Дар қитъае аз асноди махфӣ, ки ин бор низ аз як ниҳоди қудратӣ ба дасти мо расид, ишораҳое мармуз ва киноядор ба Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе, раиси собиқи Маҷлиси Миллӣ карда мешавад. Дар санад бо сароҳат ва бо хатти комилан хонову рушан навишта шудааст, ки Убайдуллоев ҳамеша ин хиёлу ҳавасро, ки як рӯзе бояд рӯи «креслои президентӣ» такя хоҳад зад, аз сар дур намекардааст.
То онки матни ин пора аз санади махфии дастрасшуда ба идораи «Ислоҳ.нет»-ро пешкаш кунем, инро бароятон бигӯям, ки дар ин авохир, махсусан баъд аз сафари Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия ба Тоҷикистон мардуми кишвар масту махмури овозаеянд, ки мегуяд табаддулоте дар роҳу қарор аст, хатми Раҳмонов ва олу авлоди вайро ба армуғон оварад. Ва қарор аст ин тағйироти бузург то тирамоҳ-то сентябри соли ҷорӣ ба амал ояд ва Раҳмонов охирин сафари давлатии билобозгашташро ба асфалассофилин анҷом бидиҳад. Агарчи мо пас аз интихоботи 2020 аз манобеъи огоҳамон гуфта будем,ки Раҳмонов ба вазирони қудратияш ваъда дода буд,ки то соли 2023 охираш бо ман кор мекунед ва ҳамаамон якҷо меравему давлатро ба ҷавонҳо месупорем. Акнун ин ваъда муҳлаташ расидаистодааст. Муҳим инҷо шакли “рафтан” ё “ронда шудан” аст, на ончи Раҳмонов гуфту ваъда карда буд.
Мо, ростӣ, намедонем, ки ин шойеъа аз куҷо маншаъ мегирад ва инки эҳтимол дорад, ин овозасозӣ ҳам бахше аз ҳамин амалиёти “табаддулоти давлатӣ” бошад, ки дар ин санади махфӣ аз он зикр мешавад, аммо халқ гоҳо ҳарфҳое мезанад, ки баъди чанде таҳаққуқ пайдо мекунад. Беҳуда намегуянд ,ки «то шамол набошад,шох ё барги дарахт намеҷунбад».
Вале, онҳое, ки инак бори дуввум аст ки ҳамчунин аснодеро аз маъхаз ва махзани махфии сервиси амниятӣ унвонии мо ирсол кардаанд, аз табаддулоте ҳарф мезананд, ки қарор аст соли 2024 иттифоқ уфтад. Соле, ки бинобар хабарҳои таъйидношуда, қарор аст Раҳмонов барномаи таҳвили қудрат ба Рустамро ба иҷро дароварад ва худаш ҳам ниҳоди номашруъ ва ҳаромии “Асосгузори сулҳу ваҳдат” ва “Пешвои миллат”ро дар раъси ҳокимият ҷобаҷо кунад.
Фурсате расид, ки ин қитъа аз санади ба дастамон расидаро пешкашатон бикунем.
«….. Несколько лет назад господин Убайдуллоев очень стремительно шел на президентское кресло и для этого несколько раз консультировался с Валентиной Матвиенко. У них довольно доверительные отношение. Большинство из элит Таджикистана предрекают Убайдуллоеву кресло Президента. У господина Убайдуллоева большое количество сторонников в правительстве и в силовых структурах. Генеральный прокурор, товарищ Умаров Мансурджон, Ашуриен Музаффар и многие другие, которые обязаны ему своими креслами. Сам господин Убайдуллоев на протяжении многих лет, создавал много искусственных преград…»
Аммо, пеш аз ин ҷумла дар ин сархат чунин сархатти дигаре омадааст, ки нишон медиҳад ин «госпереворот» чи гуна ва бо дастони киҳо бояд ба иҷро бирасад ва исми Мансурҷон Умаров, генерали бонуфузи амниятӣ ва аз наздиктарин ёрони худи Раҳмонов бо чи шаклу наҳве тазаккур шудааст:
«Простой пример: Сын Мансурджон Умарова находится в окружении внука Президента Исмоила. Мансурджон Умаров является фигурой весьма высокой и также он имеет большое влияние в структурах КГБ и МВД.В КГБ он работал долгое время сам, а в МВД работали и работают двоюродные братья и родственники. Товарищ Умаров является приближенным бывшего председателя верхней палаты РТ Убайдуллоева Махмадсаида…»
Мо, ростӣ, намедонем, ки «дастрас» кардани ин гуна асноди махфӣ, ки маълум аст барои Раҳмонов таҳия шудааст, дар ин шабурӯзҳое, ки гуфтем, овозаҳо дар бораи як табаддулоти давлатии қарибулвуқуъ дар кишвар бо суръат паҳну пароканда карда мешавад, низ кори «ҳисобшуда» аст ё хайр?
