Сулҳ бо ривояти дигар. Баъди чаҳоряк аср

Ислоҳ нет

Хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон

 (бахши ҳафтум)

 Хиёнати Эмомалӣ Раҳмонов ба сулҳу оштии тоҷикон билофосила, баъди бозгашти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик аз хориҷа ба ватан оғоз шуд. Сари ҳар қадам аз қавлу аҳди додааш сарпечӣ мекард. Ҳама чизро ба номи худаш сабт мекарду тарафи дигари сулҳро ба тадриҷ камрангу заъиф ҷилва медод. Соли 1999 худро «Қаҳрамони Тоҷикистон» эълон кард ва Маҷлиси Олӣ дар қарори эътои ин унвон гуфт, ки Раҳмонов барои овардани сулҳу ваҳдат сазовор дониста шуд, аммо тарафи дигари сулҳро аслан ёдоварӣ накард. Аммо, аз хиёнатҳои нобахшидании ӯ дар муқобили сулҳу ваҳдат ва дар умум инкишофу рушди давлатдории тоҷикон ин буд, ки вай дар тобистони соли 2003, ҳанӯз, ки аз замони имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чизе  бештар аз панҷ сол гузашта буд, аҳдшиканона Қонуни Асосиро ба манфиати шахсиаш   тағйир дод.

Устоди равоншод Саид Абдуллоҳи  Нурӣ ба унвони як сиёсатмадори руҳонӣ дили пок ва сода дошт ва бовар карда буд, ки Раҳмонов  мард аст ва сари аҳдаш меистад, қавлшиканӣ хиёнат намекунад. Хушбовар буд. Аммо Раҳмонов аз ҳар лаҳзаи имконпазир истифода карда хиёнат ва қавлшиканӣ мекард. Надодани пости вазорати мудофиа, такмил нашудани саҳми 30% ба баҳси дуруғӣ ва сохтагӣ кашонидани иҷозаи фаъолияти ҲНИТ дар Маҷлиси олӣ ҳамагӣ аз он хиёнатҳои вай дар ҳамон давраи сулҳсозӣ дар кишвар буд. Мунтаҳо, Раҳмонов ҷомаи хиёнат ба бар кардаву тавре рафтор мекард, ки дигар ҳама чиз бар вифқи муроди ӯ бояд ҳаллу фасл шавад.

Албатта, ба масъалаи “баҳснок”  табдил додани мавзуи иҷозати фаъолияти ҳизби динӣ ин як бозии худи Раҳмонов барои миннат ниҳодан ва худро сулҳпарвари ягона дар тарафи ҳукумат ҷилва додан буд. Вагарна вакилони Маҷлиси олиро қабл аз онки вазъиятро буҳронӣ насозанд, мефаҳмонд, ки ин банди пешниҳодшуда набояд баҳс бишавад. Дар ҳар сурат ин як амали ҳисобшуда ва амдӣ буд, ки иҷозаи фаъолияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистонро дар Маҷлис ба баҳс бикашонд.

   “Шӯрои Амнияти СММ бо нашри як қатънома ин амали Раҳмоновро далели ошкорои банду муфоди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ талаққӣ кард, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ,ҳукумати Амрико ва дигар кишварҳои нозир низ изҳори норизоиятӣ карданд. Сипас Раҳмонов дар 13 ноябри соли 1998 ба Маҷлис омад ва суханронӣ намуд.”

Устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, ки он замон дар Комиссияи оштии миллӣ фаъолият мекард он рӯзҳоро дар суҳбат ба мо чунин ёдоварӣ кард:

“Он вақт Раҳмонов гуфт, ки ман шуморо мефаҳмам, бо шумо ҳамфикрам, ки чаро ҳизби  диниро иҷозат надодед, чун Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва набояд ҳизби динӣ амал кунад. Аммо чун мо дар ҳолат ҷанг будему дар дасти мардум силоҳ ҳаст ва ин масъулиятро ман бар уҳда гирифтам ва розӣ шудам барои ин ва шумо ба ман бовар кунед, ба ман вақт бидиҳед, ин масъаларо ман худам ҳал мекунам. Шумо ба ман бовар карда раъй бидиҳед ва онро қабул намоед.”

