Хонаи тортанак, тафсир ва эъҷози илмӣ

Ислоҳ нет

 

 

“…ҳаройна,  сустарин хонаҳо хонаи тортанак аст”

Ин навиштаи боло, порае аз ояти 41-уми сураи Анкабут дар китоби Қуръони карим аст. Инҷо зоҳиран Худованд дар Қуръони карим хонаи тортанакро “сусттарин” хона унвон кардааст. Аммо…

Мурод аз сустарин чӣ аст? Оё ҳадаф ҳамин хонаи сохти тортанак, ки иборат аз торҳои осебпазире мебошад ва ё чӣ сири дигаре инҷо нуҳуфта аст?

Мехоҳам дар ин бора чанд гуфтаниҳои муфидро бароятон ироа намоям. Аммо биёед пеш аз тафсилот дар ин бора, ба тарҷуммаи пурраи оятҳои 41,42,43 сураи Анкабут назар мекунем ва баъд як ба як дар бораи ин оятҳо гуфта мегузарем.

Худованди баландмартаба мефармояд:

“Мисоли онон, ки ғайри Худоро дӯст гирифтаанд, мисли тортанак аст, ки хонае бисохт. Ва кош медонистанд, ки ба таҳқиқ сусттарини хонаҳо хонаи анкабут аст. Худои якто медонад, ки чӣ чизҳоро ба ҷои Ӯ ба худоӣ мехонанд ва Ӯст ғолибу ҳаким! Ин мисолҳоро барои мардум меорем ва фақат аҳли дониш онро дарк мекунанд”.

Аҳли тафсир дар бораи ин оят мегӯянд: Ин мисоле аст, Худованд барои ҳар фарде, ки касеву чизеро дар парастишу ибодат ба ӯ шарик қарор медиҳанд. Бо гирифтани дӯстон  ғайр аз зоти ӯ… аз ҷимодот, ҳайвоноту гиёҳон, зиндаҳову мурдаҳо онро баён кардааст. Ин оятҳои карима танбеҳ ба онҳое дониста мешавад, ки ғайри Худоро садо мезананд ва аз ғайри Худо бароварда шудани ниёзҳояшонро мехоҳанд, ризқу рўзияшонро аз ғайри Худо талаб мекунад ва дар мусибату сахтиҳо сари худ пеши тоғутҳо хам мекунанд.

Ин афрод дар амале, ки анҷом медиҳанд монанди тортанак ҳастанд, ки хонае месозад, то паноҳаш диҳад ва аз ӯ ҳимоят кунад. Аммо хона ба ҷуз як доми шикорӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ барояш суд надорад, на аз гармо ва на аз сармову борон, аз ҳеҷ чиз дар амон нест. Ҳамчун паноҳгоҳ аз газанди боду борон ва ё душман наметавон хонаро истифода кард.  

Дар давом зоти поки Худованд ба ҳар касе, ки ғайри ӯро ибодат мекунад, ҳушдор медиҳад, ки аз ҳама аъмоли мардум бохабар аст. Ҳар он чиро, ки ҷиҳати ёриву кумак барои Худованд шарик мегиранд, бар тибқи ҳамин аъмолашон онҳоро  ҷазо хоҳад дод. Ба дурустӣ, ки Худованд бо ҳикмат ва доност.

Бояд гуфт, ки тақрибан дар ҳама китобҳои тафсир, аз қабили Имом Табарӣ, Қуртубӣ, Ибни Касир, Шавконӣ, Саъдӣ, Собунӣ, Ибни Қайим манзур ба ин ояти 41 сураи Анкабут  , ки аз хонаи тортанак сухан рафта аст, оятҳо яксон тафсир шудаанд:

 

(وَإنَّ أَوْهَنَ البُيُوتِ لَبَيْتُ العَنكَبُوتِ)

(العنكبوت الآية 41)

   Тарҷума:                                              

“..ҳаройна,  сустарин хонаҳо хонаи анкабут аст”

Муфассирин бар инанд, ки заъифтарин хона, ин хонаест, ки тортанак барои худаш месозад. Ин хона ӯро аз ҳеҷ газанде эмин намегузорад, на аз гармӣ, на аз сардӣ, на аз боду борон.

Маврид ба зикр аст, ки муфассирини мутақаддим ва гузашта, ин оятро бар маънои зоҳирияш тафсир намудаанд.

Аммо, мақсади банда аз баррасии ин оят, мафҳуми илмӣ ва эъҷози қуръонии он аст. Чун дар охири ояти 43 таъкид ба он шудааст, ки масалзании хонаи тортанакро танҳо аҳли дониш дарк мекунанд. Бармеояд, ки дар ин оятҳо сирри илмӣ нуҳуфта аст. Худо донотар аст.

