Ҳуқуқи зан дар назди мард ва баъзе одоби хонадорӣ дар шаръ
Тавре ки зан бар шавҳар ҳуқуқи моддӣ дорад, ҳуқуқи маънавӣ низ дорад ва ин ҳуқуқҳо иборатанд:
1. Равияи нек.
Бар шавҳар лозим аст, то ба ҳамсари худ ба рафтори хуб ва равияи нек ва бахшишу бурдборӣ, муносибат намояд, ҳатто агар аз ҳамсараш дилихуше ҳам надорад, боз ҳам бояд муносибати нек кунад.
Сухани Худо: «Бо занҳо некрафторӣ кунед ва агар аз онҳо бадатон меомад, (бидонед, ки) чӣ басо чизе аст, ки аз он бадатон меояд, вале Худованд дар он чиз хайри фаровонеро қарор медиҳад».
(Сураи Нисо, ояти 19)
Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Мусулмонони комилтар касонеанд, ки ахлоқашон беҳтар бошад ва беҳтарини шумо касонеанд, ки бо ҳамсаронашон муомалаи беҳтар дошта бошанд», ва мефармоянд: «Ашхоси обурӯманд, занҳоро эҳтиром менамояд ва ашхоси паст, занҳоро иҳонат (хор ва паст) менамоянд».
Аз ҷумла ҳусни муошират бо зан он аст, ки бо вай шӯхӣ ва хушзабонӣ намояд. Оиша (р) мегӯяд: «Паёмбари Худо (с) бо ман дар давидан мусобиқа мекарданд ва ман аз эшон пеш мешудам, вале ҳангоме ки фарбеҳ шудам, эшон аз ман пеш шуда ва фармуданд: Ин бо он, яъне вақте буд, ки ту аз ман пеш мешудӣ ва акнун ман аз ту пеш мешавам».
Дар ривояти дигаре омадааст, ки рӯзе Оиша (р) сардард шуда буд, назди Паёмбари Худо (с) омада ва гуфт: Вой сарам, вой сарам». Паёмбари Худо (с) (аз рӯи шӯхӣ ва хушзабонӣ) фармудаанд: «Ғам махӯр, агар мурдӣ, бароят дуо хоҳам кард».
2. Ҳифозат аз обрӯ ва шарофати зан.
Зан аз яктараф дилкаш ва мавриди тамаъи ҳамагон аст ва аз тарафи дигар нотавон буда, қудрати дифоъ аз худро камтар дорад. Бинобар ин бар шавҳараш лозим аст, то аз вай бо тамоми қудрат ва имконияти худ аз он чӣ ки ҷон, мол ва обрӯи ӯро доғдор месозад, фидо намояд.
Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Се гурӯҳанд, ки ба ҷаннат дохил намешаванд: озордиҳандаи падару модар, даюс ва зане, ки худро монанди мардҳо месозад» ва тавре ки худи паёмбари Худо (с) дар ҳадиси дигаре баён доштаанд, “Даюс касе аст, ки аз алоқаи номашруъи мардум бо занаш парвое надошта бошад”.
Албатта, ин ҳам хос ба зан ва шавҳар нест, балки бояд падарон аз фарзандони худ ва бародарон аз хоҳарони худ дифоъ намоянд, вале бо таассуфи бисёр зиёд, касоне, ки аз мусалмонон дар диёри Ғарб зиндагӣ мекунанд, назар ба қонунҳои бебандубаронаи он давлатҳо наметавонанд аз номус ва обрӯи худ дифоъ намоянд.
