ХОСТГОРИИ МАРД АЗ ЗАН ВА Ё ЗАН АЗ МАРД АЗ НИГОҲИ ШАРЪ
(Аҳком,фиқҳ,мисолҳо ва маслиҳатҳои судманд)
Устод аз шумо хоҳиш менамоем дар мавриди хостгорӣ чизе нависед. Зеро ин масаларо аз нигоҳи шариъати исломӣ чигӯна аст намедонем. Хуб мешуд комил ҳама ҷанбаҳояшро баён медоштед то ҷавонони издивоҷ кунанда онро мефаҳмиданд ва ба гуноҳ даст намезаданд.Хуб мешуд хостгории мард аз зан ва зан аз мардроҳам баён менамудед. Зеро ҳоло духтарони зиёде вуҷуд дорад,ки аз мардон хостгори менамоянд.Посухҳои шумо моро хело қаноатбахш мекунад зеро хело фаҳмо ва услубатон педагогона мебошад.Мухлиси шумо Зафар Носиров донишҷӯ аз Амрико
Хостгорӣ иборат аз он аст, ки мард барои зан пешниҳоди издивоҷ дода ва дар айни ҳол ду тараф аз сифатҳои ҷисмонӣ ва ахлоқии якдигар бохабар бошанд, зеро ақди издивоҷ масъалае аст, ки дорои аҳамияти бисёр буда, бар мард ва зан ҳатто бар хонаводаҳояшон таъсир гузошта ва давомаш ба дарозии зиндагӣ то охири умр аст.
Аз ҳамин сабаб, паёмбари Худо (с) барои шахсе аз эшон дар мавриди издивоҷ машварат хоста буд, машварат доданд, то занеро, ки мехоҳад бо вай издивоҷ намояд, бубинад.
Аз Муғира бини Шўъба (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз зане, ки ўро надида будам, хостгорӣ намудам. Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ўро бубин, зеро дидан сабаби улфат ва саъодат байни шумо мегардад».
ХОСТГОРИИ МАРД АЗ ҶОНИБИ ЗАН
Ҳангоми издивоҷ маъмул он аст, ки мард аз зан хостгорӣ менамояд, вале оё раво аст, ки зан ба ин амал иқдом варзида ва барои мард пешниҳоди издивоҷ бидиҳад? Дар ҷавоб бояд гуфт, ки: бале, хостгорӣ кардани зан аз мард низ раво аст.
Имом Бухорӣ (р.ҳ.) дар китоби худ «Саҳиҳул- Бухорӣ» аз Саҳл бини Саъд (р) чунин ривоят мекунад: «Зане назди паёмбари Худо (с) омад ва барояш пешниҳоди издивоҷ дод, паёмбари Худо (с) рағбат нишон надоданд, шахсе, ки дар он маҷлис ҳузур дошт ба паёмбари Худо (с) гуфт: ўро барои ман ба никоҳ бидиҳед».
Имом ибни Ҳаҷар (р.ҳ.) дар шарҳи ин ҳадис мегўяд:
«Ин ҳадис далолат бар ин дорад, ки зан метавонад барои мард пешниҳоди издивоҷ бидиҳад ва дар ин кор айбе барои зан нест».
Вале бояд марде, ки зан барояш пешниҳоди издивоҷ медиҳад, шахси нек ва диндор бошад, на шахси фосиқ ва беҷогард.
Имом ибни Обидин (р) мегўяд: «Зан бояд мардеро ихтиёр намояд, ки диндор, хушрафтор, саховатманд ва сарватманд бошад ва аз издивоҷ намудан бо шахси фосиқ бипарҳезад».
