(бахши аввал)
Ториқ ибни Зиёд ибни Абдуллоҳ аз фармондеҳони қудратманд дар шимоли Африқо буд, ки тавонист дар муддати каме ҳамроҳи Мусо ибни Насир тамоми шимоли Африқо, ки шомили кишварҳои Либия, Тунис, Алҷазоир, Мағриб, Мавритания, саҳрои бузурги Африқо, ҳамчунин шибҳи ҷазираи Ибрияро, ки шомили Испания, Португалия ва ҷануби Фаронса буд таҳти ҳокимияти хилофати Амавиҳо (661-750) дароварад. Аз сирати қаҳрамони бузург ва фотеҳи Испания то қабл аз расидан ба фармондеҳӣ дар шимолу ғарби Африқо иттилооти чандон дақиқе вуҷуд надорад. Ториқ ибни Зиёд дар соли 50 ҳиҷрӣ 670 милодӣ таваллуд шуда, аслу насаби ӯ аз қабоили Барбари шимоли Африқост. Бархе бар чунин ақидаанд, ки Ториқ эронӣ буда, аз шаҳри Ҳамадон аст. Иддае ҳам бар ин боваранд, ки Ториқ аз қабоили арабӣ аст, ки барои фатҳи Африқо бо лашкари мусалмонон ҳамроҳ шуда буд. Аммо ин ки оё Ториқ африқоӣ, эронӣ ва ё араб буд муҳим нест, муҳим ин аст, ки ӯ мусулмони муваҳид (эътиқодманд) ва аз нобиғае буд, ки бо раҳбарӣ ва тактикаҳои ҷангии худ тамаддуни ҷадидеро бар харобаҳои Испания бино ниҳод.
Ториқ ибни Зиёд беҳтарин гузинаи Мусо ибни Насир барои фармондеҳии лашкари мусулмонон буд, то фатҳи сарзаминҳои шимоли Африқоро такмил кунад. Ӯ, ки дар набардҳои мухталиф ҷанговарӣ ва диловарии худро собит карда буд, аз назари имону эътиқод низ дар дараҷаи баланд қарор дошт. Ин амр сабаб шуд, то Мусо ибни Насир баъзе аз вилоят ва шаҳрҳоро ба ӯ вогузор намояд.
Аммо Ториқ, ки дорои руҳияи муборизаталабӣ ва силаҳшурӣ буд, ба ин мақом иктифо накард ва ба унвони фармондеҳи лашкар ба муҷоҳидатҳои худ барои фатҳи шаҳрҳо ва таблиғи Ислом идома дод, то ҷойе, ки тавонист дар тӯли муддати маҳдуде бо ҳамроҳии Мусо ибни Насир тамоми Мағрибро ба тасарруфи худ даровард. Танҳо шаҳре, ки Ториқ натавонист ба он даст ёбад ва онро тасарруф кунад шаҳри Сибтия (дар шимолу ғарбӣ ва ҷануби тангаи Ҷабал-ул-Ториқ) буд, ки шахсе ба номи Кент Ҷулиён бар он ҳукм меронд. Ҷулиён фарди сарсахт ва зирак буд, ки бо чангу дандон аз мулки худ дифоъ мекард.
Замоне, ки Мусо ибни Насир шаҳри Сибтияро тасарруф кард, фармондеҳаш Ториқ ибни Зиёдро волии яке аз шаҳрҳои муҷовир ба номи Танҷат гардонид, то атрофи Сибтия ва ҳокимияти онро зери назар дошта, дар фурсати муносиб ба он ҷо ҳамла кунад. Мусо 19000 сарбозро, ки аз ақвоми барбари шимоли Африқо буданд, бо таҷҳизоти комил дар ихтиёри Ториқ қарор дод ва ҳамчунин теъдоди андаке аз мусулмонони арабро низ ҳамроҳи онҳо кард, то ба онҳо Исломро биомӯзонад. Ториқ мунтазири фурсате буд, то битавонад эътимоди Ҷулиёнро касб карда, бидуни ҳамлаи низомӣ ва хунрезӣ онҷоро фатҳ кунад. Дарҳол ба ӯ нома менависад ва бо эҳтирому мулотифат аз ӯ мехост, то ислом оварад ва ё таҳти султаи муслимин қарор бигирад. Ҳарчанд ки иқдомоти Ториқ барои фатҳи Сибтия натиҷае надошт, аммо ногаҳон иттифоқи ғайри мунтазира ва ғайри қобили пешбинӣ рух дод, ки на танҳо сабаб шуд Кент Ҷулиён шаҳрро ба Ториқ вогузор намояд, балки пешниҳоди фатҳи Испания ва ҳамкорӣ бо ӯро низ ба Ториқ бидиҳад.