Ба ин маънӣ, ки занҳо дар он кишварҳо агар масъулияти динӣ ва шарофати инсонии худро дар назар нагиранд, чунончи, баъзеҳо намегиранд, наметавонанд шавҳарҳои худро раҳо карда, барои худ шавҳари дигаре интихоб намоянд ва ё бо вуҷуди шавҳар доштан, бо афроди дигаре робитаи рафиқӣ барқарор намояд. Албатта, ин кор барои духтароне, ки шавҳар надоранд, осонтар ва омодатар аст ва меъёри асосӣ дар он сарзамин, ризоияти ду тараф асту бас. Ин кор боиси фосид шудани ахлоқи ҷомеъа мегардад. Иншоаллоҳ, дар охири ин китоб ва ё дар китоби ҷудогонаи дигаре ҳукми зиндагӣ дар диёри ғайриисломиро бо тафсили бештаре баён хоҳам кард.
Ҳамбистарӣ бо ҳамсараш.
Чуноне, ки мард майл ба ҳамхобагӣ дорад, зан ҳам мувофиқи табиати худ мехоҳад гоҳу ногоҳ бо шавҳараш ҳамбистар гардад. Аз ин ҷост, ки шариъати ислом бар зан ва шавҳар лозим гардонидааст, то дар вақти майли ҳар як аз ду тараф, ҷониби дигарро ба қадри имкон хоҳишашро бароварда созад. Бисёре аз донишмандон мегӯянд, ки мард ҳар боре, ки одати моҳонаи зан бартараф гардад, бояд ақаллан як бор бо вай ҳамбистар гардад ва далелашон ин сухани Худованди Мутаъол аст, ки мефармояд:
Сухани Худо: Фаизо татаҳҳарна фаътуҳунна мин ҳайсу амараку-муллоҳ.
«Баъд аз ин, ки занҳо аз одати моҳонагӣ пок шуданд, ба тавре, ки Худованд шуморо ба он амр кардааст, бо онҳо омезиш намоед».
(Сураи Бақара, ояти 222)
Чанд нукта.
Агар шахсе дар сафар ва ҳатто дар набарди роҳи Худо бошад, бояд ҳадди аксар баъд аз гузашти шаш моҳ назди ҳамсараш баргардад. Аз ин ҷо аст, ки Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) мегӯяд: «Касе, ки шаш моҳро дур аз ҳамсараш мегузаронад, бояд барояш огоҳӣ дод, агар назди ҳамсараш баргашт, хуб ва агар барнагашт, қозӣ зани ӯро ҳукми талоқ диҳад».
Ба назарам бояд ин дар сурате бошад, ки худи зан чунин талаберо дошта бошад, вагарна бе талаби ӯ, қозӣ набояд ба чунин кор иқдом намояд.
Ман шоҳиди шикояти бешумори занон ҳастам, ки аз шавҳарҳояшон шикоят мекунанд. Яке менависад чор сол аст шавҳарам ба Русия рафтаст дигар аз ӯ хабаре нест. Дигаре менависад ман 3 сол аст дар чунин ҳол қарор дорам, дигар тоқат надорам чӣ кор бояд кунам? Тақрибан чунин шикоятҳо аз занҳо хеле зиёданд. Шавҳарони ин занҳо бояд аз Аллоҳ тарсанд ва дар чунин ҳол ҳамсарони худро қарор надиҳанд. Ҳатман роҳе пайдо кунанд ва занҳояшонро назди худ баранд ва ё ҳатман ба наздашон раванд. Ҳоҷати ҳамсарони худро бароварда созанд. Дар ғайри ин сурат ҳар иштибоҳе аз занҳояшон сурат гирифт он мардон ҷавобгӯи онҳо мебошанд.Таъмини ҳамсар фақад хӯрдан ва пӯшонидани онҳо нест. Бароварда сохтани ҳоҷати нафсони онҳо айнан мисли ин таъмин мебошад.
Гӯянд, шабе Умар (р) дар айёми хилофати худ ба мақсади нигаҳбонӣ ва хабар ёфтан аз аҳволи мардум дар кӯчаҳои Мадина гаштугузор дошт, садои занеро шунид, ки шеърхонӣ дорад дар шеъри худ мегӯяд:
«Шаб бар ман дарозу торик аст, зеро ҳамрозе надорам, то бо вай ишқ варзам ва агар тарси Худо намебуд, тахти хобашро ба ҷунбиш дармеовардам».
