Исро ва Меъроҷ (бахши аввал)

Ислоҳ нет

Исро ва Меъроҷ
(бахши аввал)

Нахуст ба тамоми хонандагони гиромӣ ба осмон рафтани Расули арам (с) ки дар сирати мутаҳари он Ҳазрат (с) ва Қуръони карим ба номи “Исро ва меъроҷ” ёд шудааст ин муъҷазаи охирон паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) ро ба шумо азизон табрик мегӯем ва шоёни зикр аст, ки имшаб мутобиқи санадҳое, ки дар даст дорем ҳамон шаби тақдирсоз барои уммати хайруланом “ИСРО ВА МЕЪРОҶ” аст. Ин ҳодисаро ба шумо уматони Муҳаммад (с) бори дигар табрик мегуем ва мепардозем ба асли воқеа.
Ҳастии Абӯтолиб омили муҳимме барои ҳифозати Паёмбари Худо (с) дар баробари озор ва шиканҷаҳои Қурайш буд, чун Қурайш намехост бо азият кардани Паёмбари Худо (с) аз ҳимояти Абӯтолиб маҳрум бимонад. Аммо бо вафоти Абӯтолиб ин омил аз байн рафт ва озор ва осебҳои ҷисмии зиёде мутаваҷҷеҳи ӯ шуд. Ва ҳамчунин вақте ҳамсари гиромӣ ва давои шифобахши Паёмбари Худо (с), Хадиҷа разияллоҳу анҳо фавт намуд, дар рӯйи замин дигар ӯро ғайр аз Худо касе пуштибон ва таскинбахши дилаш набуд. Пас аз он ки озору шиканҷа бар Паёмбари Худо (с) бештар гардид, роҳи Тоифро пеш гирифт ва аз саркардагони он минтақа ёрию нусрат намудани дини ҳақро талаб намуд, то дини Худо бар ҳамагон иблоғ гардад. Аммо аз онон посухи нописанду ногувор ба ӯ расид ва онҳо боз ба ин амали нангинашон иктифо накарда, назди Қурайш шахсеро фиристоданд, то аз ба Тоиф омадани Муҳаммад (с) ононро огоҳ созад. Қурайшиҳо ба Паёмбари Худо (с) зиштӣ ва бадмуомилагӣ намуданд ва нагузоштанд, ки ӯ озодона вориди Макка гардад. Бинобар ин ӯ зери ҳимояти марди кофире бо номи Мутъим ибни Адий вориди Макка гардид. Паёмбари Худо (с) пас аз даргузашти амакаш Абӯтолиб ва ҳамсари маҳбубаш Хадиҷа разияллоҳу анҳо, ғаму андӯҳаш бештар гардид ва он солро соли пурғаму андӯҳ номид.
Пас аз ин ҳама нохушиҳо Парвардигораш, ӯро ба муъҷизаи Исро ва Меъроҷ ноил гардонид. Ва ҳадаф аз ин муъҷизаи бузург дар чанд нукта равшан мегардад, ки иборатанд аз:
– Худои бузург Паёмбарашро муяссар гардонид, ки аз мазоҳири бузурги қудрати Парвардигораш огоҳ шавад ва қалбаш бештар итминон ва дилгармӣ пайдо кунад, тавре Худо бар Мӯсо (а) аҷоиби қудрат ва тавонои Худро нишон дода буд, ки мефармояд:
«Эй Мӯсо, он чист ба дасти ростат? Гуфт: «Ин асои ман аст. Бар он такя мекунам ва барои гӯсфандонам бо он барг мерезонам. Ва маро бо он (асо) корҳои дигаре ҳам ҳаст». Гуфт: «Эй Мӯсо, онро бияфкан». Бияфкандаш. Ногаҳон море шуд, ки мехазид. Гуфт: «Бигираш ва матарс. Бори дигар онро ба сурати нахустинаш бозмегардонем. Дасти хеш дар бағал кун, бе ҳеҷ айбе сафед берун меояд. Ин ҳам мӯъҷизаест дигар…»
(Сураи Тоҳо,оятҳои 17-22)
Пас аз он, ки Мӯсо (а) мӯъҷизоти Парвардигорашро дид, боз Худованд фармуд:
«…то оятҳои бузургтари худро ба ту бинамоёнем ».
