Ҳукми суханчин дар ислом.

Ислоҳ нет

Ҳукми суханчин дар ислом.
Оё ӯ вориди ҷаннат мешавад?

Миёни ду тан ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Саъдӣ

Ҳамду сано Аллоҳ таъолоро ва салому дуруди бепоён бар Муҳаммад ва олу асҳоби эшон бод. Тавре, ки ҳамаи мо огоҳии хуб дорем ҷомеъаи кунунии мо аз ин дард ранҷи бешумор мебарад. Мусалмонони кишвар ранҷу мусибатҳои бешуморе аз дасти хабаркашон дидаанду то ба ҳол дида истодаанд.

Киро суханчин гӯянд?

Суханчин ё намом дар луғат: Расонидани сухане такя бар овозаҳо намудан барои фасоди миёни ду шахс, ду гурӯҳ, ду қавмро.
Инчунин омадааст: Зебо намудани сухан бо дурӯғ, яъне як суханро бо дурӯғ омехта карда, ба дигаре мерасонад, то нифоқ барангезад.

Суханчин ё намомом дар истилоҳ: Расонидани сухане аз қавме бар қавми дигар ба мақсади барангехтани фасод ва бадӣ.
Имом Ғазолӣ мегӯяд: “Ифшо намудани сирре ва парда бардоштан аз сухане ё чизе ё амале, ки намехоҳанд он ифшо гардад”.
Мегӯянд: “Мардумро ё ду шахсро бар зидди якдигар шӯронидан, то фасодро миёни онҳо барангезонанд”.
اسم النميمة إنّما يطلق في الأكثر على من ينم قول الغير إلى القول فيه. كما تقول: فلان كان يتكلم فيك بكذا وكذا.
Суханчин шахсеро гӯянд, ки бар сухан изофа кунад ва ба дигаре онро расонад. Масалан мегӯяд: Фалон нисбати ту чунину чунон гуфт.
قال الإمام الشافعي: “إذا أراد الكلام فعليه أن يفكر قبل كلامه، فإن ظهرت المصلحة تكلم وإن شك لم يتكلم حتى يظهر”.
Имом Шофеъӣ (раҳ) мегӯяд: Ҳар вақте, ки хости сухане бигӯӣ пеш аз сухан гуфтанат зарур аст, то фикр кунӣ. Агар фикр карди ончи мегӯи он ба маслиҳат аст, пас онро бигӯ. Вале агар шак кардӣ дар ончи мегӯи, пас сухан нагӯ, то он ки бароят ошкор нагашт”.

Уламо суханчиниро чунин тақсимбандӣ намудаанд.

Суханчинӣ метавонад ба сухан гуфтан ба навиштан, ба имо ва ишорат, ба рамз бошад. Инчунин ҳар чизе, ки расонида мешавад метавонад он амалеро нақл кунад, ки фалон чунон мекард ё мегуфт. Баробар аст ончи мерасоанд суханчин он айб бошад кӯтоҳие бошад ва ё чизи дигаре бошад. Балки ҳақиқати суханчини сирре ҳаст, ки он ифшо шавад ва ё чизе, ки он пинҳон бошад аз назарҳо парда аз он бардошта шавад”.

Ҳукми суханчинӣ дар шариъати ислом.

