Соҳибкорони ватандуст ё говҳои душоӣ?

Ислоҳ нет

Муроҷиатномаи соҳибкорон аз вилояти Хатлон ба «Ислоҳ.нет»

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Қабл аз онки ин муроҷиатамонро ба шумо бинависем бисёр фикр кардем, ки фиристем ё нафиристем. Чунки медонем аз пайи таъқибу кофтукоби муаллифони он мешаванд ва вазъияти бе ин ҳам риққатбори моро бадтар мекунанд. Аммо, таваккул ба Худо кардем ва аз шумо ҳам, ки акнун медонед, ки мо киҳо ҳастем, хоҳишамон ин аст ки дар ягон ҳолат моро ифшо ва ошкор намекунед.

 Мо, як гурӯҳ соҳибкорон аз вилояти Хатлон дар дохил ва хориҷи ватан аз талбидан, тамаъ, таваққуъ ва ҳирс аз як тараф ва аз тарафи дигар аз фишору таҳдидҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ рости гап ҷонбалаб шудаем. Ин соҳибкорӣ нашуд, балои сарамон шуд. То имруз тоқат кардем, тоб овардем, аммо ҳама чиз ҳадду ҳудуд ва сарҳад дорад. Вақте мудом, беист зери фишор қарор мегирӣ,  сармояат аз дастат ба зур кашида гирифта мешавад, хатари ҳабсу зиндон болои сарат овезон аст, роҳу равиштаро гум мекунӣ. Аз кору зиндагӣ дилсард мешавӣ, тамоми нақшаву орзуҳоят муаллақ мешавад, дасту дилат ба кор пеш намеравад.

Рости гап, ончи ки моро ба навиштан ва ирсоли ин нома водор кард, як мақолаи нашршуда дар МИТ «Ховар» буд, ки рӯзи 25 апрел дар сайти ин хабаргузорӣ ба табъ расид. Барои онки сухан ба дарозо накашад, ин мақоларо айнан инҷо меоварем:

«СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ. Бо ташаббуси онҳо дар Хатлон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ идома дорад

 ДУШАНБЕ, 25.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат вазифадор шудаанд, ки зимни пешбурди корҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, корҳои сохтмони ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд. Дар ин робита  имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 16 муассисаи томактабии давлатӣ ва хусусӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 1 адад, Ҳамадонӣ 1 адад, Қубодиён 2 адад, Данғара 3 адад, Темурмалик 4 адад, дар умум 11 муассисаи томактабии давлатӣ идома дорад. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус, Данғара, Темурмалик ва Муъминобод 1-ададӣ муассисаҳои хусусии томактабӣ сохта мешаванд.

Тавре мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иловагӣ ва интернатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Фаррух Ҳотамзода иброз намуд, омӯзиши барвақтии кӯдакон ба гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир хуб мешуд волидон бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, завқи хонданро дар дили онҳо бедор намоянд.

Бунёди ин муассисаҳо дар доираи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», ки ҳадаф аз татбиқи он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад, ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ин Барнома, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

Ба андешаи Фаррух Ҳотамзода, дар сохтмони иншооти соҳаи маориф соҳибкорони вилоят ташаббуси ватанпарварона нишон дода, дар бунёди муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо саҳми босазо мегузоранд.

Ин муассисаҳо низ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, давоми сол ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, муассисаи томактабии хусусии шаҳри Бохтар, ки дар маҳаллаи Зархез аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Назриев барои 4 гурӯҳ сохта мешавад, 100 нафар тарбиятгирандаро фаро мегирад.

Инчунин сохтмони муассисаи томактабии хусусии ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкор Ҷумабек Исоев дар деҳаи Айруботи Ҷамоати деҳоти Айрубот барои 6 гурӯҳ ва 200 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.

Дар ҷамоати Танобчии деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкорон Хусрав Каримзода ва Искандар Каримзода муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода мешавад.

Аз ҷониби соҳибкор Муҳаммаднодир Каримов дар ҷамоати шаҳраки Чорсуи ноҳияи Муъминобод муассисаи томактабии хусусӣ барои 300 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкоиӣ ватанӣ муассисаи томактабии хусусӣ барои 200 тарбиятгиранда ба истифода дода мешавад.

Дар айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон дар умум 177 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 18 ададаш муассисаҳои томактабии хусусӣ мебошанд. «Фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар вилояти Хатлон 24,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муассисаҳо дар умум 905 гурӯҳ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 21 ҳазору 319 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд», -иброз дошт Фаррух Ҳотамзода.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон 1268 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 4077 гурӯҳ фаъолият дошта, дар онҳо 84 ҳазору 144 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар маҷмуъ 105 ҳазору 463 нафар кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд».

