Абдуҷаббор Раҳмонзода чи гӯна академик шуд ва ӯ кист ?

(бахши аввал)

досияи сиёҳи ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дар гузашта, раиси Кумитаи телевизион ва радио ва вазири маорифи Тоҷикистон

Абдуҷаббор Раҳмонзода, дар ҳаёташ ба мартабаи академикӣ намерасид, ба мартабаи академикӣ, ки чи, ҳатто аъзои корреспонденти Академи илмҳои Тоҷикистон ҳам намешуд. Афзун бар ин, дар шумори даҳҳо нафар аз аъзои созмони мардумии “Растохез”, ки бо расидани қадами Фронти халқӣ ва намояндаи он Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе куштаву зиндонӣ ва фирорӣ шуданд, ҳадди ақал маҳкум ба зиндон мешуд. Чи расад ба онки раиси Донишгоҳ, раиси Кумитаи телевизион ва радио ва вазири маориф ва ҳоло ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа. Зеро ӯ аз аъзои раёсати созмони мардумии “Растохез” буд ва баъди қудратнишинии Эмомалӣ Раҳмон ин созмон низ дар шумори дигар аз аҳзоб ва ҳаракатҳои милливу мардумии озодихоҳ дар соли 1993 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид. Ҳикматулло Насриддинов, яке аз шахсиятҳои сиёсии солҳои навад дар китобаш бо номи “Таркиш” навиштааст, ки вақте Сангак Сафаров,раиси Фронти халқӣ Душанберо ишғол ва ғасб кард, эълон кард,ки ҳамаи шоиру олиму донишманду журналистони он вилоят таҳти ҳимояти ҳукумати наванд ва онҳо бояд ба кор ҷалб карда шаванд. Бар пояи ҳамин дастури Сангак афроде аз вилоят, ки дар биму ваҳшат қарор доштанд, таҳти ҳимоят қарор гирифтанд ва ҷомаро чаппа пӯшида бар муқобили ҳамсангару ҳамақида ва ҳамандешони худ мавқеъ гирифтанд ва ҳамзамон дар хидмати ҳукумати нав пардохтанд.

Ва ҳамин Абдуҷаббор Раҳмонзода, як устоди одии факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ ҳам яке аз чунинҳо мебошад. Мушаххас буд, ки ин иддаи ҷалбшуда дар кори давлат тарошаи аз бом афтода буданд. Дар ёди хелеҳо корномаҳои булаҷаб ва музҳики Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вазифа масъулиятҳои гуногуни давлатӣ боқӣ мондааст. Яке аз онҳо ин буд, ки вақте ӯ раиси Кумитаи радио ва телевизион шуд аз хабарнигорони ин идораҳо, ки бархеашон собиқаи 25 – 30 солӣ доштанд, гӯиё онҳо талбаи мактаб ва донишҷӯи донишгоҳ бошанд нақли хаттӣ ва иншо гирифт. Ва ё инки вақте вазири маориф буд барои донишҷӯдухтарон андозаи “каблук”-пошнаи пойафзоли онҳоро муқаррар кард ва беш аз дар як мактаб дохил шуда толибаеро барои ширкат дар дарс бо рӯмол ”падарлаънат” гуфт.

Вале, дар тӯли ин солҳо,ки Абдуҷаббор Раҳмонзода дигар ба яке аз мӯҳраҳои ҳукумати тӯлонии “омадаҳо” мубаддал шуд, ӯ низ бо истифода аз мақому ҷоҳ ба овардани бастагони худ ба ҳукумат сар кард. Дуруст аст ки баъди ошкор шудани дуздиҳои зиёди ӯ дар вазорати маориф, ӯро ба Пединститут бадарға карданд. Аммо як каме дертар бо подармиёнии Амиршо Миралиев ва Абдуҷаббори Азиз, аз мушовирони собиқи Раҳмон ӯро дубора ба Дастгоҳи иҷроия оварданд ва ёрдамчии раиси ҷумҳурӣ таъин шуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки дузд дуздро дар шаби маҳтоб мешиносад. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки баъди мудохила ба пойи толибаҳои донишгоҳ лақаби каблук ба номаш изофа шуд, муваффақ шуд, ки бародараш Абдуғаффорро дар ҳукумат оварда ноиби вазири рушди иқтисод ва савдо монад. Дере нагузашта ин бародари бо фармони президент раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуд. Дигар Раҳмоновҳо намояндагони Кӯлоб дар ҳукумат ва намояндаи Эмомалӣ Раҳмонов дар Кӯлоб шуданд.

