Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ҳатман бихнед, то дер нашавад!
Қарор аст Эмомалӣ Раҳмонов, диктатори 70- солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 декабр дуввумин Паёми солонааш ба Маҷлиси Олии кишварро ироа кунад. 26 январи соли ҷорӣ ҳам ӯ ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми солона ироа карда буд. Маълум нест, чаро ин Диктатор дар як сол ду бор Паём медиҳад. Чаро, масалан 10-15 рӯз сабр намекунад, ки сол нав шавад. Бесаброна ва саросемавор дар як сол ду бор Паём медиҳад. Шитоб дорад. Соли 2020 ҳам замони интихоботи раёсати ҷумҳуриро як моҳ пеш оварда буд. Шояд дар Паёмаш ягон «сенсатсия» дорад, гуфтанист, ки дар соли 2022 дафтари Асосгузори сулҳу ваҳдаташро дар Душанбеву Данғара фаъол ва Рустамро раиси ҷумҳурӣ мекунад.
Ё шояд дар ин сол дастовардҳои бисёр ҳам беназиру барҷаста ва фавқуллода дошт, ки мехоҳад зудтар ба мардум бирасонад. Чанд соли ахир, вақте Диктатор паём медиҳад зиндагӣ дар Тоҷикистон аз ҳаракат боз мемонад, карахту шах мешавад. Мониторингҳои бузургро дар бозору барзану мабразу толор, аудиторияву синфхонаҳо, дар моргҳову ресторанҳо, парки тролейбусу автобусҳо, дар масҷидҳо, насб мекунанд ва ҳама бояд ин Диктаторро тамошо кунад. Касе тамошо накард, аз вазифа меравад, масалан пулчинаки туалети бозори «Меҳргон» ва ё қаровули парки автобусҳо. Фарқ надорад, чунки вай ба муқобили сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам баромад ва Паёми он касро гӯш накард.
Аз ин мӯсафеди алкаш ҳарчиро метавон интизор дошт. Шояд «дата»-и интихоботи зудҳангомро эълон мекунад. Вагарна чаро бесаброна ва саросемавор “Паём” медиҳад. Дар корҳояш саросмеагӣ мушоҳида мешавад.
“Аслан, аксарияти мутлақи мардуми Тоҷикистон, ба истиснои чанд тан аз чоплусону хушомадгӯён, парво надоранд,ки вай паём медиҳад ё намедиҳад ва дар ин паёмаш ягон ҳарфу сухани бадардбихӯр мегӯяд ё намегӯяд? Чун тамоми ин солҳо, ки Паём додааст, фақат худрову корномаҳои худро ситоишу тавсиф кардааст. Ва, он ҳам бо дурӯғҳои болохонадору шохдор!”
Масалан, имсол ҳам ҳатмани ҳатман мегӯяд, ки соли фалон ин қадар буд, ҳоло ин қадар шудааст, соли фалон кам буд ҳоло зиёд шудааст, соли фалон надоштем, ҳоло дорем, дар 70 сол ҳукумати шӯравӣ натавонист, аммо мо тавонистем. Ва ин ҳама ба туфайли кори ҳукумат, яъне ман аст. Шумо, бояд шукрона кунед, шукрона кунед, ки чунин раҳбари хирадманду доно доред, шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб доред ва дар биҳишти рӯи замин зиндагонӣ мекунед!
Барои ҳамин ҳам Паёми имсолааш низ як портфел аз коғазу матни пур аз дурӯғ иборат хоҳад буд ва ӯ дурӯғи навбатиашро ироа мекунад.
Аммо талаб ва тақозои ҷомеаи Тоҷикистон аз Диктатор ин аст ки вай Паём надиҳад, гузориш ва ҳисобот диҳад, ки тӯли як сол «чӣ хидмате ба мардум кардааст?»
“Масалан бигӯяд, ки чаро Ҳасан Асадуллозода, бозори «Панҷшанбе» дар Хуҷандро кашида гирифт? Ҳасанро ба бозори Хуҷанд чӣ нисбат аст?”
Масалан бигӯяд, ки Исломиддини Нуриддини бародарзодааш бозори Данғараро барои бозори сохтаи худаш шуда тахриб мекунад? Ва, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз низ бозори мардумро дар Темурмалик баста маҷбур карда истодааст, ки ба бозори сохтаи вай бираванд.
Масалан бигӯяд, ки чаро «Султони Кабир» харобу валангор мешаваду фурӯшандаҳояшро зӯран ба бозори «Кӯшониён»-и Шамсулло Соҳибови домодаш ва «Сиёма-молл»-и Рустами писараш мебаранд.
Ё шояд дар Паёмаш мегӯяд, ки Рухшонаи духтарашро чаро сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир таъин кард ва ё Ашраф Гулови домодашро сафири Тоҷикистон дар Туркия.