Албатта, парлумон қабул кард вале ин суҳбатҳои Раҳмонов аз тариқи баъзе аз дустон ба мо расид ва дар матбуот ҳам қисман чоп шуда буд. Мо, воқиан ҳам инҳоро шунида нигарон шудем, ки Раҳмонов, ки ин гуна суҳбат мекунад, боз чи фикре дошта бошад? Яъне як сол, ду сол иҷозат медиҳаду боз мушкил месозад. Устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода хеле нигарон шуду хост ин масъаларо дар ҷаласаи Комиссияи оштии миллӣ матраҳ кунад. Аммо устоди зиндаёд Нурӣ гуфтанд, ки “Раҳмоновро фаҳмидан мумкин. Вай депутатҳоро бо ҳамин роҳ орому фиреб карда истодааст. Дигар хел намешавад. Баъд кадоме аз ҳозирин ва ё ман будам гуфтем, ки устод нашавад, ки Раҳмонов моро фиреб карда бошаду ба онҳо рост гуфта бошад? Гуфтанд, ки не акнун ин хел имкон надорад. Он гап барои ором кардани депутатҳо аст.

  Вале ҳоло мебинем, ки воқеан моро фиреб карда будасту онҷо дар Маҷлис рост гуфта будааст ва шояд ягона сухани рости Раҳмонов тули фаъолияти сиёсиаш ҳам ҳамин бошад”.

 Маъсума Турфа, сухангӯи фиристодаи вижаи Дабири Кулли СММ дар масоили сулҳи Тоҷикистон дар як суҳбати матбуотиаш мегуяд, ки Раҳмонов хеле барвақт ба нақз, яъне хиёнат ба сулҳу созиш даст зад:

«Аз фардои рӯзе, ки тавофуқи сулҳ имзо шуд, мутаасифона давлати Тоҷикистон ва оқои Эмомалӣ Раҳмон, ба нақзи бисёре аз мафоди (бандҳои) он шурӯъ карданд. Шурӯъ карданд, аз онки раиси ҷумҳур метавонад, барои муддати тӯлонӣ дар мақомаш бимонад. Инро камкам идома доданд ва то ба онҷо расонданд, ки ҳоло раиси ҷумҳур, раиси ҷумҳури мудомулумр, ё дар воқеъ подшоҳ шудааст. Ва ин нақзи бисёре аз бандҳои созишномаи сулҳ аст. Ҳоло бисёре аз мухолифони исломӣ, ки имзокунандаи он тавофуқи аввалияи сулҳ ва ҳамроҳ бо давлат буданд, ҳама ё дар зиндонанд, ё ба кишварҳои дигар фирор кардаанд. Наметавон гуфт, ки ин ҳамон сулҳе ҳаст, ки соли 1997 ба имзо расид». 

Тағйири Қонуни Асосии Тоҷикистон дар тобистони соли 2003 дар воқеъ хиёнати ҷиддӣ ба тавофуқоти сулҳ буд. Зеро Қонуни Асосӣ маҳсули баҳси тарафҳои ҷанг ва натиҷаи созиши онҳо дар Комиссиюни Оштии Миллӣ буд, ки дар соли 1999 бо баргузории як назарпурсии халқӣ қабул гардид. Ҳарду тараф ба хотири таҳкими сулҳу оштӣ розӣ шуданд, ки ду навбати панҷсолии муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ба як нафар ба як ҳафтсола иваз шавад. Ин «як нафар» касе ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмонов набуд. Фақат ба хотири онки Раҳмонов мехоҳад дар сари қудрат ду сол бештар бимонад муҳлати ду панҷослии конститутсиониро ба як ҳафтсола табдил карданд. Хуллас, ин муҳлати муқарраршуда яке аз талабҳои асосии тавофуқоти сулҳ буд. Ва, Раҳмонов мебоист, ки соли 2006 аз қудрат канор мерафт ва дигар даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ намекард, чунки муҳлати қонуниаш дар ин мақом ба охир мерасид. Аммо Раҳмонов ин талаботро нақз кард. Ва, шароити ҳузури худро барои боз ду ҳафтсолаи дигари баъд аз соли 2006 фароҳам кард. Чунин тарзи муносибат бо давлат ва миллати тоҷик аз тарафи Раҳмоновро на танҳо аҳзоби мухолиф, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ –тарафҳои сулҳи Тоҷикистон, ҳамчунин дар тарафи худи Раҳмонов ҳам қабул надоштанд. Ҳатто ҳамон ду сол изофа кардан барои муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999 аз тарафи Комиссиюни Оштии Миллиро Маҳмадсаид Убайдуллоев ки худро ба ҷои Раҳмонов омода мекард, қабул накарда буд.