(Сураи Тоҳо,ояти 23)
Натиҷаи Исро ва Меъроҷ ин буд, ки Худо паёмбарашро аз ин нишонаҳо ва оятҳои муждаҳиданда, ки шумораи онҳо зиёд буданд, огоҳ созад, то муқаддимае барои ҳиҷрат ва бузургтарин рӯёрӯи бо куфр ва гумроҳӣ ва табоҳӣ дар тӯли таърих бошад ва аз ҷумлаи ин нишонаҳо метавон рафтани ба Байтулмуқаддас, уруҷ ба осмонҳо, дидор аз олами пинҳон, ки паёмбарон ба имон овардани ба он даъват мекарданд, дидор бо фариштагон, дидани манзараҳои биҳишту дӯзах, намунаҳое аз неъмат ва азоб ва ғайраҳо ишорат намудааст.
Дар сураи «Исро» аз ин сафар ва дар сураи «Наҷм» аз Меъроҷ сухан ба миён омада, ҳикмат аз сафари Исро дар сураи «Исро» дар таҳти ин оят баён шудааст.
«… то баъзе аз оёти Худро ба ӯ бинамоем…»
(Сураи Исро, ояти 1)
Ва ҳикмати Меъроҷ дар сураи «Наҷм» дар зимни ин оят омада, ки Худованд фармудааст:
«Албатта, порае аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид».
(Сураи Наҷм, ояти 18)
Аз воқеаи Исро ва Меъроҷ метавон ба донишҳо ва асрор ва нуктаҳои зиёде даст .
Устод Абӯлҳасан Надавӣ мегӯяд: «Исро ва Меъроҷ танҳо ҳодисае набуд, ки Паёмбари Худо (с) дар он нишона ва оёти бузурги Паравардигорашро дида буд ва малакути осмонҳо ва замин ба сурати ошкор барои ӯ вонамуд гашта бошад, балки ин сафари асроромези набавӣ ҳадафҳои дақиқ ва амиқ ва далолатҳои ҳакимона ва нукоти шигифтангезеро дар бар дошт. Он ду сураи муборака («Исро» ва «Наҷм»), ки дар шаъни мубораки Паёмбари Худо (с) нозил шудаанд, эълом медоранд, ки Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва салам (с) набии қиблатайн ва имоми машриқайну мағрибайн, вориси паёмбарони гузашта ва имоми пасомадагон аст. Дар сафари меъроҷ, шаҳри «Макка» бо шаҳри «Қудс» ва масҷид ал-Ҳаром бо масҷид ал-Ақсо пайванд ёфт ва дигар паёмбарон пушти сари ӯ намоз гузоштанд. Ин воқеа дар ҳақиқат эъломи ин матлаб буд, ки рисолати Муҳаммад (с) фарогир ва имоматаш ҷовидон ва таолими ӯ инсонсоз аст ва салоҳияти роҳбарии башарро дар ҳар замону макон доро мебошад ва ин сураи мубораки Исро шахсияти Паёмбари Худо (с)-ро ба увони фарди баргузидае мушаххас намуд ва имомат ва роҳбарии ӯро тавсиф кард ва ҷойгоҳи умматеро, ки Паёмбари Худо (с) дар миёни онҳо мабъус шуд ва онон ба ӯ имон оварданд, онро низ баён намуд ва нақш ва рисолати ин умматро, ки дар ҷаҳон ва дар миёни миллатҳо мумтоз мебошад, бозгӯ кард.» (1)
Қиссаи Исро ва Меъроҷ ва зикри он дар ҳадисҳои набавӣ.
