«Дар ҳеҷ яке аз асноди топографӣ-харитаи ҳарбии Округи низомии Туркистон (то соли 1992 вуҷуд дошт) Ворух ба унвони бурунбум зикр нашудааст.”
Айбдоркуниҳои мутақобила аз тарафи моқомоти тафтишотӣ ва умури дохилаи Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи рӯзҳои ахир бар он далолат мекунад, ки баҳси марзӣ миёни ин ду кишвар ба ин зудиҳо ҳаллу фасл нахоҳад шуд.
Ахиран Додситонии кулли Қирғизистон давлати Тоҷикистонро барои нақзи як идда аз муқаррароти байналмилалӣ муттаҳам кард. Ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва бархе аз мансабдорони Қирғизистон қасд доранд, ки Тоҷикистонро барои ба гуфтаи онҳо таҷовуз ба хоки ин кишвар ва генатсиди миллати қирғиз ба Додгоҳи ҷароими ҷангӣ бикашанд. Ҳамин тавр қирғизҳо ҳам дар саҳни бинои СММ ва ҳам дар назди бархе аз сафоратҳои урупоии Тоҷикистон даст ба пикету ҳамоишҳо зада чеҳраи тоҷик ва Тоҷикистонро мехоҳанд ба унвони як мутаҷовиз бишиносонанд.
Аммо чуноне ҳамаи мову шумо хуб огоҳ ҳастем дар масъала ва мушкилоти тақсимоту таъиноти хатти марз байни ин ду кишвари ҳамсоя воқеият чизи дигар аст. Ин қирғизҳо ва Қирғизистон аст ки солҳои зиёд аҳд ва марзшиканӣ карда арозии ба иҷора гирифтаи худ аз Тоҷикистонро пас намедиҳад ва беш аз ин ба роҳу обе, ки муштарак асрҳо ин ду халқ истифода кард соҳибӣ кардан мехоҳад, ҳамсояи худро аз ин неъмати худодода маҳрум созад. Кору амали ҳамсояҳои қирғизи мо дар ҳақиқат мақоли мардумии мо тоҷикҳо «ҳам ғариву ҳам пешхезӣ»-ро ба ёди кас меоварад.
Агар танҳо ҳамин ду се моҳи ахир ва ҳаводису руйдодҳои дар ин муддат вобаста ба сарҳади байни ду кишварро мурур намоем, дақиқ мешавад, ки шӯрангезу дасисабоз ва маншагару ҷангхоҳ кадоме аз тарафҳо аст. Барои онки сухани мо бо далелу мадрак бошад, инҷо хронологияи ҳаводиси ахирро меоварем:
Охири моҳи марти соли ҷорӣ Қирғизистон Нерӯҳои мусаллаҳи худро ба баҳонаи баргузории машқҳои ҳарбӣ ба Ботканд, ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон ворид ва мустақар кард
Камчибек Тошиев ва Содир Ҷабборов табдили Ворухро бо заминҳои худи Тоҷикистон, ки феълан барои қирғизҳо иҷора дода шудааст, роҳи чора барои баҳсҳои марзӣ эълон мекунанд.
Қамчибек Тошиев Тоҷикистонро таҳдид кард, ки қирғизҳо дар рӯди Хоҷабоқирғон се обанбор месозанд ва Хуҷанду дигар навоҳии Суғдро беоб сохта ва водор мекунанд, ки ба талаботи онҳо дар ҳалли масъали марз сар фароранд. Тошиев мегӯяд,ки барои бунёди ин обанборҳо давлати Қирғизистон пулу маблағ ҷудо кардааст.
17апрел масъулини Қирғизистон амдан иғвоангезӣ мекунанд. Бидуни ҳамоҳангӣ ва мувофақа бо ҳамсояҳои худ корҳои тармим ва навсозии иншооти обрасонӣ – дарғоти «Головной»- дар дарёи Исфараро шуруъ мекунанд. Ҳадафи танҳо ва бидуни огаҳии ҳамсояҳо даст ба гӯиё таъмир задани қирғизҳо ин таҳрик додан ва барангехтани ҷониби Тоҷикистон барои низоъ буд, ки бо ин васила ин иншоотро тасарруф кунанд.
Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона ва дасисаи ҷониби қирғизҳо рӯзи 28 апрел тоҷикҳо дар қаламрави худ дар назди ин дарғот камераҳои назоратӣ насб мекунанд.
Аммо кормандони хадамоти махсуси Қирғизистон бо либоси мулкӣ ба насби камераҳо ба тоҷикҳои маҳаллӣ, истиқоматкунандаҳои онҷо муқоилабат карда ва ҷониби онҳо сангандозӣ мекунанд.
Тавассути снайпер ҷониби мардуми бесилоҳ аз тарафи Қирғизистон оташ кушода мешавад, ки дар натиҷаи он раиси шаҳри Исфара захмӣ ва муҳофизи ӯ кушта мешавад.
Дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон заставаи сарҳадии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати Хоҷаи Аълоро ҳадафи ҳамла қарор дода талош мекунад, ки дарғоти «Головной» дар дарёи Исфараро ғасб кунад.
Ва ниҳоят, баъди ин ҳама иғвову тавтиаву дасиса ҷониби Тоҷикистон вокуниш нишон медиҳад.
Вақте ин ҳаводиро мурур мекунед ва низ иттифоқоти дар гузаштаро, солҳои пешинаро, рушан мешавад, ки мусаббаиби ҷангу хунрезии рӯзҳои 28-29 апрел кадом тараф аст.
Ҳоло,мутаассифона ҳамсояи мо мисли «дузди зӯр» соҳиби говро бастааст. Дар чаҳор самт тазоҳуроту баҳсу даъво роҳ меандозанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ниҳоят бо лаҳну баёни тунд сӯҳбат карда истодаанд. Аммо инро набояд фаромуш созанд, ки шояд дар ваҳлаи аввал муваффақ бишаванд. Вале ҳар ниҳоду ҳар созмоне, ки пайи таҳқиқ мешавад кӯркӯрна думболи танҳо ҳарфҳои як тараф намеравад. Дар тамоми ҷаҳон ҳам « пеш аз кушиш пурсиш» мекунанд.
Коршиносоне ҳам ҳастанд, ки мунсифона ва бидуни ғараз воқеияҳоро бозгӯӣ мекунанд. Барои мисол ҳамин шореҳони русӣ аз ҷумла Аркадий Дубнов ваДаниил Киселёв ва чанде дигар аз пажӯҳишгарони урупоӣ бар пояи мадорику асноди таърихӣ, ба шумули ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии замони шуравӣ гуфтанд, киВорух ҳеҷ гоҳ бурунбум набуд. Ва дар даруни қаламрави Тоҷикистон қарор дошт. Як коршиноси дигар бо фактҳои таърихӣ тасдиқ мекунад, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва даъвои қирғизҳо комилан ботил аст:
«Дар ҳеҷ яке аз асноди топографӣ-харитаи ҳарбии Округи низомии Туркистон (то соли 1992 вуҷуд дошт) Ворух ба унвони бурунбум зикр нашудааст.
Ҳамчунин дар ҳеҷ яке аз ин харитаҳо деҳае бо номи Оқсой то соли 1974 зикр нашудааст. Дар соли 1974 дар аввалин муноқиша байни ду кишвари ҳамсоя ,ки Прокуратура генералии СССР тафтиш кардааст дар ҷойи Оқ-сой Танги Ворух навишта шудааст. Ва факти дигари бисёр ҳам муҳим. То ҳамон сол дар Қирзизстон ҳеҷ шаҳрванде маҳалли таваллудашро дар шиноснома ва ё шаҳодатномааш Оқсой нишон надодааст. Ҳамин гуна паспорт ва шаҳодатнома нест. Аммо имрӯз ба маҳзи ҳамин деҳа, ки дар замини ба иҷорадодаи Тоҷикистон сохт ашудааст роҳи Ворухро масдуд карда ва онро анклав ба қалам дода истодаанд».