Илми имрӯза нахҳои тори хонаи тортанакро хело қавӣ ва ҳатто аз оҳан пурқувваттар меҳисобанд. Пас Аллоҳ  бо ин суханаш ”сустарин хонаҳо” чӣ мехоҳадба бандагонаш бигӯяд?

Қабл аз ин ки равем ба мурод ва мақсуди Илоҳӣ, барои фаҳмотар шудани асли масъала, меравем суроғи уламои илми ҳашаротшиносӣ, то онҳо дар ин бора чӣ мегӯянд?

Уламои насоҷӣ  дар мавриди нахҳое, ки тортанак барои худаш хона месозанд, мегӯянд, қувват ва салобату дошти нахе, ки тортанак метанад аз сахтии оҳан бо қувваттар аст. Ҳатто дар чанд давлатҳои олам аз ин торҳои танидаи тортанак риштаҳо мересанд. Бархеи дигар барои шастҳои моҳигирӣ ришта месозанд ва дошти онро аз риштаи маъмулии моҳигирӣ (жилка) имрӯзҳо боқувваттар меҳисобанд. Ҳатто уламо қуввати тори танидаи тортанакро панҷ баробар боқувваттар аз фулод медонанд.

Инчунин як ширкати Конодоӣ барои либосҳои зидди тир (бронжилет) аз ин торҳои хонаи тортанак истифода мекунанд ва онро аз бархе масолиҳе, ки дар ҷавшанҳо то имрӯз истифода мебурданд боқувваттар ва дар вазн сабуктар меҳисобанд.

Олимони ҳашаротшинос навъҳои тортанакро дар олам бештар бар сӣ ҳазор навъ медонанд. Хонае, ки тортанак месозад, бузургтарин занбурро метавонад ба худ печонад. Тортанакҳое вуҷуд доранд, ки дар як соат 32 километр тавони парвозро доранд. Хеле босаброна туъмаи худро интизор мешаванд ва шикор мекунанд.

 

Ҳолати зиндагонии тортанакҳо чӣ гӯна аст?

Олимони ҳашаротшинос дар мавриди тортанак чандин пажуҳишҳоеро анҷом додаанд. Онҳо нахҳои сохтаи ӯро хело қавӣ меҳисобанд. Гуфта мешавад, нахҳои танидаи тортанак гуногӯншаклу гуногӯнҳаҷм будааст.

Ҳолати якҷошавии наринааш бо модинааш бо шаклҳои гуногӯн усулҳои хоси худро дорад. Аксаран тортанакҳои модина аз наринаҳояш бузургтаранд.  Тортанакҳои нарина қабл аз алоқаи ҷинсӣ дар назди модинааш рақс карда, қудрату тавон ва ҳунари худро ба намоиш мегузорад. Пас аз ин ки ба модина писанд омад, бо ӯ якҷо мешавад. Аммо вақте тухмашро гузошт дигар тортанаки модина намехоҳад наринаашро бубинад. Аксаран наринаҳояшро модинаҳояш мекушад, то хуроки фарзандонаш гардонад. Баъзе намуди дигари тортанакҳо ҳастанд, ки  нарина пас аз тухм кардан хонаашро тарк мекунад ва ин кори нарина барои он аст, ки пас аз тухм баромадан фарзандон модарашонро бихуранд ва пас аз он бар мегардад. Бархеи дигар, ҳам нарина ва ҳам модинаашро фарзандон мехуранд. Ҳеҷ вақт тортанакҳо якҷо нестанд ва аз якдигар дар масофа қарор доранд. Ба якдигар душмананд ва қавияш заъифашро мекушад ва мехурад. Дар умум хонаи сохтаи инҳо аслан аз нигоҳи улфату муҳаббат харобу суст аст. Одатан масалҳое вуҷуд дорад, ки тортанаки модаро ҳамеша шавҳармурда меноманд ва ҳамчун модинаи бадбахт миёни ҳашарот маъруфият дорад.

