Хотима ё фарҷоми нек (бахши аввал)

Ислоҳ нет

 

 

Ба ҳар кас аз ҳамду сипоси бекарони он Зоте, ки раҳматаш бар тамоми чизҳо густаронида шуда, ба бандагонаш бихоҳад раҳм мекунад ва дар дунё асбоберо фароҳам оварда, то сабаби улуви дараҷоти онҳо дар охират қарор гирад. Агар бар тоат ва бандагии ӯ сабр карданд ва дар ибодат кӯшиданд ва ҳангоме ки ба онҳо суруру хушҳолӣ расид, Аллоҳро шукр карданд. Ин амал барои онҳо бисёр некӯ ва боарзиш аст ва агар ба онҳо зараре расид ва дар муқобил сабрро ихтиёр карданд, Аллоҳи таоло онҳоро ҷузъи гурӯҳе қарор медиҳад, ки дар мавридашон мефармояд:

إِنَّمَا یُوَفَّى ٱلصَّٰبِرُونَ أَجۡرَهُم بِغَیۡرِ حِسَابٖ

«Музди сабркунандагон беҳисобу комил адо мешавад!» (Сураи Зумар, ояти 10)

Гувоҳӣ медиҳам бар инки ҳеҷ маъбуде ғайри Ӯ вуҷуд надорад, аз шарик мубаррову пок аст ва гувоҳӣ медиҳам бар инки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) банда ва расули мабъус гаштаи Ӯ ва раҳмату-лил-оламин аст, дуруд ва саломи фаровон бар ӯ бод.

Эй инсон насиби ҳар шахсе аз дунёи умри ӯст, агар дар ин муддати кӯтоҳи умраш чизеро захира кард, ки барои саройи охираташ суд дошта бошад ва сабаби наҷоти ӯ аз Дӯзах шавад он шахс дар тиҷорат суду манфаати зиёдеро касб кардааст, аммо агар баръакс амал кард ва ба сӯи маъосии гуноҳ рафт ва ба даргоҳи Илоҳӣ руҷуъ ва таваҷҷӯҳ накард дар зумраи зиёндидагон қарор гирифтааст ва чӣ бисёр афроде, ки дар зери хок ҳастанд ва ҷуз афсӯс чораи дигар надоранд, ки чаро дар дунё амалеро анҷом надоданд, ки дар рӯзи ҷазо ва дар сарои охират барояшон манфиате дошта бошад. Аммо ин афсус ҳеҷ натиҷае ба ҷуз надомат ва пушаймонӣ дар бар надорад.

Шахси биҳиштӣ бар ин афсӯс мехурад, ки кош дар дунё амали неки бештаре анҷом медод, то дар охират дар мақоми болотаре қарор мегирифт ва шахси ҷаҳанамӣ низ бар ин ҳасрату афсӯс мехурад, ки чаро дар ин дунё дар муддати умри худ ба маъосӣ ва гуноҳон рӯй овард ва гуноҳ анҷом дод ва ба сӯи Худованд руҷуъ накард. Аммо эй инсон, огоҳ бош, ки оқилу доно касе аст, ки қабл аз инки Худованд ӯро, шайтонро хурд муҳосаба кунад худ ба ҳисоби нафси хеш мепардозад ва аз гуноҳони худ низ тарс дорад, ки мабодо сабаби ҳалокати ӯ шавад, тавре ки ҳазарти Абдуллоҳ ибни Масъуд мефармояд:

«الْمُؤْمِنَ یَرَى ذُنُوبَهُ کَأَنَّهُ قَاعِدٌ تَحْتَ جَبَلٍ یَخَافُ أَنْ یَقَعَ عَلَیْهِ».

“Шахси муъмин гуноҳони худро монанди кӯҳе мебинад, ки зери он нишаста аст ва тарс дорад, ки сабаби ҳалокати ӯ қарор гирад”

Чи бисёр афроде ҳастанд, ки бар гуноҳони сағира идома медиҳанд ва онро анҷом медиҳанд ва барои онҳо анҷоми гуноҳони сағира осон аст, аммо фикр намекунанд, ки замоне ҳамин гуноҳони кӯчак сабаби ҳалокати онҳо мешавад ва дар хотимаи онҳо асар ё доғи сиёҳе мегузорад. Чунонки Анас ибни Молик мефармояд:

«إنکم لتعلمون أعمالا هی أدق فی أعینکم من الشعر، کنا نعدها على عهد رسول الله من الـموبقات»

Эй бандагони Худо шумо амалеро анҷом медиҳед, ки дар назди шумо монанди мӯе бисёр кӯчак ба шумор меравад. Дар ҳоле ки дар замони Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васалам) онҳоро аз муҳликот ё ҳалокшавандаҳо ба ҳисоб меовардем ва ақида доштем, ки ҳаминҳо сабаби ҳалокати шахс мешавад. Чи басо анҷоми гуноҳони сағира сабаби анҷоми гуноҳони кабира мегардад. Чунонки бузургон фармудаанд:

«معظم النار من مستصغر الشرر»

Шуълаҳои бузурги оташ аз оташпораҳои кӯчак сарчашма мегиранд.

