Президенти академияи таҳсилот ҳарфи «П»-ро аз Педагогика намедонад наҷотамон диҳед!

Ислоҳ нет

Салом, бародари ҳакталошу ҳақгуй Муҳаммадиқбол! Ҳеҷ гоҳ дар чунин вазъият бетараф буда ва шуда наметавонам. Дар пеши чашми ман ин ҳама фисқу фуҷур, коррупсия, мансабпарастӣ ва хешутаборбозӣ дар соҳаи маорифи ҷумҳуриамон руй дода истодааст.

Аз сар то ба пойи маорифи тоҷикро ба қавле фалак задааст. Барои ҳамин аз шумо бо эҳтиром ва ихлоси самимӣ дархост мекунам, ки ин номаи маро ба шакли матлаби алоҳида таҳрир ва такмил карда интишор намоед.

Ин навиштаи ман аз як бахши соҳаи маорифи кишвар ҳикоят мекунад:

Дар ягон муассисаи тобеияти ин вазорат адлу инсоф намондааст. Бовар кунед, чун собиқадори соҳаи маориф шабҳо бехобӣ мекашам, ки оқибат чи мешуда бошад. Дар бораи фасодхона будани Вазорати маориф ва илм садҳо маротиба гуфтаанд ва боз ҳам мегуянд, ин аниқ аст. Ин ҷо ман дар бораи фасодхонаи асосии зерсохтори Вазорати маориф Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гуфтаниам.

 Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон -ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар 29 .04. 2002 ташкил шудааст. Солҳои аввали ташкилшавиаш хуб буд. Порахурӣ, маҳалбозӣ ва бесаводпарастӣ набуд. Ҳоло инҷо дигар маркази илм нест, ба маркази савдо табдил шудааст ва як бозореро мемонад, ки он ҷо ҳама чиз савдо мешавад. Махсусан илм савдо мешавад. Кишваре, ки илм дар он хор асту мавриди савдою даромад қарор гирифтааст, оқибаташро худатон медонед.

 Шахсе, ки аз ПЕДАГОГИКА ҳарфи «П»– ро намедонад,  Муҳаммаддовуд Саломиён Президенти Академия аст,  бародар, дигар боз чи гуям?

Боз шарм нокарда дар Википедия чунин муаррифӣ шудааст: Академияи таҳсилоти Тоҷикистон — муассисаи олии илмиест, ки олимони намоёни илми педагогика ва ходимони машҳури маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд.

Агар мард бошед биёед як ба як муаррифӣ намоеду вале ҳоло дар чи ҳолеанд он  “олимони намоёни илми педагогика”? Баъдан кӣ ин олимони намоёнро муттаҳид кардааст?Намедонем чӣ гӯем ва чигӯна ҳамаро рӯйи сафҳа орем.

Ин тоифа, ки дар қудрат аст, ҳамаро ҳаром кард, на танҳо давлатро, илму ҳунарро ҳам хор ва ба хоки сияҳ нишонд.

 Байни олимони Академия гуруҳбозӣ ва маҳалгироӣ бар ало ва руирост аст. Беҳтарин олимон аз дасти ин гурӯҳбозҳо ҳатто ҷонашонро доданд (Авзалов Х.С., Қодиров К. Б., Сулаймони С., Зубайдов У.З.)

Хулосаи гап ин аст ки ба Академияи таҳсилот аз куҷое чандин шахсҳои тасодуфӣ ба монанди Каримзода Мирзо Бадал (Бадалов Бадал Каримович) ва Туронов Султонмурод Шарофович чун «десант» пайдо шуда, бо рафтори ғайриинсониашон ҳамаро  «қоил» карданд. Ҳардуяш аз водии Зарафшон, доимо пиён, бесаводи дараҷаи олӣ, мансабпарасти гузаро, порахури модарзод, лаганбардор ва чоплуси современный мебошанд. Аллоҳ шоҳиду гувоҳ ва ҳама аҳли даргоҳ имкон надорад инкор кунанд.

Каримзода Мирзо Бадал ҳоло саркотиби илмии Академия ва котиби илмии Шурои диссертатсионӣ мебошад. Ҳама аспирантҳо аз дасти ин ду дупои ваҳшӣ ба дод омадаанд. Прокуратура куҷоро мебинад? Амният куҷост? Коррупсия ҳаст ё не?

Каримзода Мирзо Бадал соли 2004 рисолаи номзадиашро дар соҳаи 10.01.03- Литература народов зарубежных стран (таджикская литература) оид ба мавзуи «История переводов произведений Н.В. Гоголя и опыт сравнительно-типологического  исследования в таджикской литературе»  ва соли 2021 рисолаи докториашро оид ба педагогика дар мавзуи «Концептуальные основы государственной политики Республики Таджикистан в сфере образования» ҳимоя кардааст. Ин чи ШАРМАНДАГИСТ. Ин кишвар дару дарвоза дорад ё не? Нафаре, ки муҳаққиқи дигар соҳа буд, дар арсаи дигар кори докторӣ ҳимоят кард. Номзади илми филолгӣ доктори педагогика шуд. Аз ин ҳамоқат ва кавданию бе масулиятӣ вуҷуд дорад магар?