Дар замони шӯравӣ ва бо дастуру хоҳиши МаскавТоҷикистон ҳудудҳои муайяни худро ба Қирғизистон барои муддати тавофуқшуда ба иҷора дод. Яъне имкон дод, ки аз чарогоҳ (замин) ва обу роҳи он дар як давраи муайян истифода кунанд. Аммо қирғизҳо дар ин ҷойҳои барои муваққат барояшон додашуда хонаву дару ниҳоят деҳа бунёд карда ва акнун мункири замини тоҷикҳо шуда истодаанд. Ва, қад доранд,ки аз роҳи зӯриву даъвову фишор ин заминҳоро аз они худ кунанд.
Новобаста аз онки мо бо Эмомалӣ Раҳмонов чи муносибат дорем, мо ба ҳеҷ ваҷҳ ин масъаларо барои муборизаҳои сиёсии худ истифода намебарем. Агарчанде, ки муқассири ин моҷаро дурусту дақиқ Раҳмонов ва ҳамтоёни қирғизи ӯянд. Онҳо бояд ин масъаларо ҳал карда хати марзро таъйин ва мардуми ду ҷонибро аз ҳолати низоъу хушунат берун оваранд ва ин мардум маҳкум ба ҳамзистии осоиштаанд. Ҳамсоя аз хеши дур наздик аст. Ҳақи ҳамсоя ба ҳақи худо баробар аст, гуфтани тоҷикҳо ҳикмат дорад.
Барои ҳамин бояд аз айбу иттиҳомҷӯӣ даст бардошт ва аз сулҳу оштӣ кор гирифт. Роҳбарони ҳайатҳои музокиротӣ аз омодагӣ барои таъйин 112 километр хати марз сӯҳбат мекунанд вале мақомоти тафтишотии ҳарду кишвар тарафҳоро муттаҳам мекунанд. Аз ин ҷо аст ки бархе аз коршиносону таҳлилгарон баъид медонанд, ки дар марзи ду кишвар сулҳу субот ба ин қарибӣ барқарор шавад.
Мо мухолифони сиёсии Тоҷик ҳама вақт кишвари худро таҷзиянопазир ва якпорча мехоҳем ва медонем. Ба ҳеҷ ваҷҳ як ваҷаб аз хоки кишварамонро розӣ ба иваз ба ҳеҷ қимате нахоҳем шуд. Тоҷикистон кишвари ҳамаи мо зодагони он аст ва мо фарзандони угай ва ғарзҷӯйяш набудем. Барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон омода ба ҳар корнамоие ҳастем!
Ps: Ҳангоме ин матлабро ба охир мерасонидам як дӯсти қадимаам,ки Қирғиз аст занг зад. Пас аз аҳволпурсӣ аз ҳолати сарҳад ва воқеоти он шурӯъ намуд. Хулоса ин аст,ки мисле омодагии як ҷанги миллиро нақша кашида истодаанд. Чуноне аз тарафи мо мардумро силоҳ доданд барои муҳофизат аз хоки кишвар. Аз он тараф ҳам чунин нақшаҳо мисле,ки то ҳол вуҷуд доранду ин масаларо мехоҳанд боз доман зананд. Агарчи эътироф кард,ки мо заъифем вале фаромӯш накунед,ки мо туркзабонем ва бозӯи қавии мо Туркия ҳаст ва моро кумак мекунад. Ана гапу мана гап,Худо нигоҳ дорад аз чунин ранг гирифтани кор. Ҳайатҳоро зарур аст,ки ин масаларо ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоянд.Тараф аз масдудшудани роҳи маводи мухаддир гуфт,ки оғози ин танишҳо танҳо пас аз масдудшавии ин канал шурӯъ шудааст. Инчунин аз вуҷуди қувваи сеюме,ки миёни ду мардум алангаи оташи ҷангро андохта гуфт. Муҳим мардум бояд хунсард бошанд ва ба тавтиъаҳо дода нашаванд.