Модари муъминон Ҷувайрия (р) гуфт: «Эй Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ман духтари Ҳорис ибни Абизирор сардори бани Мусталиқ будам, мусибате, ки ба сарам омад, бароят маълум аст, ҳангоми тақсими ғаноим, саҳмияи Собит ибни Қайс шудам. Бо ӯ паймон бастам, ки баъд аз пардохти маблағ маро озод намояд ва ӯ маблағро таъин намуд, бинобар ин назди ту омадам, ки кўмакам намоӣ,то озод шавам».
Ҷувайрия духтари Ҳорис дар ғазваи бани Мусталиқ
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ғазваи бани Мусталиқ бар Ҳорис ибни Абизирор, ки қасд ба сӯи дини ислом дошт, пирўз нашуд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пирӯзмандона, дар ҳоле, ки ғаниматҳои зиёде ба даст оварда буданд, ба Мадина бозгаштанд. Ҳафтод нафар аз душман асир шуда буду ҳазор шутур ва панҷ ҳазор гусфандро мусалмонон ба ғанимати хеш гирифта буданд. Занону кӯдакон асир шуда буданд. Дар миёни асирон Ҷувайрия духтари Ҳорис (р) бонўе аз бани Мусталиқ буд. ӯ духтари ҷавону зеборӯй буда, ҳангоми тақсими ғаниматҳо, саҳмияи Собит ибни Қайси ансорӣ шуд. Дар ривояти дигаре омада аст,ки қабл аз тақсими ғаниматҳо ба назди Собит худаш барои ҳифзи шарафаш омад ва худашро муаррифӣ намуд,ки ӯ духтари раиси қабила аст ва Собит бо ӯ паймон баст, ки агар ҳафт руқия тилло пардозад ӯро озод хоҳад кард. Пас аз он,ки ғаниматҳо тақсим гаштанд Ҷувайрия иҷозати вуруд ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро хост ва аз ӯ кумак талаб карда, гуфт: «Эй Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ман духтари Ҳорис ибни Абизирор сардори бани Мусталиқ будам, мусибате, ки ба сари ман омад, бароят ошкор аст, ҳангоми тақсими ғаноим, саҳмияи Собит ибни Қайс шудам ва бо ӯ паймон бастам, ки баъд аз пардохт маблағамро озод намояд. Ў маблағро таъин намуд, бинобар ин назди шумо омадам, ки кўмакам намоед, то озод шавам».Дар мавриди вуруди Ҷувайрия (раз) сира нигорон чунин ривоятероҳам зикр намудаанд,ки Ҳангомеки Ойша (раз) Ҷувайрияро диданд ва ҳусну ҷамолашонро ба ӯ сахт рашк намуданд.Аммо муҳим аз ончи метарсиданд ба он рӯ ба рӯ гаштанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ба ҳоли Ҷувайрия раҳмаш омад ва гуфт: «Агар маблағи таъиншудаи аз тарафи Собитро ба ӯ бипардозам ва бо ту издивоҷ кунам меписандӣ? Ҷувайрия гуфт: Бале, эй Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам). Паёмбар фармуд: Ман низ ин корро анҷом додам» Ҷувайрия (р) аз ҳукми Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки фармуда буд, қивоми ӯ пардохта шавад ва ӯ озод гардад розӣ буд. Ин издивоҷи Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дорои ҳикмати бузурге буд,ки дар пай дошт.Аммо падараш Ҳорис ибни Абузирор аз замоне, ки духтараш асир шуда буд, ором намегирифт. Ӯ чанд шутур ҷамъ кард, то онҳоро ба унвони фидя бидиҳад ва духтарашро, ки дар дасти мусалмонон асир буд, озод кунад. Чун ба Мадина расид бо шутурҳо назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) рафт ва гуфт: Эй Муҳаммад! Шумо духтарамро асир кардед, ин фидяи ўст ва ӯро озод кунед. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Он ду шутуре, ки дар дарра паноҳ кардӣ куҷо ҳастанд? Ҳорис ба шиддат ваҳшат кард ва бо худ гуфт: Касе ҳамроҳи ман набуд, ки бинад ман чи кор мекунам ва бо худ шутур овардаам, пас аз каме хомўшӣ, вақте ба сухан омад, гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбудеҷуз Аллоҳ нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки ту эй Муҳаммад паёмбари Аллоҳ ҳастӣ.