Абдумаҷид Достиев, ноиби раиси Комиссиюни Оштии Миллӣ мегуяд, мо бо тарафи мухолифин аз ҷумла Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Отахон Латифӣ ва Абдунабӣ Сатторзода розӣ шудем, ки ба ҷои «ду панҷсола» як «ҳафтсола» аммо барои як навбат дар матни Қонуни асосӣ дохил карда шавад.

“Аммо Убайдуллоев гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ ба ӯ дастур додааст, ки ба шумо расонам ба он моддаи Қонуни асосӣ ислоҳот ворид накунанд ва бигзор ҳамон «ду панҷсолӣ» бимонад. Ва, дар соли 2003, дар арафаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни Асосӣ раиси шаҳри Душанбе ба назди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омада ӯро таҳрик медиҳад, ки ба ин амали ноҷавонмардона ва хоинонаи Раҳмонов, ки зидди талабот ва табиати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аст садо баланд кунад ва ӯ омода аст аз ҳар лиҳоз барои пешгирӣ аз ин аҳдшикании Раҳмонов ба мухолифин кумак кунад. Убайдуллоев мегуяд, ки Раҳмонов бо ӯ даст дода буд, ки баъди анҷоми муҳлаташ дигар курсиро барои ӯ холӣ мекунад, аммо вай номардӣ карда истодааст ва мо набояд ба ин кор роҳ диҳем.”

Устоди равоншод Убайдуллоевро ба хештандорӣ даъват ва насиҳат мекунад, ки набояд байни ду роҳбари аввали ҷумҳурӣ нифоқ бархезад, ки оқибатҳои ногувор дар пай дорад ва ба хотири таҳкими сулҳ даст ба чораҳои ҷиддӣ, масалан тазоҳуроти гирдиҳамоӣ намезанад. Аммо устоди равоншод ҳамчун роҳбари сиёсӣ дар муқбили ин амалкарди Раҳмонов истодагарӣ мекарданд. Ин оғози эпохаи ҷадид барои Раҳмонов ва оғози гузоштани асос ва таҳдоби подшоҳии ӯ ва оилааш буд,ки то имрӯз миллат аз он ранҷ мебарад. Гоҳо як иштибоҳи мардони сиёсӣ фоҷеаҳои бузурге барои насли оянда метавонад шавад. Мухолифини имрӯзӣ аз ин иштибоҳот бояд дарси ибрат бигиранду барои насли оянда худро мубарро созанд.

Аммо Раҳмонов таҳаммул ва пойбанд ба сулҳу оштӣ будани неруҳои оппозитсион, аз ҷумла Ҳизби наҳзатро ба гунаи дигар қабул карда беш аз пеш муртакиби хиёнатҳои сангинтар мешуд. Агарчи дар интихоботҳои парлумонӣ раъйи ба даст овардаи ҲНИТ ба маротиб бештар буд, ӯ ҳамоно бо ду ҷой дар парлумон хулоса мекард. Афзун бар ин намояндаҳои 30%-и Иттиҳоди неруҳои оппозитсионро аз масъулиятҳо барканор ва бархе аз онҳоро аз қабили Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Сайидов ба зиндон кашид ва афроде мисли Мирзо Зиёевро ба қатл расонд. Ин яке дигар аз хиёнатҳои нобахшидании Раҳмонов аст ки ба рағми тавофуқоти сулҳ дар солҳои баъдӣ болои Ғарм ва Бадахшони куҳӣ борҳо лашкар кашид ва садҳо куштаву маҷруҳ бар ҷой гузошт. Раҳмонов болои тарафи муқобил ва манотиқи таҳти нуфузи онҳо амдан фишор меовард, чун дигар онҳо ҳеҷ васила ва аҳруме, ки болои Раҳмонов фишор оваранд дар даст надоштанд. Дигар танҳо гилоя мекарданду халос.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз роҳбарони тарафи дигар сулҳ гуфта буд, ки дигар забонам ба табрики сулҳ намегардад, зеро шароит ба гӯнае иваз шудааст, ки аз сулҳу сулҳсозӣ нишоне боқӣ намондааст:

«Маънои сулҳ агар қатъи ҷанги гарм бошад, бале, ин ҷанг қатъ шуд. Аммо ваҳдати миллӣ ба вуҷуд наомадааст, таҳаммулпазирӣ ба вуҷуд наомадааст, эҳтироми якдигари тарафҳо вуҷуднадорад, баръакс ҳатто назар ба замонҳои пештар ба озодиҳои сиёсӣ ва динии мардум фишорҳо зиёдтар шуд. Тақаллубкориҳо дар интихобот зиёд шуд. Яъне он чӣ мо аз мусолиҳа интизор доштем, ки як кишвари демократӣ ва як ҷомеаи мардумсолор бисозем, амалӣ нашуд.»

Яке дигар аз хиёнатҳои дигари бисёр ҳам нобахшидании Раҳмонов ин буд, ки бар муқобили дини мардум ва масҷиду домуллоҳо ва муҳассилини тоҷик дар кишварҳои исломӣ муборизаи шадидро сар кард. Шуморе  аз донишмандону уламои диниро аз байн бурд ва бо ҳар роҳу василае саъй кард, ки ин қишри ҷомеа аз манзала ва эътиборе, ки дошт поийн шавад. Вай талош кард, то уламои динро бад ҷилва диҳад,то дину диндориро бикоҳонад ва худро фаротар ва болотар аз ҳама нишон диҳад. Қарори баргардонидани донишҷӯёни улуми исломиро аз хориҷ ба кишвар содир карда ва волидони онҳоро маҷбур кард, ки фарзандонашонро бозгардонанд, бо ин баҳона, ки таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор нагиранд. Бархе аз таҳсилдидаҳо баргаштанд вале бештари онҳоро ба иҷбор оварданд.

“Вай дар соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлил аз 1310 солагии ӯро эълон кард. Аммо айнан дар ҳамон шабурӯз  70 нафар аз пайравони ҷамоати “Таблиғ”-ро боздошт ва ҳабс кард. Хуб ёд дорам дар он шабу рӯзҳо падарам дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ ин боздоштҳо ва ба маҳкама кашидани ин ҷавононро маҳкум карда буданд. Дар маросими баргузории рӯзи ҷашни Имоми Аъзам ҳеҷ як аз уламои исломӣ ба мисли Эшони Нуриддинҷон, воизи машҳур Ҳоҷӣ Мирзоро даъват накард. Баракс Ҳоҷӣ Мирзоро аз минбари масҷид дар шаҳри Кулоб ва эшони Нуриддинҷонро пас аз он аз масҷиди Муҳаммадияи Ваҳдат барканор кард. Онҳоро нагузошт,ки дар минбари имомхатибӣ фаъолият кунанд.”

Беш аз ин масҷиди Муҳаммадияро аз ҳуқуқи баргузори намози ҷумъа маҳрум карда ва тавассути Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон ӯро ба додгоҳ кашид. Бар тибқи маълумотҳои мувассақ аллома Раҳматуллоҳи регариро  дар бемористон бо тазриқи заҳр ба ҳалокат расонд то аз нуфузу эътибори уламо дар минтақаи водии Ҳисор бикоҳонад. Ин ҳама хиёнату душманӣ ба он хотир буд, ки аз нуфузи уламои динӣ, ки бо ҲНИТ ҳаводорӣ мекарданд, бикоҳонад ва зарба ба наҳзати исломӣ бизанад.

“Аммо хиёнати нангин ва ниҳоят бузурги Раҳмонов ба сулҳи тоҷикон ин буд, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва тарафи воқеии сулҳ тағйири мавқеъ карда ва ҳатто саҳму нақши роҳабри ин ҳизб ва худи ин ҳизбро мункир шуд. Нафаре, ки мегуфт барои сулҳ кардан омода аст бо раиси ҲНИТдар кадом гӯшаи дунё бошад мулоқот кунад, акнун мегуяд, ки бо ҲНИТ сулҳ накардааст. Вай дар соли 2014-2015 алайҳи ҳизби наҳзат зарфият ва қудрати давлатро ба кор бурд. Созмонҳои аввалияро ба бастан шуруъ кард. Масъулин ва аъзои Наҳзат дар ноҳияро маҷбур мекард, ки аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро нависанд ва дар наворҳо ҳатто ба шакли инфиродӣ ва дасатаҷамъона эълон кунанд. Сипас чопхона, нашарот ва ниҳоят дари қароргоҳи марказии ҳизб дар пойтахтро муҳру мум кард. Вазорати адлия ба ҳизб ҳушдор дод,ки довталабона худро «бибандад».

