Воизи дин ё лектори ҳукумат?

Ислоҳ нет

  ҳоҷӣ Мирзо арусаки Раҳмонов аст, бовараш накунед!

    «…..Шумо фарзандотона ба ин давлатҳое, ки ном гирифтем равон накунед, фарзандотона ба ин мулкҳое, ки ном гирифтем, равон накунед»…..

«…..«Имрӯз бачаҳакотона пеши худатон нигаҳ будорен, бачаҳакотона бародарои азиз, касб буомузонед, бачаҳакотона бугзор бухона, бачаҳотон бугзор забондон шаванд, бигзор бачаҳотон ихтироъкор шаванд,бигзор бачаҳакотон биёяд ана ҳаминҷа паҳлуи мардумда бистану барои мардум шароит, барои мардум имконият, мақсад, эҷод кунанд. Имрӯз ҷомеаи мо бародар ба нафарҳое ниёз дорад, ки мардума шикамша сер кунад, мардума танаша бупушонад, мардума насиҳат кунанд, ки ай фисқу фасоду фаҳшо нигаҳшон будора, мардума аз ҷудошавӣ, талоқу дигар, дигар нигоҳ будора. Имрӯз ниёзи ҷомеаи мо ба ана ҳамин аст.

Барои ҳамин ман ира, бародарвор ба ҳамаи мову шумо падаро модаро мерасонум,ки эҳтиёт кунед, фарзандора ба ягон берун, бародарои азиз, барои оне, ки инҳо мақсад ҳофизои Қуръону олимои дин мешаванд, равон накунед.»…..

Бале,хонандаи азиз, Шумо дуруст пай бурдед, ки ин пораҳо аз сӯҳбатҳои пучу бемояи ҳоҷӣ Мирзо аст, ки дар ин чанд гоҳи ахир баҳсу ҷидолҳои шадидеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Ман, дар яке аз барномаҳои пешинаи «Минбари муҳоҷир» як каме фикру ақидаамро дар бораи ин даъвати дар воқеъ зидди исломии ҳоҷӣ Мирзо баён карда будам. Вале дархости ҳазорон тан аз ҳаводору мухлис водорам кард, ки роҷеъ ба «андешаҳо»-и ин як замон воизи дин вале ҳоло ба лектори ҳукуматӣ бадалгашта барномаи алоҳида таҳия ва пешниҳод намоям.

  Бародарони азиз! Аввалин чизе, ки маро сахт нороҳат кард ин аст ки чаро ин ҳарфҳо аз забони як руҳонии маъруф ва воизи шинохтаи тоҷик садо дод? Ҳоло на узбек, на туркман, на қирғизу на қазоқ маҳз як муллои тоҷик даъват ба амал оварда истодааст, ки бачаҳоятонро нагузоред, ки олими дин бишаванд, ҳофизи кулли Қуръон бишаванд. Ё тавба!! Чаро маҳз як руҳонии тоҷик ин ҳарфҳои зиддидинро паҳн мекунад?

 Дар тамоми кишварҳое, ки ба тоҷикӣ баладанд ва ин суҳбатҳоро шунавиданд, ангушти тааҷҷуб ва таассуф газиданд ва чуноне ҳам дидем аз муллову муллобачаҳои тоҷик, ҳатто аз шогирдони худи ҳоҷӣ Мирзо гирифта то уламои афғониву эрониву дигару дигар ба шиддат ибрози нигаронӣ ва нороҳатӣ карда баъзеашон ҳатто ҳоҷӣ Мирзоро ба алфози қабеҳ таъну лаън карданд.

Воқеан ҳам ин воизро чи шуда, магар ҷинаш асар карда, ки сӯҳбате мекунад, посухе медиҳад, ки хилофи ақидаву андеша роҳу сулуку тариқати интихобидаи худи уст. Худи ҳоҷӣ Мирзо, Сайидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии Тоҷикистон, Сулаймон Давлатов, раиси Кумтаи дини Тоҷикистон фориғуттаҳсилини донишгоҳи Покистонанд. Дуруст аст ки ҳоҷӣ Мирзо таҳсилро ба субут нарасонидааст. Аммо бачааш, ки дар хориҷа хондааст ва дар хориҷа қории Қуръон шудааст. Хуб, ки чи шуд? Ин афрод, ки мо танҳо бо зикри ҳамин ду-се нафарашон иктифо мекунем, ҳоло масъулияту маъмурияти муҳофизати дину мазҳабро дар кишвар доранд. Магар инҳо мазҳаби нав оварданд? (Албатта, инҳо ҳам, ки кори хайре барои тарвиҷу тараққии дини мо накардаанд, вале коре,ки ҳоҷӣ Мирзо дар назар дорадро анҷом надодаанд)