Албатта, ин сухан ҷанбаи нишондодӣ дорад, на илзомӣ ва ҳатми. Ба ин маънӣ, ки агар зан бо марди бадрафторе ва ё бахил ва ё камбағале пешниҳоди издивоҷ дода ва бо вай ақди издивоҷ барқарор намуд, никоҳаш сиҳат дошта, аз нигоҳи шаръӣ мушкиле вуҷуд надорад.Вале он зан худаш пас аз издивоҷ ба баъзе мушкилоти камои ва ё машғул будани шавҳараш мегардад.Аз ин хотир духтарон бояд қабл аз пешниҳоди издивоҷ ба мардон намудан хуб диққат бидиҳанд тараф ки аст. То дар оянда ба мушкиле мувоҷеҳ нагарданд.
ШАРТҲОИ ХОСТГОРӢ
Хостгорӣ, чӣ ба пешниҳоди мард бошад ва чӣ ба пешниҳоди зан, ду чиз дар он шарт аст:
1. Он, ки монеъи дар издивоҷ намудани он зан ва мард бо якдигар вуҷуд надошта бошад (монеъаҳои никоҳ дар фасли муҳаррамоти никоҳ баён доштам).
2. Он, ки он зан таҳти хостгории шахси дигаре набошад ва агар аз яке аз ин ду шарт тахаллуф сурат гирифт, ҳукми он ба қарори зайл аст:
АВВАЛ- ТАХАЛЛУФ АЗ ШАРТИ АВВАЛ
Дар сурати тахаллуф аз шарти аввал, яъне: дар сурате, ки байни никоҳи мард ва зан монеъи шаръие вуҷуд дошта бошад, касоне, ки дар никоҳи онҳо монеъ вуҷуд дорад дар саволи муҳаррамот мақолаи муфассал навишта будам, хостгорӣ намудан аз он зан ва издивоҷ намудан бо вай ҳаром аст ва агар дар чунин ҳолате издивоҷ сурат гирифт, бояд никоҳи онҳо ботил гардида ва марду зан шадидан маломат ва сарзаниш шаванд. Магар дар як ҳолат ва он иборат аз ҳолате аст, ки зан дар иддаи шахси дигаре қарор дошта бошад ва шарҳи он ин тавр аст:
Хостгорӣ аз зани мўътада
Зани мўътада, зане аст, ки аз шавҳараш ба сабабе аз сабабҳо монанди талоқ, вафот ва ё хулъ ҷудо шуда бошад, барои чунин зане то муддати муайяне (ки шарҳаш дар боби идда хоҳад омад), издивоҷ кардан бо шахси дигаре раво нест, вале оё хостгорӣ намудан аз вай ҳам ҷоиз набуда ва ҳаром аст ва ё он, ки хостгорӣ ҷоиз аст? Ҷавоби ин суол ин тавр аст:
а) Агар иддаи зан аз талоқи раҷъӣ бошад, набояд аз чунин зане ба ҳеҷ рў хостгорӣ намуд, зеро талоқи раҷъӣ, монеъи бозгашт ва руҷўъи шавҳар ба занаш дуруст мегардад ва шавҳар метавонад пеш аз ба поён расидани иддаи зан дар ҳар вақте, ки хоста бошад, бе ақди никоҳ ва маҳр ба занаш муроҷиъат намояд;
б) Агар иддаи зан аз талоқи бойин (ниҳоӣ) бошад, чун шавҳар метавонад аз он зан хостгорӣ намуда ва дар сурати мувофиқаи зан, ҳатто дар айёми иддааш дубора бо вай издивоҷ намояд, аз ин ҷиҳат, то вақте, ки иддаи зан ба поён нарасад, набояд шахси дигаре аз он зан хостгорӣ намояд;
в) Агар иддаи зан аз вафот бошад, хостгорӣ намудан аз чунин зане ба таври равшан ва возеҳ ҷоиз нест. Вале ба таври киноявӣ раво аст. Масалан, барояш гуфта шавад, ки агар шавҳараш вафот намуд, тақдири Худо буд ва иншоаллоҳ Худованд шавҳари беҳтареро бароят муяссар хоҳад кард ва ё бигўяд: фарзандам мехоҳад издивоҷ намояд ва ҷустуҷў дорад то зани некў ва ботаҷрибаеро пайдо кунад ва монанди ин суханон.