Аз Анас ибни Молик (р) омада аст, ки мегӯяд: «Паёмбари Худо (с) фармуд: «Буроқ оварда шуд ва он ҳайвоне аст сафедрангу дароз, ба андозаи миёни хару хачир, ки гомашро то мунтаҳои диданаш мегузорад ва ман бар он савор шудам, то ин ки ба Байтулмуқаддас омадам ва онро ба ҳалқае дар Байтулмуқаддас бастам, ҳамон ҳалқае, ки паёмбарон савориҳояшонро бар он мебанданд. Сипас вориди масҷид шудам ва дар он ду ракъат намоз хонда, сипас берун омадам. Ҷабраил (а) зарфе пур аз шароб ва зарфе пур аз шир назди ман овард ва ман ширро интихоб кардам. Ҷабраил (а) гуфт: «Фитрат»-ро, яъне пойдорӣ ва исломро интихоб намудӣ. (2)
Ва дар ҳадиси Молик ибни Саъсаъа омада, ки Набии Худо (с) дар мавриди ҳодисаи шаби Исро ба ӯ чунин гуфт: «Дар ҳоле, ки дар ҳарими Каъба (ва ё шояд гуфтааст, ки дар Ҳиҷр) ба паҳлӯ хобида будам, шахсе омад ва аз ин ҷо то ин ҷоро чок намуд (ровӣ мегӯяд, ишора аз зери гулӯ то зери ноф аст) ва қалби маро берун овард ва баъд аз он ташти тиллоинеро, ки пур аз имон буд бароям оварданд ва қалбамро шустушӯ доданд ва баъд аз он, ки (аз имону ҳикмат) пур гардид, дубора онро ба ҷояш гузоштанд.
Баъд аз он савории сафедеро, ки аз хачир хурдтар ва аз хар бузургтар буд оварданд (ровӣ мегӯяд, ин ҳамон Буроқ аст) ва чун ба он савор шудам ва ба ҳаракат даромад, қадамҳояшро дар интиҳои биниши назараш мегузошт ва ҳамин тавр маро Ҷабраил (а) бурд ва то осмони дунё расидем.
Вақте Ҷабраил (а) аз муҳофизон ва нигаҳбонони осмон хост, ки вурудгоҳи осмонро барои мо боз кунанд. Гуфта шуд: Кист он ҷо ? Ӯ ҷавоб дод: Ҷабраил (а). Гуфта шуд: ҳамроҳат кист? (Ровӣ мегӯяд: ин суолро аз он ҷиҳат карданд, ки барои фариштагон дар он шаб нуронияти дигаре зоҳир шуда буд ва дарк карда буданд, ки Ҷабраил (а) танҳо нест). Ӯ гуфт: Муҳаммад (с) аст. Гуфта шуд: Магар касеро ба талабаш фиристода шудааст? (Ровӣ мегӯяд, ки раванди гуфту шунид чунин иҷоб мекард, ки онҳо бипурсанд: Муҳаммад (с) кист? Вале чун барои онҳо гуфта шуда буд, ки дар вақте аз авқот Муҳаммад (с) ба ин ҷо меояд, онҳо аз омадани Расули Худо (с) тааҷҷуб накарданд, балки тааҷҷуби фариштагон аз вақти омадани Расули Худо (с) буд, ки оё алакай хотамул анбиё мабъус шуд?.) Ҷабраил (а) гуфт: Бале. Гуфта шуд: Хуш омадед ва сафо овардед. Ба мо иҷозаи вуруд шуд ва чун ворид шудем Одам (а)-ро дидам. Ҷабраил (а) гуфт: ин падари ту Одам (а) аст бо ӯ салом кун. Чун ман ба ӯ салом гуфтам ҷавоби саломамро дод ва гуфт: Марҳабо эй фарзанди солеҳ ва эй паёмбари некӯсират, хуш омадед!
