Ду соли пеш, дар 2023 «Ислоҳ» ба муносибати 50умин солгарди таъсиси ҲНИТ риштагузориши муфассалеро таҳти унвони «ҲНИТ,ним қарни пурталотум» таҳия ва тақдими ҳаводорон кард, ки роҳи тайнамудаи ин муассисаи муқтадир ва муътабари сиёсиро тули панҷ даҳа мунъакис мекард. Аммо таҳия ва тақдими бахши поёнӣ, ки қарор буд, даврони ҳиҷрати дуввум, сарнавишти урупоии онро ба тасвир бигирад, даст надод. Тамоми зуру мадорамро кор бурдам, аммо чизе набуд, чизе руи коғаз наомад. Чунки ман суфоришӣ ва матлаби ҷаълие наметавонам нависам.
Бахшида ба ин руйдоди таърихӣ ва муҳим кадом ҷашну маъракае, кадом нишасте, кадом ба истилоҳ «кофе-брейк»-е ҳам баргузор нагардид. Гуё ҳизбе бо номи Наҳзати исломӣ мавҷуд набуд ва бадтар ва аламовартар ин буд, ки аз ҲНИТ гуфтан мебоист эҳтиёт, эҳтиёт, ки чӣ иҷтиноб кард, таҳти тардид ва ибҳом қарор гирифт, дар лабаи партгоҳи амиқ, овезон ба як шохаи нимхушки дарахте буд. Ва, роҳи чора ин гардид, ки дар таркиби як иморати маснуӣ бо номи ПМТ ба сони моли дасти ду, секонҳенд ва утилизатсияшуда дохилаш карданд ва бо ҳамин дигар исмеву ёде аз он бурда ва карда нашуд.
На, на, ин тавр нагумореду напиндоред, ки пропагандаи Раҳмонов ҲНИТ-ро ба ин ҳолу ба ин рӯз овард. Тамоми ин ҳама бадному сияҳсозии дорудаста, мафкурасозони ин режими палид ҳиҷ асаре ба пайкари бузурги ин ташаккули муҳташам асар накард, ин дурсозӣ, ин ҳошияафканӣ, ин дурангиву дусамтиву дупустиҳои дохилӣ буд, ки заъиф ва ранҷур бишавад. Гуё бо вуҷуди Наҳзати исломӣ замона носозгор аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибаташ дигар аст…яъне тавре талаққӣ шуд, ки мо муносиби вақт нестем.
Ман Аллоҳро гувоҳ мегирам, ки Сайфиддин Тоҷибоев зуҳур намекард, ин сиёсати худкушӣ, худинкорӣ ва худкамбинӣ ва ҳамин сиёсати ҳазар ва парҳез ва ҳошиягузорӣ идома мекард ва ончики ҳоло ба Догоҳи байналмилалии Лоҳа рафт бо номи ҳамон ПМТ мерафт. Аммо агар бараҳнатар бигуям ҳамин Тоҷибоев на аз Раҳмонов балке аз ҲНИТ ва масъули он қаҳр ва фирор карда буд. Ин ки гуфта мешуд фишорҳо болои созмони муътадили исломӣ ҷавонҳоро дунболи гурӯҳҳои радикал мебарад ғалат набуд вале асл ва воқеъият ин буд, ки ақибнишинии мудовим, нокифоятӣ, майдонфирорӣ, мавридношиносӣ ва мавқеъаздастдиҳии пайваста, бепосухгузории ончунонӣ ва пеши ҳаракатҳоро гирифтан онҳоро водор ба тарки кишвар кард. Онҳо сад дарсад аз ҳукумат саду панҷоҳ фоиз аз раис норозӣ рафтанд. Ончики мо талабу пешниҳод барои ислоҳ ва салоҳи кори ҳизби НИТматраҳ кардаем, ҷоҳу ҷалолхоҳӣ, даъвои курсии раёсат набуд, агарчи ҳиҷ ишколе ва ҳиҷ масъалае ва ҳиҷ иқдоми ғайритабиие нест. Зеро ҳизби НИТ барои ман ва барои ононе, ки дар ин ваҳла ва мақтаъи замонӣ бо ҳам ҳастем, онгуна, ки ҷомеаи кишвар таваққуъ дорад, амал накард. Ҳизби НИТ, ин мероси пурифтихор ва пуршарафи падари бузургворам ва ёрони содиқаш ва ин ташаккули сиёсии муллоҳову домуллоҳои ришдори саллаву ҷомапуши тоҷикӣ, ки замоне ҷаҳонро тасхир ва маҷзуби кору пайкораш карда ва то ба иртифои дабири кулли СММ ва давлатҳои абарқудрате чун Русияву Эрон барояш қоил ва фиристодаи хос таъин карда буданд, имрӯзҳо, ба сад таассуфу дареғ сахттарин рӯзҳои худро мегузаронад.