  Ростӣ, ҳеҷ ақлам қад намедиҳад. Магар мешавад як воиз, ки аз дин, аз худову расул мегуяд, бихезаду бигуяд, ки на, дигар нахонед ва аз онки ҳифзи Қуръон мекунеду олими дин мешавед, беҳтар аст фулону фулон корҳоро анҷом диҳед.

   Мо инро хуб медонем, ки ҳоҷӣ Мирзо аз чанд сол аст ки гаравгону асир аст. Вале ин на ба он маъно бояд бошад, ки бихезаду алайҳи ақидаву имонаш ва динаш қиём ва исён бикунад.

 Бигзор, ки Раҳмону олу уруқи ӯро, кору рафтори ӯро тамҷиду тавсиф бикунад, вале на ба ин тарзу тариқу маъно, ки ин ташвиқу таблиғу тамҷид муқобили дини Худо ва китоби Худо нигаронида шуда бошад.

 Худоё тавба! Ошкоро ва руирост мегуяд, ки нафиристед, нагузоред, ки бачаҳоятон Қуръон биомузанд, олими дин бишаванд! Дар онҷо мазоҳибашон дигар аст:

   « Шумо медонед, ки мазҳабои унҳо мазҳаби Имом Шофеъияй, мазҳаби Имом Аҳмади Ҳанбалай, мазҳаби бигем, ки ана баъзеҳош мазҳаб надорад, ана, мамлакатои арабуш, дар ғайри арабам бо бемазҳабҳо ҳастанд, мадрасаҳо кушодагиянд, таҳзиби Қуръон кушодагиянд. Вале баъди панҷ сол бародари азиз, ту вақте меравӣ фарзандата олими дин мекунию олими мисол  ҳифзи Қуръон мегирӣ, дар баробаруш бифаҳм, ки ақидаи дини, мазҳаби Абуҳанифара ҳамроҳуш намеорад».

Оё шинохти ислом ва ё омузиши ислом аз нигоҳи мазҳаби Имом Шофеӣ, Имом Молик, Имом Аҳмади Ҳанбал нодуруст аст? Ин мазоҳиб ва пайравони онҳо ҳадису Қуръонро ба гунае мутолиа ва ҳифзу тафсиру тафсил мекунанд, ки хилофи дину оин, хилофи фармуди Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу ва аҳодиси ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи вассалам аст? Магар тамоми олами ислом иборат аз ҳанафиҳо аст ва ин танҳо ҳанафиҳо дурустанду мусалмони воқеӣ ва ислом фақат ва фақат марбут ва мерос ва мансуб ба онҳост? Оё фақат ҳанафиҳо вориди ҷаннат мешаванд? Магар мо чаҳор мазҳаби бар ҳақ надорем? Магар касе мазоҳиби ҳанбалӣ, моликӣ, шофеъиро мансух кардааст?

   Бар фарзе як ҷавони тоҷик дар Алазҳар, дар Девбанд, дар Мадина бихонду донишманди ин ва ё он арсаи улуми динӣ шуд, ӯро набояд қабул бинмоем?

Магар роҳу равиши ибодати онҳо мусалмонӣ нест? Ин фақат, мо тоҷикҳо мусалмонем? Ин фақат, равишу роҳ ва тооту ибодоти мо исломӣ ва тибқи манҳаҷи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)  аст? Магар ислом маҳдуд фақат ба тоҷикҳо ва барои тоҷикҳост ва фақат ҳанафиҳост? Чаро уламои ҳамҷивори мо аз Узбакистону Қирғизистон ва ё Афғонистон ин гуна иддио надоранд ва ҷавононро аз рафтан ба суроғи улуми илоҳӣ боз намедоранд?

  Мамолики исломӣ бираванд ва дар пеши уламои бузург хонанд, чи бадӣ дорад?

Ҳоло бигзор, ки ҳарф ҳарфи шумо. Нараванд, дар Тоҷикистон истанд. Пас, дар куҷо бихонанд, пеши кӣ бихонанд? Пеши Сайдмукаррам? Сайдмукаррам худаш форуғуттаҳсили донишгоҳи Покистон аст. Пеши ҳоҷӣ Мирзо? Худаш, ки каме ҳам бошад дар Покистон хондааст.