Вале, аз манобеи дигари метавон гуфт хеле ҳам огоҳ маълумотҳое ба дастамон расидааст, ки ин бор Русия сахт мусаммам аст ки дар Тоҷикистон авзоъро тавре тағйир диҳад, ки Амрикову Аврупо «успет» барои такрори инқилобҳои рангаи кишварҳои арабӣ ва Қирғизистонро накунанд. Ҳамин тавр, гуфта мешавад аз Русия ва шахси Путин комилан зидди овардани Рустам ба ҷойи Раҳмонов будани худро изҳор доштаанд ва сафари ахири Лавров ҳам асосан барои ояндаи Тоҷикистон будааст. Русҳо ҳам ба ин натиҷа расидаанд, ки Раҳмонов дигар комилан дорад аз контрол хориҷ мешавад ва фаромуш кардааст,ки ӯро ҳамин русҳо ба сари қудрат оварда буданд. Хулосаи дигари Русия аз ҳокимияти беш аз сӣ солаи Раҳмонов ин аст ки овардани Рустам ба ҷойи худаш косаи сабри мардум дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони корӣ дар шаҳрҳои Русияро лабрез хоҳад кард ва дар чунин шароит эҳтимоли 100%-аи бо тоҷикони мусаллаҳи он сӯи марз ҳамовоз шуданашон вуҷуд дорад, чун роҳу чораи дигари халосӣ аз Раҳмоновро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, бинобар маълумоти расида ба дасти мо русҳо чанд кондитеро ҳам барои ҷойгузинии Раҳмонов дар назар гирифтаанд, ки яке аз онҳо Қоҳир Расулзода, сарвазири феълии Тоҷикистон, дигарӣ Раҳим Азимов, як тоҷири тоҷики муқими Русия ва муовини яке аз Кумитаҳо дар Думаи давлатӣ аз ҳизби «Единная Русия» аст ва нафари севвум, ки исмашро ифшо накарданд, аз давру бари худи Раҳмонов будааст, вале на аз оила! Миёни ин се кондит исми Убайдуллоев Маҳмадсаид зикр нашудааст вале ҳамчуноне аз ин санади сиррӣ бармеояд, ӯ низ яке аз кондитҳои эҳтимолӣ аст. Ҳоло ҳолоҳо маълум мешавад, ки чаро Раҳмонов Убайдуллоевро ба якборагӣ аз арш ба фарш заду ҳатто иҷоза надод, ки ба унвони як узви одии Маҷлиси Миллӣ фурсати андаке ҳам дар «боло»-ҳо бимонад.
Вале дар ин санад аз ҳолатҳое ҳам тазаккур дода мешавад, ки «табаддулотчиён» аз бардоштани аслиҳаву пушидани ҷавшани ҷангӣ ҳам, барои онки ба ҳадафашон бирасанд, сарфи назар намекунанд. Ва, агар ин санад, як хиёлпардозӣ набошаду воқеъиятҳои сахту сангини ояндаи наздикро мунъакис кардааст, муҷриён ва масъулони ин табаддулоти давлатӣ то масъалаи гурӯҳҳои мусаллаҳ, ҳаққузаҳма ва кишварҳое, ки маҳз аз онҷо ин табаддулот сармоягузорӣ ва сарпарастӣ мешавадро ҳам таъйин ва мушаххас кардаанд:
«В последних встречах рассматривались сценария того, что необходимо в каждом регионе хотя бы по 150-200 человек для начала волнений и дестабилизации. Причём вооруженных. Где гарантия того, что эти люди уже не на местах и не ждут команды. Каждому обещан гонорар в размере 10.000-15.000 долларов. Причем этот метод рассматривался при неудачном перевороте бывшего заместителя обороны Республики Назарзоды.
Источник отправки денежных средств, от так называемых доноров, находится в Дубае.
Деньги переводятся теневым переводом через частных лиц и иногда через фельдъегерскую службу. Удивительно некоторое время назад могли по цепочке добраться до нужного места, но по непонятным причинам, так называемое дело Фельдъегеря (военный или правительственный курьер) развалилось. Кроме внешних источников налажена четкая схема отмывания денежных средств из бюджета страны.
Еще одна линия поступления огромного количества денежных средств, это незаконный оборот наркотиков, которая тоже работает, слажена и без сбоев.