Баъд аз он маро ба осмони дуввум бурд. Ҷабраил (а) боз аз муҳофизон ва нигаҳбонони осмон хост, ки вурудгоҳи осмонро барои мо боз кунанд. Гуфта шуд: Кист он ҷо ? Ӯ ҷавоб дод: Ҷабраил (а) аст. Гуфта шуд: Ҳамроҳат кист? Ӯ гуфт: Муҳаммад (с) аст. Гуфта шуд: Магар касеро ба талабаш фиристода шудааст? Ҷабраил (а) гуфт: Бале. Гуфта шуд: Хуш омадед ва сафо овардед. Ба мо иҷозаи вуруд шуд ва чун ворид шудем, Исо (а) ва Яҳё (а)-ро, ки ҳарду бо ҳам писархола мебошанд онҷо дидам. Ҷабраил (а) гуфт: инҳо Исо (а) ва Яҳё (а) мебошанд, ба онҳо салом деҳ. Ба онҳо салом кардам ва онҳо ҷавоби саломамро дода гуфтанд: Марҳабо эй бародари солеҳ ва эй паёмбари некӯсират, хуш омадед!
Баъд аз он Ҷабраил (а) маро бо худ бурд ва то ба осмони саввум расидем ва он ҷо ҳам хост, ки даромадгоҳро бикушоянд. Гуфта шуд: Кист он ҷо ? Ӯ ҷавоб дод: Ҷабраил (а). Гуфта шуд: Ҳамроҳат кист? Ӯ гуфт: Муҳаммад (с) аст. Гуфта шуд: Магар касеро ба талабаш фиристода шудааст? Ҷабраил (а) гуфт: Бале. Гуфта шуд: Хуш омадед ва сафо овардед. Ба мо иҷозаи вуруд шуд ва чун ворид шудем, он ҷо Юсуф (а) буд.
Ҷабраил (а) гуфт: ин Юсуф (а) аст бар ӯ салом бидеҳ. Бар ӯ салом гуфтам ва ӯ ҷавоби саломро гардонида гуфт: Марҳабо эй бародари солеҳ ва эй паёмбари некӯсират, хуш омадед! Баъд аз он маро бо худ бурд ва то ба осмони чаҳорум расидем ва он ҷо ҳам хост, ки даромадгоҳро бароямон бикушоянд. Гуфта шуд: Кист он ҷо ? Ӯ ҷавоб дод: Ҷабраил (а) аст. Гуфта шуд: Ҳамроҳат кист? Ӯ гуфт: Муҳаммад (с) аст. Гуфта шуд: Магар касеро ба талабаш фиристода шудааст? Ҷабраил (а) гуфт: Бале! Гуфта шуд: Хуш омадед ва сафо овардед. Ба мо иҷозаи вуруд шуд ва чун ворид шудем, он ҷо Идрис (ъ)- ро вохӯрдем ва Ҷабраил (а) гуфт: ин Идрис (ъ) аст бар ӯ салом бидеҳ ва ман ба ӯ салом додам ва ӯ ҷавоби саломро баргардонида гуфт: Марҳабо, хуш омадед эй бародари солеҳ ва эй паёмбари некӯсират!
Баъд аз он маро бо худ бурд ва то ба осмони панҷум расидем ва он ҷо ҳам хост, ки даромадгоҳро бароямон бикушоянд. Гуфта шуд: Кист он ҷо ? Ӯ ҷавоб дод: Ҷабраил (а) аст. Гуфта шуд: Ҳамроҳат кист? Ӯ гуфт: Муҳаммад (с) аст. Гуфта шуд: Магар касеро ба талабаш фиристода шудааст? Ҷабраил (а) гуфт: Бале. Гуфта шуд: Хуш омадед ва сафо овардед. Ба мо иҷозаи вуруд шуд ва чун ворид шудем, он ҷо Ҳорун (ъ)- ро вохӯрдем ва Ҷабраил (а) гуфт: ин Ҳорун (ъ) аст бар ӯ салом бидеҳ ва ман ба ӯ салом додам ва ӯ ҷавоби саломро баргардонида гуфт: Марҳабо, хуш омадед эй бародари солеҳ ва эй паёмбари некӯсират!
