Таъхир дар издивоҷ

Ислоҳ нет

Таъхир дар издивоҷ
(Қисса)

(Ин қисса воқеъист ва посухи ҳафт хоҳарест, ки дар синни аз 25 то 30 ҳастанд ва аз таъхир дар издивоҷашон ранҷ мебаранду барои ҳалли ин мушкилот аз мо маслиҳат пурсидаанд)
Шояд бархе иброз намоянд, ки чаро посухи суолро бо нақли қисса ҷавоб мегӯед? Қисса яке аз муҳимтарин ва шевотарин равишест, ки дар қалби ҳар як инсон ҷой мегирад. Худованд дар Қуръони карим, китоби ҷовидонаи худ барои мо умматони Муҳаммад (с) ҳазор қисса оварда, бо ин қиссаҳо аҳволи ақвоми гузаштаро равшан намуда, то намунаву ибрате бароямон бошад!

Ин қиссаи духтари 38 солаест, ки худ чунин нақл мекунад:
Аз Донишгоҳ бо дипломи сурх фориғутаҳсил шудам ва дарҳол пас аз он кори хубе низ пайдо кардам, ки солҳо орзӯяшро доштам, аммо хостгорҳо хеле зиёд буданд ва пайи ҳам ба хостгорӣ меомаданд. Ман бошам дар миёни онҳо шоҳписареро, ки мехостам шарики ҳаётам бошад, намедидам. Хулас чун ин ҳолат идома ёфт ва ман низ касеро муносиби худ наёфтам, оҳиста оҳиста шумори онҳо кам шуд ва ман ҳам дар фикри издивоҷ бо касе набудам. Бо чунин ҳолу аҳвол солҳо гузашт ва умрам ба 34 расид. Як рӯз танҳо нишаста будам ногаҳ ин фикр хотирамро мушаваш кард дар ёдам расид, ки аз умрам хеле гузашта, аммо ман то ҳол шавҳар накардаам, дар ҳоле, ки ҳамсолонам ҳама соҳиби шавҳар, фарзанд ва зиндагии хубу осудаанд.

Рӯзе як ҷавон барои хостгорӣ омад, ки аз хонаводаи хуб набуд, зиндагии вазнин ва вазъи мушкиле дошт. Дар сол бошад аз ман ду сол бузург буд. Ман бо он чӣ буд қабул ва таваккул бар Худо кардам. Ин ҷавон аз ман талаб кард, ки шиносномаамро барояш диҳам, то барои сабти аснод ба шуъбаи қайди ақди никоҳ равад ва талаб кунад, ки то рӯзи арӯсӣ моро ба қайд гиранд ва никоҳи расмӣ ҳам дошта бошем. Пас аз чанд рӯз ман дар фикри арӯсӣ будам ва аз ин хостгори пайдо шуда хушҳол ҳам шудам. Дар ҳамин асно модари ҷавон ба ман занг зад ва аз ман хоҳиш кард, ки ҳарчӣ зудтар маро бинад.

Ман даъвати он модарро дарҳол пазируфтам ва ба маконе, ки маро даъват карда буд, расидам. Модари ҷавон вақте маро дид салом гуфт ва аз чеҳрааш пайдо буд, ки аз ман розӣ нест. Вақте дар пешаш нишастам, аз сумкааш шиносномаи маро берун овард ва аз ман пурсид, ин шиносномаи шумост? Гуфтам: Бале, чӣ воқеъа шудааст? Гуфт: Шумо тақрибан 40 сола шудаед? Ман гуфтам: -не, ман ҳанӯз 34 сол дорам. Гуфт: Чӣ фарқ дорад, наздик ба 40 ҳастед, магар 34 сола аз 40 сола ҳеҷ фарқе дорад? Ман мехоҳам набераҳоямро бинам, шояд дигар ин фурсат дар ту даст надиҳад ва шояд дар ин синну сол фарзанддор нашавӣ. Бо ибрози ин ҳама гуфтаҳо маъзарат пурсид ва гуфт: Писари ман бо шумо издивоҷ намекунад! Пас аз ин ҳодиса шаш моҳ гузашт ва ин шаш моҳ бароям мисли шаш сол буд. Чун хеле хаста шуда будам бо худ гуфтам, мехоҳам ба Умра равам ва ҳама ғамҳоямро дар хонаи Худо бишӯям ва онҷо дуо кунам, то Худованд ҳоламро хуб гардонад. Бо амри тақдир ин кор ҳам шуд, дар назди хонаи Худо хеле зиёд гиря кардам ва аз Худованд хостам, ҳоламро хуб гардонад ва бароям шавҳари муносибу муъмине насиб гардонад.