Бояд мутазаккир бишавем, ки тарҳи комилан берун кардани ҲНИТ аз майдони сиёсиро чанд соли пештар кашида буданд. Ин нақша дар шакли Протоколи 32/20 дар соли 2011омода шуда ва бар хилофи чашмдошти Раҳмонов моҳи ноябри соли 2011 дар сайти “Звезда.ру”-и Русия нашр шуд, ки роҳҳои бемаҷол ва оқибат бастани ҲНИТ-ро пешбинӣ ва таъйин мекард. Бар пояи қарори ин ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки зери раёсати Эмомалӣ Раҳмонов доир шуда буд ҲНИТ дигар ба “ихтиёр”-и мақомоти қудратӣ супорида шуд, то бо ҳар роҳу василаи мумкин ва ҳатто номумкин онро аз саҳна канор зананд. Ҳатто дар ин Протокол ба масъулони навоҳӣ ва ҷамоатҳо дастур дода шуд, ки аъзои ҲНИТ-ро аз лиҳози моддӣ, масалан бар ивази додани замини наздиҳавлигӣ ҳавасманд кунанд ,то аз узвият хориҷ шаванд. Гап сари он меравад, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз як маъракаороии ғайримунтазирае аз худ нишон дод, ки натиҷааш Раҳмоновро ба шиддат тарсонд. Раҳмонов, ки худро бо тамоми васила таблиғу ташвиқ мекард, ҳатто сохтмони неругоҳи барқи обии Роғунро ба як шиори асосии Ҳизби халқӣ-демократӣ табдил карда ва дар шаҳру навоҳии кишвар барои дастгирии мавқеи худаш ва ҳизбаш раҳпаймоиҳо ташкил кард, аз натиҷаи интихобот, ки беш аз 60%-ро дар асл ҲНИТ гирифт, сахт нороҳат шуд ва он замон буд, ки дигар қасами нобудсозии ҳизбро хурд. Протоколи32/20 дар асл иқдоми ҷавобии Раҳмонов ба интихоботи парлумонии соли 2010 ва ба унвони як раҳбари ояндаи кишвар зуҳур кардани устод Муҳиддин Кабирӣ буд. Раҳмонов, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қад боло кардани рақиберо дар муқобили худаш таҳаммул надошт.Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Бо як иттиҳому туҳмати гушношуниди ширкат дар ба ном «ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим» ҳизбро мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Иллат ва сабаби асосии чунин тағйири мавзеъ кардани Раҳмонов маълум буд. Зеро ҳузури ҲНИТ ба шиддат боло мерафт ва Раҳмонов дар симои он рақиби гуркови худро медид. Вай, ки дар сар фикри аз қудрат рафтанро надошт, барояш ҲНИТ сахт монеа эҷод мекард. Дафъатан бо бастани ҲНИТ ва террористӣ эълон кардани он боз ҳам ба Қонуни Асосӣ ислоҳот ворид кард ва ин бор шароити ба қударт омадани Рустами писарашро низ фароҳам овард ва дар ин миён худро Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои миллат эълон намуд. Моҳи сентябри соли 2015 Наҳзатро баст ва баъди ҳамагӣ як моҳ, дар ноябри ҳамон сол дар Маҷлиси намояндагон тарҳи қонун дар бораи Асосгузорро пеш кашиданд ва дар моҳи декабр он қабул шуд. Яъне гуё ин Раҳмонов буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оштӣ ва ваҳдат овардааст. Худро Асосгузори сулҳу ваҳдат эълон кард ва ин таъбиру рутбаи ҷаъливу дуруғиро боз баҳона карда дар Қонуни асосӣ барои худ шароити мудомулумр боқӣ мондан дар курсиро муҳайё сохт. Дар ҳақиқат ҳам ин кори Раҳмонов бузургтарин ва нангинтарин хиёнати ӯ ба сулҳу ваҳдати тоҷикон буд. Аммо, агарчи Раҳмонов то ба имрӯз талош дорад, ки аз ҲНИТ як созмони террористӣ тасвир кунад, ҳеҷ кишвар ва созмонеро натавонист мутақоид созад.