Суханчинӣ дар шариъати ислом ба иҷмоъи тамоми уммат ҳаром аст. Нисбати ҳаром будани он дар ду сарчашмаи аслӣ ислом Қуръон ва суннат далелҳо хеле зиёданд.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар сураи Ҳумаза мефармояд:
وقال جل وعلا: {وَيْلٌ لِكُلِّ هُمَزَةٍ لُمَزَةٍ} [سورة الهمزة: 1]. قيل الهمزة: النمام.
“Вой бар ғайбаткунандаи айбҷӯе” Дар тафсири ин оят муфассирин мегӯянд ҳумаза, яъне суханчинро гӯянд.
وقال تعالى: {حَمَّالَةَ الْحَطَبِ} [سورة المسد: من الآية 4]
“Ҳезумкаш аст, (яъне, суханчин аст)”Дар тафсири ин оят муфассирин мегӯянд: Ҳамсари Абулаҳаб суханчин буд ва барои фасод андохтан миёни мардумон суханҳоро аз шахсе ба шахсе интиқол медод. Барои он чуб номида шудааст дар оят, ки нашр кунандаи душманӣ ва кина миёни мардум машғул буд. Зеро чуб миёни мардум вуҷуд дорад, аз ин хотир чунин номида шудааст.
قال تعالى: {وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِغَيْرِ مَا اكْتَسَبُوا فَقَدِ احْتَمَلُوا بُهْتَاناً وَإِثْماً مُبِيناً} [سورة الأحزاب: 58].
58. Ва касоне, ки мардони муъмину занони муъминро бе ҳеҷ гуноҳе, ки карда бошанд меозоранд, пас дар ҳақиқат, тӯҳмату гуноҳи ошкореро бар дӯш мекашанд.
Дар Суннати набавӣ ҳам дар ин маврид аҳодиси зиёд аст.
وقال صلى الله عليه وسلم: «ألا أخبركم بشراركم؟» قالوا: بلى. قال: «المشاؤن بالنميمة، المفسدون بين الأحبة،
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) мефармоянд: “Оё огоҳ накунам шуморо ба бадтаринатон? Гуфтанд: Бале. Гуфт: Онҳое, ки мегарданд миёни мардум ба суханчинӣ”.Ҷудоиандозанда миёни ду дӯст.
(( لا يَدْخُلُ الجَنَّةَ نَمَّام ))
Ҳузайфа (раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) ривоят кардаанд, ки он ҳазрат фармуданд: “Суханчин вориди ҷаннат намегардад”(Мутафақун алайҳ Бухорӣ ва Муслим).
Тибқи ҳадиси саҳеҳ суханчинӣ сабаби азоби қабр мегардад.
Уламо мегӯянд сеяки азоби қабр аз суханчинон аст.
Уламо нисбати суханчин чунин мегӯянд: Азоби суханчин ба андозаи фасодаш мебошад. Агар шахс миёни ду шахс ҷудоӣ андохта бошад мисли он азоб мебинад. Агар шахс миёни ду қабила ва ё қария ҷудоӣ андохта бошад мисли он азоб мебинад. Агар шахс миёни ду шаҳр ва ё давлат ҷудоӣ андохта бошад ба мисли он ҷинояти суханчиниаш ҷазо мебинад. Дар хабар омадааст шайтон барои марги суханчин чиҳил рӯз гиря мекардааст, ки кӯмаккунандаи хуберо аз даст додаам.

Бале хонандаи гиромӣ мумкин ба зеҳнатон саволе пайдо гардад, ки чаро суханчин вориди ҷаннат намегарад?
Аз ин сабаб суханчин ё хабаркаш вориди ҷаннат намегардад, ки муносибати миёни мардумро фосид мекунад. Барҳамзанандаи алоқаи бародар бо бародар, шарик бо шарикаш, модарро ба писараш ё писар ба модараш, падар бо писар ва писар бо падараш, модарарӯс бо арӯсаш ва ҳамсоя бо ҳамсояаш, мардум ба давлат ва давлатро ба
мардум мебошад. Хабари якеро бар дигар мебарад,ки сабаби ҷудоӣ ва фосид намудани алоқа миёни ҷомеъа мегардад. Гоҳо ин амал ду хонаводаро ба ҳам меандозад гоҳо як деҳро ба деҳи дигару гоҳо давлатро бо давлати дигар. Сабаби асоси ин ҷо суханчиниву хабаркаш аст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар сураи муборакаи Қалам оятҳои 10 то 13 мефармояд:
وقال تعالى في سورة القلم ( وَلاَ تُطِعْ كُلَّ حَلاَّفٍ مَّهِينٍ هَمَّازٍ مَّشَّآءِ بِنَمِيمٍ مَّنَّاعٍ لِّلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ عُتُلٍّ بَعْدَ ذَلِكَ زَنِيمٍ )
10. Аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:
11. Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад.
12. Боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гунаҳкор.
13. Дағалмарде, ношинохта насаб,

Дар тафсири ин оят муфасирин бар ин назаранд, ки шахсе бисёр суханчини моҳир аст ӯ валад ино мебошад. Барои тасдиқ шудани ин шахсе суханчин аст як бор аз модараш пурсад, ки оё падараш оне ҳаст, ки ӯро падар мегӯяд ва ё шахси дигар аст. Ҳатман агар модараш рост гӯяд падараш шахси дигар аст. Суханчинон метавонед барои тасдиқи сухани Алоҳ як бор санҷед, агар модар росташро бароятон гӯяд.

Албатта расондани як хабар аз як нафар ба як нафар ва ё аз гурӯҳе ба гурӯҳи дигар сабаби вахиму авоқиби бадеро дар пай дорад. Чунон душманиҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки ду дӯстро ба душманони ашаддӣ ва оштинопазир табдил медиҳад.

Ин душманӣ ва бадбиниро миёни башар Қуръон чунин ҳукм мекунад.