Ман аз он нигаронам, ки агар ин тавр тадовум биёбад ҳизбе, ки таърих сохт ба экспонати таърих бадал мешавад. Ва, гуфтаи он нафар, ки мегуфт идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заиф, бо сад дарду дареғ таҳаққуқ пайдо мекунад.
Кӣ ба ин рӯзу ба ин ҳол афканд?
«Раиси шумо лидери рӯзи масоф, соати номусу нанг нест. Аз дарун мутаҳаввил ва муталошӣ кард. Онҳое, ки буданд доданд, онҳо, ки ҳастанд, гирифтанду мегиранд, ҳатто дар ҳамин амри мусоидат дар дарёфти паноҳандагӣ хосу омм ва ҳисобҳои ғаразолуд карда шуд».
Шуморе аз бузургони ин муассисаи бузург, бо таъкиди ин гуна фикру назар бар ин боваранд, ки девори Хитойро похсаи гилин кард ва сади искандариро ба проходной двор, ки метавонӣ қаҳбаеро дар Раёсати олӣ бубинӣ.
Ҳоло агар ҳамин аризаи шикоятӣ ба Лоҳа набуд, намедонам, чи мегуфтем? Ҳузури ҲНИТро ҳатто фабрикаи ҷавоб фаромуш кард.
Мо, сари мавқеъи худ устуворем ва ончиро, ки матраҳ кардем, дигар накардаем. Чунки ҲНИТ дигар на чеҳраи мазҳабӣ ва на либеролӣ дорад. На домуллову муллову имоме, ки битавон ӯро марҷаъ қарор дод, на либероле, ки гуӣ, ана муҳлати пешбинишудааш саромад, мардона бирафт.
Қаҳбае, ки на пояш, чи расад ба ҷояш дар риёсат бошад, узви Раёсати олӣ аст. Шарҳу тафсир зиёд намедиҳам, аммо бархе мегуяд, ки вай маъмуре дар кадом бахши кор будааст.
Хуб, ҳоло агар ҳамин тавр ҳам бошад, бигзор бо худат ва пеши худат бошад, на бо… лакка ва…
Навиштани ин сатрҳо барои ман душвор аст.
Вақте «валлоҳ» -ро ба боди масхара мекашанд. Ман узви қаторӣ ҳастам ва будам, бедареғ кор карда истодаам. Магар бояд раис бошам, ки бошам? Агар раис набошам биравам дигар, бераисӣ наметавонам.
Магар мешавад раиси муассисаи исломӣ бошиву боз гуӣ, ки фаришта нестам? Чи кор кардӣ, ки қиёс бо фариштаҳо кардӣ? Яъне инсон, раиси муассисаи исломӣ фаришта набошад ё бошад? Раис бояд намуна ва улгӯ бошад ё на?
Ҳама наҳзатиҳо яксара метавоннад бигуянд, ки фаришта нестанд? Ё фақат раис фаришта нест? Маломатзада наметавонад раиси муассисаи исломӣ бошад.
Вақте аз инҷову онҷо таҳдид мешавад, ки «агар ба ҷои фалонӣ раис шавӣ…» , «ё даъвои раисӣ накун», «номзадиатро пешбарӣ накун»…чи мешавад гуфт ба ин вазъу ба ин ҳол? Дар ҳоле аслан чунин пиндоре аслан дар торпуди ман набуд ва нест. Ин ҳама выдумкаҳоро аз куҷо мегуянд он зангзанҳои хориҷӣ ва дохилӣ ва давлати Х ?