Аммо барои мисол Роберт Блейк, ёвари собиқи вазири хориҷаи Амрико дар хатми як дидор бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сентябри соли 2010 гуфта буд: «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон як созмон тундгароӣ ва терористӣ набуда, балки аз исломи мусолиматомез дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Вай афзуд, таи солҳои ахир аз ҷониби ин ҳизб ҳеҷ гуна амали тундгароӣ зоҳир нашудааст. Вай гуфт, то ба ҳол ягон муносибати ин ҳизб бо аҳзоби тундгарову террористро мушоҳида накардаем».

Эмомалӣ Раҳмонов барои ҳарҷи бештар коҳиш додани нуфуз ва эътибори неруҳои опозитсион, ки баъди ворид шудан ба кишвар бо як дили гарм ба кор пардохта буданд, баъзе аз шахсиятҳои маъруиф онро кушт. Куштори Отахон Латифӣ, раиси яке аз зеркомисиюнҳои Комисиюни оштии миллии Тоҷикистон бисёр ҳам ноҷавонмардона сурат гирифт. Куштори Латифӣ тавре ошкоро ва дағалона сурат гирифт, ки барои исботи онки ин кори ҳукумати Раҳмонов криминалист будан шарт нест. Ҳамон рӯзи ҳодиса тамоми муҳофизони ӯро аз кор рухсат медиҳанд ва ӯ, ки танҳо аз манзили зисташ берун мешавад ,қотилони дар камин тирборон карданд. Тамоми хавфашон аз шодравон Латифӣ ин буд, ки вай бо Евгений Примаков, ки акнун сарвазири Русия шуда буд, бисёр ҳам рафиқи наздик буд.

  “Генерал Ҳабиб Сангинов-муовини аввали вазири дохила,ки аз нисоби 30% ба ин мақом расида буд дар соли 2001 бо ҳамин минвол кушта корро тавре вонамуд карданд, ки ӯ бо кадом гурӯҳҳое даъви пулӣ доштаасту онҳо сипас ӯро ба ҳалокат расонидаанд. Аммо ин як буҳтони дигар буд ва бо ин васила мехост нишон бидиҳад, ки ҳоло дар Тоҷикистон, кӣ роҳбари воқеӣ аст ва ҳеҷ умеде ба оппозитсион накунед, ки сарнавишташон чунин тамом мешавад. Албатта, ин хиёнати бисёр ҳам сахте буд,ки дар нисбати сулҳу осоиши кишвар Раҳмонов анҷом дод.”

Аслиддини Соҳибназар ва Лоиқ Шералӣ, шоири тавонои тоҷик низ баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ даргузаштанд, аммо дар дасти мо мадорике мавҷуд аст ки ин ду нафар аз шахсиятҳои муътабар дар асл кушта шудаанд. Дар фурсати муносиб дар бораи ҳодисаи куштори онҳо муфассалтар хоҳем гуфт.

Раҳмонов пас аз имзои созшномаи сулҳ ва пеш аз он ҳам дар қатлу куштори афроди намоён ва маъруфи кишвар даст зада буд. Барои намуна метавонем садҳо намунаҳо тақдим намоем,ки аз ваҳошният ва ҷиноятҳои боризи Эмомалӣ Раҳмонов ҳикоят мекунанд. Раҳмонов ҳатто афроди ҳақиқатгӯйи ва миллатдӯстро,ки дар хидмати ӯ бударо ҳам раҳм накард. Чун,ки ӯ як ҷинояткоре ба тамоми маъно аст.

Масалан 4 июли соли 1999, дар канори шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҳамлаи муташаккилона аз ҷониби “афроди номаълум” сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҷумъахон Ҳотамии 42-сола ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд. Ҷумъахон Ҳотамӣ шурӯъ аз соли 1993 аз оғози ба қудратрасии Раҳмонов то лаҳзаи ба шаҳодат расиданаш барномаи ҳарҳафтаинаи телевизионии “ВКД хабар медиҳад”-и дафтари матбуоти ВКД-и кишварро дар шабакаи 1 роҳбарӣ ва ровигӣ менамуд. Ба Ҳотамӣ ҳам раҳм накард, чун,ки чандбор ҳушдораш дода буд,ки баъзе аз қатлҳое мо анҷом медиҳем ва ё бо фармони бевоситаи ман сурат мегиранд онҳоро нашр накунад. Аммо Ҷуъахон Ҳотамӣ як шахси ватандӯст буд ва наметавонист аз ҷиноятҳое Раҳмонов ва мақомоти ҷиноятпешааш анҷом медоданд чашм пӯшад. Кутоҳ қазияи қатлашро мегӯем: Тибқи нақшаи кашида ба ВКД хабар медиҳанд,ки дар Зарафшон касеро паронданд.

