Тиҷорат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Бо таъин гардидани ректори нав дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат тиҷорат ва маҳалбозӣ дар ин донишгоҳ 200% афзуд. Бо баробари таъин гардидан ба ин вазифа ректор ба худ одами наздикро ҷустуҷӯ намуда, ҳамшаҳрии худ (аз н. Восеъ) Мараҳимов Баҳромро мушовири худ таъин намуд. Ҳол он ки мувофиқи ҷадвалмансаб чунин мансаб дар донишгоҳ вуҷуд надошт. Сабаби ба чунин вазифа таъин намудани Мараимов Б. ҷамъоварии маблағҳо, фурӯши мансабҳо, миёнаравӣ дар таъин намудани мансабҳо мебошад. Пас аз таъин намудани ҳамаи кадрҳо ректор дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ санаи 12.01.2020 эълон кард, ки чунин мансаб дар донишгоҳ вуҷуд надорад ва Мараимовро ба вазифаи сардори шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим таъин намуд, ки номбурда на танҳо ба вазифаи мазкур нолоиқ, балкӣ умуман саводи кофӣ надорад ва ду ҷумларо навишта наметавонад. Боварӣ кардани сиёсати кадрӣ ба як ассистент ин шикасти мудирият аст.

Мегузарем ба таъини мансабҳо:

  1. Набиев Исомиддин – муовини декан оид ба илми факултети МИБ – бояд қайд намуд, ки нархи ин мансаб аз 500 то 1000 доллар мебошад ва номбурда то имрӯз як мақолаи илмӣ надорад. Акнун биёед қазоват кунем. Нафаре, ки як мақолаи илмӣ надорад оё метавонад илми як факултети калонро пеш барад? Ҳаргиз не!
  2. Кабутов Қурбоналӣ – муовини декан оид ба илми факултети менеҷмент ва ҳуқуқ, номбурда низ аз кӯчаи илм нагузаштааст ва умуман корҳои илмӣ надорад.
  3. Нуриддинов – декани факултети молия ва қарз. Нархи ин мансаб аз 2000 то 3000 доллар мебошад. Ин шахс номзади илми иқтисод мебошад ва рисолаашро Ҳамидов Муҳиддин навиштааст, аз ассистентӣ ба декани яку якбора таъин гардид. Магар дар донишгоҳи бонуфуз дигар шахсони унвондор набуданд? Ҳастанд! Аз рӯи маҳалбозиву бепулӣ онҳоро сазовори чунин мансабҳо надонистанд. Ин шахс кори худро ба воситаи Мараимов Б, ки дар як кафедра кору фаъолият мекарданд ҳал намуд.
  4. Муртазоев Ораз – декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқ – ин нафар низ таҷрибаи кофии фаъолият дар донишгоҳро надорад. Яъне аз кучаи мудирии кафедра, дотсенти донишгоҳ ва дигар зинаҳо нагузашта ба декани факултет таъин гардидан ин маънои онро дорад, ки коррупсия ва маҳалбозӣ ғолиб омадааст.
  5. Ҷураев Шавқат – Рисолаи илмии ин бечораро ВАК Русия бекор намуда буд ва чанд вақт бе мансаб мегашт. Бо таъини ректори нав ба воситаи Ҷабборов Абдурасул, декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат ба маблағи 1000 доллар тавонист курсии муовини раёсати таълимро соҳиб гардад. Ҳол он ки дар ин мансаб ҳадди ақал бояд номзади илм таъин карда шавад.
  6. Муовини якуми ректор Саидов. Саймаҳмуд Саидаҳмадович, ки номбурдаро берун аз донишгоҳ ба ин вазифа таъин намуд, ҳамкурси ректор буда, аз кучаи таълим, ба ғайр аз кори ассистентӣ нагузаштааст. Дар донишгоҳ докторони ҷавон, номзадони илми ботаҷриба бисёранд, аммо барои чи онҳоро таъин накарданд ва маҳз аз берун. Зеро ин нафарон то имрӯз хариду фуруши мансабро намедонистанд. Аз Фақеров Ҳ. бояд меомӯхтед ҷаноби ректор ва Мараимов Б.

7.Ректори донишгоҳ якчанд нафарони калидии донишгоҳро ба ҳаволаи худ гузошт ва тақдири минбаъдаи кору фаъолияти онҳо номаълум монд. Масалан доктори илм Шаропов Ф.Р., доктори илм Қодирова З., доктори илм Фақеров Ҳ., номзади илм Толибов Қ., номзади илм Мирзоев Р. ва даҳҳо нафари дигар. Аз гуфтаи ин шахсон маълум гардид, ки онҳо аз донишгоҳ мераванд. Бо рафтани ин шахсон, ки асосгузорони донишгоҳ, яъне таҳкурсии ин донишгоҳ ҳастанд оқибати донишгоҳ, рейтинги он ва дигар масъалаҳо норавшан мемонад.

8.Ректори Донишгоҳ ба муовини нави худ Саидов С. супориш дод, ки вазифаи ҳамаи мудиронро дар озмун гузорад (ба фикрам маблағи додаашро ҷамъ накардааст то ҳол), лекин бояд қайд намуд, ки чунин ҳуқуқро ӯ надорад, зеро мувофиқи «Низомномаи кафедраи муассисаҳои   таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» банди 10.2.  Мудири  кафедраи  муассисаҳои  таҳсилоти  олии  касбӣ  дар мавридҳои зерин бозхонд карда мешавад:

–  иҷро  накардани  вазифаҳое,  ки  Низомномаи  мазкур  муқаррар намудааст;

– иҷро накардани талаботи шартномаи меҳнатӣ;

– манфӣ арзёбӣ гардидани фаъолияти кафедра;

– бо сабаби вазъи саломатӣ;

– ба синни нафақа расидан;

– бо хоҳиши худ;

– муқаррароти дигаре, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ амалкунанда муайян намудааст. 

Аз ин муқаррарот ба чунин хулоса омаданд

Муҳтарам ректор ва муовинони бесавод кам- кам санадҳои ҳуқуқиро омӯзед!!!!!

Поени қисми аввал,идома дорад…

Ps:  Хонандагони гиромӣ таҳқиқот идома дорад ва тасмим гирифтаем ин масаларо мӯшикофона идома диҳем. Ба сомонаи донишгоҳ ворид шудем ҳама аксҳои устодон нестанд,ноқис ва номукаммал аст. Боз бо донишгоҳҳои хориҷии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ доштааст. Якбор вориди сомонаҳои ҳамон донишгоҳҳо шавед,то дарбони он донишгоҳ мушаххасоташ дар сомона ва пойгоҳҳои он донишгоҳҳо навишта шудааст. Чаро дар сомонаи ин донишгоҳи тиҷорат ҳама устодон нестанд? Ин сирри худро доштагист ва онро низ дунбол хоҳем кард.Вазорати маориф ва илм агар ба ин масоил диққати ҷиддӣ надиҳад вазъи бади таълиму тарбия аз ҳолати бад ва вахим ба бадтар вахомати шадид мегузарад. Ислоҳ интизори номаҳои дигаре аз устодони ин даргоҳ мебошад. Натарсед нависед ва ин соҳаи бо шарафро нагузоред бешарафон касод кунанд!

Share This Article