Сухани Худо:
«Бар шумо гуноҳе нест, ки аз он занон (яъне заноне, ки шавҳарҳояшон вафот намудаанд), ба таври киноя хостгорӣ кунед ва ё бе ба забон овардан (фикри издивоҷро дар дили худ пинҳон доред)» .
(Сураи Бақара, ояти 235)
Вале хостгорӣ ба таври ошкоро ва равшан раво нест, зеро хостгорӣ ба шакли ошкоро сабаби озурда шудани хотири аҳлу авлод ва хешовандони шахси вафотёфта мегардад.
Чанд нукта:
1. Гарчи хостгорӣ ба таври киноявӣ дар иддаи вафот ҷоиз аст, вале ақди никоҳ то ҳангоми ба поён расидани иддаи зан ба ҳеҷ рў ҷоиз нест.
«То вақти ба поён расидани идда иқдом ба издивоҷ накунед».
(Сураи Бақара, ояти 235)
2. Агар зане дар вақти идда ба марди дигаре, ғайр аз шавҳаре, ки ўро талоқ додааст, издивоҷ намояд, чунин никоҳе фосид буда ва бояд қозӣ никоҳ ўро ботил намояд;
ДУВВУМ – ТАХАЛЛУФ АЗ ШАРТИ ДУВВУМ
Дар сурати тахаллуф намудан аз шарти дуввум, яъне дар сурати хостгорӣ кардан аз зане, ки таҳти хостгории шахси дигаре қарор дорад, чунин амале аз нигоҳи Ислом кори бад ва нописанде аст. Паёмбари Худо (с) мефармояд:
«Мусалмон бо мусалмони дигар бародар аст, пас барои мусалмон раво нест чизеро бихарад, ки бародараш мехоҳад онро бихарад ва ё аз зане хостгорӣ намояд, ки бародари мусалмонаш хостгори он зан аст, магар он ки хостгори аввал, хостгории он занро тарк карда бошад».
Бинобар ин, зан набояд дар як вақт хостгории ду шахсро қабул намояд, балки ё бояд бо хостгорӣ аввал ба тавофуқ расида ва издивоҷ намояд ва ё барояш ҷавоби рад дода ва баъд аз он бо хостгории дуввум вориди гуфтугў гардад.
Агар зане бо хостгори аввал ба тавофуқи ибтидоӣ расид ва пеш аз ақди никоҳ хостгори дигаре, омада ва зан хостгори аввалро гузошта ва бо дуввумӣ издивоҷ намуд, гарчи зан ва хостгори дуввум кори бадеро анҷом додаанд ва аз ин кори худ гунаҳкор мешаванд, вале никоҳашон дуруст мешавад.
ДИДОРИ ЗАН БО ХОСТГОРАШ
Асл он аст, ки назар кардани зан ба сўи мард ва назар кардани мард ба сўи зан аз рўи шаҳват ҷоиз нест, вале назар ба ин ки иқдом намудан ба издивоҷ бе қаноъат ва дилпурии комил дар бисёре аз ҳолатҳо сабаби талоқ ва бадбахтии зан ва шавҳар мешавад, шариъати Ислом барои ҳарду тараф иҷоза додааст, то пеш аз никоҳ якдигарро бубинанд ва баъд аз интихоби дуруст ва қаноъати комил, иқдом ба издивоҷ намоянд.
Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки паёмбари Худо (с) фармуданд:
«Вақте ки аз зане хостгорӣ намудед, агар метавонистед, ки ба чизе аз он зан нигоҳ кунед, ки сабаби никоҳ кардани шумо бо вай шавад, ба он чиз нигоҳ кунед».
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт:
Шахсе занеро аз мардуми ансор хостгорӣ намуда буд, паёмбари Худо (с) аз он шахс пурсиданд:
«Он занро дидаӣ»?
Он шахс гуфт:
-Не, надидаам.