Имрӯзҳо аз дуздиву ғорати Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кӯлоб мегӯянду менависанд. Қобили тазаккур аст, ки Иноятзода бо амалҳои коррупсионии худ ҳанӯз аз давраи раиси шаҳри Истаравшан буданаш шӯҳратёр гардида буд. Мардуми заҳматкаш ва соҳибкорони ин шаҳри бостонӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтани ӯро чун алтоф ва наҷоти худовандӣ пазируфтанд ва аз ин марҳамати Офаридгор сипосгузоранд.

Фаъолияти ин шаҳрдор дар Кӯлоб аз тикаю пора кардани бинои худи ҳукумати шаҳр шурӯъ шуд. Аллакай ҳама медонад, ки ҷойи асосии дуздии ҳамаи роҳбарони « ободкор » ин кандану вайрон ва баъд таъмир кардан аст. Бо баҳонаи омода кардани шаҳр ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ тамоми кӯчаю паскӯчаҳои шаҳрро « тибқи генплан ба тартиб даровард ». Соҳиби ҳар як иншоот бояд доляи талабкардаашро диҳад, вагарна иншоот ба « генплан мувофиқ нест » гуфта, бераҳмона онро ба хок яксон мекард. Дар бораи амалҳои коррупсионии Баҳром Иноятзода ва бадахлоқиҳои ӯ иттилои зиёд дар даст дорем, вале онро ба вақти дигар мегузорем. Инҷо аз Раҳмонзодаҳо хоҳем гуфт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо бо тафтиши фаъолияти Иноятзода иктифо мекунанд ва ё инки барои ҳақро ба ҳақдор расонидан давраи раиси қаблӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода(бо лақаби Абдуғаффори гӯсфанд) ҳам таҳқиқ бозрасӣ мекунанд ё не ?

Мувофиқи маълумотҳое, ки ба мо расидааст, то ҳол дар шаҳри Кӯлоб 71 объекти баҳсталаб вуҷуд дорад, ки сохтмони як қисми он аз сабаби ғайриқонунӣ буданашон нотамом ва қисми дигараш ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Абдуғаффор онҳоро ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон фурӯхта, худаш рафта нармакак ба курсии вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи дахолатнопазирӣ нишаст ва айни ҳол ба курсии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя задааст. Воқеан, ин таҷрибаи санҷидашудаи мансабдорон ва хусусан, раисони ноҳияҳо мебошад, ки барои аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва вобаста ба фурӯши замин содиркардаашон раҳо ёфтан, худро ба парламент мезананд.
Ӯро дар шаҳри Кӯлоб бо тахаллуси « раиси заминфурӯш » ёдовар мешаванд, чунки дар тӯли фаъолияти корияш ба ғайр аз фурӯши замин дигар амалеро ба сомон нарасонидааст.
Бародари вазираш низ соҳаи маорифро дар ҳоли фалокатбор овард ва бо лақаби Авҷабори « каблук » маъруф шуд, зеро ба ғайр аз каблук, риш, сатру галстук дигар чизеро суроғ намекард. Дар фаҳмиши Авҷабори « каблук » таҳқири сатрпӯшу ришдорҳо қаҳрамонӣ аст ва дар давраи вазир будан ва мансаби имрӯзааш низ аз чунин « қаҳрамонӣ » рӯ намегардонад.

