саҳмияҳои асосиро дар даст доранд. Ва, ба хотири инки ин бонкҳо бозори молиявии кишварро соҳиб бишаванд, Ҷамолиддин Нуралиев,муовини аввали Бонки миллӣ чаҳор бонк: «Соҳибкорбонк»,»Тоҷпромбонк» ва бахусус ду бонки муваффақ ва сермуштарии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро аз байн бурданд.
Аммо тиҷоратҳои ҳангуфти домодҳои Раҳмонов бо инҳо ба охир намерасад.
Зоир Соҳибов то соли 2012 раиси Оҷонсии амволи махсус ва харидҳои давлатӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ҳоло дар ин мақом Зайнулло Соҳибов бародари Зоир таъин шудааст.
Зоир, шавҳари Фируза, духтари калонии Раҳмонов аст, ки аксарияти осоишгоҳҳои кишварро бо як пули ночиз хусусӣ кардааст: «Хоҷа оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Зумрат» моли хусусии Зоир астанд. Амборҳои осоишгоҳи «Зумрат» ҳамчун «хранилишии» маводди мухаддири Зоир истифода мешавад, ки тавассути марзи Қирғизистон ба Русия ва Аврупо бароварда мешавад. Зоир воридоти молу маҳсулот аз Хитойро зери контрол дорад ва ба маҳзи ҳамин тиҷорати миллиардҳо долларии марзи Хитой аст, ки Тоҷикистон узвият дар Евразесро напазируфта истодааст. Бузургтарин бозори вилояти Хатлон низ ба ин оила мутааллиқ аст: бозори “Ҳоҷӣ Шариф”. Дар мавриди тиҷоратҳои дигари Зоир дар Покистон ва як портеро дар Карочии Покистон идора мекунад. Инчунин дар мавриди мақомоти қудратии кишвар Прокурори генералии кишвар Юсуф Раҳмон нафари ӯст ва бо ҳимояти Зоир дар ин мақом барои давраи дуввум курсиро ҳифз намудааст.
Зарифбек Давлатов,шавҳари Таҳмина Раҳмонова (клеопатра) бозорҳои асосии Душанберо аз соҳибонаш базӯрӣ кашида гирифт. Зарифбек шавҳари дуюми Таҳмина аст.
“Бозорҳои “Балх”, “Фаровон”, “Садбарг”, Сафарсентр” ва “Аҷинабозор” ҳамагӣ аз они Зарифбек аст. Ширкати Агентии алоқаи ҳавоии Тоҷикистон, ки билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон ро мефурӯшад ҳамасола беш аз 50 миллион доллар даромад дорад. Зарифбек, ширкати бузурги тавлиди конфету шоколад ва печенеи «Амирӣ»-ро, ки аз соҳибкори дигар буд, тасарруф кард. Бо як қарори махсус ширкати «Амирӣ» ба муддати даҳ сол аз пардохти анвои андоз ва боҷу пардохтҳои гумрукӣ озод шуд. Дар бораи сети фурӯшгоҳҳои «Шоколатнитса» ва мағозаи «Ситора» дар маркази Душанбе, ки бо пули бюҷет сохта ва ба Таҳмина тақдим шуд, чизе намегӯем.”
Исми домоди дигари презиент Шамсулло Соҳибов, ки ӯ ҳам бародарзодаи Зоир Соҳибов аст. Шамсуло соҳиби “Фароз” ва “Тоҷирон” – ду ширкати пешгом дар бозори фурӯши маводи сӯхт – ва “Автосантал”, як ширкати раддаи аввал дар бозори мактабҳои ронандагии Тоҷикистон мебошад. Феълан дигар «Тоҷирон» амал намекунад ва «Фароз» ҳам гӯиё аз бозори маводди сӯхт рафт, чун аз Қирғизистон ва таври қочоқӣ ворид мекард, дигар натавонист.