Дар ин асно (соли 700 м.), ки лашкари мусулмонон ба футӯҳоти худ дар шимоли Африқо идома медоданд, подшоҳи Ибрия (Испониё ва Португалия) вафот карда, фарзанди ӯ ба номи Витса ба тахт менишинад. Як сол қабл аз вуруди мусалмонон ба Андалус яке аз фармондеҳони лашкари Испания бо исми Родерик (Лазриқ) подшоҳ Витсаро ба қатл расонида, худ ба ҷойи ӯ ба тахт менишинад. Фарзандони подшоҳ Витса, Оломонд, Ромуло ва Артабас ба тарафи шимол фирор карда, ба ҷамъ кардани тарафдорони худ ба муқобили Родерик пардохтанд. Яке аз фарзандони подшоҳи собиқ назди Ҷулиён, ки аз ҳомиёни падараш буд, омада, аз ӯ дархости кӯмак кард. Ин амр сабаб шуд, то Ҷулиён ба фикри сулҳ бо мусулмонон бияфтад ва аз онон барои бозпас гирифтани мамлакати Испания кӯмак биталабад. Ҷулиён ҳанӯз дар кӯмак гирифтан аз мусулмонон мутараддид (дудила) буд, ки вуқӯи ҳодисаи муҳиме барои ӯ ва хонаводааш сабаб шуд, то тасмими худро амалӣ кунад.
Воқеъа аз ин қарор буд, ки: Кент Ҷулиён духтаре дошт бо номи Фларендо буд, ки аз ҷамол ва зебоӣ баҳраи вофире бурда, Кент ӯро бисёр дӯст медошт. Кент Ҷулиён мутобиқи урфу маросими бузургон ва умаро ӯро барои омӯзиш ва тарбият ба сарзамини Испания фиристод, то аз фазоил ва фазои он ҷо баҳра бибарад. Аммо Родерик подшоҳи Испания вақте ӯро дид шефтаи ӯ шуд. Родерик духтаракро бо икроҳу иҷбор ба сӯйи худ кашида, ӯро мавриди таҷовуз қарор дод. Фларендо пинҳонӣ номае ба падараш навишта, ӯро аз воқеъа огоҳ мекунад. Замоне, ки Кент Ҷулиён аз ин хабардор шуд, қасам хӯрд, то Родерикро аз тахт поин накашида, аз ӯ интиқом нагирифта ором нанишинад.
Дарҳол барои танфизи тасмим ва қасами худ эълон кард, ки ҳозир аст шаҳри Сибтияро ба мусалмонон вогузор кунад. Ӯ ҳамчунин Мусо ибни Насир фармондеҳи мусулмононро тарғиб кард, то барои фатҳи Испания иқдом кунанд ва ӯ низ қушунҳои худро дар ихтиёри онҳо қарор хоҳад дод. Ҷулиён иттилоотеро дар мавриди мушкилоти дохилии Испания ва авзои он ҷо дар ихтиёри Мусо ибни Насир қарор дод ва бо тавзеҳоти худ Мусо ибни Насирро барои фатҳи Испания қонеъ кард. Мусо барои фатҳи Испания ва касби иҷоза аз халифаи мусулмонон Валид ибни Абдулмалик ибни Марвон (705-715) номае ба Димишқ фиристод, аммо Валид дар ҷавоби ӯ дастур дод, ки бидуни барномаи ҳисобшуда ва касби хабари дақиқ аз авзо ва аҳволи испанявиҳо ва сарзаминашон иқдоми шитобзадае анҷом надиҳанд ва мусулмононро бо даргирӣ дар сарзамине дуру ноошно ба коми марг нафиристанд. Ба вижа ки барои расидан ба Испания бояд аз дарё бигзаранд ва мусалмонон таҷрибаи чандоне дар дарёнавардӣ надоранд, аз ин рӯ ҷониби дигар нерӯи дарёии Испания бисёр қавӣ буда, киштиҳои ҷангӣ дар ихтиёр доранд.
То қабл аз ин ки мусулмонон сарзаминҳои Испанияи имрӯзӣ ва атрофии он, яъне Юнон ва ҷануби Фаронсаро фатҳ кунанд ба номи Ибрия хонда мешуд. Пас аз фатҳи ин сарзаминҳо тавассути мусалмонон онро ба номи Андалус хонданд ва ин ном баргирифта аз калимаи Фундалсиё аст, ки ба ақвоми сокин дар ҷануби Испания тавъам буд. Пас аз ин ҳар гоҳ номи Ибрия ва ё Андалус ва ё Испания зикр мешуд, тамоми сарзамини Испанияи имрӯзӣ, Португалия ва ҷануби Фаронса мадди назар аст.