Умар (р) аз ҳоли он зан пурсид, гуфтанд: «Фалон зан аст, ки шавҳараш ба ҷанг рафтааст». Умар (р) шахсеро ба суроғи шавҳараш фиристода, ӯро ҳозир сохт.
Баъд аз он Умар (р) назди духтараш Ҳафса (р) рафта, пурсид:
-Зан чӣ муддате метавонад бе шавҳар сабр намояд?
Ҳафса гуфт:
– Шахсе чун ту, аз шахсе чун ман, бояд чунин суол кунад?
Умар (р) гуфт:
– Агар маслиҳати мусалмононро дар назар намедоштам, чунин савол намекардам.
Ҳафса (р) гуфт:
– Панҷ ё шаш моҳ. Ҳамин буд, ки Умар (р) ҳадди аксари мӯҳлати хидмати аскариро шаш моҳ тайин намуд.
Одоби ҳамхобагӣ.
Чӣ тавре ки пештар ҳам ёдовар шудем, лаззат бурдани зан ва шавҳар аз якдигар ҳаққи мусаллами онҳост, вале барои ин лаззатбарӣ аз нигоҳи ислом одобе аст, ки бояд дар назар гирифта шавад ва ин одоб иборат аст:
1. Набояд зан ва шавҳар дар вақти ҳамбистар шудан ба якдигар, ба таври комил бараҳна ва урён шаванд. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Набояд худро пурра лучу бараҳна намоед, зеро касоне ҳастанд, (яъне малоика), ки шуморо ҷуз дар вақти қазои ҳоҷат тарк намекунанд ва вақте ки мард бо ҳамсараш ҳамбистар мешавад, аз онҳо, (яъне аз малоика) ҳаё карда, ба онҳо эҳтиром намояд».
Инро низ пеши худ дошта бошед, агар ҳангоми ҳамхобагӣ ҳар ду урён ҳам бошед пас аз он ҳатман суннат аст то ҳарду мустаҳаб кунед ва пас аз он либосе бипӯшед ва хоб равед, зеро дар ин амал фоидаҳои зиёде нуҳуфта аст.
2. Суннат аст, то дар вақти иродаи ҳамхобагӣ «Бисмиллоҳ» гуфта, аз шайтон ба Худованд (ҷ) паноҳ биҷӯяд ва дуоеро, ки паёмбари Худо (с) иршод намуданд, бихонанд ва он дуо ин аст:
“اللهم جنبنا الشيطان، وجنب الشيطان ما رزقتنا،”ومن السنة التسمية قبل الجماع وقول:
«Бисмиллоҳи, аллоҳумма ҷаннибнаш–шайтона, ва ҷаннибиш – шайтона мо раззақтано» ва маънояш ин аст «Ба номи Худо (ҷ), Худоё! Шайтонро аз мо ва аз фарзандоне, ки барои мо медиҳӣ, дур бигардон».
3. На мард ва на зан набояд аз он чи, ки ҳангоми ҳамбистар шудан байни онҳо мегузарад, барои дигарон қисса намояд. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки: Рӯзе Паёмбари Худо (с) баъд аз адои намоз барои мардум гуфтанд:
– Аз ҷои худ барнахезед ва аз мардҳо пурсиданд:
– Оё аз шумо касе ҳаст, ки бо ҳамсараш дар ҳоле, ки дарвозаашро баста ва пардаҳоро меовезад, ҳамбистар шавад ва баъд аз он баромада ва барои мардум бигӯяд: ман бо ҳамсари худ чунину чунон кардам? Мардҳо сукут карданд. Баъд аз суолро аз занҳо пурсиданд:
«Оё касе аз шумоён ҳаст (ки он чи, ки байни ӯ ва шавҳараш мегузарад), барои дигарон қисса намояд? Духтари навболиғе ба ду зону нишаста ва худро он қадар баланд кард, ки Набии карим (с) ӯро дида, садояшро бишнаванд ва гуфт:
– Бале! Ба Худованд қасам, ки ҳам мардҳо қисса мекунанд ва ҳам занҳо. Паёмбари Худо (с) фармуданд:
– «Оё медонед касе, ки чунин мекунад монанди кист? Монанди марди шайтон ва зани шайтоне аст, ки дар роҳ якдигарро дида, дар ҳоле, ки мардум ба тарафи онҳо менигаранд, бо ҳам ҳамхобагӣ мекунанд».