Диққат диҳед!

Хуб, навиштаро мутолиа фармудед ва гуё ҳама чиз хуб аст ва чизе ғайриодӣ инҷо вуҷуд надорад. Аммо инҷо ҳеҷ чиз хуб нест ва ҳамааш одӣ нест, ғайриодӣ ва дуруғ аст. Ғайриодӣ ин аст ки чаро мо «соҳибкорони ватандуст» бояд кудакистон ё садику синфхонаву мактабу роҳу дигару дигар бисозем? Чаро? Ва, инҷо воқеияти асосӣ гуфта намешавад, пинҳон дошта мешавад. Ин «соҳибкорони ватандуст» на бо хоҳишу майлу иродаи худ ин муассисаҳоро месозад. Онҳоро заставит мекунанд, метарсонанд, маҷбур месозанд, ки бисозанд: «чи ту ба сиёсати созандаю ободкоронаи Ҷаноби олӣ мухолифӣ»?  ва бо ин савол ҳама чиз ҳал мешавад. Вале агар радд кардӣ, тамом, бо ҳазоруяк ҳиллаву дуруғу туҳмат на инки аз кору борат маҳрум, аз молу дороӣ ва аз кору бор ва ҳатто аз зиндагии одиат ҳам бояд даст бикашӣ ва алвидоъу падруд гуед.

Соҳибкорони ватандӯст дар манотиқу музофот кадом корхона, кадом бизнеси калон надоранд. Даромаду фоидаи онҳо ба худу хонаводаашон басанда аст ва агар як сомонӣ зиёдтар кор карданд, боз барои худашон аст на барои сохтмони садик ва ё мактаб, ки кори онҳо нест. Магар соҳибкор муаззаф аст ки барои мисол 40 километр роҳи давлатиро мумфарш ва навсозӣ кунад?

Барои ҳамин ин гапи «соҳибкорони ватандуст ва ё соҳибкорони бонангу номус» як дуруғи маҳз аст. Соҳибкор дар фаҳмиши инҳо яъне чӣ? Нафаре, ки масалан ду Дулан дорад ё ду мағоза дорад ва ё дар бозори ноҳия чанд нуқтаи фурӯш ва ҳатто як нуқтаи фурӯш дорад ва аз ҳамин қабил. Ҳатто дар шумори он соҳибкорони ватандӯст гуштфурӯшу дорухоначӣ ва ё сартарош ҳам ҳастанд.

Бахшида ба фалон сана, бахшида ба фалон ид, ба хотири сафари Ҷаноби олӣ ба ноҳия, яъне далелу баҳонаҳое ҳаст, ки бо сабаби онҳо аз мо ҳатман пул меситонанд.

Бадтарин корашон боз ин аст ки бар фарзе барои ман сохтмони як боғча-садик, муассисаи томактабиро тобон карданд, яъне сохтмонашро бор карданд, аммо як майда аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ гузашт сурат намегирад. Ман бояд барои замини он иҷозатнома аз чандин муассиса ҳатман бо пул бигирам, сохти бинои онро бо лоиҳакаши ноҳия омода кунам, ки инҷо ҳам пул аст ва боз барои ин ҳама сохтмон андоз супорам. Боз фикр накунед,ки заминро бо ҳуҷҷатҳо ва лоиҳааш омода карда медиҳанду мегуянд бисоз. На ҳаргиз чунин нест. Шакле гурзитат мекунанд,ки гуё он муассисаи давлатие месози моли шахсии ту аст, то сохтану ба истифода додани он. Дар охир лентаи онро мебуранду бо ташаббус ва ҳидоёти Пешвои миллат ин кор сурат гирифт. Охир, ин соҳибкори ватанӣ чи гуноҳ кардааст? Гуноҳаш ин аст ки як каме пулдор шудааст? Ҳамин?

Дар кишварҳои дигар, ҳатто ҳамин Қирғизистону Узбекистони ҳамсоя як соҳибкор агар барои давлат ягон коре кард, масалан садик сохт ҳатман давлат аз ҳисоби андоз-налог  ва ё гумрук ба вай гузашт мекунад. Аммо дар мо тамоман баракс. Ҳам андозҳоро саривақт месупорем ва ҳам ҳатто ба ҳамин садик, ки болои мо сохти онро маҷбурӣ бор кардаанд, тамоми аснодро аз ниҳодҳои ҳокимияти маҳаллӣ бар ивази пул ва боз ҳатман пора мехарем. Ин гуна муомила ва муносибат дар ҳеҷ гушаи дунё вуҷуд надорад.