Баъд аз он Ҷабраил (а) маро бо худ бурд ва то ба осмони шашум расидем ва он ҷо ҳам хост, ки даромадгоҳро бароямон бикушоянд. Гуфта шуд: Кист он ҷо ? Ӯ ҷавоб дод: Ҷабраил (а). Гуфта шуд: Ҳамроҳат кист? Ӯ гуфт: Муҳаммад (с) аст. Гуфта шуд: Магар касеро ба талабаш фиристода шудааст? Ҷабраил (а) гуфт: Бале. Гуфта шуд: Хуш омадааст ва сафо овардааст. Ба мо иҷозаи вуруд шуд ва чун ворид шудем, он ҷо Мусо (ъ)-ро вохӯрдем ва Ҷабраил (а) гуфт: ин Мусо (ъ) аст бар ӯ салом бидеҳ ва ман ба ӯ салом додам ва ӯ ҷавоби саломро баргардонида гуфт: Марҳабо, эй бародари солеҳ ва эй паёмбари некӯсират, хуш омадед!
Чун аз наздаш гузаштам дидам, ки ба гиря даромад. Касе аз сабаби гиряаш пурсид. Гуфт: Сабаби гиряам он аст, ки баъд аз ман паёмбаре мабъус шуда, ки уммати ӯ бештар аз уммати ман вориди Ҷаннат мешаванд.
Баъд аз он ӯ маро бо худ бурд ва то ба осмони ҳафтум расидем ва он ҷо ҳам хост, ки даромадгоҳро бароямон бикушоянд. Гуфта шуд: Кист он ҷо ? Ӯ ҷавоб дод: Ҷабраил (а) аст. Гуфта шуд: Ҳамроҳат кист? Ӯ гуфт: Муҳаммад (с) аст. Гуфта шуд: Магар касеро ба талабаш фиристода шудааст? Ҷабраил (а) гуфт: Бале. Гуфта шуд: Хуш омадааст ва сафо овардааст. Ба мо иҷозаи вуруд шуд ва чун ворид шудем, он ҷо Иброҳим (ъ)-ро вохӯрдем ва Ҷабраил (а) гуфт: ин Иброҳим (ъ) аст бар ӯ салом бидеҳ ва ман ба ӯ салом кардам ва ӯ ҷавоби саломро баргардонида гуфт: Марҳабо, хуш омадед эй фарзанди солеҳ ва эй паёмбари некӯсират!
Баъд аз он Сидратулмунтаҳо бароям ошкор гардид (яъне: аз ҳамаи чизҳое, ки онҷо буд ба таври комил бохабар гардидам ва мегӯянд, ки ҳатто малоик аз он иттилоъ надоранд). Меваҳои дарахтонашро мисли хумҳои минтақаи Ҳиҷр (номи минтақае аст, байни Макка ва Мадина, ки бо хумҳояш машҳур гаштааст) дидам ва баргҳои дарахтонашро монанди гӯши фил ва дар он чаҳор наҳри равон, ду наҳри таҳтонӣ ва ду наҳри фавқонӣ аст. Аз Ҷабраил (а) пурсидам, ки ин наҳрҳо чист? Гуфт: ин ду наҳри таҳтонӣ наҳрҳое аст, ки ба Ҷаннат мераванд (яке ба номи Кавсар ва дигаре ба номи Салсабил) ва ин ду наҳри фавқонӣ наҳрҳои Нил ва Фурот аст.
Баъд аз он Байтулмаъмур бароям ошкор гардид, ки дар он ҳама рӯза ҳафтод ҳазор малак дохил мегардад (дар як ҳадиси дигаре омада, ки аз ин ҳафтод ҳазор фаришта, ки ба он ҷо дохил мегарданд чун хориҷ мешаванд, дигар то дунё ҳаст барои онҳо навбати воридшавӣ ба онҷо намерасад), баъд аз он дар се зарф бароям шаробу шир ва асал оварданд ва ман аз он се зарф зарфи ширро интихоб намудам. Ҷабраил (а) гуфт: ин ҳамон дини ислом аст, ки дини ту ва дини умматат мебошад.