Садои азони намоз шуд ва намозро дар назди Байтуллоҳ адо кардем. Хеле бароям олӣ ва як ҳолати фаромӯшнашаванда рух дод, ки ҳаргиз ин ҳолатро надида будам. Пас аз адои намоз як зане нишаста, Қуръон мехонд ва чун ин оятро хондا

“Агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли ту набуд, гурӯҳе аз кофирон қасди он доштаанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худро гумроҳ накунанд ва ҳеҷ зиёне ба ту нарасонанд. Ва Худо бар ту китобу ҳикмат нозил кард ва чизҳое ба ту омӯхт, ки аз ин пеш намедонистаӣ ва Худо лутфи бузурги худро бар ту арзонӣ дошт!” 
(Сураи Нисо,ояти 113)

Чун ин ояти каримаро шунидам ашки чашмонамро манъ карда наметавонистам. Хеле зиёд гиря кардам, ки дилам аз гиря холӣ гашт ва ҳолати сабуке маро фаро гирифт, ки чунин ҳолат дар умрам рух надода буд.
Ин бону бо садои форам ба қироъати Қуръони карим машғул буд, чун дар паҳлӯям нишаста буд, ба қироъаташ гӯш додам боз ояти дигареро мехонд, ки чунин буд. ولسوف يعطيك ربك فترضي
“Ва ҳаройна, ба зудӣ Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.”
(Сураи Зуҳо,ояти 5)

Бовар кунед агарчӣ ин оятро дар намозҳоям мехонам, вале ба он аҳмият намедодам ба он ваҷҳе, ки бояд медодам. Гӯиё аввалин бор аст ин оятро мешунавам. Дар дилам эҳсосе пайдо шуд, ки ман аслан ғаме ва андӯҳе надорам ва хушбахттарин занам. Бо чунин ҳолатҳо умраро ба поён расонидам ва барои бозгашт омодагӣ медидам. Ҳангоме,ки дар ҳавопаймо нишастам, дар паҳлӯям ҷавоне нишаст, агарчӣ аслан миёни мо суҳбате нашуд, танҳо чанд нигоҳе сурат гирифту тамом. Мо ба ватан баргаштем ва аз ҳавопаймо поён шудем.

Вақте аз ҳавопаймо ба толори қабулгоҳ расидам маро хешу пайвандонам пешвоз гирифтанд ва чашмам ба дугонаам афтод. Пас аз салом ва табрикоти хешу таборам дугонаам наздам омад, маро ба оғӯш гирифт ва табрикам кард. Гуфтам, магар ба пешвози ман омадаӣ? Хандид ва гуфт метавонӣ ҳамин тавр ҳам пиндорӣ, вале ростӣ шавҳарам як рафиқ дорад, дар ҳамин ҳавопаймо аз сафари Умра баргаштааст. Чун он ҷавон наздик шуд, дидам ҳамон ҷавонест, ки дар ҳавопаймо паҳлӯям нишаста буд. Тасодуфи аҷибе, чун шавҳари дугонаам назди он рафиқаш рафта, истиқболаш кард, вале ҳамоно он ҷавон дар ман менигарист ва гӯйё чизе гуфтан мехост, аммо чизи дигаре ӯро намегузошт ва монеъ мешуд. Хулас ба хона баргаштам ва меҳмонҳоро тоза рухсат намуда будам, ки ба телефонам занг омад. Чун гӯширо бардоштам ҳамон дугонаам, ки дар фурӯдгоҳ ба истиқболам рафта буд. Гуфт: Айни ҳол намехоҳам чизе бигӯям, зеро хаста ҳастӣ, аммо он ҷавоне, ки бо ту дар як ҳавопаймо аз Умра омадед мехоҳад бо ту суҳбате дошта бошад. Ҳар қадар мегӯем фардо як дигарро мебинед исрор дорад, ки мехоҳам имрӯз он духтарро бубинам!

Ман аз ин тасодуфе, ки ғайри чашмдошт буд, ростӣ хеле дар тааҷҷуб шудам ва тавре, ки мегӯянд фурсати ба даст омадаро нахостам аз даст диҳам. Ба дугонаам гуфтам, ман ҳатман меоям, то дар хонаи шумо суҳбат дошта бошам ва албатта бо ҳузури шумо. Ин мавзуъро бо падарам дар миён гузоштам, ки чунин аст. Алҳамдулиллоҳ, падарам ҳам маро дилбардорӣ кард ва гуфт: Духтарам шояд бахтат дар ин ҷавон бошад ва хушбахт шавӣ? Чун падарам розигиашро дод, ман рафтам.