4. Агарчи дар муносибатҳои мухталифе пештар ёдовар шудем, ки ҳамхобагӣ бо зан аз тарафи пас ё худ ақиб ҳаром аст ва зан набояд ба ин кор ризоят диҳад, вале дар ин ҷо ин нуқтаро ҳам ёдовар мешавем, ки ҳаром будани ливотат (ҳамхобагӣ аз роҳи қафо) бо зан ба каломи сареҳ ва ошкори Қуръони карим ва суннати набавӣ собит гардидааст.
Сухани Худо: “Нисоукум ҳарсул – лакум, фаъту ҳарсакум анно шиътум”.
«Занҳои шумо киштзори шумо ҳастанд, ба ҳар шакле, ки мехоҳед ба киштзори худ дароед».
(Сураи Бақара, ояти 223)
Ва албатта, мурод аз киштзор, маҳалли тухмпошӣ ҷиҳати ба вуҷуд омадани фарзанд аст.
Сабаби нузули ин ояти карима ин буда, ки мардуми яҳуд дар замони Паёмбари Худо (с) ин тавр гумон мекарданд, ки агар касе бо занаш аз тарафи пушт дар фарҷаш алоқа кунад, фарзандаш каҷчашм меояд. Мардуми ансори Мадина, ки бо қавми яҳуд ҳамсоя буданд, чунин ақидаро пайравӣ мекарданд. Вале Худованди Мутаъол бар хилофи назарияи онҳо, ояти болоро нозил гардонид ва иҷоза дод, то мардҳо ба ҳар усуле, ки мехоҳанд бо ҳамсарашон омезиш намоянд, вале шарт он, ки тибқи баёни қуръонӣ, дар макони ҳарс (киштзор-фарҷ) бошад, на дар макони фарс (яъне маҳалли ғоит), яъне дубур – ақиби зан. Паёмбари Худо (с) омезиш бо занҳоро аз роҳи дигар бо сароҳати комил манъ намуда, мефармояд:
«Касе, ки бо занаш ливотат мекунад, малъун аст».
Бо ин ҳам, агар касе бо занаш чунин кори зишт ва норавоеро анҷом дод, дар сурати ҳаром донистани он муртакиби гуноҳ гардида, вале занаш талоқ намегардад ва агар ин корро ҳалол бидонад, кофир мешавад.
1. Ҳангоми ҳамхобагӣ рӯи худро ба тарафи қибла накунад;
2. Мард пеш аз шуруъ намудан ба ҳамхобагӣ бо занаш бозӣ ва мулотифат намояд, то шаҳвати занашро барангехта, аз ҳамхобагӣ лаззати бештаре баранд;
3. Агар мехоҳанд дубора алоқа намоянд, беҳтар аст зан ва шавҳар истинҷо намуда, осоре, ки аз ҳамбистарии пешина боқӣ мондааст, аз худ бишӯянд ва тоза намоянд;
4. Агар касе ду ҳамсар дорад, бо яке аз онҳо дар назди ҳамсари дигараш ҳамхоба нашавад;
5. Бояд ҳамбистар шуданашон бо якдигар тавре сурат бигирад, ки фарзандон инро эҳсос накунанд;
6. Кӯшиш кунад, ки дар ҳуҷрае, ки тифлҳои болотар аз ҳафт сол вуҷуд доранд, бо ҳам алоқа накунанд, агарчи фарзандон дар зоҳир хоб бошанд, зеро эҳтимоли бедор будан ва ё бедор шудани кӯдакон низ вуҷуд дорад ва албатта, набояд кӯдакон аз чунин корҳое огоҳӣ ёфта, ба он ошно шаванд;
7. Мард набояд ҳамсарашро маҷбур намояд, ки бо хӯрдани дору ва ё бастани даҳони бачадон (спирал гузоштан) ва монанди инҳо монеъи ҳомила шудан гардад;
8. Худи мард ҳам набояд бо истеъмоли баъзе доруҳо ба монанди пӯшидани ғилофак ва ғайра монеъи ҳомила шудани ҳамсари худ гардад. Магар дар ҳолатҳои хосе, ки барои зан ва шавҳар раво аст, то аз бордор шудани зан пешгирӣ ба амал оваранд ва шарҳи ин ҳолатҳо ба қарори зайл аст.
