Ҳулули моҳи Шаъбони соли 1438 ҳ.қ
Тибқи идораи расадхонаи давлати Миср ва давлатҳои халиҷӣ рӯзи чоршанбе 26.04.2017,29 ӯми моҳи Раҷаб ва ин моҳ мебоист 29 рӯз мебуд.Рӯзи панҷшанбе тибқи ҳисоботи фалакӣ 27.04.2017 аввали моҳи Шаъбон мешуд.Аммо маҷмуъаи расадхонаи ҳисоботи фалаки дар ҳутаи Садйр аз шаҳрвандони давлат узр пурсид,ки бо сабаби ғуборолуда будани ҳаво шоми чоршанбе 26.04.2017 муяссар нагашт,то моҳи ҷадидро бубинанд.Аз ин сабаб рӯзи панҷшанбе 30 юмӣ Раҷаб аст ва рӯзи ҷумъа 28.04.2017 аввали моҳи Шаъбон аст.
Албатта ин тасмимро давлатҳои дигари халиҷиҳам пазируфтанд мисли :Иморот, Кувет,Қатар,Баҳрайн,Салтанати Умон.
Давлатҳои Мисри араб ва Урдуни Ҳошимӣ ва дигар давлатҳои африқои мувофиқанд.Зеро вақте дорулифтоҳои давлатҳои Саъудӣ ва Миср барои дигар давлатҳо муътабар ва мавриди эътимоданд.
Давлати Мағриб то шоми панҷшанбе барои дақиқ намудани дидани моҳи Шаъбон телефонҳои бовари гузоштааст вазорати умури динаш.Агар шахсе дар ҳар гушаву канори давлат моҳи ҷадидро бубинанд хабар кунанд.
Хостам оғози моҳи шаъбонро дар давлати Эрон фаҳмам аммо чизе муяссарам нагашт,то нависам.Танҳо ҳаминқадар бароям равшан гашт,ки 15 шаъбон рост меояд ба 12 май 2017.