Фармуданд:
«Бирав ва ўро бубин, чун дар чашмони мардуми ансор чизе аст».
Тавре, ки мулоҳиза мекунед, паёмбари Худо (с) шахси хостгорро амр намудаанд, то занеро ки аз вай хостгорӣ дорад, пеш аз издивоҷ бубинад ва амр агар воҷиб набошад, ҳадди ақал мустаҳаб аст.
Вале бисёри мардум на танҳо барои хостгор иҷозаи дидани занеро, ки аз вай хостгорӣ намудааст, намедиҳанд, балки агар мард чунин дархостеро изҳор намояд, шояд аз вай озурда гардида ва бо бадзабонӣ ба вай ҷавоби рад бидиҳанд.
ЧИГУНАГИИ ДИДАНИ ЗАН БО ХОСТГОРАШ
Гарчи раво аст, ки зан ва марди хостгор якдигарро бубинанд, вале ин дидан ва хабар ёфтан аз якдигар ба равиши ғарби ё амрикои ва руси нест, ки зан ва мард байни худ робитаи дўстӣ барқарор намоянд, ба хонаи якдигар рафтуомад кунанд, ба сафари се – чаҳормоҳа бираванд, дар як хона ва рўи як ҷойгаҳ бихобанд ва таҷрибаҳои дигареро анҷом бидиҳанд. Соатҳо бо телефону скайпу вайберу ватсап суҳбат кунанд ҳарчи хостанд бигуянд.Баъд аз он, агар хостанд бо якдигар издивоҷ намоянд ва агар нахостанд, аз якдигар ҷудо шаванд. Балки дидани марди хостгор аз зане, ки аз вай хостгорӣ намудааст, дар қонуни исломӣ шартҳои муайяне дорад, ки риояи онҳо лозимӣ ва зарурӣ аст ва ин шартҳо иборатанд аз:
1. Дар ҳангоми дидани зан бо марди хостгор, бояд маҳрами зан вуҷуд дошта бошад ва маҳрами зан касе аст, ки никоҳи зан ба таври абад барояш ҳаром бошад, монанди: падар, фарзанд, бародар, амак ва монанди инҳо, яъне набояд марди хостгор бо зане, ки аз вай хостгорӣ дорад, дар як ҷо, бе маҳрами зан хилват намояд;
Паёмбари Худо (с) мефармоянд:
«Касе, ки ба Худо ва рўзи охират имон дорад, набояд бо зане ки маҳрамаш вуҷуд надорад, танҳо бинишинад».
2. Дар ҳангоми дидани зан бо марди хостгор, ба ғайр аз рўй ва кафи даст ва қадами пои зан дигар ҳамаи ҷисмаш бояд комилан пўшида бошад;
3. Агар валии зан, масалан, падараш мувофиқат дошт, ки марди хостгор, занро бубинад, вале худи зан иҷоза надода ва мувофиқат надошт, валии зан метавонад ин корро бе хабардор кардани зан анҷом диҳад;
Масалан, бе он ки занро хабардор кунад, ҳамроҳи марди хостгор дар хона нишаста ва аз духтараш, ки аз будани шахси хостгор дар хона хабаре надорад, бихоҳад, то ягон чизеро барояш биёварад ва ҳангоме, ки духтараш дохил шуд, марди хостгор ўро бубинад, ки дар ин ҳолат агар чашми марди хостгор ба мўй ва ё гардан ва соқи пои он духтар низ биафтад, боке надорад.