Из вышеуказанных источников собирается огромный капитал, который необходим для подкупа некоторых должностных лиц в том числе правоохранительных органов, органов прокуратуры (для развала уголовных дел во время расследований) и работников исправительной системы.
Причем подкуп в последние годы идет активным образом. На это необходимо обратить тщательное внимание.»
Ҳамчуноне мебинед, инҷо ҳатто ин гурӯҳи табаддулотчиён дар «мулоқот»-и ахири худ сенарияи худро баррасӣ ва ҳамоҳанг карда манобеъи молии нақшаву амалиёти худро ҳам муайян кардаанд. Аз он ҳам гуфта шудааст, ки шумори қобили мулоҳизаи мақомоти амниятиву интизомӣ дар ин табаддулоте, ки қарор аст биуфтад ҳамроҳ хоҳанд шуд ва дастгирӣ мекунанд.
Албатта, барои мо ҳам, ҳамчуноне барои шумо пеш меояд, шубҳаовар аст, ки чаро Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, ки тоза қудои Раҳмонов шуд ва низ Ашӯриён Музаффар, вазири адлияи Тоҷикистон, ки қудои духтари Раҳмонов аст, яъне набераи Раҳмоновро келин кардааст, дар як чунин табаддулот ширкат варзанд? Вале, дар санаде, ки фиристода шудааст, чуноне худатон мутолаа кардед, маҳз исми онҳо ба унвони нафарони содиқ ба Убайдуллоев зикр шудааст.
Аммо, як чизе, ки дар ин санади ба дасти мо расида моро дар воқеъ гиҷу гаранг кардаасту мутааҷҷиб мекунад ин аст ки номи Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонӣ ҳам зикр мешавад ва аз ӯ ҳам ба ҳайси як унсур дар ин табаддулот ва ҳатто ба унвони Прокурори генералии ҳукумати баъди табаддулоти давлатӣ ном бурда мешавад:
«Необходимо отметить, что в данной исправленной колонии отбывает срок Еров Бузургмехр. Еров Бузургмехр имеет колоссальный опыт в юриспруденции.
На него возлагают большие надежды после так называемого госпереворота. В случае удачного переворота, его назначают Генеральным Прокурором, и он должен подготовить изменения в Конституцию. Все принятые поправки, которые дают особый иммунитет Лидеру Наций будут сняты и этим они хотят в будущем, привлечь к наказанию Лидера Нации и его семью. Еров. Б консультирует некоторых видных заключенных (Близких тех которые выезжали за пределы государства за консультациями), и готовит из них правоведов».
Ростӣ, баъид аст ки агар маҳз ҳамин гурӯҳ бо анҷоми табаддулот қудрати сиёсиро аз дасти Раҳмонов бикашанду бигиранд Бузургмеҳро Ёровро ба ин мақом мансуб кунанд, ҳоло агар зиндониёни сиёсиро озодӣ диҳанд, хеле кор кардаанд, аммо..
Бо таваҷҷуҳ бар ин ки дар ин авохир болои Бузургмеҳро Ёров бо ҷурми дигари сохтаву бофтаи «қаллобӣ” ҷазои иловагӣ доданианд, намешавад, аз паҳлуи ин ҳарфҳо бидуни фикру андеша рад шуд.
Пеш аз онки қитъае дигар аз ин санади дастрасшударо инҷо биёварам, порае дигари онро зарур донистам аланӣ кунам. Маълум аст ки ин санад хеле муфассал аст ва онҳое ҳам ки тавассути «внедрят»-шудаҳо барои мо онро расониданд, на фақат масъалаи «табаддулоти давлатӣ»-и қарибулвуқуъро мояи нигарониву ташвишу таҳлука медонанд. Аз он ҳам сахт ошуфтаву парешону нигаронанд, ки Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол то пояҳои болои болои ҳукумати Раҳмонов нуфуз пайдо кардаанду «одамҳо»-и худашонро доранд ва сахтар аз ин он қадар дорои “пулу пайсаанд”, ки манобеъро дар КДАМ ва Дастгоҳи иҷрояи Президент «гонорар» медиҳанд. Худ бубинед, ки чи навишта шудааст:
«Таким образом данный товарищ(имеем в виду Мансурджон Умарова) через своего любимого сыночка выясняет некоторые тонкие моменты и слухи в кругу внука Президента Исмоила и позже Мансурджон передает эти данные и слухи секретно Мухаммадикболу и другим сторонникам Кабири. Как говорится, не пойман, не вор. Для передачи информаций у товарища Умарова, очень много путей, так как у него большая агентура во время работы в КГБ. Так вот, что хотели этим подчеркнуть. Противостояние между товарищами Умаровым и Ятимовым Саймумином, дошло в последние время до того, что они начали, передавать некоторые тайны через своих агентов Мухаммадикболу и этим хотели разоблачить друг друга. В данной битве выиграл товарищ Умаров и в последнее время Мухаммадикбол перестал говорить о нем и переключился на Ятимова и окружение Президента.