Диққат диҳед ба вазъияти хонаводагии хароби тортанак ва сустарин хона аз чӣ нигоҳе будааст. Ҳамагон маънои зоҳириро бештар фикр мекунанд ва сараввал инчунин дар назар менамояд.  Аммо тавре огоҳӣ пайдо намудем, маънои ботинӣ ва ҳолати зиндагонии тортанак ҳам масалаест, ки кам касон аз он огоҳӣ доранд ва сустии хонаи тортанак ҳам дорои маънои бузург аст. Миёни ҳашарот ҳеҷ ҳашароте мисли тортанакҳо миёни худ чунин душманӣ намекунанд ва хонавайрон нестанд. Тавре дониста шуд, тортанакҳо ҳамеша ташнаи хуни ҳамдигар ҳастанд ва ҳамеша парокандаву танҳоянд. Иттиҳоду ба ҳамоӣ ва ҳамҷоя зиндагӣ кардани тортанакҳо ба мушоҳида нарасидааст.

 

Чаро Аллоҳ хонаи тортанакро заъиф ё суст гуфт?

Дониста мешавад, ки Аллоҳ дар ояти мазкур хонаи тортанакро аз нигоҳи ҳолати зиндагонӣ ва ба якдигар душман будани онҳо суст ва заъиф гуфта аст. Агарчӣ аксаран фикр мекунанд манзур шакли зоҳирии сохти хонаи тортанак аст, ки бошандагони ин хона аз гармову сармо ва боду борон дар амон нестанд. Аллоҳ бо ин оят аз ҳаёт ва зиндагонии дохили ин хона ба бандагонаш мисол овардааст. Дар оғози оят омадааст: “..онон, ки ғайри Худоро авлиё (дӯст) гирифтанд, масали тортанак аст..” Албатта, мақсад онҳое, ки ғайри Аллоҳ шахсони дигареро мехоҳанд барои худ дӯст бигиранд. Пас, ингуна инсонҳо бидонанд, ки натиҷа ҳамон мешавад, ки он чӣ ба онҳо иттифоқ меафтад, ки дар миёни тортанакҳо дар хонаводаашон рух медиҳад.

Ҳар қавме, миллате, ҳукумате кӯшиш кунад, ки ба ҷои Худованд тоғуте ба бузургӣ ёд шавад, ба ҷои Худованд нафаре мушкилкушою ҳоҷатбарор, нигоҳдорандаву наҷотдиҳанда аз балоҳо  дониста шавад, бешак ин қавму миллат чунон парокандаву суст ва заъиф хоҳанд шуд, ки ба ҷуз бозгашту тавба ба сӯи Худованд, ба дарди худ ҳеҷ дармоне нахоҳанд ёфт.

Ҳар қавму миллате, ки ба ҷуз роҳнамои илоҳӣ Қуръони карим ба худ роҳнамое ҷуст, ҳар ки ба ҷуз паёмбари гиромии Ислом Муҳаммади Мустафо (дуруд ба Ӯ ва хонадону ёронаш) ба худ пешвое баргузид ва ҳар ки ба ҷуз Ислом ба худ динеро интихоб кард, ҳароина ба ботлоқи гумроҳии бузург ғутидааст ва ӯро ҳеҷ ёридиҳандае нест. Магар ба тавҳид рӯ ораду қалби худро аз ширк пок созад ва тавба намуда, ба Ӯ таъоло анбозеро шарик қарор надиҳад.

Диққат диҳед ба ин се оят, ки Аллоҳ қабл аз хонаи тортанакро суст ва заъиф бигӯяд,  фармуд: “кош медонистанд”.  Дар охири ояти 43 бошад,  он замони нузули ин оят, ки илм дар таҳқиқи ин масала ҳеҷ тасаввуроте надошт, фармуд: “Ин мисолҳоро барои мардум меорем ва фақат аҳли дониш онро дарк мекунанд”.

 

Хонандагони гиромӣ!  Дар ин се оёте бароятон рӯйи сафҳа овардам, эъҷози илмии балиғи Қуръонӣ буд. Кашфиёти хонаи тортанак то ин асрҳои мо аслан барои бисёриҳо норӯшан буд. Танҳо аз сохти хонае, ки тортанак месозад фикр мекарданд. Сол ба сол пажӯҳиши уламои соҳаҳои гуногун он чӣ кашф мекунанд, онҳоро Аллоҳ 1400 сол қабл дар Қуръони карим баён дошта буд.

Алҳамдулиллоҳ оёти илоҳӣ ҳама дорои ҳикматҳоест ва Қуръони карим бешак аз ҷониби Аллоҳ мебошад.

 

(وَتِلْكَ الأَمْثَالُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ وَمَا يَعْقِلُهَآ إلاَّ الْعَالِمُونَ)

Тарҷума:

“Ин мисолҳоро барои мардум меорем ва фақат аҳли дониш онро дарк мекунанд”. (Сураи Анкабут, ояти 43)

Умед аст аз ин бардошти хубе дошта бошед!

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article