Ҷунайдулло Худоёров барои чӣ боздошт гардид

Ислоҳ нет

Ҷунайдулло  Худоёров барои чӣ боздошт гардид?

(Ба ин кишвар ва миллат наметавонед хидмат кардан курсиҳоро холӣ кунед!)

Рӯзҳои охир мақомоти қудратии кишвар боздошт ва зиндонкуниҳои озодандешонро шадидтар карда истодааст.Ҷунайдулло Худоёровро ман аз фейсбук мешиносам ва навиштаҳои ӯ маҳз ислоҳотӣ ё шикоят ба ҳукумати кишвар аз мақомдоронӣ минтақавӣ буданд.Дар ягон навиштаи ӯ бар алайҳи ҳукумат ва ё ягон характери сиёсӣ дида намешуд.Ӯро аз 22 январ дар рашт аз хонаашон боздошт кардаанд ва ба душанбе интиқол додаанд.Дар боздоштгоҳи ноҳияи фирдавсии шаҳри душанбе қарор доштааст.Боздошти ӯро аксари хабаргузориҳо нашр намуданд вале бар зами ин мақомоти интизомии кишвар аз чизе ибо намеварзад ба кори худашон идома медиҳад.Чанд корбари интернет ҳамчун ҳимоят аз Ҷунайдулло Худоёров навиштаанд вале гӯё чизе нашудааст.Вақте ҳукумат мардумӣ набошад ва худро мадюни миллат ва онҳоеки ин ҳукуматро интихоб кардаанд надонад чунин аст бархурди ҳукумат бо мардум. Аммо агар ҳукумат мардумӣ бошад ва пешвояшонро миллат мисли дигар ҳукуматҳои мардумсолорӣ интихоб карда бошанд ҳаргиз чунин намебуд.Дар марги як гурбаи раиси як ҳукумати дигар ҷаноби пешво пас аз ним соат барқияи таъзия ирсол менамояд.Аммо дар кишвари худаш мардуми оддиеки ба ҳукумат аз мақомдоронӣ ноҳияҳо ва вилоятҳо менамоянд бо сад ҷурмӣ сохта боздошт мегарданд.Гӯё хабар надорад ва ё машғул ба корҳои муҳимтар аз ин шаҳрванди худаш мебошад.То имрӯз нахостам чизе нависам дар ин мавориди боздоштҳои гуногӯни мардуми бегуноҳ. Аммо имрӯз зер акси Ҷунайдулло Худоёров як корбар,ки бидуни шак ӯ аз ҳамон кормандони кумитаи гестапо ё ҳамкорони ин ниҳод аст маро хело нигарон кард.Абдулло Зоиров чанд аксеро аз телефонаш гузоштааст,ки Ҷунйдулло Худоёров онҳоро дар моҳи феврали 2015 навиштааст гузоштааст. Дар зери он пост се акси телефон аз Одноклассники акс гирифта гузошта шудааст.

Муҳтавои акси аввал:

Джунайдулло Худоёров 11 март 2015 соати 17:44

Ин милесаҳо дуздҳои қонунии асри 21 ҳанстанд!!!

(Аммо зери кадом мақола ва ё хабар аст онаш маълум нест)

Муҳтавои акси дуввум:

Джунайдулло Худоёров 2 феврали 2015 соати 19:30

Оли бисёр ғам метиян ин афсарону сарбозони 201 двизя инҳо соли 1992 10000 шаҳрвандони моро дар дарйи панҷ кушта партофтаанд.Соли 1993,то 1995 дар шаҳри душанбе ва навоҳии тобеъи марказ зиёда аз 100000 нафарро куштанд.Аз онҳо пурсиш нест яке як тоҷик гӯяд,ки ҳамин кори ҳукуматдорон хато аст аз 9 то 30 сол дар гушаш кашол аст”

Муҳтавои акси севвум :

Номи корбареки инро навиштааст дар акси телефон зоҳир нест аммо гумон меравад навиштаи ӯ бошад.Зеро бо ҳарфҳои калон навишта шуда бошад.Таърихи навишти ин пост ё шарҳи зераш 10 феврали 2015 соати 10:52 аст.

“ Навиштаи қабли аш нест …Тоҷикистон.Зинда бод Устод Кабири,поянда бод ҲНИТ,марг бар золимо!!!”

Агар инро Ҷунайдулло навишта бошадҳам он вақт ҲНИТ ҳизби расми ва амалкунанда дар кишвар буд.Ин сухан дар он таърих ҳеҷ ҷинояте тибқи қонунгузории кишвар маҳсуб намегашт.Қабл аз касеро ба як ҷиноят туҳмат кардани мешавед камтар фикр кунед ва он туҳматро ақалан ростнамо кунед,то бовар кунанд мардум.Агарчӣ ҳама медонад вале бозҳам барои онки наханданд шуморо ҷанобони айбдоркунандаҳои номуҳтарам!

Ин буд ончӣ дар зери он акси Ҷунайдулло Худоёров аз тарафи Абдулло Зоиров гузошта шуда буд.

Ончӣ дар расонаҳо Ҷунайдулло навишта буд ҳамаи онҳо характери интиқодӣ доштанд ва аслан ба сиёсат ва ҳукумати марказӣ рабт надоштаанд.Танҳо он мақомоти порахур ва дуздеки дар ин минтақа мардумро ғорат доранд ва касе пеши роҳи онҳоро намегирад.Мардум аз ончӣ бар сари Ҷунайдулло омад метарсиданд.Бечора мардуми мазлум воқеъан маъзуранд.Агар камбудии ҳокимони минтақаро гӯянд дар ҳол  ту хоин ҳасти ва бояд зиндонӣ шавӣ.Ҳеҷ натавонанд бо ҷурми авбошӣ барои 15 рӯз бояд зиндонӣ гарди,то дарси ибрате барои дигарон бошад.

Наход як давлате номи худашро “Давлати демократи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ” ном гузошта бошад.Дар он на демократя ва на ҳуқуқбунёдӣ ва на дунявият зиёд намегӯям, зарраеҳам набошад ва ёфт нагардад.Агар яке аз ин номи бузургу шаҳри вайрон дар кишвар татбиқ мегашт ҳеҷ шаҳрванд бе гуноҳ зиндонӣ намегашт.Охир зиндонҳоятон пур гашт бас намекунед зулму шиканҷаро?

Бовар кунед Аллоҳ шоҳид аст онқадар мардум менависанд,ки чӣ зулмҳо ва шиканҷаҳо ба онҳо шуда аз тарафи мақомоти қудрати ва гестапои кишвар.Агар идома додан гиред ҳамчун фарзанди ин миллат қарзи имонӣ ва виҷдонӣ медонам яке паси дигар ҳамаи ончӣ мегӯянд ва ирсол мекунанд расонаи кунам.Мардуми мазлум ба ман бовар мекунанд ва дарди дили худро менависанд ва машварат мепурсанд.Ман ба ин ҳама гӯям шумо ҳамаатон гунаҳкоред ва мақомоти қудратии кишвар ҳақ аст? Ҳаргиз чунин сухане нахоҳам гуфт.

Даст аз шиканҷа ва зиндону боздошт куниҳои беасосатон бардоред ба доди мардуми мазлум расидагӣ кунед.Агар наметавонед пас чаро курсиҳои идора кунандаи кишварро банд кардаед? Холӣ кунед онҳоро,то як фарди фаҳмидаву дилсузи ин миллат бар онҳо нишаста ба ин миллат ва кишвар хидмат кунад.

 

 

Share This Article