Синфи 7-8 будам, ки дар кутуби исломӣ номи Устодро мехондаму кудом ъолими гузашта мепиндоштам. Баъдҳо фаҳмидам, ки Устод ҳамъасри мананд. Вақте аз ъолами интернет бохабар шудам намедонам дар сафи дустҳом кай пайвастамашон. Замоне хостам аз наздик бибинаму китоберо аз Устод бигирам навиштамашон аммо гуфтанд дар хориҷаам. Устоди ғоибонаи мананду муфтахарам, ки дар Фейсбук аз навиштаҳошон баҳра мегираму гоҳи зарурат посухи суоламро меҷуям. Орзу дорам дидори ишон бирасам…!
Ва аммо иируз милоди ин бузургвор аст…
Милод муборак бод Устоди гиромиву гаронмоя. ХУДОВАНД дар ҳар гому ҳар нафас ҳофизатон боду танатон бедард ва дилатон шод. Зиндагии саъду ъумри тулонӣ дошта бошед. Дар роҳи даъвату ҳидоят гомҳоятон устувор бод. Барои АЛЛОҲ (ҷ) дустатон дорам…!