Чи гуна як қаҳба аз номи ҲНИТ паноҳандагӣ мегирад аммо фалонӣ намешавад? Фалонӣ ҳатто ба интервю даъват намшавад, аммо даъват ва таҳдид мешавад, ки агар раис шуди капат сӯхт. Инро чи гуна бояд фаҳмид? Мо подконтроли кием? Тамоми дағдаға ва ҳамҳамаи мо то ҷоест, ки иҷозат дода мешавад, ҳисобшуда аст? Барои мо хати қирмиз андохта шудааст? Мо, мухтору мустақил нестем? Моро, ки мудирият мекунад? Инсоф куҷост? Бо ин вазъу бо ин ҳол чи гуна ҳоло ҳам меистӣ? Ҳамаи ин ҳолатҳоро болои мо меоварӣ, чи кор карданиӣ?
Магар супоридану дар мақоми дигар истодан душвор аст? Ин вазъу ин ҳол ҷомаи кишварро ноумед ва нобовар мекунад, ки агар аз як ҳизб рафта натовонад чи гуна курсии давлатро медиҳад?
Ду чорсолӣ, ду панҷ ё ҳатто ҳафтсолӣ меъёри қонун аст ва онро мешавад байъат бо аъзо ва бо мардум гуфт. Байъат кардӣ, ки дар ҳамин муҳлатӣ, на беш аз ин. Сарҳаду марзи демократӣ чӣ шуд? Инҷо гап сари принсип ва аслу усул аст.
Мо, месозем, эҷод мекунем, зеро падарони мо сохтанд, сухтанд, аммо сохтанд. Мо дида истодаем, ки сохти онҳо, сохтмони ҳизби НИТ ҳоло он чизро, ки бояд медошт надорад. Такрор ҳам шавад боз мегуям, ки ин тавр нест, ки пропогандаи Раҳмонов аз роҳ бадар карда бошад, ин тавр аст ки эътибори онро аз дохил коҳиду коҳонд.
Афроде аз хайли Тоҷибоев садҳо, ҳазоронанд, ки хеле барвақттар навмед шудаву рафтанд, чун НИТро табдил ба ниём кард. Ниём бо сад рангу хатту холу нақш ниём аст на шамшер.
Мутаассифона имрӯз ифтихори мо МУС-Додгоҳи байналмилалии Лоҳа мешавад, вақте ки он ришдорони ҷелакпуш водор карда буданд, ки ООН, чи расад ба Гаага, барои ҳизби НИТ фиристодаи вижа таъин кард. Инро мегуянд, ҳодисае, ки Шарқу Ғарб ёд надорад. Ва МУС моро намебарад аммо ООН бурда буд.
Хеле аз бародарон, ки дар саргаҳи ин ҳизб қарор доштанд ва риёзат ва уқубатҳои зиёдро мутаҳаммил шудаанд, муътақиданд, ки онро аз дарун тосонд ва тармиму таъмираш бо онки ҳаст, ношуданист. Вақте ҷигарат дар пеши ҳарду айнакат лахталахта, тикатика буридабурида аз даҳонат меояд, ҳеҷ табибу пизишке чорагар ва ҳеҷ дармоне илоҷсоз намешавад.
Онҳо мегуянд, ки дар муборизаи гарм набуд сангару ҷиҳодро надидааст. Дар ҳоле ки тараф камонбадаст ва фронтовик аст. Писанд ҳам накард ва писанд ҳам намекунад. Худо бадгумон накунад, инро ҳам шунидам, ки он солҳо Абдуҳалим Назарзодаро Раҳмонов «баччахонд» карда буд ва аз нақши Назарзода дар интихоби раис дар соли 2006 пештар як каме ишоратҳо шуда буд.