Дар асл раҳбари Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қуввватов молики асосии «Фароз» ва «Тоҷирон» буд, ки Шамсулло ӯро дар Туркия тавассути қотилони зархарид кушт. Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшона Раҳмонова, духтари саввуми Эмомалӣ Раҳмонов аст ки дар МИД-муовини сардори Раёсат мебошад. Чанде қабл «Ислоҳ.» дар бораи кони оҳани “Шоҳқадамбулоқ” воеъ дар шимоли кишвар навишта буд,ки Раҳмонов онро махфиёна ҳуҷҷат карда ба Шамсулло вогузор кардааст. Гуфта мешавад захираи ин кон бештар аз 10.миллиард доллар даромад меоварад. Шамсулло имсол аз ҳисоби чопи «Тоҷикон» 7 миллион доллар даромади соф дошта аст. Ин китоб бо пули бюҷет ва дар чопхонаи Шамсулло чоп шу д ва Шамсуло арзиши онро даҳ баробар қиматгузорӣ кард. Шираи камол дар Тоҷикистон бо як дастури Раҳмонов ба инҳисори Шамсулло дароварда шудааст, ки солона 40 миллион доллар даромад доштааст. Барои Шамсулло дар тамоми навоҳии назди марзӣ то 10 гектар замин бо қарори махсуси Раҳмонов ҷудо карда шуд, ки дар он терминали гумрукӣ бунёд кунад. Шамсулло дар фурӯши литсензияи коркарди конҳои Тоҷикистон барои хориҷиҳо миёнаравӣ мекунад. Барои мисол ба яке аз ширкатҳо бар ивази наздики се миллион доллар ҳамин гуна литсензия гирифта додааст. Он замон расонаҳо навишта буданд,ки
“Як таҳқиқоти ташкилоти байналмилалии ҷиноят ва фасод (OCCRP) ошкор карда буд, ки Шамсулло Соҳибов аз як ширкати хориҷӣ 2.8 миллион доллар ришва гирифта муҷаввизи коркарди кони тиллои Покруд дар Ваҳдатро барояшон гирифта дода буд.”
Он замон расонаҳо навишта буданд, ки ширкати хориҷие, ки коргоҳро сохтааст – ширкати дар Англия қайдшуда бо моликони чинӣ – ба ширкати домоди президент Шамсулло Соҳибов “ҳаққи барор” пардохта буд. Ин пулро ширкати “Анбат-Сервис”, ки ба ширкати “Фароз” тааллуқ дорад, барои мусоидат ба гирифтани иҷозаномаи истихроҷи кони Покрут аз ширкати “Крайсо Ресурсес” ба даст овардааст. Бозори “Меҳргон”, “Вефа-сентр”-и Душанбе ва пойгоҳи лижа ва дамгирии “Сафеддара” дар Варзоб ҳам моли Шамсулло аст. 100% саҳмияҳои “Коммерсбонки Тоҷикистон”ба ширкати “Фароз” таалуқ дорад ва сармояи он 100 миллион доллар нишон дода шудааст. Инро низ бояд зикр намоем,ки Рухшона Раҳмонова ҳама ин тиҷоратҳои ба номи Шамсулло Соҳибови шавҳарашро назорат ва идораи ин ҳама тавассути ӯ сурат мегирад. Рухшона мушовирони хориҷӣ дар чандин самт ҳам дошта аст. Ҳамеша аз расонаӣ шудани худаш дар ҳарос будааст ва корҳои пинҳонӣ ва зери бурёиро бештар тарҷеҳ медодааст.
Ашраф Гулов, шавҳари Парвина Раҳмонова аст. Дар муддати чанд соли консули Тоҷикистон дар Русия буданаш тамоми аснодеро, ки қаблан сафорат медод ба ихтиёри худ гирифт ва даҳҳо миллион доллари муҳоҷиронро аз худ карда ба ватан бо маблағи ҳангуфт баргашт. Ашраф ва хонумаш дорухонаҳо ва бахши фарматсевтикаи Тоҷикисонро таҳти назорат доранд. Соли гузашта дар Хуҷанд як корхонаи истеҳсолиеро бо номи «Сифат-пласт» Эмомалӣ Раҳмонов ба истифода дод, ки аз они Ашраф ва Парвина мебошад. Парвина Раҳмонова дар вазорати тандурустӣ сардори Раёсат аст. Ашраф Гулов чанд рӯзи пеш сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шуд. Вай писари Шералӣ Гул, собиқ вазири саноат ва энергетика мебошад.
“Ашраф Гулов, соҳиби “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” аст. Ин бонкро бародари Ашраф Ҷамшед роҳбарӣ мекунад. Ин корхона лӯлаҳои хатти обгузар тавлид мекунад. Парда аз рӯи лавҳаи он бардошт Ҳоло дигар қайчӣ ва лентабурӣ нест. Солона 30 000 метр тавлидот доштааст, ки лӯлаҳои он ҳам барои оби сард ва ҳам барои оби гарм пешбинӣ шудааст. Ашраф Гулов як замон раҳбарии бахши аудити дохилии Кумитаи андоз ва сипас Раёсати кадрҳо дар вазорати хориҷаро бар уҳда дошт. Анвои ғизоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро ҳам ширкати мутааллиқ ба Ашраф таъмин мекунад, ки дар бораи сифати онҳо ҳарфи хуше гуфта наметавонем.”