4. Агар марди хостгор намехост, ки занро бубинад, вале зан мехост, ки марди хостгорро бубинад, зан ҳақ дорад, ки чунин хоҳише бинамояд. Зеро ҳамон тавре ки мард мехоҳад бо зани мавриди писанди худ издивоҷ намояд, зан низ мехоҳад ва ҳақ дорад, то бо марде издивоҷ намояд, ки мавриди рағбат ва писандаш бошад;
5. Баъд аз дидани мард ва зан бо якдигар, агар якдигарро писандиданд, бо ҳам издивоҷ менамоянд ва агар написандиданд, ҳеҷ кадом ҳақ надорад, то айберо, ки дар дигарӣ дидааст, дар ҷои дигаре ва барои шахси дигаре баён намояд ин одати бад дар мо хело зиёд аст;
6. Дидани марди хостгор бо зан ҷиҳати хабар ёфтан аз зебоии хилқат аст, ки масалан, мард ва ё зан хушрўй ҳастанд ва ё бадрўй, сафед ҳастанд ё сиёҳ, баландқомат ҳастанд ё кўтоҳқад, фарбеҳ ҳастанд ё лоғар ё ба монанди ин сифатҳо;
Аммо огоҳ шудан аз сифатҳои ахлоқӣ, монанди хушрафторӣ ва бадрафторӣ, хубзабонӣ ва бадзабонӣ, ҳалим будан ва асабӣ будан ба монанди инҳо бояд бо ҷустуҷў аз тариқи хешовандон ва ё ҳамсоягон ва ё дўстони зан ва мард сурат пазирад, на аз тарафи зан ва марди хостгор аз тариқи тамос ва рафтуомад бо якдигар. Зеро огоҳ шудан аз чунин корҳо лозимаи он аст, ки зан ва мард муддати зиёде бо ҳам нишасту бархост ва рафту омади пайдарпай дошта бошанд ва ин коре аст, ки аз нигоҳи Ислом ҷоиз нест;
7.Баъд аз ин ки мувофиқати аввали байни ду тараф сурат гирифт, то вақте ки ақди никоҳ сурат намегирад, набояд марди хостгор бо зане, ки аз вай хостгорӣ намудааст, тамос ва робитае дошта бошад. Зеро зан ва марди хостгор, пеш аз никоҳ ба якдигар бегона буда ва зан ва шавҳар гуфта намешаванд. Ин, ки баъзе аз хонаводаҳо барои зан ва хостгораш иҷоза медиҳанд, ки пеш аз ақди никоҳ дар як ҷо хилват намоянд, монанди он аст, ки барои духтари худ иҷоза диҳанд, ки бо шахси бегонае дар як ҷо мулоқот намояд аз ин амал худдори намоед.
8. Баъд аз ин ки ақди никоҳ сурат гирифт, онҳо бо ҳам зану шавҳар гуфта мешаванд ва ҳеҷ монеъае аз нишасту бархост ва ҳатто ҳамбистарӣ вуҷуд надорад, агарчи тўй ҳанўз баргузор нагардида бошад.
ДАСТКАШӢ АЗ ХОСТГОРӢ
Хостгорӣ муқаддимаи никоҳ аст, бинобар ин, агар мувофиқаи ибтидоӣ байни ду тараф сурат гирифт, зан ва мард бикўшанд, то агар монеъаи воқеъӣ вуҷуд надошта бошад, ақди никоҳро анҷом диҳанд, вале агар пеш аз ақди никоҳ, яке аз ду тараф аз мувофиқа ва ваъдаи пешинааш пушаймон гардида ва аз қавли худ баргашт, дар сурате, ки сабаби муваҷҷаҳе барои ин пушаймонӣ вуҷуд надошта бошад, ин кор амали нописанде буда ва гунаҳкор мегардад. Вале ҷудоии зан ва мард аз якдигар дар ин марҳила ҳоҷат ба талоқ ва идда надорад. Ба ин маънӣ, ки зан ҳамсари он марди хостгор нашудааст ва метавонад дар ҳамон рўзе, ки мард ва ё зан аз хостгорӣ даст кашида ва ба тарафи муқобили ҷавоби рад медиҳад, он зан бо ҳар шахси дигаре, ки хоста бошад, издивоҷ намояд.
Таманно дорам то ин ҷавоб бароятон қаноаткунанда бошад ва азон баҳрае гирифта бошед.
Бо эҳтиром