 Боварам намешавад вақте мегӯяд, ки «Дар ҳақи фарзандотон, падарои азиз, модарои азиз ҷабр накунед. Шумо худоро шукр гуен, ки ана ҳамин мисли мо барин одамо барои шумо бо маслиҳат додестем».

Худоё паноҳ!

Ин даъвати ҳоҷӣ Мирзо ҳаммаънои «Ояҳои шайтонӣ»-и Салмон Рушдӣ, давоми карикатураи ҳазрати пайғамбар, мисли қуръонсузиҳо аст, ки ба умқи эҳсосоти мусалмонон зарбаи дардовар зад.

Магар як олим, як доъӣ ва як рушангари динӣ метавонад ҳамчунин даъвате бикунад, ки хилофи ақида, ормон ва аҳдофи вай бошад.

Аз ҷавонҳо даъват мекунад, ки қатъи таҳсилу тадрис кунанд ва баргарданд ба назди волидонашон ва шароит(?) фароҳам кунанд. Магар ин ҷавонҳо киҳоянд, ки оянду шароит фароҳам кунанд. Теъдоди онҳо чи қадар аст? Зарфияти онҳо то кадом миқёсу андозааст, ки амру наҳйи фармудаи шуморо, ки марбути онҳо намебошад, иҷро бикунанд?

«…Имруз ҷомеаи мо бародар ба нафарҳое ниёз дорад, ки мардума шикамша сер кунад, мардума танаша бупушонад, мардума насиҳат кунанд, ки ай фисқу фасоду фаҳшо нигаҳшон будора, мардума аз ҷудошавӣ, талоқу дигар, дигар нигоҳ будора. Имрӯз ниёзи ҷомеаи мо ба ана ҳамин аст.»

 Охир, ин ҷавонҳое, ки қасду нияти таҳсили улуми диниро доранд, чи қадаранд, ки биёянду баргарданду «мардума шикамша сер кунанд», «ай фисқу фаҳшо нигаҳшон будор»?  Магар рӯзу рӯзгори мардум ба ҳаминҳо мондааст?

Пас, ҳукумат, пас Раҳмонови тоғут бояд чи кор бикунад? Як ҷавоне, фарз кардем сад, фарз кардем ҳазору дуҳазор толиби илму омузишу таҳсил, набояд биравад ва орзуву омоли дилашро бароварда созад ва дар роҳи Худову ислом қадам бардорад, хидмат кунад? Як ҷавони 16-17-20 сола бо чи роҳе метавонад аз фаҳшо ҷилавгирӣ кунад, агарки бо донишҳои исломӣ мусаллаҳ набошад?

  Ҳоло, бигирем, ки ҳоҷӣ Мирзо дуруст аст. Дар берун, дар Чеченистон, Доғистон, Миср, кишварҳои арабӣ ҳамаро ғайримазҳаб мекунанд: ҳанбалӣ, моликӣ ва шофеъӣ мекунанд.

Вале, саволи ман аз ҳоҷӣ Мирзо ин аст ки дар ин ҳолат бачаҳои тоҷик, фарзандони тоҷик дар куҷо таҳсил ва тадриси ислом бикунанд? Омӯзиш дар куҷо бигиранд? Худи шумо ҳамин ҳақро доред, ҳақи омӯзонидани улуми диниро доред, мадрак ва муҷаввиз барои таълиму тадрис доред? Метавонед муҷаввизи худро нашр кунед, нишон диҳед? Шумо, агарки ҳамчунин муҷаввиз доред, онро аз куҷо ба даст овардед? Дар Тоҷикистон мешавад ҳамчунин муҷаввизе ба даст овард ва аз куҷо ба даст оварда мешавад?

   Тоҷикистон чанд донишгоҳу чанд мадрасаи миёна ва олии исломӣ дорад? Зарфияти онҳо кофӣ аст? Магар шумо ҳақиқати ҳоли муносибати ҳукумат бо исломро намедонед? Омӯхтани ислом дар Тоҷикистон имконпазир аст? То чи ҳад имконпазир аст?