Агар дар Андалус ақвоми мухталифе зиндагӣ мекарданд, аммо бештари сокинони он Қутҳо (Кутҳо) буданд. Аз ин рӯ дар ин маврид низ ҳар гоҳ калимаи Қут ва ё Қутҳо зикр шуд, қасди мо ақвоми сокин дар Испания қабл аз ҳузури мусулмонон аст. Андалус шибҳи ҷазирае аст, ки дар қисмати ҷанубу ғарби Аврупо воқеъ аст ва аз се тараф дар муҳосираи дарё ва уқёнус аст. Аз Шарқ ба дарёи Сафед ва аз ғарбу шимоли ғарбӣ ба уқёнуси Атлас ва аз ҷануб ба тангнои Ҷабали Ториқ пайваст аст. Аз самти шимолу ғарбӣ низ, ки танҳо марзи хушкии он аст, ба Фаронса ва соири нуқтаҳои Аврупо пайваст мебошад. Андалус сарзамине дорои кӯҳҳои баланд ва дарахтони сарсабзу рудҳои фаровону пуроб аст ва пастиву баландиҳои зиёде дорад.
Муваффақияти ҷуғрофиёи Испания ва вуҷуди мавонеи табии монанди кӯҳҳову рудҳо ва ҷангалҳои анбӯҳ боис шуда буд, то ҷангу пайкор дар чунин муҳити бисёр мушкилтару сахттар, аз соири ҷангҳо бошад, ба тавре, ки дар нигоҳи аввал, даст ёфтан ба чунин сарзамине аз тариқи лашкаркашӣ ғайри мумкин ба назар мерсад.
Мусо ибни Насир бино ба дастури халифа ва ҳамчунин ба далели адам ва эътимоди комил ба Ҷулиён ва аз тарси ин ки мабодо ин пешниҳод як найранг бошад, лашкари кӯчаку муташаккил аз 500 сарбозро фароҳам овард ва фармондеҳии онро ба шахсе бо номи Ториқ ибни Зиёд вогузор кард, то бо вуруд ба Испания ба касби иттилоот ва таҳқиқу тафҳис аз авзоъ ва аҳволи он ҷо бипардозад ва роҳҳои нуфуз ба он ҷоро пайдо кунад. Кент Ҷулиён чаҳорто аз киштиҳои худро дар ихтиёри онҳо қарор дод, то онҳоро ба Испания бирасонад. Лашкари Ториқ дар соли 91 ҳ. 710 м. дар минтақае, ки баъдан ба номи ӯ ҷазираи Ториқ номгузорӣ шуд, пиёда гашт ва бо як ҳамлаи ғофилгирона он ҷоро тасарруф карда, ғаниматҳои зиёде ба даст овард. Сипас пас аз таҳқиқ ва ҷустуҷӯи кофӣ ба Мағриб баргашта, натиҷаи сафари худро барои Мусо ибни Насир баён кард. Бо ин пирӯзӣ гуфтори Ҷулиён барои Мусо собит шуд ва аз роҳнамоиҳову кӯмакҳои ӯ барои футуҳоти баъдӣ истифода кард.
Мусо ибни Насир, Ториқ ибни Зиёд фармондеҳи лашкарро фаро мехонад ва ҳафт ҳазор муҷоҳиди ҷанговар аз барбарҳои шимоли Африқо ва сесад нафар аз муҷоҳидини арабро дар ихтиёри ӯ қарор медиҳад, то барои ҷиҳод бо испониёиҳо омода шавад. Ториқ лашкари худро дар таърихи 5 раҷаби соли 92 ҳ. 711 м. ба василаи чаҳор киштӣ ва дар чандин навбат аз ҷазираи Танҷат дар шимолу ғарб ба доманаҳои кӯҳи колабӣ дар ҷануби Испания интиқол дод. Ин кӯҳ баъдан ба номи Ҷабал-ал-Ториқ машҳур гашт ва то ҳол ин кӯҳ ба ҳамин ном аст.
Замоне, ки Ториқ савор бар киштӣ шуд, то ба сӯйи Андалус ҳаракат кунад, ногаҳон хоб бар ӯ чира гашт. Ӯ дар хоб Расулулли акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро зиёрат кард, Муҳоҷирин ва Ансор низ ҳамроҳи он Ҳазрат (саллалоҳу алайҳи васаллам) буда, шамшерҳо ва камонҳояшонро ба даст доштанд. Расулуллоҳ (саллаллоҳу алйҳи васаллам) ба ӯ фармуд: «Эй Ториқ ба сӯйи сарнавишти худат пеш бирав ва бо мусулмонон ба нармӣ бархурд кун ва ба аҳдат вафодор бош». Ториқ, ки нигоҳашро ба Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дӯхта буд, дид, ки эшон ба ҳамроҳи асҳобаш ҷилавтар аз ӯ дохили Андалус шуданд. Ҳангоме, ки Ториқ аз хоб бедор шуд, ҳамроҳонашро башорат дод ва худи ӯ низ рӯҳияи бештаре ёфт ва ба пирӯзӣ дар ин масир яқин пайдо кард.
Идома дорад
Муҳамадиқболи Садриддин