Ман ҷудоӣ ва дудаста накардам ва нахоҳам кард. Аммо ин гапро хезонидан, ки раиси ҲНИТ то имрӯз беалтернатива интихоб шуда буд бо имрӯзӣ сидқ намекунад. Ҷойгоҳи он ду бузургвор дигар буд. Яке падари биологӣ ва дигаре падари маънавӣ буданд, ки ҳазорон шогирду пайраву послодевател доштанд. Ҳар яке аз онҳо бо ҳазорон кас сарукала мезаданд. Аз вуруди чор нафар дар ҳайати Раёсати олӣ вараҷа дар андом доранд, чи гуна метавонад бар фарзе Артиши НИТ фармондеҳ бошад?
Ҳама созмонҳо дар даруни Наҳзати исломӣ паноҳ бурданд ва дар ислом зуру бозу ва ирода ва ҷасорати мубориза ёфтанд. ҲНИТ Русияро зеруру кард, сарҳадро убур кард, Қаротегинро гирифт, Помирро гирифт, Орҷоникидзеобод, Файзобод, Ленинский, Теппаи самарқандӣ, 9километрро гирифт ва омаду ҳукуматро гирифт. Наҳзати исломӣ худро узви таркибӣ накард. Ҳеҷ зонтик ва сақфе надошт, изо ва хиҷолат намекашид аз номаш балке ифтихор мекард, эҳсоси заъфу хурдак будан надошт, китфи дигаре шонаҳои дигареро ниёз надошт.
Аммо ин бор мо даруни Паймон шудем. Онҷо ҳамаро дар гирдаш ҳалқа занонд, дар худаш даровард аммо ин бор муҳтоҷ. Чаро? Онҷо демократу Растохезу Лаъли Бадахшону Қозиёту шайхону уламои исломӣ наҳзатӣ шуданд, инҷо НИТ паймонӣ шуд. Чаро? Инро, ин вазъу ҳолро кӣ хост ё хостааст? Аъзо, аъзои Раёсати олӣ ва ё Раис? Мардум ҷавоб мехоҳад. Магар ҳизби НИТ маълулу маслуху маъюб аст, инвалид шудааст, ки ин бародарон асобағалаш бишаванд, чигасаш бошанд?
Ҳизб 50 сола шуд, ҳатто як ҷаласа ба ин муносибат доир накардем. Гуё он замон Амрико ва Урупо бо исломиҳо хуб набуд, аммо ҳоло Аҳмад Аш-Шаръ дигар кардааст.
Ман аз Худо мехоҳам, ки Мисру Мурсӣ нашавад, Ғанушӣ нашавад. Вале мо қабл аз онки гароишеро дунбол бикунем, он гароишро бояд бишносем, муътақид шавем, ки гароиш гароишест, ки аз умқи ҷонамон аст на руи забон. Аш –Шаръ ҳамин тавр аст.
Мо як роҳ дорем ва он роҳест, ки падарони мо тай намуданд.
Ҳоло агар онҳо бо ҲНИТ ҳукуматро дар панҷ сол ниманисфа карданд, мо дар даҳ сол як аризаи шикоятӣ ба ГААГА бурдем?
Ману ҳизби НИТ дар як манзил ба дунё омадаем. Бо бузургони он аз кудакӣ будам, болои зонувони онҳо мешиштам, аммо ҳоло ҳамин тавр шуд. Аллоҳ шоҳид аст имрӯзҳо сафаҳоти иҷтимоиро мехонам ҳар почакандаи аз адиру чул рехта ҳимоятгару ариза ба ГААГА бар шудаасту ба шакле мехоҳад писханд занаду худро помошнику ёвари аризадиҳанда мехоҳад муаррифӣ кунад. Аслан чашми чапам намепарад аз шумо кавданҳои як сента. Ман тули солҳо наҳзат гуфтаму ҳимояткарда омадам шумо ҳатто номгирифтан ҷой худаш мегуфтед илтимос дар хонаи ман номи наҳзатро нагиред,ки оилаам нафаҳмад. Имрӯз шудааст ҳимоятгару ёвари аризанавис….
Навиштани ин ҳама, савганд ба Аллоҳ, бароям сахт дарднок буд, аммо навиштам…