   Ва, ҳамин тавр бо таъкиди тафовути тарзи гузоридани намоз мегуяд, ки инҳо ҳаргиз ба дин хизмат намекунанд ва онҷоҳо, ки мераванд, «мақсадноканд, ҳадафноканд». Хулоса, ҳамон ҳарфу ҳиҷое, ки Раҳмонов мегуяд ва солҳост, ки ҷавонҳоро аз кишварҳои мусалмонӣ ва аз беҳтарину бузургтарину бообрутарин донишгоҳҳо ва мадориси аълои исломӣ ба иҷбор оварда истодааст, то онҳо аз таҳаввулоти олами ислом, аз инки ислом танҳо аз салоту тооту ибодот иборат нест, муталеъ нашаванд ва аз онки онҳо дар ин донишгоҳҳо огоҳу бедору ҳушёр мешаванд, ҷилавгирӣ кунад. Тамоми ҳадафаш ҳамин. Ёдатон ҳаст чи гуфт?

Гуфт: -«масҷид меоӣ, намозта мехонӣ меравӣ. Дар кори давлат қуш шудӣ, дар сиёсат қуш шудӣ, ҷоят кунҷи зиндон?”

   Ана, ҳамин аст тамоми мазмуну моҳияти суҳбатҳои ҳоҷӣ Мирзо. Яъне вай ҳоло табдил ба сухангӯ ва ба лектори ҳукуматӣ шудааст ва ҳар нафире ва ҳар даъвате мекунад, бар мабнои ҳамин ҳадаф аст.  

    Ман ба ҳар аҳаде, ки бо мост, ихлосу самимият дорад, ошкоро ва бо сароҳат паём медиҳам, ки ҳоҷӣ Мирзо дигар мавриди эътимод нест. Албатта, аз хеле вақт пеш буд, ки мо ӯро радди эътимод карда будем.

Вале ин бор, ки вай ба шариати ислом, ба табиати ислом, ба қавоид ва қавонини ислом, ба аслу усули ислом тохтутозу зӯрӣ мекунад, вай дигар касе нест, ки бигӯемаш буд. Ҳоҷӣ Мирзо табдил ба арӯсаки Раҳмонов шудааст, пойи суҳбати вай нашинед, даъваташ накунед, эътино ва эътибор надиҳед.

   Афроде мисли ҳоҷӣ Мирзоро наметавон «лағжид» гуфт. Лағжидан як кори нохоста аст. Аммо ин даъвати зидиисломии ҳоҷӣ Мизо дидаву дониста, ҳисобшуда барномарезишуда аст. Вақте як воизе, ки аудитория ва шунаванда дорад, ҳамчунин суҳбатҳое мекунад, ки тӯли тамоми умраш назада буд, онро чи гуна метавон тафсиру таъвил кард?

Яъне аз роҳу равишаш баргашт? Мисли Мулло Абдураҳим? Чаро аз роҳу равишаш бармегардад?

« Мо (падару модаронро дар назар дорад) фақат дар фикри як чизем, бачаи ман ҳофизи кулли Қуръон мешавад, ё олими дин мешавад, оянда меояд мақсад, дар дину дар ҷомеа хизмат мекунад. Фақат андешаи мо да ҳаминай. Э,кош, э кош!! Ҳамин андешаҳои мо мақсад, мувофиқ бошад ба ҳамун ҷойҳое, ки шумо мебаред. Лекин мувофиқ нест бародарои азиз ва гиромӣ».

Магар ҳамингуна фикри доштани падару модари як ҷавони тоҷик бад аст? Худо аҷраш диҳад,худо хайраш диҳад,ки мехоҳад писараш ҳофиз ва қории Қуръон ва олими дин бишавад.Аллоҳ саф ва шумори ин гуна волидонро афзун бигардонад! Омин!

Ҳоҷӣ Мирзо кореро мекунад, ки Раҳмонов ва мақомоти вай иҷро карданд.Раҳмонов бо ҷаҳли мураккаб падаронро азият кард, ки фарзандони худро барбигардонад. Вале ҳоҷӣ Мирзо барои тавҷеҳ ва барои тасдиқи ин амали ғайриисломӣ ояҳои қуръониро барғалат ва воруна табсира ва тафсира мекунад. Худоё паноҳ! Ин чи воизу ин чи олиме аст?

Мегуяд бачаҳоятонро нагузоред, ки қории Қуръон шаванд, пешгирӣ кунед. Нагузоред, ки ҳофизи Қуръон шаванд. Дар ҷойи ин тавсия медиҳад, то бигуянд, ки шиками шумо ва шиками худу бақияро сер кунанд.