 Туронов. С бошад ҳатто номи мавзуи ҳимоякардаашро намедонаду шогирдонаш  бошанд оид ба мавзуъҳои гунонгун ҳимоя мекунанд. Ягон шогирд надорад, ки ҳатто ба мавзуи худаш наздик кори илмӣ дошта бошад. Вай дар асл як номзади илми бесавод ва тақаллубӣ аст. Барои дуздию пиёниаш мардуми баори Панҷакент ӯро аз Панҷакент рондаанд. Аҷоиботро бинед, ки роҳбари илмии ҳардуи ин ду бесавод як БИЗНЕСМЕН аст. Ҳоло таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалаи асосӣ ҷалб мекунам, ки тасбит ва тасдиқ мекунад дар Акдемияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳама чизро пул ҳал мекунад. Пул медиҳиву унвони илмӣ мегирӣ дурустараш онро мехарӣ мисле аз бозор чизеро мехарӣ. Мутаваҷҷеҳ бишавед, ки нарху наво дар Академияи таҳсилот аз чи қарор аст:

  1. Тасдиқи мавзуъ барои рисолаи илмӣ1000 сомонӣ,
  1. Навиштани асоснокии мавзуъ 500 сомонӣ,
  2. Баромад дар семинарҳо 500 сомонӣ,
  3. Ҳисоботи солона 500 сомонӣ,
  4. Як имтиҳони минимум 1000 сомони (3х1000=3000 сомонӣ)
  5. Навиштани рисолаи номзадӣ аз 30 000 (сӣ ҳазор) то 50 000 (панҷоҳ) ҳазор сомонӣ,
  6. Навиштани автореферат 1000 сомонӣ
  7. Музди экспертҳо 1000 сомонӣ (3х1000=3000 сомонӣ)
  8. Муҳокимаи рисола пеш аз ҳимоя 2000 сомонӣ

Ҳамагӣ TOTAL, то ҳимоя:51 000 сомонӣ

 Рӯзи ҳимоя:

  1. Барои раиси Шуро дар конверт 1000 сомонӣ,
  2. Барои котиби Шуро дар конверт (Каримзода)-1000 сомонӣ,
  3. Барои муқарризони илмӣ дар конверт 500 сомонӣ 2х500=1000 сомонӣ,
  4. Барои аъзои Шуро дар конверт 200 сомонӣ 15х200=3000 сомонӣ,
  5. Барои чой, об, салат ва хуроки аъзои Шуро 2000 сомонӣ,
  6. Банкет пас аз ҳимоя 5000 сомонӣ,
  7. Ба Каримӣ барои хизмат дар ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо 3000 сомонӣ,
  8. 5000 сомонӣ барои намояндаи ВАК, ки ӯ ҳам шогирди ҳамон БИЗНЕСМЕН аст-Азизи Маҳмадалӣ. Ҳамагӣ дар рӯзи ҳимоя: 21000 сомонӣ хароҷот карда мешавад. Ҷамъулҷамъ 72 000 сомонӣ. Ва боз хароҷоти иловагӣ ҳам ҳаст.

Инҷо он хароҷотҳое, ки гоҳ- гоҳ аспирантҳо меоянду ба қапи ин ду аждарҳо меафтанд, ҳисоб нашудааст. Касе, ки аз дарашон дарояд ё ба хурокхурӣ мебаранд, аз ҳисоби аспиранти бечора як арақу ду нону якто грилл мефармоянд.

Тақризи мақолаҳо, чопи онҳо дар маҷаллаи Академия  нарху навои худро дорад. Дар рӯзи ҳимоя ба аъзои Шуро тақсим намудани саволҳои қаблан ҷавобашон тайёрнамуда нархи худро дорад. Тақризҳои беруна ба автореферат боз нархи дигар аст.

Тибқи қоида, ки дар тамоми олам роиҷ аст як роҳбари илмӣ метавонад дар як сол се аспирантро ба ҳимоя пешниҳод кунад, аммо ин ду аждарҳо дар як  моҳ се нафарро ба ҳимоя пешниҳод менамоянд. Дар як сол 36 аспирант штамповат доранд….

Албатта, хоҳем нахоҳем саоле пеш меояд, ки дар паси ин ду ҳаромхур кӣ меистад? Ва,пушти онҳо ба кӣ гарм аст? Мо, ин бор ба инсавол посух намедиҳем аммо ҳоло дар дасти мо:

  • наворҳои видеоӣ;
  • аксҳо;
  • садои нолаи аспирантҳо;
  • норозигии олимони куҳансоли академия;
  • суҳбатҳои маҳрамонаи ин ду аждарҳо низ ҳаст ва ба Шумо онро фиристодем ва дар онҷо ин савол посухи худро пайдо мекунад.
  • Аммо бигузор дар ин номаи аввали мо онҳоро нашр накунед,то бубинем ислоҳ мешаванд ва ё боз ҳам идома медиҳанд ? Ҳатман аз натиҷаи он мукаммал бароятон менависем.

Худованд аз Шумо розӣ бошаду Академияи таҳсилотро аз ин десантҳо пок созад. Матлаби навбатиамон оид ба Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф  хохад буд, ки ин  БОМБАЕ барои сарнагун шудани дуздони бесавод хоҳад шуд. Мо дигар ҳамин “Ислоҳ”ро дорем ва ҳеҷ расона ва ниҳоде дар кишвар вуҷуд надорад,ки ба додамон расад.

Share This Article