Ҳолатҳои раво будани пешгирӣ аз бордорӣ.
Ҳолатҳое, ки сабаби иҷозаи пешгирӣ аз бордор шудан барои занро медиҳад, инҳоанд:
а) Бисёр будани фарзандон ба ҳадде, ки зан ва шавҳар аз тарбияи онҳо ба таври бояду шояд оҷиз ва нотавон бошанд;
б) Зане, ки заиф буда, аз ҳомила шудан зарар бинад;
в) Зане, ки пайваста ва паи ҳам ҳомила мешавад;
г) Камбағал будани мард, ба тавре ки аз нафақа додани фарзандони худ оҷиз буда, ё барояш сабаби машаққат ва бадбахтӣ мешавад;
д) Имом Ғаззолӣ (р) навъи панҷумеро бар ин навъҳои чаҳоргона афзудааст ва он тарси зан ва шавҳар аз ҷамол ва хушандомии зан аст, ба тавре ки бордор шудан, занро бадандом ва зишт намояд.
Ҳатто иддае аз донишмандон бар ин назаранд, ки пешгирӣ аз ҳомила шудан, кори мубоҳе аст, агарчи сабаби муҳиме ҳам вуҷуд надошта бошад. Далелашон ҳадисе аст, ки Имом Бухорӣ ва Имом Муслим (р) аз Ҷобир (р) ривоят мекунад, ки гуфт:
«Мо дар замони Паёмбари Худо (с) азл мекардем ва ин дар ҳоле буд, ки ваҳй нозил мегардид».
Яъне агар азл ҳаром мебуд, ваҳй нозил гардида, моро аз ин кор манъ мекард ва мурод аз «азл» он аст, ки мард ҳангоми рехтани оби манӣ, худро аз зан дур кунад, то он дар беруни фарҷ рехта ва бордорие сурат нагирад.
9. Баъд аз ин, ки нутфа дар раҳми зан ҷой гирифт, агар сабаби муҳиме монанди он чӣ, ки дар мавзуи азл зикраш рафт, вуҷуд дошт, афтондани бачаи шикам (аборт) то пеш аз гузаштани яксаду бист рӯз дар назди баъзе аз олимон ҷоиз аст. Вале баъд аз гузаштани ин муддат, ки рӯҳ дар ҷанин дамида мешавад ва зинда мегардад, афтонданаш ҷиноят шумурда мешавад ва раво нест.
Мақолаи баъдӣ “Адолат миёни ҳамсарон” аст. Пас аз он мепардозем ба масъалаи талоқ, навъҳои он, чигунагии он ва ҳолатҳои талоқ, зеро ин масъала дар ҷомеъаи мо хеле зиёд ба чашм мерасад. Ҳар рӯз як ё ду савол дар ин мавзуъ, талоқ ба унвонии ман ирсол мешавад. Манзур аз нашри мақолаҳои мазкур низ посух ба саволҳои ҳаррӯзаи хонандагон аст. Аз ин пас ҳар ки дар мавзуъҳои мазкур савол медиҳад, метавонад ба ин мақолаҳо руҷуъ кунад.