  Магар Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва садҳову ҳазорҳо бузургони дини мо барои фаро гирифтани донишу улуми исломӣ ба ақсо нуқоти ҷаҳон сафар накарданд?

«Сентралний вуз», ки буду ҳоло ҳасту Оксфорду Кембриҷ, ки ҳасту филиалҳояшро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст, он солҳову он асрҳо ҳам буданд ва имрӯз ҳам масалан Алазҳар ҳамин нақшу мақомро ифо мекунад? Пас, чаро бояд нараванд ва илмро аз сурайё ва аз Чин ба даст наоваранд?

Ҳоло бузургтарин донишмандону асотиди улуми исломӣ дар донишгоҳҳои муътабари Миср, Саудӣ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва мамолики дигар ба донишомӯзон дарс медиҳанд. Чаро агар як ҷавони тоҷик дар Алазҳар ва ё дар донишгоҳи Мадина ё Риёз бихонад ҷоиз нест. Ин ҳукми Худост ва ё ҳукми Раҳмонов? Ва ҳоҷӣ Мирзо ҳукми киро таблиғу ташвиқ карда истодааст?

Шумо ҳадафатон ин ки Тоҷикистон ғайриисломӣ бишавад? Шумо ҳадафатон инки Тоҷикистонро як мамлакати холӣ ва дур аз ислом кунед?

Мамлакат бе олими исломӣ чи хоҳад шуд?

Бубинед, ҳоло ин паҳлуи масъаларо ҳам пеш биёварем, ки тадрису таълими ҷавонҳо ба тараф, дар Тоҷикистон таълиму тарбияти кудакону наврасон мамнуъ аст ва ҳеҷ дабистоневу мактабеву омузишгоҳе вуҷуд надорад, балки таълиму тадриси кудакону наврасони то синни18 ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Барои ҳамин пурсиши дигари мо ҳам ин аст ки оё Ҳоҷӣ Мирзо метавонад ба кӯдакону наврасон таълими динӣ бидиҳад. Таълими динӣ барои мулло шудан не, таълими динӣ барои онки кӯдак бидонад, ки вай мусалмон ва бачаи мусалмон аст ва мусалмон будан чист ва мусалмонӣ чист ва калимаи шаҳодат чист ва бинои мусалмонӣ бар чанд навъ аст ва шаш калимаи динӣ чист ва “ашҳаду-ал-ло илоҳа иллалоҳ“ чи маъно дорад ва Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам )кист? Тавҳид ва мабодиъи исломро дар куҷо биомузад, намозу таҳоратро чӣ? Ҳалол чист, ҳаром чист, маҳрам кист, номаҳрам кистро дар куҷо омӯзад?

Инҳоро аз кӣ биомузад?  Омухтани ин ҳама то 18 солагӣ манъ аст. Аммо фақат дар Тоҷикистон. Боқии2 миллиард мусалмони дунё аз омӯзишу тарбияти исломӣ маҳрум нашудааст. Масалан омӯхтани ин ҳама дар Узбекистон ва Қирғизистон мамнуъ нест, чаро дар Тоҷикистон манъ аст? Магар таълими бинои мусулмонӣ, обдасту намоз наврасро террорист мекунад?

Ҳоло, агар бад-ин минвол идома биёбад, дар ҳамин танҳо Донишгоҳи исломии Тоҷикистон касе наметавонад шомил бишавад. Чун ҳеҷ донише надорад, чун омӯзиш надидааст.  Онҳое, ки ба Донишгоҳи исломӣ санад месупоранд,дар куҷо хонда бошанд? Онҳо улуми аввалияи диниро дар куҷо аз бар кардаанд?

Ҳоло пурсиши дигар ин аст ки онҳо, ки донишгоҳи исломиро хатм мекунанд куҷо бираванд? Куҷо кор кунанд? Дипломи тадриси кӯдакон доранд, ҳақи тадрис доранд? Агар ҳақ ҳам доранд,мактаб, ки нест, тадрису таълими наврасу кудак қатаған аст, киро ва чи тавр дарс медиҳанд.

Чаро ҳоҷӣ Мирзо инҳоро намебинад? Чаро аз ин масоил дам намезанад?

    Манзурам ин аст ки вақте дар кишвар имконият ва шароит фароҳам нест ин ҷавонҳо иштиёқу алоқаи худро чи тавр бароварда созанд?