Баъд аз он барои ман дар ҳар рӯз панҷоҳ намоз фарз гардид ва чун баргашта ба Мусо (а) расидам, ӯ гуфт: Ба Худо қасам уммати ту тавон ва тоқати панҷоҳ намозро дар ҳар шабонарӯз надорад, чун ман пеш аз ту мардумро таҷриба кардам ва бо бани Исроил бисёр бархурд доштам. Ту ба сӯи Парвардигорат баргард ва аз Ӯ таоло бихоҳ то бар умматат тахфифу сабукӣ ато намояд. Ман назди Парвардигорам баргаштам ва Ӯ таоло даҳ намозро аз ман соқит намуд. Ман назди Мусо (а) баргаштам ва ӯ ҳамон суҳанҳои пештар гуфтаашро бароям такрор намуд ва аз ман хост то назди Парвардигорам баргардам. Чун ман дубора назди Парвардигорам баргаштам, Ӯ таоло боз даҳ намози дигарро аз ман соқит намуд. Ва ҳамин тавр бори сеюму чаҳорум чун назди Мусо (а) омадам, ӯ бо ҳамон услуби пештара маро назди Парвардигорам барои тахфиф баргардонид ва ман ҳам назди Парвардигорам баргашта ва аз Ӯ таоло тахфиф пурсидам ва Ӯ таоло даҳ намозӣ бист вақт намози дигарро бароям тахфиф намуд ва ҳамин тавр дар ҳар шабонарӯз маъмур ба адои даҳ намоз гардидам. Вақте назди Мусо (а) омадам, ӯ боз ҳамон суханҳои аввал гуфтаашро такрор намуд ва маро барои баргаштан ва тахфифпурсӣ баргардонид ва ман чун аз Парвардигорам тахфиф пурсидам, маъмур ба адои панҷ вақт намоз гардидам. Боз назди Мусо (а) омадам ва ӯ пурсид, ки натиҷа чӣ шуд ва ман гуфтам, ки маъмур ба адои панҷ вақт намоз гардидам. Мусо (а) бароям тавсия дод, ки боз ҳам назди Парвардигорам баргардам ва тахфиф пурсам, чунки ӯ аз таҷрибаи бо бани Исроил ҳосил кардааш фикр мекунад, ки уммати ман тавони дар ҳар шабонрӯз адо кардани панҷ вақт намозро надорад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: Он қадар аз Парвардигорам талаби тахфиф намудам, ки (аз талаби тахфифи бештар) ҳаё мекунам ва ба он чӣ, ки фарз аст розӣ ҳастам ва таслими ҳукми Ӯ таоло мебошам.
Ва чун аз он ҷо гузаштам, нидое омад, ки фаризаамро муаккад сохтам ва бар бандагонам тахфиф намудам.
Ҳодисаи Исро ва Меъроҷ як сол қабл аз ҳиҷрати Паёмбари Худо (с) сурат гирифт.
Қозӣ Аёз дар китоби «Шифо» онро чунин овардааст:
Чун Паёмбари Худо (с) аз ин сафари муборакаш боз гашт, қавмашро огоҳ намуд ва дар маҷлисе, ки он ҷо Мутъим ибни Адий, Амр ибни Ҳишом ва Валид ибни Муғира ҳузур доштанд, гуфт:
«Ман имшаб намози хуфтанро дар ин масҷид гузоштам ва шабонгоҳ ба Байтулмуқаддас рафтам, он ҷо бо гурӯҳе аз анбиё аз ҷумла, Иброҳим, Мусо ва Исо ъалайҳиму-с-салом намоз гузорида, бо онҳо сухан гуфтам».
Амр ибни Ҳишом масхараомезона гуфт: «Чӣ гунагии шаклу шамоили ононро барои мо васф намо!». Паёмбари Худо (с) гуфт:
«Исо (а) марди миёнақад, шонапаҳн, соҳиби мӯйи дароз ва сафедпӯсти моил ба сурхӣ буд, гӯё Урва ибни Масъуди Сақафӣ бошад. Аммо Мусо (а) бошад марди қадбаланди тануманд буда, дандонҳои суфтаи ба ҳам часпида ва лабҳои ба чеҳрааш муносиб дошт ва хашмрӯ ба назар меомад. Ва савганд ба Худо, ки аз рӯи ахлоқ ва офариниш аз ҳама монандтарин ба ман Иброҳим (а) буд». Гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Байтулмуқаддасро барои мо васф намо!». Паёмбари Худо (с) фармуд:
«Он ҷо ман дар шаб ворид шудам ва дар торикии шаб берун омадам.»