Даҳҳо соҳибкорони кишварамонро медонем, ки тоб наоварданд ва тарки кору фаъолият ва ҳатто ватан карданд.

  Як дом мебардорӣ ва ё як мағоза месозӣ ва ё як ресторан ва ё як мошин пиёз ё тарбуз бор мекунӣ, ё як мошин орд ё ҷав ё сабус меоварӣ, ки ду танга пайдо кунам, ҳатман бояд барои ҳукумат садик созӣ ё пул партоӣ. Ин чизҳо як бор будагист, ду бор будагист, як сол будагист, ду сол будагист наход то рӯзи мурдан давом ёбад. Барои ёфтани пул мо ҷон меканем. Ҳолу аҳволи «домсоз»-ҳоро напурсед, ки як тини даромадашон се тин баромад дорад ва ба ҷуз аз домсозҳое назири Бек Сабур ва дигар наздикони Ҷаноб аксарият аз бонкҳо қарздоранд ва ҳатто баъзеи онҳо ба маҳзи ҳамин қарзҳо зиндонӣ шудаанд.

Мо ба як гови душоӣ табдил шудаем. Говҳоро, ку соҳибонашон алафу хошоку обу емашонро таъмин мекунанд, мо говҳоем, ки ин ҳамаро бояд худамон пайдо кунем ва боз сол аз дувоздаҳ моҳ ширу қаймоқ диҳем.

Мо, тамоми уҳдадориҳои назди мо гузошта, масалан налогамонро, пули сарфи қувваи барқамонро сари вақт месупорем, ҳиҷ гуна имтиёз надорем ва намегирем. Аммо, онкчики аз мо тала ва тамаъ мекунанд, аз зуру мадорамон зиёд аст. Ҳукумат ин тарафи масъаларо аслан ба инобат намегирад.

Мо бонкир нестем. Тамоми домодҳои Ҷаноб бонк доранд, тиҷоратҳои асосӣ ва пурдаромад дар дасти онҳо аст, чаро онҳо садик намесозанд, чаро онҳо мактаб намесозанд? Барои мани соҳибкор магар фарз аст ки ним гектар, як гектар, ду гектар заминро тахту ҳамвору ружду сафолакпуш кунаму чандин ҷойи нишаст созаму Нишон ва Парчам барафрозам? Магар сохтмони бинои шуъбаи ҲХДТ ва ҳамин Нишону Парчам бо мои соҳибкорон чи суд меоварад? Мо садикро месозем ва лентаи онро Ҷаноб мебурад ва он моли ҳокмияти ноҳия мешавад. Чаро?

Қарзҳое, ки барои соҳибкорон дода мешавад, қарзҳои тиҷоратӣ бисёр ставкаи баланд доранд, протсенти онро пушонидан ғайриимкон аст. Протсенти қарз баланд, налог баланд, пули қувваи барқ барои соҳибкорони ватандӯст ва коргоҳҳои онҳо, масалан ҳамин мағоза ва ё чойхона баланди баланд аст. Вале агар ин пулҳоро, Худое нахоста як каме бо таъхир биспорӣ, онҷо намегуянд, ки ту садик бо тамоми ҷиҳозу шароит, ҳатто то коғази туалеташ аз ҳисоби худат харидиву сохтӣ, давлат ба назар гирифт ва гузашт кард, на ин тавр нест, ҳатман баҳра ва ҷаримаашро месупорӣ.

 Ростӣ ин тарзи кор бисёр ҳам аламовар, ҳам дардовар ва ҳам миёншикан аст.

Мо барои ватанамон, мардумамон месозем, аммо кори ҳукумат ва кори давлатро бори сари мо кардан аз руи инсоф нест. Бори дигар мегуем, ки ҳиҷ кас, ҳиҷ тоҷиру соҳибкор ин корҳоро бо майлу хоҳиши худ намекунад. Ин дуруғ аст ки соҳибкорони бонангу номус садик месозанд ва ин дуруғ аст ки мо довталабона дархости сохти «муассисаи томактабӣ» карда бошем.

 Бовар кунед, ки ин ҳолату ин вазъият на фақат дар навоҳии вилояти Хатлон дар вилояти Суғд, дар навоҳии тобеи марказ ҳам ҷорӣ аст.

Мо вазифадор нестем ки садик созем вазифадор нестем ки мактаб созем. Магар як сартарош соҳибкор аст? Магар як гуштфурӯш соҳибкор аст?