“Ҷумъахон Ҳотамӣ ронандаашро даъват карда ба ҷои ҳодиса мераванд. Аммо ин камини қотилони Раҳмонов буд ва дар ҳамонҷо тавассути тапончаи макаров ба баданаш ҳафт тир мезананду дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Қабл аз ин ҳодисаи куштор нахуст ба пояш ҳамчун огоҳи ду тир мезананд,то дигар он ҷиноятҳое мекунем нашрашон накун. Аммо боз ҳам аз гуфтани ҳақиқат боз наистоду гуфт ва ниҳоят ба қатл расонида шуд. Дар дасти мо комилан ҷузъиёти ин қатл вуҷуд дорад,ки қотилон дар як УАЗи низомӣ буданд ва ҳадаф танҳо ӯ буд ва ба ронандааш ҳатто кордор нашуданд. Агар мо чунин ҷиноятҳои содир намудаи Эмомалӣ Раҳмоновро бозгӯй намоем ҳазорҳо матлаб ва навор мешаванд.”

Як нуктаро барои исботи хиёнату аҳдшиканиҳои Раҳмонов дар мавриди сулҳу оштии тоҷикон мехоҳам инҷо тазаккур намоям. Солҳои аввали имзои Созишнома Раҳмонов ҷаласаҳои сулҳро бо намояндаҳои тарафи дигар масалан бо ҳузури устоди фақид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ доир мекард. Аммо баъдтар онҳоро дар толор ҷой дод на дар минбар. Вале баъдҳо ҷаласаҳои тантанавии бахшида ба Рузи ваҳдатро бе даъвати онҳо доир мекард. Ва,ниҳоят мункири ҳама нақшу саҳми тарафи дигар шуд. Ин дар ҳолест, ки нақши оппозитсион ва муҳраи асосии он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар барқарории сулҳу оштӣ дар кишвар наметавон инкор кард, ҳатто агар беш аз ин низ Раҳмонов хиёнат кунад ҳам.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар ду соли пеш дар як мусоҳибааш дар робита ба вазъи Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия дар он солҳо оппозитсия ва ҳукуматро оштӣ дода буд: «дар Осиёи Миёна, масалан, соли 1996 (манзур имзои созишномаи сулҳи тоҷикон) пас аз чанд соли музокирот бо ширкати фаъоли Русия ва Эрон имкон даст дод, ки вазъият дар Тоҷикистон миёни ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ танзим шавад. Намояндагони ин ҳизби мухолиф ба ниҳодҳои давлатӣ, ҳукумат ва порлумон ҷалб шуданд. Ҳоло бошад боз аз нав ташаннуҷ пайдо шуд. Мо ҳамаи корҳоро анҷом медиҳем, ки онро коҳиш диҳем ва бартараф созем. Умед дорам, ин ба мо даст медиҳад».

Ин бад-он маъност, ки новобаста аз хиёнатҳои Раҳмонов дар қиболи сулҳу оштӣ ин Ҳизби Наҳзати Исломӣ-тарафи асосии сулҳи тоҷикон аст ки сулҳи фарогир дар кишварро ба армуғон хоҳад овард.

Поёни бахши ҳафтуми ин силсиламатолиби вижа ба хашида ба “Имзои созишномаи сулҳ ва  истиқрори миллӣ дар Тоҷикистон” буд. Бахши ҳаштуми ин силсиламатолиби мо “Кӣ ва чаро сулҳро хароб кард?” мебошад. Бо “Ислоҳ” бошед, то аз он ҳам огоҳӣ ёбед!

Ps: Лозим ба тазаккур аст ки ба ҳангоми омода кардани ин риштаматолиб аз навиштаҳову мусоҳибаҳои устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Абдумаҷид Достиев,Иброҳим Усмонов, Салими Аюбзод ва як қатор сайтҳо истифода шудааст.

Share This Article