Дар ин ҳангом Ҷабраил (а) сурат ва нақшаи шаҳри Байтулмуқаддасро дар болаш барои Паёмбари Худо (с) вонамуд сохт ва ӯ ба васф кардани он шуруъ намуда гуфт: «Дарвозае аз он ба чунин шакл дар чунин мавзеи он воқеъ аст ва дар чунин мавзеи он дарвозае ба чунин шакл аст». Сипас онон аз Паёмбари Худо (с) дар мавриди корвони тоҷирони худ пурсиданд. Паёмбари Худо (с) ба онон гуфт: «Аз канори корвони бани фалон гузаштам, онҳо дунболи шутури гумшудае мегаштанд ва ман назди борҳои онон наздик шудам ва ҳеҷ кас дар он ҷо набуд ва дидам, ки он ҷо зарфе пур аз об аст ва ман аз он нӯшидам, шумо аз онҳо дар ин маврид бипурсед!». Гуфтанд: «Савганд ба Худо! Ин нишонаи хубе аст. Сипас Паёмбари Худо (с) дар суханаш идома дода гуфт: «Ба корвони бани фалон расидам ва шутурон бо дидани ман гурехтанд ва шутури наринаи сурхе хобида буд ва бар он ҷуволҳое буд, ки бо торҳои сафед дӯхта шуда буд, намедонам шутури шикаста буд ё не? Аз онҳо дар ин бора бипурсед». Гуфтанд: «Ин низ нишонаи хубе аст». Ва боз Паёмбари Худо (с) фармуд: «Сипас назди корвони бани фалон аз Танъим расидам, ки шутури наринаи сафедранге, ки сиёҳӣ низ дар он дида мешуд, пешопеши корвон дар ҳаракат буд ва инак ҳам аз он сӯи он теппа назди шумо хоҳад расид». Валид ибни Муғира гуфт: «ӯ ҷодугар аст». Чун дар паи таҳқиқи он чӣ, ки Паёмбари Худо (с) гуфта буд, баромаданд ва ба ҳақиқат ва дуруст будани он пай бурданд ӯро ба ҷодугарӣ муттаҳам карданд ва гуфтанд: «Валид ибни Муғйра рост мегӯяд». (3)
Ин воқеа барои бархе аз касоне, ки имон оварда буданд ва даъвати ҳақро тасдиқ карда буданд, озмоише буд. Чунончӣ баъзе муртад шуданд ва бархе аз мардумон назди Абӯбакри Сиддиқ омаданд ва гуфтанд: «Дидед, ки ёри ту чӣ мегӯяд? Иддао дорад, ки ӯ имшаб ба Байтулмуқаддас рафта аст!».
Абӯбакр (р) гуфт: «Оё ӯ ин суханро гуфта аст?». Гуфтанд: «Бале!». Гуфт: «Агар ин суханро гуфта бошад, рост гуфта аст!». Гуфтанд: «ӯро бовар мекунӣ, ки имшаб ба Байтулмуқаддас рафта ва боз пеш аз субҳ аз он ҷо баргашта аст?!».
Абӯбакр (р) гуфт: «Бале, ман ӯро аз ин ҳам бештар бовар мекунам, ки ӯро аз осмон ҳар шабу рӯз хабар меояд». Аз ин рӯ Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) Сиддиқ ном гирифт… (4)
Идомаи матлаб
ҳикмати Исро ва Меъроҷ аст,
аз ин рӯ бо мо буданро фаромӯш масоз,
хонадаи гиромӣ!!!
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Маъхазҳо
1. Ал-асосу фи-с-сунна, Саъид Ҳавӣ, ҷ.1, саҳ. 291-292.
2. Муслим, 162.
3. Маҷмаъу-з-завоид, 75-76. Ибни Ҳишом дар Сирати Набавия, 2\11.
4. Ҳоким, 3\62

Share This Article