Также в окружении сынов Президента находятся лица, которые не прочь подзаработать и слить любую информацию. Этим можно объяснить то, что откуда у Кабири и его шакалов, всегда имеется информация. До каких пор так называемые Министры, директоры и другие будут недобросовестно выполнять свои обязанности. У нас душа болит за нашу Родину и ваши старания любимый наш Президент. Мы просим провести чистку и назначить новых, молодых и правильных на значимые посты.»
Акнун дар бахши ниҳоии ин матлаб тикаи ҷолиб аз ин санадро меоварем, ки муаллиф ва ё муаллифон ба мухотаби худ сахт таъкид мекунанд, ки бояд ҷиддан аҳамият бидиҳад, ки ин «табаддулот» бо дастони кӣ ва бо ҳамроҳии киҳо қарор аст анҷом дода бишавад:
«Необходимо обратить тщательное внимание. Завершающий этап волнений готовится к 2024 году. Большую и значимую роль должны сыграть так называемые НПО (неправительственные организации) которые финансируются из вне. В своих семинарах будут внедрять молодежи он неравноправии. Будет обращено внимание на то как близкие высокопоставленных чинов власти за счет своих родных приобретают дорогие авто и недвижимость (в последнее время рабочую молодежь начали раздражать выходки зажравшихся отпрысков чиновников, которым все позволено, в то время как обычная молодежь пашет не покладая сил). До этого планируется, начиная с этого года провести несколько актов разрушительного характера. К примеру, идеологи через своих последователей находящихся в местах лишений свободы, должны найти исполнителей на воле. Вербовать будут в основном подростков в так называемых Кальян-барах и букмекерских конторах, где люди проигрывают и готовы за деньги на все. За исполнения поручений будет обещана большая денежная награда со стороны тех, кто собирается на частных собраниях, которые были упомянуты выше. Цепочка идеологов (находящиеся за пределами государства) исполнителей (находящиеся в местах заключения) и спонсоров (те которым выделены большие денежные средства из за границы и средства с оборота наркотиков) четко и слажено работает».
Хонандаи азиз! Шумо хуб медонед, ки мо ҳамарӯза дар ин дуо ва ниёш ҳастем ва ҳадафи мубориза ва талошҳоямон ҳам ин аст ки Раҳмонов ва режими ҷинояткору зиддихалқии вай ҳарчи зудтар вожгун бишавад. Аз ин ҷиҳат, ҳар ончи дар ин аснод мунташир шудаастро тарафдорӣ хоҳем кард.
Инки ин табаддулотро кӣ иҷро мекунад, сарпарасту ҳомиёнаш киҳо хоҳанд буд, зиёд муҳим нест. Муҳим ин аст ки ин режим сарнагун бишавад.
Ҳоло агар сарпарасти ин гурӯҳ Матвиенко аст боз ҳам хуб аст, чун ин русҳо буданд, ки Раҳмоновро ба сари халқ оварданд. Худо кунад, ки чоҳкан ба чоҳи худ биуфтад. Вале ҳоло бароятон инро бигуям, ки дар худи «дарбор»-дар ҳукумати оила масъалаву мавзуъ, балки мушкил, мушкили «госпереворот» нест, мушкил ва баҳсу даъвоҳо ин аст ки чи гуна гурӯҳҳои дохилӣ ниҳодҳои давлатӣ, махсусан мақомоти қудратиро таҳти таъсири худ бигиранд. Масалан Зоиру Шамсуллову одамҳояш як тараф, Ҳасан Асадуллозода тарафи дигар, худи Рустами руфақояш тарафи саввум байни ҳам дар хусумат ва талоши таҳти нуфузи худ ва гурӯҳи худ даровардани ин мақомот ҳастанд. Аммо, ин мавзӯъи навиштаи баъдии мост. Вале ҳоло бубинем, ки ин «госпереворот» чи аксусадоҳое хоҳад дошт ва Путин дар воқеъ дар Тоҷикистон Раҳмонови дигар мехоҳад ва ё ин бозии дигаре аст ки қаблан бо Ғаффор Мирзоев, бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳатто бо Абдуҳалим Назарзода анҷом додаву дар охирин лаҳазот онҳоро қурбонӣ кард?