فَنَسُواْ حَظًّا مِّمَّا ذُكِّرُواْ بِهِ فَأَغْرَيْنَا بَيْنَهُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاء إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَسَوْفَ يُنَبِّئُهُمُ اللَّهُ بِمَا كَانُواْ يَصْنَعُونَ
“…Пас қисмате аз андарзҳоеро, ки ба онҳо дода будем, фаромӯш карданд ва мо низ миёни онҳо то рӯзи қиёмат кинавудушманӣ афкандем. Ба зудӣ Худо ононро аз корҳое, ки мекунанд, огоҳ хоҳад сохт!” (Сураи Моида, ояти 14)
Аз ин рӯ яке аз бузургтарин сабабҳое, ки нооромӣ ва ҷудоӣ ва душманиро дар ҷомеъа ба бор меорад. Ҷудоӣ миёни ваҳдати ҷомеъа ва мусалмонон ин суханчинӣ аст. Як шахс аз шахси дигар ғазабнок мегардад барои туҳматҳое, ки бар ӯ шудааст. Суханчин он иттиҳомро бар шахси дигар ночакконда боз чанд сухани дигар изофа мекунад ва онро мерасонад. Сабаб чист ин ҷо медонед? Сабаб ҳимоят аз шайтоне бо ӯст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

أَلَمْ تَرَ أَنَّا أَرْسَلْنَا الشَّيَاطِينَ عَلَى الْكَافِرِينَ تَؤُزُّهُمْ أَزًّا
“Оё надидаӣ, ки Мо шаётинро ба сӯи кофирон фиристодем, то онҳоро ташвиқ кунанд (ба гуноҳу куфр).” (Сураи Марям, ояти 83)

Ҳамеша мусалмони зирак ва боҳуш набояд фирефтаи суханчинон гардад. Ҳар чизе бароят мерасад онро хуб диққат бидеҳ ва таҳқиқ кун ва огоҳ бош таҳқиқи ҳар хабар бояд оромона ва беғазаб сурат гирад. Зеро ҳангоме, ки ғазабнок бошед чизеро таҳқиқ карда наметавонед ва ба хатоҳои бузург даст мезанед. Аз таҷрибае дорем мардҳо на ҳамаашон дар ҳол фирефтаи суханчинин мегарданд нисбат ба занҳо. Занҳо бештар ба ин беморӣ мубталоанд ҳам дар суханчинӣ ва ҳам тез ба эҳсосот дода шудан.

Масалан як зани ҳамсоя ё дугонааш вориди хонааш мешавад ва мепурсад.Оё бароят шавҳарат гарданбанди тиллогине харидааст? Зан мегӯяд: бале, вале чандсол пеш буд. Оё то ҳол фарзанддор нестед, барои фарзанддор шудан коре кардааст? Зан мегӯяд: бале, чанд сол пеш буд, вале он табобатҳо натиҷа надоданд. Зани ҳамсоя оромона мегӯяд шавҳарат дар фикри ту набудааст ва ҳеҷ аҳамияте намедодааст. Таҳқиқ кардаӣ зани дигаре надорад шавҳарат? Зан мегӯяд: не надорад ҳамеша бо ман аст. Оё ба кор кардан намеравад ба Русия ва чанд моҳ он ҷо намемонад? Зан мегӯяд: бале, вале ман медонам шавҳарам зан надорад. Пас аз рафтани он зан вақте шавҳар ба хона бар мегардад дар дили зан ин саволҳо хутур мекунанд ва шуруъ мекунад ба пурсиши он саволҳое, ки он зан барояш карда буд. Дар ҳоле худаш медонад шавҳараш феълан шароити хариди гарданбандро надорад. Инчунин табобат карда буданд, вале Аллоҳ барояшон фарзанд надода буд. Ба кор ҳам рафта буд барои пешбурди зиндагии ҳамин зан рафта буд. Вале бояд ончи медонист онро бипурсад ва шавҳар дар тааҷҷуб мемонад, чаро ин саволҳоро мекунад ҳамсарам дар ҳоле худаш хуб медонад, ки дар ҳеҷ кадоме инҳо гунаҳгор ва муғассир нестам. Хуб дигар кор ба ҷое мерасад ба нороҳатӣ ва гоҳо ба талоқ. Ин ҷо корашро он зани ҳамсоя кард дар ҳоле зарарро он зани ҳамсоя надидидааст он зани камфикру бе таваҷҷӯҳ, вале дигар чӣ суд пас аз он пушаймонӣ? Пас набояд дар сухани ҳар шахс эътимод кард ва ончӣ бароят мегӯянд, хоссатан хоҳарон ба он хонаи ободи худро хароб кард. Ман ончи мегӯям ва сабаби навиштани ин мақола гашт саволҳои хонандагон аст, ки танҳо суханчинон сабаби вайронии хонаҳои ободашон гаштааст ва пушаймонанд.Чаро аз аввал фикр намекунем то пушаймон нашавем?