Аллоҳи таоло тамоми муъминонро ба аҳамияти ҳусни хотима (хотимаи накӯ) тарғибу ташвиқ мекунад ва мефармояд:

 

یَٰٓأَیُّهَا ٱلَّذِینَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِۦ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ

 

«Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред.» (Сураи Оли Имрон, ояти 102)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:  وَٱعۡبُدۡ رَبَّکَ حَتَّىٰ یَأۡتِیَکَ ٱلۡیَقِینُ

«Ва Парвардигоратро бипараст, то лаҳзаи маргат фаро расад…)» (Сураи Ҳиҷр, ояти 99)

Ва огоҳ бош, ки умри ба тақво ва тарс аз Аллоҳ ва тоату бандагии Ӯ то ихирин фурсати умри инсон ба хотири касби хотимаи некӯ идома дорад. Чунонки Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васалам) мефармояд, ки баъзе аз мардум дар тоату бандагии Худованд бисёр талош ва кӯшиш мекунанд ва муддати зиёди даврони ҳаёти худро бо дурӣ аз гуноҳон сипарӣ мекунанд, аммо он гоҳ, ки замони маргашон фаро мерасад ба сӯи маъосӣ ва гуноҳон рӯй меоваранд, ки ҳамин амал бар хотимаи онҳо асар ва сабаби бадбахтии онҳо дар саройи охират мегардад. Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд:

«وَإِنَّ الرَّجُلَ لَیَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الْجَنَّهِ حَتَّى مَا یَکُونُ بَیْنَهُ وَبَیْنَهَا إِلاَّ ذِرَاعٌ فَیَسْبِقُ عَلَیْهِ الْکِتَابُ، فَیَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ فَیَدْخُلُها».

«Афроде ҳастанд, ки амали аҳли Ҷаннатро анҷом медиҳанд, то инки бисёр ба Ҷаннат наздик мешаванд, аммо аҷал ва тақдир бар онҳо пешӣ мегирад ва амали аҳли Ҷаҳанамро анҷом медиҳанд ва аз аҳли Дӯзах қарор мегиранд».

Дар ҳадисе аз Саҳл ибни Саъди Соидӣ ривоят шудааст, ки Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васалам) дар ҷанги муқобили мушрикин сафороӣ карданд ва баъд аз ҷанг ҳар як аз ду тараф ба сӯи лашкариёни худ баргаштанд. Ва Расули Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба тарафи размандагон омаданд. Дар ҳамин асно дар миёни асҳоб марде буд, ки аз ҳама бештар дар ин ҷанг талош карда буд, яъне тамоми гӯшаву канори ҷангро чарх ё давр мезад ва агар шахсе аз куффорро медид ӯро аз пой дармеовард ва ба асфалулсофилин мефиристод. Баъд ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта шуд, ки имрӯз ҳеҷ шахс андозаи фалонӣ аҷру подош касб накардааст ва ҳеҷ кас гӯи сабқатро аз ӯ нагирифтааст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷавоб фармуд: Ӯ ҷаҳанамӣ аст. Яке аз асҳоб ҳангоме ки ин қавли Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунида гуфт: اما إنّه من اهل النار   Ман бо ӯ ҳамроҳ мешавам,то бубинам оқибати ин шахс чӣ мешавад, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин шахсро фармуд ва бо ӯ ҳамроҳ шуд ва ба дунболи ӯ рафт. Дар аснои ҷанг ба ӯ маҷрӯҳияти шадиде расид ва бар ин захму маҷруҳияти худ тоқат наёвард ва худкушӣ кард, шамшери худро бар замин гузошт ва ӯро миёни синаи худ қарор дод ва худро ба он партофт ва худро аз пой дароварду ҳалок гашт. Ин саҳобие, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт:

أَشْهَدُ أَنْک رَسُول الله

“Шаҳодат медиҳам,ки шумо Расули Аллоҳ ҳастед”

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Чӣ шуда? Ҷавоб дод, он шахсе, ки гуфтӣ ҷаҳанамӣ аст рост гуфтӣ. Шахсе, ки гуфт, барои мардуме, ки дар атрофи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буданд, тааҷубовар буд ва ба назарашон бузургу аҷиб омад он саҳобӣ гуфт: ман ӯро дунбол кардам ва дар вақти ҷанг бо маҷруҳияти шадиде рӯ ба рӯ шуд. Сабр накард ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте ин каломро шуниданд, фармуданд:

 

  «إِنَّ الرَّجُلَ لَیَعْمَلُ عَمَلَ أَهْلِ الْجَنَّهِ، فِیمَا یَبْدُو لِلنَّاسِ، وَإِنَّهُ لَمِنْ أَهْلِ النَّارِ، وَإِنَّ الرَّجُلَ لَیَعْمَلُ عَمَلَ أَهْلِ النَّارِ فِیمَا یَبْدُو لِلنَّاسِ،وَهوَ مِنْ أَهْلِ الْجَنَّهِ».

 

Афроде ҳастанд, ки амали аҳли Ҷаннат, яъне амали некӯ ва солеҳро анҷом медиҳанд ва мардум яқин доранд, ки онҳо биҳиштианд. Дар ҳоле ки аҳли Дӯзаханад ва дар муқобили инсони дигар аст, ки аз назари кирдору амал монанди аҳли Ҷаҳанам амал мекунад ва мардум гӯяд, ки ӯ аз аҳли Дӯзах аст, дар ҳоле ки ӯ биҳиштӣ аст.

Поёни бахши аввал идомаи “Хотимаи нек”-ро интизор бошед!

Аллоҳ барои ҳамаи мо ва шумо “Хотима ё фарҷоми нек”-ро насибу рӯзӣ гардонад омин…

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

 

Share This Article