Мо ҷузъи ин мардумем Як точкаи фурӯши бензин дорӣ, тамом, чипи Шамсулло задагӣ ва сари литри солярка, бензин, газ дар ҷои шиштааш пул мегирад. Чаро Шамсулло Соҳибов соҳиби ширкати «Фароз» садику мактаб ва роҳ намесозад. Аммо Ҷамолиддин Нуралиев, домоди дигари Раҳмонов роҳи бо қарзи давлатӣ сохтаро пулакӣ карда пули онро бо ҳисобҳои хориҷиаш мунтақил мекунад ва ин пулро ҳазорҳо ҳазор «соҳибкори ватандуст», ки точкаи сартарошӣ ва гуштфурушӣ дораду садик месозад, дар хоби шабаш ҳам дида наметавонад.

 Мо дар ҳақиқат дар ҳайрат ҳастем, ки ин ҳам пули андозу молиёту пулҳои аз даромади гумрукро, пули конҳои тиллову нуқраву ангишту дигару дигарашро Ҷаноб ба куҷо масраф мекунад?

 Мактаб пулакӣ, бемористон пулакӣ, садик пулакӣ, тамоми аснод аз идороти давлатӣ, аз шаҳодатномаи ронандагӣ сар карда то шаҳодатномаи таваллуд пулакӣ, хуллас ҳама чизро мардуми бечора бо пул дарёфт мекунад, аммо ҳукумат гуё пул надорад, ки сохтмони мактабу роҳу садикро бори мо мекунад. Трансформатор корношоям шавад, худи мардум пул мепартояд. Миннат шавад ҳам мегуем, ки агар сафари Ҷаноб ба ноҳияҳои мо сурат бигирад, инҷо ҳам тамоми масорифу махориҷи онро ба соҳибкорони ватандӯст: сртарошҳо, гуштфурӯшҳо, магазинчиҳо, музадузҳо, дузандаҳо, яхмосфурушҳо саршикан, яъне бор мекунанд.

  Ҳоло манобеи ҷамъоварии молиёт дар кишвар яка ба ҳазор зиёд шудааст. Ман мисолҳои мушаххас меорам.                         

Дар деҳаи мо як магазин буд. Ҳоло шукри худо 8 магазин. Дар деҳаи мо умуман аптека набуд, ҳоло чор аптека. Дар деҳаи мо умуман таксии байни деҳу шаҳр набуд, Лазу паз мегашт, ҳоло чандин таксӣ, дукони гушт набуд, як кас мекушт овоза зуд паҳн мешуд ҳама мерафту мехарид. Ҳозир чор нуқтаи фурӯши гушт. Дар деҳаи мо нуқтаи фурӯши маводди сухт набуд, ҳоло ду адад ҳаст.

Дар деҳаи мо умуман банк набуд, аммо ҳоло Ориёнбонки Ҳасан, Спитаменбонки Ҷамолиддин Душанбе-ситии Рустам, Сбербонку Арванд амал мекунанд. Дар деҳаи мо бозор набуд ҳоло бозори мол ҷудо бозори хуровориу либос ҷудо амал мекунанд. Пахтазанак набуд, дуто пахтазанак кор мекунад. Дар дасти ҳар як одам як телефон, дар дасти баъзеяш дуто, се то аст, то сидарсади аҳолӣ мошини хусусӣ ва даҳҳо нафар мошини боркаш доранд. Экскаватору камазҳои зиёд.

Ҳамаи инҳо андоз месупоранд, андозсупорандаанд ва андози кам ҳам не. Ин пулҳо куҷо меравад, вақте мактабро, вақте садикро соҳибкорони ватандӯст ва бонангу номус месозанд?.

  Аммо бар ивази ин ҳама манбаъҳои андоз, ки давлат меситонад ба мардум ва соҳибкорони ватандӯст ҳукумат ва Ҷаноби олӣ чи медиҳад?

 Мо, рости гап сахт дар ташвишем, ки ин ҳама вазъият то ба кай идома мекунад ва агар ин тавр давом биёбад ҳоли мо ва ҳоли мардум чи хоҳад шуд?

Мо, ҳиҷ таваққуъ аз ин ҳукумат надорем, ҳиҷ сабукӣ намехоҳем, моро ба ҳолу кори худамон бигзоранд, бас аст.

Хоҳишамон ин аст ки ин корҳоро бас кунанд ва моро соҳибкори ватандӯст ва бонангу номус нагуянд ҳам ҳиҷ боке нест. На бо нангу номусамон гуянд ва на моро зулм кунанду барра кунанд. Гузоранд мисли як шаҳрванд кори худамонро карда зиндагонӣ намоем. Охир ин рӯзи сиёҳ аст бар сари мо ?

Бо эҳтиром гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Хатлон

Share This Article