Ин духтарҳову домодҳои бешумори Раҳмонов чӣ бартарӣ доранд, ки бояд ҳатмани ҳатман ё дар мақомоти муҳимми давлатӣ бошанд ва ё «бизнесменҳо»-и дорои ҳазоруяк имтиёз. Шояд ба мардум ин ҳамаро мефаҳмонад, ки чаро вай ва аъзои оилаи вай аз ҷамеъи мардуми Тоҷикистон фарқ дошта бошанд, болову баланд бошанд? Ва, ё ин кор кай ба охир мерасад? Охир дорад ё не? Ором мегирад нафси онҳо ё баракс ҳамаҷоро забту ғасб мекунанд. Муассисаву корхонаҳои давлатӣ бас набуд, ки акнун ҳатто заминҳои аҳолиро дар навоҳӣ кашида гирифта истодаанд. Дар ҳақиқат ин мушкилоту ин масъаларо бояд бо мардум рӯиросту ошкоро бифаҳмонад ва ё худро ба нодониву нофаҳмид бизанаду ба таърифу тавсифи бебунёди худ машғул шавад?
“Масалан аз ин бояд бигӯяд, неруи барқи аҳолии Тоҷикистон куҷо меравад ва чаро лимит ҷорӣ шудааст?”
Масалан аз он бигӯяд, ки чаро ҳамеша ва мудом духтарҳову домодҳои худро бо қарору қонун соҳиби имтиёз мекунаду боқии аҳолии мамлакатро дар ҳолати қашшоқиву нодорӣ нигоҳ медорад.
Шояд, мегӯяд, ки чаро ниҳодҳои мукарраре, ки як корро иҷро мекунанд, масалан Палатаи ҳисоб ва Оҷонсии мубориза бо фасод вуҷуд дорад, аммо ришвагирифу фасоду пули буҷаи мардумро хӯрдан ба авҷи аъло расидааст. Чаро Раҳмонов шумори кормандони додситониву милисаву амнияту сарбозони вазорати дифоъро зиёд мекунад? Дар ин бора ҳам бояд ба мардум ҳисобот бидиҳад. Чунки инҳо аз ҳисоби мардум маош мегиранд. Масалан як мағоза ва ё як гӯштфурӯше таҳти тафтиши «тоҷикстандарт», «санэпидемстансия» ва «хадамоти бехатарии озуқаворӣ» қарор мегираду аммо тиҷоратҳои миллионии духтару домодҳояш аз андозу аз пардохтҳои гумуркӣ озод карда мешаванд?
“Чаро ин ҳама домодҳову духтарҳои бешумораш, ки теъдодашон аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам бештар аст, тиҷоратҳои асосии кишварро дар даст доранд ва ин тиҷоратҳо бояд манбаъ ва сарчашмаи асосии пур кардани бюҷети давлатӣ бошанд, аммо бо имзои худи Раҳмонов аз налогу гумрук озод карда мешаванд?”
Аз рӯзе,ки сарҳади қирғиз баста шудааст, нархи тамоми маҳсулоту маводи мавриди ниёзи мардум боло рафтааст.
Вай бояд ҳисобот диҳад, ки чаро вақте чанд соли пеш таърифу тавсия кард, ки ба се ҳадафи стратегии кишвар расидааст, аммо ҳоло маълум мешавад, ки мардумро фиреб карда будааст.На ба истиқлолияти энергетикӣ расидем, на аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудем ва на амнияти ғизоиямон таъмин шудааст. Ҳама чиз таваккалӣ ва «самотёк» аст.
“Бояд аз муҳоҷирони корӣ бигӯяд, ки то куҷо тавонист вазъияти кору зиндагонии онҳоро дар Русия беҳтар кардааст.”
Шояд боз эълон кунад, ки аз сентябр 15% маошу нафақа зиёд мешавад. Ва мардум ҳам бузак намур баҳор меояд гуфта 10 моҳ мунтазир мешаванд ва дар ин миён нарху наво даҳ баробар аз он 15% болотар мешавад.
“Мавсими даъват ба хидмати аскарӣ нишон дод, ки мардум рӯзбарӯз аз ин Диктатор рӯ ба гурез оварда истодаанд. Воқеан ҳам дуруст гуфта истодаанд, ки система «сбой» дода истодааст. Ҷараёни даъват ба артиш бо ҳазору як мушкилу муаммо сурат гирифта истодааст. Касе намехоҳад, ки хидмат кунад. Ин масъаларо ҳам бояд ҳиобот диҳад. Вале гумон аст, ки чизе бигӯяд.”
Дар бораи ҳодисаи ВМКБ набояд худро ба нодониву нофаҳмӣ бизанад. Бигӯяд, ки чаро ин мардумро чап гирифтааст? Аз қаламрави ин вилоят ба Чин дод. Ҳоло як пойгоҳи низомӣ дар Мурғоб ва пойгоҳи дуввумашро дар Ишкошим сохта истодааст. Чаро дар Данғара не? Чаро дар Исфара не? Чаро дар Тавилдара не? Чаро дар Ҳисор не? Чаро маҳз дар ВМКБ? Магар помириҳо барои Чин сипар ва барои Раҳмонов «расходний материал» ҳастанд? Ҷони помирӣ ҷон нест чӣ? Чаро бояд дар Ишкошим барои ВКД пойгоҳ сохта шавад? Чаро бояд Гулбиддин ва гулбиддинҳо, Сабзаалӣ ва сабзаалиҳо дар Помир кушта шаванд ва чаро қотилони онҳо беҷазо монанд? Чаро тайи даҳ соли ахир ВМКБ мавриди уқубат ва куштор қарор мегирад. Ҳатто артиш дароварда муқобили сокинони бесилоҳ ҷанг мекунад, Бо ин мардум чи кор карданӣ аст?