Як мисоли дигар барои мардҳо меорам, то онҳо низ хуб бодиққат бошанд дар ин масоил ва зиндагиашонро табоҳ накунанд. Шумо бо шахсе дар тиҷорате шарик ҳастед ва чанд сол аст якҷо кор мекунед дар оғоз шумо 30% ва шарикатон 70% ҳақ дорад аз тиҷорате мекунед. Шумо розӣ ҳастед ва тиҷорататон хуб пеш меравад. Як рӯз марде ба коргоҳи шумо меояд ва мегӯяд коратон хуб аст? Мегӯед: бале, хуб аст шукри Аллоҳ. Мепурсад ҳаққи шумо чанд аст бо шарикатон? Мегӯед: 30 ба 70. Мегӯяд: охир мебинам ҳама заҳматро шумо мекашед ва шарикатон ҳеҷ коре намекунад. Чаро 50 дар 50 нест ҳаққи шумо? Дар ҳоле мумкин аст он шарикатон маблағи тиҷоратро комилан додааст ва шумо танҳо барои назорат ва ё маҳорати кориатон шуморо бо худ шарик намуда аст. Шумо розӣ будед ва коратон хуб буд, то омадани ин суханчин.Пас аз рафтани ӯ дар дилатон чизе пайдо мешавад ва ба шарикатон. Мегӯед: ман розӣ нестам ба ин тақсимот. Ӯ мегӯяд: охир кор хуб буд розӣ будӣ сабаб чист? Уро албатта намегӯед сабаб як сухани марди суханчин ва наммоме. Мегӯед ман чунин хулоса намудам ин бароям кам аст.
Муҳим аввалан дурӯғ гуфтед, зеро ин фикри умо набуд ва дуввум бесабаб аз он кор даст мекашед ва ҷудо мешавед. Он шарикатон ба шумо ҳаққи шуморо медиҳад, вале шумо дигар он даромаде доштед намеёбед. Зеро корро аз сифр бояд шуруъ кунед. Пас ки зарар кард дар ин коре кардед? Ҳатман шумо зарар кардед на шарикатон ва на он суханчин. Бояд аз аввал фикр мекардед, ки оқибати талабе,ки мекунам чӣ мешавад. На пас истодани коре, ки аз он ризқу рӯзӣ меёфтед.

Бале, хонандаи гиромӣ бояд пеш аз он ки ба сухани суханчине дода шавед хуб фикр кунед ва хонаи худро хароб насозед. Ба коре даст назанед, ки ояндаи баде шуморо интизор бошад.

Дар охир хитобан ба хабаркашон ва суханчинон гуфтаниям, ки аз Аллоҳ битарсед ва барои худ оташи ҷаҳаннамро харидор нашавед.

* Чанд нафар мусалмонро бо ҳам ҷанг андохтаӣ?

* Чанд мусалмонро шояд барои маъош ё рутбаи баландтар соҳиб гаштан бо тӯҳматҳои сохта равонаи зиндон кардаӣ?

* Чӣ қадар мусалмонро бардурӯғ баёнот додаӣ, ки чунин ҷиноят кардаанд дар ҳоле онҳо бе гуноҳанд?

* Чанд мусалмонро барои онки натиҷа нишон диҳӣ дар корат бардурӯғ санад тартиб додӣ ва молу мулки онҳоро мусодира карди?

* Медони хонаи чиқадар занро хароб ва онҳоро бева ва бечора кардаӣ?

* Медони чӣ қадар фарзандон аз ин амалҳои ноҷавонмардонаат ятиму бе сарпаноҳ гаштаанд?

Оне, ки бидуни вазифа суханчинӣ ё хабаркаширо анҷом медиҳӣ ва инро бар худ вазифа кардаӣ, огоҳ бош азоби қабр хеле сангин асту он ҷо ҳеҷ воситае фоидаат намекунад. Азоби охират бошад аз баёни вахомати он оҷизем.
Аммо оне, ки барои вазифа ва маъош ин корро мекунӣ дар корат содиқона амал кун! Ончи ба фоидаи давлату миллат аст онро анҷом бидеҳ. Вале аз оварда расонидани суханҳои бардурӯғ худдорӣ кун!

Савганд ба он Аллоҳе, ки моро офаридаст тоқати азоби дардноки чаҳаннамро надоред. Дунё макони имтиҳон аст ва неъматаш тез ба поён мерасад ва чизе дар он абадӣ нест ва ҳар оғозеро интиҳоест. Барои худ интиҳои некеро бихоҳед, на фарҷоми талху нокомеро.

Дар оянда мекӯшам мавзуотеро интихоб кунам, ки онҳо дархури дарду доғи ҷомеаи имрӯзӣ бошанд ва шумо низ аз онҳо огоҳ бошед. Бо эҳтиром,

Share This Article