Хулас якдигарро дидем ва маро писандид ва ман ҳам бе дудилагӣ ӯро пазируфтам. Пас аз як моҳу чанд рӯз аз ин дидор мо бо ҳам издивоҷ кардем ва хушбахтиву саъодати зиёдро дар ҳаётам дарёфтам.
Мо рӯзҳои аввали ҳаёти мустақилонаро мегузаронидем ва шавҳарам як ҷавони хушмуомила буд. Бо ман, бо падару модарам, инчунин бо падару модари худ низ рафтори хубе дошт. Чанд моҳе гузашт ва ҳеҷ осори ҳомилагӣ дар ман пайдо намешуд. Боз аз ин ҳолат каме азият мекашидам ва суханони модари ҷавоне, ки маро хостгор шуда буд, дар фикру ташвиш меандохт. Ман 36 сола будам ва аз шавҳарам хостам то ба муъоинаи табиб равем, то фаҳмаем чӣ мушкил дар мо аст? Шавҳарам ба ин пешниҳодам розӣ шуд ва аз ман муъоинаи тиббӣ ё озмоиш намуданд ва гуфтанд пас аз натиҷаи ин озмоиш ба шумо муъоина хоҳем кард. Чун рӯзи ҷавоби озмоиш рафтем,табиб бо ханда гуфт дигар барои шумо ҳеҷ табобате лозим нест, гуфтам: Чаро? Гуфт: Хайр аст. Муборак бошад, шумо ҳомила ҳастед.
Аз ин неъмати Илоҳӣ хеле хушҳол будем ва моҳҳо мегузаштанд, ман зери назари табибон қарор доштам, чун шикамам мисли занҳои ҳомила набуд, хеле бузург шуда буд. Вақте аз табибон сабабашро мепурсидам, мегуфтанд: Чун шумо дар синни 36 ҳомила шудед, аз ҳамин сабаб аст, чизи дигаре нест. Мехостам фаҳмам ки дар батни ман писар аст ё духтар, агарчӣ бароям аслан фарқ надошт, вале мехостам мисли ҳар модар аз ҷинси фарзандам хабар дошта бошам, вале табибон намегуфтанд.

Хонанда ва шунавандаи азиз! Аз ҳама лаҳзаи муҳимми қисса инҷост! Моҳи ҳамл пур шуд ва рӯзи мавлуд ҳам фаро расид. Маро ба таваллудхона бурданд. Алҳамдулиллоҳ, таваллуд кардам ва каме аз ҳуш рафтам вақте ба ҳуш омадам табиб ё ҳамшираи шафқат дар наздам ҳузур дошт ва механдид аз ӯ пурсидам кӣ ба дунё омад? Бароям тезтар гӯед. Ҳамшира гуфт: зиёд фаҳмидан мехоҳӣ? Гуфтам: бароям фарқ надорад муҳим фарзанди солим бошад шуд. Ҳамшира гуфт: Муборак бошад Худо бароят Ҳасану Ҳусейн ва Фотима ато намуд, яъне ду писар ва як духтар, сегоник.

Гуфтам: Чаро шухӣ мекунед, магар Худованд дуои маро қабул кард ва ин ҳама солҳое, ки ман ранҷ мекашидам аз пайдо кардани ҳамсар ва маро пирдухтар хитоб мекарданд, Худо ин ҳамаро шунид ва бароям дар як таваллуд се фарзанд ато намуд. Табибон сегоник доштани маро медонистанд, аммо барои онки натарсам намегуфтанд. Хеле аз ин ҳолат ва атои Худованд гиристам, дар ҳоле, ки барои зане, ки ин қадар неъмати бузургеро Худо барояш ато намуда, бояд бихандад ва хушҳол бошад, вале ман аз атои Худо ва аз раҳмати Илоҳӣ дар тааҷҷуб будам ва аз забонам ин ояти карима пай ҳам мебаромад “ولسوف يعطيك ربك ربك فترضي “
“Ва ҳаройна, ба зудӣ Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд 
шавӣ.” 
(Сураи Зуҳо,ояти 5)

Ба унвони ман аз хоҳарони зиёд номаҳое меоянд, ки синни ман ба 28 расидааст ман чӣ кор кунам? Дигаре синни ман ба 30 расидааст, ман шавҳар надорам ва он нафароне, ки барои хостгории ман меоянд ба ман писанд нестанд чӣ маслиҳат медиҳед? Ё дигаре навишта, ки падарам то ҳол 11 хостгорро аз дари хона рондааст, намедонам чӣ фикр дорад. Бо чунин мазмунҳо аз ман суол мекунанд. Хостам бо ин қиссаи воқеӣ ба 7 хоҳаре, ки аз ман чунин суол кардаанд, посух бигӯям. Зеро ин қисса бояд ибрате бошад барои занон ва хоҳарону духтарони мо, то дар масъалаи издивоҷ таъхири зиёд накунанд, агар марде, ки мусалмон бошад ва дорои ахлоқи бад набошад ва шаробнӯшу бадахлоқ набошад, аз Худованд тарсад, ҳатман чунин мард қадри занро медонад ва ин шо Аллоҳ хораш нахоҳад кард. Валлоҳу аълам биссавоб.

Share This Article