Чаро ҳоҷӣ Мирзо дар бораи ин ҳама мушкилоти дини ислом дар кишвар гап намезанад?

Ба ҳайси алтернатива чӣ пешниҳод дорад? Масалан Миср нарафтанд, кишварҳои арабӣ нарафтанд, Покистон нарафтанд, куҷо бираванд? Дар Тоҷикистон, ки шароит фароҳам карда нашудааст.Танҳо як донишгоҳи исломӣ дорад, ки табиист кофӣ нест. Инчунин донишомӯзони ин донишгоҳ менависанд,ки амният меояду ташвиқот мебарад,ки инҷо мехонед ҷой кор пайдо намекунед.Шумо фардоятонро андеша екунед? Агар хоста бошед, бе пул перевод ба донишгоҳи дигаре кунеду онҷо хонед. Мулло шуда чи кор мекунед? Ҳоло шумо ҷойи он амниятиҳоро гирифтеду ошкоро ба падару модарҳои онҳо хитоб доред, ин хиёнат ба ин дин нест ?

  Барои фаро гирифтани улуми динӣ Бухоро меомаданд, Балх,Басраву Бағдоду Димишқу Қоҳира мерафтанд, Истанбулу Қазону Самарқанду Ҳирот мерафтанд. Яъне омӯзиши улум аз замони қадим вуҷуд дошт. Пас, чаро ҳоло бояд наравнд?

Аз Худо битарс ҳоҷӣ Мирзо. Таҳти таъсири агитатсияву пропагандаи Раҳмонову СС.Ятимов мондаӣ, балки муздури даступобуси онҳо шудаӣ.

  Абдулло Роҳнамо донишманди мо як замон исломшиноси мо борҳову борҳо мегуфт, ки ин таъбиру таркибҳои «терроризми исломӣ», «бунёдгароёни исломӣ», «тундравони исломӣ»,«экстремистони исломӣ» ҳамааш продукти дар хӯрди ҷаҳон андохтаи душманони дини исломанд, исломро чашми дидан надоранд, вагарна дар ҷаҳон дарсадии амалҳои ифротӣ аз тарафи ғайримусалмонҳо бамаротиб зиёд аст.

Ҳоло бибин, ки мадорису маҳофили исломӣ, ки қуфлу бастааст вазъи криминогении кишвар дар чи сатҳе расидааст?

Сангинтарин ҷиноёт, гушношунидтарин ҷиноётро дидаву шунида истодаем, полковники милиса одамро мекушад, мебарад даруни рудхона мепартояд, нафаре, ки то чанд рӯзи пеш муовини раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфти вазорати дохилӣ, яъне ниҳоди ҳифзу қонун ва ҳуқуқ буд.

Собиқ афсарони милисаву амнияту додситонӣ гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ созмон медиҳанд ва муовини раиси бонк- як мақоми давлатиро мебаранду мекушанду ба дарё меафкананд?

Чаро аз ин ҳолатҳо ҳоҷӣ Мирзо бонги изтироб намезанад?

 Чаро инҳоро намегуӣ, чаро аз дискоклубу букмеккеру танес живота намегӯӣ,ки фаҳшову бангу нашъаро тарвиҷ дода истодаанд.Ман намегӯям,ки аз озмуни “Чакомаи гесу” бигӯ,ки маҳз ба хотири ҷалбу истифода ҷавондухтарон ба ҳарамсаройи пешвву бачаи пешвову мақомоти даври ӯ ташкил шудааст!!

  Худоё паноҳ мебарам бар ту, ки як воиз, як донандаи дин, як домуллои бообуру аз омӯхтани улуми исломӣ ҷавононро ҷилавгирӣ мекунад? Ин чи руҳонӣ, ин чи муллову инчи мусалмон аст? Танҳо ба ин баҳона, ки фардо агар омад поҳояшро паҳн мекунад.Чаро худат, чаро Сулаймон Давлатов, чаро Сайидмукаррам поҳоятонро паҳн намекунед, шими почааш боло аз буҷулакро намепушед? Яъне мусбил ҳастед ва асфал аз соқайн мепӯшед?

Шумо бояд тарафдори он бошед, ки мусалмонободӣ бишавад, ҷомеа дар адолату ҳақиқати ислом зиндагӣ кунад, магар не? Ё шумо ин тавр намехоҳед?