Як назар ба шаҳри Кӯлоб кофист, ки хулосаи худро бароред : садҳо замин барои хонаҳои истиқоматӣ ё иншоотҳои ғайриқонунӣ тақсимшуда дар гирду атрофи шаҳр. Имрӯз дар байни микрорайонҳои шаҳр, тангкӯчаю паскӯчаҳои он ягон ваҷаб замини холӣ намондааст. Ҳамаи инҳо қарор оид ба ҷудо намудани қитъаҳои заминро дар вақти раёсати Раҳмонзода Абдуғаффор дар шаҳри Кӯлоб ба даст овардаанд, аммо дар генплани шаҳри Кӯлоб нестанд ва аксарияти қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонзода ғайриқонунӣ мебошанд. Нафароне, ки дар давраи раисии ӯ сохтмонро ба анҷом расонда, ҳуҷҷатҳоро ба расмият дароварда буданд, бурд карданд, вале ба арзу доди 71 нафари боқимонда на КДАМ, на Прокуратураи генералӣ ва на ягон мақомоти дигар расидагӣ накард. Шаҳри зебои Кӯлобро намои пешинаашро аз даст дод. Мардуми Кӯлоб мугтазиранд, ки як рӯзе мерасад, ки Абдуғаффорро ҳам дар канори Иноятзода идораҳои танобкаш суроғ мекунанд. Вале, ҳоло ӯ дар симои бародараш Абдуҷаббор, мушовири Президент такягоҳи қавӣ дорад. Шояд мардуми тоҷик фикр кунанд, ки фақат суғдиҳо Қофлонбой (Раҷаббой Аҳмадзода) доранд. Кӯлоб Қофлонбойи худашро дорад, ки ба Қофлонбойи Суғд шаклан хеле монандӣ ҳам дорад ва дар ғоратгарӣ ва макру ҳиял низ аз ӯ ягон камӣ надорад. Кӯлобро бо чашми кам набинед. Қофлонбойи кӯлобиҳо сулолаи Раҳмоновҳо – бачаҳои Азизи осиёббон ‑Абдулло, Авҷабори каблук, Раҳматулло, Абдуғаффори гӯсфанд ва Абдуманони алкаш мебошанд. Ин оила чанд сол боз бо роҳбарии Авҷабор Раҳмонзода (ё худ вазири каблук) ба талаву тороҷи Кӯлоб машғуланд.

Бобои Азиз бошад, осиёббони деҳа буд ва аз рӯи гуфтаҳои шоҳидон ӯ ғайр аз музди муқаррарӣ боз аз сари халтаҳои орди мардум низ кам-кам медуздидааст, ки мардуми Лӯликутал ин корҳояшро « бо некӣ » имрӯз ҳам ёдовар мешаванд. Дуздии фарзандонаш меросӣ будааст ва ин ҳунар, бешубҳа дар болоравии писаронаш, хусусан Авҷабори каблук нақши асосӣ бозид.

Аз рӯйи маълумоти ба мо расида ибтидои карера кардани ин бародарон аз дуздии маблағҳои ҷашни 50-солагии Донишгоҳи миллӣ аз сейфи ректори ҳамонвақта аз ҷониби Авҷабор Раҳмонов шурӯъ мешавад. Маблағ тақрибан 200 ҳазор доллар будааст. Баъд Авҷабор аз ҳисоби ҳамин маблағ диссертатсияи докторӣ харида онро ҳимоя мекунад ва доктори илм мешавад.
Бо ҳамин роҳ зина ба зина вазифа болои вазифа сабзидан гирифт то ба вазифаи вазири маориф ва ёрдамчии Президент. Маорифро он қадар ғорат кард, фурӯхт ва ба хок яксон кард, ки аз хок бардоштани он корест хеле мушкил. Имрӯзҳо мо шоҳиди он гаштем, ки Ӯзбекистон 8 мактаби олии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо аз сабаби паст будани сифати таълим ба рӯйхати сиёҳ ворид ва таҳсили донишҷӯёнашро дар ин донишгоҳҳои Тоҷикистон манъ кард. Ана инро мегӯянд шеваи роҳбарию вазирии Абҷабори каблук. Шармандагии маориф аз ин зиёд намешавад.