“Ва,дар охир вақте ҳамаро маҷбур мекунад, ки Паёмашро тамошо кунанд як бор зиндагии 30 соли ахири худро бо зиндагии мардуми тоҷик дар ҳамин муддат муқоиса намояд. Вай кӣ буду чи шуд, мардум куҷо буданду чӣ шуданд. Ва ба ин пурсиш ҳам мушаххасан ҷавоб диҳад,ки бо таъйини Рухшона ба мақоми сафирӣ ҳокимияти оилашумулаш такмил шуд, яъне овардани фарзандонаш ба ҳукуматро бас мекунад ва ё боз ҳам идома медиҳад.
Дигар ҳар чизе, ки мегӯяд, варсоққие беш нест ва лапша овезӣ ба гӯши мардум аст.”
Ps: Хуб медонем, ки он матни навиштаи “Паём” алакай кайҳо омода шудаасту бояд “пешво” онро чанд бор хонад, то дар минбар вай вай… ва гапҳое сарашро аз матн бардошта номаъқулие накунад боз барои чанд моҳ мавриди тамасхури хоссу ом нагардад. Аммо агар росташро гӯем ӯ суханони хубаш ҳамонест, ки сари кадуяшро бардошта ҳарчи аз забонаш омад онро мегӯяд. Охир дар он сар чи метавонад бошад вақте ПТУи душвор тарбияро ба итмом расонида ва “пирбузбала “ шуда донишгоҳро ғоибона бо пора ва тухми мурғу чакаву маска ба итмом расонида бошад. Дастгоҳи президент метавонед он “паём”и навиштаатонро иваз кунед ва шаб иҷозаташ надиҳед нушад ва хоб кунад. Бештар дар ин “паём” дардҳо ва мусибатҳое ӯ ва оилааш овардаро ҳатман ҷой диҳед, то мардум ончи мебинанд ва дар он ҳолате ҳастанду зиндагони доранд онро шунаванд. На ваъдаҳои “деви бе зониткро” Мардум аз ӯ ҳисобот, гузориши корӣ интизоранд, на “паём”. То имрӯз ҳеҷ “паём” аш дуруст ва воқеъи набуд, ақалан дар ин “паём”и вопасинаш якбор мардакбарин росташро гӯяд, ончи ҳаст онро гӯяд. То дар таърихи ин миллат ва давлат ин охирин “паём”аш дурстарин “паём” сабт гардад. Агар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба “пешво” хидмат кардани бошед ҳатман ин пешниҳодҳои судманди моро дар он ҷо кунед. То ло ақал ҳамин вопасин “паём”аш воқеъӣ ва мондгор боқӣ монад. Чуноне ,то имрӯз охирин суханронии шодравонҳо Қаҳор Маҳкамов ва Қадриддин Аслонов боқӣ мондаанд. Аввали гуфта буданд: “Президенти ҷавонам кор кардан мехоҳам” ва шодравони дигари гуфта буданд: “Истеъфо медиҳи аввал сахт аст, вале оҳиста оҳиста хунук мешаведу ба он одат мекунед” Муҳим ин бидуни шакку тардид вопасинём “паём”ашон мебошад ва инро алакай худатон ва миллату халқи Худо медонанд, ба он кас душмани накунеду аз ин бештар ба ӯ зулм накунед!
Ва, дар охир аз мутасаддиёни баргузории Паёмаш хоҳиш карда мешавад, ки шоир Ато Мирхоҷаро ҳатман даъват карда ба толор, дар сафҳои пештар биншонанд. Баъд худаш медонад, Яке илҳомаш меояду аз “Исии Марям” чандсадсол пешу қафо мераваду ягон уъҷубае месарояд ва ё инки чи гӯяду чӣ нависадашро худашон хубтару беҳтар медонанд. Вале, дар ин навбати додани ҷойизаи ба номи Рӯдакӣ, ҳатман ӯро ба назар гиред, ки ин бор дилаш намебардорад….
Агар Абдумаҷид Достиев ва Сайфулло Сафаров, Абдуллоҳи Роҳнаморо ҳам даъват мекардед, чун аввалинаш ҳамкору рафиқу дар бархе корҳо устод буданд, дигаринаш, “стратег”и давлати бе стартегаш буданд ва барои охирониаш пешво ва созандаи “давлати мутамаркиз” буд. Муҳаммадсаид Убадуллоевро низ фаромӯш накунед,ки бо қарсакҳои обдор “Пешво” ро гусел кунанд….. Поёни эпохаи 30 сола ва ранҷи миллат ин шо Аллоҳ….