Таҳорат кунем, то аз вирусҳо дар амон бимонем!

Ислоҳ нет

 

Таҳорат кунем, то аз вирусҳо дар амон бимонем!

 

Дар байни давлатҳои бистгонае, ки вируси корона дар онҳо нисбат ба дигар кишварҳо зиёдтар паҳн шуда, ва аз мардум бештар қурбонӣ гирифтааст, танҳо ду кишвари исломӣ: Эрон ва Малайзия қарор доранд. Дар ҳоли ҳозир Эрон дар ҷои сеюм ва Малайзия зинаи 18-умро ишғол кардааст.

 

Вируси корона ва ё ҳамон “COVID 19” аз шаҳри Вуҳони Чин, ки маҳалли хурӯҷи ин беморӣ шинохта мешавад, ба шаҳри Қуми Эрон мунтақил шудааст. Қум хостгоҳи “COVID 19” дар Эрон шинохта шуд. Сипас ин вирус аз шаҳр-Қум, маркази мазҳабӣ ва фарҳангии аҳли ташайюъи Эрон ба дигар шаҳру навоҳӣ ва устонҳои дуртар аз худ ва ҳатто ба хориҷ аз кишвар интиқол ёфт.

 

Кишварҳои Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Баҳрайн, Кувайт, ва Покистону Гурҷистон эълом карданд, ки ҳомилони ин вирус “COVID 19”-ро аз Эрон ва ба эҳтимоли зиёд аз шаҳрҳои Қум ва Машҳад, ки он ҷо ҳузур доштанд (шиъаёне будаанд), ки ин бемориро ба кишварҳои худ “савғот” овардаанд.

 

Минтақаи Туркистони Шарқӣ дар Чин яке аз манотиқи камсироятёфтаи вируси корона дар ин кишвар ба қайд гирифта шудааст. Туркистони Шарқӣ минтақаест, ки аксари аҳолии он мусалмонони уйғур, қазоқ, қирғиз, тоҷик ва ғайраи Чин дар он зиндагӣ мекунанд ва аз нигоҳи мазҳабӣ аҳли суннат валҷамоъат мебошанд.

 

Ҷолиб он аст, ки дар минтақаи Туркистон Шарқӣ то кунун 76 ҳолати мубтало шудан ба ин вирус ба қайд гирифта шуда, 73 каси гирифторшудаҳо шифо ёфтаанд ва 3 каси онҳо вафот кардааст.

 

Аз сӯи дигар, оморҳо нишон медиҳанд, дар минтақаи суннинишини устони Сиистон ва Балучистони Эрон ҳам чизе кам ҳудуди 70 маврид мубталоёни “COVID 19” ба қайд гирифта шудааст. Ин минтақа яке аз устонҳои Эрон аст, ки мизони гирифторони вируси корона дар онҳо нисбат ба Қум хеле кам сабт гардидааст.

 

Ин таҳқиқ як пажӯҳиши кӯчак дар робита ба шустушӯи дасту рӯямон (ва пойҳоямон) барои эҳтиёт ва пешгирӣ аз корона вирус аст. Аҳли илм ва афроди мутахассис дар соҳаи тибб тариқи расонаҳо ҳамаро ташвиқ ва тарғиб доранд, ки барои пешгирӣ аз вируси корона рӯзона чанд маротиба дастони худро бо собун бишӯем, албатта дар бораи шустани рӯйҳо низ маслиҳатҳо кам нестанд. Аммо дар бораи шустани пойҳо, бахусус аз буҷилаки пойҳо пойинтарро шустан, бесёре аз онҳо ба ҷуз андаке чизе намегӯянд ва ё дақиқтараш ман камтар шунидаам.

 

Дар ислом, ҳам пайравони мактаби аҳли суннат валҷамоъат ва ҳам пайравони мактаи аҳли ташайюъ вақте рӯзона барои намозҳои панҷгона омода мешаванд, чанд маротиба вузӯ (таҳорат кардан) мегиранд.

 

Ба ин тартиб, дар вақти вузӯ гирифтан пайравони мактаби аҳли суннат валҷамоъат пойҳои худро мешӯянд, аммо пайравони мактаби аҳли ташайюъ бар пойҳои худ масҳ мекашанд. Решаи ин ихтилофи онҳо дар зеру забар хонадани як калима дар ояи шаши сураи муборакаи ал-Моида аст, ки аҳли суннат онро “арҷулакум” мехонанд, вале аҳли ташайюъ онро “арҷуликум”, ки баҳсаш алоҳидааст.

 

Бар асоси оморҳои расмӣ аз Созмони беҳдошти байнулмилалӣ дар ҳоли ҳозир аксар кишварҳои исломӣ, бахусус кишварҳое, ки дар онҳо бештари сокинонашонро пайравони аҳли суннат валҷамоъат ташкил медиҳад, камтарин мизони мубталоёнро дар байни мубталоёни вируси корона ва ё “COVID 19” дар дунё ташкил медиҳанд.

 

Бо ин, ки аҳли тибб ва мутахассис дар ин соҳа нестам, аммо пас аз ин пажӯҳиши кӯчак ба ин натиҷа расидаам, ки яке аз розҳои камтар шуйӯъ ёфтани вируси корона дар минтақаҳои суннинишан ҳам дар Эрон ва ҳам Чин пойбандии афроди калонсолтари ин мантақаҳо, ки маъмулан бештар аз дигарон аз ин вирус осебпазир дониста мешаванд, дар шустани пойҳояшон дар вақти вузӯ гирифтан ниҳон шудааст. Вагарна, аз нигоҳи рифоҳи зиндагӣ, шароити беҳдоштӣ, ва дар умум хидматрасониҳои комуналӣ сокинони Вуҳони Чин ва Қуми Эрон ба маротиб зиёдтар ва хубтару беҳтар аз мардумони сокин дар минтақаҳои суннинишине ба мисли Туркистони Шарқӣ дар Чин ва устони Сиистон ва Балучистони Эрон аст…

 

Хулоса, ҳамчун як мусалмон, муътақидам, ин амр метавонад, яке аз муъҷизаҳои Қуръони Карим дар ин аср бошад, ки пайравонашро ба таҳорати зоҳириву ботинӣ рӯзе панҷ маротиба амр кардааст. Таҳорат кунем, дасту рӯй ва пойҳоямонро дуруст бишӯем, то ҳам аз ин беморӣ ва амсоли он дар амон бошем ва ҳам дар вақтҳои намоз тозаву озода бо Холиқи худамон тамос бигирем!

 

Амруллоҳи НИЗОМ, Варшава-19.03.2020

 

Share This Article