Ҳозир кордаш болои равған. Вобаста ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ӯ сарпараст (куратор)-и шаҳри Кӯлоб таъйин шудааст ва бо баҳонаи назорат аз болои объектҳои ҷашнӣ фавран бо писаронаш фирмаҳои сохтмонӣ тасъсис дода, ба ғорати соҳибкорони ин шаҳр шурӯъ намудааст. Ӯ кӯча ба кӯча гашта биноҳоро худаш интихоб мекунад ва таъкид мекунад, ки ин бино ҳатман то ҷашн бояд таъмир карда шавад. Лекин шарт якто. Таъмирро танҳо ҳамон фирмаҳое анҷом медиҳанд, ки мо маслиҳат кардаем (яъне фирмаҳои шахсии худаш, ки бо номи писаронаш мебошанд ва нархи корашон даҳкарата зиёд аст). Касе розӣ намешавад Қофлонбойи кӯлобӣ супориш медиҳад, ки корхона ё бинои истиқоматӣ-фарқ надорад, барқ ва обашро қатъ кунанд. Ин як лаҳзаи бедодгариҳои ин Қофлонбой аст, ки дар шаҳри Кӯлоб амалӣ мешавад. Аз ҳама бадаш, ин академик бо мардум ончунон бо лаҳни бад гап мезанад, ки гӯё мардуми шаҳри Кӯлоб ғуломи Азизи осиёбвон бошанд. Мехоҳед намехоҳед бояд маблағи таъмир танҳо ба фирмаҳои шахсии худаш раванд. Чунин аст рафтору кирдори намояндаи Ҳукумат, сарпараст (куратор)-и Кӯлоб. Ҳоло то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як сол мондааст вале ин ёрдамчии сохтмосози Президент хуни соҳибкорони кулобиро макида истодааст.

Аз давраи дар сари мансаб буданашон бародарон Раҳмоновҳо сарҷамъона ба талаву тороҷи Кӯлоб дасту остин барзаданд. Акои бузургашон Азизов Абдулло – сардухтури беморхонаи як вақтҳо овозадори колхози Жданов ва ҳоло хоҷагии « Зарбдор » аст.Беморхонаи номбурдаро пурра бо 5 гектар замини атрофаш аз худ намуд.

Ба камбуд ва танқисии замин дар атрофи шаҳри Кӯлоб нигоҳ накарда, Раҳмоновҳо 20 гектар замини обиро барои худашон ҷудо ва мӯҳру васиқа намуданд. Ҳол он ки дар Кӯлоб як ваҷаб замин ёфтан мушкил аст.

Як додари дигарашонро, ки бештари ҳолат сархушу майзада мегардад ‑Абдуманон Раҳмоновро мудири маорифи шаҳри Кӯлоб таъйин намуданд. Ӯ аз акои Авҷабораш сабақ гирифта, бо ҳавои пуштибонии бародарони мансабдораш ҳар як директори мактабро « доля » бор мекард. Ҳаққи муаллимро хӯрдан насибаш накард, ки аз нӯшидани бисёр сактаи дил (инсулт) корашро кард ва маорифи Кӯлоб ҷонаш ӯ халос шуд.