Чун аз ин корам ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас хабардор набуд. Ҳорис ибни Абузирор сардори банни Мусталиқ, ки бар зидди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) лашкаркашӣ карда буд, ба дини ислом мушарраф гашт. Ҳорис касеро фиристод, ки шутурҳоро ёбанд, то фидяи духтарашро диҳад ва ӯро озод кунад. Вақте шутурҳоро оварданд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфт: Ин фидяи духтарам ҳаст, духтари ман шоиста нест, ки асир бошад ва дар он ҳолат издивоҷ кунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) инро шуниданд ва фармуданд: «Оё агар мо ӯро қабул кунем кори хубе накардаем? Ҳорис гуфт: Бале, хуб аст. Вақте аз Ҷувайрия (р) пурсида шуд, гуфт: Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро эй падарҷон пазируфтам ва ислом овардаам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ӯро озод намуд ва ҳамчун зани озода, бо ӯ издивоҷ карда, номи ӯро, ки қабл аз издивоҷ Бурра буд иваз кард ва Ҷувайрия ном гузошт.
Вақте мусалмонон хабардор шуданд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо Ҷувайрия (р) издивоҷ кардааст хонавода ва хешовандони Уммулмуъминин Ҷувайрия (р)-ро озод карданд ва гуфтанд: Инҳо хешони ҳамсари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳастанд, ки дар натиҷа сад нафар аз авлод ё қабилаи Ҷувайрия (р) озод гардиданд, то ҷое, ки модари муъминон Оиша (р) гуфтааст: «Занеро намешиносам, ки монанди Ҷувайрия (р) барои қавмаш бобаракат бошад».
Қабилаи бани Мусталиқ ба кулли имон оварданд пас аз ин издивоҷи бо баракат ва неъмати Илоҳӣ шомили ҳолашон гардид ва Ҷувайрия (р) ба хонаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пайваст. Хонаи ӯ низдики хонаи умми Салама, Оиша ва Ҳафса (разияллоҳу анҳунна аҷмаъин) буд.
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ривоят аст,ки яке аз рӯзҳо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) берун шуданд аз назди Уммулмуъминин Ҷувайрия,ки намози субҳашро хонда буданд вале Ҷувайрия (раз)-ро диданд, ки дар масҷидаш нишастааст ва тасбеҳ мегӯяд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дубора аз канораш гузашт дид ҳамчунон нишастааст. Ба ў фармуд: То ба ҳол ту дар чунон ҳолате ҳасти,ки ман туро гузошта будам ва рафтам? Ҷувайрия (раз) гуфтанд: Бале Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:« Ман имрӯз пас аз инки аз наздат рафтам чор калимотеро се маротибаги гуфтам,ки агар онҳоро ба тарозӯ баркашанд,ба андозаи онҳама зикреки ту,то ба ҳол анҷом додаӣ баробаранд.
“Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи,адада халқиҳи,ва ризо нафсиҳи ва зината Аршиҳи ва мидода калимотиҳи”
(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим )
Уммулмуъмини Ҷувайрия бинти Ҳорис ибни Абузирор Алхузоъи(раз). Соли 608 дар Мадина се сол қабл аз биъсати он ҳазрат таваллуд шудаанд,ҳангомеки ҳамсари Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шуданд 20 сола буданд.Уммулмуъминин Ҷувайрия (раз) ҳаштумин модари муъминон аст,ки ин шарафро ноил гаштааст.Тақрибан шаш сол бо Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) зиндагонӣ намуданд.Ӯ пас аз вафоти Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тақрибан 42 сол умр диданд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) вафот карданд, дар ҳоле, ки аз Уммулмуъминин Ҷувайрия (р) хушнуд ва ризо буданд. Ҷувайрия (р) зиндагии боқимондаашро дар сояи ҳукумати хулафои рошидин гузаронид ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳафт ҳадис ривоят намудаанд. Зиндагии ӯ то замони хилофати Муовия ибни Абисуфиён (р) идома пайдо кард ва дар даврони ҳукумати Муовия(раз) дар моҳи рабеъулаввали соли панҷоҳу шаши ҳиҷрӣ қамарӣ мутобиқ бо феврали 676 мелодӣ дар синни шасту ҳашт солагӣ вафот карданд,бар ӯ Марвон ибни Ҳакам амири Мадинаи мунаввара намози ҷаноза гузориданд ва дар қабристони Бақеъ мадфунашон намуданд. Аллоҳ аз ин модари муъминон розӣ ва хушнӯд бод.
Муҳаммадиқболи Садриддин