Шумо, як раҳ намеандешед, ки баъди 20-30 сол, ки касе таҳсилдида боқӣ намонад, кӣ мардумро насиҳату машварат медиҳад?

Аз ҳамин ҳоло дигар дар ноҳияҳо касе нест дар ҳолатҳои назъи равон калимаи шаҳодат талқин кунад. Мулло ҷойи худ ҳатто кумитаи амният қуръонхонҳоро ташхис ва ҷаримаву зиндонӣ дорад. Кудакони мардумро омада дар макотиб месанҷанд,ки кадомашон Қуръон хонда метавонанду падару модарони онҳоро ҷарима доранд. Акнун навбати ту шуд? Раҳмонов меравад ту ҳам хоҳӣ рафту манам ва ҳамаи мо меравем. Аммо медонед пурсиши ту ва ман ва огоҳоне мисли ману шумо ва Сайдмукарраму Сулаймон Давлатзодаҳо назди Аллоҳ аз Раҳмонови габр бештар аст ?

Ё шумо мехоҳед,ки фақат шумо аз ислом бигуед ва шумо посбону шумо монополист бошед, касе дигар олим нашавад,

 Шуморо ҳам дарди бузургманишии Раҳмонов задааст, ки ба ҷуз аз Шумо касе дигар набояд бошад. Аммо шуморо, ки барвақт дар ҷойи нарматон заданду аз минбару меҳроб ронданд. Ҳамин тавр не?

Ростӣ, мо бо таваҷҷуҳ ба зулму ситаме, ки ин режими тоғутӣ болои мусалмонони кишвар ва бахусус руҳониёну уламо ва алалхусус аъзои ҲНИТ овардаасту оварда истодааст, худро аз қабл қаноъат додем, ба ҷон харидем, ки барои ҳифзи ҷону амнияти худу хонаводаҳояшон, бигзор, ки алайҳи мо бигӯянд, бинвисанд, ҳатто агар зарурат пеш омад, таҳдид ва хатари воқеӣ ба ҷонашон пеш омад гувоҳӣ ҳам диҳанд, агарчи медонанд, сиҳат надорад.

    Аммо,аммо, ин на бад-он маъно аст ки дар ҳақи мо ва махсусан бузургони рафта туҳмат зананд. Ҳоҷӣ Мирзо метавонад дар як даст мусҳаф бигирад ва ё аҳаде аз бачаҳои дар ҳамон солҳои ҷангу ҳиҷрат дар донишгоҳҳои Покистонро ном бигирад, ки устоди марҳум мавлавӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода бурду доду бар ивазаш маблағ гирифт ва чи маблағе? 

Дар он донишгоҳҳо ба ҷуз аз тоҷикҳо садҳо тан аз тамоми олами ислом мехонданд. Агар ҳар яке аз онҳо 50 ҳазорӣ нарх дошт ин пулро аз куҷо меёфтанд? Магар ин донишгоҳ станоки чопи доллар дошт? Чаро онҳо бояд ин миқдор пул бидиҳад? Пули супорида худи ҳоҷӣ Мирзо, Сайидмукаррам ва Сулаймон Давлатовро кӣ гирифт? Худи ҳоҷӣ Мирзо чанд пул дод? Оне,ки ӯро бурду дохил намуд барои Ҳоҷӣ Мирзо 50 ҳазор доллар дод? Аз Аллоҳ тарсед ва медонед рӯзи ҷазо ҳаст!

 Худоро гувоҳ мегирам,ба иззату азаматаш ба ҷоҳу ҷалолу ҷабаруташ қасам мехурам, ки ин ҳарфҳо туҳмате беш нест. Ҳамин тавр алайҳи шаҳиди дигар эшони Сайид Қиёмиддин Ғозӣ ҳам ин ҳарфҳо ба ҳеҷ ваҷҳ сидқ намекунад ва туҳмати ногаҳон аст.

  Ҳамин ду нафар дар он солҳо барои зинда мондани муҳоҷирон ва аз таълиму тадрис бебаҳра намондани бачаҳои онҳо мисли соири масъулони ҲНИТ заҳамоти фаровон кашидаанд. Албатта метавонам номҳои бузургони зиёдеро,   ки барои ҷалби ҷавонони ташнаи омӯзиши улуми исломӣ заҳамоти фаровон кашида буданд, биоварам. Аммо ҳар ҷавоне таҳсил карда он бузургонро хуб мешиносанд.Бидуни шак пас аз рафтани Раҳмонови хабис як ба як ҳама хоҳанд гуфту навишт,ки Ҳоҷӣ Мирзо туҳмати бузурге кард ва он ҳам хело бузург.