Рамз Зуҳуров, писари Бег Сабурович Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Рамзи боксёр шавҳари Зарина Раҳмон мебошад. Зарина Раҳмон, духтари 6умиЭмомалӣ Раҳмонов ва ҳоло муовини аввали раиси «Ориёнбонк» аст. Тибқи баъзе аз маълумотҳо феълан Зарина амалан раиси ин бонк аст ва Ҳасан Асадуллозодаи тағояш ба ном раис мебошад,ки ҷузъиёташро дар боло зикр намудем.
Зарина низ мисли хоҳарони калониаш «дӯстон»-и зиёд дорад ва Рамз як вақт хостааст, ки аз вай ҷудо шавад. Рамз аз алоқаҳои маҳрамонаи Зарина бо яке аз ҳамсинфонаш бохабар шуда ва боре ҳатто ӯро дастгир кардааст. Вақте доири ин масъала дар хонаи Раҳмонов моҷаро бархост як матлаби муфассал зидди Бег Сабур дар яке аз нашрияҳо чоп шуд. Он матлаб аз кадом ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ буд. Раҳмонов Бег Сабурро он қадар «ҷуқид», ки кам монда буд паси панҷара равад ва тамоман ҷазир шавад. Ширкати хонасозии Бег Сабур бо номи «Комил-2010» -ро бастанд. Кораш ба прокуратура ғалтид. Аммо Рамз аз «раъй»-аш гашту боз Заринаро зан кард ва Раҳмонов ҳам фармони «волна» содир кард.
Соҳаи алоқа ва ширкатҳои интернетиву мобилии Тоҷикистон дар зер назорати Рамз аст. Тиҷорати симкортҳо дар Тоҷикистонро Рамз дар ихтиёр дорад. Кони Назарайлоқи Қаротегин низ ба онҳо супорида шудааст. Гуфта мешавад Раҳмонов ба Зарина, вақтҳое бо бачаи Муродалӣ Алимардон мегашт як яхта туҳфа карда буд, ки ҳоло онро Рамз истифода мекардааст.
Чанд соли пеш ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур дод, ки бе иҷозаи ин ниҳод ҳеч кас ва ё идорае ҳақ надорад ба касе аз тариқи Wi-Fi интернет бидиҳад.
Баъд аз ин дар Душанбе дастгоҳҳои тақсимкунандаи интернете пайдо шуданд, ки ба ширкати “Ошно групп” тааллуқ доранд ва хадамоти онҳо пулакӣ аст. Дар Кумитаи андози Тоҷикистон номи муассиси ҶДММ “Ошно групп” Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур (Зуҳуров), раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, бародари Рамз зикр шудааст. Инро низ бояд зикр намоем,ки тибқи маълумоти охир аз хонаводаи Раҳмонов. Пас аз ҷашни 30 солагии Истиқлолият ҳама хадамоти алоқа ба Сомони писари Раҳмонов вогузор карда мешудааст. Бароямон муяссар нагашт,ки фаҳмем худи раёсати хадамоти алоқаро дар назар доранд ва ё он ҳама даромадҳое аз ин ниҳод ворид мешударо аз Заррина гирифта ба Сомон дода мешавад. Муҳим ин суҳбатҳо аз ин хонадон ба “Ислоҳ” расидааст. Мунтазири таҳаққуқи ин масала хоҳем шуд.
Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ». Ончи инҷо зикр шуд қатрае аз баҳр аст. Раҳмонов ва оилаи вай тӯли ин солҳо корҳои зишту бади зиёдеро анҷом додаанд. Онҳо ба хотири молу сарвати бегонаҳоро соҳиб шудан тиҷораташонро гирифтан чандин нафарро куштанд ва ба зиндон андохтанд. Маъруф Орифов, Зайд Сайидов, Раҷабалӣ Одинаев-Умед-88, Низомхон Ҷӯраев, Муродалӣ Алимардон ,Тоҷиддин Пирзода ва даҳҳо нафари дигар, ки тиҷорату корхонаҳои бо хуни дил бино кардаашонро Раҳмонов ва домодҳову духтарҳояш ғасб карданд.
Ин аст сиёсати Эмомалӣ Раҳмонов дар тули ин сӣ соли истиқлолият, сиёсати ғасбу ғорат ва дуздии моли мардум ва давлат…
Поёни бахши севвум, бо “Ислоҳ” бошед,то дигар паҳлуҳои “Си соли истиқлол бо як диктатор” ро хубтар таҳлил кунему шумо аз он хубтар огоҳтар гардед.