Фарзанди дигари « бузург»-и ин оила – Раҳматулло Раҳмонов, ки солҳои зиёд дар Вазорати тандурустӣ ба тороҷи гумпомош машғул буд, баъди аз вазорат пеши пой мондани кашфҳояш дар муддати кӯтоҳ номзад ва доктори улуми тиб гардид. Дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мудири кафедра буд ва соли 2005 барои таҷовуз ба номуси донишҷӯйдухтари курси якум Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба ҳабс гирифта буд. Лекин Авҷабори каблук, ки вазири маориф буд, бо кадом роҳе ӯро халос кард. Ин “олими бузург” аз рӯи нақли шоҳидон ҳангоми чаридани алафҳои баҳорӣ кадом алафи заҳрнокро мехӯрад ва кафида мемурад. Ба хотири ин « олими бузург » Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро ба номи Раҳматулло Раҳмонов мегузоранд бо фишори сарпарат (куратор)-и шаҳри Кӯлоб Абҷабори каблук ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Коллеҷи тиббӣ, мардуми Кӯлоб ва соҳибкорони бонангу номусро маҷбур карда истодаанд, ки маблағ ҷамъ карда ба ӯ ҳайкал гузоранд.

Хуууб ! Ку кӣ гап зада метавонад!?

Куҷоянд зӯрҳои кӯлобӣ ?

Шаҳри Кӯлоб чарогоҳи лӯлибачаҳо.

Кӣ гап мезанад?!

Мо ба як савол мехостем ҷавоб пайдо кунем. Дар шаҳри Кӯлоб солҳои зиёд донишгоҳ фаъолият мекард. Дар вақти таҳсил дар Душанбе мушоҳида мекардем, ки аз ҳама минтақаҳои дигар донишҷӯёни кӯлобӣ зиёдтар буданд ва бояд эътироф кард, ки ғайрату ҷасорату дониши хуб ҳам доштанд. Лекин ҳоло онҳо куҷоянд ? Чаро аз он шахсиятҳое, ки хислати « кӯлобигарӣ » доранд ягон нафар намондааст ва ҳатто хӯҷаинии худи шаҳри Кӯлоб ба лӯлиҳо мондааст ?
Ду сол боз Абдуҷаббор Раҳмонзода барои худ ҷавлонгоҳе сохтааст бо номи « Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва тамоми ҷумҳуриро чун давраи вазириаш ба азёдкунии шеър сафарбар намудааст. Аз ин академики чалласавод касе намепурсад, ки оё танҳо донистани шеър ва образҳои бадеӣ метавонанд фурӯғи субҳи доноӣ бошанд ? Лекин барои ин академики чалласаводи шуҳратпараст фарқ надорад. Муҳим ин ки ӯ майдони ҷавлон кардан дошта бошад ва ба мардум нишон диҳад, ки ӯ дар Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз ҳама донотар аст. Мардум бехабар аз он ки Абҷабори каблук ин ҷо низ бетамаъ кор намекунад.

Лекин ин ҷо боз як « лекин»-и дигар аст. Фаттоҳ Саид, раиси собиқи Агентии мубориза бо коррупсия ваъда карда буд, ки Авҷавборро барои дуздии маблағҳои калони вазорати маориф парвандаи ҷиноятӣ кушодаем ва рӯзҳои наздик ӯро ҳабс мекунем. Ё накард ё натавонист. Дунё ба умед мегӯянд, ӯ накард каси дигаре, албатта ӯро ба ҳабс мегирад.

Ҳаким Исматуллозодаи Мункӣ

Поёни бахши аввал, мунтазири бахши дувуми ин корномаи сиёҳ бошед. Агар шумо ҳам шоҳиди заминфурӯшӣ ва дигар амалҳои Абдуғаффори гӯсфанд ва « лаҳзаҳои гуворо»-и Авҷабори каблук – ин кадрҳои « шуҳратёр»-и Кӯлоб бошед, пас онҳоро ба суроғаи ИСЛОҲ.НЕТ ирсол намоед. Шахсияти шумо ифшо намегардад, аммо чеҳраи ғоратгару манфур ошкор хоҳад шуд.

Идома дорад…

Total
32
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

Милисаҳои дузди Конибодом

Баъд аз тамошову хондани матолиби пур аз дарду алами мардуми тоҷик дар пойгоҳи « Ислоҳ.нет » ва « ИСЛОҲ ТВ », махсусан баъд…