   Вале дар охир чи гуфтаниям? Агар ин суҳбат «заказ» ва «дастурӣ» набуд, чи буд?  Мутаассифона ҳоҷӣ Мирзо дунё ва нафси ин дунё ва роҳати онро бар уқбо ва охираташ тарҷеҳ дод. Мо, ҳамин ҳоло ҳам розием, ки бар муқобили мо ва бузургони ҳаракати мо бигӯяд. Вале ба ҳеҷ ваҷҳу вақт иҷоза намедиҳем, ки туҳматамон кунад.Ҷавоби сазоворро хоҳем дод. То имрӯз бар алайҳи ҳеҷ олими дине чизе нагуфтаам ва нанавиштаам чун медонам ҳоли зор ва дар асорат қарор дорад. Медонам гушти уламо заҳрнок аст, аммо ин суханони шумо заҳри қотилтару ваҳшатноктар аст.Дар зидди ҳаракатҳо ва аҳзоби исломӣ гуфтанҳои шумо ва дигар уламоро ҷиддӣ намегирифтам ва намегирам,бигзор,гуфтан бигиред,чун корвон роҳи худро идома медиҳад,аммо ин “иқдом”-и нангини охири шумо Ҳоҷӣ Мирзо хело хатарнок ва теша бар реша задан аст,ки хомӯшии ман дар ин масъала гуноҳи азим аст  ва ҷавобгарӣ назди Аҳкамулҳокимин дорад.

Шумо бояд ошкоро бигуед, ки ин мавъизаи шумо заказ ва фармоишӣ буд. КДАМ ба шумо дастур дод, ки ҳамин масъаларо бардор ва обуранги динӣ бидеҳ ва шумо ҳам ин хидмати хирсонаро иҷро кардед.

Шумо дар пешгоҳи Худо чи ҷавоб медиҳед, ки ҷавонони ташнаи омӯзиши улуми исломиро мамнуъ мекунед?

   Ҳоҷӣ Мирзо беҳтар ин аст ва ҳоло ҳам дер нашудааст,аз мусалмонони тоҷик ва дунё маъзарат бихоҳед ва ошкоро дар маҳзари Худову халқи Худо бигӯед, ки суханронии  шумо барои наомӯхтани дин дар кишварҳои дигари мусалмонии дунё дастурӣ ва фармоишӣ буд ва дигар илоҷе надоштед, магар инки ҳамин гуна бигӯед. Ва таъкид кунед,ки илоҷи дигаре надоштед,зеро агар намегуфтед бо дигар домуллоҳое, ки дар зиндонҳои пешво қарор доранду аз ҳазор нафар кам нестанд,ҳамкамера мешудед.Бо таваҷҷуҳ ба мунсибати   режим бо дину мулло шуморо ҳама хуб мефаҳманд ва дар таърихи миллат амалҳои солеҳи то имрӯз анҷом додаи шумо мунаққаш боқӣ мемонанд.

Он уламо ва донишмандони улуми динӣ  хушбахтона роҳи паймудаи Имом Абуҳанифа(раҳ)- ро тай намуданду зиндонӣ шуданд ва даъвати зидди динии Раҳмоновро напазируфтанду роҳи имоми мазҳабашонро сарбаландона ихтиёр намуданд. Аммо  шумо роҳ ва равиши Балъами Боъуро ва дигар нагунбахтони бо фарҷоми суъро интихоб намудед.

Ҷаноби Ҳоҷӣ Мирзо ҳоло ҳам дарвозаи тавба ва бозгашт боз аст ва фурсат ҳам доред барои он. Барои ризои Раҳмонов Раҳмонро норозӣ насозед,ки воқеан он суъи мунқалаб ва “биъсал маъво ва биъсал масир” шуморо интизор аст ва онро хуб ҳам медонед! 

  Инро низ фаромӯш накунед ҷаноби Ҳоҷӣ Мирзо,ки савганд ба Аллоҳ хушнудсозии Раҳмонов ва СС.Ятимову дору дастаи ин худобехабарон эъломи бароат аз Аллоҳ ва паёмбар аст!

Share This Article